Чоршанбе 7 Июн 2023 мелодӣ / 18 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Барои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аъядуллоҳи таъоло номае навиштам ва аз ӯ хостам ҳар амале ки пас аз шинохти ҳақ ва ёрии он бояд анҷом диҳам то растгор шавамро бароям бинависад. Пас бароям навишт:

«Ва аммо баъд;

[1 .] Намозро дар аввали вақти он барпо дор.

[2 .] Нофилаи шабро тарк накун ва дар саҳаргоҳ ба истиғфор кӯш.

[3 .] Агар метавонӣ ки лаҳзае аз Худованд ғофил набошӣ пас набош; Чароки ғафлат аз Ӯ решаи ҳар гуноҳе аст.

[4 .] Маргро бисёр ёд кун ва ба зиёрати қабрҳо бирав; Чароки дере бар замин нахоҳӣ монд.

[5 .] Панҷшанбеи аввал ва охар ва чоҳоршанбеи васати ҳар моҳро рӯза бигир; Чароки ин суннат аст.

[6 .] Садақа бидеҳ; Чароки гоноҳонатро фуру мерезад.

[7 .] Бо падар ва модарат некӣ кун, агарчи бо ту бадӣ кунанд; Чароки ба андозаи кофӣ бо ту некӣ кардаанд.

[8 .] Раҳими хешро қатъ накун, агарчи ба тори мӯйе овехта бошад.

[9 .] Дурӯғ нагӯ, магар онки битарсӣ кушта шавӣ ё касеро ба куштан диҳӣ.

[10 .] Ғайбат накун, магар онки кофир ё фосиқе бошад. Пас чун бар дигарон дар ғаиёби онон хӯрда мегирӣ бигӯ: Касоне ки чунин мекунанд ё чунон мегӯянд ва номе аз онон набар.

[11 .] Ҷидол накун, агарчи ҳақ бо ту бошад, балки далилатро бигӯ ва сукут кун, агарчи муттаҳам ба шикаст шавӣ.

[12 .] Хатоятро бипазир, агарчи биният ба хок молида шавад.

[13 .] Аз ҳар кори баде ки мебинӣ наҳй кун ва ба ҳар кори хубе ки намебинӣ амр кун. Ин калиди ислоҳи ҷаҳон аст.

[14 .] Пургӯйи накун то солим бимонӣ; Чароки гуфтори фаровон холӣ аз айб нест.

[15 .] Мазоҳ накун, магар онки рост бигӯйи.

[16 .] Ба касе дашном надеҳ ва тӯҳмат назан, агарчи шойистаи марг бошад.

[17 .] Ба ваъдаат поянда бош, агарчи бо кӯдаке бошад.

[18 .] Обурӯи мӯъминро нарез; Чароки обурӯят рехта хоҳад шуд.

[19 .] Хашм нагир, магар инки онро фуру диҳӣ; Чароки хашм дарвозае аз дарвозаҳои дӯзах аст.

[20 .] Бар мардум сахт нагир то бар ту сахт нагиранд; Яъне айбҷӯйи, мушикофӣ, шамотат ва талофӣ накун.

[21 .] Корҳоятро ба дигарон наспор магар он гоҳ ки фуру мемонӣ.

[22 .] Шикаматро пур накун ва чизе ки муносиби табъат нест нахур.

[23 .] Ғаризаи ҷинсият девӣ гурусна ва хуфта аст. Зинҳор онро бедор накун ки туро хоҳад хӯрд.

[24 .] Дар бораи чизе ки намедонӣ, изҳори назар накун; Чароки ба газзофагӯӣ дучор хоҳӣ шуд.

[25 .] Камтар аз панҷ соъат ва бештар аз ҳашт соъат нахоб; Чароки ба худ зиён хоҳӣ расонд.

[26 .] Ҳар хабаре ки мешунавиро ҳикоят накун; Чароки мумкин аст дурӯғ бошад.

[27 .] Вақти ту аз алмос гаронбаҳотар аст. Пас онро барои бозӣ ва коре ки фоидае надорад сарф накун.

[28 .] Мутолеъа кун; Чароки ҳанӯз чизҳои бисёре ҳаст ки намедонӣ.

[29 .] Варзиш кун; Чароки мӯъмини қавӣ аз мӯъмини заъиф беҳтар аст.

[30 .] Покиза ва ороста бош, агарчи рӯзнома бар тан дошта бошӣ.

Аз Худованд барои худам ва ту талаби тавфиқ ва мағфират дорам ва салом бар ту ва ҳар касе ки пайрави ҳидоят аст».

Шарҳи нома:

Барои мардон ва занони мӯъмин бойиста аст ки қадри ин номаи арзишмандро бидонанд ва онро барномаи тазкия ва ислоҳи худ қарор диҳанд, то бо ин шева ба Худованд тақарруб ёбанд ва барои ёрии халифааш дар замин омода шаванд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон