Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Ин чизе аст ки бандаи Худо Мансури Ҳошимии Хуросноӣ бо дасти худ менависад ва Худоро бар он гувоҳ мегирад, ҳангоме ки ба ягонагии Худо ва Паёмбарии бандааш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шаҳодат медиҳад ва инки биҳишт ва дӯзах ҳақ аст ва растохез омадани аст ва Худо мурдагонро зинда мекунад ва аммо баъд..

Бидонед ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, касби сарват ё қудрат ё шӯҳрат дар зиндагии дунё нест ва намехоҳам ки дар замин бартарӣ ёбам ё табоҳӣ ангезам ва дар дин бидъате гузорам ё фирқае барсозам ё ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гардонам ё муддаъии чизе шавам ки Худованд барои ман қарор надодааст. Бегумон ман фаришта нестам ва намегӯям ки ба ваҳй мешавад ва намегӯям ки соҳиби ин амр ҳастам ва намегӯям ки бо ӯ дар иртиботам. Ҷуз ин нест ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, бар по доштани Ислом ва пиростани он аз бидъатҳо бар пояи китоби Худо ва суннати Паёмбари Ӯст. На ҷабборӣ ситамгар ва на шайёдӣ фитнагарам, бал омадаам то чизҳое аз Ислом ки фаромӯш кардаедро ба ёд оварам ва чизҳое вз он ки пинҳон сохтаедро ошкор созам, беонки дар изояш аз шумо музде талабам ё бар шумо миннате биниҳам. Омадаам то халифаи Худо дар заминро тасдиқ кунам ва роҳро барои ӯ ҳамвор созам, пас гуруҳеро барои ёриаш фароҳам оварам ва дар зери болзоям бипарваронам, бо китобҳо ва ҳикматҳо ва пандҳо ва таъдибҳо, монанди шамъе ки дар торикӣ рӯшан мешавад, то чизе ки дур кардаедро наздик кунам ва чизе ки сахт кардаедро осон ва башорате барои ситамдидагон шавам ва ҳушдоре барои ситамгаронатон бошам. Бегумон ончи ваъда дода шудаед рост аст ва ончи интизор мебаред воқеъ мешавад, ҳангоме ки шуморӣ кофӣ аз шумо барои он қиём кунанд ва бархишон ба бархӣ дигар бипайванданд, то касе ки бар ҷони худ бимнок аст эмин шавад ва касе ки худро нотавон меёбад тавоно. Мақсуди ман аз ин ҳаракат, заминасозӣ барои ҳукумати Маҳдӣ аст. Мақсуди ман, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Пас манро барои расидан ба мақсудам ёрӣ кунед, бошад ки Худованд аз шумо хушнуд шавад ва гуноҳоне ки дастҳотон пеш фиристодаастро биёмӯрзад, ҳангоме ки даъвати ман ба сӯӣ Ӯро иҷобат мекунед ва аз дур ва наздик ба наздам мешитобед, то дин ҳамааш барои Ӯ бошад ва малакуташ бар замин ояд ва номаш то абад тақдис шавад. Ҳароина ман ҳуҷҷатро бар шумо тамом кардам ва роҳамро ба шумо нишон додам. Акнун ҳар кас маро ёрӣ кунад ӯ аз ман аст ва ҳар кас маро хор дорад, Худованд ёвари ман аст, бар Ӯ таваккул кардаам ва бозгаштам ба сӯӣ Ӯст. Вассалом

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон