Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Дарс
 
Муқаддама
Муқаддама

Муқаддама

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем.

***

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст.

***

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд.

***

Аммо шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст:

«الْمُعْتَمَدُ حَالُ الرَّجُلِ عِنْدَ أَصْحَابِهِ؛ لِأَنَّهُمْ أَعْرَفُ بِحَالِهِ، وَلَا حُجَّةَ فِي قَوْلِ سَائِرِ النَّاسِ إِذَا خَالَفَ قَوْلَ أَصْحَابِهِ؛ لِأَنَّهُمْ أَبْعَدُ مِنْهُ وَقَدْ يَقُولُونَ فِيهِ شَنَآنًا لِمَذْهَبِهِ، وَالشَّاهِدُ عَلَى ذَلِكَ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ قَالَ لِلْيَهُودِ: <أَيُّ رَجُلٍ فِيكُمْ عَبْدُ اللَّهِ بْنُ سَلَامٍ؟> فَقَالُوا: <خَيْرُنَا وَابْنُ خَيْرِنَا، وَسَيِّدُنَا وَابْنُ سَيِّدِنَا، وَعَالِمُنَا وَابْنُ عَالِمِنَا>، فَقَبِلَ قَوْلَهُمْ فِيهِ؛ لِأَنَّهُمْ كَانُوا أَصْحَابَهُ، ثُمَّ أَخْبَرَهُمْ بِأَنَّهُ قَدْ أَسْلَمَ، فَوَقَعُوا فِيهِ وَقَالُوا: <شَرُّنَا وَابْنُ شَرِّنَا>، فَلَمْ يَقْبَلْ قَوْلَهُمْ فِيهِ بَعْدَ أَنْ خَالَفُوهُ فِي الْمَذْهَبِ، وَلَوْ قُبِلَ قَوْلُ الْمُخَالِفِينَ فِي الْمَذْهَبِ لَمْ يَبْقَ مِنَ الْحَدِيثِ شَيْءٌ؛ لِأَنَّ كُلَّ طَائِفَةٍ يُسِيئُونَ الْقَوْلَ فِي الْأُخْرَى؛ كَمَا تَرَى الشِّيعَةَ لَا يُبَالُونَ بِمَا يَرْوِيهِ السُّنَّةُ إِلَّا مَا يَتَّخِذُونَهُ حُجَّةً عَلَيْهِمْ، وَتَرَى السُّنَّةَ لَا يَنْظُرُونَ فِيمَا يَرْوِيهِ الشِّيعَةُ إِلَّا تَعَجُّبًا وَاسْتِهْزَاءً، وَكِلَاهُمَا قَدْ ضَلَّ عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ، وَلَكِنَّا نَأْخُذُ بِكُلِّ مَا يَرْوِيهِ الْمُسْلِمُونَ مُوَافِقًا لِكِتَابِ اللَّهِ إِذَا كَانُوا مِنَ الْمَعْرُوفِينَ بِالصِّدْقِ عِنْدَ أَصْحَابِهِمْ دُونَ تَعَصُّبٍ لِأَحَدٍ مِنَ الْمَذَاهِبِ»[1]; «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем».

Бинобарин, чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд.

***

Аммо шеваи ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар абвоби сегонаи ҳар дарс ба сурати зер аст:

Зикри оёт ё аҳодиси саҳиҳ ва онҳо мавориде ҳастанд ки бо аъдоди аслӣ мешуморем (Ояи 1, ояи 2, ояи 3 ва ба ҳамин тартиб/ Ҳадиси 1, ҳадиси 2, ҳадиси 3 ва ба ҳамин тартиб) ва онҳоро «Усул» меномем.

Зикри шавоҳид ва мутобеъот дар сурате ки вуҷуд дошта бошанд ба дунболи аҳодиси саҳиҳ то бар қуввати онҳо бияфзоянд ва онҳо мавориде ҳастанд ки бо аъдоди фаръӣ мешуморем (Ҳадиси 1-1, ҳадиси 1-2, ҳадиси 1-3 ва ба ҳамин тартиб) ва онҳоро «Шавоҳид» меномем.

Баёне аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи оя ё масоъили муртабит бо ҳадис аз маъонӣ, аҳволи ровиён, ороъи олимон ва ғайра дар сурате ки вуҷуд дошта бошад ва он чизе аст ки «Мулоҳиза» меномем.

***

Дар идома, «Дарси якум» аз дарси ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло меояд ва он дарсе аст аз он ҷаноб дар бораи инки «Замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва роҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холӣ немемонад»; Чунонки ҷамоъате аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бархӣ маҷолиси худ, барои мо имло кард, пас фармуд:

«بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ، الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ، وَالصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ عَلَى مُحَمَّدٍ وَآلِهِ الطَّاهِرِينَ، وَأَمَّا بَعْدُ، فَاعْلَمُوا -عِبَادَ اللَّهِ- بِأَنَّ اللَّهَ حَكِيمٌ لَطِيفٌ، وَمِنْ حِكْمَتِهِ وَلُطْفِهِ أَنَّهُ لَمْ يَتْرُكِ الْأَرْضَ مُنْذُ أَسْكَنَهَا بَنِي آدَمَ عَلَيْهِ السَّلَامُ مِنْ عَالِمٍ عَادِلٍ جَعَلَهُ لَهُمْ إِمَامًا يَهْدِيهِمْ بِأَمْرِهِ»; «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Ситойиш барои Худованд парвардигори ҷаҳониён ва дуруд бар Муҳаммад ва хонаводи покизааш ва аммо баъд, бидонед -эй бандагони Худованд- ки Худованд дорои ҳикмат ва лутф аст ва аз ҳикмат ва лутфи Ӯ ин буда ки заминро аз вақте ки банӣ Одам алайҳи саломро дар он сокин карда, бидуни олимӣ одил ки ӯро имоме барои онон қарор дода бошад то ононро ба амри Ӯ ҳидоят кунад, вонагузоштааст».

Сипас шурӯъ кард ба зикри оёт ва аҳодиси саҳиҳе ки бар он далолат дорад.

↑[1] . Мулоҳизаи ҳадиси 2 аз боби 3
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]