Ҷумъа 27 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 11 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(15) Тавҳид дар ташриъ ба маънои он аст ки танҳо қонунгузор дар ҷаҳон Худованд аст ва бо ин васф, набояд касе ҷуз Ӯро қонунгузор пиндошт ва набояд қонуне ҷуз қонуни Ӯро мӯътабар донист ва набояд аз қонуне ҷуз қонуни Ӯ пайравӣ кард, агарчи мавриди ризои аксарияти мардум бошад. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Матни дарс
 

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар ҷаласаи қабл рӯшан шуд ки эътиқод ба ҳуҷҷияти аҳодиси воҳид, яке аз мавонеъи иқомаи дини холис пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то ба имрӯз будааст; Чароки аҳодиси воҳид танҳо муфиди занн ҳастанд ва занн ба ҳукми ақл ва шаръ ҳуҷҷият надорад; Яъне кошиф аз воқеъ нест ва бо ин васф, маълум аст ки тамассук ба он, ба чи ихтилоф ва инҳирофи азиме дар уммат меанҷомад; Ҳамчунонки анҷомида ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз ихтилофот ва инҳирофоти мавҷуд дар миёни мусалмонон, ношӣ аз тамассуки онон ба аҳодиси воҳид аст. Устозунал Мансур пас аз исботи ин нуктаи бисёр муҳим, ин тавр ҷамъбандӣ ва натиҷагирӣ мекунад ва мефармояд:) Ҳосил онки тахсиси шаръии адами ҳуҷҷияти занн (яъне ҳуҷҷат шудани бархӣ занҳо бо ҳукми шаръи), на имкон дорад ва на воқеъ шудааст (чун аз як сӯ шаръ бо ақл созгор аст ва шаънияти тахсиси аҳкоми ақлиро надорад ва аз сӯӣ дигар, оёт ва ривоёте ки мухассиси адами ҳуҷҷияти занн пиндошта шудаанд, ба ростӣ мухассиси адами ҳуҷҷияти занн нестанд; Монанди мавориде ки дар ҷаласаи қабл тавзиҳ дода шуд) ва бо ин васф, занн ба таври кулли, қатъи назар аз онки бо чи тариқае ҳосил шуда бошад, мӯътабар нест (чароки ҷинс ва табиъати занн мӯътабар нест ва тариқи ҳосил шудани он, ҷинс ва табиъаташро тағйир намедиҳад). Аз ин рӯ, мусалмонони нахустин, дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳаргиз ба ривоёти заннӣ аз он Ҳазрат, такя намекарданд ва албатта ниёзе ба он низ надоштанд; Чароки ғолибан ба он Ҳазрат дастрасӣ доштанд ва ҳангоме ки (муваққатан) ба он Ҳазрат дастрасӣ надоштанд низ, ривоёте ки аз ӯ мерасид, мутавотир (яъне ривоят шуда тавассути теъдоди зиёде аз саҳоба) ё маҳфуф (яъне печида шуда) ба қароъини қатъӣ буд. (Қароъини қатъӣ, нишонаҳои даруни ё пиромуни хабар ҳастанд ки бар сидқи он далолат мекунанд; Монанди инки як нафар хабар меоварад Паёмбар амри ба ҷиҳод бо банӣ Қурайза фармудааст. Ин хабар фиҳадди нафси илмовар нест, вале баъд аз соъате масалан садои шейпури ҷанг ба гӯш мерасад ва сипоҳиёни Ислом дида мешаванд ки бо оройиши ҷангӣ ба сӯӣ банӣ Қурайза дар ҳаракатанд. Инҷо қатъ ҳосил мешавад ки хабари расида, саҳиҳ будааст. Қоъидатан чунин қироъате дар замони ҳузури Паёмбар вуҷуд доштааст. Ба ҳамин далил, устозунал Мансур хабари воҳид аз халифаи Худовандро барои аҳли замони ӯ ки маъмулан чунин қароъинеро мушоҳида мекунанд ҳуҷҷат медонад.) Пас аз он Ҳазрат низ, мусалмонон дар бораи мабнои ақойид ва аъмоли худ, ба ду даста тақсим шуданд: Дастае ки бо таваҷҷуҳ ба васоёи он Ҳазрат (дар бораи тамассук ба сақалайн яъне китоби Худо ва итрати Паёмбар) дар (рӯзи) Арафа (аз рӯзҳои ҳаҷҷатул видо), Ғадири хум (дар роҳи бозгашт аз ҳаҷҷатул видо), Тоъиф (дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ) ва бистари марг, китоби Худо ва итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро мабнои ақойид ва аъмоли худ медонистанд, монанди Салмон, Абу Зар, Миқдод, Аммор, Ҳузайфа ва бархӣ дигар (хусусан аз миёни бани Ҳошим ки баъд аз даргузашти Паёмбар дар хонаи Алӣ таҳассун карданд ва ҳозир ба байъат бо Абубакр