Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

... Ман барои шумо бародарӣ хайрхоҳ ҳастам. Ман шуморо ба ташхиси ҳақ аз ботил фаро мехонам то ҳалок нашавед ва ба шинохти растгӯ аз дурӯғгӯ даъват мекунам то дар зиён намонед; Чароки шумо аз рӯзи нахустин то имрӯз, ҳамвора дар зиён будайед; Чунонки Парвардигоратон фармудааст: ﴿إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ[1] ва раҳойии шумо аз зиён дар гарави ду чиз аст, ҳамчунонки парвози парандагон ба осмон дар гарави ду бол аст ва он ду чиз, ҳамоно имон ва амали солеҳ аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ[2]. Аммо имон, эътиқод ба ҳақ ва адами эътиқод ба ботил аст ва ин танҳо бо шинохти ҳақ ва ботил ҳосил меояд ва аммо амали солеҳ, чизе ҷуз амал ба лавозими ҳақ ва парҳез аз лавозими ботил нест ва ин низ танҳо бо шинохти ҳақ ва ботил ҳосил меояд. Пас, шинохти ҳақ ва ботил, пояи имон ва амали солеҳ аст ва ин ду бо шинохт оғоз мешаванд. Масали шинохт нисбат ба ин ду, масали пей нисбат ба сохтумон ё сар нисбат ба бадан ё намоз нисбат ба сойири аъмол аст. Оё агар сохтумоне пей надошта бошад, бар ҷои худ устувор мемонад?! Ё агар касе сар надошта бошад, сойири аъзои баданаш ба ӯ суд мерасонад?! Ё агар касе намоз нахонад, ҳаҷ ва рӯзаи ӯ пазируфта мешавад?! Ба ҳамин сон, агар касе маърифат надошта бошад, мӯъмин нест ва амали солеҳаш ба ӯ суд намерасонад. Ба шумо рост мегӯям: Агар касе миёни Сафо ва Марва ё овехта ба пардаҳои Каъба, бо амали солеҳи ҳамаи ҷинну инс бимирад дар ҳоле ки ҳақ ва аҳли онро аз ботил ва аҳли он нашинохта, ҳамоно ба марги ҷоҳилият мурда ва ба дӯзах дар омадааст. Пас, аз инҷо воҷиб мешавад бар шумо ки ҳақ ва аҳли онро аз ботил ва аҳли он бишиносед ва ин шинохтро бар ҳар амали солеҳӣ муқаддам бидонед ва огоҳ бошед ки бидуни ин «Маърифат», ҳеҷ имоне барои шумо нест ва ҳеҷ намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоте ба шумо суд намерасонад ва шумо аз зиёнкорон хоҳед буд ...

↑[1] . Аср/2
↑[2] . Аср/3
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон