Чоршанбе 3 июн 2020 мелодӣ баробар бо 11 шаввол 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading
Нақд ва барраси
 
Шумораи нақд: 2 Коди нақд: 17
Мавзӯъи нақд:

Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Маҳдӣ; Мансур заминасози зуҳури Маҳдӣ; Ҳуввият ва сифот

Нависандаи нақд: Ҷамъе аз ҷавонони дӯстдорони ҳазарти Маҳдӣ Тарихи нақд: 23/04/2015

Лутфан ҳадиси зейлро дар сурати салоҳдиди эшони Хуросонӣ дар саҳфаи аввали сайт дарҷ намойед.

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам [фармуд]: <<Ҳангоме ки парчамҳои сиёҳ аз Хуросон ба роҳ афтод ба сӯяш бишитобед агарчи бо синахез рафтан бар рӯӣ барфҳо бошад, ки соҳибони он парчамҳо тарафдорони ҳақ ҳастанд, онҳо ҳаққро мутолиба мекунанд вале ба онҳо дода намешавад, бори дигар ҳаққро мутолиба мекунанд вале ба онҳо дода намешавад, пас набард мекунанд ва пирӯз мешаванд ва ончи мехостад ба онҳо дода мешавад, вале онҳо дигар намепазиранд, гӯйи бо чашми худ мебинам ки шамшерҳоро ҳамойил кардаанд ва пеш метозанд то парчамҳоро ба Маҳдӣ алайҳи салом таслим кунанд, огоҳ бош ки онҳо ёрони Маҳдианд ва заминаи салтанати ҷаҳонии ӯро фароҳам месозанд, дилҳои онҳо чун қитаъоти оҳан аст>> [ва ривоят шудааст]: <<Ҳангоме ки парчамҳои сиёҳро мушоҳида кардед ки аз сӯӣ машриқ ба ҳаракат даромада форсиёнро гиромӣ бидоред ки давлати мо дар миёни онҳо мебошад>>.

Ассалому алайно ва ало ибодуллоҳи солиҳин ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд: 24/04/2015

Ин мазмуни ҳадиси мутавотире аст ки дар миёни аҳли ҳадис ба <<Ҳадисул роёт>> машҳур аст ва муҳаддисони шиъа ва аҳли суннат ҳар ду бо асноди мухталиф дар китоби мӯътабар ривоёт кардаанд; Чунонки аз миёни шиъа, касоне чун Муҳаммад ибни Сулаймони Куфӣ (д.300қ) дар маноқиби Амирул мӯъминин[1], Қозӣ Нӯъмони Мағрибӣ (д.363қ) дар Шарҳул ахбор[2], Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (қани 4) дар Далоилул имома[3], Муҳаммад ибни Иброҳими Нӯъмонӣ (д.380қ) дар Ал-ғайба[4], ибни Товус (д.664қ) дар Ал-малоҳим вал фитан[5], ибни Абӣ Ҳотам Омилӣ (д.664қ) дар Ал-дуррун назим[6] ва аз миёни аҳли суннат, касоне чун ибни Абӣ Шейба (д.235қ) дар Ал-мусаннаф[7], ибни Моҷа (д.273қ) дар Сунан[8], ибни Ҳаммод (д.288қ) дар китоби Ал-фитан[9], Аҳмад ибни Амрил Баззоз (д.292қ) дар Ал-муснад[10], Абу Саъиди Шошӣ (д.335қ) дар Ал-муснад[11], Табаронӣ (д.360қ) дар Ал-мӯъҷамул авсат[12], ибни Адӣ (д.365қ) дар Ал-комил[13] ва Ҳокими Нешобурӣ (д.405қ) дар Ал-мустадрак[14] онро ривоят кардаанд ва бархӣ ба сиҳҳати он ва шӯҳраташ дар миёни салаф тасриҳ намудаанд. Мутобиқи бо ин ҳадиси мутавотир ва машҳур, пайвастан ба наҳзате ки аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир мешавад ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ва ин наҳзате аст ки бархӣ аҳли илм онро наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ медонанд; Чароки наҳзати ин бузургвор, аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир шудааст ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд ва пеш аз он ҳеҷ назҳати дигаре бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир нашудааст ва пас аз он низ ҳар наҳзати дигаре ки –фарзан– бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир шавад, ногузир дунболарави он хоҳад буд; Зеро дар воқеъ кореро анҷом хоҳад дод ки пештар ба василаи он оғоз шуда ва оғози дуборааш таҳсили ҳосил аст ки мумкин нест ва бо ин васф, танҳо идомаи наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст ки пайравӣ аз ӯ маҳсуб мешавад ва равшан аст ки пайравӣ кунанда аз пайравӣ шаванда авло ба пайвастан нест то амри Худованд ба он маъқул бошад; Чароки муқаддам доштани тобеъ бар матбуъ қабиҳ аст ва аз Худованд содир намешавад; Чунонки фармудааст: «أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَىٰ ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ»[15]; <<Оё пас касе ки ба ҳақ роҳ менамояд сазовортар аст ки пайравӣ шавад ё касе ки худ роҳ намеёбад то он гоҳ ки роҳнамоӣ шавад?!; Шуморо чи мешавад чигуна қазоват мекунед?!>>; Ҳамчунонки муқаддам доштани масбуқ бар собиқ қабоҳат дорад ва бар хилофи ҳикмат ва адолати Худованд аст; Чунонки фармудааст: «ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْكِتَابَ الَّذِينَ اصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا ۖ فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ وَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَيْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ»[16]; <<Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон ки баргузидем мерос додем, пас аз онон касе аст ки ба худ ситам мекунад ва аз онон касе аст ки миёнарав аст ва аз онон касе аст ки ба изни Худованд дар хайрот сибқат мегирад ва он ҳамоно фазилати бузург аст>> Ва фармудааст: «أُولَٰئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ»[17]; <<Онон дар хайрот шитоб мекунанд ва онон дар он пеш гомонанд>>! Аз ин рӯ, ба бовари ин даст аз аҳли илм, агар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ барои даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозии зуҳури ӯ зоҳир шудааст, мисдоқи ин ҳадис набошад, ҳеҷ наҳзати дигаре баъд аз он, мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Зеро ҳар наҳзате ки баъд аз он дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир шавад, аз ду ҳол берун нахоҳад буд: Ё монанди наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ хоҳад кард ки дар ин сурат монанди наҳзати Мансур мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд ва ё бар хилофи наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ нахоҳад кард ки дар ин сурат ба тариқи авло мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Чароки ин ҳадис, даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯро хусусияти мисдоқи худ донистааст.

Хулоса онки қавл ба сидқи ин ҳадис бар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, қавле аст дар ниҳояти қувват, балки ҷазм ба он, чунонки барои бархӣ аз аҳли илм ҳосил шуда, дар ғояти ваҷоҳат аст ва ин фориғ аз авсоф ва аломоти дигаре аст ки дар ин шахсияти бузург вуҷуд дорад ва бо аҳодиси ин боб мувофиқ аст. Оре, ӯ худ тасриҳ ба он намекунад ва ин метавонад аз ҷиҳати вараъ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз иддаъо дар бораи худ кароҳат дорад; Ё аз ҷиҳати тақия бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз кофирон ва золимон бимнок аст; Ё аз он ҷиҳат ки ахзи ба мутаяққанро дар бораи худ кофӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ёрии ӯ ба эътибори даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозиаш барои зуҳури он ҳазрат, кофӣ аст; Ё аз он ҷиҳат ки ташхиси мавзӯъро таклифи мардум медонад то бо назар ба замон ва макони зуҳури ӯ ва чанду чуни даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва соири авсоф ва аломоташ, сидқ ё адами сидқи ин ҳадис бар ӯро ташхис диҳад ва ҳидоят танҳо аз ҷониби Худованд аст.

↑[1] . ҷ2, с110
↑[2] . ҷ3, с401
↑[3] . с442, 446
↑[4] . с281
↑[5] . с119
↑[6] . с798,799 ва 800
↑[7] . ҷ8, с697
↑[8] . ҷ2, с1366
↑[9] . с188
↑[10] . ҷ4, с310
↑[11] . ҷ1, с347
↑[12] . ҷ6, с29
↑[13] . ҷ4, с227
↑[14] . ҷ4, с464
↑[15] . Юнус/35
↑[16] . Фотир/32
↑[17] . Мӯъминун/61
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?