Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

أَخْبَرَنَا وَلِيدُ بْنُ مَحْمُودٍ السِّجِسْتَانِيُّ، قَالَ: كَتَبْتُ إِلَى الْمَنْصُورِ الْهَاشِمِيِّ الْخُرَاسَانِيِّ أَسْأَلُهُ عَمَّا يَفْعَلُ النَّاسُ فِي الْحِدَادِ عَلَى أَهْلِ بَيْتِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، فَكَتَبَ إِلَيَّ: لَا بَأْسَ بِذِكْرِ أَهْلِ بَيْتِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ وَوَصْفِ أَعْمَالِهِمْ وَالثَّنَاءِ عَلَيْهِمْ بِالْحَقِّ، وَيَحْرُمُ الْكِذْبُ فِيهِمْ وَالْإِفْتِرَاءُ عَلَيْهِمْ قَطْعًا، وَلَا بَأْسَ بِالْبُكَاءِ عَلَى مَصَائِبِهِمْ وَإِنْشَادِ الشِّعْرِ فِيهِمْ إِذَا كَانَ صِدْقًا، وَيُكْرَهُ ضَرْبُ الرُّؤُوسِ وَالْخُدُودِ وَالصُّدُورِ وَالظُّهُورِ كَمَا يَفْعَلُ الْعَامَّةُ، لِقَوْلِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «لَيْسَ مِنَّا مَنْ ضَرَبَ الْخُدُودَ وَشَقَّ الْجُيُوبَ وَدَعَا بِدَعْوَى الْجَاهِلِيَّةِ»، وَقَوْلِهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «أَنَا بَرِي‌ءٌ مِمَّنْ حَلَقَ وَسَلَقَ وَخَرَقَ»، وَإِنَّمَا الْمَرْغُوبُ فِيهِ الْبُكَاءُ وَلَيْسَ وَرَاءَ ذَلِكَ شَيْ‌ءٌ مَشْرُوعٌ، لِقَوْلِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّهُ مَهْمَا كَانَ مِنَ الْعَيْنِ وَمِنَ الْقَلْبِ فَمِنَ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ وَمِنَ الرَّحْمَةِ، وَمَا كَانَ مِنَ الْيَدِ وَمِنَ اللِّسَانِ فَمِنَ الشَّيْطَانِ»، وَكَذَلِكَ الضَّرْبُ فِي الْأَرْضِ بِآلَاتِ اللَّهْوِ مَعَ الرَّايَاتِ وَالْأَعْلَامِ الْمُبْتَدَعَةِ، فَكُلُّ ذَلِكَ بِدْعَةٌ وَكُلُّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ وَكُلُّ ضَلَالَةٍ سَبِيلُهَا إِلَى النَّارِ، وَلَا بَأْسَ بِالْإِجْتِمَاعِ فِي الْمَسَاجِدِ وَالْبُيُوتِ لِمَدْحِهِمْ وَذِكْرِ مَصَائِبِهِمْ وَالْبُكَاءِ عَلَيْهِمْ وَتَعْزِيَةِ ذَوِي مَوَدَّتِهِمْ مَا لَمْ يَكُنْ مَعَهُ كِذْبٌ أَوْ فُحْشٌ أَوْ ضَرْبٌ أَوْ جَرْحٌ أَوْ تَبْذِيرٌ أَوْ تَأْخِيرُ صَلَاةٍ عَنْ أَوَّلِ وَقْتِهَا، وَقَدْ بَكَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَلَى وَلَدِهِ إِبْرَاهِيمَ، وَذَكَرَ خَدِيجَةَ عَلَيْهَا السَّلَامُ فَمَدَحَهَا وَبَكَى عَلَيْهَا، وَحَثَّ عَلَى الْبُكَاءِ عَلَى حَمْزَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، وَبَكَتْ فَاطِمَةُ عَلَيْهَا السَّلَامُ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ وَمَدَحَتْهُ، وَكَانَ سَعْدُ بْنُ مُعَاذٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ يُمْدَحُ عِنْدَ قَبْرِهِ وَرَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ يَسْمَعُ فَلَا يَنْهَى عَنْهُ، فَكُلُّ هَذَا سُنَّةٌ وَإِنَّمَا الْحَرَامُ الْبِدْعَةُ.

Тарҷумаи нома:

Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Барои ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ номае навиштам ва аз ӯ дар бораи корҳое ки мардум дар сувги аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам анҷом медиҳанд пурсидам, пас барои ман навишт: Ёд кардан аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тавсифи корҳои онон ва ситойиши онон ба ҳақ, ишколе надорад ва дурӯғ гуфтан дар бораи онон ва ифтиро задан бар онон қатъан ҳаром аст ва гиристан бар масоъиби онон ва сурудани шеър барои онон ҳаргоҳ рост бошад ишколе надорад ва задан бар сарҳо ва рӯйҳо ва синаҳо ва пуштҳо ба наҳве ки омма мекунанд кароҳат дорад; Ба далили сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд: «Аз мо нест касе ки бар рӯйҳо мезанад ва геребонҳо медарад ва ба фарохони ҷоҳилият фаро мехонад» ва сухани он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд: «Ман аз ҳар кас ки мӯй канад ва шеван кунад ва ҷома дарад безорам» Ва танҳо коре ки писандида аст гиристан аст ва фаротар аз он кори машрӯъе нест; Ба далили сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд «Ҳар чи аз чашм ва аз дил барояд он аз Худованди баландмартаба ва аз раҳмат аст ва ҳар чизе ки аз даст ва аз забон барояд он аз шайтон аст» Ва чунин аст роҳпаймойи дар замин бо парчамҳо ва аломатҳои ибдоъ шуда; Чароки ҳамаи онҳо бидъат аст ва ҳар бидъате гумроҳӣ аст ва ҳар гумроҳи ба оташ роҳ меёбад ва гирд омадан дар масҷидҳо ва хонаҳо барои мадҳи онон ва зикри мусибатҳошон ва гиристан барояшон ва таъзияти дӯстдоронашон ишколе надорад ҳаргоҳ бо он дурӯғе ё носазое ё зарбае ё ҷарҳе ё исрофе ё таъхире дар намоз аз аввали вақташ набошад ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар фарзанди худ Иброҳим гирист ва Хадича алайҳо саломро ёд кард ва мадҳ фармуд ва бар ӯ гирист ва ба гиристан бар Ҳамза разияллоҳу анҳу ташвиқ намуд ва Фотима алайҳо салом бар Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гирист ва ӯро мадҳ кард ва Саъд ибни Муъоз разияллоҳу анҳу дар назди қабраш мадҳ мешуд дар ҳоле ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мешунид ва аз он наҳй намекард, бинобарин ҳамаи ин корҳо суннат аст ва танҳо бидъат ҳаром аст.

Шарҳи нома:

Ривояти мазкур дар номаи он ҳазрат, чанд намуна аз ривоёте аст ки дар некуҳиши ниёҳат ва наҳй аз латма задан ба худ дар сувгворӣ расидааст ва мутавотири маънавӣ маҳсуб мешавад ва бо китоби Худованд созгорӣ дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки китоби Худованд, ҷазаъ кунандагон ба ҳангоми шарро некуҳида ва фармудааст: ﴿إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا[1]; «Ҳаногоме ки шар ба ӯ мерасад, бисёр ҷазаъ кунанда аст.» Ва сабр кунандгон бар мусибатро сутуда ва фармудааст: ﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ ۝ وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ ۝ الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ ۝ أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَاتٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُهْتَدُونَ[2]; «Ва ба касоне ки дар роҳи Худованд кушта мешаванд мурдагон нагӯйед, балки зиндагонанд, вале шумо намефаҳмед ва ҳароина шуморо ба чизе аз тарс ва гуруснагӣ ва нуқсон молҳо ва ҷонҳо ва маҳсулот меозмойем ва сабр кунандагонро башорат деҳ; Ҳамонон ки чун мусибате ба онон мерасад мегӯянд: Мо барои Худоем ва мо ба сӯӣ Ӯ боз мегардем. Онон ҳастанд ки дурудҳо ва раҳмате аз Парвардигорашон бар онон аст ва онон ҳамон ҳидоят ёфтагонанд.» Ва муроди он ҳазрат аз «Аломатҳои ибдоъ шуда» созҳои фалзӣ сангин ва салибмонанде дар миёни аҳли ташаюъ аст ки шохаҳое бар фарози худ дорад ва порчаҳо ва муҷассамаҳое бар рӯӣ он насб шудааст ва ҷоҳилони қавм онро бар дӯш мекашанд.

Барои хондани раҳнамудҳои дигаре аз он ҳазрат дар бораи сувгворӣ барои аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳкоми он, ба гуфтори 41 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Маъориҷ/ 20
↑[2] . Бақара/ 154-157
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон