Душанбе 10 декабр 2018 мелодӣ баробар бо 2 рабеъ-ул-сони 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани нақд ва барраси

     
Шумораи нақд: 5 Коди нақд: 42
Мавзӯъи нақд:

Куллиёт; Аҳдоф ва паёмадҳои китоб

Нависандаи нақд: Маҳдии Торамӣ Тарихи нақд: 19/08/2017

Оё ҳазрати Мансури Ҳошимӣ умеде ба амалӣ шудани наҳзати худ дорад? Наздиктарин давлат ба ақойид ва боварҳои вай, ҳамин Эрон аст ки ба қавли шумо ҳокимонаш сухани ҳазрати Мансурро шунида, мунтаҳии вуқуъе ба он намениҳанд! Ҳол дар мақоми баъд аз адами таъсири калом, эшон қоъил ба ҷиҳод бо онҳо аст, дар ҳоле ки чи бисёр эътирозоте ки дар мавриди умури мухталиф ба ҳукумат шуда ва ҳамаи онҳо шикаст хӯрдаанд. Ҳол ин вазъи Эрон аст, сойири кишварҳо мин ҷумла Арабистон ки душмантарини ҳукуматҳо аст ва зуҳур бояд онҷо иттифоқ бияфтад бимонад. Савол инки оё Худо ва имом роҳӣ беҳтар ва осонтар барои зуҳур мутасаввир нестанд? Мо тоза ба ҳукумати Эрон дар ҳифзи амнияти имом, ҳусни занн дорем, шумо ки надоред чигуна дар муқобили ин ҳама ҳукумат, метавонед умеде дошта бошед? Ба назар агар имдоди ғайбии Худо ва кӯмаки Ӯ барои зуҳур набошад, умеде ба наҳзат нест; Чун коре аз ин наҳзат бар намеояд. Кадом кор?

Посух ба нақди шумораи: 5 Тарихи посух ба нақд: 27/08/2017

Бародари дағдағаманд!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Нахустин нкутае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, адами имкони амалии зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом пеш аз омодагӣ ва пазириши иддаи кофӣ аз мардум аст; Зеро зуҳури он ҳазрат дар миёни мардуме ки ӯро намехоҳанд ва пайравӣ намекунанд ва ёрӣ намерасонанд, ба шикасти он ҳазрат дар найли ба аҳдофаш ва чи басо асорат ва шаҳодаташ меанҷомад ва ин бар хилофи ғарази Худованд ва ваъдаи Ӯст. Ҳар чанд Худованд қодир аст ки он ҳазратро бар хилофи ирода ва иқдоми мардум ва аз тариқи иҷбор ба аҳдофаш бирасонад, вале ин бо суннат ва ҳикмати Ӯ созгор нест; Чунонки фармудааст: «وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ لَآمَنَ مَنْ فِي الْأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا ۚ أَفَأَنْتَ تُكْرِهُ النَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ» (Юнус/ 99); <<Ва агар Парвардигорат мехост ҳамаи касоне ки дар заминанд имон меоварданд, оё пас ту мардумро икро мекунӣ то мӯъмин бошанд?!>> Ва фармудааст: «وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِجَبَّارٍ ۖ» (Қоф/ 45); <<Ва ту иҷбор кунандаи онон нестӣ>>. Аз ин рӯ, ногузир зуҳури он ҳазрат то ҳангоми омодагӣ ва пазириши иддаи кофӣ аз мардум ба таъхир хоҳад афтод ва ин нуктаи калидӣ ва бисёр муҳимме аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро ба талош барои эҷоди омодагӣ ва пазириш дар мардум ба рағми ҳамаи душвориҳояш водоштааст.

