Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Дарс
 
Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.
Оёте аз Қуръон дар ин бора

Ояи 8

Замин ҳеч гоҳ набуда, магар инки дар он имоме будааст ки аз фасод дар он наҳй менамояд.

قَالَ اللَّهُ تَعَالَى:

﴿فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُو بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلًا مِمَّنْ أَنْجَيْنَا مِنْهُمْ[1]

Тарҷума:

Худованди баландмартаба фармудааст:

«Пас чаро аз қарнҳои пеш аз шумо бозмондагоне набуданд ки аз фасод дар замин наҳй намоянд магар андаке аз касоне ки аз миёнашон наҷот додем?!»

Мулоҳиза

أَخْبَرَنَا يُونُسُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ الْخَتْلَانِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: مَا كَانَتِ الْأَرْضُ إِلَّا وَفِيهَا أُولُو بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِيهَا، قُلْتُ: تَعْنِي الْمُؤْمِنِينَ؟ قَالَ: كَانُوا قَلِيلًا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ، أَلَمْ تَسْمَعْ قَوْلَ اللَّهِ تَعَالَى: ﴿فَلَوْلَا كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِنْ قَبْلِكُمْ أُولُو بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الْأَرْضِ إِلَّا قَلِيلًا مِمَّنْ أَنْجَيْنَا مِنْهُمْ؟ إِنَّهُمْ كَانُوا أَئِمَّةَ الْمُؤْمِنِينَ، وَإِنَّمَا أُنْجِيَ الْمُؤْمِنُونَ بِاتِّبَاعِهِمْ.

Тарҷума:

Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Замин (ҳеч гоҳ) набудааст, магар инки дар он бозмондагоне вуҷуд доштаанд ки аз фасод дар он наҳй намоянд. Гуфтам: Манзурат мӯъминон аст? Фармуд: Онон андаке аз мӯъминон буданд, оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки фармудааст: «Пас чаро аз қарнҳои пеш аз шумо бозмондагоне набуданд ки аз фасод дар замин наҳй намоянд магар андаке аз касоне ки аз миёнашон наҷот додем»? Онон аъиммаи мӯъминон буданд ва мӯъминон бо табаъият аз онон наҷот ёфтанд.

↑[1] . Ҳуд/ 116
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]