Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чаҳорум
Мавзӯъ:

Бедоҳати меъёри шинохт; Ақл

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین)

3. (Хусусияти севвум меъёри шинохт пас аз зарурат ва ваҳдат) Бедоҳати (яъне бадеҳӣ будани) меъёри шинохт (аст. Устозунал Мансур дар табйини ин хусусият мефармояд:) Манзур аз меъёри шинахт чизе аст ки худ ба худ (яъне бидуни кӯмаки чизӣ дигар) шинохта аст ва муҷиби шинохти чизҳои дигар мешавад; Ба ин маъно ки барои шинохти он ба чизи дигаре ниёз нест ва чизҳои дигар ба василаи он шинохта мешаванд (ин маънои бедоҳат аст); Монанди нур ки худ ба худ дида ва муҷиби дидашудани чизҳои дигар мешавад. Ин ба он маъност ки меъёри шинохт, худ ниёзе ба шинохт надорад; Чароки агар худ ниёзе ба шинохт дошта бошад, шинохти он низ худ ба меъёре ниёзманд хоҳад буд ва ин ба маънои тасалсул аст ки имкон надорад (манзур аз «Тасалсул» ин аст ки як чиз барои ба вуҷуд омадан, ба чизи дигаре ниёз дошта бошад ва он чизи дигар ҳам ба ҳамин тартиб барои ба вуҷуд омадан, ба чизи дигаре ниёз дошта бошад ва он чизи дигар ҳам ба ҳамин тартиб ва ин занҷира идома дошта бошад бидуни онки ба чизе хатм шавад ки барои ба вуҷуд омадан, ба чизи дигаре ниёз надошта бошад. Возеҳ аст ки дар чунин вазъияте ба вуҷуд омадани ҳеҷ як аз ин чизҳо, имкон надорад; Мисли инки чанд нафар бихоҳанд аз як утоқ хориҷ шаванд, вале бо ҳам таъоруф доштанд ва ҳеҷ кадом ҳозир ба хориҷ шудан пеш аз дигарӣ набошад. Возеҳ аст ки бо ин ҳисоб ҳеҷ кадомашон аз утоқ хориҷ нахоҳанд шуд, магар онки билъохира як кадомашон даст аз таъоруф бардорад ва аз утоқ хориҷ шавад. Дар робита бо меъёри шинохт ҳам ҳамин тавр аст. Устозунал Мансур мефармояд: Агар меъёри шинохт, худаш ба шинохт ниёз дошта бошад, шинохти он низ худаш ба меъёри шинохт ниёз дорад; Чун фарз ин аст ки шинохт бидуни меъёр мумкин нест ва бо ин васф, ҳеҷ шинохте ҳосил нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, мефармояд:). Шинохтҳои инсон ногузир бояд ба шинохтӣ бадеҳӣ мунтаҳӣ шаванд ки маншаъи ҳамаи шинохтҳо аст ва худ аз шинохте ношӣ нашудааст; Зеро чизе ки худ ниёз ба шинохт дорад, наметавонад меъёри шинохт бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки худ ба меъёри шинохт ниёзманд аст. Бо ин васф, касоне ки чунин чизеро меъёри шинохти худ қарор медиҳанд (мисли касоне ки ривоёти диниро меъёри шинохти худ қарор медиҳанд), набояд ба шинохти худ мутмаъин бошанд (чи бирасад ба инки барои он таъассуб дошта бошанд); Чароки шинахти онон суст ва бепоя аст (бо таваҷҷуҳ ба инки мубтанӣ бар як меъёри бадеҳӣ нест); Монанди касе ки бунёни худро бар рӯи рег сохта ва мумкин аст ҳар замон дар он фурӯ равад (чунин касе набояд ҳеҷ лаҳзае бар ҷони худаш эмин бошад); Ё монанди касе ки Худованд дар бораи ӯ фармудааст: ﴿أَمْ مَنْ أَسَّسَ بُنْيَانَهُ عَلَى شَفَا جُرُفٍ هَارٍ فَانْهَارَ بِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ;[1] «Ё касе ки бунёни худро бар лабаи сусти партгоҳе сохтааст ки ногоҳ дар оташи дӯзах фурӯ равад»! (Худованд чунин касеро ба шиддат маломат карда ва аз инҷо маълум мешавад ки чунин рӯйкардҳоеро қабул надорад ва рад мекунад. Ҳоло суъол ин аст ки билъохира ин меъёри шинох ки ҳам зарури аст ва ҳам воҳид аст ва ҳам бадеҳӣ аст, чист? Ин кадом гавҳари гаронбаҳост ки ҳамаи шинохтҳои инсон ба он боз мегардад ва агар ба он боз нагардад, аслан шинохт нест ва эътиборе надорад? Устозунал Мансур бо қотеъият ва сароҳат ва шуҷоъат ҷавоб медиҳад: Ақл)

Ақл; (аст ки) Меъёри шинохти

(инсон аст ва баъд дар тавзиҳи ин нуктаи бисёр муҳим ва асосӣ мегӯяд:) Инсон ҳайвонӣ мутамойиз аст (манзур аз ҳайвон, ҳар мавҷуди зиндае аст ки ҳаракати маҳсуси иродаӣ дорад, яъне метавонад бо иродаӣ худаш ба суратӣ маҳсус ва қобили мушоҳида ҳаракат кунад ва манзур аз ҳайвони мутамойиз, мавҷуде бо ин хусусият аст ки бо мавҷудоти дигаре аз ин даста тафовут дорад. Аммо суъол инҷост ки тафовут ва тамоюзи ин ҳайвон бо сойири ҳайвонот дар чист? Устозунал Мансур ҷавоб медиҳад:) ва ваҷҳи тамоюзи ӯ неруйе аст ки дар нафси ӯ (яъне зоти ӯ ва вуҷуди ӯ) пинҳон ва ӯро бештар аз ҳар ҳайвони ёфташудаӣ дигаре (чун маълум нест ки ҳами ҳайвонот, ёфта шуда бошанд), қодир ба шинохти суд ва зиёни худ сохтааст то бо дастёбӣ ба суди худ бар бақойи худ биафзояд ва бо дурӣ аз зиёни худ аз заволи худ ҷилавгирӣ кунад (пас маълум мешавад суди ҳар ҳайвон, чизе аст ки бар бақоӣ ӯ меафзояд ва зиёни ҳар ҳайвон, чизе аст ки ба заволи ӯ меанҷомад. Ҳоло ин неруӣ ниҳон ки сабаби шинохти суд ва зиён мешавад чист? Мефармояд:). Ин неруи пӯшида, «Ақл» ном дорад (пас маълум мешавад ки ваҷҳи тамоюзи инсон бо сойири ҳайвонот, ақли ӯст. Баъд барои онки ин воқеъиятро бештар маълум кунад, истиқрое анҷом медиҳад ва ҳамаи қувва ва доштаҳои инсониро баррасӣ мекунад то бубинад оё ваҷҳи тамоюзи дигарӣ барои ӯ нисбат ба сойири ҳайвонот вуҷуд дорад ё на? Мефармояд:). Тардиде нест ки ҷисми инсон, барои бартарии ӯ бар мавҷудоти дигар кофӣ нест; Чароки дар муқоиса бо ҷисми бисёри аз онҳо (мисли шер ва бабр ва фил) нотавонтар ва осебпазиртар аст (лизо як дарандаеро ки бубинад по ба фирор мегузорад) ва бартарии хос ва қобили тувҷиҳе надорад (мефармояд: «Бартарии хос» чун масъалан дум надоштан ва рӯи ду по роҳ рафтан, хосси ӯ нест ва баъзе ҳайвонот ҳам дум надоранд ва дар рӯи ду по роҳ мераванд ва мефармояд: «Бартарии қобили таваҷҷуҳ» чун масалан бартарии рост рост роҳ рафтан, агар бартари барои инсон бошад, қобили таваҷҷуҳ нест). Руҳи ӯ низ ба маънои неруӣ ношинохта (чун моҳияти рӯҳ дақиқан шинохта шуда нест ва Қуръон ҳам дар бораи он фармудааст: ﴿و ما أوتیتم من العلم إلّا قلیلاً. Ба ҳар ҳол, ҳамин қадр маълум аст ки як неруст) ки муҷиби ҳаракат ва рушди ҷисмонии ӯ мешавад, бо руҳи сойири ҳайвонот муштарак аст (чун онҳо ҳам зиндагӣ ва марг доранд ва ин аз вуҷуди руҳ дар онҳо ҳикоят дорад ва аз ин рӯ) ва наметавонад барои бартарии ӯ бар сойири ҳайвонот ки монанди ӯ ҳаракат ва рушди ҷисмонӣ мекунанд, кофӣ бошад. (Аз инҷо маълум мешавад) Танҳо чизе ки дар инсон ҳаст ва дар мавҷудоти дигар ёфт намешавад (яъне он андозаҳ ки дар инсон ёфт мешавад), ақл аст ки тавононйии дарки мафоҳими куллӣ (мисли хубӣ ва бадӣ) ва тадбиқи онҳо бар масодиқи ҷузъиро (мисли хубии ин чизи хос ё бадии он чизи хосро) дорад ва бо кӯшише (яъне кушиши зеҳнӣ) ки «Тафаккур» номида мешавад, аз чизҳое ки мешиносад ба чизҳое ки намешиносад роҳ меёбад (ба ин сурат ки чизҳои маълумро дар канори ҳам мегузорад ва чизҳои маҷҳулро маълум мекунад). Шояд ин неру дар ҳайвоноти дигар низ мавҷуд бошад (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳайвонот ҳам то ҳадде мафоҳими куллӣ ва масодиқи онро дарк мекунанд ва ба андозаӣ худашон, аз ақл бархурдоранд), вале мусалламан дар инсон бештар аст ва ба ҳамин далил, ӯро бар ҳайвоноти дигар мусаллат сохтааст (ин беҳтарин далил бар оқилтар будани инсон нисбат ба сойири ҳайвонот аст. Мефармояд:). Агар ҳайвони дигаре вуҷуд дошт ки бештар аз инсон мефаҳмид (яъне таъаққул мекард ва зеҳни халлоқтар ва илми бештаре дошт), бидуни шак бар инсон тасаллут меёфт ва ӯро дар хидмати худ мегирифт (чун ин неру боъиси султа бар дигарон мешавад), дар ҳоле ки чунин итифоқе наяфдода ва султаи инсон бар ҳайвоноти дигар машҳуд аст (яъне қобили мушоҳида аст ва ба вузуҳ дида мешавад). Ин бартарии инсон танҳо раҳоварди ақли ӯст (яъне натиҷа ва самараӣ ақл ӯст) ва имтиёзи дигаре барои ӯ дида намешавад (чун баррасӣ кардем ва дидем ки ҷисм ва руҳи ӯ бо ҷисм ва руҳи сойири ҳайвонот, баробар аст). Аз ин рӯ, инсоне ки фоқиди ақл аст (яъне девона аст) ё аз ақли худ баҳраи кофӣ намебарад (яъне девона нест, вале монанди девонагон амал мекунад ва фикру суханаш мубтани бар ақл нест), бар сойири ҳайвонот бартарӣ надорад, балки аз онҳо пасттар аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ;[2] «Онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онон гумроҳтаранд; Онон ҳамоно бехабаронанд>>!

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеъият (яъне ин танҳо бартарие ки дар воқеъ барои инсон вуҷуд дорад), танҳо чизе ки метавонад меъёри шинахти инсон бошад «Ақл» аст; Чароки ақл, танҳо абзори шинохти одамӣ аст ва қувваи мудрикаи ҷуз он дар нафси ӯ вуҷуд надорад. Ба иборати дигар, барои ақл ҷойгузине нест ки дар арзи он қарор дошта башад ва битавонад аз он бениёз кунад (яъне инсон дар вуҷуди худаш барои шинохти чизҳо ақл ва як чизи дигар надорад ки агар ақлро канор бигзорад битавонад бо он чизи дигар, ба шинохти чизҳо даст пайдо кунад) ва ин як амри маҳсус ва виҷдонӣ аст (яъне чизе аст ки инсон дар вуҷуди худаш ҳис мекунад ва меёбад). Вонгаҳе (яъне онгоҳ ва илова бар ин) шинохти инсон (яъне аз чизҳои мухталиф) амалан ба василаи ақл анҷом мешавад (яъне дар амал қатъи назар аз инки фикраш дар ин бора чи бошад) ва ризоят ё кароҳати ӯ таъсире бар ин воқеъият надорад (яъне чи ақлро қабул дошта бошад ва онро мӯътабар бидонад ва чи мисли салафиҳо, онро қабул надошта бошад ва аз он бадаш биёяд, дар ҳар ҳол, барои шинохт аз ақл истифода мекунад ва чорае аз ин кор надорад); Чароки ин воқеъият (яъне истифода аз ақл барои шинохт), хислати зотии инсон (яъне хислате ки дар зоти инсон гузошта шуда ва аз ӯ қобили ҷудо шудан нест) ва хилқати Парвардигори Ҳаким аст (мефармояд «Ҳаким» то маълум шавад ки Парвардигор аз рӯи ҳикмат чунин чизеро дар инсон халқ кардааст, на аз рӯи беҳудагӣ ё зулм) ва бо ин авсоф, тағйири он тавассути инсон, мумкин нест (чун гуфта шуд ки хислати зотии ӯст ва хислати зотии ӯ қобили тағйир тавассути худаш нест). Ба ин тартиб, ақл аслитарин ва ибтидоитарин мабнои шинохт аст (яъне асоси ҳамаи шинохтҳо ва аввалин мабнои онҳост) ва ҳар шинохте ки мустақим ё ғайри мустақим ба ақл намеанҷомад, бемаъност (шинохте ки мустақим ба ақл меанҷомад, шинохте аст ки ақл бидуни кӯмак гирифтан аз як абзори хориҷӣ ба даст меоварад мисли ин шинохт ки ду зарби ду масови аст бо чаҳор ё кул аз ҷузъи худаш бузургтар аст ё адолат хуб аст ва зулм бад аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақл инҳоро мустақиллан мефаҳмад ва барои фаҳмашон ба чизи дигаре эҳтиёҷ надорад. Аммо шинохте ки ғайри мустақим ба ақл меанҷомад, шинохте аст ки ақл бо кӯмаки як абзори хориҷӣ мисли шаръ ҳосил мекунад, мисли ин шинохт ки гирифтани рӯза, хуб аст ё ғайбат кардан бад аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақл мустақиллан хубӣ ва бадии чунин корҳоеро дарк намекунад, вале эътибори шаръро мефаҳмад ва аз ин ҷиҳат, ба хубӣ ва бадии корҳо бар асоси амр ва наҳйӣ он, ҳукм мекунад. Бинобарин, ҳамаи шинохтҳои инсон ё мустақилан ба ақл иттико дорад ва ё ғайри мустақим ва бо восита ба ақл бармегардад ва шинохтҳое ки интавр нестанд фақат номашон шинохт аст ва маънои шинохтро надоранд; Лизо мефармояд: «Бемаъно ҳастанд» ва идома медиҳад:). Мабонии дигар, агар вуҷуд дошта бошад (чун баҳс аз сифр шурӯъ шуда ва ҳанӯз маълум нашудааст ки мабнои дигаре, ҳар чанд дар зайли ақл вуҷуд дорад ё на. Ба ҳар ҳол, мабнои дигар ба фарзи онки вуҷуд дошта бошад), худ ба ақл боз мегарданд; Чароки бидуни ақл шинохта намешаванд (бо таваҷҷуҳ ба инки рӯшан шуд, ақл танҳо меъёр ва абзори шинохт дар инсон аст) ва ҷуз барои оқилон коройӣ надоранд (яъне барои афроди девона ва беақл, қобили истифода нестанд); Ҳамчунонки шаръ (бо таваҷҷуҳ ба инки бисёрӣ аз мусалмонҳо шаръро ҷойгузини ақл медонанд), агарчи бисёр судманд аст, худ ба василаи ақл шинохта мешавад (яъне як кофир бо ақли худ, шаръро мешиносад ва мусалмон мешавад) ва танҳо оқилонро мухотаб сохта (бо таваҷҷуҳ ба инки танҳо оқилон метавонанд онро бишиносанд ва ба он амал кунанд) ва масалан фармудааст: ﴿فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ;[3] «Аз Худо битарсед эй соҳибони ақлҳо, бошад ки растгорӣ ёбед» (албоб ҷамъи луб аст ва луб ба ақл мегӯянд ва ба инсони оқил ва хурдманд мегӯянд «Лабиб»; Лизо Худованд дар ин оя аз инсонҳои оқил мехоҳад ва таваққуъ дорад ки аз Ӯ битарсад ва тақво пеша кунанд) Ва фармудааст: ﴿إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآيَاتٍ لِأُولِي الْأَلْبَابِ;[4] «Ҳамоно дар хилқати осмонҳо ва замин ва омаду шуди шабу рӯз, нишонаҳое барои соҳибони ақлҳост» (яъне соҳибони ақлҳо ки аз ақлашон истифода мекунанд, метавонанд табиъатро ки хилқати Худованд аст бишиносад) Ва фармудааст: ﴿إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ;[5] «Танҳо соҳибони ақлҳо панд мегиранд»! (Яъне соҳибони ақлҳо ки аз ақлҳошон истифода мекунанд, метавонанд шариъатро бишиносанд ва ба он амал кунанд. Аз инҷо маълум мешавад ки ҳам шинохти табиъат ва ҳам шинохти шариъат бо ақл мумкин аст. Ончи гуфта шуд, муъаррифии меъёри шинохт буд, аммо қаблан гуфта шуда буд ки меъёри шинохт, се хусусият дорад; Аввал инки зарури аст, дуввум инки воҳид аст ва мутаъаддид нест ва севвум инки бадеҳӣ аст ва худаш ниёзи ба шинохт надорад. Ҳоло суъол ин аст ки оё ақл ин се хусусиятро дорад то меъёри шинохт бошад? Аз ин баҳси охир рӯшан шуд ки хусусияти аввалро дорад; Чун рӯшан шуд ки инсон чи бихоҳад ва чи нахоҳад маҷбур аст аз ақли худ истифода кунад ва истифода аз ақл, хислати зотии ӯст ва ин болотарин ҳадди зарурат аст. Аммо хусусияти дуввум ва севвуми он дар дарси баъди баррасӣ мешавад ин шоъ Аллоҳ.

والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Тавба/109.
↑[2] . Аъроф/179.
↑[3] . Моъида/100.
↑[4] . Оли Имрон/190.
↑[5] . Раъд/19.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси чаҳорум инҷоро клик кунед.