Ҷумъа 27 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 11 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(36) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ сирфан олимӣ мусалмон аст ки бо ҳадафи зоҳир сохтани Маҳдӣ ва расондаи ӯ ба қудрат, қиём кардааст ва мусалмононро ба байъат бо он ҳазрат ба ҷойи байъат бо ин ва он фаро мехонад ва бадин сон барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон заминасозӣ мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат, ҳимоят аз ӯ бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Матни дарс
 

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Сухан дар бораи <<Мавонеъи бозгашт ба Ислом>> буд; Яъне вақойеъ ва авзоъе дар байни мусалмонон ки ононро аз иқомаи Ислом баъд аз изоъаи он боз дошта ва шаройити нобасомони кунуниро пойдор сохтааст. То инҷо се то аз ин мавонеъ табйин шуд ва онҳо <<Ихтилофи муслмонон>>, <<Адами ҳокимияти Худованд>> ва <<Омезиш бо милал ва фарҳагҳои ғайри Исломӣ>> буд ки било фосила пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам оғоз шуд ва ҳамчунон дар ҳоли густариш ва афзойиш аст. Монеъи чаҳорум ки нақши бисёр муҳимме дар зойеъ шудани Ислом ва адами тадоруки он то кунан дошта, ривоҷи ҳадисгароӣ дар байни мусалмонон будааст; Чунонки устозунал Мансур аз он ёд мекунад ва мефармояд:)

4. Ривоҷи ҳадисгароӣ

Яке дигар аз асбоби адами иқомаи Ислом пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ривоҷи ҳадисгароӣ пас аз он Ҳазрат буд. (Аммо мурод аз <<Ҳадисгароӣ>> чист ки дар назари устозунал Мансур, як гаройиши мазмум ва мухарриб шумурда мешавад? Посух ба ин суъол бисёр муҳим аст; Чароки бештари мусалмонон таҳти таъсири фарҳанги ҳоким, ҳадисро як чизи муқаддас медонанд ва яке аз манобеъи мавҷуд барои шинохти ақойид ва аҳкоми Исломи мепиндоранд ва табъан аз зикри ҳадисгароӣ дар миёни асбоби адами иқомаи Ислом таъаҷҷуб мекунанд. Устозунал Мансур дар посух ба ин суъоли муҳим, ба ду нукта таваҷҷуҳ медиҳад; Нуктаи аввал инки ҳадис ба маънои <<Суннати Паёмбар>> нест то ин шоъиба падид ояд ки ӯ аз қуръониҳост ва суннати Паёмбарро ҳуҷҷат намедонад ва оёти амр кунанда ба итоъат аз Паёмбарро нодида мегирад, балки ба маънои хабар додан аз суннати Паёмбар ё ба таъбири дақиқтар, нисбат додани як сухан ё амал ба Паёмбар аст ва рӯшан аст ки миёни ин ду фарқи азиме вуҷуд дорад; Зеро ҳар сухан ё амале ки ба Паёмбар нисбат дода мешавад, лузуман аз он Ҳазрат содир нашудааст ва нуктаи дуввум инки ҳадис бар ду гуна аст; Як гунаи ҳадис <<Мутавотир>> ки тавассути ровиёни бисёре дар ҳар табақа ривоят шуда ва ақлан муфиди илм ва яқини аст ва албатта теъдоди он зиёд нест ва гунаи дигар, ҳадиси <<Воҳид>> ки тавассути ровиёни бисёре дар ҳар табақа ривоят нашуда ва ақлан муфиди илм ва яқин нест, балки танҳо муфиди занни аст ва мутаъассифона аксарияти аҳодисро ташкил медиҳад.) Муроди (устозунал Мансур) аз ҳадисгароӣ (гаройиш ба гунаи дуввум аст, на аввал), (ва он) мубтанӣ сохтани ақойид ва аъмоли (худ) бар гуфтаҳо ва кардаҳойе аст ки ба сурати ғайри мутавотир ва ба воситаи риҷоле (яъне ровиёнӣ аъам аз мард ва зан) ки кизб ё хато ё нисёнашон (ақлан) муҳтамал аст, ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нисбат дода шудааст ва табъан асолат (яъне судури) он (аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), қатъӣ нест (балки дар беҳтарин ҳолати мумкин, заннӣ аст); Зеро маҳсус аст ки хабари як фарди ғайри маъсум (яъне ҳар як аз ин афроде ки номашон дар асноди ривоёти омадааст), ҳатто агар мутазоҳир (яъне дар миёни мардум, маъруф) ба сидқ бошад (ва ба ҳамин эътибор, риҷолшиносон ӯро <<Сиқа>>, <<Сабт>> ва <<Судуқ>> дониста бошанд), метавонад саҳиҳ ва метавонад ғайри саҳиҳ бошад; (Ба се далил:) Бо тавҷуҳ ба ин ки (мардум илми ба ғайб надоранд ва назарашон дар бораи ӯ мубтанӣ бар ҳусни зан ё асли бароъат ё истиқроъи ноқис аст ки заннӣ ҳастанд. Лизо) одатан илми қатъӣ ба ростгӯ будани касе дар гузашта ҳосил намешавад (яъне мумкин аст касе то имрӯз аз гуфтани дурӯғ ибойе надошта аст, вале мо мутталеъ нашудаем ва гумон мекунем ки фарди ростгӯйе будааст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд сатторул уюб аст ва бисёрӣ аз дурғҳои мардум дар дунё маълум намешаванд); Фориғ аз онки ростгӯ будани касе дар гузашта (ҳатто агар илми қатъӣ ба он пайдо кунем), ба маънои ростгӯ будани ӯ дар оянда нест (яъне касе ки то имрӯз ростгӯ буда, мумкин аст имрӯз дурӯғ бигӯяд; Чароки тағйир ва таҳаввул дар ахлоқ ва аъмоли мардум чизи ройиҷе аст ва ростгӯ будани касе дар гузашта ва ин маъно нест ки ӯ дар оянда ҳам дурӯғе нахоҳад гуфт); Фориғ аз онки ростгӯйии касе дар гузашта ва оянда (ҳатто агар илми қатъӣ ба он пайдо кунем, танҳо ба ин маъност ки ӯ амдан дурӯғ намегӯяд), (вале) монеъ аз фаромӯшӣ ва саҳви ӯ намешавад (бинобарин, мумкин аст ки ӯ амдан дурӯғ нагӯяд, вале аз рӯӣ фаромӯшӣ ва саҳв чизи нодурустеро ба Паёмбар нисбат бидиҳад ва худаш ҳам мутаваҷҷеҳ набошад ва гумон кунад ки дуруст мегӯяд. Ҳатто агар дар миёни мардум маъруф ба диққат ва ҳофизаи хуб ҳам бошад –ки албатта дар бораи аксари ровиёни сиқа чунин васфе наёмадааст– боз ҳам фаромӯшӣ ва саҳви ӯ муҳтамал аст; Чароки диққат ва ҳофизаи хуб, ба манъони исмат нест) ва ба илова, (бо таваҷҷуҳ ба таҷориби аъйнӣ ва машҳуд) тафовути хабари воҳид бо воқеъ, хусусан дар мавориде ки фосилаи замонии бисёре аз он дорад, шойеъ ва ғолиб аст (яъне дар касир балки аксари маворид, хабаре ки як нафар баъд аз гузашти замонӣ тӯлонӣ аз як иттифоқи медиҳад, тафовутҳойе бо он иттифоқ дорад ва хоста ё нохоста камтар ё бештар аз чизе аст ки воқеъан рӯй додааст); То ҷойе ки наздик аст ҳеҷ хабари воҳиде дақиқан ва комилан мунтабиқ бар воқеъ набошад (яъне ба нудрат пеш меояд ки як хабари воҳид, дақиқан ва каломан мунтабиқ бар воқеъ бошад ва ойинаи тамомнамои чизе бошад ки рӯй додааст); Чунонки Худованд (дар як баёни ом ва куллӣ ки шомили ин мавзӯъ ҳам мешавад) фармудааст: ﴿وَقَالُوا آمَنَّا بِهِ وَأَنَّىٰ لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ;[1] <<Ва гуфтанд ки ба он имон овардем, дар ҳоле ки куҷо метавонанд аз ҷоӣ дур ба он дастрасӣ пайдо кунанд?!>> (Яъне вақте фосилаи маконӣ ё замонии онон аз воқеъият зиёд аст, бисёр баъид ва душвор хоҳад буд ки ба он дастрасӣ пайдо кунанд). Бо ин васф, рӯшан аст ки ахбори оҳод (ҷамъи хабари воҳид аст; Яъне хабарҳои ғайри мутавотир), муҷиби яқин намешавад, балки дар беҳтарин ҳолати мумкин (яъне ҳангоме ки тавассути ровиёни сиқа ва сабт ривоят шудаанд), муҷиби занн мешаванд ва ин чизе аст ки ҳамаи мусалмонони аҳли назар (яъне ҳама ба истиснои гурӯҳе аз мусалмонони аҳли хабар), балки ҳамаи оқилон (аз он ҳайс ки оқил ҳастанд) бар он иҷмоъ доранд (яъне ҳама медонанд ва изъон доранд ки хабари воҳид мувҷиби зан мешавад; Хоҳ монанди аксари олимони мусалмон онро ҳуҷҷат бидонанд ва хоҳ монанди устозунал Мансур онро ҳуҷҷат надонанд). Дар ҳоле ки мусалламан занн, салоҳияти онро надорад ки мабнои ақида ва амали мусалмонон воқеъ шавад (ин қоъидаи омме аст ки ҳамаи олимони мусалмон ба наҳве онро қабул доранд; Ҷуз инки аксари онон мӯътақиданд ки қобили тахсис аст ва тавассути шариъат тахсис хӯрдааст) ва (устозунал Мансур мӯътақид аст ки ин тавр нест, балки) Ислом танҳо мубтанӣ бар яқин аст; Чунонки Худованд борҳо ва ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ;[2] <<Ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад>> (яъне барои шинохти ҳақ кифоят намекунад ва ҳуҷҷият ва эътиборе надорад) Ва рӯшан аст ки ин (як гузораи эътиборӣ ва иншоъӣ аз қабли воҷиб будани намоз ва рӯза нест, то битавон бо як гузораи эътиборӣ ва иншоъӣ дигар онро тахсис зад, балки) қоъидаи ҳақиқӣ ба маънои хабар аз воқеъ аст (ба ин маъно ки зан ҳақиқатан чизеро аз ҳақ бениёз намекунад ва Худованд аз як воқеъияти аъйнӣ ва хориҷӣ хабар додааст) ва табъан қобили тахсиси эътиборе нест, ҳамчунонки сиёқи он (яъне лаҳн ва услуби сухани Худованд) аз таҳммули тахсис ибо дорад; Чароки занн, ба иқтизои вуҷуди эҳтимоли хилоф дар зоташ, воқеъан ҳуҷҷат (яъне кошиф аз воқеъ) нест ва эътибори ҳуҷҷият барои чизе ки воқеъан ҳуҷҷат нест, монанди эътибори сӯзандагӣ барои ях, бефоида аст (яъне агар ҳазор бор гуфта шавад: Ях сӯзанда аст, ях сӯзанда намешавад; Чароки сӯзанда набудан барои ях, як воқеъияти аъйнӣ ва хориҷӣ аст ки ақл онро аз тариқи ҳис идрок мекунад ва бо ин ҳисоб, имкон надорад ки шаръ бигӯяд: Бархӣ яхҳо сӯзандаанд); Бо таваҷҷуҳ ба инки миёни ақл ва шаръ (чунонки қаблан табйин фармуд) мунофоте нест ва эътибороти ҳаким мубтанӣ бар воқеъ аст (яъне бо воқеъияти аъйни ва хориҷӣ созгорӣ дорад), бал эътибори (вуҷуд барои) чизе ки дар воқеъ вуҷуд надорад (бар хилофи эътибори вуҷуб ё ҳурмат барои чизе ки дар воқеъ вуҷуд дорад), дурӯғ шумурда мешавад; Монанди эътибори торикӣ барои рӯз ва рӯшанӣ барои шаб, дар ҳоле ки дурӯғ аз Худованд содир намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ حَدِيثًا;[3] <<Ва чи касе аз Худованд ростгӯтар аст>>! Ба илова, шаръ салоҳияти ҷаъли чизеро дорад ки худ онро рафъ карда (яъне чизҳои шаръӣ), на салоҳияти ҷаъли чизеро ки ақл онро рафъ кардааст (яъне чизҳои ақлӣ); Зеро ҷаъли чизе ки бо сабабе рафъ шуда, танҳо бо ҳмон сабаб маъқул аст ва бо сабабӣ дигар ҷойиз нест (бинобарин, бояд байни ин иллат ва маълул синхият вуҷуд дошта бошад ва наметавон як чизи комилан шаръиро бо ақл ё як чизи комилан ақлиро бо шаръ ҷаъл намуд; Ҳамон тавр ки наметавон як чизи комилан шаръиро бо ақл ё як чизи комилан ақлиро бо шаръ рафъ намуд); Чунонки (аз боби мисол ва барои тақриб ба зеҳн) дар миёни оқилон, ҳукме ки тавассути мақомӣ (салоҳиятдор) таъйин шуда, танҳо тавассути ҳамон мақоми (салоҳиятдор) қобили тахсис аст ва тахсиси он тавассути мақомӣ дигар, (уқалойи ва) қобили қабул нест (балки дахолат дар кори мақоми салоҳиятдор маҳсуб мешавад). Ин дар ҳоле аст ки рафъи ҳуҷҷияти занн ба наҳви мутлақ, тавассути ақл анҷом шуда (манзур аз <<Рафъи ҳуҷҷият>> дар инҷо, ҳукм ба адами ҳуҷҷият аст; Чароки ҳуҷҷияти занни ҳеҷ гоҳ собит набудааст ки бихоҳад рафъ шавад. Бинобарин, манзур аз он, бардоштани чизӣ собит нест, бал ҳукм ба адами субути чизе аст ки гумон меравад собит аст ва ин коре аст ки тавассути ақл анҷом шудааст); Зеро адами ҳуҷҷияти он, ба маънои адами кошифияти он аз воқеъ аст ки (ба идрокоти инсон марбут мешавад ва табъан) аз мақулоти ақлӣ ва ҳақиқӣ аст ва қобилияти эътибор надорад то дар дастраси шаръ қарор дошта бошад (чун дасти шаръ танҳо ба чизҳойе мерасад ки қобилияти эътибор доранд) ва аз ин рӯ, шаръ қодир ба дахл ва тасарруф дар он нест. Аз инҷо дониста мешавад ки эътиқоди бархӣ мусалмонон ба ҳуҷҷияти шаръии занни хос ба маънои занни ҳосил аз ахбори оҳод (ки ба далили шаръӣ аз адами ҳуҷҷияти мутлақи занни хориҷ шуда), бепоя аст; Чароки ҳуҷҷият аз мақулоти шаръӣ нест (то шаръ битавонад онро нафй ё исбот кунад), балки ба идрокоти табиъии инсон аз воқеъ боз мегардад ва бо ин васф, наметавон бо як ҳукм, барои занн ҳуҷҷият сохт, ҳамчунонки наметавон бо як ҳукм, ҳуҷҷияти қатъиро бардошт. (Мулоҳиза бифармойед ки устозунал Мансур бо чи далоили муҳкам ва қотеъе, имкони ҳуҷҷияти зан ва хабари воҳидро рад фармуд. Аммо оё мумкин аст ки шаръ бо вуҷуди нотавонӣ аз исботи ҳуҷҷият барои зан ва хабари воҳид, иқдом ба он карда бошад? Рӯшан аст ки мумкин нест; Чароки шаръ аз як сӯ бо ақл мунофоте надорад ва ба ҳарими он таҷовуз намекунад ва аз сӯӣ дигар аз назди Худованд ҳукм нозил шудааст ва табъан кори абас ва беҳуда анҷом намедиҳад. Лизо устозунал Мансур мефармояд:) Фориғ аз онки ҳукми шаръ ба ҳуҷҷияти бархӣ зунун, собит нест; Чароки (оёте ки барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид ба онҳо истинод шудааст, далолате бар он надорад; Монанди ояи 122 сураи Тавба ки дар он омадааст: ﴿وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ; <<Ва мӯъминон касоне набуданд ки ҳамагӣ кӯч кунанд, пас чаро аз ҳар фирқаи аз онон тоъифае кӯч накарданд то дар бораи дин дониш омӯзанд ва то қавми худро чун ба сӯяшон боз мегарданд бим диҳанд бошад ки онон бимнок шаванд>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки хабари ҳар <<Фирқа>> ки назди Паёмбар мемонанд ё <<Тоъифае аз ҳар фирқа>> ки ба назди Паёмбар мераванд, хабари воҳид нест, балки хабари мутавотир маҳсуб мешавад; Фориғ аз инки хабар аз Паёмбар барои аҳли замони ӯ маҳфуф ба қароъин буда ва аз ин ҳайс ҳуҷҷият доштааст ва ояи 6 сураи Ҳуҷарот ки дар он омадааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَىٰ مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ; <<Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ фосиқе бароятон хабаре овард таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯӣ ҷаҳолат ба қавме осеб бирасонед, пас аз коре ки кардед пушаймон шавед>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки вуҷуби таҳқиқ дар бораи хабари фосиқ, ба маънои адами вуҷуби таҳқиқ дар бораи хабари дигарон нест; Чароки исботи шеъй нафйи мо адо намекунад, балки метавонад аз боби таъкид ва баёни авлавияти таҳқиқ дар бораи хабари фосиқ бошад [барои огоҳии бештар дар ин бора, нигоҳ кунед ба: Нақд ва баррасии 80]. Ривоёти ҳам ё худашон хабари воҳид ҳастнад ва табъан наметавонанд ҳуҷҷияти хабари воҳидро собит кунанд ва ё ҳаддиаксар бар ҳуҷҷияти хабари воҳиди маъсум барои аҳли замони ӯ далолат доранд. Фориғ аз инки ривоёт –бино бар мабнои устозунал Мансур ки баъдан табйин мефармояд– аслан наметавонанд китоби Худовандро тахсис бизананд. Дар баробари,) оёт ва ривоёти фаровоне дар нафйи ҳуҷҷияти занн ба наҳви ом мавҷуд аст ва бо вуҷуди онҳо, қатъ ба ҳуҷҷияти бархӣ зунун дар шаръ, ҳосил намешавад (монанди ояи 116 сураӣ Анъом ки мефармояд: ﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ; <<Ва агар аз аксари касоне ки дар замин ҳастанд пайравӣ кунӣ туро аз роҳи Худованд гумроҳ мекунанд, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд>> Ва ояи 148 сураи Анъом ки мефармояд: ﴿قُلْ هَلْ عِنْدَكُمْ مِنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَا ۖ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ; <<Бигӯ оё шуморо илме ҳаст то онро барои мо берун оваред? Шумо ҷуз аз занн пайравӣ намекунед ва ҷуз тахмин намезанед>>; Бо таваҷҷуҳ ба инки <<Ал-занн>> алиф ва ломи ҷинси дорад ва табиъатан заннро ба наҳви мутлақ шомил мешавад); Бал инсофан сароҳати бархӣ оёт ва ривоёт дар адами ҳуҷҷияти мутлақи занн ба қадре аст ки нисбат додани тахсиси он ба шаръ, монанди дурӯғ бастан бар Худованд ва Паёмбари Ӯст (монанди ояи 36 сураи Юнус ки мефармояд: ﴿وَمَا يَتَّبِعُ أَكْثَرُهُمْ إِلَّا ظَنًّا ۚ إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا ۚ; <<Ва аксари онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад>> Ва ояи 28 сураи Наҷм ки мефармояд: ﴿وَمَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ ۖ وَإِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; <<Ва ононро ба он илме нест, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҳароина занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва ояи 36 сураи Исроъ ки мефармояд: ﴿وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۚ; <<Ва аз чизе ки ба он илме надорӣ, пайравӣ накун>> Ва ояи 66 сураи Оли Имрон ки мефармояд: ﴿هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ حَاجَجْتُمْ فِيمَا لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ فَلِمَ تُحَاجُّونَ فِيمَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ ۚ; <<Шумо касоне ҳастед ки дар бораи чизе ки ба он илме доред гуфтугӯ кардед, пас чаро дар бораи чизе гуфтугӯ мекунд ки ба он илме надоред?!>> Ва ояи 28 Аъроф ки мефармояд: ﴿أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ; <<Оё ба Худованд чизеро нисбат медиҳед ки ба он илме надоред?!>> Ва оёти мутаъаддиди дигар ки ҳамагӣ бар зарурати илм дар ҳавзаи дин ва адами кифояти занн барои нисбат додани чизе ба Худованд далолат доранд. Ин ҷаласа то инҷо кофӣ аст. Боқӣ бимонад барои ҷаласаи баъди Иш Шоъ Аллоҳ.

والسلام علیکم و رحمت الله).

↑[1] . Сабаъ/ 52.
↑[2] . Юнус/ 36.
↑[3] . Нисоъ/ 87.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Барои шунидани савти дарси панҷоҳу якум инҷоро клик кунед.