Душанбе 14 Октябр 2024 мелодӣ / 11 Рабиъу-л-охир 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси сиву севвум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Хурофагароӣ (3)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли бо хурофагароӣ дар миёни аҳли тасаввуф ошно шудем ва донистем ки сӯфиёни мусалмон беш аз ҳар гурӯҳи мусалмони дигаре аз ақлонияти Исломӣ фосила гирифтаанд ва ба эҳсосоту хиёлот дар ҳавзаи дин рӯй овардаанд. Аммо рӯшан аст ки хурофагароӣ ба ин гурӯҳ аз мусалмонон мунҳасир нест ва гурӯҳҳои дигаре аз ононро низ олуда кардааст. Яке аз ин гурӯҳҳои дигар, бидуни шак аҳли ташаюъ ҳастанд ки баъд аз аҳли тасаввуф, эҳсосотитарин ва хаёлоттарин гурӯҳи мусалмон дар арсаи динанд ва албатта ба назари шарифи устозунал Мансур, дар ин замина аз аҳли тасаввуф таъсир пазируфтаанд, эшон таҳти унвони)

[Хурофагароӣ дар мусалмонони аҳли ташаюъ]

(мефармояд:) Ҳосил (яъне ҷамбандии ин баҳс) онки бештари аҳли тасаввуф, хусусан (яъне ба сурати хос) бо баҳрагирӣ аз ҳарбаи шеър (таъбир ба «Ҳарб» мефармояд барои инки шеъри ғайри Исломӣ монанди силоҳӣ мухарраб ба тахриби фарҳанги мусалмонон пардохтааст), дӯшодӯши салафиён (ки аз ҳарбаи хабари воҳид барои ҳамин манзур баҳра гирифтаанд), ба ҷанги бо ақлоният бархостаанд ва (бо тарвиҷи ақлгурезӣ) заминаи хурофагароӣ ва динварзии хаёлпардозонаро дар миёни мусалмонон фароҳам сохтаанд ва тасвирӣ ғайри воқеъӣ аз Ислом ироъа додаанд ки сахт гумроҳ кунанда аст; То ҷойе ки таъсири (мустақим ва ғайри мустақими) онон бар бисёрӣ аз гурӯҳҳои Исломӣ, монанди захме (сатҳӣ ё амиқ) бар пайкари онҳо, ошкор аст ва радди пойи онон дар бисёрӣ аз мазоҳиби мусалмонон (аз шиъа гирифта то ҳанобила), қобили пайгирӣ аст (бо таваҷҷуҳ ба инки дар адворе аз торихи Ислом, ҳатто мазоҳибӣ монанди ҳанбалия ки бисёр сарсахт ва хабаргаро буданд, таҳти таъсири тасаввуф қарор гирифтанд); Чунонки ба унвони намуна, бисёрӣ аз мусалмонони аҳли ташаюъ (албатта на умуми онон), таҳти таъсири ҳокимияти (сиёсии) аҳли тасаввуф дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ (дар қолиби ҳукумати Сафавиён ки аз фарзандони сӯфии номдор шейх Сафияддини Ардабилӣ буданд ва мазҳаби шиъаро бо қироъати сӯфиёнае ки аз он доштанд, мазҳаби расмӣ дар Эрон сохтанд ва хурофоти фаровонеро дар он дохил намуданд), бо фосила гирифтан аз ақлоният ва воқеъгароии Исломӣ, авотифи (мазҳабӣ) ро мабноӣ динварзии хеш сохтанд ва тасовирӣ хиёлӣ аз (шахсият, манзалат, олим ва ҳатто зоҳири) пешвоёни мусалмон (ба сурати хос, аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба даст доданд ки аз ҳақиқат ба дур буд (ва бисёр бузургнамоӣ ва таҳриф шуда буд). Дар воқеъ онон (яъне аҳли ташаюъ) ки аз оғози (пайдоиши худ баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам; Чунонки дар мабоҳиси баъди ба наҳваи пайдоиши онон ишора мефармояд), дар истиқлол аз табақаи ҳоким шакл гирифтанд (яъне бар хилофи бисёрӣ аз гурӯҳҳои дигар, сохтаи ҳокимияти мавҷуд ва вобаста ба он набуданд, бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимияти мавҷудро ба расмият намешинохтанд ва бо он мухолифат доштанд) ва ба ҳамин сабаб, хулуси бештаре нисбат ба гурӯҳҳои вобаста ба табақаи ҳоким пайдо карданд (чароки қоъидатан гурӯҳҳои вобаста ба ҳоким, ба иқтизои вобастагии худ ба он, истеъдоди бештаре барои тағйири Ислом ба манзури созгории он бо манофеъи ҳокимони худ доштанд ва табъан бештар ба таҳрифи шариъат ва ҷаъли ривоят ва тарвиҷи ақлгурезӣ иқдом мекарданд. Ба ҳар ҳол, аҳли ташаюъ ки аз оғоз, дар истеқлол аз табақаи ҳоким шакл гирифтанд ва ба ҳамин сабаб, хулуси бештаре нисбат ба гурӯҳҳои вобаста ба табақаи ҳоким пайдо карданд), ҳамвора бо пайравӣ аз пешвоёни ақлгарои худ (яъне пешвоёни аҳли байт ки суханонашон дар ситойиши ақл ва лузуми истифода аз он ва низ истедлолҳои ақлӣ мутавотир аст) ба ақлгароии Исломӣ забонзад (яъне машҳур) буданд (бо таваҷҷуҳ ба инки дар радифи мӯътазила қарор мегирифтанд ки ақлгароияшон бар касе пӯшида набуд), то онгоҳ ки гурӯҳе аз аҳли тасаввуф бо гаройишҳои шиъӣ (мавсум ба сафавиён), бар онон тасаллути (сиёсӣ) ёфтанд ва (ба пуштивонаи ин тасаллути сиёсӣ,) боварҳои сӯфиёнаи худро бо боварҳои ақлгароёнаи онон даромехтанд ва бадинсон, ташаюъро ба тасаввуф олуданд (ва ташаюъи суфӣ ё сафавиро падид оварданд ки имрӯз дар миёни шиъаёни ҷаҳон ройиҷ аст ва қироъати расмӣ аз ташаюъ шумурда мешавад). Ҳар чанд (ин ба маънои он нест ки пеш аз сафавиён, дар мазҳаби шиъа хурофоте вуҷуд надошт; Зеро) пеш аз онон низ гурӯҳҳое бо гароиш ба ташаюъ (мавсум ба ғуллот; Мефармояд «Бо гаройиш ба ташаюъ» ба хотири инки аҳли ташаюъ ононро аз худ намедонанд) буданд ки бо рӯй гирифтан аз ақлоният ва воқеъгаройии Исломӣ, забон ба хурофот мегушуданд ва хусусан дар бораи пешвоёни мусалмон (аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ғулув мекарданд (ба ин тартиб ки барои онҳо хусусиётӣ фаробашарӣ ва муҳярул уқул қоъил мешуданд), вале онон ҳамвора (то пеш аз сафавиён) мавриди эъроз ва мухолифати (навъи) олимони аҳли ташаюъ қарор мегирифтанд ва ҳеҷ гоҳ намояндагони ин мазҳаб (балки чи басо ҷузъе аз ин мазҳаб) шумрда намешуданд, то он гоҳ ки гурӯҳе аз онон (яъне аҳли ташаюъ) бо ақабаи тасаввуф (яъне пешзеҳниятҳои тасаввуф бо таваҷҷуҳ ба инки торих ва фарҳанги онон бо тасаввуф пайвандӣ росих дошт), қудратро (дар саросари Эрон) ба даст гирифтанд ва (бо истифода аз қувваи қаҳрия ва имконоти сиёсӣ ва фарҳангӣ ношӣ аз ҳукумат) ба боварҳои хурофии онон (ки пештар ғайри расмӣ буд) расмият бахшиданд ва дар тули беш аз ду қарн салтанат (яъне соли 907 то соли 1135 ҳиҷрӣ қамарӣ), ки аз салтанати Умавиён (аз соли 61 то 132 ҳиҷрӣ қамарӣ) бо осори ҳувлнокаш (ки дар бахши «Мавонеъи бозгашт ба Ислом» мабҳаси «Пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар» табйин хоҳад фармуд) тулонитар буд (ва табиъатан метавонист аз ин ҷиҳат осори ҳувлноктаре дошта бошад), то ҳадди зиёде олимони шиъаро бо худ ҳамсу сохтанд (чунонки бархӣ машоҳири онҳоро ба унвони муфтиён ва қозиён ва ҳатто нуввоби Маҳдӣ муъаррифӣ карданд ва заминаи ғулув дар бораи онҳоро дар миёни аҳли ташаюъ фароҳам сохтанд. Ба унвони мисол, пас аз марги шоҳ Исмоъили сафавӣ, яке аз олимони шиъа маъруф ба Муҳаққиқи Каракӣ ба унвони ноъиби имом Маҳдӣ дар ҳамаи шуъуни иқтисодӣ, сиёсӣ ва даинии давлати шиъаӣ ҷадид соҳиби ихтиёри мутлақ шуд, то онҷо ки шахси шоҳ Таҳмосб низ нойиби ӯ ба шумор меомад. Ин шоҳи сафавӣ умури кишварро ба ихтиёри ин охунди шиъа даровард ва нома ба ҳамаи шаҳрҳои қаламрави худ фиристод то аз фармони ӯ итоъат кунанд ва бидонанд ки пояи мамлакат ва кишвардорӣ ба ӯҳдаи ӯст; Зеро ӯ нойиби Маҳдӣ аст ва умури муҳаввал ба Маҳдӣ зери назари ӯ идора мешавад. Албатта агар чунин иддаъои аҷибе тавассути касе ҷуз ин охунди дарборӣ мешуд, билофосила тавассути авоми аҳли ташаюъ «Иддаъоӣ дурӯғин» дар радифи иддаъоҳои дурӯғини дигар талаққӣ мешуд ва соҳиби он «Муддаъии дурӯғин» ном мегирифт, вале онон аз ҳамон даврон омӯхта шуданд ки танҳо мустазъафони побараҳна ва мухолифони ҳукуматҳои ҷаббори мазҳабӣ метавонанд «Муддаъиёни дурӯғин» бошанд ва охундҳои дарборӣ ва вобаста ба ҳокимон, ҳатто агар иддаъои вилояти мутлақа бар дин ва дунёи мардум ва ихтиёроти пйғамбариро дошта бошанд ва худро сариҳан нойиби Маҳдӣ биноманд, ростгӯ ҳастанд ва «Муддаъиёни дурӯғин» маҳсуб намешаванд!! Ин хаймашаббозии музҳики мазҳабиро бояд аз мавориси ҳукумати сафавиён донист ки дар тору пуди андешаи шиъа русух кадрааст; То ҷойе ки имрӯз муддаъиёни дурӯғини вилояти мутлақа ва ниёбати Маҳдӣ бо истебдоди сиёсии бараҳна ва корҳои ғайри шаръӣ ва ғайри қонунии фаровон, мавриди пайравӣ ва ситойиши ин ҷамоъати содалувҳ ва забонбаста қарор мегиранд, вале олимӣ раббонӣ ва озода монанди Мансури Ҳашимии Хуросонӣ ки на иддаъои вилояти мутлақа ва на иддаъои ниёбати Маҳдӣ дорад ва танҳо барои тасриъ дар зуҳури Маҳдӣ талош мекунад, ба ҷурми интиқод аз ин ҳокимони мунҳариф ва пуриддаъо, мавриди адоват ва сарзаниши ин ҷамоъати эҳсосотӣ ва нодон қарор мегирад ва муттаҳам ба «Иддаъои дурӯғин» мешавад!! Ба ҳар ҳол, ин намойиши ғамангезе аз инҳирофи шиъа аст ки тавассути гурӯҳе аз олимони сӯфӣ ва ғолӣ коргардонӣ мешавад, беонки нисбате бо асли ташаюъ ба унвони гаройишӣ ройиҷ дар миёни саҳоба ва тобеъин ва наслҳои пасини Исломӣ ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дошта бошад. Ба ҳар ҳол, сафавиён то ҳадди зиёде олимони шиъаро бо худ ҳамсӯ сохтанд) ва навъи нигариши онон ба пешвоёни аҳли байтро тағйир доданд (ба ин тартиб ки онро бисёр асотирӣ ва мутафовит бо нигариши Қуръонӣ ва суннатӣ ба онҳо сохтанд). Албатта (манзур аз ин тағйири нигариш, бар хилофи иддаъои ғайри илмӣ ва ғайри мунсифонаи бархӣ аз аҳли суннат, бовар ба хилофати пешвоёни аҳли байт нест; Чароки) бовар ба хилофати пешвоёни аҳли байт, торихе ба баландои торихи Ислом дорад (ва чунонки дар мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон» хоҳад фармуд, дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни бархӣ саҳоба вуҷуд дошта ва ба шуморе аз тобеъин ва атбоъи тобеъин ва наслҳои пасин интиқол ёфта) ва (бо ин авсоф,) аз салтанати аҳли тасаввуф (яъне сафавиён) ношӣ нашудааст, вале навъи нигариши аҳли ташаюъ ба онон (яъне пешвоёни аҳли байт) ки машҳун аз хурофагароӣ ва воқеъиятгурезӣ (яъне пур аз мавҳумот) аст, бидуни шак аз салтанати аҳли тасаввуф (яъне сафавиён) таъсир пазируфтааст; Зеро ин аҳли тасаввуф (чи аз аҳли ташаюъ ва чи аз аҳли суннат) будаанд ки муршидони хеш (ба маъноӣ шуюх ва бузургонашон) ро (бо ғулув кардан дар бораи онон) дар ҷойгоҳӣ фаробашарӣ қарор додаанд ва барои онон ҳолотӣ ғайри оддӣ тавсиф кардаанд ки ақл аз тасаввураш мутаҳайир мешавад! (Намунаҳои фаровоне аз ин ҳолоти ғайри оддӣ дар китоби аҳли тасаввуф таҳти ановинӣ чун «Тазкиратул авлиёъ» ва «Сифотул сафавия» омадааст ки мақомро гунҷойиши чандоне барои зикри онҳо нест; Монанди инки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар шаби меъроҷ ҳангоме ки ба арши Худо расида, пои худро бар дӯши Абдулқодири Гелонӣ ниҳода ва боло рафта ё Шамси Табрезӣ тиккаи гӯштеро ба даст гирифта ва дасти худро дароз карда ва наздики хуршед бурда ва барои худ кабоб карда ё вақте Робеъаи Адвия ба ҳаҷ меомада, Каъба аз ҷои худ канда шуда ва ба истиқболи ӯ рафтааст ё увҳомӣ дигар аз ин даст ки аз зеҳнияти хосси ҳоким бар ин фирқа парда бар медорад.) Ҳеҷ шакке нест ки аҳли ташаюъ, таҳти таъсири увҳоми онон (дар асари омехтагиҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ бо онон ё асар пазирии хоста ва нохост аз ашъори онон), пешвоёни худро нимахудоёне (дорои вежагиҳо ва неруҳои фаровоне) тасаввур кардаанд ки ҳолайе аз нур ба гирди сарҳои онон аст (эҳтимолан ин тасвири хос аз масеҳиён ба аҳли ташаюъ мунтақил шудааст; Зеро онон дар бораи Масиҳ ва модараш алайҳимо саллом чун тасаввуре доштаанд ва ин тасвирро дар тасовире ки дар калисоҳо ва маъобиди худ аз он ду тарсим кардаанд нишон додаанд) ва (монанди Худованд) мурдагонро зинда мекунанд ва беморонро (бо як назар) шифо медиҳанд ва ҳавоъиҷро (ба сурати ғайри оддӣ баъд аз марг) бароварда месозанд ва аз ҳар чи дар дилҳост (монанди Худованд) огоҳӣ доранд ва бо ин васф, рӯшан аст ки ононро чунон дур (аз дастраси худ) меёбанд ки ба пайравии онон (дар амал) намеандешанд ва ба ёрии онон (барои расидан ба ҳокимият бар ҷаҳони Ислом) илтифоте надоранд (яъне ғофил ҳастанд. Ин нуктаи бисёр муҳим ва амиқе аст ки устозунал Мансур ба он таваҷҷуҳ медиҳад; Зеро инсон одатан ба пайравӣ аз касе меандешад ки ташаббуҳи худ ба ӯро мумкин медонад ва ба ёрии касе илтифот дорад ки ӯро ба ёрии худ ниёзманд медонад ва ёрии худро барои ӯ зарурӣ ташхис медиҳад, дар ҳоле ки ин гурӯҳ аз аҳли ташаюъ ташаббуҳи худ ба пешвоёни аҳли байтро мумкин намедонанд ва ононро ба ёрии худ ниёзманд намебинанд ва ёрии худро барои онон зарурӣ ташхис намедиҳанд; Зеро ақойид ва аъмоли ононро печидатар ва сахттар аз он медонанд ки қобили пайравӣ бошад ва шаъни ононро болотар аз ин медонанд ки тавассути инон ёрӣ шаванд! Чунонки ба унвони намуна, имрӯз даъвати устозунал Мансур ба ёрии Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯро намепазиранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки мепиндоранд Маҳдӣ ба ёрии онон ниёзе надорад ва бидуни заминасозӣ барои зуҳураш ва танҳо бо ҳикмати хафия ва иродаи беҳисоби Худованд зуҳур мекунад ва аз тариқи эъҷоз ҳамаи ҷаҳонро аз адолат пур менамояд! Рӯшан аст ки ин зеҳнияти мухарраб ва масмум кунанда, чи наслҳои беҳувият ва фурумояеро парвариш додааст ва парвариш хоҳад дод! Наслҳое ки аз пешвоёни аҳли байт пайравӣ намекунанд ва ба ёрии онон намепардозанд) ва (дар иваз) монанди кӯдакон ё пиразанон, ба зикри масоъиби онон (ки албатта масоъиби таъсирбарангез ва қобили зикрӣ аст) ва гиристан барояшон (ки албатта дар ҷои худ айбе надорад) басанда мекунанд ва агар яке аз онон (монанди Маҳдӣ) ро чунонки ҳаст (на чунонки онҳо дӯст доранд ки бошад) биёбанд, намешиносанд; Чароки ба заъми онҳо, пешвоёни аҳли байт (монанди Маҳдӣ), дар зоҳири хеш (монанди чеҳра ва либос) аз дигарон мутамойизанд (ба ин тартиб ки масалан чеҳраяшон монанди хуршед нурафшонӣ мекунад ва либосашон либосаӣ сафед, баланд ва ғайри мутаъораф аст; То ҳадде ки агар Маҳдиро бо чеҳраи монанди чеҳраи мардум ва либоси мардум бубинанд, ӯро дурӯғгӯ мепиндоранд ва бо ӯ ба душманӣ мепардозанд) ва илова бар ин, (пешвоёни аҳли байт ба заъми онҳо) монанди Худованд «بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ» (яъне ба ҳар чизе доно) ва «عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ» (яъне ба ҳар чизе тавоно) ҳастанд (дар ҳоле ки мусалламан ин сифати Худованд аст ҳеҷ кас ҷуз Ӯ наметавонад аз ин сифат бархурдор бошад.

Шояд тасаввур шавад ки ин нигариш танҳо барои авоми аҳли ташаюъ вуҷуд дорад, вале) Мутаъассифона бештари олимонашон низ дар ин замина бо авомашон ҳамдостонанд (ва ин барои касе ки бо олимони инҳо сар ва кор дорад комилан машҳуд ва маълум аст; То ҳадде ки бархӣ аз онҳо инсофан ҳеҷ фарқе бо авом надоранд ва инсон мутаъаҷҷиб мешавад ки бар чи асосе номашонро олим гузоштаанд ва ҳатто онҳоро марҷаъи тақлиди худ сохтаанд?! Суханони инҳо ва тарзи фикрашон дар бораи пешвоёни аҳли байт ва низ сойири масоъили динӣ, комилан омиёна аст, балки бархӣ авоми аҳли итлоъ, аз инҳо беҳтар сухан мегӯянд ва фикр мекунанд!); Чароки дастикам аз баъди олимони воқеъгарое монанди Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Валиди Қумӣ (д.343қ) (маъруф ба шейхул шуюх аз уламо ва муҳаддисони бузури шиъа дар Қум ки то вақте зинда буд майдонро аз ғолиён ва ифротиёни шиъа гирифта ва иҷозаи нашри ривоёти заъиф ва сохтагӣ дар бораи пешвоёни аҳли байтро надод) ва олимони ақлгарое монанди Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон маъруф ба шейхи Муфид (д.413қ) (ки мураввиҷи ақлоният буд ва ҳадисмеҳвариро намепазируфт) ва шогирдони вафодори ӯ монанди Шарифи Муртазо (д.436қ) (ки ҳатто хабари воҳидро ҳуҷҷат намедонист) ва Абу Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ) (ки бисёр мӯътадил ва воқеъгаро буд ва монанди устодаш Шариф Муртазо дидгоҳҳоӣ маъқул хусусан дар бораи ғайбат ва зуҳури Маҳдӣ дошт), ба тадриҷ (бо фосила гирифтан аз асри пешвоёни аҳли байт ва олимони бузурги вафодор ба онҳо) пиндорҳои ғулувомез дар бораи пешвоёни аҳли байт, дар зеҳни онон русух карда ва аз баъди истилоъи сӯфиёни сафавӣ (бар бахши бузурге аз ҷаҳони Ислом), ба боварҳои расмӣ ва ройиҷашон табдил шудааст (аз инҷо дониста мешавад ки устозунал Мансур мӯътақид аст раванди шаклгирии нигоҳи кунунии шиъа ба пешвоёни аҳли байт, дар замони худи ин пешвоён оғоз шуда ва пас аз онон ба дунболи даргузашти олимони вафодор ба хатти онон ба тадриҷ русух ёфта, то инки бо ба қудрат расидани сафавиён дар Эрон, густариш ва расмият пайдо кардааст); То ҷойе ки имрӯз бештари аҳли ташаюъ, ҷуз ибрози эҳсосот дар бораи пешвоёни аҳли байт, бардоште аз ташаюъ надоранд (яъне ташаюъро сирфан ба маънои маваддат ва муҳаббати ифротӣ ба аҳли байт медонанд) ва ҷуз шеърхонӣ ва газофагӯӣ дар мадҳи онҳо (ба муносибатҳои мухталиф) ба корӣ (иҷтимоъӣ) дар дин ҳиммат намегуморанд (яъне фаъолияти динии – иҷтимоъӣ бештари онон маҳдуд ба маросими мазҳабӣ ва эҳсосӣ барои аҳли байт аст) ва бархишон дар суги онҳо (хусусан дар моҳҳои муҳаррам ва сафар), корҳое мекунанд ки мояӣ ваҳни Ислом ва шармандагии мусалмонон аст (монанди қама задан бар сар ва теғ задан бар камар дар маъобири умумӣ ва пеши чашми занон ва кӯдакон ба наҳве ки муҷиби хунрезии шадид ва эъҷоди руъб ва ваҳшат мешавад ва монанди баланд кардани аломатҳое ба шакли салиб ки бар онҳо тамосил ва муҷассамаҳое овехта ва маълум нест ки аз кадом кофиристон оварда шудааст ва монанди бараҳна шудан дар ҳузури ом ва задани шадид бар сар ва сина ва сурат барои изҳори мусибат ва азодорӣ ки бар хилофи омӯзаҳои Ислом ва омӯзаҳои пешвоёни аҳли байт аст ва монанди гил молидан бар сар ва бадан ва рафтан бар рӯи оташ ки бидуни ҳеҷ тардиде бидъат аст ва асле дар ақл ва шаръ надорад). Дар ҳоле ки бино бар ончи (ба тавотур) аз торих собит аст, пешвоёни аҳли байт (монанди Алӣ ва Ҳасан ва Ҳусейн ва Алӣ ибни Ҳусейн ва Абу Ҷаъфари Боқир ва Ҷаъфар ва сойири пешвоёни аҳли байт ки дуруди Худованд бар онон бод), инсонҳои доно (аз лиҳози илмӣ) ва вораста (аз лиҳози амалӣ) будаанд ки дар зоҳир (яъне чеҳра ва либос ва сойири умури табиъӣ ва башарӣ) бо дигарон тафовуте надоштаанд ва муддаиъӣ мӯъҷиза (барои исботи ҷойгоҳи худ) ва илми ба ғайб (яъне илми ҳамешагӣ ба ҳамаи оянда ва чизҳои пинҳон) набудаанд (ҳар чанд муддаиъӣ нассе аз ҷониби Паёмбар барои исботи ҷойгоҳи худ будаанд ва каромоти фаровоне аз онҳо дида шудааст) ва аз касоне ки дар бораи онҳо ғулув мекардаанд (бо онки мунтасаб ба шиъа будаанд), бароъат меҷустаанд, ҳамчунонки аз душманони худ ва касоне ки мункари фазлашон будаанд (яъне навосиб), нафрат доштаанд (бинобарин, ғулот ва навосиб ҳар ду назди онон мабғуз будаанд).

Ба ҳар ҳол, акнун хаёлпардозӣ дар (ақшори мухталифи) аҳли ташаюъ, ба қадрӣ ниҳодина (яъне дарунӣ ва муҳкам) шудааст ки агар мусалмоне (олим ва дилсӯз) ононро ба сӯӣ воқеъгароӣ дар бораи пешвоёни Ислом даъват кунад (ва аз ғулув дар бораи онҳо боз дорад), ӯро ба носибигарӣ (ё масалан ваҳҳобигарӣ) муттаҳам мекунанд! (Чунонки имрӯз бархӣ бародарони моро дар Эрон ваҳҳобӣ меноманд, сирф ба хотири инки мегӯянд хондани Худованд дар хилват ва сахтиҳо аз хондани аҳли байт сазовортар аст; Чароки аҳли байт худ дар хилват ва сахти, падарони худро намехонданд, балки Худовандро мехонданд ва Худованд ба бандагонаш аз ҳама наздиктар ва шунавотар аст. Ҳар чанд бар хилофи пиндори ифротӣ ваҳҳобиён, хондани аҳлӣ байт дар хилват ва сахти ба умеди онки бо изни Худованд бишнаванд ва ба даргоҳи Худованд дуъо кунанд, ширк нест ва хуруҷ аз Ислом шумурда намешавад.) Бал хурофагароӣ дар онон ба қадре реша давондааст ки агар муслиҳе (монанди устозунал Мансур бо истинод ба ақл ва шаръ) ононро ба сӯӣ ислоҳи ақида ё амале даъват кунад, ба ҷои далоили ақлӣ ва шаръӣ (ки барои исботи дурустии чунин даъвате кофӣ аст), аз ӯ мӯъҷиза металабанд (ки барои исботи набувват ва интисоб аз ҷониби Худованд лозим аст) ва ба ҷои қавли аҳсан (яъне назари саҳиҳтар ва муфйидтар), аз ӯ таваққуъи каромат доранд (ки дар ихтиёри Худованд аст ва бидуни илзом ва таҳаддӣ зоҳир мешавад); Он ҳам ба сурате ки (лузуман мӯъҷиза ё каромат шумурда намешавад; Чароки) аз ҳар фолбини даврагирад (яъне даврагарде ки муддаӣ аст фоли мардум ба маъноӣ толеъи ононро мебинад) ё ҷодугари тозакоре сохта аст! (Монанди ин корҳои аҷиб ва ғарибе ки муртозҳои Ҳинду ва ҷугӣ ва будоӣ анҷом медиҳанд ва ин хабарҳое ки коҳинон ва эҳзор кунандагони шаётин бо истемдод аз аҷинна ва арвоҳи хабиса дар бораи гузашта ё ояндаи афрод медиҳанд.) Чунонки ман худ номаҳое барои бархӣ аз онон (яъне аҳли ташаюъ) навиштам ва ононро ба ҳамроҳӣ бо худ барои бозгашт ба Ислом даъват кардам ва далоили ақлӣ ва шаръии худ барои лузуми ин кори муборакро (ки дар ин китоб низ зикр шудааст) зикр намудам, вале онон (аз фарти хурофагароӣ) дар ҷавоби ман навиштанд ки танҳо ҳангоме бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард ки фикри ононро бихонам (ва масалан бигӯям ки дар фалон рӯз ва соъат ба чи чизе фикр мекарданд) ё аз корҳои пинҳони онон (дар зиндагияшон) хабар диҳам ва ман надонистам ки бар ин ҷавоби (сафиҳона ва нобаҷои) онон бихандам ё гиря кунам (бо таваҷҷуҳ ба инки аз як ҷиҳат хандовар ва аз ҷиҳатӣ дигар гиряовар аст, ё ханда ва гиря ҳар ду аксул амелӣ табиъӣ дар баробари аҷойиб ғамангез аст); Чароки ман идаъои Паёмбарӣ накардам ва ононро ба сӯӣ дини ҷадиде нахондаам (то муқтазии изҳори мӯъҷиза бошад) ва бо ин васф, тавқуъи мӯъҷиза аз ман танҳо дар зеҳнӣ мағшуш ва оканда аз хурофот (монанди зеҳни ин гурӯҳ аз аҳли ташаюъ) падид меояд; Ҷудои аз онки хабар додан аз фикрҳо ва корҳои пинҳон, барои аҳли фаросат (яъне тезбинӣ ва таваҷҷуҳ ба Қуръон ва шавоҳид) ва каҳонат (яъне фанни симиё ва иртибот бо шаётин) низ мумкин аст ва бо ин васф, (ба танҳоӣ) далолате бар ҳаққонияти касе надорад! Ҳамчунонки бархӣ аз фиребкорон (ки мутаъассифона дар рӯзгори мо бисёр зиёд ҳам шудаанд), бо сӯъи истифода аз ҳамин таваққуъи беасос (дар миёни аҳли ташаюъ) ва баҳрагирӣ аз шуъбада (яъне фанни римиё ва тардастӣ) ва корҳои ғайри оддӣ (ки авоми содалувҳро таҳти таъсир қарор медиҳад), бисёрӣ аз ононро ба гирди худ ҷамъ кардаанд ва ба табаъият аз худ дар корҳоӣ ғайри маъқул (ва ғайри машруъ) водоштаанд ва молу ҷону обурӯйи ононро ҳазинаи даъовии ботили хеш (аз иддаъои улуҳият ва набувват гирифта то иддаъои Маҳдӣ будан ё фарзанди Маҳдӣ будан) сохтаанд. (Ин вазъи вахиме аст ки дар миёни аҳли ташаюъ вуҷуд дорад ва муҷиби инҳирофоти фикрии онон шудааст, вале дар фирқаҳои дигар низ ба гунаҳои дигаре вуҷуд дорад; Чунонки)

[Хурофагароӣ дар мусалмонони салафӣ]

(ки сойири фарҳангҳои Исломиро ба хурофагароӣ муттаҳам мекунанд низ машҳуд аст. Лизо устозунал Мансур мефармояд:) Ба ҳар ҳол, ин (аз лиҳози маънавӣ) бемории маргборе аст ки қалби аҳли ташаюъро фаро гирифта (чунонки Худованд чунин ташбиҳеро ба кор бурда ва фармудааст: ﴿فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ [Бақара/ 10]; «Дар қалбҳошон маразе аст») ва шинохти ҳаққро барои онон ба ғоят душвор карда ва рӯшан аст ки хостгоҳи он, чизе ҷуз хурофагароӣ (ба унвони яке аз мавонеъи шинохт) нест. Ҳар чанд ин қабил рӯйкардҳои омиёна (яъне ғайри илмӣ), ихтисосе ба онон надорад ва гурӯҳои дигаре аз мусалмононро низ кам ё беш, олуда кардааст; То ҷойе ки ҳтто дар миёни салафиён низ бо ҳамаи тангназарӣ ва сахтгирияшон (дар бораи завоҳири шариъат), хурофоти (яъне боварҳои ғайри оддӣ мухолиф бо ақл ва шаръ) бисёре вуҷуд дорад ва бархӣ фатовие (мазҳака ва аҳмақона) ки гоҳе аз муфтиёнашон (хусусан дар Арабистони Саъудӣ) содир мешавад, монанди ҳазён (яъне суханони бемаънои ношӣ аз беморӣ) аст (намунаҳои фаровоне барои ин даст фатовӣ вуҷуд дорад; Мисли инки зан набояд бананро ламс кунад барои онки шабеҳи олоти ҷинсии мард аст ва ё мегӯянд хӯрдани самбӯса ҳаром аст барои онки шабеши салибанд ё хӯрдани гӯшти ҷин ҳалол аст); Чароки дар миёни ривоёти онон, хурофоти бисёре роҳ ёфта ва ақлситезияшон маншаъи ҳар балойе аст (яъне ҳар фитна ва залолати фоҳиш ва ғариберо иқтизо мекунад); Ҷудои аз онки бархӣ фатовияшон (монанди мавориде ки зикр шуд), ба суфориши золимон (яъне ҳокимон) ва барои тавҳини (яъне суст намудани) Ислом содир мешавад ва мабнойе дар ривоёташон низ надорад (яъне танҳо аз зеҳни беморашон таровуш кардааст), бо таваҷҷуҳ ба инки бархӣ аз онон (хусусан аз муфтиёни оли Саъуд) мунофиқ ва муздури золимонанд ва амдан бар Худо ва Паёмбараш дурӯғ мебанданд (то ҷаҳониёнро ба Ислом бихандонанд, дар ҳоле ки танҳо ба худашон механданд ва намедонанд.

Дар инҷо гуфтори устозунал Мансур дар бораи мавонеъи ҳафтгонаи шинохт ба поён расид. Лизо аз боби натиҷагирӣ ва).

[Ҷамбандии мавонеъи шинохт]

(мефармояд:) Ҳосил онки хурофагароӣ яке аз бузургтарин мавонеъи шинохти ҳақ ва (табъан) бозгашт ба Ислом аст (бо таваҷҷуҳ ба инки шинохти Ислом барои бозгашти ба он зарурӣ аст ва хурофагароӣ монеъ аз шинохти Ислом мешавад) ва дар канори мавонеъи пешин (яъне ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб ва такаббур), нақши бисёр муҳимме дар пайдойиш ва афзоиши мушкилоти мусалмонон (дар ҳавзаҳои мухталиф) доштааст. Ҳар чанд мавонеъи шинохт, мунҳасир дар ин ҳафт маврид нест ва мавориди дигаре низ метавон барои он ёд кард, вале ба назар мерасад ки (ин маворид муҳимтарин ва барҷастатарин мавонеъи шинохт ҳастанд ва) сойири маворид нисбат ба ин маворид, ҷузъитар ҳастанд ва ба содагӣ метавонанд дар зайли онҳо табақабандӣ шаванд (мефармояд «Ба содагӣ» барои онки ба сахтӣ ва бо диққати назар, ҳамин ҳафт мавридро низ метавон дар зайли якдигар ҷой дод ва масалан ҳамаро ба ҷаҳл бозгардонд); Чунонки масалан инҳитоти ахлоқӣ (ба маънои заъфҳо ва разоъиле ки ба ахлоқи инсон марбут мешавад), яке аз бузургтарин мавонеъи шинохт ва авомили боздорандаи мусалмонон аз бозгашт ба Ислом аст ва дар айни ҳол, ба сурати возеҳӣ, ношӣ аз ҷаҳл, дунёгароӣ ва аҳвоъи нафсонӣ аст (яъне инҳитоти ахлоқӣ, аз таркиби ин се омил бо ҳам падид меояд ва лизо бо ислоҳи ин се омил, инҳитоти ахлоқӣ низ ислоҳ мешавад).

Ба ҳар ҳол, ончи мусаллам аст ин аст ки мусалмонон барои шинохти «Қавли аҳсан» (яъне бартарин ақида) ва бозгашт ба дини холис (яъне дине ки Худо ташриъ карда ва ба ғайри он олуда нашудааст), чорае ҷуз пайкор бо ин мавонеъ (ки ҷиҳоди акбар маҳсуб мешавад) надоранд ва лозим аст ки бо таъовуни якдигар, наҳзати фарҳангии густардаеро барои мубориза бо ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ дар ҳамаи мазоҳираш (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар як мазоҳире зикр фармуд), оғоз намоянд ва куллияи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва таблиғии худро бар рӯи он мутамаркиз созанд (ба ин тартиб ки барои рафъи ин мавонеъ сиёсатгузорӣ кунанд ва сармоягузорӣ кунанд ва таблиғот кунанд), то бадинсон замина барои ислоҳи уммат ва таҳаққуқи ормони Ислом, фароҳам гардад (ин ба он маъност ки аз назари ин муслеҳи бузург, ислоҳи уммати Ислом дар гарави рафъи ин ҳафт монеъ шинохтааст ва то ҳангоме ки ин ҳафт монеъи шинохта дар миёни мусалмонон шеваъ дорад умеде ба ислоҳи онон намеравад ва лизо дағдағаи фардӣ ва иҷтимоъии ҳар мусалмон бояд рафъи ин мавонеъи шинохт дар худ ва ҷомеаъаш бошад). Ҳар чанд анҷоми ин кор ба сурати иҷтимоъӣ (яъне берун аз хона ва дар сатҳи ҷомеъа), ба мусоъидати ҳокимони мусалмон (аз тариқи барномарезӣ ва иқдомоти муносиби фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ) ниёз дорад, дар ҳоле ки бештари онон дар ҳоли ҳозир хоъинонанд (яъне ба Ислом пушт кардаанд ва масолеҳи олияи мусалмононро фидои ҳокимияти худ сохтаанд) ва чунин мусоъидатеро анҷом намедиҳанд (балки бо истифода аз аҳрумҳои қудрат ва таблиғоти козиб аз он боз медоранд ва касоне ки барои он фаъолият мекунандро таҳти таъқиб қарор медиҳанд ва дастгир мекунанд; Чунонки имрӯз дар кишварҳое монанди Эрон шоҳид ҳастем ки мусалмонони алоқаманд ба устозунал Мансур ва талошгар барои рафъи мавонеъи шинохт мутобиқ бо раҳнамудҳои ин бузургвор, таҳти таъқиб ва муроқибатҳои шадиди амниятӣ қарор мегиранд ва дастгир мешаванд ва ба додгоҳҳои тафтиши ақойид эҳзор мегарданд ва озорҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ мебинанд ва ҳамчунин, мушоҳида мекунем ки ин ҳокимони хоъини ба Ислом, пойгоҳи дафтари устозунал Мансурро дар Эрон филтер кардаанд то мусалмонони ин кишварро аз огоҳӣ дар бораи Исломи ноб ва ислоҳи ақойид ва аъмоли носозгор бо он боз доранд ва дар ҷаҳлу ғафлат ва таваҳҳум нигоҳ доранд; Чароки мепиндоранд ин ҷаҳлу ғафлат ва таваҳҳум ба суди онҳост ва муҷиби бақоъи низомашон мешавад, дар ҳоле ки иштибоҳ мекунанд; Чароки аввалан дар ин замона дигар наметавон дар дарозмуддат монеъи аз огоҳии мардум шуд ва сониян низоме ки бақоъи он дар гарави ҷаҳлу ғафлат ва таваҳҳуми мардум бошад муҳкам ба нобудӣ аст. Ба ҳар ҳол, ин ҳокимони маст қудрат ва хоъини ба Ислом, монеъ аз наҳзати рафъи мавонеъи шинохт ба сурати иҷтимоъӣ ва фарогир мешаванд); Аз ин рӯ, амалитар он аст ки ин наҳзати ислоҳӣ, (дар чанд кишварҳои баста ва саркӯбгаре) ба сурати фардӣ оғоз шавад (мефармояд «Оғоз шавад» барои инки дер ё зуд бояд ба сурати иҷтимоъӣ ҳам пай гирифта шавад, ҳар чанд бо мубориза ва истиқомат дар баробари ҳокимиятҳо); Ба ин тартиб ки ҳар фарди мусалмон, ба танҳоӣ ё бо ҳамроҳӣ хонавода ва дӯстонаш, ин мавонеъро аз худ дур созад то ҳидояти ӯ ба ҳақ бо муқтазиёти мавҷуд (монанди ҳамин даъват ва раҳнамудҳои устозунал Мансур) имкон ёбад (бо таваҷҷуҳ ба инки ин муқтазиёти ҳидоят, ҳангоме ба ҳидоят мунтаҳӣ мешаванд ки мавонеъи ҳидоят аз пеши онҳо бардошта шаванд ва бо ин васф, ҳар кас мавонеъи ҳидоятро аз вуҷуди худ берун кунад ва сипас дар маърази даъват ва раҳнамудҳои роҳнамоёни Илоҳӣ монанди устозунал Мансур қарор гирад, ҳатман ҳидоят пайдо мекунад ин шоъ Аллоҳ); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُلْ إِنَّمَا أَعِظُكُمْ بِوَاحِدَةٍ ۖ أَنْ تَقُومُوا لِلَّهِ مَثْنَى وَفُرَادَى ثُمَّ تَتَفَكَّرُوا;[1] «Бигӯ шуморо танҳо ба як чиз панд медиҳам: Инки барои Худованд ду нафарӣ ва ба танҳоӣ қиём кунед ва сипас бияндешед» (яъне ба танҳоӣ ё бо ноздиктарин дӯсти худ барои рафъи мавонеъи шинохт иқдом кунед ва сипас дар бораи даъватҳои мухталиф биандешед то беҳтарини онҳоро бишиносед) Ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ;[2] «Эй касоне ки имон овардед! Худатон ва хонаводаятонро аз оташе ки ҳезумаш мардум ва санг аст, боздоред»; (Ин ба маънои он аст ки инсон бояд ҳамон тавр ки ба фикри ҳидоят ва наҷоти маънавии худаш аст, ба фикри ҳидоят ва наҷоти маънавии хонаводааш ҳам бошад ва ҳаргоҳ ҳаққро шинохт, онро ба падару модар ва ҳамсару фарзани худ низ бишиносонад.) Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳидоят аз ҷониби Худованд (ба маънои муқтазии он, чизе нест ки ихтисос ба бархӣ инсонҳо дошта бошад, балки) монанди офтоб бар ҳамаи инсонҳо метобад, вале танҳо касоне аз он баҳра мебаранд ки (монеъи ҳидоятро аз ҷони худ зудудаанд ва) чашмӣ бино ва гушода доранд (чун чашм барои инки дар рӯшанойии офтоб бубинад бояд ҳам бино бошад ва ҳам гушода) ва ҳиҷобҳои муқобили он (монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ) ро канор задаанд. (Худованд ба рағми бадхоҳон ва бадандешон, ин омӯзгори бузур устозунал Мансурро барои уммати Ислом ҳифз фармояд ва ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон тавфиқ диҳад ки аз ин насойҳи арзишманди ӯ истифода кунанд ва мавонеъи шинохтро яке баъд аз дигарӣ аз вуҷуди худ, хонавода ва ҷомеъаяшон бизудоянд ин шоъ Аллоҳ.

و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Сабоъ/ 46.
↑[2] . Таҳрим/ 6.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси сиву севвум инҷоро клик кунед.