Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси понздаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз пешиниён (1)

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Дуввумин монеъи бузурги шинохт ки устозунал Мансур пас аз умулмавонеъи ҷаҳл мавзуъи баҳс қарор медиҳад, «Тақлид» аст ва ин бахше аст ки ҳассосиятҳо ва чолишҳои фаровонеро дар бархӣ кишварҳои Исломӣ барангехтааст; Чароки мутаъассифона аксарияти қотеъи мусалмонони ҷаҳон чи аз миёни аҳли ташаюъ ва чи аз миёни аҳли суннат, муқаллиданд; Яъне аз як ғайри маъсум тақлид мекунанд ва ба ҳамин далил, ин баҳсро бо нигаронии фавқулода пай мегиранд; Балки дар баробари он сангар мегиранд, тавре ки гӯйӣ пойгоҳи марказияташон мавриди ҳамла қарор гирифтааст! Дар ҳоле ки пойгоҳашон мавриди ҳамла қарор нагирифтааст, балки айбе аз айбҳошон тавассути олими хайрхоҳ тазаккур дода шудааст; Айбе ки агар онро бартараф кунанд ба суди худашон аст ва агар онро бартараф накунанд ба зиёни худашон аст ва барои устозунал Мансур суд ва зараре надорад. Ба ҳар ҳол, ин бузургвор дар дуввумин гом аз муъаррифии мавонеъи ҳафтгонаи шинохт, таҳти унвони)

2. Тақлид

(мефармояд:) Чунонки (дар хилоли мабҳаси ҷаҳл, ҷойе ки авом ва мутаъаллимонро гирифтори тақлид донист) рӯшан шуд, яке дигар аз мавонеъи шинохт (ки ақлро аз шинохти ҳақ боз медорад), «Тақлид» аст (аммо ин «Тақлид» ки дар мактаби устозунал Мансур монеъи шинохти ҳақ шумурда мешавад дақиқан чист ва чи таърифе дорад? Посух ба ин суъол бисёр муҳим аст ва аз бисёри шубҳаҳо ва суъи бардоштҳои баъди пешгирӣ мекунад ва ба ҳамин далил, бидуни даранг ва дар ҳамин ибтидои баҳс мефармояд:) ва он (яъне «Тақлид»), пайравӣ аз гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст (яъне инки бар асоси гуфта ё кардаи дигаре ба чизе ақида пайдо кунӣ ё амал кунӣ бидуни инки шахсан барои он ақида ё амал, далиле аз ақл ё шаръ дошта бошӣ. Аз инҷо дониста мешавад ки агар касе ақида ва амалеро бо далиле аз ақл ва шаръ барои мо исбот кунад ва мо ба ин далил, он ақида ва амалро қабул кунем, аз ӯ тақлид накардаем; Чароки тақлид, пайравӣ аз гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст на бо далил. Ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки бояд мавриди тавҷиҳ қарор гирад; Чароки бархӣ афроди бедиққат ва бетаваҷҷуҳ ё муғриз ва сафсатагар мегуянд ки агар ба назари ин бузургвор тақлид мутлақан ҷойиз нест, пас пайравӣ аз гуфтаи эшон дар ин китоб низ ҷойиз нест, дар ҳоле ки ин бузургвор дар ин китоб фатво надода, балки истедлол кардааст ва пайравӣ аз гуфтаи эшон дар ин китоб, бидуни далил нест то тақлид аз эшон шумурда шавад, балки ба далили бароҳини қотеъи эшон аз Қуръон ва суннат ва ақл аст ки ҳамаи сафаҳоти ин китобро пур кардааст. Табъан ҳар каси дигаре ҳам суханӣ бо далил бигӯяд, мо аз сухани ӯ пайравӣ мекунем; Чароки мо тобеъи далил ҳастем на тобеъи ашхос ва ин тариқате аст ки Ислом ба мо омухтааст.

Аммо масъалаи дигар баъд аз таърифи тақлид, ақсоми он аст ки устозунал Мансур табйин мекунад ва мефармояд) ки дар панҷ гуна, (миёни мусалмонон) ривоҷ ёфтааст:

[Якум; Тақлид аз пешиниён]

Яке аз гунаҳои ривоҷи тақлид (дар миёни мусалмонон, балки умуми инсонҳо), пайравӣ аз гуфта (яъне раъй, фатво, ақида) ва кардаи (яъне равиш, рӯйкард ва суннати) пешиниён (яъне гузаштагон) аст; Чунонки Худованд (дар баёни ривоҷи ин навъи аз тақлид) фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ;[1] «Ва бадин сон пеш аз ту дар ҳеҷ сарзамине бимдиҳандаеро нафиристодем магар онки бархурдоронаш гуфтанд: Мо падарони худро бар ойине ёфтем ва дар паӣ онон равонем» (ин сухани Худованд нишон медиҳад ки тақлид аз гузаштагон дар ҳамаи сарзаминҳо ва ақвоми гузашта ривоҷ доштааст; Чун мефармояд дар ҳеҷ сарзамине бимдиҳандае нафиристодем магар инки дар баробабри он тақлид аз гузаштагон матраҳ шуд)! Ин (тақлид) аз он рӯст ки бисёрӣ мепиндоранд гуфта ва кардаи пешиниёнашон, лузуман (яъне ҳатман ва бидуни ниёз ба тамйиз ва баррасӣ) аз гуфта ва кардаи онон дурусттар аст (тавре ки гӯё гуфта ва кардаи гузаштагон, худ меъёре барои шинохт аст ва ташаббуҳ ба онҳо зотан матлуб шумурда мешавад); Дар ҳоле ки ин пиндор, таваҳҳумӣ (ройиҷ аммо беасоси) беш нест ва бунёде бар ақл (ки меъёри шинохт аст) надорад; Чароки бидуни шак (бо таваҷҷуҳ ба ҳукми қатъии ақл ва ҳис), дурусттар будан ё набудани гуфта ва кардаи одамӣ, (чи нафъан ва чи исботан) аз замони таваллуди ӯ табаъият намекунад (яъне ин тавр нест ки ҳар кас зудтар ба дунё омада, гуфта ва кардаи дурусттар ва ҳар кас дертар ба дунё омада, гуфта ва кардаи нодурусттаре дорад; Чунонки хилофи он ба вузуҳ дар миёни мардум мушоҳида мешавад ки ҷавононӣ олам ва мутаъаҳҳид ва пиронӣ ҷоҳил ва фосиқ вуҷуд доранд), бал тобеъи мутобиқати бештар ё камтари он бо ақл аст (чун меъёри шинохт, ақл аст ва ин мусталзими он аст ки дурусттар будан ва набудаи ҳар чиз бар асоси он шинохта шавад) ки мулозимае бо тақаддум ё таъаххури вуҷуди одамӣ надорад (чун мумкин аст гуфта ва кардаи касе ки мутаъаххир аст маъқултар аз гуфта ва кардаи касе бошад ки мутақаддим аст ва ин воқеъиятӣ маҳсус ва виҷдонӣ аст); Ҳамчунонки баҳсе дар нодурустии бисёрӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои пешиниён нест (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳеҷ кас муддаъӣ нашуда ки ҳамаи гуфтаҳо ва кардаҳои гузаштагон дуруст будааст), балки Худованд (натанҳо ҳамаи гуфтаҳо ва кардаҳои ононро дуруст ндониста) бештари ононро дар гумроҳӣ ва табоҳӣ шуморида ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَكْثَرُ الْأَوَّلِينَ;[2] «Ва ба дурустӣ ки пеш аз онон, бештари пешиниён гумроҳ шуданд» Ва фармудааст: ﴿أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ;[3] «Оё пешиниёнро табоҳ накардем?!». Ин (далили ақлӣ ва шаръӣ) ба он маъност ки пайравӣ аз пешиниён ба эътибори тақадуми замонии онон (яъне бо ин мантиқ ки онон пештар аз мо будаанд ва табъан дурусттар аз мо гуфтаанд ва амал кардаанд), бар хилофи усули (эътиқодии) Ислом (монанди лузуми пайравӣ аз ҳақ ба ҷойи ашхос), балки заруриёти он аст; (Дар инҷо устозунал Мансур тақлид аз гузаштагонро бар хилофи заруриёти Ислом мешуморад ва табъан ин суъол пеш меояд ки зарурии Исломи чист; Бо таваҷҷуҳ ба инки мухолифат бо зарурии Исломи метавонад муҷиби хуруҷ аз Ислом шавад. Лизо дар посухи ин суъол муқаддар мефармояд:) Бино бар инки зарурии Ислом ҳар чизе аст ки аз сареҳи каломи Худованд дар китобаш дониста мешавад (бинобарин, дар назари устозунал Мансур, ҳар ақида ва ҳукме ки бидуни такаллуф аз сариҳи муҳкамоти Қуръон дониста мешавад зарурии Исломи аст, монанди хатми набувват ва ҷисмонияти маъод ва вуҷуби намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва закот ва ҷиҳод ки сариҳан дар Қуръон омадааст, вале ақида ва ҳукме ки сариҳан дар Қуръон наёмадааст агарчи дар суннат омада бошад, зарурии Исломи нест) ва адами лузуми пайравӣ аз пешиниён, бидуни шак аз қабили он (яъне аз ҷумлаи заруриёти Исломи) аст; Чароки Худованд сариҳан дар китобаш фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۗ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ;[4] «Ва чун ба онон гуфта шавад ки аз ончи Худо нозил кард, пайравӣ кунед, гӯянд: Бал аз чизе пайравӣ мекунем ки падаронамонро бар он ёфтем! Оё агар чи падаронашон чизеро ба ақл дарнамеёфтанд ва бар ҳидоят набуданд?!» (ин ояи шарифа ба маънои он аст ки меъёри шинохт аз назари Ислом, ақл ва ҳидоят аст на чизе ки гузаштагон бар он будаанд) ва фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَى مَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ قَالُوا حَسْبُنَا مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۚ أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ;[5] «Ва чун ба онон гуфта шавад: Ба сӯӣ чизе биёйед ки Худо нозил кард ва ба сӯӣ Паёмбар, гӯянд: Чизе ки падаронамонро бар он ёфтем бароямон басанда аст! Оё агарчи падаронашон чизеро намедонистанд ва роҳ намеёфтанд?!» (бубинед ки Худованд читавр бо ин тафаккури ғалат мубориза мекунад!) Ва фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا ۚ أَوَلَوْ كَانَ الشَّيْطَانُ يَدْعُوهُمْ إِلَى عَذَابِ السَّعِيرِ;[6] «Ва чун ба онон гуфта шавад: Аз чизе ки Худо нозил кард пайравӣ кунед, гӯянд: Бал аз чизе пайрави мекунем ки падаронамонро бар он ёфтаем! Оё агар чи шайтон ононро ба сӯӣ азоби сӯзон даъват мекард?!» (маълум мешавад ки ояндагон на танҳо набояд аз гузаштагони худ тақлид кунанд, балки бояд иштибоҳоти онҳоро низ бишиносанд ва ҳазар кунанд) Ва фармудааст: ﴿وَإِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً قَالُوا وَجَدْنَا عَلَيْهَا آبَاءَنَا وَاللَّهُ أَمَرَنَا بِهَا ۗ قُلْ إِنَّ اللَّهَ لَا يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ ۖ أَتَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ;[7] «Ва чун кори зиште мекунанд мегӯянд: Падаронамонро бар он ёфтем ва Худованд моро ба он амр кардааст! Бигӯ бегумон Худованд ба кори зишт амр намекунад, пас оё бар Худованд чизе мегӯйед ки ба он илме надоред?!». Бо ин васф (яъне бо таваҷҷуҳ ба сароҳати суханони Худованд дар ин бора, афзун бар иқтизоъоти ақлӣ), рӯшан аст ки эътиқод ба лузуми пайравӣ аз пешиниён (бо онки мутаъассифона бо тавҷиҳотӣ воҳӣ дар байни мусалмонон хусусан салафиён ривоҷ пайдо кардааст), асле дар Ислом надорад ва аз ақойиди мушрикон аст (ки ба миёни мусалмонон рихна карда ё аз ҷоҳилият барояшон боқи мондааст. Аммо суъол ин аст ки тақлид аз пешиниён, дақиқан чаро ва чигуна монеъ аз шинохти ҳақ мешавад? Мефармояд:) ва аз ин ҳайс монеъи шинохт (ҳақ) шуморида мешавад ки аҳли он (яъне муқаллидони пешиноён), ҳақро дар сурате ки бар хилофи гуфтаҳо ё кардаҳои пешиниён бошад (ҳар чанд мувофиқ бо шаръ бошад), ботил мепиндоранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба заъмашон, он агар ҳақ буд, бар пешиниён пӯшида намемонд (балки ба тариқи авлое барои онон ошкор буд) ва ҳар чи бар пешиниён пӯшида монда, бидъат аст (яъне ақида ё амале аст ки ибтидо дар Ислом набуда ва баъдан аз хориҷи Ислом ба вуҷуд омадааст); Чунонки Худованд аз сухани онон (яъне муқаллидони салаф) хабар дода ва фармудааст: ﴿مَا سَمِعْنَا بِهَذَا فِي الْمِلَّةِ الْآخِرَةِ إِنْ هَذَا إِلَّا اخْتِلَاقٌ;[8] «Мо инро дар киши пеш, нашунидаем! Ин чизе ҷуз барсохтагӣ нест»! (Яъне ҳар чизе ки аз салаф нашунидаандро бидъат мепиндоранд ва инкор мекунанд. Ҳосил онки салафигароӣ инҳирофе аз масири Ислом аст ва аз рӯйкардҳои мушрикон маҳсуб мешавад ки алорағми таълими Ислом, ба миёни мусалмонон роҳ ёфтааст

Дар инҷо устозунал Мансур назар ба аҳаммияти ин мавзӯъ ва таъсири амиқи он бар рӯӣ мусалмонон, суханро дар боби он тафсил медиҳад ва далоили бисёр муҳкаме аз ақл ва шаръро барои исботи адами вуҷуби пайравӣ аз салаф иқома мекунад ва шубаҳоти салафиёнро бартараф менамояд. Эшон дар баёни)

[Адами лузуми пайравӣ аз пешиниён]

(мефармояд:) Аз инҷо (яъне далоили ақлӣ ва Қуръонии мазкур барои адами ҳуҷҷияти гуфтаҳо ва кардаҳои пешиниён) нодурустии рӯйкарди салафиён (яъне мусалмононе ки аз мусалмонони нахустин тақлид мекунанд на сирфан ин гурӯҳи хос ки салафи номида мешаванд) ки ба лузуми пайравӣ аз пешиниён (яъне се насли нахустини Исломӣ аз саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин) бовар доранд, рӯшан мешавад; Чароки пайравӣ аз пешиниён (яъне салаф, ё ба эътибори пайравии онон аз ақл аст, чунонки масалан абу Ҳанифа ва соири асҳоби раъй аз ақл пайравӣ мекарданд ё ба эътибори пайравии онон аз шаръ аст, чунонки масалан Молик ибни Анас ва соири аҳли ҳадис бинои бар пайравӣ аз нусуси шаръ доштанд), (ҳол) агар ба эътибори пайравӣ онон аз ақл аст, ақл барои пасиниён низ вуҷуд дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи уқало аз ин неъмати Худованд баҳраманданд) ва бо вуҷиди он, пайравӣ аз пешиниён бемаъност (чароки дар неруӣ таъаққул миёни пешиниён ва пасиниён тафовуте нест) ва агар ба эътибори пайравӣ онон аз шаръ аст, шаръ барои пасиниён низ вуҷуд дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки манобеъи аслӣ ва яқинии он боқӣ монда ва қобили муроҷиъаи мустақим барои ҳамаи мусалмонон аст; Чунонки дар идомаи китоб рӯшан мешавад) ва бо вуҷуди он, пайравӣ аз он сазовортар аз пешиниён аст (чароки пайравӣ аз он муҷиби яқин мешавад ва пайравӣ аз пешиниён муҷиби занн ва пайравӣ аз яқин сазовортар аз пайравӣ аз занн аст); Балки пайравӣ аз пешиниён ба эътибори пайравӣ онон аз ақл ва шаръ, корӣ мутаноқиз ва беманост; Чароки пайравӣ аз пешиниён дар сурати пайравӣ онон аз ақл ва шаръ, мусталзами пайравӣ аз ақл ва шаръ аст на аз пешиниён (бинобарин, пайравӣ аз пешиниён бо пайравӣ аз пешиниён таноқуз дорад ва ба ҳамин далил ҳам бемаъност; Чароки пайравӣ аз пешиниён дар айни адами пайравӣ аз пешиниён мафҳум нест); Бо таваҷҷуҳ ба инки пешиниён, бино бар фарз, аз ақл ва шаръ пайравӣ кардаанд на аз пешиниён ва бо ин васф, пайравӣ аз пешиниён, муқтазии адами пайравӣ аз пешиниён аст! (Ҳосил онки салаф аз салаф тақлид накарданд, балки кӯшиданд аз ақл ва шаръ пайравӣ кунанд ва бо ин васф, касе ҳақиқатан пайрави салаф аст ки монанди салаф пайрави ақл ва шаръ бошад на пайрави салаф. Аммо дар ин бора шубаҳоте барои салафигароён вуҷуд дорад ки устозунал Мансур онҳоро барраси ва нақд мекунад. Эшон мефармояд:)

Бале, (дар як сурат, пайравӣ аз пешиниён метавонад тавҷиҳ пазир бошад;) дар сурате ки пешиниён (масалан саҳоба, тобеъин ва атбоъи тобеъин), ба иқтизои наздиктар буданашон ба мабдаи шаръ (яъне асри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), лузуман (яъне ҳатман ва умуман) аз (ақойид ва аҳкоми) шаръ огоҳтар буда бошанд, (чароки дар ин сурат,) пайравӣ аз онон ба умеди наздиктар шудан ба пайравӣ аз (ақойид ва аҳкоми) шаръ, холӣ аз ваҷҳ нест (мефармояд холи аз ваҷҳ нест, ба хотири инки дар сурати огоҳтар будани онон аз ақойид ва аҳкоми шаръ низ ваҷҳи дигаре вуҷуд дорад ки дар идома табйин мефармояд), вале ин ҳолат (яъне огоҳтар будани ҳамаи гузаштагон аз ҳамаи шаръ ба иқтизои наздиктар буданашон ба мабдаъи шаръ), қатъӣ ба назар намерасад (балки заннӣ аст ва ба ҳамин далил, наметавон ба он иттико кард; Бо таваҷҷуҳ ба инки занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад. Аммо ба чи далил, заннӣ аст?); Чароки (сирф) наздиктар будани онон ба мабдаъи шаръ (аз лиҳози замонӣ), мусталзами огоҳтар будани онон аз шаръ нест (ҳамчунонки бисёрӣ аз муъосирони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аслан Ислом наёварданд ва ба душманӣ бо шаръ пардохтанд ва бисёрӣ дигар мунофиқ буданд ва бисёрӣ ҳам аъробиҳо ва боденишинони ҷоҳил буданд), балки шояд (ба ҳайси як эҳтимоли ақлӣ) аз ҷиҳате, (наздиктар будан ба мабдаъи шаръ) мусталзами хилофи он (яъне огоҳии камтар аз шаръ) бошад (ин баён як эҳтимоли ақлӣ дар мақоми баррасии ҳамаи эҳтимолоти масолеҳ аст ва ин фоидаро дорад ки вақте ақлан вуҷуд пайдо кард, лузуман пайравӣ аз салафро махдуш мекунад; Чароки уқало мегӯянд: «إذا جاء الإحتمال بطل الإستدلال»; Яъне вақте эҳтимоли хилоф вуҷуд дошт, дигар истедлол ботил мешавад. Аммо читавр чунин чизе мумкин аст ва бар чи асос чунин эҳтимоле вуҷуд дорад?! Мефармояд:); Зеро одатан (яъне ба таври маъмул, чунонки дар зиндагиҳои оддии худ мушоҳида мекунем) шинохти чизе ки (собиқан набуд ва) нав ҳодис шуда (ва ҳанӯз замони зиёде бар он нагузашта), аз шинохти чизе ки собиқан ба вуҷуд омада (ва қидматӣ пайдо карда), душвортар аст, бо таваҷҷуҳ ба инки табиъатан (яъне дар як раванди комилан табиъӣ) маҷоли (ва фурсати) камтаре барои шинохти он (тавассути мардум) вуҷуд дошта ва (қаҳран) замони камтаре барои шинохти он (аз тариқи баррасӣ) сарф шуда ва таҷрибаи камтаре дар бораи он (барои мардум) ба даст омада ва шумори камтаре бар он иттило ёфта ва (ҳамаи) ин (нақоис ва маҳдудиятҳо) муқтазии шинохти камтаре аз он аст (ба хусус дар робита бо дин ки бисёр густарда ва амиқ аст ва ҳар чи мегузарад абъоди бештарӣ аз он кашф мешавад), то ҷойе ки бисёрӣ аз чизҳои ҷадид (дар арсаҳои шахсӣ ва иҷтимоъӣ), дар ибтидои пайдоиши худ шинохта намешаванд ва танҳо бо гузори замон, шинохти онҳо суҳулат ва густариш меёбад (монанди ҳамаи даъвати устозунал Мансур ба Исломи холис ва комил ки дар ибтидои пайдоиш ва авали зуҳури худ, бисёр ғариб ва мункар ҷилва менамуд ва бисёрӣ аз мардум дар баробари он мавзеъ мегирифтанд ва онро ба ҳазор иттиҳом муттаҳам менамуданд, вале ба мардум ҳар чи гузашт шинохти бештаре аз он ҳосил шуд, то ҷойе ки феълан бархурдҳои мардум бо гузашта фарқ кардааст ва кам кам дар ҳоли ҳазми ин ҳақиқати мутаъолӣ ва мулҳақ шуданд ба он ҳастанд ва ин шоъ Аллоҳ ҳар чи мегузарад маърифати бештаре аз он ҳосил мекунанд ва бештар ба абъоди илмӣ ва арзишии он пай мебаранд) ва аз ин рӯ, ҳамвора дар ҳамаи мавзуъоте ки мунҳасир ба замони хоссе нестанд (яъне як ҳодисаи онӣ ва зудгузар маҳсуб намешавад ки танҳо барои шоҳидони саҳна қобили дарк бошанд, балки мавзуъоти мондагоранд), илми ояндагон аз илми гузаштагон бештар буда ва ин воқеъиятӣ маҳсус ва муҷарраб аст (чароки дар ҳамаи заминаҳои илми қобили мушоҳида аст ва илми башар нисбат ба ҳамаи чиз дар ҳоли афзоиш аст ва дар ҳоли коҳиш нест ва аслан коҳиши илми ӯ нисбат ба мавзуъоти айнӣ ва мондагор маъно надорад); Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки илми ояндагон (дар бораи ин қабил мавзуъот), омезаи аз илми худашон ва илми гузаштагон аст (ба ин маъно ки илми ояндагон, ҳам илми худашон ва ҳам илми гузаштагон аст) ва ин зарфияти илмии бештаре барои онон (нисбат ба гузаштагон) шуморида мешавад; Чароки онон аз таҷориби гузаштагон (дар мувоҷаҳ бо ин мавзуъот) огоҳӣ меёбанд ва онро бар таҷориби худ меафзоянд ва таҷориби бештаре барои ояндагон падид меоваранд (лизо ояндагон низ илми бештарӣ нисбат ба мо хоҳанд дошт. Диққат кунед ки устозунал Мансур бо нигоҳи нофизи худ куҷоро мебинад ва ба чи нуктаи зарифе таваҷҷуҳ медиҳад ки бар дигарон пӯшида аст). Ба назар мерасад қоъида (яъне қонун ва руяи умумӣ) дар шинохти чизҳое ки маҳдудияти замонӣ надоранд (яъне ҳаводиси гузаро нестанд), ҳамин аст (чун мумкин аст ҳоводиси гузаро, ҳар чи мегузаранд ба фаромӯшӣ супурда шуданд) ва табъан шинохти шаръ аз ин қоъида мустасно нест (яъне монанди соири чизҳое ки маҳдудияти замонӣ надоранд, ҳар чи бештар мегузарад бештар шинохта мешавад); Чароки шаръ, ҳодисаи торихӣ ва мутаъаллиқ ба гузашта шуморида намешавад, балки ҳақиқатӣ ҷорӣ дар имтидоди абадият аст (ки ҳар чи мегузарад нуқсон намепазирад ва аз ёдҳо намеравад, балки бештар густариш меёбад ва шинохта мешавад. Бо ин ҳол, пурсише ки инҷо падид меояд он аст ки ҳар чанд китоби Худованд барои гузаштагон ва ояндагон яксон аст ва фарқе намекунад, вале оё гуфта ва кардаи Паёмбар низ ҳодисаи торихӣ ва мутаъаллиқ ба гузашта нест то илми гузаштагон ба он бештар бошад? Устозунал Мансур дар посух ба ин пурсиш мефармояд:); Чуз онки табиъатан илми мусоҳибони Паёмбар (яъне саҳоба) ба гуфта ва кардаи он ҳазрат, ба иқтизои мусоҳибаташон бо ӯ, аз илми касоне ки бо он ҳазрат мусоҳибат надоштанд бештар буда (чароки онон суханони он ҳазратро мешуниданд ва корҳояшро медиданд, ҳар чанд на ба андозаи яксон; Чун мизони мусоҳибаташон бо он ҳазрат мутафовит буд, вале дар инҷо мулоҳизае вуҷуд дорад), бо ин мулоҳиза ки ин илм (бештар ба гуфта ва кардаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ба ҷиҳати судури гуфта ва кардаи он Ҳазрат ихтисос дошта (яъне мухтас ба ин мавзуъ буда ки он ҳазрат чи гуфта ва кардааст) ва лузуман ҷиҳати дигари он монанди маъоне (яъне инки гуфта ва кардаи он Ҳазрат чи маъное дошта), вуҷуҳ (яъне инки гуфта ва кардаи он ҳазрат аз чи бобе буда) ва осораш (яъне инки чи натойиҷ ва фуруъе бар гуфта ва кардаи он Ҳазрат тараттуб ёфта) ро шомил намешудааст (яъне наметавон ба таври қатъи гуфт ки умуми саҳоба маънои суханон ва корҳои Паёмбарро мефаҳмидаанд ва ваҷҳи мухталиф ва осори гуногуни онро дарк мекардаанд, ҳар чанд мумкин аст ки ин тавр буда бошад, вале дар ҳамаи маворид қатъӣ нест); Бо тавҷҷуҳ ба инки (онҳо ба иқтизои мусоҳибати худ бо он Ҳазрат, табиъатан ровии ҳадис буданд ва) ривояти ҳадис мусталзими фаҳми он (яъне фиқҳул ҳадис ва таҳлифи маъонии он) набуда ва ҳар Араби биёбон гарде ки ба шаҳри Паёмбар меомада, қодир ба анҷоми он будааст (бе онки ба таври комил маъонӣ, ваҷҳ ва осорашро дарк кунад). Аз ин рӯ, истиқроъан (яъне вақте барраии майдонӣ ва мавридӣ мекунем) шинохти мутаъаххирон (масалан имомони мазоҳиб ва уламои бузурги тафсир ва ҳадис ва калом ва фиқҳ ва ахлоқ дар қуруни баъди то кунун) дар бораи латоъифи Қуръон ва дақоъиқи ҳадис ва далоъили ақида ва зароъифи фиқҳ ва тароъифи (яъне нукоти ҷолиби) ахлоқ, ба рушанои аз шинохти мутақаддимон (яъне бисёри аз саҳоба, тобиъин ва атбоъи тобеъин) дар бораи онҳо бештар аст (чунонки аз бархӣ саҳоба ҷаҳл ба маънои бархӣ оёти Қуръон ва алфози ҳадис ва аҳкоми фиқҳ ривоёт шудааст ки имрӯз барои бисёри аз атфоли мусалмонон ҳам маълум аст) ва мутолиъот ва таҳқиқоте ки акнун дар бораи онҳо (дар мадорис ва донишгоҳои улуми Исломӣ ва бо кӯмаки китобхонаҳои ҳақиқӣ ва маҷозӣ) анҷом мешавад, қаблан дар бораи онҳо мумкин набуд ва ҳосили он, ҳазорон китоби мабсут дар абвоби мухталифи шаръ (аз тафсир ва ҳадис ва фиқҳ гирифта то ахлоқ ва калом ва торих) аст ки акнун ба вуҷуд омадааст, дар ҳоле ки қаблан вуҷуд надошт ва ин гувоҳӣ рӯшан бар такомули илмии мусалмонон шумурда мешавад, то ҷойе ки инкори он, чизе ҷуз мукобира (яъне лаҷбозӣ ва хирасарӣ) дар баробари маҳсус нест (чароки такомули илмии мусалмонон ба рӯшани қобили мушоҳида аст ва ин сухан ки бархӣ мегӯянд инҳо такомули илми маҳсуб намешавад, сухани шиъоргуна ва шеъргуна аст ва маъонии муҳассиле надорад).

Бале, (як шубҳаи дигар низ вуҷуд дорад ва он инки) интиқоли илм ба ояндагон аз тариқи пешиниён сурат гирифта (ба ин маъно ки пешиниён ин илмро даст ба даст кардаанд ва ба ояндагон расондаанд) ва илми ояндагон бештар мубтани бар илми пешиниён аст, вале (оё ин мусталзими олимтар будани пешиниён нисбат ба ояндагон аст?! Посух он аст ки) ин низ мусталзими олимтар будани пешиниён аз ояндагон нест; Чароки олимтар шудани муталлим (ки илмро фаро мегирад) аз муаъллим (ки илмро таълим медиҳад), натанҳо имкон дорад, балки шойеъ ва муҷарраб аст (чароки бисёр дида ва шунида шудааст ки як муталлим пас аз тай кардани мароҳили илмӣ, аз бархӣ асотиди худ олимтар шудааст); То ҷойе ки (аз боби шоҳидӣ ҳадисӣ, тавассути бисёрӣ аз аҳли ҳадис монанди Шофеъӣ, ибни Ҳанбал, Дорамӣ, ибни Моҷа, Абу Довуд, Тирмизӣ, Насоъӣ, ибни Ҳиббон ва дигарон, бо асноди мухталиф аз расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) ривоят шудааст: «رُبَّ حامِلِ فِقْهٍ وَ لا فِقْهَ لَهُ وَ رُبَّ حامِلِ فِقْهٍ إِلی مَنْ هُوَ أَفْقَهُ مِنْهُ»;[9] «Чи бисёр ҳомили донише ки худ донише надорад ва чи бисёр ҳомили донише ба сӯӣ касе ки аз ӯ донишмандтар аст» (ва ин тақрибан сариҳи дар он аст ки аз назари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам олимтар будани касоне дар оянда аз бархӣ саҳоба мумкин будааст ва ин чизи аҷибе нест); Бо таваҷҷуҳ ба инки мутааллим метавонад дониши як муаллимро бо дониши муаллими дигар даромезад ва дониши бештаре аз дониши ҳарду ба даст оварад ва бо ин васф, ҳеҷ манъе барои олимтар шудани ояндагон аз пешиниён нест (ин чизе аст ки ҳам имкони ақлӣ дорад ва ҳам амалан воқеъ шудааст); Чунонки (ба унвони як далили шаръӣ низ) Худованд фармудааст: ﴿نَرْفَعُ دَرَجَاتٍ مَنْ نَشَاءُ ۗ وَفَوْقَ كُلِّ ذِي عِلْمٍ عَلِيمٌ;[10] «Ҳар касеро ки бихоҳем дар поя боло мебарем ва болотар аз ҳар доное донишманде аст»! (Ва ин яъне маҳдудияте дар боло бурдани пояи ояндагон нисбат ба гузаштагон нест ва Худованд қодир аст ки болотар аз олимони салаф, олимоне дар халаф қарор диҳад ва бо ин ҳисоб, касоне ки мегӯянд чунин чизе мумкин нест бар хилофи сухани Худованд сухан мегӯянд ва монанди Яҳудиён дасти Худовандро аз бахшиш ба бандагонаш баста медонанд.) Дар ин миён, (аҳли ҳадис ба сабаби ақлгурезӣ ва ҳадисгароии шадиди худ, ба ҳадисе истинод мекунанд ки зоҳиран бар бартарии мутлақи салаф нисбат ба халаф далолат дорад ва ин асли далили онҳо аст, дар ҳоле ки устозунал Мансур бо иҳотаи хосси худ бар ривоёти онҳо, ишколоти муҳиммеро мутаваҷҷиҳи ин ривоёти онҳо медонад ва мефармояд:) ривояти аҳли ҳадис бо мазмуни «خَیْرُ النّاسِ قَرْنِي ثُمَّ الَّذِینَ یَلُونَهُمْ ثُمَّ الَّذِینَ یَلُونَهُمْ» [11] (яъне: «Бартарини мардум қарни мананд, сипас касоне ки ба дунболи онҳо меоянд, сипас касоне ки ба дунболи онҳо меоянд») Ки муддаъии бартарии мусалмонони (се қарни) нахустин бар мусалмонони оянда аст низ лузуми табаъияти мусалмонони оянда аз мусалмонони нахустинро исбот намекунад; Чароки (се ишколи бузург дар он вуҷуд дорад:) фориғ аз адами имкони ахзи ба итлоқи он бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди аъиммаи нифоқ дар қарни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аъимаи зулм дар ду қарни пас аз он Ҳазрат (ин ишколи аввал аст ки қабули итлоқи ҳадис мумкин нест; Чун бар хилофи маҳсуси виҷдонӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мутлақан се қарни аввалро аз ояндагон бартар медонад, дар ҳоле ки дар қарни аввал бадтарин душманони Ислом аз мунофиқин ҳам буданд ва дар ду қарни баъдӣ золимтарин ҳокимон амсоли Язид ва Валид ва Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ҳам буданд ва мусалламан бо вуҷуди чунин касоне, наметавон ҳамаи салафро аз ҳамаи халаф бартар донист. Аммо ду ишколи дигар инки ривоёти мазкур), аз як сӯ ривоятӣ воҳид ва табъан ғайри яқинӣ аст (чун ба сурати мутавотир ривоят нашудааст ва бино бар мабнои устозунал Мансур ривоёти ғайри мутавотир, хусусан дар боби ақойид ҳуҷҷат нестанд) ва аз сӯӣ дигар бо риваяти аҳли ҳадис бо мазмуни «مَثَلُ أُمَّتِي مَثَلُ الْمَطَرِ لا یُدْرَی أَوُّلُها خَیْرٌ أَوْ آخِرُها» [12] (яъне: «Масали умати ман масали борон аст ки маълум нест аввали он бартар аст ё охири он») Ки бартарии мусалмонони нахустин бар мусалмонони ояндаро номаълум мешуморад, таъоруз дорад (бо таваҷҷуҳ ба инки ба вузуҳ бар имкони бартарии мусалмонони нахустин далолат мекунад ва лизо касоне чун ибни Қутайба, ибни Абдулбир, ибни Ҳаҷар ва дигарон ба ин таъоруз тавҷҷиҳ кардаанд) ва табъан соқит мешавад (хоҳ ба танҳои ва хоҳ ҳамроҳ бо ҳадиси дуввум; Чароки ҳадиси дуввум бо ақл мувофиқ ва ҳадиси аввал бо он мухолиф аст ва бо ин васф, ҳадиси аввал соқит ва ҳадиси дуввум ахз мешавад, вале агар аҳли ҳадис ба ҳар далил бартари ҳадиси дуввумиро напазиранд ногузир бояд бипазиранд ки ҳар ду ҳадис ба дунболи таъоруз бо якдигар, аз дараҷаи эътибор соқит мешаванд ва он гоҳ далиле барои бартарии илмӣ салаф аз халаф боқӣ намемонад. Идомаи баҳсро дар дарси баъди пай мегирем ин шоъ Аллоҳ).[13]

و السلام علیکم و رحمت الله

↑[1] . Зухруф/23.
↑[2] . Соффот/71.
↑[3] . Мурсалот/16.
↑[4] . Бақара/170.
↑[5] . Моъида/104.
↑[6] . Луқмон/21.
↑[7] . Аъроф/28.
↑[8] . Сод/7.
↑[9] . Шофеъӣ, ал-Муснад, с 240; Муснади Аҳмад, ҷ 4, с 80 ва 82 ва ҷ 5, с 183; Сунанул Дорамӣ, ҷ 1, с 74 ва 75; Сунани ибни Моҷа, ҷ 1, с 84, 85 ва 86 ва ҷ 2, с 1015; Сунани абӣ Довуд, ҷ 2, с 179; Сунанул Тирмизӣ, ҷ 4, с 141; Нисоӣ, ал-Сунанул кубро, ҷ 3, с 431; Муснади абӣ Яъло, ҷ 13, с 408; Сунани ибни Ҳиббон, ҷ 1, с 270; Ромҳурмузӣ, ал-Ҳддул Фосил, с 166; Ҳокими Нешобурӣ, ал-Мустадрак, ҷ 1, с 87 ва 88.
↑[10] . Юсуф/76.
↑[11] . Муснади Аҳмад, ҷ 1, с 378 ва 434; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ 3, с 151 ва ҷ 4, с 189 ва ҷ 7, с 174; Саҳеҳул Муслим, ҷ 7, с 185; Сунанул Тирмизӣ, ҷ 3, с 339 ва 376 ва ҷ 5, с 357; Байҳоқӣ, ал-Сунанул кубро, ҷ 10, с 122; Нисоӣ, ал-Сунанул кубро, ҷ 3, с 494.
↑[12] . Муснади Аҳмад, ҷ 3, с 130 ва 143 ва ҷ 4, с 319; Сунанул Тирмизӣ, ҷ 4, с 239; Муснади абӣ Довуд, Таёлисӣ, с 90 ва 270; Муснади абӣ Яъло, ҷ 6, с 190 ва 380; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, ҷ 16, с 210; Ромҳурмузӣ, ал-Ҳаддул Фосил, с 346; Табаронӣ, ал-Мӯъҷамул авсат, ҷ 4, с 78 ва 231; Ҳейсамӣ, Маҷмаъуз-завоъид, ҷ 10, с 68; Ҳаму, мавориду ал-Замон, ҷ 7, с 295; Аҳодисул Шомухӣ, с 30; Ибни Салома, Муснадул Шаҳоб, ҷ 2, с 276 ва 277.
↑[13] . Барои огоҳӣ аз таваҷҷуҳи аҳли ҳадис ба таъорузи ин ду ривоят, нигоҳ кун ба: Ибни Қутайба, Таъвилу мухталифул ҳадис, с 107; Ибни Абдул Бир, Аттамҳид, ҷ 20, с 250 то 254; Ибни Ҳаҷар, Фатҳул Борӣ, ҷ 7, с 5; Абу Раяҳ, Азвоъун Алас суннати набавия, с 243.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси понздаҳум инҷоро клик кунед.