Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту ҳаштум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Таъассуб

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

То кунун бо чаҳор монеъ аз мавонеъи бузурги шинохт яъне ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ ва дунёгароӣ ошно шудем. Албатта ҳамон тавр ки қаблан гуфтам, сирфи ошноӣ бо ин мавонеъ кофӣ нест, балки лозим аст дар мақоми амал, аз ин мавонеъ раҳоӣ пайдо кунем то битаваонем ҳаққро аз ботил ва дурустро аз ғалат ва ростро аз дурӯғ ташхис диҳем. Ҳадафи устозунал Мансур аз муъаррифии ин мавонеъ низ ҳамин аст ки мо барои шинохи Исломи ҳақиқӣ омодагӣ пайдо кунем, на онки ин мавонеъро фақат бидонем то бар маълумотамон изофа шавад! Аҳаммияти ин мавзӯъ ҳангоме дарк мешавад ки таваҷҷуҳ кунем ҳамаи халъаҳои маърифатӣ ва иштибоҳоти ақидатии мо ношӣ аз ҳамин мавонеъ аст. Ҳамин ҷаҳл, ё ҳамин тақлид, ё ҳамин аҳвоъи нафсонӣ, ё ҳамин дунёгароӣ аст ки моро аз шинохти бисёрӣ ҳақойиқ боз дошта ва ба каҷфаҳмӣ ва каҷравӣ дучор сохтааст. Бо ин ҳисоб, душмани аслии мо ки саъодати мо дар дунё ва охиратро мавриди таҳдид қарор дода, ҳамин мавонеъи шинохт аст ва мо бояд барои наҷоти худ аз шарри он тадобири лозимро биандешем. Устозунал Мансур ба мушобеҳи роҳнамоӣ доно ва дилсӯз, дар ҳамин нуқта ба ёрии мо шитофтааст ва чанду чуни наҷот аз шарри ин мавонеъро бароямон табйин мефармояд. Мо агар натавонем ин мавонеъро аз вуҷуди худ берун кунем, ҳаргиз наметавонем ҳақоиқи сангине ки ин бузургвор дар бахшҳои баъдии ин китоб бо такя бар яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ табйин фармудаастро ҳазм кунем. Ин касоне ки шумо мебинед дар баробари ин китоб мавзеъ гирифтаанд ва ҳар кадом бо як ҷои он тасодум пайдо кардаанд, касоне ҳастанд ки ба ин мавонеъи шинохт дучор ҳастанд ва онҳоро аз вуҷуди худ берун нарондаанд. Бархӣ аз онҳо ба хотири ҷаҳле ки ба Ислом доранд, интибоқи ин китоб бар мабонӣ ва маноҳиҷи Исломро дарк намекунанд ва бархӣ аз онҳо ба тақлид аз ҳокимони золим ва олимони хоъин, яъне ба ин далил ки онҳо дар баробари ин китоб ҷабҳа гирифтанд, дар баробари он ҷабҳа мегиранд ва бархӣ аз онҳо омӯзаҳои ин китобро бар хилофи салойиқ ва пешзеҳниятҳои худ меёбанд ё аслан бо пешдоварӣ ва бидуни мутолиъа дар бораи он ҳукм содир мекунанд ва бархӣ аз онҳо ба хотири нигаронӣ аз заволи қудрат ё сарват ё эътибори худ, ба таблиғ бар зидди он мепардозанд ва гувоҳи ин он аст ки ҳеҷ як аз онҳо барои рӯйкарди манфӣ ва тақобулӣ худ далиле аз ақл ё шаръ ироъа немекунанд ва суханонашон бениҳоят худхоҳона ва зӯргӯёна аст.

Аммо бояд донист ки мавонеъи шинохт, маҳдуд ба ин чаҳор мавонеъ нест ва мавонеъи муҳимми дигареро низ шомил мешавад. Панҷумин монеъ аз мавонеъи муҳимми шинохт, «Таъассуб» аст. Устозунал Мансур таҳти унвони)

5. Таъассуб

(мефармояд:) Яке дигар аз мавонеъи шинохт (ки мутаъассифона ривоҷи бисёре дар миёни мусалмонон дорад), «Таъассуб» аст. (Аммо манзур аз таъассуб чист? Эшон тибқи рӯияи олимонаи худ пеш аз вуруд ба баҳс, ба ин пурсиш посух медиҳад ва мефармояд:) Манзур аз таъассуб, навъӣ вобастагии қавмӣ, мазҳабӣ ё сиёсӣ (яъне навъӣ вобастагии зеҳнӣ ва равонӣ ба қавм ё мазҳаб ё воҳиди сиёсӣ) аст ки мабнои ақлӣ надорад (яъне аз рӯӣ далил нест, балки аз рӯӣ эҳсосот аст) ва монеъ аз инсоф дар шинохт воқеъ аст (яъне боъис мешавад ки инсон дар бораи чизе ки дар садади шинохтани он аст инсоф надиҳад ва мунсифона қазоват накунад. Бинобарин, маъно, мабно ва натиҷаи таъассуб рӯшан шуд. Маънои он навъӣ вобастагии зеҳнӣ ва равонӣ ба қавм ё мазҳаб ё низоми сиёсӣ аст ва мабнои он эҳсосот аст ва натиҷаи он пешгирӣ аз инсоф дар шинохти воқеъи аст); Ба ин тартиб ки (инсони) мутаъассиб, қавми (худ масалан Тоҷик ё Ӯзбек) ё мазҳаби (худ масалан шиъа ё суннӣ ва ё ҳанафӣ ё моликӣ ё шофеъӣ ё ҳнабалӣ ё сӯфӣ ва) ё гурӯҳи (сиёсии) худро (масалан низом ё ҳизби худро) қатъи назар аз хуб ё бад будани он (дар воқеъ ки тобеъи мутобиқат ё адами мутобиқати он бо ақл аст), ба наҳве дӯст медорад ки қодир ба шинохти хуб ё бад будани он бар мабнои ақл нест (бо таваҷҷуҳ ба ҳамон қоъидаӣ «حبُّ الشيء یُعمي و یُصمّ» ки дар мабҳаси «Аҳвоъи нафсонӣ» фармуд; Яъне ишқи ба як чиз кӯр ва кар мекунад). Дар чунин ҳолате, агар қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи дигаре (ғайр аз қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи ӯ), бар мабнои ақл (яъне бо лиҳози милокоти ақлӣ ва шаръӣ), аз қавм ё мазҳоб ё гурӯҳи ӯ бартар бошад (ба ин маъно ки камоли бештар ва айби камтаре дошта бошад), ӯ ҳозир ба қабули бартарии он нест; Балки бо беинсофӣ, бар бартарии қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи худ пой мефишорад ва воқеъиятро нодида мегирад (ва ин чизе аст ки мутаъассифона дар миёни мардум бисёр шойеъ аст); Монанди яҳудиён ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِنَ الْكِتَابِ يُؤْمِنُونَ بِالْجِبْتِ وَالطَّاغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا هَؤُلَاءِ أَهْدَى مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا سَبِيلًا;[1] «Оё касоне ки баҳрае аз китоб дода шудандро надидӣ ки ба ҷибт ва тоғут имон меоваранд ва дар бораи кофирон мегӯянд ки онҳо аз касоне ки имон овардаанд, ҳидоят ёфтатар ҳастанд?!». (Рӯшан аст ки яҳудиён аз рӯӣ таъассуб чунин қазовате мекарданд; Чароки кофирон бо вуҷуди бутпарастӣ муттаҳиди онон буданд ва мусалмонон бо вуҷуди имон ба Худо ва Паёмбарон душмани онон буданд; Лизо онон аз муттаҳидини худашон ҷонибдории ғайри мунсифона мекарданд.) Ин ҳамон ҷонибдории ҷоҳилона аст ки чун бар ақл тасаллут меёбад, онро аз эътироф ба ҳақ бозмедорад ва ба дифоъ аз ботил вомедорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ;[2] «Боре касоне ки кофир шуданд, дар дилҳои худ ҷонибдорӣ, ҷонибдории ҷоҳилона қарор доданд» (дар инҷо устозунал Мансур ҷоҳилиятро ба манзалаи сифат барои ҳамият дар назар мегирад ва «Ҷонибдории ҷоҳилона» маъно мекунад; Чароки ҳар чанд ҳолати мазофи иллия дорад, вале зоҳиран дар мақоми ифодаи ҳамин маъност; Бо таваҷҷуҳ ба инки зоҳири ояҳ дар бораи мусалмонон нест то гуфта шавад дар дилҳошон ҷонибдории даврони ҷоҳилияти қабл аз Исломро қарор доданд, бал дар бораи кофирон аст ки ҳамчунон дар даврони ҷоҳилият ҳастанд ва лизо муносибтар аст ки «Ҳимояти ҷоҳилият» ро дар робита бо онҳо «Ҷонибдории ҷоҳилона» маъно кунем); Монанди аъроби пеш аз Ислом ки қабилаи худро меъёри ҳақ медонистанд ва аз он, ҳатто агар золим буд, ҳимоят мекарданд (ва ба манзалаи як қоъида ё қонун мегуфтанд: «اُنصُر أخاکَ ظالماً کان أو مظلوماً»; Яъне бародарат ё ҳамшаҳрият ё узви қабилаатро ёрӣ кун чи золим бошад ва чи мазлум!) ва пас аз Ислом низ, бар пояӣ ҳамин рӯҳия (яъне қабилагароӣ ки ҳаргиз аз миёни онҳо гум нашуд ва хусусан дар миёни банӣ Умая боқӣ монд), рақобатҳои сиёсии номаймуне (яъне шум ва пурҳазинае) ро бо банӣ Ҳошим (қабилаи Паёмбар) пай гирифтанд ки ба бурузи ихтилоф пас аз даргузашти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам (бар сари мавзӯъи хилофат ва ҳокимият) ва ҳаводиси хунин дар қарҳои нахустини Исломӣ (монанди се ҷанги бузург дар замони Алӣ инби Аби Толиб ва ҳодисаи талх ва хунини Карбало дар соли 61 ҳиҷрӣ ва ҳаводиси хунини дигар дар замони ҳокимияти Умавиён ва Аббосиён), мунҷар шуд ва имрӯз низ бо шаклӣ мутафовит, (дар қолиби тақобули Араб ва Аҷам ва қолибҳои дигар) боқӣ аст. (Инҳо табаъоти бисёр муҳимме аст ки устозунал Мансур решаёбӣ мекунад ва онҳоро ношӣ аз таъассуб медонад ва лизо ин суъол пеш меояд ки таъассуб чи табаъоти дигаре метавонад дошта бошад ва муҳимтар инки худи он аз чи чизе ношӣ мешавад? Эшон дар посух ба ин суъол, таҳти унвони)

[Маншаъ ва табаъоти таъассуб]

(мефармояд:) Ин мҳсус (яъне қобили мушоҳида) ва муҷараб (яъне таҷрибӣ ва озмуда шуда) аст ки таъассуб барои як чиз (хоҳ қавм бошад, хоҳ мазҳаб ва хоҳ воҳиди сиёсӣ), одамеро ба ҳимояти кӯр кӯрона аз он ва муқобила бо мухолифонаш аз тариқи ҷадал (ба маънои мунозиъаи лафзӣ), кизб (ба маънои муғолита ва ифтиро) ва зулм (ба маънои поюмол кардани ҳуқуқ ва ҳурматҳо то сарҳади ҷанг) вомедорад; Дар ҳоле ки ҷадал, кизб ва зулм, ҳар чанд мухолифонашро (ба икроҳ ва бо ангезаи маҳфуз монанди аз осебҳои равонӣ ё ҷисмӣ) хомӯш намояд, ақлро қонеъ намесозад (чун ақл танҳо бо далил қонеъ мешавад) ва (ва аз ин рӯ,) ҳеҷ арзише дар назди он надорад; Чунонки Худованд дар бораи аҳли он (яъне ҷадал, кизб ва зулм ки абзори мутаъассибин барои муқобила бо мухолифонашон аст) фармудааст: ﴿يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَمَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنْظُرُونَ;[3] «Бо ту дар бораи ҳақ пас аз рӯшан шуданаш ҷидол мекунанд, чунонки гӯӣ ба сӯӣ марг кашонида мешаванд, дар ҳоле ки тамошо мекунанд» (ин сифати мутаъассибин аст ки дар бораи ҳақ пас аз рӯшан шудани он ҷидол мекунанд ва ҳаргиз зери бори он намераванд) Ва фармудааст: ﴿فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللَّهِ كَذِبًا لِيُضِلَّ النَّاسَ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ;[4] «Пас чи касе ситамкортар аз касе аст ки бар Худо дурӯғ мебандад то мардумро бо ғайри илм гумроҳ кунад?! Ҳароина Худованд қавми ситамкоронро ҳидоят намекунад»! (Ин ҳам сифати дигари мутаъассибин аст ки барои мутақоъид кардани мардум ба қабули ақойиди бепоя ва нодурусташон бар Худо дурӯғ мебанданд ва аз ин тариқ, бузургтарин зулмро анҷом медиҳанд.

Аммо суъоли дигар ин буд ки маншаъи таъассуб чист? Устозунал Мансур дар посух ба ин суъол монанди як равоншиноси хибра мефармояд:) Ба нзар мерасад ки таъассуб, таркибе аз ҷаҳл ва аҳвоиъ нафсонӣ аст (яъне монеъӣ аст ки аз таркиби ду монеъи дигар бо ҳам падид меояд); Чароки мутаъассиб аз як сӯ, ба қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи худ ҷоҳил аст, ба ин маъно ки бадиҳои онро намешиносад ва аз сӯӣ дигар, ба он таъаллуқи хотири (яъне дилбастагии шадид) дорад, то ҳадде ки (аз лиҳози равонӣ) мойил ба шинохти бадиҳои он нест (ва аз чунин шинохте фирор мекунад), балки бо ҷазмиятӣ бепоя, бадиҳои онро муҳтамал намедонад (ва ба истилоҳ нисбат ба онҳо ҳолати инкор ва фуруафканӣ дорад). Аз ин рӯ, ҳангоме ки бадиҳои он (тавассути носиҳоне монанди устозунал Мансур) ба ӯ шиносонида мешавад, озурда мегардад ва вокуниши эҳсосӣ (аз қабили хашм ва пархоши) нишон медиҳад (чунонки имрӯз дар мухолифони мутаъассиби ин бузургвор ба вузуҳ мушоҳида мекунем ки чигуна дар вокуниш ба насойеҳи эшон, фарёд мекашанд ва ҷанҷол ба роҳ меандозанд ва таҳдид мекунанд ва тавҳин раво медоранд). Шакке нест (чун маҳсус ва муҷарраб аст) ки ин ҳолат, монеъ аз шинохти ҳақ аст, вале бо ин васф, (монанди сойири мавонеъи шинохт) дар миёни мусалмонон, ройиҷ ва машҳуд аст; Чароки бисёрӣ аз онон, ба далили ноошноӣ бо заъфҳои ақойиди худ (аз як сӯ) ва дилбастагӣ ба онҳо (аз сӯӣ дигар), (ба лиҳози зеҳнӣ ва равонӣ) омодаи бознигарӣ дар онҳо бар мабнои ақл (ва бидуни пешзеҳният ва пешдоварӣ) нестанд ва ҳар гуна бознигарӣ дар онҳо ҳар чанд ки бар мабнои ақлро хасмона (яъне аз рӯӣ душманӣ) ва бо сӯъи ният (яъне бо ангезаҳои манфӣ) мепиндоранд (ва масалан мегӯянд ки гӯё ин бознигарӣ дар пайванд бо душманони қавм ё мазҳаб ё кишвари онҳост ё бо ҳадафи тахриб ва тазъифи онҳо анҷом мешавад) ва ба ҳамин сабаб, (онро) бар наметобанд (яъне таҳаммул намекунанд) ва пешопеш (яъне пеш аз онки бишиносанд ва баррасӣ кунанд), мардуд мешуморанд ва бадтар онки ин худфиребӣ ва воқеъият гурезиро (бо таваҷҷуҳ ба инки чашм бастани амдӣ бар рӯӣ воқеъиятҳо худфиребӣ ва воқеъият гурезӣ аст) дифо аз ақойиди худ меингоранд (яъне тасаввур мекунанд ки ин кори онҳо дифоъ аз ақойидашон дар бораи қавм, мазҳаб ва гурӯҳашон аст), дар ҳоле ки он чизе ҷуз ибрози эҳсосоти (мусбаташон дар бораи ақойидашон) нест ва ибрози эҳсосот, ақойиди ононро исбот намекунад, балки исботи онҳо (монанди исботи ҳар чизи дигаре) мубтанӣ бар ақл (ба масобаи меъёри шинохт) аст; Чароки ҳақ будан ё набудани як ақида, аз зоти он (яъне моҳияти он) интизоъ мешавад ва аз эҳсосоти (мусбат ё манфӣ) мӯътақид (ба ҳақ будан ё ҳақ набудани он), таъссир намепазирад; Вагарна ҳар кас зӯраш (хоҳ аз лиҳози ҷисмонӣ ва хоҳ аз лиҳози низомӣ) бештар ва овозаш (хоҳ ба маънои садои ҳосил аз иртиъоши торҳои савтии ҳанҷарааш ва хоҳ ба маънои имконоти таблиғотиаш) баландтар буд, ақидаи ӯ ҳақтар буд, дар ҳоле ки ин хилофи машҳуд ва мусаллам аст (яъне мо ба вузуҳ мушоҳида мекунем ва ҳамаямон қабул дорем ки ақидаи бисёрӣ аз афроди зӯровар ва пур сару садо ҳақ нест). Аз инҷо дониста мешавад, касоне ки бо фарёд задан (яъне хушунат гуфторӣ) ва мушт кӯбидан (яъне хушунат рафторӣ), дар паӣ дифоъ аз ақойиди худанд, дар воқеъ аз ақойиди худ дифоъ намекунанд; Зеро фарёд задан ва мушт кӯбидан, ақойиде ки бар мабнои ақл, ботил шинохта шудаандро ҳақ намекунанд (яъне вақте ақидаат аз назари ақл ботил буд, ҷонат ҳам ки боло биёяд ҳақ намешавад; Пас беҳуда худатро ба заҳмат наяндоз ва дигаронро озор надеҳ), балки (ин шеваҳо натанҳо ақойиди ботилро ҳақ намекунанд) чи басо бутлони онҳоро ошкортар месозад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фарёд задан ва мушт кӯбидан, ғолибан ҳангоме буруз мекунанд ки ҳуҷҷате барои иброз боқӣ намондааст (чун вақте ҳуҷҷате боқӣ монда, ибрози он аз фарёд задан ва мушт кӯбидан осонтар аст ва табъан ба ин корҳо намерасад. Бо ин ҳисоб, чаро мутаъассибин фарёд мезананд ва мушт мекӯбанд?!), то фоқидони он (яъне фиқдони ҳуҷҷат) ро пӯшида созанд, дар ҳоле ки (ба ин хостаи худ низ намерасанд; Чароки бо ин шева) онро ошкортар месозанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ تَعْرِفُ فِي وُجُوهِ الَّذِينَ كَفَرُوا الْمُنْكَرَ ۖ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِالَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ آيَاتِنَاۗ قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَلِكُمُ ۗ النَّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ;[5] «Ва ҳангоме ки оёти рӯшани Мо бар онон хонда мешавад, дар рӯӣ касоне ки кофир шуданд, зиштиро мебинӣ! Наздиканд ки ба касоне ки оёти Моро бар онон мехонанд, ҳамла кунанд! Бигӯ оё пас шуморо ба чизе бадтар аз он хабар бидиҳам?! Оташ ки Худованд ба касоне ки кофир шуданд, ваъдааш дода ва бад ҷойгоҳе аст»! (Ин ҳолати таҳоҷумӣ дар ҳамаи мутаъасибин дида мешавад ва мо ки бо ақшори мухталифи мардум дар иртибот ҳастем ҳар рӯз ва ҳар шаб намунаҳои онро мушоҳида мекунем. Мутаъассифона ин ҳолат дар бархӣ аз онҳо ба қадре шадид аст ки ба ҳолати девонагӣ шабоҳат пайдо мекунад; Чароки гоҳе мешавад касе аз онҳо бидуни ҳеҷ муқаддимае ногаҳон аз гӯшаи дар меояд ва монанди ҳайвони даранда ба мо ҳамла меоварад ва ҳар чи ҳақорат ва носазо медонад ва метавонад ба мо медиҳад ва ба мо хурдтарин фурсате барои тувзиҳ ва берун оварданаш аз таваҳҳум намедиҳад ва пас аз тахлияи худ бар рӯӣ мо, эҳсоси ризоят мекунад ва мепиндорад ки вазифаи Исломии худ дар қиболи мазҳаб ё низоми сиёсиаш ё шахсияте ки мепарастадро анҷом додааст! Рӯшан аст ки инҳо афроди беморе ҳастанд ки монанди яра ба саломати фикрӣ ва ахлоқии ҷомеъа осеб мерасонанд. Аз назари инҳо ҳар мусалмоне ки аз ақойиди ғалат ва бебунёди онҳо агарчи бо такя бар Қуръон ва суннат ва бо рӯйкардӣ мӯҳтарамона интиқод кунад, ҳаққи сухан балки ҳаёт надорад; Аз ин рӯ, бепарво ӯро зер мегиранд ва ҳами саъйи худро мекунанд то бо зишттарин ва ғайри ахлоқитарин шакли мумкин, обурӯӣ ӯро бибаранд ва ба ӯ садама бирасонанд ва саркӯбаш созанд. Албатта бузургонашон низ ки монанди шайтон ҳастанд онҳоро ташвиқ мекунанд ва ба сабаби ин таваҳҳуш онҳоро таҳсин мекунанд! Инсон мутаъассиф ва шарманда мешавад вақте мебинад касоне ки алифбои Исломро намедонанд ва камтарин маълумоте дар бораи Қуръон ва суннат надоранд ва аз назари ақлӣ сафиҳ маҳсуб мешаванд, ба худашон иҷоза медиҳанд ки ба уламои бузурги Ислом тавҳин кунанд ва авлиёъи Худоро ба сухра бигиранд! Кор ба ҷое расидааст ки навҷавоне ки намедонад имон чист ва куфр кадом аст ва чун ба сухан дар меояд худ ҳам намефаҳмад ки чи мегӯяд, парчамдори тавҳид дар қарни моро такфир мекунад ва гумроҳ мешуморад ва дашном менамояд! Бубинед ки Ислом ба чи рӯзе афтода ва Қуръон ба чи касоне гирифтор шуда ва суннат чи андоза мазлум аст! Бидуни шак ин ғулҳои бешоху дум ки оташи таъассуб аз даҳонашон забона мекашад ва дар ҳар тараф машғули дашном ва фарёд кашидананд, офатҳои ақлоният ва илм ҳастанд ва монанди ҷуззом бехи ҳикмат ва фарзонагиро меҷаванд то ҷаҳонро аз шарорат ва хабосат пур кунанд, ҳамон тавр ки дарунашон аз он ду оканда аст.) Дар ҳоле ки оқил, ба иқтизои ақли худ, дар паӣ воқеъият аст (чун ақл воқеъиятро меҷӯяд) ва аз шинохти он, ҳар чанд бар хилофи пиндори (қаблии) ӯ бошад, ошуфта намешавад, балки (табъи салими ӯ) шодмон мешавад ва аз касе ки мухолифати он бо пиндори (қаблии) ӯро барояш ошкор сохта, мамнун (яъне миннатпазир ва сипосгузор) аст; Чароки ӯро эҳсон карда ва ба муродаш (ки шинохти воқеъият буда) расонидааст. Бо ин васф, ҷойи таъассуф аст ки бисёрӣ аз мусалмонон, дар бораи қавм, мазҳаб ва гурӯҳи худ мутаъассибанд ва таҳаммули интиқод аз онро (ҳатто бо истинод ба Қуръон ва суннат ва дар рӯшаноии ақл) надоранд; То ҷойе ки гунҷоише (яъне замина ва ҳавсалае) барои зикри маъойиби он нест ва тамаллуқ аз он (ба маънои ситойиш аз он агарчи бо дурӯғ ва муболиға) лозим шумурда мешавад; Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَفْرَحُونَ بِمَا أَتَوْا وَيُحِبُّونَ أَنْ يُحْمَدُوا بِمَا لَمْ يَفْعَلُوا فَلَا تَحْسَبَنَّهُمْ بِمَفَازَةٍ مِنَ الْعَذَابِ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ;[6] «Гумон мабар касоне ки ба ончи анҷом додаанд шодмонӣ мекунанд ва дӯст медоранд ки ба хотири ончи накардаанд ситоиш шаванд, гумон мабар ки аз азоб раҳоӣ меёбанд ва барои онон азобӣ дарднок аст» Ва касоне ки дар бораи онон фармудааст: ﴿صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ;[7] «Кар ва лол ва кӯранд, пас онон боз намегарданд»! (Яъне мавонеъӣ монанди таъассуб ононро дар бораи ақойидашон кар ва лол ва кӯр кардааст, то ҷойе ки дар онҳо бознигарӣ намекунанд. Ин ҳолате аст ки Худованд аз он хабар дода ва ба илова, комилан маҳсус ва муҷарраб аст; Лизо устозунал Мансур ба унвони яке аз шуҳадое бар мардум мефармояд:)

Ман бо бисёри аз онон (аз ақвом, мазҳаб ва кишварҳои гуногун) гуфтугӯ кардаам; Онон хайреро берун аз ончи шинохтаанд, тасаввур намекунанд ва мепиндоранд ки фаротар аз ончи ба он расидаанд, ҳаққе нест (чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ [Мӯъминун/ 53]; «Ҳар гурӯҳе ба ончи наздашон аст хурсанданд»); Дар ҳоле ки ончи (дар бораи қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи худ) шинохтаанд, ғолибан мубтанӣ бар занн аст ва чизе ки ба он расидаанд, умдатан қатъӣ нест (чароки бештар мубтанӣ бар ривоёти воҳид ва нақлҳои ғайри мутавотир аст) ва ин ба он маъност ки бутлони он муҳтамал аст (чун бутлони ривоёти воҳид ва нақлҳои ғайри мутавотир муҳтамал аст) ва бо ин васф, ҷазми ба он маъқул нест. (Инсофан агар мусалмонон ҳамин як нуктаро аз устозунал Мансур ахз кунанд, бахши зиёде аз ихтилофоташон бартараф мешавад ва он нукта ин аст ки бо ақойиди заннии худ, монанди ақойиди қатъии худ бархурд накунанд ва иҷоза бидиҳанд ки мавриди баррасии бетарафона ва мунсифона қарор бигиранд.)

Ин ҳолат (таъассуб), дар бархӣ кишварҳои мусалмон ки (аз як сӯ) аз ақвом ё мазоҳиби гуногуне шакл гирифта ва (аз сӯӣ дигар) тавсиъаи (фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии) камтаре ёфтаанд, маҳсустар аст; Чунонки масалан дар Афғонистон, таъассуби қавмӣ ва мазҳабӣ дар сояи танавуъи ақвом ва мазоҳиб, ба андозае аст ки заминае барои таҳаққуқи сулҳ нест ва шаклгирӣ ё бақоъи ҳокимияти воҳид, душвор аст (яъне то замоне ки таъассуби қавмӣ ва мазҳабӣ дар канори танаввуъи қавмӣ ва мазҳабӣ дар он вуҷуд дорад, сулҳ дар он имконпазир нест ва ҳокимияти воҳид ба сахтӣ шакл мегирад; Чунонки имрӯз ба вузуҳ дар он кишвар мушоҳида мекунем) ва ин мусалмонони он кишварро ба мардумӣ мусибат зада (яъне дучори мушкилот ва муъазалоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ) табдил намудааст. (Аз инҷо дониста мешавад ки устозунал Мансур яке аз муҳимтарин авомили бӯҳрони Афғонистонро таъассуби қавмӣ ва мазоҳибии ин тавоъим бо танаввуъи қавмӣ ва мазҳабӣ дар ин кишвар медонад ва табъан роҳи ҳалли онро муттаҳид сохтани ақвом ва мазҳаби ин кишвар ба гирди як парчами қобили қабул барои ҳама мешиносад ва он парчам метавонад парчами Маҳдӣ бошад ки ҳамаи ақвом ва мазҳаби ин кишвар онро қабул доранд ва устозунал Мансур онро дар ин кишвар барафроштааст. Лизо уламои Афғонистон ва дилсӯзони он, агар дар андешаи поён додан ба бӯҳрони ин кишвар ва расидан ба ваҳдатӣ мондгор ҳастанд, бояд аз ин фурсат истифода кунанд ва ба гирди ин парчам ки парчами Исломи холис аст ҷамъ шаванд то ба пойгоҳе барои инқилоби ҷаҳонии Маҳдӣ табдил шаванд.)

Ҳосил онки танҳо касоне қодир ба шинохти ҳаққанд ки нисбат ба қавм, мазҳаб ва гурӯҳи худ таъассуб надошта бошанд ва бо ақойиди заннии худ, монанди ақойиди қатъӣ, муомила накунанд ва зарфияти бознигарӣ дар онҳо ва табъан даст бардоштан аз онҳо дар сурати мухолифаташон бо ҳаққро дошта бошанд. (Инҳо калидҳои маърифат аст ки ин олими раббонӣ ба уммати Ислом ҳадия мекунад ва ҳар як метавонад дарҳои бастаи бисёреро ба рӯӣ онон бигшояд.

و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Нисоъ/ 51.
↑[2] . Фатҳ/ 26.
↑[3] . Анфол/ 6.
↑[4] . Анъом/ 144.
↑[5] . Ҳаҷ/ 72.
↑[6] . Оли Имрон/ 188.
↑[7] . Бақара/ 18.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси бисту ҳаштум инҷоро клик кунед.