Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1. Ҳеҷ кас ҷуз Худованд аз ҳар гуна саҳв, хато ва нисён муназзаҳ нест ва бо ин васф, муназзаҳ шумурдани Паёмбарон аз он, ғулув шумурда мешавад; Чароки Паёмбарон Худоён нестанд, балки башар ҳастанд ва башар ҳар андоза мӯъмин ва солеҳ бошад, ба иқтизои заъфи зотии худ, аз саҳв, хато ва нисён масвун нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قَالَتْ لَهُمْ رُسُلُهُمْ إِنْ نَحْنُ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ﴾; «Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: Мо ҷуз башаре монанди шумо нестем» Ва фармудааст: ﴿وَخُلِقَ الْإِنْسَانُ ضَعِيفًا﴾; «Ва инсон заъиф офарида шуда». Аз ин рӯ, китоби Худованд бо сароҳат аз саҳв, хато ва нисёни Паёмбарон хабар дода ва пайдост ки аз ин кор мақсуде дошта ва он ҳамоно пешгирӣ аз танзиҳи Паёмбарон монанди танзиҳи Худованд будааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ عِصْمَةِ الْأَنْبیاءِ وَ ما فِي الْقُرآنِ مِنْ نَفْیِها، فَقالَ: إِنَّ الْقُرآنَ لا یُزَکِّي عَلَی اللّهِ أَحَداً فَلا تُزَکُّوا أَنْفُسَکُمْ وَ لا تُزَکُّوا عَلَی اللّهِ أَحَداً»; «Аз Мансур дар бораи исмати Паёмбарон ва оёте дар Қуръон ки ба нафӣ он пардохтааст пурсидам, пас фармуд: Ҳароина Қуръон касеро бар Худованд пок нашумурдааст, пас худатонро пок нашуморед ва касеро бар Худованд пок нашуморед»!
Аз инҷо дониста мешавад таъвили оётие дар Қуръон ки бо сароҳат аз саҳв, хато ва нисёни Паёмбарон хабар дода, аз масодиқи бориз тафсири ботинӣ ва тафсири ба раъй аст ки бо ҳуҷҷияти завоҳири Қуръон мунофот дорад.
Албатта саҳв, хато ва нисёни, маъсият шумурда намешавад; Чароки маъсият, тахаллуф аз амр ва наҳйи Худованд бо қасд ва илтифот аст, дар ҳоле ки дар саҳв, хато ва нисён, қасду илтифоте вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, муъохиза дар изои он шойиста нест; Чунонки фармудааст: ﴿رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا﴾; «Парвардигоро! Моро муъохиза накун агар фаромӯш кардем ё хато кардем»; Монанди фаромӯш кардани корҳои шахсӣ ё иштибоҳ кардан дар корҳои мубоҳ ё аҷала кардан дар корҳои ҷойиз ё оҷиз шудан аз корҳои оддӣ ё бехабар мондан аз чизҳои ғайри зарурӣ ё қусур намудан дар корҳои ғайри иродӣ аз қабили хоб мондан дар авқоти бедорӣ ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» аз боби эҳсо ё намуна зикр шудааст. Оре, Паёмбарон аз саҳв, хато ва нисён дар дарёфт ва иблоғи ваҳй ва низ бақоъ бар онҳо дар иҷрои ваҳй маъсум ҳастанд; Чароки саҳв, хато ва нисён дар дарёфт ва иблоғи ваҳй, ноқизи ғарази Худованд аз фиристодани онҳост; Чунонки фармудааст: ﴿سَنُقْرِئُكَ فَلَا تَنْسَى إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ﴾; «Бар ту хоҳем хонд, пас фаромӯш намекунӣ, магар чизеро ки Худованд бихоҳад» Ва саҳв, хато ва нисён дар иҷрои ваҳй, дар наздиктарин замони мумкин бо ёдоварии Худованд бартараф мешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَإِمَّا يُنْسِيَنَّكَ الشَّيْطَانُ فَلَا تَقْعُدْ بَعْدَ الذِّكْرَى مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ﴾; «Ва агар шайтон аз ёдат бурд пас аз ёдоварӣ бо гурӯҳи ситамкорон нанишин» Ва фармудааст: ﴿وَاذْكُرْ رَبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلْ عَسَى أَنْ يَهْدِيَنِ رَبِّي لِأَقْرَبَ مِنْ هَذَا رَشَدًا﴾; «Ва Парвардигоратро чун фаромӯш кардӣ ба ёд овар ва бигӯ шояд Парвардигорам маро ба чизе наздиктар аз ин ба ҳидоят раҳнамун шавад» Ва фармудааст: ﴿قَالَ لَا تُؤَاخِذْنِي بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرْهِقْنِي مِنْ أَمْرِي عُسْرًا﴾; «(Мӯсо) гуфт: Манро ба хотири чизе ки фаромӯш кардам муъохиза накун ва дар корам бар ман сахт нагир»! Аз ин рӯ, имкони саҳв, хато ва нисёни Паёмбарон, монеъ аз итминон ба онон дар ақвол ва афъолашон намешавад; Чароки агар ақвол ва афъолашон ношӣ аз саҳв, хато ва нисёни онон бошад, қатъан худ пеш аз вақти ҳоҷат аз он хабар медиҳанд ва дар сурате ки худ аз он хабар надиҳанд, ақвол ва афъолашон ҳуҷҷат аст.
2. «Нъаҷа» дар забони Арабӣ, аз кинояҳои шойеъ барои ишора ба зан будааст Ва бо ин васф, зуҳури оя дар ин маъно қобили инкор нест ва зоҳири Қуръон чунонки дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин шуда, ҳуҷҷат аст ва даст бардоштан аз он бо тамассук ба хабари воҳид имкон надорад; Хусусан агар хабарӣ заъиф ва мутаноқиз монанди хабари мавриди ишораи шумо бошад; Чароки хабари мавриди ишораи шумо, бо такаллуфи ошкор ва мунофӣ бо сабк ва сиёқи Қуръон, дар садади гурез аз маҳзуре баромада, вале ба маҳзурӣ бузургтар аз он дучор шудааст! Бо таваҷҷуҳ ба инки судури ҳукм пеш аз шунидани дифоъёти муттаҳам, зулмӣ ошкор ва ҳаром аст, дар ҳоле ки пешниҳоди талоқи ҳамсар ба як дӯст барои никоҳ бо ӯ пас аз поёни иддаъаш, ҳаром нест, агарчи макрӯҳ бошад; Чароки талоқи як зан ва никоҳ бо ӯ пас аз поёни иддаъаш, ҳар ду ҷойиз аст ва пешниҳоди корӣ ҷойиз, ҳаром шумурда намешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст Довуд алайҳи салом маслиҳате дар ин кор дида бошад; Чароки дар гузашта, никоҳ бо назар ба бархӣ масолеҳи сиёсӣ аз қабили пайванд бо як қавм ё пешгири аз як ҷанг ё даст ёфтан ба як сулҳ, хусусан дар миёни ҳокимон шойеъ будааст, то ҳадде ки баъид нест бархӣ никоҳҳои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ аз ҳамин қабил буда бошад. Аз инҷо дониста мешавад ки тафосири шиъа дар ин бора, афтодан дар чоҳ аз бими чола аст ва тафсири аллома, дар ғояти матонат аст.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо