Сешанбе 13 Апрел 2021 мелодӣ баробар бо 30 Шаъбон 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Назар ба инки имсол (соли 1442 қамарӣ), моҳи Шаъбон дар рӯзи Душанбеи 15 марти 2021 милодӣ оғоз шуд, моҳи Рамазон дар рӯзи Сешанбе 13 апрели 2021 милодӣ ё дар рӯзи Чоршанбе 14 апрели 2021 мелодӣ оғоз хоҳад шуд. Бинобарин, агар рӯъяти ҳилол дар рӯзи Душанбе 12 апрели 2021 милодӣ дар ҷойе аз ҷаҳон собит шуд, рӯзи Сешанбе ва дар ғайри ин сурат, рӯзи Чоршанбе, рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон хоҳад буд. Ҳаргоҳ рӯъяти ҳилол дар рӯзи Душанбе собит шуд, дар ҳаминҷо эълом хоҳад шуд ин шоъ Аллоҳ. Бинобарин, адами эълом, ба маънои адами субут хоҳад буд.
loading
Нома
 

Охиратро аз ёд бурдаед ва дар дарёи пур талотуми дунё ғарқ шудаед. Дағдағаҳои зиндагӣ, шуморо машғул карда ва афсунӣ асри ҷадид, шуморо масх намудааст. Дигар ба чизе ҷуз шикамҳотон намеандешед ва барои дини худ ғусса намехуред; Дине ки ақойиди онро намешиносед ва аз аҳкоми он огоҳ нестед. Ҳамнишиони ҷаҳлед ва ҳамсоягони бехабарӣ! Аз бузургонатон тақлид мекунед ва ақли худро ба кор намеандозед! Ҳар рӯз дар пайи касе меравед ва худро бо чизе саргарм месозед! Мусалмон ҳастед ва нестед ва имон доред ва надоред! Дигар муштоқи Биҳишт нестед ва аз дӯзах намеҳаросед! Орзуҳотон дароз шуда, дар ҳоле ки умарҳотон кӯтоҳ гардидааст! Имони шумо суст ва тақвоятон андак шудааст. Ахлоқи шумо паст гардида ва гуноҳонатон фузунӣ гирифтааст. Дилҳотон санг ва синаҳотон танг шудааст. Ростӣ аз зиндагиҳотон рафта ва дурӯғ ба ҷойи он омадааст. Муҳаббат аз миёни шумо бархоста ва нафрат ба ҷойи он нишастааст. Кӯчаки шумо ба бузургатон эҳтиром намегузорад ва бузурги шумо бо кӯчакатон меҳр намеварзад. Баракат аз зиндагии шумо рафта ва рудҳотон камоб шудааст. Осмон бо шумо қаҳр кардааст ва маҳсули заминҳотон хуб нест. Ба вазъи ҳувлноки худ одат кардаед ва маризе ки руҳатонро гирифтааст эҳсос намекунед. Пас инки бо овози ман ҳангоме ки фарёд мезанам бедор шавед ва бо асои ман ҳангоме ки бар паҳлуҳотон менавозам ба худ ойед; Вагарна ин ғафлат ва ноогоҳӣ монанди оташӣ сӯзон ки забонаҳои тарснокаш ғарш мекунад ва дуди ғализаш, роҳи нафасро бар шумо мебандад, зиндагитонро фаро мегирад ва рӯзатонро ба шабӣ торик мубаддал месозад!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
×
Форми тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон