Чоршанбе 24 Апрел 2024 мелодӣ / 15 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси ҳафтум
Мавзӯъ:

Мункирони ҳуҷҷияти ақл; Олимони масеҳӣ ва аҳли ҳадиси мусалмон

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Дар дарси қабл рӯшан шуд ки «Ақл» ҳамаи хусусиёти лозим барои инки меъёри шинохт бошадро дорад; Чароки ҳам «Зарурӣ» аст, ба ин маъно ки аз он чорае нест ва инсон бошад чи бихоҳад ва чи нахоҳад маҷбур ба истеъмоли он аст ва ҳам «Воҳид» аст, ба ин маъно ки миёни ҳамаи инсонҳо муштарак аст ва идрокоти асосии мушобеҳе дорад ва агар инсонҳо ба он мултазим бошанд, ихтилофоташон бартараф мешавад ва ба ваҳдат даст пайдо мекунанд ва ҳам «Бадеҳӣ» аст, ба ин маъно ки ҳуҷҷият ва эътибораш дар ниҳоят возеҳ аст ва ниёзе ба истедлол ва исбот надорад; Чун ҳар истедлол ва исботе бо ақл анҷом мешавад ва ҳуҷҷият ва эътибор, чизе ҷуз маъқул будани нест. Бо ин ҳол, гурӯҳҳое будаанд ки ҳуҷҷият ва эътибори ақлро қабул надоштаанд ва ин воқеъан аҷиб аст! Устозунал Мансур бархӣ аз ин гурӯҳҳоро муаъррифи мекунад ва дар мабҳаси)

Мункирони ҳуҷҷияти ақл

(Мефармояд:) Ҳуҷҷияти ақл ва меъёр будани он барои шинохт, аз масоъили зарурӣ (яъне ғайри ихтиёри ва ғайри қобили инкор) аст ки тардид дар он маъно надорад (чун сафсата аст ва тардид дар як масъалаи бисёр возеҳ аст). Бо ин ҳол, аз дербоз то кунун касоне будаанд ки дар он тардид доштаанд ва ҳтто онро инкор намудаанд (ва аз инҷо фаҳмида мешавад ки ин мавҷуди як сар ва ду гӯш, ҳеҷ ҳақиқатеро дар ҷаҳон боқи нагузошт магар инки дар он тардид кардааст! Ба ҳамин далил, Худованд дар китоби худаш ӯро ﴿ظَلُومًا جَهُولًا [Аҳзоб/72]; Яъне «Ба шиддат золим ва ҷоҳил» дониста ва ҳатто дар як маврид, бар ӯ марг фиристода ва фармудааст: ﴿قُتِلَ الْإِنْسَانُ مَا أَكْفَرَهُ [Абас/17]; Яъне «Марг бар ин инсон ки ин қадр кофир аст»! Тардидҳои золимона ва ҷоҳилонаи худро ба ҷойе расонда ки ба Худои худ ҳам тардид кардааст! Дар ҳоле ки ҳеҷ чиз дар ҷаҳон аз Худо ошкортар нест; Чун ба таъбири устозунал Мансур ҳар чизе дар ҷаҳон бо Худо шинохта мешавад ва шинохти он пеш аз шинохти Худо мумкин нест! Лизо бо таъаҷҷуб фармудааст: ﴿أَفِي اللَّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ [Иброҳим/ 10]; «Яъне оё дар Худо шакке ҳаст ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст?!»; Балки ин мавҷуди шаккок, тардидҳои золимона ва ҷоҳилонаи худро ба ҷойе расонда ки гоҳе ба вуҷуди худаш ҳам тардид кардааст!! Ҳамчунонки бархӣ фирқаҳои ба истилоҳи фалсафӣ, ба ҳама чиз аз ҷумла вуҷуди худашон шак доштаанд ва эҳтимол медодаанд ки шояд вуҷуди худашон ҳам хиёлӣ ва ғайри воқеъӣ бошад!! Ба ҳар ҳол, ин хусусияти аҷибе дар инсон аст ки ба ҳар чизе ҳар чанд бисёр рӯшан ва малмус бошад, шак мекунанд, то ҷойе ки шояд бо тасомуҳ дар таъбир битавон моҳияти ӯро ба ҷои нотиқ будан бо шак таъриф кард ва гуфт: «Инсон ҳайвони шаккоке аст»!! Лизо шумо мебинед ки дар анбиё бо вуҷуди мӯъҷизоти бисёр бузургашон шак карданд ва ба хулафоъи онҳо шак карданд ва ба ҳар илм ва маърифат ва ҳикмате ки оварданд шак карданд! Имрӯз ҳам ба устозунал Мансур бо онки дар ниҳояти матонат ва рӯшанӣ онҳоро ба сӯӣ имом Маҳдӣ алайҳи салом даъват мекунад ва барои зуҳураш ба таври айнӣ ва амалӣ заминасозӣ мекунад ва барои худаш ҳеҷ иддаъое надорад ва намегӯяд ки ман ҳатман мавъуде ҳастам ва ҳеҷ моле аз касе наметалабад ва ҳеҷ беэҳтиромӣ ё зулме ба касе намекунад ва ба ҳеҷ гурӯҳ ва мазҳаб ва давлате вобаста нест ва бар асоси Қуръон ва суннати Пағабар ва ақли солим сухан мегӯяд, шакҳо мекунанд ва бидуни ҳеҷ далили муваҷҷаҳе эҳтимолоти аҷиб ва баъид медиҳанд ва гумонҳои бисёр бад мебаранд! Ин хусусияти инсон аст ва аз ﴿ظلوماً جهولاً будани ӯ бархостааст; Гӯё ки зеҳнаш бо шак омехта шудааст ва ба замин ва осмон ва ҳар чизе ки байни он ду аст шак доранд ва ба сахти итминон пайдо мекунад.

Ба ҳар ҳол, устозунал Мансур муҳимтарин гурӯҳои мункари ҳуҷҷият ва эътибори ақлро ном мебарад ва нахуст ба).

[Олимони Масеҳӣ]

(Ба унвони гурӯҳе берун аз ҷаҳони Ислом ки бояд аз он ибрат гирифт ва аз ташаббуҳ ба он парҳез кард ишора мекунад ва мефармояд:) Ба унвони намуна, олимони масеҳӣ ки қиёдати калисоро (яъне идораи он ва раҳбари ҷаҳони масеҳиятро) бар ӯҳда гирифтаанд, аз ҷумлаи касоне ҳастанд ки ба ҳуҷҷияти ақл бовар надоранд ва онро меъёри шинохт намешуморанд (яъне ҳам дар мақоми ақида, бо таваҷҷуҳ ба инки имонро ғайри ақлӣ медонанд ва ҳам дар мақоми амал, бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ илтизоме ба иқтизоъоти ақлӣ надоранд ва қазоёи мутаноқизро тасдиқ мекунанд). Инон аз садаи чаҳоруми мелодӣ (яъне соли 325 мелодӣ ки шӯрои мавсум ба «Неқия» бо ҳузури даҳҳо исқофи барҷаста ба дастури шоҳ Канстонтин импиротури Рум ба манзури таъйини манзалати Масеҳ баргузор шуд ва ниҳоятан тасвиб кард ки Масеҳ Худои ҳақиқӣ фарзанди Худои ҳақиқӣ аст ва муътақидон ба махлуқ будани ӯро такфир ва лаънат кард ва бунёни ин бидъати бузургро гузошт ки то имрӯз идома ёфтааст. Устозунал Мансур мефармояд: Олимони масеҳӣ аз он замон) то кунун ки бовар ёфтаанд Масеҳ, Худованд аст ва дар айни ҳол, фарзанди Худованд аст, бо ҳуҷҷияти ақл (ба твари амали) видоъ кардаанд; Чароки эътиқод ба Худовандии Масеҳ дар айни фарзандии ӯ барои Худованд, таноқузи ошкор аст ки ба ҳеҷ рӯй назди ақл пазируфта нест (бо таваҷҷу ба инки фарзандии як кас барои худаш, мусталзими иҷтимоъи ду нақиз аст, ба ин маъно ки як кас ду моҳияти мутаноқиз дошта бошад ки дар замони воҳид қобили ҷамъ нест) ва касоне ки чунин эътиқоде (номаъқул) доштаанд наметавонистаанд ба ақл, эътинойе дошта башанд (чун ақл ба чунин эътиқоди маҳоле механдад ва онро тасдиқ намекунад). Онон аз дербоз (яъне қарни чаҳорум ва ҳатто қабл аз он дар қарни дуввуми мелоди ки Тартулион барои нахустин бор эътиқод ба таслисро матраҳ кард) то кунун, бар ин асл пой фишурдаанд ки Худои воҳид (дар айни ваҳдати худ), се шахс аст: Падар, писар ва руҳул қуддус[1] ва ин дуруст ба он мемонад ки бигуяд: Як бо се баробар аст! (Ин табйини устозунал Мансур бисёр равшан ва дақиқ аст ва мизони таноқуз ва маҳол будани ин ақидаро комилан возеҳ мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки олимони масеҳи худро мӯътақид ба тавҳиди Худованд дар айни таслиси Ӯ медонанд ва ба маънои тасовии воҳид бо салос аст!) Тардиде неси ки чунин боваре аз муҳолтарини муҳолҳост (албатта ҳамаи муҳолҳо муҳоланд ва фарқи дар муҳол будан намекунанд, вале бархӣ муҳолҳо муҳол буданашон возеҳтар аст ва бархӣ дигар ба таъаммули бештаре ниёз дорад ва манзури устозунал Мансур аз «Муҳолтарин муҳолҳо» муҳоле аст ки муҳол буданаш возеҳтар аз муҳолҳои дигар аст.) ва ақл наметавонад ваҳдонияти Худованд бо ваҷуди Худовандии падар, писар ва руҳул қуддусро дарк кунад (албатта ин нотавонӣ, бар хилофи тасаввури олимони масеҳи ба хотири заъф ва нуқсони ақл нест, балки ба хотири адами имкони ваҳдонияти Худованд бо вуҷуди Худовандии падар, писар ва руҳул қуддус аст). Илова бар ин, бовар ба пайдоиши Худованд аз худаш (бо таваҷҷуҳ ба инки масеҳиён мӯътақиданд Худованд аз Худованд падид омадааст! Ҳамчунин), табдили Худованд ба инсон (бо таваҷҷуҳ ба инки масеҳиён мӯътақиданд Худованд ба инсон табдил шуда ва дар Масеҳ таҷассум пайдо кардааст! Ҳамчунин), азалияти Масеҳ бо вуҷуди тавалуд аз Марям (бо таваҷҷуҳ ба инки масеҳиён мӯътақиданд Масеҳ аз азал буда ва махлуқ нашуда, вале бо ин ҳол, аз Марям ба дунё омадааст! Ҳамчунин) ва фадо шудани Масеҳ барои бахшоиши гуноҳон (бо таваҷҷуҳ ба инки масеҳиён Масеҳро «Фодӣ» яъне «Фидо шуда» меноманд ва мӯътақиданд ки ӯ худро таслими марг карда ва ба салиб супурда шудааст то гуноҳони гузашта ва ояндаи ҳамаи масеҳиён бахшида шавад ва онҳо битавонанд монанди имрӯз, ҳар ғалате ки мехоҳанд бикунанд ва ба ҳеҷ қайде аз қайди Худованд муқаяд набошанд!) ва боварҳои дигаре аз ин даст, масеҳиятро ба дини мутаноқиз (яъне худ нақйиз ва худ даргир) ва ақлситез табдил сохта аст. Аз ин рӯй, арбоби калисо (яъне моликон ва бузургони он) бовар ёфтаанд ки маъқул будан бари ақида зарурӣ нест; Чароки имон, як мақулаи қалбӣ аст (яъне «Эҳсоси» ва «Завқи» аст. Ин ҳам аз он бозиҳои роиҷ бо алфоз аст ки устозунал Мансур дар идомаи китоб, мабҳаси «Хурофагароӣ» мавриди интиқод қарор медиҳад; Чароки ба назари эшон «Қалб» ба унвони як неруӣ идрок кунанда ва мустақил аз ақл надорад ва чизе ки дар баёни ин ҷамоъат ва амсоли онҳо «Қалб» номида мешавад, чизе ҷуз «Ақли маҳсур дар мавонеъи шинохт» нест! Ба ҳар ҳол, ин олимони масеҳӣ, аз онҷо ки дидаанд ақидаяшон ҳақиқатан ва инсофан маъқул нест ва наметавонад тавҷиҳи ақлони пайдо кунад, сурати масъаларо пок кардаанд ва гуфтаанд: Аслан маъқул будани ақида лозим нест) ва ниёзе ба мутобиқати он бо ақл вуҷуд надорад. (Иллати ин сафсата ҳам ин аст ки) Дар воқеъ аз нигоҳи инон, меъёри шинохт, ақл нест, балки нусуси дини аст (яъне метавон муқаддас) ва аз онҷо ки нусуси динӣ (ва масалан ривоёти масеҳӣ аз инҷил) чунин таноқузотеро таъйид мекунад, эътиқоди ба онҳо зарурӣ аст.[2] (Ман ба ёд дорам ки як бор устозунал Мансур дар ҳоле ки ман ҳамроҳашон будам бо бархӣ усқуфҳои масеҳи аз аҳли Африқо эҳтиҷоҷ фармуд ва онҳоро бо такя бар далоили рӯшани ақлӣ ба вуҷуди таноқуз дар ин ақоъидашон воқиф сохт ва онҳо аз ҳар ҷиҳат хомӯш ва дармонда шуданд, то инки ниҳоятан ин тавр посух доданд ки ҳақ бо шумост ва ин ақоъид маъқул нест, вале воқеъ ин аст ки китоби муқаддас сариҳан бар онҳо далолат дорад ва ҳамин барои мо ба унвони далил кофӣ аст! Эшон фармуд: Бо ин васф, шумо наметавонед аз ақойиди худ дар баробари як ғайри масеҳӣ дифоъ кунед ва маҷбуред ақоӣидатонро барои худатон нигоҳ доред! Онҳо ҳам қабул карданд ва гуфтанд: Ҳақ бо шумост ва мо ҳамин корро мекунем! Ба ҳар ҳол, устозунал Мансур ба ҳамин далил, олимони масеҳиро аз мункирони ҳуҷҷияти ақл мешуморад ва масеҳияти ҷадидро динӣ мутаноқиз ва ғайри қобили қабул медонад. Эшон дар идома, гурӯҳи дигаре аз мункирони ҳуҷҷияти ақлро ном мебаранд ва он)

[Аҳли ҳадиси мусалмон]

(Аст ки як гурӯҳи Исломии пуртарафдор маҳсуб мешавад ва бисёр ҳам аз худрозӣ аст; Чун худашро беайб ва нуқс тасаввур мекунад ва гуроҳои дигарро гумроҳ мешуморад, дар ҳоле ки устозунал Мансур аз гумроҳии худаш парда бармедорад ва ишколоти бисёр бузургеро аз ҳайси мабноӣ бар он ворид медонад. Эшон мефармояд:) Ривоҷи ин рӯйкарди мутаноқиз ва ақлситезона дар ҷавомеъи моддагаро ва таҷрибамеҳвари ғарбӣ аҷиб аст (чун ин ҷавомеъ муддаъии ақлгарое ҳастанд ва моддагароӣ ва таҷрибамеҳвариро авҷи ақлгароӣ мепиндоранд ва ба ҳамин хотир, баъзан мункири олами ғайб ҳастанд ва чизҳои ғайри маҳсусро воқеъи намедонанд, вале бо ин ҳама, аз назари динӣ пайрави масеҳият ҳастанд ки аз мутаноқизтарин, хурофитарин ва номаъқултарин адёни ҷаҳон аст! Лизо устозунал Мансур мефармояд ки ин чизи аҷибе аст.), вале аҷибтар аз он, ривоҷи рӯйкардӣ мушобеҳ дар миёни мусалмонон аст ки масеҳиёнро ба сабаби доштани ин рӯйкард, маломат мекунанд! (Чун аз мусалмонон ки динӣ маъқул ва воқеъгароёна доранд ва масеҳиёнро тобеъи хурофот ва мавҳумот медонанд, чунин рӯйкарди мушобеҳе баъид аст. Аммо кадом гурӯҳ аз мусалмонон, чунин рӯйкарде доштаанд?) Ба таври мушаххас, гурӯҳе аз мусалмонон дар садаи дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ (нимаи дуввуми даврони Умавиён ва садаи аввали даврони Аббосиён), дар зиддият бо гурӯҳҳои монанди мӯътазила (ки дар ҳавзаи ақоъид гаройишҳои ақлӣ доштанд) ва асҳоби раъй (ки дар ҳавзаи аҳком гаройишҳои ақлӣ доштанд) падид омаданд ки монанди масеҳиоён, ҳуҷҷияти ақлро инкор карданд ва бовар ёфтанд ки ақл наметавонад меъёри шинохт бошад. Ба заъми ин гурӯҳ ки (бо таваҷҷуҳ ба шиддат алоқа ва вобастагияшон ба аҳодиси ривоят шуда аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллма) «Аҳли ҳадис» номида шуданд, меъёри шинохт, нусуси динӣ (яъне умдатан аҳодис) аст ва ҳар ақида ё амале ки ривояти воҳид (на лузуман мутавотир) дар таъиди он ваҷуд дошта бошад ҳақ аст, агар чи бар хилофи ақл бошад (бо таваҷҷуҳ ба инки аслан барои ақл нақше дар кори ривоёт қоъил набуданд ва нестанд.). Ин дар ҳоле буд ки аз як сӯ, ривоёти саҳиҳи фаровоне дар бораи ҳуҷҷияти ақл ва лузуми корбурди он (ба сурати мутлақ ва шомили шаръиёт) ба онон расида буд ки амдан бо беэътиноӣ ва эърози онон рӯ ба рӯ шуд[3] (инки мефармояд «Амдан» ба хотири он аст ки аҳли ҳадис аз ин даст ривоёти саҳиҳ ва фаровон бехабар набуданд, вале дар амал ҳеҷ эътиное ба онҳо накарданд ва тавре бархурд карданд ки гӯё ҳеҷ асаре дар Ислом аз чунин ривоёти ақлгароёнае нест!) ва аз сӯи дигар, ба дунболи салтанати Умавиоён (ки шадидан ақлситез буданд ва андешаҳои ғайри ақлонӣ мисли ҷабргароиро тарвиҷ медоданд) ва рақобатҳои сиёсӣ ва мазҳабии се насли нухуст (яъне саҳоба, тобиъин ва атбоъи тобиъин ки аз лиҳози сиёсӣ бар сари хилофат ва аз лиҳози мазҳабӣ бар сари бархӣ ақойид ва аҳкоми Исломи бо ҳам ихтилофоти шадид доштанд.), ривоёти маҷъул ва мутановизи фаровоне (дар ростои таъйиди яке ва радди дигарӣ) дар миёни онон ривоҷ ёфта буд ки бо меъёрҳои худсохтаи онон саҳиҳ менамуд (инки мефармояд «Меъёрҳои худсохтаи онон» ба хотири ин аст ки меъёрҳои аҳли ҳадис барои таъйини сиҳҳат ё адами сиҳҳати як ривоят, умдатан асле дар ақл ва шаръ надорад ва аз ихтироъоти онон пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маҳсуб мешавад. Ба унвони мисол, таъйини васоқат ё адами васоқати як ровӣ, худ бар асоси ривояти як ровии дигар дар бораи ӯ анҷом мешавад ки давраӣ ботил ва тасалсулӣ хандаовар аст; Ҷудо аз онки назари як ровӣ дар бораи як ровии дигар аз лиҳози ақлӣ ва шаръи ҳуҷҷат ва муфиди яқини нест, ба ин маъно ки наметавон масалан адами васоқати яке аз ровиён ба номи Аббон ибни аби Аъёшро бо назари шахсӣ яке дигар аз ровиён ба номи Шӯъбатибни Ҳаҷҷоҷ исбот кард, магар инки адами васоқати ӯ бо далили қатъии ақли ё шаръи исбот шауда бошад; Вагарна назари Шӯъбатибни Ҳаҷҷоҷ дар бораи ӯ ба дарди худаш мехурад ва барои дигарон эътиборе надоштааст. Ровиёни аҳли суннат аз Шӯъбатибни Ҳаҷҷоҷ ривоят кардаанд ки гуфтааст: Агар аз пешоби хар бинӯшам то сероб шавам дар назарам беҳтар аст аз инки аз Аббон ибни аби Аъёш ривоят кунам! Маълум нест ин шахс чи кудурате бо он шахси дигар дошта ки чунин сухани қабеҳро дар бораи ӯ гуфта аст; Чун ривоёти расида аз Аббон, ба наҳве нест ки каззоб будани ӯ то ин андозаро нишон диҳад ва чунин чеҳраи бадеро аз ӯ ироъа кунад! Ҷудои аз онки мумкин аст Аббон ибни абӣ Аъёш ҳам дар бораи Шӯъба ҳамин назар ё бадташро дошта бошад!! Ҳамчунонки ровиёни шиъа аз Фзл ибни Шозон ривоят кардаанд ки дар бораи Муҳаммад ибни Санон чунин назароте доштааст, дар ҳоле ки ривоёти ибни Санон аз чизҳое ки ин шахс ба ӯ нисбат дода, холӣ аст! Бо ин васф, маълум аст ки наметавон бар асоси ин қабил назароти муболиғаомез ва салиқаи, як ровиро сиқа ва як ровиро заъиф донист ва як ривоятро пазируфт ва як ривоятро инкор кард. Чунин тариқае, тарқаи қобили эътимод нест ва имкон надорад ки Худованд моро мукаллаф ба табаъият аз он карда бошад. Ин маърифти бисёр муҳимме аст ки устозунал Мансур бо шуҷоъати махсус ба худ, дар мабҳаси «Ривоҷи ҳадисгароӣ» ба тафсил табйин мефармояд, вале зоҳиран барои аҳли ҳадиси мутаъассиб қобили қабул нест; Чунонки ба унвони намуна, як бор ҷавоне аз Ӯзбакистон ки зоҳиран китоби шарифи ин шахсро мутолиъа карда буд ва ин бахши аз онро ба хотири таъассуб ба аҳли ҳадис, ҳазм накарда буд, бо истебъоди ғарибе ба ман гуфт ки ин бузургвор тавре сӯҳбат кардааст ки гӯё аҳли ҳадис таҳти таъсири ҳокимони Умавӣ будаанд ва аҳодиси ҷаълиро ривоят кардаанд! Гуфтам: Бале, дақиқан ҳаминро фармудааст ва ин воқеъияти талхе буда ки вуҷуд доштааст! Бо ҳолати инкор ва асабоният гуфт: Чи далиле барои ин иддаъо вуҷуд дорад?! Гуфтам: Ин иддаъо возеҳтар аз он аст ки битавон дар он тардид раво дошт; Зеро ҷудо аз Қуръон ва шавоҳиду асноди тарихии фаровон ва машҳур, ин ҳама аҳодиси мутаноқиз дар кутуби аҳли ҳадис ки боъиси ин ҳама ихтилоф миёни мазоҳиби Исломӣ шуда, беҳтарин далил барои ин иддаъост; Бо таваҷҷуҳ ба инки тақрибан ҳеҷ ривоёте аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наёвардаанд магар инки дақиқан нақизи онро низ овардаанд ва ин ба хотири ривоҷи аҳодиси ҷаълӣ ва сохтагӣ дар миёни онон таҳти таъсири авомили мухталиф аз ҷумла ҳукумати Умавиён будааст. Гуфт: Ин аҳодисро аҳли ҳадис наёвардаанд! Гуфтам: Оё эҳтимол медиҳи ки ҷинниён оварда бошанд ва дар кутуби аҳли ҳадис дохил карда бошанд?! Ба ҳар ҳол, рӯшан аст ки то қарни дуввум ва севвум ривоёти маҷъул ва мутаноқизи бисёре дар миёни аҳли ҳадис ривоҷ ёфта буд ки бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои суст ва худсохтаи онҳо саҳиҳ маҳсуб мешуд.). Ин ривоёти маҷъул ва мутаноқиз ки умдатан (яъне дар бисёрӣ аз маворид ё ғолиби маворид) бо ақл мунофот дошт, ононро ба ин бовар расонда буд ки миёни ақл ва шаръ мулозимае вуҷуд надорад, балки шаръ бо ақл мухолиф аст! (Чун ин ривоётро аз як сӯ бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои ихтироъишон саҳиҳ медонистанд ва аз сӯӣ дигар мухолиф бо ақл меёфтанд. Лизо ё бояд даст аз ин ривоёт бармедоштанд ва ё бояд даст аз ақл мешустанд ки онон дуввумиро интихоб карданд!) Аз нигоҳи онон, шаръ ҷойгузини ақл буд (на абзор ё шарики ақл); Ба ин маъно ки бо вуҷуди шаръ ниёзе ба ақл набуд. Аз ин рӯ, ба кор гирии ақл дар фаҳми шаръро бидат шумориданд (чун иддаъо мекарданд ки шаръ чизе ҷуз таъаббуд дар баробари суханони Худованд ва Паёмбараш бидуни ҳеҷ таъаққуле нест ва суханони Худованд ва Паёмбараш фаротар аз ақл аст ва маъқул буданаш зарури нест. Лизо) ва ақлгароёнро ба мухолифат бо нусуси динӣ муттаҳам намуданд (ҳар чанд бархӣ ақлгароён монанди мӯътазила ва аҳли раъй ба таври комил ҳам ақлгаро набуданд ва ба бисёри аз мавонеъи шинохт мубтало буданд ва ба ҳамин далил, мухолифатҳое бо Исломи холис ва комил доштанд, вале ин мухолифатҳо ҳаргиз ба хотири илтизоми онон ба ақл набуд, балки ба хотири мавонеъи шинохте буд ки ба он мубтало буданд; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар фармоиши устозунал Мансур, илтизом ба ақл ҳангоме муфийд ва коромад аст ки бо мавонеъи шинохт ҳамроҳ набошад.). Ба бовари инон, ақл, чи барои шинохти сиҳҳати ривоёт ва чи барои шинохти маънои онҳо, корои надошт (яъне на мешуд сиҳати ривоятро бо ақл ташхис дод ва на мешавад маънои ривоятро бо ақл фаҳмид!) ва ин ба маънои он буд ки як ривояти номаъқул метавонист саҳиҳ бошад (сирфан ба хотири санадаш) ё як ривояти саҳиҳ метавонист маъноӣ номаъқул дошта бошад; Ҳамчунонки масалан ривоёти нишондиҳандае аз вуҷуди ҷиҳат (яъне улув ва болоии ҳақиқи ва моддӣ), ҳаракат (яъне интиқол аз боло ба пойин ва билакс) ва ҷавореҳ (яъне аъзои бадан) барои Худованд, бо онки ба таври қатъи номаъқул буд (чун Худованд ҷисм нест ва имкон надорад сирфан дар як ҷиҳати хос бошад ва пойин ва боло биравад ва даст ва по ва ангушти ҳақиқӣ дошта бошад), саҳиҳ шуморида шуд ва ба ин тартиб, ақойиди мусалмононро ба ақойиди мушрикон наздик сохт! (Чун ин тасвир аз Худованд шабеҳи тасвири бут ки бутпарастон аз ӯ ироъа медоданд ва бар дар ва девори бутхонаҳои худ нақоши мекарданд!) Равшан аст ки ин рӯйкард, дақиқан мушобеҳи рӯйкарде буд ки каме онтарафтар (дар Руми масеҳӣ) дар берун аз ҷаҳони Ислом, олимони масеҳӣ дар пеш гирифта буданд, то бо пофишорӣ (яъне истифодаи қишрӣ ва бидуни таъаллуқ) бар завоҳири нусуси динӣ ва инкори ҳуҷҷати ақл, заминаро барои ривоҷи ақойиди ширкомез фароҳам созанд (бо таваҷҷуҳ ба инки вақте ақлоният дар миёни уммат тазъиф шуд, ақойиди хурофӣ ва ширкӣ ба содагӣ дар миёни он ривоҷ пайдо мекунад; Ҳамон тавр ки ин итифоқ афтод ва пас аз густариши ақлгурезӣ дар миёни мусалмонон, ақойиде дар миёни онон пайдо шуд ки инсонро мутаъаҷҷиб ва мутаъассиф мекунад. Ин дуввумин гуруҳ аз мункирони ҳуҷҷияти ақл буд. Гурӯҳи севвум салафиёни мусалмонанд ки дар иртиботи танготанг бо ҳамин гурӯҳи дуввуманд ва дар дарси баъди ба онҳо мепардозем ин шоъ Аллоҳ.

والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

↑[1] . Нигоҳ кун ба: Маҷмаъул каноисил алшарқия, Қомусул кутубл муқаддас, с 232.
↑[2] . Нигоҳ кун ба: Мамбаи қабли, с 233.
↑[3] . Чунонеки ба унвони намуна, бархи аз ин ривоётро Ибни Абиддунё (д. 281қ) дар китоби Алақлу ва фазлеҳи гирд овардааст.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси ҳафтум инҷоро клик кунед.