Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Оё ҳазрати Мансури Ҳошимӣ умеде ба амалӣ шудани наҳзати худ дорад? Наздиктарин давлат ба ақойид ва боварҳои вай, ҳамин Эрон аст ки ба қавли шумо ҳокимонаш сухани ҳазрати Мансурро шунида, мунтаҳии вуқуъе ба он намениҳанд! Ҳол дар мақоми баъд аз адами таъсири калом, эшон қоъил ба ҷиҳод бо онҳо аст, дар ҳоле ки чи бисёр эътирозоте ки дар мавриди умури мухталиф ба ҳукумат шуда ва ҳамаи онҳо шикаст хӯрдаанд. Ҳол ин вазъи Эрон аст, сойири кишварҳо мин ҷумла Арабистон ки душмантарини ҳукуматҳо аст ва зуҳур бояд онҷо иттифоқ бияфтад бимонад. Савол инки оё Худо ва имом роҳӣ беҳтар ва осонтар барои зуҳур мутасаввир нестанд? Мо тоза ба ҳукумати Эрон дар ҳифзи амнияти имом, ҳусни занн дорем, шумо ки надоред чигуна дар муқобили ин ҳама ҳукумат, метавонед умеде дошта бошед? Ба назар агар имдоди ғайбии Худо ва кӯмаки Ӯ барои зуҳур набошад, умеде ба наҳзат нест; Чун коре аз ин наҳзат бар намеояд. Кадом кор?

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Нахустин нкутае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, адами имкони амалии зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом пеш аз омодагӣ ва пазириши иддаи кофӣ аз мардум аст; Зеро зуҳури он ҳазрат дар миёни мардуме ки ӯро намехоҳанд ва пайравӣ намекунанд ва ёрӣ намерасонанд, ба шикасти он ҳазрат дар найли ба аҳдофаш ва чи басо асорат ва шаҳодаташ меанҷомад ва ин бар хилофи ғарази Худованд ва ваъдаи Ӯст. Ҳар чанд Худованд қодир аст ки он ҳазратро бар хилофи ирода ва иқдоми мардум ва аз тариқи иҷбор ба аҳдофаш бирасонад, вале ин бо суннат ва ҳикмати Ӯ созгор нест; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ لَآمَنَ مَنْ فِي الْأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا ۚ أَفَأَنْتَ تُكْرِهُ النَّاسَ حَتَّى يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ[1]; «Ва агар Парвардигорат мехост ҳамаи касоне ки дар заминанд имон меоварданд, оё пас ту мардумро икро мекунӣ то мӯъмин бошанд?!» Ва фармудааст: ﴿وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِجَبَّارٍ[2]; «Ва ту иҷбор кунандаи онон нестӣ». Аз ин рӯ, ногузир зуҳури он ҳазрат то ҳангоми омодагӣ ва пазириши иддаи кофӣ аз мардум ба таъхир хоҳад афтод ва ин нуктаи калидӣ ва бисёр муҳимме аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро ба талош барои эҷоди омодагӣ ва пазириш дар мардум ба рағми ҳамаи душвориҳояш водоштааст.

2 . Дуввумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуби амал ба таклифи шаръӣ аст, сарфи назар аз инки ба натиҷаи дилхоҳ меанҷомад ё на; Чароки вуҷуби амал ба таклифи шаръӣ, тобеъи амри Худованд ба унвони Мавло ва Раб аст, на тобеъи ҳусули натиҷаи дилхоҳ ва амри Худованд гоҳе барои озмойиш ё тарбият ё подоши ухравӣ ё таҳсили натойиҷи дигаре аст ки бар инсон пӯшида аст. Бегумон ин бузургтарин дарси имом Ҳусейн алайҳи салом дар Карбало буд; Зеро он ҳазрат дар ҳоле барои ислоҳи уммати ҷаддаш қиём кард ки бисёрӣ аз саҳоба умеде ба ҳусули натиҷаи дилхоҳ надоштанд ва ба ҳамон далил, бо ӯ дар ин кор ҳамроҳӣ накарданд, балки ӯро аз он боз доштанд; Ҳамчунонки ёрони андаки ӯ дар рӯзи Ошуро танҳо бо ангезаи амал ба таколифи шаръӣ ба ҳимоят аз ӯ пардохтанд, вагарна маълум буд ки бо вуҷуди он теъдод душмани хунхор, умеде ба пирӯзӣ вуҷуд надорад. Имрӯз низ аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо иқтидо ба саййиди ҷавонони аҳли Биҳишт, барои ислоҳи уммат ва бозгардондани онон ба Исломи ҳақиқӣ ва фароҳам сохтани заминаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом дар партуви китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш қиём кардааст, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мардум умеде ба ҳусули натиҷаи дилхоҳ надоранд ва ба ҳамин далил, бо ӯ дар ин кор ҳамроҳӣ намекунанд, балки ӯро аз он боз медоранд; Ғофил аз инки ангезаи ӯ аз ин кор ҳусули натиҷаи дилхоҳ нест, балки амал ба таклифи шаръӣ аст; Чароки дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, милок амри Худованд аст ва убудияти инсон дар итоъат аз ин амр таҷаллӣ пайдо мекунад ва бо ин васф, ҷойе барои «Натиҷагирӣ» боқӣ намемонад. Натиҷагирӣ дар воқеъ инъикоси «Судҷӯйии» инсон аст ки аз «Худхоҳии» ӯ бар мехезад ва танҳо дар ҷаҳонбинии моддӣ ва илҳодӣ ҷой дорад; Зеро танҳо дар ин навъ аз ҷаҳонбинӣ аст ки инсон даст ба коре намезанад магар инки барои ӯ нафеъӣ дар дунё дошта бошад ва хӯйи ҳисобгарӣ ӯро хушнуд кунад, дар ҳоле ки чунин рӯйкарде, озодагӣ, шарофат ва каромати ӯро салб мекунад ва ӯро ба мавҷудӣ заъиф, тарсу ва кӯтоҳфикр мубаддал месозад ва наслеро падид меоварад ки ба ҳар зиллат ва масканате тан медиҳад ва ҳамвора аз вуруд ба сарзамини муқаддас сар боз мезанад, бо ин мантиқи банӣ Исроъиле ки ﴿إِنَّ فِيهَا قَوْمًا جَبَّارِينَ وَإِنَّا لَنْ نَدْخُلَهَا حَتَّى يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنَّا دَاخِلُونَ[3]; «Дар он қавм ҷабборе ҳастанд ва мо ҳаргиз ба он дохил намешавем то ҳангоме ки онҳо аз он хориҷ шаванд, пас ҳаргоҳ онҳо аз он хориҷ шуданд мо дохил мешавем»!

3 . Севвумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуди натиҷаи қатъӣ барои амал ба таклифи шаръӣ аст ва он ҳамоно хушнудии Худованд ва растгорӣ аз оташи дӯзах аст ки беҳтарин натиҷа маҳсуб мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿لِمِثْلِ هَذَا فَلْيَعْمَلِ الْعَامِلُونَ[4]; «Барои чунин чизе бояд амал кунандагон амал кунанд». Бо ин васф, амал ба таклифи шаръӣ ҳаргиз корӣ беҳуда ва аҳмақона маҳсуб намешавад; Зеро ҳатто агар натиҷае дар дунё надошта бошад, ба саъодат дар охират ва осойишу рафои абадӣ меанҷомад ва ин бузургтарин натиҷае аст ки як амал метавонад дошта бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар маҳками адли Илоҳӣ, ҳеҷ гоҳ амал ба таклифи шаръӣ бо тарки он баробар нест ва касе ки дар роҳи Ӯ талош мекунад бо касе ки ба баҳонаҳои мухталиф аз талош дар роҳи Ӯ мепарҳезанд, яксон маҳсуб намешавад; Чунонки борҳо ва бо таъкид фармудааст: ﴿قُلْ لَا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ ۚ فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ[5]; «Бигӯ олуда бо покиза баробар нест, агарчи касрати олуда туро ба шигифт оварад, пас аз Худованд битарсед эй хирадмандон бошад ки растгор шавед» Ва фармудааст: «مَثَلُ الْفَرِيقَيْنِ كَالْأَعْمَى وَالْأَصَمِّ وَالْبَصِيرِ وَالسَّمِيعِ ۚ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ»[6]; «Масали ду даста монанди кӯр ва кар ва бино ва шунаво аст, оё дар масал баробаранд?! Оё пас мутазаккир намешавед?!» Ва фармудааст: ﴿وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَلَا الْمُسِيءُ ۚ قَلِيلًا مَا تَتَذَكَّرُونَ[7]; «Ва кӯру бино баробар нестанд ва на касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд ва бадкорон, андаке мутазаккир мешаванд» Ва фармудааст: ﴿قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ[8]; «Бигӯ оё касоне ки медонанд ва касоне ки намедонанд баробаранд?! Танҳо хирадмандон мутазаккир мешаванд» Ва фармудааст: ﴿أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ[9]; «Оё касоне ки бадиҳоро муртакиб шуданд пиндоштанд ки ононро монанди касоне қарор медиҳем ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд?! Зиндагияшон ва маргашон яксон аст?! Бад қазоват мекунанд» Ва фармудааст: ﴿أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ[10]; «Оё касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом додандро монанди фасод кунандагон дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди гуноҳкорон қарор медиҳем?!». Бо ин васф, ёрони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ки дар роҳи таҳаққуқи ҳукумати Худованд аз тариқи таҳаққуқи ҳукумати халифаи Ӯ талош мекунанд ва мардумро ба байъат бо Худои ягона ба ҷои байъат бо Худоёни гуногун фаро мехонанд, бояд ба подоши Худованд дар охират чашм дошта бошанд, на ба натиҷае дар зиндагии дунё ва бояд бидонанд ки Биҳишт натиҷаи кофӣ барои талошҳои онон хоҳад буд[11]. Ҳар чанд ин натиҷа барои касоне ки ба зиндагии дунё дил бастаанд ва ба зиндагии охират эътиқод ё эътиное надоранд, ҷаззоб нест ва аз ин рӯ, ононро ба майдони амал намекашанд, вале онон бо ин рӯҳия ва ангеза салоҳияти пайвастан ба ин наҳзати муқаддасро ҳам надоранд ва агар ба он бипайванданд ҳам суде ба он намерасонанд; Чунонки Худованд дар бораи амсоли онон фармудааст: ﴿لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ[12]; «Агар дар миёни шумо хориҷ шаванд ҷуз сустӣ бар шумо намеафзоянд ва шуморо ба фитна меандозанд ва дар миёнатон хабарчиноне барои онон ҳастанд ва Худованд ба золимон огоҳ аст».

4 . Чаҳорумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуди натиҷаи қатъӣ барои наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар дунё –илова бар охират– аст ва он ҳамоно яке аз ду чиз хоҳад буд: Бозгашти иддаи кофӣ аз мардум ба Ислом ва иҷтимоъу омодагии онон барои ҳимоят аз имом Маҳдӣ алайҳи салом ки бино бар суннате аз Худованд ба зуҳури он ҳазрат мунтаҳӣ хоҳад шуд ё истинкофи онон аз ин кор пас аз итмоми ҳуҷҷат бар онон ки бино бар суннатӣ дигар аз Худованд ба ҳалокати онон ва пайдоиши қавмӣ дигар хоҳад анҷомид ки албатта он низ дар ниҳоят ба зуҳури он ҳазрат мунтаҳӣ хоҳад шуд[13]. Бо ин васф, касоне ки мепиндоранд наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба ҳеҷ натиҷае дар дунё нахоҳад анҷомид, дар ғафлат ва иштибоҳӣ азим ба сар мебаранд; Чароки ин наҳзат дар ҳоли итмоми ҳуҷҷат бар аҳли дунё аз тариқи ҳикмат, мавъезаи ҳасана ва ҷидол ба аҳсан аст ва бо ин васф, агар ба як натиҷа дар он наянҷомад, ногузир ба натиҷаи дигар дар он хоҳад анҷомид!

5 . Панҷумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед ин аст ки Худованд ба нобуд кардани золимон агарчи то дандон мусалаҳ бошад ва «Карон то карони ин бекаронро пур карда бошанд» ва пирӯз кардани мустазъафон бар онон қодир аст; Чароки дар гузашта борҳо ин корро анҷом дода ва қодир аст ки як бори дигар онро анҷом диҳад ва барои он шеваҳо ва абзорҳои фаровоне дорад; Чунонки фармудааст: ﴿وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ ۝ وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ[14]; «Ва ирода дорем бар касоне ки дар замин заъиф шумурда шуданд миннат ниҳем ва ононро пешвоёне қарор диҳем ва ононро ворисон қарор диҳем ва ононро дар замин мекнат диҳем ва ба Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон аз онон чизеро нишон диҳем ки аз он метарсиданд», вале Ӯ танҳо ҳангоме ин корро анҷом медиҳад ки мустазъафон аз суфуфи золимон ҷудо шуда ва вазифаи амри ба маъруф ва найҳ аз мункарро анҷом дода бошанд; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَوْلَا كَلِمَةُ الْفَصْلِ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ[15] «Ва агар набуд баное бар ҷудойи ҳатман миёни онон файсала мешуд ва ҳароина золимон барояшон азобӣ дарднок аст» Ва фармудааст: ﴿لَوْ تَزَيَّلُوا لَعَذَّبْنَا الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا[16]; «Агар аз якдигар ҷудо мешуданд ҳатман касоне аз онон ки кофир шудандро азобӣ дарднок мерасондем» Ва фармудааст: ﴿فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ[17]; «Пас чунин чизе ки ёдоварӣ шудандро аз ёд бурданд, касоне ки аз бадӣ наҳй мекардандро наҷот додем ва касоне ки зулм кардандро ба азобӣ ногувор гирифтем ба сабаби инки фисқ меварзиданд». Ин ба маънои он аст ки нобуд кунандаи золимон дар воқеъ мустазъафон нестанд то ин суъол пеш ояд ки чигуна аз ӯҳдаи он бар хоҳанд омад, бал Худованд хоҳад буд ки бар ҳар коре тавоност ва мустазъафон танҳо заминаи онро фароҳам месозанд; Ба ин тартиб ки бо иҷобати даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ имом Маҳдӣ алайҳи салом, аз суфуфи золимон ҷудо мешаванд ва бо густариши даъвати ӯ дар ҷаҳон ҳуҷҷатро бар ҳамагон тамом мекунанд ва ин ба Худованд иҷоза медиҳад ки азоби худро бо ҳар шаклу шевае ки мехоҳад бар золимон нозил кунад. Бинобарин, таъкиди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бар зарурати иҷтимоъи мӯъминон ва фароҳам сохтани имконоти лозим барои ҳимоят аз имом Маҳдӣ алайҳи салом дар воқеъ аз он рӯст ки ин кор, калиди дарвозаи бастаи нусрати Илоҳӣ аст; Зеро нусрати Илоҳӣ танҳо ҳангоме нозил мешавад ки мӯъминон вазифаи худро бо ҳадди аксари тавонашон анҷом дода бошанд; Чунонки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ[18]; «Эй касоне ки имон овардед! Агар Худовандро ёрӣ кунед Ӯ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳотонро устувор медорад» Ва фармудааст: ﴿بَلَى ۚ إِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا وَيَأْتُوكُمْ مِنْ فَوْرِهِمْ هَذَا يُمْدِدْكُمْ رَبُّكُمْ بِخَمْسَةِ آلَافٍ مِنَ الْمَلَائِكَةِ مُسَوِّمِينَ[19]; «Оре, агар пойдорӣ кунед ва тақво пеш гиред ва бо ин хуруши худ бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор тан аз фариштагони нишондор имдод мекунад» Ва фармудааст: ﴿وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ[20]; «Ва ҳароина Худованд касе ки Ӯро ёрӣ кунадро ёрӣ мекунад, ҳароина Худованд нерумандӣ азиз аст» Ва фармудааст: ﴿إِنْ يَنْصُرْكُمُ اللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمْ ۖ وَإِنْ يَخْذُلْكُمْ فَمَنْ ذَا الَّذِي يَنْصُرُكُمْ مِنْ بَعْدِهِ ۗ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ[21]; «Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад ҳеҷ кас бар шумо ғолиб нахоҳад шуд ва агар шуморо хор дорад чи касе баъд аз Ӯ шуморо ёрӣ хоҳад кард?! Ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккал кунанд» Ва фармудааст: ﴿أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّى يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَى نَصْرُ اللَّهِ ۗ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ[22]; «Оё пиндоштед ки ба Биҳишт дохил мешавед дар ҳоле ки ҳанӯз мисли чизе ки ба гузаштагонатон расид ба шумо нарасидааст?! Гирифторӣ ва осеб ба онон расид ва ба ларза даромаданд то он гоҳ ки Паёмбар ва касоне ки бо ӯ имон оварданд гуфтанд: Ёрии Худованд кай аст?! Огоҳ бошед ки ёрии Худованд наздик аст». Бинобарин, рамзи зуҳур ва пирӯзии имом Маҳдӣ алайҳи салом, ёрии Худованд аст ва рамзи ёрии Худованд, иҷтимоъ, омодагӣ ва талоши ҳадди аксарӣ мӯъминон барои ёрии Ӯст, агарчи аз манзури муъодилоти моддӣ ва сатҳӣ, ночиз ва бефоида ба назар бирасад[23].

Бегумон маҷмӯъаи ин нукот, ҷойе барои ноумедии мӯъминон ва таъаллули онон дар пайвастан ба наҳзати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом боқӣ намегузорад; ﴿وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ[24]; «Ва оқибат барои парҳезкорон аст».

