Ҳадиси 6
Мардум аз замони Нуҳ алайҳи салом то кунун ҷуз ин гуна набудаанд ки миёнашон касе будааст ки ба итоъат аз ӯ амр шудаанд.
رَوَى مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ بَابَوَيْهِ [ت381ه] فِي «كَمَالِ الدِّينِ وَتَمَامِ النِّعْمَةِ»[1]، قَالَ: حَدَّثَنَا أَبِي وَمُحَمَّدُ بْنُ الْحَسَنِ قَالَا: حَدَّثَنَا سَعْدُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ وَعَبْدُ اللَّهِ بْنُ جَعْفَرٍ الْحِمْيَرِيُّ، عَنْ أَحْمَدَ بْنِ مُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى وَمُحَمَّدِ بْنِ عِيسَى بْنِ عُبَيْدٍ، عَنِ الْحُسَيْنِ بْنِ سَعِيدٍ، عَنْ جَعْفَرِ بْنِ بَشِيرٍ وَصَفْوَانِ بْنِ يَحْيَى جَمِيعًا، عَنِ الْمُعَلَّى بْنِ عُثْمَانَ، عَنِ الْمُعَلَّى بْنِ خُنَيْسٍ قَالَ:
سَأَلْتُ أَبَا عَبْدِ اللَّهِ -يَعْنِي جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ الصَّادِقَ- عَلَيْهِ السَّلَامُ: هَلْ كَانَ النَّاسُ إِلَّا وَفِيهِمْ مَنْ قَدْ أُمِرُوا بِطَاعَتِهِ مُنْذُ كَانَ نُوحٌ عَلَيْهِ السَّلَامُ؟ قَالَ: لَمْ يَزَالُوا كَذَلِكَ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ.
Тарҷума:
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей [д.381қ] дар китоби «Камолу Ал-Дин ва Тамому Ал-Неъма» ривоят карда, (ба ин сурат ки) гуфтааст: Падарам ва Муҳаммад ибни Ҳасан разияллоҳу анҳумо моро ҳадис карданд, гуфтанд: Саъд ибни Абдуллоҳ ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар Ҳимярӣ моро ҳадис карданд, аз Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исо ва Муҳаммад ибни Исо ибни Убайд, аз Ҳусейн ибни Саъид, аз Ҷаъфар ибни Башир ва Сафвон ибни Яҳё ҳар ду, аз Муъалло ибни Усмон, аз Муъалло ибни Хунайс ки гуфт:
Аз Абу Абдуллоҳ -яъне Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ- алайҳи салом пурсидам: Оё мардум аз замони Нуҳ алайҳи салом то кунун ҷуз ин гуна будаанд ки миёнашон касе будааст ки ба итоъат аз ӯ амр шудаанд? Фармуд: Ҳамвора ин гуна будаанд, вале бештарашон имон намеоварданд.
Мулоҳиза
قَالَ الْمَنْصُورُ حَفِظَهُ اللَّهُ تَعَالَى: لَمْ يَنْفَرِدْ بِهِ الْمُعَلَّى بْنُ خُنَيْسٍ، بَلْ تَابَعَهُ هَارُونُ بْنُ حَمْزَةَ الْغَنَوِيُّ.
Тарҷума:
Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло фармуд: Муъалло ибни Хунайс дар ривояти ин ҳадис танҳо нест, балки Ҳорун ибни Ҳамзаи Ғанавӣ бо ӯ ҳамроҳӣ кардааст.
Шоҳиди 1
رَوَى مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيِّ بْنِ بَابَوَيْهِ [ت381ه] فِي «كَمَالِ الدِّينِ وَتَمَامِ النِّعْمَةِ»[2]، قَالَ: حَدَّثَنَا أَبِي قَالَ: حَدَّثَنَا عَبْدُ اللَّهِ بْنُ جَعْفَرٍ قَالَ: حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ الْحُسَيْنِ، عَنْ يَزِيدَ بْنِ إِسْحَاقَ شَعِرٍ، عَنْ هَارُونَ بْنِ حَمْزَةَ الْغَنَوِيِّ قَالَ: قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ -فَذَكَرَ مِثْلَهُ سَوَاءً.
Тарҷума:
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей [д.381қ] дар китоби «Камолу Ал-Дин ва Тамому Ал-Неъма», ривоят карда, гуфтааст: Падарам разияллоҳу анҳ моро ҳадис кард, гуфт: Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар моро ҳадис кард, гуфт: Муҳаммад ибни Ҳусейн моро ҳадис кард, аз Язид ибни Исҳоқи Шаъири, аз Ҳорун ибни Ҳамзаи Ғанавӣ ки гуфт: Ба Абу Абдуллоҳ (Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ) алайҳи салом гуфтам -пас монанди ин ҳадисро бидуни тафовут зикр кардааст.