2 . Дуввумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуби амал ба таклифи шаръӣ аст, сарфи назар аз инки ба натиҷаи дилхоҳ меанҷомад ё на; Чароки вуҷуби амал ба таклифи шаръӣ, тобеъи амри Худованд ба унвони Мавло ва Раб аст, на тобеъи ҳусули натиҷаи дилхоҳ ва амри Худованд гоҳе барои озмойиш ё тарбият ё подоши ухравӣ ё таҳсили натойиҷи дигаре аст ки бар инсон пӯшида аст. Бегумон ин бузургтарин дарси имом Ҳусейн алайҳи салом дар Карбало буд; Зеро он ҳазрат дар ҳоле барои ислоҳи уммати ҷаддаш қиём кард ки бисёрӣ аз саҳоба умеде ба ҳусули натиҷаи дилхоҳ надоштанд ва ба ҳамон далил, бо ӯ дар ин кор ҳамроҳӣ накарданд, балки ӯро аз он боз доштанд; Ҳамчунонки ёрони андаки ӯ дар рӯзи Ошуро танҳо бо ангезаи амал ба таколифи шаръӣ ба ҳимоят аз ӯ пардохтанд, вагарна маълум буд ки бо вуҷуди он теъдод душмани хунхор, умеде ба пирӯзӣ вуҷуд надорад. Имрӯз низ аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо иқтидо ба саййиди ҷавонони аҳли Биҳишт, барои ислоҳи уммат ва бозгардондани онон ба Исломи ҳақиқӣ ва фароҳам сохтани заминаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом дар партуви китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш қиём кардааст, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мардум умеде ба ҳусули натиҷаи дилхоҳ надоранд ва ба ҳамин далил, бо ӯ дар ин кор ҳамроҳӣ намекунанд, балки ӯро аз он боз медоранд; Ғофил аз инки ангезаи ӯ аз ин кор ҳусули натиҷаи дилхоҳ нест, балки амал ба таклифи шаръӣ аст; Чароки дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, милок амри Худованд аст ва убудияти инсон дар итоъат аз ин амр таҷаллӣ пайдо мекунад ва бо ин васф, ҷойе барои <<Натиҷагирӣ>> боқӣ намемонад. Натиҷагирӣ дар воқеъ инъикоси <<Судҷӯйии>> инсон аст ки аз <<Худхоҳии>> ӯ бар мехезад ва танҳо дар ҷаҳонбинии моддӣ ва илҳодӣ ҷой дорад; Зеро танҳо дар ин навъ аз ҷаҳонбинӣ аст ки инсон даст ба коре намезанад магар инки барои ӯ нафеъӣ дар дунё дошта бошад ва хӯйи ҳисобгарӣ ӯро хушнуд кунад, дар ҳоле ки чунин рӯйкарде, озодагӣ, шарофат ва каромати ӯро салб мекунад ва ӯро ба мавҷудӣ заъиф, тарсу ва кӯтоҳфикр мубаддал месозад ва наслеро падид меоварад ки ба ҳар зиллат ва масканате тан медиҳад ва ҳамвора аз вуруд ба сарзамини муқаддас сар боз мезанад, бо ин мантиқи банӣ Исроъиле ки «إِنَّ فِيهَا قَوْمًا جَبَّارِينَ وَإِنَّا لَنْ نَدْخُلَهَا حَتَّىٰ يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا فَإِنَّا دَاخِلُونَ» (Моъида/ 22); <<Дар он қавм ҷабборе ҳастанд ва мо ҳаргиз ба он дохил намешавем то ҳангоме ки онҳо аз он хориҷ шаванд, пас ҳаргоҳ онҳо аз он хориҷ шуданд мо дохил мешавем>>!

3 . Севвумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуди натиҷаи қатъӣ барои амал ба таклифи шаръӣ аст ва он ҳамоно хушнудии Худованд ва растгорӣ аз оташи дӯзах аст ки беҳтарин натиҷа маҳсуб мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «لِمِثْلِ هَٰذَا فَلْيَعْمَلِ الْعَامِلُونَ» (Соффот/ 61); <<Барои чунин чизе бояд амал кунандагон амал кунанд>>. Бо ин васф, амал ба таклифи шаръӣ ҳаргиз корӣ беҳуда ва аҳмақона маҳсуб намешавад; Зеро ҳатто агар натиҷае дар дунё надошта бошад, ба саъодат дар охират ва осойишу рафои абадӣ меанҷомад ва ин бузургтарин натиҷае аст ки як амал метавонад дошта бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки дар маҳками адли Илоҳӣ, ҳеҷ гоҳ амал ба таклифи шаръӣ бо тарки он баробар нест ва касе ки дар роҳи Ӯ талош мекунад бо касе ки ба баҳонаҳои мухталиф аз талош дар роҳи Ӯ мепарҳезанд, яксон маҳсуб намешавад; Чунонки борҳо ва бо таъкид фармудааст: «قُلْ لَا يَسْتَوِي الْخَبِيثُ وَالطَّيِّبُ وَلَوْ أَعْجَبَكَ كَثْرَةُ الْخَبِيثِ ۚ فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ» (Моъида/ 100); <<Бигӯ олуда бо покиза баробар нест, агарчи касрати олуда туро ба шигифт оварад, пас аз Худованд битарсед эй хирадмандон бошад ки растгор шавед>> Ва фармудааст: «مَثَلُ الْفَرِيقَيْنِ كَالْأَعْمَىٰ وَالْأَصَمِّ وَالْبَصِيرِ وَالسَّمِيعِ ۚ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ» (Ҳуд/ 24); <<Масали ду даста монанди кӯр ва кар ва бино ва шунаво аст, оё дар масал баробаранд?! Оё пас мутазаккир намешавед?!>> Ва фармудааст: «وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَلَا الْمُسِيءُ ۚ قَلِيلًا مَا تَتَذَكَّرُونَ» (Ғофир/ 58); <<Ва кӯру бино баробар нестанд ва на касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд ва бадкорон, андаке мутазаккир мешаванд>> Ва фармудааст: «قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ» (Зумар/ 9); <<Бигӯ оё касоне ки медонанд ва касоне ки намедонанд баробаранд?! Танҳо хирадмандон мутазаккир мешаванд>> Ва фармудааст: «أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ اجْتَرَحُوا السَّيِّئَاتِ أَنْ نَجْعَلَهُمْ كَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ سَوَاءً مَحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ ۚ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ» (Ҷосия/ 21); <<Оё касоне ки бадиҳоро муртакиб шуданд пиндоштанд ки ононро монанди касоне қарор медиҳем ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд?! Зиндагияшон ва маргашон яксон аст?! Бад қазоват мекунанд>> Ва фармудааст: «أَمْ نَجْعَلُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ كَالْمُفْسِدِينَ فِي الْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ الْمُتَّقِينَ كَالْفُجَّارِ» (Сод/ 28); <<Оё касоне ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом додандро монанди фасод кунандагон дар замин қарор медиҳем ё парҳезкоронро монанди гуноҳкорон қарор медиҳем?!>>. Бо ин васф, ёрони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ки дар роҳи таҳаққуқи ҳукумати Худованд аз тариқи таҳаққуқи ҳукумати халифаи Ӯ талош мекунанд ва мардумро ба байъат бо Худои ягона ба ҷои байъат бо Худоёни гуногун фаро мехонанд, бояд ба подоши Худованд дар охират чашм дошта бошанд, на ба натиҷае дар зиндагии дунё ва бояд бидонанд ки Биҳишт натиҷаи кофӣ барои талошҳои онон хоҳад буд (бингаред ба: Гуфтори 21). Ҳар чанд ин натиҷа барои касоне ки ба зиндагии дунё дил бастаанд ва ба зиндагии охират эътиқод ё эътиное надоранд, ҷаззоб нест ва аз ин рӯ, ононро ба майдони амал намекашанд, вале онон бо ин рӯҳия ва ангеза салоҳияти пайвастан ба ин наҳзати муқаддасро ҳам надоранд ва агар ба он бипайванданд ҳам суде ба он намерасонанд; Чунонки Худованд дар бораи амсоли онон фармудааст: «لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ» (Тавба/ 47); <<Агар дар миёни шумо хориҷ шаванд ҷуз сустӣ бар шумо намеафзоянд ва шуморо ба фитна меандозанд ва дар миёнатон хабарчиноне барои онон ҳастанд ва Худованд ба золимон огоҳ аст>>.

4 . Чаҳорумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед, вуҷуди натиҷаи қатъӣ барои наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар дунё –илова бар охират– аст ва он ҳамоно яке аз ду чиз хоҳад буд: Бозгашти иддаи кофӣ аз мардум ба Ислом ва иҷтимоъу омодагии онон барои ҳимоят аз имом Маҳдӣ алайҳи салом ки бино бар суннате аз Худованд ба зуҳури он ҳазрат мунтаҳӣ хоҳад шуд ё истинкофи онон аз ин кор пас аз итмоми ҳуҷҷат бар онон ки бино бар суннатӣ дигар аз Худованд ба ҳалокати онон ва пайдоиши қавмӣ дигар хоҳад анҷомид ки албатта он низ дар ниҳоят ба зуҳури он ҳазрат мунтаҳӣ хоҳад шуд (дар ин бора, бингаред ба: Нақд ва баррасии 29). Бо ин васф, касоне ки мепиндоранд наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба ҳеҷ натиҷае дар дунё нахоҳад анҷомид, дар ғафлат ва иштибоҳӣ азим ба сар мебаранд; Чароки ин наҳзат дар ҳоли итмоми ҳуҷҷат бар аҳли дунё аз тариқи ҳикмат, мавъезаи ҳасана ва ҷидол ба аҳсан аст ва бо ин васф, агар ба як натиҷа дар он наянҷомад, ногузир ба натиҷаи дигар дар он хоҳад анҷомид!

5 . Панҷумин нуктае ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед ин аст ки Худованд ба нобуд кардани золимон агарчи то дандон мусалаҳ бошад ва <<Карон то карони ин бекаронро пур карда бошанд>> ва пирӯз кардани мустазъафон бар онон қодир аст; Чароки дар гузашта борҳо ин корро анҷом дода ва қодир аст ки як бори дигар онро анҷом диҳад ва барои он шеваҳо ва абзорҳои фаровоне дорад; Чунонки фармудааст: «وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ ۝ وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ» (Қасас/ 5 ва 6); <<Ва ирода дорем бар касоне ки дар замин заъиф шумурда шуданд миннат ниҳем ва ононро пешвоёне қарор диҳем ва ононро ворисон қарор диҳем ва ононро дар замин мекнат диҳем ва ба Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон аз онон чизеро нишон диҳем ки аз он метарсиданд>>, вале Ӯ танҳо ҳангоме ин корро анҷом медиҳад ки мустазъафон аз суфуфи золимон ҷудо шуда ва вазифаи амри ба маъруф ва найҳ аз мункарро анҷом дода бошанд; Чунонки фармудааст: «وَلَوْلَا كَلِمَةُ الْفَصْلِ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ» (Шӯро/ 21) <<Ва агар набуд баное бар ҷудойи ҳатман миёни онон файсала мешуд ва ҳароина золимон барояшон азобӣ дарднок аст>> Ва фармудааст: «لَوْ تَزَيَّلُوا لَعَذَّبْنَا الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا» (Фатҳ/ 25); <<Агар аз якдигар ҷудо мешуданд ҳатман касоне аз онон ки кофир шудандро азобӣ дарднок мерасондем>> Ва фармудааст: «فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ أَنْجَيْنَا الَّذِينَ يَنْهَوْنَ عَنِ السُّوءِ وَأَخَذْنَا الَّذِينَ ظَلَمُوا بِعَذَابٍ بَئِيسٍ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ» (Аъроф/ 165); <<Пас чунин чизе ки ёдоварӣ шудандро аз ёд бурданд, касоне ки аз бадӣ наҳй мекардандро наҷот додем ва касоне ки зулм кардандро ба азобӣ ногувор гирифтем ба сабаби инки фисқ меварзиданд>>. Ин ба маънои он аст ки нобуд кунандаи золимон дар воқеъ мустазъафон нестанд то ин суъол пеш ояд ки чигуна аз ӯҳдаи он бар хоҳанд омад, бал Худованд хоҳад буд ки бар ҳар коре тавоност ва мустазъафон танҳо заминаи онро фароҳам месозанд; Ба ин тартиб ки бо иҷобати даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ имом Маҳдӣ алайҳи салом, аз суфуфи золимон ҷудо мешаванд ва бо густариши даъвати ӯ дар ҷаҳон ҳуҷҷатро бар ҳамагон тамом мекунанд ва ин ба Худованд иҷоза медиҳад ки азоби худро бо ҳар шаклу шевае ки мехоҳад бар золимон нозил кунад. Бинобарин, таъкиди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бар зарурати иҷтимоъи мӯъминон ва фароҳам сохтани имконоти лозим барои ҳимоят аз имом Маҳдӣ алайҳи салом дар воқеъ аз он рӯст ки ин кор, калиди дарвозаи бастаи нусрати Илоҳӣ аст; Зеро нусрати Илоҳӣ танҳо ҳангоме нозил мешавад ки мӯъминон вазифаи худро бо ҳадди аксари тавонашон анҷом дода бошанд; Чунонки фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ» (Муҳаммад/ 7); <<Эй касоне ки имон овардед! Агар Худовандро ёрӣ кунед Ӯ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳотонро устувор медорад>> Ва фармудааст: «بَلَىٰ ۚ إِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا وَيَأْتُوكُمْ مِنْ فَوْرِهِمْ هَٰذَا يُمْدِدْكُمْ رَبُّكُمْ بِخَمْسَةِ آلَافٍ مِنَ الْمَلَائِكَةِ مُسَوِّمِينَ» (Оли Имрон/ 125); <<Оре, агар пойдорӣ кунед ва тақво пеш гиред ва бо ин хуруши худ бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор тан аз фариштагони нишондор имдод мекунад>> Ва фармудааст: «وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ» (Ҳаҷ/ 40); <<Ва ҳароина Худованд касе ки Ӯро ёрӣ кунадро ёрӣ мекунад, ҳароина Худованд нерумандӣ азиз аст>> Ва фармудааст: «إِنْ يَنْصُرْكُمُ اللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمْ ۖ وَإِنْ يَخْذُلْكُمْ فَمَنْ ذَا الَّذِي يَنْصُرُكُمْ مِنْ بَعْدِهِ ۗ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ» (Оли Имрон/ 160); <<Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад ҳеҷ кас бар шумо ғолиб нахоҳад шуд ва агар шуморо хор дорад чи касе баъд аз Ӯ шуморо ёрӣ хоҳад кард?! Ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккал кунанд>> Ва фармудааст: «أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ ۖ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّىٰ يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَىٰ نَصْرُ اللَّهِ ۗ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ» (Бақара/ 214); <<Оё пиндоштед ки ба Биҳишт дохил мешавед дар ҳоле ки ҳанӯз мисли чизе ки ба гузаштагонатон расид ба шумо нарасидааст?! Гирифторӣ ва осеб ба онон расид ва ба ларза даромаданд то он гоҳ ки Паёмбар ва касоне ки бо ӯ имон оварданд гуфтанд: Ёрии Худованд кай аст?! Огоҳ бошед ки ёрии Худованд наздик аст>>. Бинобарин, рамзи зуҳур ва пирӯзии имом Маҳдӣ алайҳи салом, ёрии Худованд аст ва рамзи ёрии Худованд, иҷтимоъ, омодагӣ ва талоши ҳадди аксарӣ мӯъминон барои ёрии Ӯст, агарчи аз манзури муъодилоти моддӣ ва сатҳӣ, ночиз ва бефоида ба назар бирасад (дар ин бора, бингаред ба: Нақд ва баррасии 26).

Бегумон маҷмӯъаи ин нукот, ҷойе барои ноумедии мӯъминон ва таъаллули онон дар пайвастан ба наҳзати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом боқӣ намегузорад; «وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ» (Аъроф/ 128); <<Ва оқибат барои парҳезкорон аст>>.

Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Google plus
ВКонтакте
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Таваҷҷуҳ: Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?