Охиратро аз ёд бурдаед ва дар дарёи пур талотуми дунё ғарқ шудаед. Дағдағаҳои зиндагӣ, шуморо машғул карда ва афсунӣ асри ҷадид, шуморо масх намудааст. Дигар ба чизе ҷуз шикамҳотон намеандешед ва барои дини худ ғусса намехуред; Дине ки ақойиди онро намешиносед ва аз аҳкоми он огоҳ нестед. Ҳамнишиони ҷаҳлед ва ҳамсоягони бехабарӣ! Аз бузургонатон тақлид мекунед ва ақли худро ба кор намеандозед! Ҳар рӯз дар пайи касе меравед ва худро бо чизе саргарм месозед! Мусалмон ҳастед ва нестед ва имон доред ва надоред! Дигар муштоқи Биҳишт нестед ва аз дӯзах намеҳаросед! Орзуҳотон дароз шуда, дар ҳоле ки умарҳотон кӯтоҳ гардидааст! Имони шумо суст ва тақвоятон андак шудааст. Ахлоқи шумо паст гардида ва гуноҳонатон фузунӣ гирифтааст. Дилҳотон санг ва синаҳотон танг шудааст. Ростӣ аз зиндагиҳотон рафта ва дурӯғ ба ҷойи он омадааст. Муҳаббат аз миёни шумо бархоста ва нафрат ба ҷойи он нишастааст. Кӯчаки шумо ба бузургатон эҳтиром намегузорад ва бузурги шумо бо кӯчакатон меҳр намеварзад. Баракат аз зиндагии шумо рафта ва рудҳотон камоб шудааст. Осмон бо шумо қаҳр кардааст ва маҳсули заминҳотон хуб нест. Ба вазъи ҳувлноки худ одат кардаед ва маризе ки руҳатонро гирифтааст эҳсос намекунед. Пас инки бо овози ман ҳангоме ки фарёд мезанам бедор шавед ва бо асои ман ҳангоме ки бар паҳлуҳотон менавозам ба худ ойед; Вагарна ин ғафлат ва ноогоҳӣ монанди оташӣ сӯзон ки забонаҳои тарснокаш ғарш мекунад ва дуди ғализаш, роҳи нафасро бар шумо мебандад, зиндагитонро фаро мегирад ва рӯзатонро ба шабӣ торик мубаддал месозад!