Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Дидгоҳҳои алломаи Хуросонӣ аз назари ин ҷониб бисёр ҷолиб ва мӯҳтарам аст, вале дидгоҳи эшон дар бораи адами ҳуҷҷияти занн ва хабари воҳид, бароям қобили қабул нест; Чароки аз як тараф бар хилофи иҷмоъи уламо аст ва аз тарафи дигар бисёрӣ аз аҳкоми шаръи ҳамагӣ заннӣ ва мубтанӣ бар хабари воҳид ҳастанд, монанди қабули шаҳодати ду шоҳиди одил дар маҳкама, бо онки хабари воҳид маҳсуб мешавад. Инҳо нишон медиҳад ки занн дар Ислом ҳуҷҷат аст. Ба ҳар ҳол, ман наметавонам қабул кунам ки ҳамаи уламо дар ин бора иштибоҳ кардаанд ва танҳо ҳазрати Хуросонӣ дуруст гуфтааст! Тавзиҳи шумо дар ин бора чист? Бо ташаккур аз инки ҳамеша посухгӯ ҳастед.

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан дар миёни аҳли илм ихтилофе нест ки қоъида дар Ислом адами ҳуҷҷияти занн аст; Чунонки Худованд бо сароҳат ва таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; «Бегумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад», вале шуморе аз аҳли ҳадис муддаъӣ шудаанд ки хабари воҳид ҳаргоҳ ба истилоҳи онон саҳиҳ бошад, муҷиби яқин аст ва аз ин рӯ, ахзи ба он бар хилофи қоъида нест, дар ҳоле ки ин иддаъое бар хилофи маҳсус аст; Зеро хабаре ки ақлан балки одатан эҳтимоли кизб ё хато ё нисёни ровии он вуҷуд дорад, наметавонад муҷиби яқин шавад ва бештарин чизе ки эҷоб мекунад занн аст. Аз ин рӯ, бештари аҳли илм ба нодурустӣ иддаъои аҳли ҳадис иқрор кардаанд ва барои ахз ба хабри воҳид, иддаъои нодурусти дигареро пеш ниҳодаанд ва он ҳамоно тахсиси қоъида дар бораи хабари воҳид аст; Ба ин тартиб ки муддаъӣ шудаанд ҳар чанд қоъида дар Ислом адами ҳуҷҷияти занн аст, вале занни ҳосил аз хабари воҳид аз ин қоъида мустасно шуда ва бино бар далили қатъӣ ҳуҷҷат аст ва далили қатъӣ китоби Худованд ва ахбори мутавотир аст ки ба заъми онон бар ҳуҷҷияти хабари воҳид далолат дорад. Ин дар ҳоле аст ки далолати китоби Худованд бар адами ҳуҷҷияти занн, сариҳ ва мутлақ аст, то ҳадде ки тахсисеро бар наметобад ва тахсиси он бо ахбор низ чунонки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» (239) табйин шуда, мумкин нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ хабаре агарчи мутавотир бошад, ба тавотури китоби Худованд намерасад то битавонад бо он муъориза кунад ва ҳар хабаре ки бо китоби Худованд муъориза кунад, соқит аст. Ҷудои аз онки адами кифояти занн барои кашфи воқеъ, ҳукмӣ ақлӣ аст ва аҳкоми ақлӣ, қобили тахсис бо шаръ нестанд; Зеро шаръ қодир ба тахсиси аҳкоме аст ки худ эътибор кардааст, на аҳкоме ки қатъи назар аз эътибори он вуҷуд доранд ва бо ин васф, далолати китоби Худованд бар адами ҳуҷҷияти занн, иршоде аст ва мутаъаллиқи он ҷинс ва табиъати занни аст, қатъи назар аз инки бо чи сабабе ҳосил шуда бошад, то ҷойе ки тахсиси он дар китоби Худованд «Ихтилофи бисёр» шумурда мешавад ва муҳол аст; Чунонки фармудааст: ﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ ۚ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا[2]; «Оё пас дар Қуръон тадаббур намекунанд?! Ва агар он аз назди ғайри Худованд буд ҳатман дар он ихтилофи бисёре меёфтанд»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки тахсиси занни ҳосил аз хабари воҳид, аз занне ки чизеро аз ҳақ кифоят намекунад, тахсиси касир бал аксари шумурда мешавад; Зеро касир бал аксари зунуни мардум, ҳосил аз ахбори оҳод аст ва бо ин васф, мустасно кардани он аз умуми ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا мустаҳҷан аст. Аз инҷо дониста мешавад ки иддаъои ин гурӯҳ аз аҳли илм низ монанди иддаъои шуморе аз аҳли ҳадис қобили қабул нест.

Сониян иҷмоъ, чунонки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» (61) табйин шуда, фоқиди ҳуҷҷият аст; Зеро ҳамаи адиллае ки барои ҳуҷҷити он иқома шуда дар фарзи тамомияташ, долли бар ҳуҷҷияти иҷмоъи ҳамаи мусалмонон ё ҳамаи аҳли илм аст, дар ҳоле ки қатъ ба чунин иҷмоъе бо таваҷҷуҳ ба таваққуфи он бар истиқроъи томм, амалан мумкин нест ва бо ин васф, иҷмоъе собит намешавад то ҳуҷҷияти он мӯҳтамал бошад; Балки агар иҷмоъе дар бораи чизе вуҷуд дошта бошад, ихтилофе дар бораи он вуҷуд надорад то барои исботи он ба иҷмоъ истинод шавад. Фориғ аз инки иҷмоъ ҳатто дар назари қоъилони ба ҳуҷҷияти он, дар усули фиқҳ мӯътабар нест ва танҳо дар фуруъ короӣ дорад, дар ҳоле ки ҳуҷҷият ё адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, аз усули фиқҳ аст.

Солисан иддаъои иҷмоъ бар ҳуҷҷияти хабари воҳид, кизби маҳз аст; Чароки бисёрӣ аз уламоъи мутақаддими суннӣ ва шиъа, дар рӯйкардӣ мушобаҳи рӯйкарди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бар адами ҳуҷҷияти хабари воҳид пай фишурдаанд ва чизе ҷуз китоби Худо ва суннати мутавотирро ҳуҷҷат надонистаанд; Чунонки аз аҳли суннат, касоне чун Абу Ҳанифа ки бештари мусалмонони ҷаҳон муқаллиди ӯ ҳастанд, эътиборе барои ахбори оҳод қоъил набуданд ва онро «Хурофа»[3], «Рийҳ ва аботил» мешумурданд[4] ва аз аҳли ташаюъ, касоне чун Шайхи Муфид[5], Шариф Муртазо[6], Абу Ҷаъфари Тувсӣ дар Ал-Иқтисод[7], Ибни Барроҷ[8], Табарӣ[9], Ибни Зуҳра[10], Ибни Идрис[11] ва Алӣ Ибни Муҳаммади Қумӣ[12], ба сароҳат таъкид доштанд ки хабари воҳид хуҷҷат нест, балки бархӣ аз онон монанди Шариф Муртазо (д.436қ), адами ҳуҷҷияти онро мавриди иҷмоъи салаф ва халаф ва мутақаддимон ва мутаъаххирони шиъа медонистанд[13] ва бархӣ дигар монанди Ибни Идрис (д.598), адами ҳуҷҷияти онро наздик ба зарурӣ мепиндоштанд[14] ва эътиқод ба ҳуҷҷияти онро «Сиёҳнавишта ва гуфторӣ дур аз ҳақ ва маҳҷур» меномиданд ва мегуфтанд: «فَهَل هَدَمَ الإسلامَ إلّا هِي»; «Оё Исломро ҷуз он табоҳ кард?!»[15]; Бал бархӣ аз онон монанди Абу Ҷаъфари Тувсӣ (қ.460қ) ки ӯро «Шайхул тоъифа» лақаб медиҳанд ва дар илм ва фазли ӯ тардиде надоранд, мегуфтанд: «Аммо амал ба хабари воҳид ва қиёс назди мо ҷойиз нест ва бо ин васф, роҳе (барои шинохти шариъат) ҷуз вуҷуди маъсуме ки гуфтораш ба манзалаи гуфтори Паёмбар бошад боқӣ намемонад ва касе ки ин имомро намешиносад, мумкин нест ки аз шариъат чизеро ҷуз бо нақли мутавотир ё далили қатъӣ аз зоҳири Қуръон ё иҷмоъи ҳамаи уммат бишиносад. Пас чизе ғайри онро намешиносад, балки сирфан аз рӯӣ эътимод ва бидуни илм ба он эътиқод меёбад»[16] ва ин ҳамон гуфтумони покиза ва асили аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки гуфтумони олимони ростин ва вафодор дар қуруни нахустини Исломӣ буд ва ба мурури замон, тавассути олимони дуруғин ва сустниҳод дар қуруни ҷадид ба фаромӯшӣ супурда шуд, то он гоҳ ки Худованд олими бузург ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро барангехт то онро ёдоварӣ кунад ва ба бозгашт ба он ки «Бозгашт ба Ислом» аст, фаро хонад.

Робиъан мурод аз адами ҳуҷҷияти занн, адами кифояти он барои шинохти ҳукми Худованд аст, на адами кифояти он барои амал ба ҳукми Худованд дар мавориде ки ҳукми Худованд ба он таъаллуқ гирифтааст. Тавзеҳ онки шинохти ҳукми Худованд бо занн мумкин нест ва ниёзманди яқин аст, вале имкон дорад ки Худованд барои бархӣ зунун ҳукме қарор диҳад, монанди ҷавоззи ҳаллу фасли мунозиъа бо занни ҳосил аз баййина ё ҷавоззи иқтидо ба имоми ҷамоъат бо занни ба адолати ӯ ё ҷавоззи никоҳ ва талоқ бо занни ба адами монеъ ё ҷавоззи харид ва фуруш бо занни ба моликият; Чароки дар ин қабил маврид, ҳукми Худованд бо занн шинохта нашуда, балки занн мавзӯъи ҳукми Худованд дар бораи яқинӣ аст. Бо ин васф, ҷавоззи файсала бар пояи шаҳодати ду шоҳид, мусталзими ҷавоззи шинохти ҷавоззи он бар пояи шаҳодати ду шоҳид нест; Чарои чунин чизе дур шумурда мешавад ва қиёси асл бо фаръ аст; Ҳамчунонки шинохти сойири аҳкоми Худованд низ фарқе бо шинохти ҷавоззи файсала бар пояи шаҳодати ду шоҳид надорад ва монанди он, бар пояи шаҳодати ду шоҳид мумкин нест.

Вонгаҳе мумкин аст қабули шаҳодати ду шоҳид дар маҳкама, аз боби қабули хабари воҳид агарчи дар хусуси он набошад, балки аз боби қабули хабари воҳид маҳфуф ба қароъини қатъовар бошад; Чароки адолат ва адами иттиҳоми шуҳуд ва ҳамоҳангии шаҳодати онҳо дар замон ва макон ва ҷузъиёт бо вуҷуди ҷудо кардани онҳо аз якдигар ва низ адами маъориз барои шаҳодати онҳо дар канори ҳол ва мақоли муддаъӣ ва мункир, метавонад муҷиби қатъи ҳоким шавад. Бо ин васф, қабули шаҳодати ду шоҳиди одил барои исботи даъовии моддӣ, далиле барои қоъилони ба ҳуҷҷияти хабари воҳид барои исботи аҳкоми Худованд нест, балки чи басо далиле бар зидди онон бошад; Чароки вақте Худованд барои исботи иддаъои касе дар бораи полони хар ё офтобаи миссӣ, як шоҳиди одилро кофӣ надониста, чунонки мумкин аст барои исботи иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи, як шоҳиди одилро кофӣ дониста бошад?! Ин бегумон аз ақл ба дур аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар иддаъои касе дар бораи полони хар ё офтобаи миссӣ дурӯғ бошад, чизе андан аз дунёи мардум талаф мешавад ки одатан қобили ҷуброн аст, вале агар иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи дурӯғ бошад, чизӣ калон аз охирати мардум табоҳ мешавад ки одатан қобили ҷуброн нест ва бо ин васф, оқилона он аст ки барои исботи иддаъои касе дар бораи аҳкоми шаръи, ба шоҳидони бештаре ниёз бошад ва ин ҳамон зарурати тавотур дар шаҳодат бар аҳкоми шаръи аст.

Хомисан ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ хабари воҳид аз халифаи Худованд дар заминро барои аҳли замони ӯ ҳуҷҷат медонад; Зеро чун хабаре ҳаргоҳ тавассути асҳоби одили ӯ оварда шавад, аз як сӯ одатан маҳфуф ба қароъинӣ қатъовар аст ва аз сӯӣ дигар одатан қобили тасҳиҳ ё такзиб тавассути ӯст. Ба илова, чунин хабаре қадри мутаяқан аз адиллаи ҳуҷҷияти хабари воҳид дар фарзи тамомияти онҳост; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи ин адилла аз қабили ояи Нафар ва эъзоми суфаро ба назди подшоҳон тавассути Паёмбар, танҳо бар ҳуҷҷияти хабари воҳид аз халифаи Худованд барои аҳли замони ӯ далолат мекунад, на барои ояндагон ки имкони дастрасӣ ба ӯро надоранд ва мукаллаф ба истелом аз имоми замони худ ҳастанд.

Содисан мавзӯъи баҳси ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, танҳо ҳуҷҷият ё адами ҳуҷҷияти хабари воҳид барои шинохти ақойид ва аҳкоми шаръи аст ва бо ин васф, хабари воҳиде ки рабте ба ақойид ва аҳкоми шаръи надорад, аз мавзӯъи баҳси эшон берун аст. Ҳар чанд адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, ақлӣ аст ва бо ин васф, ҳамаи мавзӯъотро дар бар мегирад, вале уқало дар бораи мавзӯъоти урфӣ тасомуҳе ба харҷ медиҳанд ки дар бораи мавзӯъоти шаръӣ раво нест ва бо ин васф, пазириш ё адами пазираиши хабари воҳид дар мавзӯъоти урфӣ, ба мизони тасомуҳи уқало бастагӣ дорад, балки ҳар кас мехоҳад онро бипазирад ва ҳар кас мехоҳад онро напазирад; Чароки дар ҳар сурат, муҳим нест. Аз инҷо дониста мешавад ки аз адами ҳуҷҷияти хабари воҳид, сафсата ва ихтилоли низом лозим намеояд; Чароки маҳдудаи он шаръиёт аст ва шомили урфиёт намешавад ва ҳидоят танҳо аз ҷониби Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.

↑[1] . Юнус/36
↑[2] . Нисоъ/82
↑[3] . Хатиби Бағдодӣ, Торихул Бағдод, ҷ13, с387
↑[4] . Ибни Абӣ Ҳотам, Ал-Ҷарҳу вал таъдил, ҷ8, с450
↑[5] . Ал-Тазкирату баъсул фиқҳ, с44; Ал-Масҳ аларриҷилайн, с18
↑[6] . Ал-Зариъа, ҷ2, с530; Расоъилул Муртазо, ҷ1, с21; Ал-Интисор, с120
↑[7] . с188
↑[8] . Ҷавоҳирул фиқҳ, с267
↑[9] . Маҷмаъул Баён, ҷ9, с221
↑[10] . Ғуннияту нузуъ, с329
↑[11] . Ассароъир, ҷ1, с51
↑[12] . Ҷомеъул хилоф вал вифоқ, с419
↑[13] . Расоъилул Муртазо, ҷ1, с203
↑[14] . Ассароъир, ҷ1, с82
↑[15] . Ҳамон, ҷ1, с51
↑[16] . Ал-Иқтисод, с188
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.