Ҷумъа 26 Апрел 2024 мелодӣ / 17 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Дарс
 
Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.
Оёте аз Қуръон дар ин бора

Ояи 12

«Ҳеч қарне, аз забони ростгӯйе барои Иброҳим алайҳи салом холӣ нест ва ӯ олиме аз насли ӯст ки ойинашро ёдоварӣ ва табйин мекунад»

قَالَ اللَّهُ تَعَالَى حِكَايَةً عَنْ إِبْرَاهِيمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ:

﴿وَاجْعَلْ لِي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآخِرِينَ[1]

Тарҷума:

Худованди баландмартаба ба нақл аз Иброҳим алайҳи салом фармудааст:

«Ва барои ман забони ростӣ дар миёни ояндагон қарор деҳ».

Мулоҳизот

1 . أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ دُعَاءِ إِبْرَاهِيمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ: ﴿وَاجْعَلْ لِي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآخِرِينَ، فَقَالَ: مَا يَقُولُ هَؤُلَاءِ؟ قُلْتُ: يَقُولُونَ أَنَّهُ ثَنَاءٌ حَسَنٌ، فَقَالَ: لَيْسَ كَمَا يَقُولُونَ، إِنَّمَا لِسَانُ الْمَرْئِ فِي النَّاسِ مَنْ يَنْطِقُ عَنْهُ، فَإِذَا كَانَ صَادِقًا فَهُوَ لِسَانُ صِدْقٍ لَهُ فِيهِمْ، ﴿فَمَالِ هَؤُلَاءِ الْقَوْمِ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ حَدِيثًا[2]؟! ثُمَّ قَالَ: لَا يَخْلُو قَرْنٌ مِنْ لِسَانِ صِدْقٍ لِإِبْرَاهِيمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ، وَهُوَ عَالِمٌ مِنْ ذُرِّيَّتِهِ يَذْكُرُ مِلَّتَهُ وَيُبَيِّنُهَا حَتَّى تَقُومَ السَّاعَةُ.

Тарҷума:

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи дуъои Иброҳим алайҳи салом пурсидам ки фармуд: «Ва барои ман забони ростӣ дар миёни ояндагон қарор деҳ», пас фармуд: Инҳо чи мегӯяд? Гуфтам: Мегӯянд манзураш номи нек аст, фармуд: Чунин нест ки мегӯянд: Ҷуз ин нест ки забон инсон дар миёни мардум, касе аст ки аз ҷониби ӯ сухан мегӯяд, пас агар ростгӯ бошад, ӯ забони ростӣ барои ӯ дар миёни онон аст, «Пас ин мардумро чи мешавад ки наздик нест суханеро дарёбанд?!» сипас фармуд: Ҳеч қарне, аз забони ростӣ барои Иброҳим алайҳи салом холӣ нест ва ӯ олиме аз насли ӯст ки оййинашро ёдоварӣ ва табйин мекунад, то он гоҳ ки Қиёмат фаро расад.

2 . أَخْبَرَنَا عَبْدُ السَّلَامِ بْنُ عَبْدِ الْقَيُّومِ الْبَلْخِيُّ، قَالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: لَا نَدْرِي مَا أَرَادَ إِبْرَاهِيمُ عَلَيْهِ السَّلَامُ بِقَوْلِهِ: ﴿وَاجْعَلْ لِي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآخِرِينَ، فَقَالَ: أَلَيْسَ اللِّسَانُ عِنْدَكُمْ مَا يَنْطِقُ؟! قُلْتُ: بَلَى، قَالَ: فَإِنَّهُ نَاطِقٌ مِنْ ذُرِّيَّتِهِ يَنْطِقُ عَنْهُ فَيَصْدُقُ، وَذَلِكَ كَقَوْلِ أَحَدِكُمْ: «لِسَانِي فِيكُمْ فُلَانٌ»، إِذَا كَانَ يَنْطِقُ عَنْهُ وَهُوَ صَادِقٌ، فَسَأَلَ إِبْرَاهِيمُ عَلَيْهِ السَّلَامُ أَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لَهُ فِي كُلِّ قَرْنٍ مِنَ الْآخِرِينَ مَنْ يُعَلِّمُهُمْ سُنَّتَهُ خَالِصَةً، فَأُوتِيَ مَا سَأَلَ، وَهُوَ لِسَانُ صِدْقٍ لَهُ فِي الْآخِرِينَ.

Тарҷума:

Абдуссалом ибни Абдулқайюми Балхӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Намедонем манзури Иброҳим алайҳи салом аз ин суханаш чи буда ки фармудааст: «Ва барои ман забони ростӣ дар миёни ояндагон қарор деҳ», пас фармуд: Оё забон назди шумо чизе нест ки сухан мегӯяд?! Гуфтам: Чаро, фармуд: Пас манзураш сухангӯйе аз насли ӯст ки аз ҷониби ӯ сухан мегӯяд, пас рост мегӯяд ва он монанди сухани яке аз шумост ки мегӯяд: «Забони ман дар миёни шумо фалонӣ аст», ҳаргоҳ ба ростӣ аз ҷониби ӯ сухан бигӯяд. Пас Иброҳим алайҳи салом тақозо кард ки Худованд дар ҳар қарне аз ояндагон барои ӯ касеро қарор диҳад ки суннаташро ба дур аз олойиш ба онон таълим диҳад, пас ончи тақозо кард, ба ӯ дода шуд ва ӯ забони ростӣ барои Иброҳим алайҳи салом дар миёни ояндагон аст.

↑[1] . Шуъаро/ 84
↑[2] . Нисоъ/ 78
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]