Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1. То кунун ҳеҷ нақде ба пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ирсол нашуда, магар онки бидуни «Мумаййизӣ» ва бидуни дар назар гирифтани ом ё хос будани нависандаи он посух дода шуда ва ин равияе аст ки дар оянда низ идома хоҳад дошт ин шоъ Аллоҳ.
2. Мо китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ро аз хавос пинҳон накардаем, балки онро пеш аз интишори умумӣ, барои бештари уламо, асотид ва соҳибназарон фиристодаем ва бо ин васф, онон пеш аз дигарон дар бораи он огоҳӣ ёфтаанд ва табъан фурсати бештаре барои нақди он доштаанд. Ба илова, мо аз оғози интишори ин китоби шариф то кунун, ҳамвора бо баҳрагирӣ аз ҳамаи имконоти худ, аз умуми мардум аъам аз хавос ва авом даъват кардаем ки агар нақде бар он доранд барои мо ирсол кунанд то ба сурати илмӣ ба баррасӣ гирифта шавад ва бо ин васф, агар касе нақдеро барои мо ирсол накарда, қоъидатан ба маънои он аст ки нақде надошта ва агар дошта ва ирсол накардааст, гуноҳи мо нест; Чароки мо ҷуз даъвати умуми мардум ба нақд аз як сӯ ва посухгӯйи ба нақдҳои ирсол шуда аз сӯӣ дигар, тавонойи ва вазифае надорем. Бо ин васф, агар шумо касонеро мешиносед ки нақде бар осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросоӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло доранд, вале ирсол намекунанд, беҳтар аст ки иллатро аз худашон ҷӯё шавед, на аз мо!
Боре агар иллатро аз мо ҷӯё мешавед, мо ба иттилоъи шумо мерасонем ки бархӣ хавосси мутакаббир ва ҳасуд, ҳамеша иддаъо мекунанд ки нақдҳои бисёре бар осору андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло доранд то бо ин шева худро дар назари дигарон доно ҷилва диҳанд ва онҳоро дар бораи ин бузургвор ба шак бияндозанд, дар ҳоле ки ҳеҷ гоҳ ба сурати мушаххас нақдеро изҳор намекунанд; Чароки агар ба сурати мушаххас нақдеро изҳор кунанд, било фосила тавассути дафтари ин бузургвор бо далойили мутқани ақлӣ ва шаръӣ баррасӣ ва нодонии онон барои дигарон ошкор мешавад; Ҳамчунонки ба унвони намуна, барои шумо ошкор шудааст, то ҳадде ки пиндоштаед умдаи онон, «Қишри авом ҳастанд ва олими дин ба маънои таҳсилоти ҳавзавӣ ва муртабит бо эътиқодот нестанд», дар ҳоле ки умдаи онон муддаъии илми дин ва таҳсилоти ҳавзавӣ ва муртабит бо эътиқодот ҳастанд, вале бизоъати онон беш аз ин нест; ﴿ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ﴾. Ба илова бархӣ дигар аз ин истилоҳи хавос, нақдҳои сахиф ва авомфиребонаи худро дар муҳитҳои баста ва хусусан барои бархӣ авоми бехабар ва эҳсосотӣ изҳор медоранд ва аз ирсоли онҳо ба ин пойгоҳи Исломӣ метарсанд ва мепарҳезанд; Чароки медонанд агар онҳоро ба ин пойгоҳи Исломӣ ирсол кунанд, било фосила бо далойили мутқани ақлӣ ва шаръӣ баррасӣ ва нодурустӣ ва сахофати онҳо ошкор мешавад! Аз ин рӯ, тарҷеҳ медиҳанд ки ба лофзанӣ ва раҷазхонӣ дар берун аз майдон басанда кунанд ва аз ҳар гуна нақди мушаххаси осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бипарҳезанд, ё ба ғайбат кардан пушти сари он ҳазрат ва наҷвои шайтонӣ ва иғвогарона бо занон, кӯдакон ва ҷавонони содалавҳ ва эҳсосотӣ басанда кунанд ва аз ҳар гуна рӯёрӯйи бо дафтари ин олими бузург бипарҳезанд! Ин аст мизони шарорат ва шайтанати ин гурӯҳ ки шумо ононро хавос мепиндоред, дар ҳоле ки назди Худованд аз авом гумроҳтар ва ҷоҳилтаранд!
3. Бо ин ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт ки нависандагони нақдҳо, мушаххасоти комили худро ба мо эълом намекунанд то мо дақиқан бидонем ки чи теъдоде аз онон дорои таҳсилоти ҳавзавӣ ва донишгоҳӣ ва чи теъдоде аз онон фоқиди ин таҳсилот ҳастанд, вале аз такаббури маҳсус ва баёни хосси умдаи онон бардошт мешавад ки дасти кам худашон дидгоҳи шумо дар бораи ононро намепазиранд, ба ин маъно ки худашонро аз «Қишри авом» намепиндоранд ва ин метавонад ба пуштивонаи таҳсилоти ҳавзавӣ ва донишгоҳии онон бошад ки ба он муттакӣ ва мағруранд ва бо ин васф, зоҳир он аст ки умдаи онон дорои чунин таҳсилоте ҳастанд, вале –чунонки гузашт– дар масофи салобати осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва истеҳкоми адила ва бароҳини ақлӣ ва шаръии шогирдонаш, дар сатҳи авом ҷилва мекунанд. Алғараз илми иҷмолӣ вуҷуд дорад ки бисёрӣ аз нависандагони нақдҳои мавҷуд дар ин пойгоҳи Исломӣ, рӯҳониюни динӣ, асотиди донишгоҳ ва донишҷӯёни таҳсилоти олӣ ҳастанд, вале ононро дар пайкор бо китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар ва аҳкоми рӯшани ақл, теғӣ бурандатар аз ин нест.
4. Инсоф он аст ки бархӣ олимон ва асотиди барҷаста низ нақдҳои олимона ва хайрхоҳонае ирсол кардаанд ки дар ин пойгоҳи Исломӣ ба баррасӣ гирифа шуда ва шойистаи тақдир ва ташаккур аст ва бисёрӣ аз онон низ ба иқтизои сатҳи дониши худ, ба ҳаққонияти осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло воқифанд ва ҷойе барои интиқод намебинанд то ба он иқдом кунанд ва бо ин васф, таваққуъи интиқод аз касоне ки интиқоде надоранд, ғайри мантиқӣ аст, дар ҳоле ки бештари авом ба иқтизои фиқдони дониши кофӣ, дар бораи бахшҳое аз осор ва андешаҳои ин бузаргвор дучори каҷфаҳмӣ ва сӯъи бардошт мешаванд ва аз ин рӯ, табиъӣ аст ки ба интиқод аз онҳо мепардозанд ва албатта бо тавфиқи Худованди меҳрубон, пас аз дарёфти посухҳои илмӣ ва мустадил, қонеъ мешаванд ва ба сӯӣ ҳақ боз мегарданд, магар шуморӣ андак аз онон ки сахт муқаллид ва мутаъассибанд ва банои бар лаҷоҷат ва инод доранд ва Худованд ба ағрози онон огоҳтар аст.
Ба ҳар ҳол, мо бори дигар аз умуми мардум хусусан хавос даъват мекунем ки агар дар бораи осор ва андешаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло нақде доранд, лоф назананд ва ғайбат накунанд, балки содиқона, далерона ва мутавозеъона барои мо ирсол намоянд то ба баррасии илмӣ гирифта ва мизони дурустӣ ё нодурустии он барои ҳамагон ошкор шавад ин шоъ Аллоҳ. Бегумон ҳар чи бештар ба ин кор бипардозанд, бештар ошкор хоҳад шуд ки ҳуҷҷат барои Худованд ва халифаи Ӯ дар замин ва барои касе аст ки ба сӯӣ он ду даъват мекунад ва барои дигарон ҳуҷҷате нест ва оқибат барои парҳезкорон аст.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо