Аз Худованд парво кун агар зирак ҳастӣ; Чароки ҷуз аҳмақ аз Ӯ бепарво нест. Динашро бишнос ва бар тибқи он маше намо то бар сироти мустақим раҳсипор бошӣ. Зинҳор ба ҳаримаш наздик нашав ва аз ҳудудаш таҷовуз накун, мабодо туро маъдум гароднад. Ҳангоме ки боби гуноҳ гушуда мешавад ва бистари он паҳн мегардад, ӯро ёд кун ки туро мебинад ва аз роҳе ки рафтаи боз гард. Чашмонатро бигушои то бубинӣ ки ҷойи гуноҳ, аз чоҳи мустароҳ олудатар аст. Пас онро тарк кун ва бирав ва агар ҳамнишинат гуфт: «Ба куҷо меравӣ?» Бигӯ: «Ба сӯӣ офият»! Чи бисёр лаззати кӯтоҳе ки ба ҳасратӣ тӯлонӣ анҷомида ва чи бисёр шаҳват гузаронӣ ки нафратӣ абадӣ дар пай доштааст! Мабодо аз ҳамнишинат шарм кунӣ ки гуноҳеро вониҳӣ ва аз Парвардигорат шарм накунӣ ки онро муртакиб шавӣ; Чароки ин ҳамоқат аст! Оё худро ба рӯған биёлойи ва оташ занӣ то ҳамнишинат бубинад ва дастак занад?! Оё худро дар ҳовия бияфканӣ то нагӯянд ки тарсид ва натавонис?!
Ҳангоме ки мегӯяд: «Биё то дар камини фалонӣ биншинем ва хунашро бар замин бирезем; Чароки бо ман бадӣ карда ва ҳангоми интиқом аст», аз Худованд битарс ва бо ӯ ҳамроҳ нашав; Мабодо дар қатли бегуноҳе шарик шавӣ, пас то абад малъун гардӣ ва ҳангоме ки мегӯяд: «Биё то занеро аз роҳ бардорем ва бо ӯ биёмезем; Чароки манро моли фаровон ва чоқуи буррон аст», аз Худованд битар ва бо ӯ ҳамроҳ нашав; Мабодо фаҳшоро дар замин бигустаронӣ, пас балоро аз осмон фуруд оварӣ ва ҳангоме ки мегӯяд «Биё то ба хонаи ҳамсоя баройем ва моли ӯро бардорем; Чароки ба сафар рафта ва девор кӯтоҳ аст», аз Худованд битарс ва бо ӯ ҳамроҳ нашав; Мабодо шаҳрро ноамн гардонӣ ва хонаи оборо вайрон намойи ва ҳангоме ки мегӯяд; «Биё то шабе бинишинем ва хуш бигзаронем; Чароки назди ман шаробӣ некуст», аз Худованд битарс ва бо ӯ ҳамроҳ нашав; Мабодо наҷас гардӣ ва ба арбада ва шарорат пардозӣ ва ҳангоме ки мегӯяд; «Биё то банг бисӯзонем ва мухаддир истифода кунем; Чароки сарро сабук медорад ва ғамро аз дил мезудояд», аз Худованд битарс ва бо ӯ ҳамроҳ нашав; Мабодо муътод гардӣ ва дунёву охиратро ба дуд бифурӯшӣ.
Аз ҳамнишини бад гурезон бош; Чароки туро бадбахт хоҳад кард. Аз даҳонаш оташ меҷаҳад ва қадамҳояш ба сӯӣ ҳовия аст. Зиштиро меорояд ва гуноҳро саҳл менамояд. Аз некӣ боз медорад ва бар парҳезкорӣ механдад. Ӯро аз хеш бирон, чунонки саги велгардро меронӣ. Оё ӯро во бигзорӣ то туро бигазад?! Барои хеш ҳамнишини хубе пайдо кун ки туро ба некӣ амр кунад ва аз бадӣ боз дорад; Вагарна бар танҳойи сабр кун; Чароки аз ҳамнишини бад доштан беҳтар аст.
Хушо ба ҳоли касе ки панд барои ӯ судманд аст; Чароки ӯ наҷот хоҳад ёфт, агарчи аз дарраи жарф овехта бошад ва бадо ба ҳоли касе ки аз панд рӯйгардон аст; Чароки ӯ ҳалок хоҳад шуд, агарчи бар замини ҳамвор истода бошад.