Ҳадиси 3
Замин як рӯз бидуни ҳуҷҷати Худованд бар мардум боқӣ намемонад.
رَوَى مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ بَابَوَيْهِ [ت381ه] فِي «كَمَالِ الدِّينِ وَتَمَامِ النِّعْمَةِ»[1]، قَالَ: حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ مُوسَى بْنِ الْمُتَوَكِّلِ قَالَ: حَدَّثَنَا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ جَعْفَرٍ الْحِمْيَرِيُّ قَالَ: حَدَّثَنَا أَحْمَدُ بْنُ مُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى، عَنِ الْحَسَنِ بْنِ مَحْبُوبٍ، عَنْ هِشَامِ بْنِ سَالِمٍ، عَنْ يَزِيدٍ الْكُنَاسِيِّ قَالَ: قَالَ أَبُو جَعْفَرٍ -يَعْنِي مُحَمَّدَ بْنَ عَلِيِّ بْنِ الْحُسَيْنِ- عَلَيْهِ السَّلَامُ:
لَيْسَ تَبْقَى الْأَرْضُ -يَا أَبَا خَالِدٍ- يَوْمًا وَاحِدًا بِغَيْرِ حُجَّةٍ لِلَّهِ عَلَى النَّاسِ، وَلَمْ تَبْقَ مُنْذُ خَلَقَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ وَأَسْكَنَهَ الْأَرْضَ.
Тарҷума:
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей [д.381қ] дар китоби «Камолу Ал-Дин ва Тамому Ал-Неъма», ривоят карда (ба ин сурат ки) гуфтааст: Муҳаммад ибни Мӯсо ибни Мутаваккил разияллоҳу анҳ моро ҳадис карда, гуфт: Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар Ҳимярӣ моро ҳадис кард, гуфт: Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исо моро ҳадис кард, аз Ҳасан ибни Маҳбуб, аз Ҳишом ибни Солим, аз Язиди Куносӣ ки гуфт Абу Ҷаъфар -яъне Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн - алайҳи салом фармуд:
Эй або Холид! Замин як рӯз бидуни ҳуҷҷати Худованд бар мардум боқӣ намемонад ва аз замоне ки Худованди аззаваҷалл Одам алайҳи саломро офарид ва дар замин сукунат дод, (як рӯз бидуни ҳуҷҷати Худованд бар мардум) боқӣ намондааст.
Шоҳиди 1
وَرَوَى مُحَمَّدُ بْنُ يَعْقُوبَ الْكُلَيْنِيُّ [ت329ه] فِي «الْكَافِي»[2]، قَالَ: حَدَّثَنِي عَلِيُّ بْنُ إِبْرَاهِيمَ، عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى، عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ الْفُضَيْلِ، عَنْ أَبِي حَمْزَةَ، عَنْ أَبِي جَعْفَرٍ عَلَيْهِ السَّلَامُ قَالَ: «وَاللَّهِ مَا تَرَكَ اللَّهُ أَرْضًا مُنْذُ قَبَضَ آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ إِلَّا وَفِيهَا إِمَامٌ يُهْتَدَى بِهِ إِلَى اللَّهِ، وَهُوَ حُجَّتُهُ عَلَى عِبَادِهِ، وَلَا تَبْقَى الْأَرْضُ بِغَيْرِ إِمَامٍ حُجَّةٍ لِلَّهِ عَلَى عِبَادِهِ».
Тарҷума:
Ҳамчунин, Муҳаммад ибни Яъқуб Кулайнӣ [д.329қ] дар китоби «Кофӣ» ривоят карда, гуфтааст: Алӣ ибни Иброҳим манро ҳадис кард, аз Муҳаммад ибни Исо, аз Муҳаммад ибни Фузайл, аз Абу Ҳамза, аз Абу Ҷаъфар (Боқир) алайҳи салом ки фармуд: Ба Худо савганд Худованд аз ҳангоме ки Одам алайҳи саломро аз дунё бурд, заминро нагузошт магар инки дар он имоме будааст ки ба василаи ӯ ба сӯӣ Худованд ҳидоят ёфта мешавад ва ӯ ҳуҷҷаташ бар бандагонаш аст ва замин бидуни имоме ки ҳуҷҷати Худованд бар бандагонаш бошад, боқӣ намемонад.
Шоҳиди 2
وَرَوَى مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ بَابَوَيْهِ [ت381ه] فِي «عِلَلِ الشَّرَائِعِ»[3]، قَالَ: حَدَّثَنَا أَبِي رَحِمَهُ اللَّهُ قَالَ: حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ يَحْيَى، عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى، عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ إِبْرَاهِيمَ، عَنْ زَيْدٍ الشَّحَّامِ، عَنْ دَاوُدَ بْنِ الْعَلَا، عَنْ أَبِي حَمْزَةَ الثُّمَالِيِّ، قَالَ: قَالَ: «مَا خَلَتِ الدُّنْيَا مُنْذُ خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْ إِمَامٍ عَدْلٍ إِلَى أَنْ تَقُومَ السَّاعَةُ حُجَّةٍ لِلَّهِ فِيهَا عَلَى خَلْقِهِ».
Тарҷума:
Ҳамчунин, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей [д.381қ] дар китоби «Илалил Шароъе», ривоят карда, гуфтааст: Падарам раҳимаҳуллоҳ моро ҳадис кард, гуфт: Муҳаммад ибни Яҳё моро ҳадис кард, аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Исо, аз Муҳаммад ибни Иброҳим, аз Зайд Шаҳҳом, аз Довуд ибни Аъло, аз Абу Ҳамзаи Сумолӣ ки гуфт: Фармуд: Дунё аз он ҳангом ки Худованд осмонҳо ва заминро офарида, аз имомӣ одил холӣ набудааст то он гоҳ ки қиёмат фаро расад ва ӯ ҳуҷҷате барои Худованд дар он бар бандагони Ӯст.