↑[1] . Юнус/ 99
↑[2] . Қоф/ 45
↑[3] . Моъида/ 22
↑[4] . Соффот/ 61
↑[5] . Моъида/ 100
↑[6] . Ҳуд/ 24
↑[7] . Ғофир/ 58
↑[8] . Зумар/ 9
↑[9] . Ҷосия/ 21
↑[10] . Сод/ 28
↑[11] . Бингаред ба: Гуфтори 21.
↑[12] . Тавба/ 47
↑[13] . Дар ин бора, бингаред ба: Нақд ва баррасии 54.
↑[14] . Қасас/ 5 ва 6
↑[15] . Шӯро/ 21
↑[16] . Фатҳ/ 25
↑[17] . Аъроф/ 165
↑[18] . Муҳаммад/ 7
↑[19] . Оли Имрон/ 125
↑[20] . Ҳаҷ/ 40
↑[21] . Оли Имрон/ 160
↑[22] . Бақара/ 214
↑[23] . Дар ин бора, бингаред ба: Нақд ва баррасии 48.
↑[24] . Аъроф/ 128
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Маҳдии Солеҳӣ
Тарих: 25/3/2020

Ин рӯзҳо шоҳиди ҳаводиси аҷибе дар ҷаҳон ҳастем ки метавонад ба манзалаи ҳушдоре мабнӣ бар итмоми вақт ва таҳаққуқи ваъдаи Худованд бошад. Ин дар ҳоле аст ки мутаъассифона мардум ба даъвати ҳазрати Мансури ҳафизаҳуллоҳ таъоло вақъе намениҳанд ва муқаддамоти зуҳур, яъне нафару мол ва силоҳ, фароҳам нашудааст; Балки амсоли ҳақир низ ки ба ёрии ин бузургвор баромадаем, басанда кардаем ба инки худро «Ёри Хуросонӣ» биномем ва дар амал он чунон ки бояд ва шояд, ба эшон иқтидо намекунем; Чунонки эшон худ ба ин воқеъият ишора намудаанд. Бо ин васф, оё мумкин аст ки аз тариқи ахбори гузаштагон дар хусуси ҳаводиси охируззамон ба мо расида -барои намуна чигунагии фароҳам омадани идда ва уддаӣ кофӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом- амалӣ нашуд? Ё Худованд, бо таваҷҷуҳ ба инки қодир аст аз реги биёбон барои ёрии дин ва Халифааш лашкар фароҳам оварад, тариқӣ дигареро барои таҳаққуқи ваъдааш ихтиёр кунад? Бандаи навъе, агар Худованд раҳм кунад ва аз азобҳойе ки хуб ва бадро бо ҳам ҳалок мекунанд наҷот ёбам, чигуна метавонам мутмаъин шавам ки оқибат ба хайр хоҳам шуд яъне аз заминасозони зуҳур ва ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом хоҳам буд, он чунон ки дар ибтидо аҳд кардам? Оё сирфи пазируфтани ҳақ ва андак иқдомотам дар ҷиҳати ёрии он ки чи басо камтар аз ончи ки дар тавонам аст бошад, ҳақирро аз инки аз зиёнкорон бошам наҷот медиҳад? Худованд моро бо имомамон Маҳдӣ маҳҷур гардонад.

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 1/4/2020

Бародари мӯъмин!

Дағдағаи шумо барои растгорӣ, нишонаи имони шумост ва касе ки имон дорад дар пешгоҳи Худованд бо касе ки имон надорад баробар нест. Касе ки имон дорад, агар бимирад ба манзалаи шаҳид аст ва ҷойгоҳӣ неку дар охират дорад ва агар зинда бимонад, таҳаққуқи ваъдаҳои Худовандро хоҳад дид. Бидуни шак Худованд ваъдаҳои худро муҳаққақ хоҳад кард; Чароки аз як сӯ одил ва ростгӯст ва аз сӯӣ дигар бар ҳар коре тавоност, вале ҳар коре назди ӯ замонӣ маълум дорад ки аз он пешӣ намегирад ва ақаб намеафтад. Заминаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳамон тавр ки ваъда дода шудааст, фароҳам хоҳад шуд, вале замони он барои мо ва шумо маълум нест ва ҳамин аст ки ба имон ва сабри мо ва шумо арзиш медиҳад. Агар мо ва шумо медонистем ки замони он кай аст, имтиҳон намешудем, дар ҳоле ки бояд имтиҳон шавем то маълум шавад кадом як аз мо аҳли имон ва сабр аст ва кадом як беимон ва бесабр.

Ҳангоме ки Лут алайҳи салом худро дар муҳосираи қавмӣ хабис ёфт ва аз фарти дармондагӣ гуфт: ﴿لَوْ أَنَّ لِي بِكُمْ قُوَّةً أَوْ آوِي إِلَى رُكْنٍ شَدِيدٍ[1]; «Эй кош дар баробари шумо неруйе доштам ё пуштибони муҳкаме меёфтам», намедонист ки фариштагони Худованд пушти сараш истодаанд ва то соъатӣ дигар ҳамаи ононро нобуд хоҳанд кард; Ҳамчунонки бародарони Юсуф алайҳи салом, вақте ӯро дар чоҳ меандохтанд, тасаввур намекарданд ки ӯ рӯзе азизи Миср хоҳад шуд ва онон бояд барои гирифтани қадре гандум, дар баробараш зону бизананд ва илтимос кунанд; Ҳамчунонки мусалмонон дар Макка, вақте зери шиканҷа ва фишори мушрикон буданд ва аз бими онҳо дар кӯҳҳо ва дарраҳо намоз мегузорданд, ҳаргиз гумон намекарданд ки чанд соли дигар, бар саросари Ҷазиратул Араб ҳоким хоҳанд шуд ва онҳоро аз он берун хоҳанд ронд; Ҳамчунонки дар ҷанги Аҳзоб, вақте аз бими сипоҳи кофирон пиромуни Мадина хандақ меканданд, Паёмбар ба онон ваъдаи пирӯзӣ бар Касро ва Қайсарро дод. Пас бархӣ аз онон бо истибъод гуфтанд: «يَعِدُنَا بِكُنُوزِ كِسْرَى وقَيْصَرَ ومَا يَقْدِرُ أَحَدُنَا أَنْ يَخْرُجَ يَتَخَلَّى»[2]; «Ба мо ваъдаи ганҷҳои Касро ва Қайсарро медиҳад, дар ҳоле ки касе аз мо наметавонад барои қазои ҳоҷат биравад»! Бо ин ҳол, ҳамаи ин вақойеъ рӯй дод, то ваъдаҳои Худованд муҳаққақ шавад ва мӯъминон бидонанд ки Ӯ бар ҳар коре тавоност; Чунонки фармудааст: ﴿وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا ۚ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ قِيلًا[3]; «Ваъдаи Худованд ҳақ аст ва чи касе аз Худованд ростгӯтар аст» Ва фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ[4]; «Худованд ваъдаашро хилоф намекунад, вале бештари мардум намедонанд» Ва фармудааст: ﴿فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ الَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ[5]; «Пас сабр дошта бош; Чароки ваъдаи Худованд ҳақ аст ва касое ки яқин намекунанд, туро бетоб насозанд».

Бинобарин, мӯъминон бояд ба сидқи ваъдаҳои Худованд яқин дошта бошанд ва сабр пеш гиранд то замони таҳаққуқи онҳо бирасад ва то он замон, бояд бо ҳадди аксари тавони худ талош кунанд; Чароки агар бо ҳадди аксари тавони худ талош накунанд, дар муъомилаи худ бо Худованд ва Халифааш камфурӯшӣ кардаанд ва касоне ки дар муъомилаи худ бо Худованд ва Халифааш камфурӯшӣ мекунанд, аз касоне ки дар муъомилаи худ бо мардум камфурӯшӣ мекунанд, бадтаранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки онон аз маҳсулот кам мегузоранд ва инро аз талош барои наҷоти инсон, дар ҳоле ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَيْلٌ لِلْمُطَفِّفِينَ[6]; «Вой бар камфурошон» ва бо ин васф, бар инон чи хоҳад буд ки аз онон бадтаранд?!

↑[1] . Ҳуд/ 80
↑[2] . Воқидӣ, Ал-Мағонӣ, ҷ1, с459; Ибни Ҳишом, Ал-Сирату Набавия, ҷ2, с365; Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Ал-Маҳбар, с468; Билозарӣ, Ансобул Ашроф, ҷ1, с276; Табарӣ, Торихул Умами Валмулук, ҷ2, с238; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул Кабир, ҷ3, с166; Байҳақӣ, Далоъилул Набувва, ҷ3, с402; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с216
↑[3] . Нисоъ/ 122
↑[4] . Рум/ 6
↑[5] . Рум/ 60
↑[6] . Мутаффифин/ 1
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.