Чоршанбе 4 Декабр 2024 мелодӣ / 2 Ҷумода-л-охира 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси дуввум
Мавзӯъ:

Меъёри шинохт; Зарурат ва ваҳдат

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین)

Бахши якум

(Аз ҷаласаҳои чаҳоргонаи китоб)

Бозгашт ба Ислом; Муқаддамот

(аст, яъне муқаддамоти бозгашт ба Ислом ба маънои чизҳое ки пеш аз ҳар чизи дигаре барои бозгашт ба Ислом лозим аст ва бозгашт ба Ислом бидуни онҳо мумкин нест ва онҳо чунонки устозунал Мансур фармудааст ду чиз ҳастанд; Яке меъёри шинох ба маънои милоки он ки шинохти он ва илтизом ба он барои шинохти Ислом зарурӣ аст ва дигарӣ мавонеъи шинохт ки шинохти онҳо ва иҷтиноб аз онҳо барои шинохти Ислом лозим аст. Албатта мумкин аст касе ишкол кунад ки шинохти меъёри шинохт, маъно надорад ё ба таъбире мумкин нест; Чароки ба истилоҳ дур аст; Мисли ин ки гуфта шавад шинохти шинохт, дар ҳоле ки чунин сухане бемаъност; Аммо ин ишкол бо таваҷҷуҳ ба мабоҳиси баъдии китоб ба содагӣ бартараф мешавад; Чун устозунал Мансур дар ин мабоҳис меъёри шинохтро бадеҳӣ ва бениёз аз шинохт мешуморад ва аз инҷо маълум мешавад ки таъбири шинохти меъёр шинохти сирфан тасомуҳ дар таъбир аст ва ночор барои фаҳмондани мақсуд ба кор рафтааст. Аммо)

Муқаддимаи якум; Меъёри шинохт

(устозунал Мансур мефармояд:) Сухан дар бораи меъёри шинохт ба наҳви куллӣ ва табъан меъёри шинохти Ислом ба наҳви ҷузъӣ, муқтазии тақдими чанд муқаддима аст: (Бинобарин, ин чанд муқаддима марбут ба меъёри шинохти ҳар чиз аст ва ихтисосе ба шинохти Ислом надорад, вале табъан шинохти Исломро ҳам шомил мешавад чун табиъатан Ислом ҳам яке аз чизҳост ва мисли соири чизҳо бо меъёри шинохт қобили шинохт аст. Аввалин муқаддима)

1. Зарурати меъёри шинохт

(аст; Ба ин маъно ки меъёри шинохт зарурӣ аст ва барои шинохт лозим аст. Чунонки мефармояд:) Барои шинохти ҳар чизе дар ҷаҳон, ба меъёре ниёз аст ва шинохти Ислом аз ин қоъида мустасно нест (яъне ҳар чанд шинохти Ислом шарифтар ва арзишмандтар аз шинохти чизҳои дигар аст, аз он ҳайс ки шинохта аст фарқе бо соири шинохтҳо намекунад ва мисли онҳо низ ба меъёр яъне милок дорад. Баъд мефармояд:). Манзур аз шинохт, тамйизи як чиз аз чизи дигар аст, монанди тамйизи хуб аз бад, ё ҳақ аз ботил, ё саҳиҳ аз ғалат (аз ин сухани устозунал Мансур маълум мешавад ки шинохт марбут ба олами аздод аст яъне оламе ки чизҳои мутазод дар он вуҷуд дорад ва ба маънои фарқ ниҳодан миёни чизҳост ва маълум аст ки фарқи чизҳо аз ҳам, марбут ба моҳияти онҳост, яъне аз лиҳози моҳияташон бо ҳам тафовут доранд ва моҳият ҳам марбут ба олами мухлуқот аст; Ба ҳамин далил, шинохти Худованд ба таври комил ва тафсилӣ мумкин нест; Чароки Ӯ бар хилофи махлуқоти худ моҳияте надорад ва вуҷуди маҳз аст ва шинохти иҷмолӣ ва маҳдуде ҳам ки аз Ӯ имкон дорад бо лиҳози тазодди сифоти Ӯ бо сифоти ғайри Ӯст; Масалан шинохти Ӯ бо унвони қадим ва азалӣ бо дар назар гирифтани ҳудуси ғайри Ӯ мумкин аст, ё шинохти Ӯ бо унвони алим ва қадим бо дар назар гирифтани ҷаҳл ва заъфи ғайри Ӯ имкон дорад. Аз ин ҷиҳат аст ки дар ривоёте омада, Ӯ махлуқотро офаридааст то шинохта шавад; Лизо шинохти як чиз, ҷуз дарки тамоюзҳо ва тафовутҳои он нисбат ба чизҳои дигар нест ва ба ҳамин далил, Худованд аз он дар китоби худ ба унвони «Фурқон» ёд карда, яъне чизе ки муҷиби фарқ гузоштан байни чизҳо мешавад. Баъд мефармояд:) ва ин ҳангоме мумкин аст ки меъёре (яъне мизон ва милоке) барои тамйиз вуҷуд дошта бошад. Рӯшан аст ки бидуни меъёр, қазоват мумкин нест (яъне мумкин нест инсон бидуни ҳеҷ мизон ва милоке ба мутобиқат ё адами мутобиқати чизе бо чизи дигар илм пайдо кунад. Бинобарин, мақсуд аз қазоват дар инҷо, илм аст на ҳукм кардан. Ҳар чанд шояд ҳукм кардан ҳам бидуни меъёр, мумкин набошад; Чун ҳар ҳукм кунандае ҳар чанд бисёр золим ва ҷоҳил бошад, як меъёри ғалат ва мавҳуме барои худаш дорад, масалан нафъи шахсе ки меъёри қазовати бисёрӣ аз мардум аст. Бо ин ҳисоб, таъбири устозунал Мансур таъбири дақиқе аст ки мефармояд: Бидуни меъёр қазоват мумкин нест; Чун ҳар қазовате аъам аз дуруст ё ғалат ниёз ба як меъёр ҳар чанд ғалат дорад. Баъд мефармояд:) ва агар фарзан (яъне дар фарзе ки қазоват ба маънои ҳукм кардан бошад ва ба ин эътибор ибтидоъан) мумкин бошад низ ҳар касе ба гунае қазоват хоҳад кард (чун ҳар касе табъ ва зоъиқаи мутафовите дорад ва мабнои муштаракӣ бештарашон барои қазоват нест) ва ин худ ниҳоятан қазоватро номумкин хоҳад сохт; Зеро бидуни меъёр, наметавон ташхис дод ки кадом қазоват дуруст ва кадом як нодуруст аст (бинобарин, имкони қазоват бидуни меъёр дар ибтидо, ба адами имкони он дар қадами баъди мунтаҳӣ мешавад. Баъд мефармояд:). Ихтилофи мусалмонон ки мояи заъфи онон ва қуввати душманонашон шудааст, метавонад ношӣ аз фиқдони меъёри шинохт ё адами илтизом ба он бошад (чун маълум шуд ки бидуни шинохти меъёр ва илтизом ба он яъне пойбанд будан ба он, ҳар касе ба гунае қазоват мекунад ва лизо мусалмонон, ҳар мазҳабашон ва ҳар гурӯҳашон ба гунае қазоват мекунанд ва ихтилоф пайдо мешавад ва ихтилоф ҳам боъис мешавад ки вақт ва неруи мусалмонон ба ҷои обод кардани дунё ва охираташон сарфи ҷанг ва ҷидол ва хароб кардани дунё ва охираташон шавад ва душманонашонро бар онҳо мусалат кунад) ва ин ниёз ба меъёри шинохт ва илтизом ба онро беш аз пеш ошкор месозад (ба ин ҷиҳат мефармояд беш аз пеш, чун қаблан ҳам ниёз ба меъёр бо таваҷҷуҳ ба ниёз ба шинохт, ошкор буд ва ниёз ба рафъи ихтилофи мусалмонон, онро ошкортар мекунад. Ин хусусият яъне зарурӣ будани меъёри шинохт, муқаддамаи аввал буд. Аммо муқаддамаи дуввум ки хусусияти дуввуми меъёри шинохт аст).

2. Ваҳдати меъёри шинохт

(аст. Манзур аз ваҳдати меъёри шинохт, воҳид будани он ба маънои яке будани он аст; Яъне меъёри шинохт наметавонад ду чиз ё бештар бошад ва сухан гуфтан аз меъёрҳои шинохт, ғалат аст. Дар ин бора устозунал Мансур мефармояд:)

Ихтилофи мусалмонон, маълули ихтилофи шинохти онҳо аз Ислом аст; Ба ин маъно ки афрод ва гурӯҳҳои мухталифи мусалмон, шинохтҳои мухталифе аз Ислом доранд (чи аз ақойиди Исломи ва чи аз аҳкоми он) ва шинохти дигарон аз онро бар наметобанд (яъне таҳаммул намекунанд; Ба хотири инки шинохти дигарон аз онро ботил тасввур мекунанд ва табиъӣ аст ки натавонанд чизи ботилро таҳаммул кунанд). Рӯшан аст ки раҳоӣ аз ин ихтилоф, бидуни дастёбӣ ба шинохтӣ воҳид мумкин нест (чун то вақте ки чанд қисм шинохт аз Ислом вуҷуд дорад ва ҳар гурӯҳе якеро ҳақ ва дигаронро ботил тасаввур мекунад, наметавон тавақуъ дошт ки ихтилоф вуҷуд надошта бошад, балки ҳамин тасаввур, худаш ихтилоф аст ва ба сурати қаҳрӣ ва табиъӣ, муҷодила ва мунозиъаро муҷиб мешавад.) ва барои дастёбӣ ба шинохтӣ воҳид, ба меъёрӣ воҳид ниёз аст (ин нуктаи бисёр муҳимме аст. Чаро? Ба хотири инки). Меъёрҳои мутаъаддид, шинохтҳои мутаъаддидеро эҷоб мекунанд (бо таваҷҷуҳ ба инки як чиз бо меъёрҳои мутаъаддид ба сурати мутаъаддид шинохта мешаванд ва ҳар меъёре як қисм шинохтеро иқтизо мекунад; Ҳамчунонки мумкин аст ҳар кас ба як меъёр иттико кунад; Чун иттико ба меъёрҳои мутаъаддид дар як замон мумкин нест ва аз тавони инсон хориҷ аст.) ва шинохтҳои мутаъаддид, ихтилофро ба вуҷуд меоваранд (чунонки рӯшан шуд) ва ихтилоф барои мусалмонон хуб нест (ин таъбири устозунал Мансур таъбири аҷибе аст; Чун аз як тараф бисёр сода аст ва аз тарафи дигар бисёр саҳиҳ ва пурмаъност; Бо таваҷҷуҳ ба инки иддае тасаввур мекунанд ва интавр ҷилва медиҳанд ки ихтилоф миёни мусалмонон табиъӣ аст ва ишколе надорад ва лизо талош барои рафъи он бефоида аст, дар ҳоле ки ҳар балое бар сари мусалмонон омада, аз ҳамин ихтилофи табиъӣ ва бидуни ишкол аст! Чи тавр мумкин аст маншаъи ҳамаи бадбахтиҳои умматро табиъӣ ва бидуни ишкол донист?! Маълум аст ки наметавон, вале инҳо мисли шайтон онро зинат медиҳанд ва табиъӣ ва бидуни ишкол муъаррифӣ мекунанд то коре барои рафъаш анҷом нашавад. Дар муқобили ин идда аст ки устозунал Мансур ҳукм содир мекунад ва мефармояд: Ихтилоф барои мусалмонон хуб нест); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا;[1] «Ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг дар занед ва мутафарриқ нашавед» Ва ин низ гувоҳӣ бар он аст ки ресмони Худованд, воҳид аст; Чароки агар мутаъаддид буд, чанг задан ба он муҷиби иттиҳод намешуд, балки худ омили тафриқа буд (ҳам ба ин хотир ки тамассук ба мутаъаддид боъиси ваҳдат намешуд, балки боъиси таъаддуд мешуд ва ҳам ба ин хотир ки Худованд ҳабл ва ресмони худро ба сурати муфрад зикр кардааст на ба сурати ҷамъ ва ин далолат бар ваҳдати он дорад)!

Ба илова, бояд таваҷҷуҳ дошт ки ҳақ, моҳиятӣ (яъне айният ва хусусиятӣ) воҳид ва ғайри қобили такассур (яъне ғайри қобили афзойиш) дорад; Зеро дар ҳақиқати худ (вақте ҷудо аз ҳамаи эътиборот дар назар гирифта мешавад), чизе ҷуз вуҷуд нест (манзури устозунал Мансур ин аст ки ҳақ, вақте комилан урён ва бараҳна ва берун аз ановини мухталиф дар назар гирифта мешавад, сирфан вуҷуд аст ки дар баробари адам қарор мегирад; Ҳамчунонки ботил, вақте худ аз ановини мухталиф дар назар гирифта мешавад, сирфан адам ба маънои адами ҳақ аст; Масалан адолат ки ҳақ дониста мешавад як чизе аст ки ҳақиқатан дар олами воқеъи вуҷуд дорад, вале зулм ки ботил дониста мешавад чизе ҷуз тарки адолат ва адами он нест; Монанди гармо ки воқеъан дар фазо вуҷуд дорад ва сармо ки воқеъан вуҷуд надорад, балки ҳамон фиқдони гармост. Бинобарин, ботил як вуҷуди мавҳум ва хиёлӣ дорад, дар ҳоле ки ҳақ, воқеъӣ аст. Як мисоли дигар бигӯйем ки рӯшантар бишавад; Вақте мушрикон мегуфтанд Лот ва Ҳубал, Худо ҳастанд, суханашон ба ин хотир ботил маҳсуб мешуд ки Лот ва Ҳубал, воқеъан Худо набуданд ва Худойии онҳо ба наҳве ки мушрикон барояшон таваҳҳум мекарданд, вуҷуд надошт, дар ҳоле ки вақте мусалмонон мегӯянд: Худо яке аст, ба ин хотир суханашон ҳақ аст ки ягонагии Худо воқеъан вуҷуд дорад ва як ҳақиқати айни аст. Манзури устозунал Мансур аз инки ҳақ, дар ҳақиқати худ ҷуз вуҷуд нест ҳамин аст ва баъд дар тавсифи вуҷуд мефармояд) ки зотӣ басит (яъне ғайри қобили таҷзия) ва ғайри қобили таъаддуд дорад (ва ин хусусияти вуҷуд аст; Яъне вуҷуд агар чи ба моҳиятҳои мутаъаддиде дар олам таъаллуқ бигирад, яке аст ва мутаъаддид намешавад; Масалан вуҷуди инсон ва вуҷуди асб ва вуҷуди шер ва вуҷуди дарахт ва вуҷуди санг, аз ҳайси вуҷуд будан фарқе надорад ва бо тафовути моҳиятҳое ки ба онҳо нисбат дода мешавад, мутафовит намешавад; Чунонки мегӯянд инсон вуҷуд дорад ва асб вуҷуд дорад ва дарахт вуҷуд дорад ва ҳамаи ин маворид, як маъноро аз вуҷуд бардошт мекунанд; Чароки танҳо як қисм вуҷуд дар олам ҳаст ва чанд қисм вуҷуд дар он пайдо намешавад.) ва ин мусталзими ваҳдати шинахти он (яъне вуҷуд шинохти ҳақ) ва табъан ваҳдати меъёри шинохти он аст (яъне бо таваҷҷуҳ ба инки ҳақ чизе ҷуз вуҷуд нест ва вуҷуд воқеъан яке аст, ҳақ ҳам лузуман яке мешавад ва вақте лузуман яке шуд, лузуман як тавр шинохта мешавад ва мумкин нест чанд тавр шинохта шавад ва бо ин ҳисоб, ба як меъёри шинохт эҳтиёҷ дорад; Чун шинохти воҳид, бо меъёри воҳид пайдо мешавад ва чанд меъёр, чанд шинохтро эҷоб мекунанд. Ин манзури устозунал Мансур аз ин чанд калима буд. Бо ин ҳол, эшон барои табйини бештари ин нуктаи муҳим, ба шеваҳои дигаре сухан мегӯяд ва мефармояд:). Ба иборати дигар, ҳақ таквин ё ташриъи Худованд аст ки аз ваҳдати зотии Ӯ нашъат гирифтааст ва аз ин рӯ, дар он ихтилофе вуҷуд надорад ва наметавон онро мухталиф ёфт (чароки рӯшан шуд чизе ҷуз вуҷуд нест ва вуҷуд ё ҳақиқӣ ва табиъӣ аст мисли махлуқоти Худованд ва ё қонунӣ ва иншоъӣ аст мисли шаройеъи Худованд ки дар ҳар ду сурат, аз он ҳайс ки вуҷуд аст аз ба вуҷуд овардае пайдо шудааст, дар ҳоле ки ба вуҷуд оварда яъне Худованд яке аст ва таъаддуд надорад; Лизо ҳақ ҳам ки аз Ӯ пайдо шудааст, яке мешавад ва мумкин нест таъаддуд ва тафовут пайдо кунад; Чароки таъаддуд ва тафовут дар афъоли Худованд имкон надорад); Чунонки Худованд дар бораи таквини худ фармудааст: ﴿مَا تَرَى فِي خَلْقِ الرَّحْمَنِ مِنْ تَفَاوُتٍ;[2] «Дар хилқати Худованд ҳеҷ тафовуте намебинӣ» Ва дар бораи ташриъи худ фармудааст: ﴿وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا;[3] «Ва агар он аз назди ғайри Худованд буд, ҳатман дар он ихтилофи бисёре меёфтанд» (ва дар ҷои дигар, илова бар ин ду ояи шарифа, ба ин ояи шарифа истинод мефармояд ки фармудааст: «و ما أمرنا إلّا واحدة»; яъне «Кори мо ҷуз яке нест» ба ин маъно ки таъаддуд дар он имкон надорад; Лизо устозунал Мансур ин тавр ҷамъбандӣ ва натиҷагирӣ мекунад ва мефармояд). Бинобарин, ҳақ чи таквини Худованд бошад ва чи ташриъи Ӯ, вуҷудӣ воҳид ва ғайри қобили таъаддуд дорад ки ҳар чизе ҷуз он ботил шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَمَاذَا بَعْدَ الْحَقِّ إِلَّا الضَّلَالُ;[4] <<Пас чист баъд аз ҳақ ҷуз гумроҳӣ?!» (ин ба он маъност ки бар хилофи тасаввури бархӣ, баъд аз ҳақ чизи дигаре ба унвони ҳақи камтар вуҷуд надорад ва ҳақ дороӣ чунин маротибе нест; Лизо мефармояд:).

Хулоса онки ҳақ, воҳид аст; Чароки маншаъи воҳиде дорад ва воҳид, шинохти воҳидеро иқтизо мекунад ва шинохти воҳид, меъёри воҳидеро ниёз дорад (ин хулосаи ин бахш буд, аммо бахши баъдӣ дар бораи касоне аст ки дар тӯли тарих, чи қабл аз Ислом ва чи баъд аз он ва чи дар миёни мусалмонон ва чи дар миёни дигарон, яке будани ҳақ ва яке будани меъёри шинохти онро инкор кардаанд.

والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Оли имрон/103.
↑[2] . Мулк/3.
↑[3] . Нисоъ/82.
↑[4] . Юнус/32.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси дуввум инҷоро клик кунед.