нашуданд) ва дастае ки (ба ду далил, китоби Худоро мабнойи кофӣ барои ақойид ва аъмоли худ медонистанд ва нақши итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар канори онро намепазируфтанд: Яке) бо таваҷҷуҳ ба иҷтиҳодашон дар баробари нас (ба ин маъно ки бо вуҷуди насси Паёмбар дар бораи вуҷуби тамассук ба итрат дар канори Қуръон, бино бар иҷтиҳоди худ амал мекарданд ва мегуфтанд ки тамассук ба Қуръон кофӣ аст, дар ҳоле ки вақте нассе аз Паёмбар вуҷуд дорад, дигар ҷойи иҷтиҳод нест, балки ҷойи итоъат ва таслим аст) ва (дигарӣ) адами эътиқодашон ба илзомовар будани васоёи сиёсии он Ҳазрат (ки далили иҷтиҳодашон дар баробари нас буд; Яъне мӯътақид буданд васоёи сиёсии Паёмбар ки дар Қуръон наёмадааст илзомовар нест, балки сирфан назари шахсии Паёмбар аст ва ҳолати пешниҳод дорад. Ба ин далил, дар баробари насси Паёмбар иҷтиҳод мекунанд), (ва бар пояи ин иҷтиҳод) китоби Худоро мабонии кофӣ барои ақойид ва аъмоли худ медонистанд ва нақши итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар канори онро намепазируфтанд ва монанди Умар (дар рӯзи панҷшанбеи охири умри Паёмбар) нидо медоданд: «حَسْبُنا کتابُ اللّه»; <<Китоби Худо моро бас аст>>, ба ин маъно ки моро дар канори он ба итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳоҷат нест.[1] Ҳамчунонки ин ду дастагӣ, на танҳо дар миёни асҳоби он Ҳазрат, балки дар миёни ҳамсарони ӯ низ вуҷуд дошт ва дастаи аз онон Оиша, Ҳафса, Сафия ва Сувда буданд ки аҳли байти он Ҳазрат (хусусан Алӣ ибни Абӣ Толиб) ро дӯст намедоштанд ва дастаи дигар Умми Салама ва сойири ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ки аҳли байти он Ҳазратро дӯст медоштанд.[2] Бо ин васф, мусалмонон пас аз он Ҳазрат, яке аз ду назарро пай гирифтанд: Пайравӣ аз китоби Худо ва аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва пайравӣ аз китоби Худо ба танҳоӣ ва табъан ин ду назар, танҳо назароти мавҷуд дар миёни онҳо буд ва назари севвуме дар миёни онҳо вуҷуд надошт (ва ин ба истилоҳи усулиҳо яъне иҷмоъи мураккаб ки яке аз анвоъи иҷмоъ аст). Назари севвум (ки бар хилофи иҷмоъи мураккаби мусалмонон буд) танҳо дар даҳаҳои пасин (яъне чанд даҳа пас аз Паёмбар) ва ба дунболи ғалабаи назари дуввум бар назари аввал ва бо ангезаи пур кардани ҷои холии аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам миёни мусалмонон пайдо шуд ва он ҳамонон пайравӣ аз китоби Худо ва ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд (яъне ҳадиси Паёмбар саллаллоҳи алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷойи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро гирифт), дар ҳоле ки мусалмонони нахустин, чунин назареро надоштанд ва қарор додани ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар канори китоби Худоро таъйид намекарданд, балки бо он мухолиф буданд ва ба сахтӣ муқобила мекарданд; Зеро ҳадиси мусталаҳ (яъне ҳадиси воҳид ки аксарияти қотеъи аҳодисро ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, вақте гуфта мешавад <<Ҳадис>>, ҳамон ба зеҳн мутабодир мешавад), чизе ҷуз чанд ривояти заннӣ ва оърӣ аз қароъини лозим барои фаҳми комил ва саҳиҳ ки наметавонист дар канори китоби Худо қарор гирад ва халаъӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ҷуброн кунад, набуд (агар метавонист дар канори китоби Худо қарор гирад ва халаи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро ҷуборн кунад ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам намефармуд: <<Китобаллоҳ ва итратӣ>>, балки мефармуд: <<Китобаллоҳ ва суннатӣ>>) ва қобили пешбинӣ буд ки дар сурати ривоҷи (ин ривояти воҳид), танҳо заминаи ихтилофи уммат дар ақойид ва аъмоли Исломӣ ва ҷудойии онон аз китоби Худоро фароҳам созад (заминаи ихтилофи уммат дар ақойид ва аъмоли Исломиро фароҳам созад, ба ин далил ки ҳар фирқа ва мазҳабе ба ривояте чанг мезанад ва ривояти дигариро нодида мегирад; Чароки бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди ҷаъл, таҳриф ва тасҳифи густарда дар ривоёт, барои ҳар раъй ва ақидае як ривоят пайдо мешавад ва табъан фирақ ва мазҳабе ҳам дар сояи он шакл мегирад; Ҳамчунонки имрӯза бо ин падида мувоҷеҳ ҳастем ва ба вузуҳ мушоҳида мекунем ки ҳар касе бо ҳар раъй ва ақидае ба ривояте истинод мекунад ва мепиндорад ки ривояти ӯ аз ривояти дигарӣ саҳиҳтар аст ва заминаи ҷудойии уммат аз китоби Худоро фароҳам созад, ба ин далил ки эътиқод ба ҳуҷҷияти ривояти воҳид табдил мешавад ба эътиқод ба ҷавози таъмим, тахсис ва ҳатто насхи китоби Худо бо ривояти воҳид; Ҳамчунонки табдил шуда ва ин ба маънои ҷудойи аз китоби Худост). Аз ин рӯ, онон (яъне саҳоба) бо ҷиддият аз навиштани ҳадис ва ривояти он ҷилавгирӣ мекарданд ва ҳтто китобҳо ва ёддоштҳои ҳадисиро гирд меоварданд ва аз байн мебурданд.[3] Ин тадбире буд ки онон, бар хилофи пиндори бархӣ ҷоҳилон, аз рӯӣ хайрхоҳӣ ва бо ангезаи сиёнат аз Ислом анҷом медоданд (на аз рӯӣ шарорат ва бо ангезаи нобуд кардани Ислом); Зеро онон ба дурустӣ медонистанд ки ин аҳодис, аз як сӯ (яъне аз ҷиҳати судурӣ ва санадӣ) заннӣ аст ва эътибори кофӣ надорад ва аз сӯӣ дигар (яъне аз ҷиҳати далолӣ ва матнӣ) бисёр ноқис аст ва аз диққати кофӣ бархурдор нест ва бо ин васф, наметавонад мабнои диёнати мусалмонон вақеъ шавад. (Бинобарин, ишколи кори онон, пешгирӣ аз тадвин ва тарвиҷи ҳадис набуд, бал адами муроҷиъаи мустақим ба аҳли байти Паёмбар буд ки марҷаъӣ зинда ва яқинӣ барои шинохти Ислом буданд; Чунонки мефармояд:) Ҳар чанд онон дар лузуми муроҷиъа ба аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба унвони марҷаъӣ зинда ва яқинӣ барои шинохти Ислом, ихтилоф доштанд, вале дар адами лузуми муроҷиъа ба ахбори оҳод, ихтилофе надоштанд ва ҳамагӣ бо тадвин ва тарвиҷи он ба унвони як мабнои динӣ мухолиф буданд. Дар ин миён, танҳо аносурӣ ҷавон ва поён рутбае аз онон монанди Абу Ҳурайра (ки дар ин авохир Ислом оварда буданд ва таҷриба, дароят ва оянданигаии кофиро надоштанд), ба ривояти ҳадис эҳтимом доштанд ва ба ҳамин далил, китоби ҳадис аз ривоёти онон оканда шуд; Вагарна бузургоне (аз муҳоҷирин ва ансор ки аз муддатҳо пеш Ислом оварда буданд ва дар бисёрӣ аз ҷангҳо ҳузур доштанд) монанди Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Салмон, Абу Зар, Аммор ва дигарон, камтар ҳадисеро ривоят мекарданд ва амсоли Абу Ҳурайраро низ аз ривояти бисёр боз медоштанд ва ба ҳамин далил, ривоёти андаке аз онон дар кутуби ҳадис ба чашм мехурд.[4] (Дар инҷо як поварақӣ муҳимму муфассал муштамил бар шавоҳиди ривойии мутаъаддид аст ки хуб аст тарҷума шавад. Ман онро бидуни зикри манобеъ мехонам ва тарҷума мекунам. Барои манобеъ, метавонед ба поварақӣ муроҷиъа кунед. Мефармояд: Барои огоҳии бештар дар ин бора, нигоҳ кун ба: Эътирофоти Абу Ҳурайра ба мухолифати саҳоба бо касрати ривояти ҳадис ва худдории муҳоҷирон ва ансор аз ин кор, бо мазмуни: «[إنّ الناس يقولون أکثر أبو هريرة [من الحديث»; <<Мардум мегӯянд ки Абу Ҳурайра дар ривоят зиёдаравӣ кардааст>> Ва «إنکم تقولون أکثر أبو هريرة عن النبيّ صلّی الله علیه و آله و سلّم»; <<Шумо мегӯйед ки Абу Ҳурайра беш аз ҳад аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардааст>> Ва «إنكم لتقولون ما بال المهاجرين لا يحدّثون عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم بهذه الأحاديث وما بال الأنصار لا يحدّثون عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم بهذه الأحاديث»; <<Шумо мегӯйед кичаро муҳоҷирон ин аҳодисро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят намекунанд ва чаро ансор ин аҳодисро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят намекунанд?!>> Ва «ما من أصحاب النبي صلّی الله علیه و آله و سلّم أحد أکثر حديثاً عنه منّي إلا ما کان من عبد الله بن عمرو»; <<Ҳеҷ як аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам беш аз ман аз ӯ ҳадис ривоят накардааст магар ончи аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос будааст>> Ва «لم يکن أحد من أصحاب النبيّ صلّی الله علیه و آله و سلّم أکثر حديثاً عنه من أبي هريرة»; <<Ҳеҷ як аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам беш аз Абу Ҳурайра аз ӯ ҳадис ривоят накардааст>> Ҳамчунин, нигоҳ кун ба: Эътирозоти бузургони саҳоба ба Абу Ҳурайра ба сабаби касрати ривояти ҳадис, бо мазмуни: «أکثر أبو هريرة علينا»; <<Абу Ҳурайра бар мо зиёди кардааст>> Ва «أکثر أبو هريرة علی نفسه»; <<Абу Ҳурайра бар худаш зиёди кардааст>> Зиёди кардааст дар истилоҳи омма яъне аз ҳад гузарондааст; То ҷойе ки аз Соъиб ибни Язид нақл шудааст ки шунид Умар ба ин ҳадисгарои Дувсӣ яъне аҳли Дувс мегӯяд: «لتتركنّ الحديث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم أو لألحقنّك بأرض دوس!»; <<Ё ривоят аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро тарк мекунӣ, ё туро ба сарзамини Дувс равона мекунам!>> Ва ба Каъбул Аҳбор ки ҳадисгаройе монанди ӯ яъне монанди Абу Ҳурайра буд, мегӯяд: «لتتركنّ الحديث أو لألحقنّك بأرض القردة!»; <<Ё ҳадисро тарк мекунӣ ё туро ба сарзамини маймунҳо мефиристам!>>; Ҳамчунонки Соъиб ибни Язид, назири ин бархурд бо он дуро аз Усмон низ нақл карда ва гуфтааст: «أرسلني عثمان بن عفان إلى أبي هريرة فقال: قل له: يقول لك أمير المؤمنين: ما هذا الحديث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم؟! لقد أكثرت! لتنتهينّ أو لألحقنك بجبال دوس! وأت كعباً- يعني کعب الأحبار، فقل له: يقول لك أمير المؤمنين عثمان: ما هذا الحديث؟! قد ملأت الدّنيا حديثاً! لتنتهينّ أو لألقينّك بجبال القردة!»; <<Усмон ибни Аффон манро ба назди Абу Ҳурайра фиристод ва гуфт: Ба ӯ бигӯ: Амирул мӯъминин ба ту мегӯяд: Ин ҳама ҳадис аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чист?! Зиёдаравӣ кардаи! Ё даст бар медорӣ ё туро ба кӯҳистони Дувс равона мекунам! Ва бирав нази Каъбул Аҳбор ва ба ӯ бигӯ: Амирул мӯъминин Усмон ба ту мегӯяд: Ин ҳама ҳадис чист?! Дунёро аз ҳадис пур кардӣ! Ё даст бар медорӣ ё туро ба кӯҳистони маймунҳо меандозам!>>. Дар баробари амсоли он ду, асҳоби бузурги Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ки ҳадиси воҳидро ҳуҷҷат намедонистанд ва аз эҳтимом ба он боз медоштанд; Чунонки аз Алӣ нақл шудааст ки мегуфт: «كنت إذا سمعت من رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم حديثاً نفعني الله به بما شاء أن ينفعني منه وإذا حدّثني غيره استحلفته فإذا حلف لي صدّقته»; <<Ҳаргоҳ худам аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадисе мешунидам Худованд манро ҳар чи мехост аз он суд мерасонд ва ҳаргоҳ дигарӣ барои ман ривоят мекард ӯро қасам медодам, пас агар бароям қасам мехӯрд қабул мекардам>> Яъне хабари ӯро ба танҳойи қобили қабул намедонист. Бинобарин, ин ҳама ривоёти воҳид ки ҳеҷ як аз ровиёнаш қасам нахӯрдаанд аз назари Алӣ алайҳи салом қобили қабул нест ва аз Умар нақл шудааст ки мегуфт: «[أقلّوا الحديث عن النبيّ صلّی الله علیه و آله و سلّم و أنا شريککم [فيه»; <<Ривоят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро кам кунед ва ман ҳам бо шумо дар он шарик ҳастам>>; Бал аз ӯ нақл шудааст ки шуморе аз саҳоба монанди Абу Дардоъ ва ҳатто Ибни Масъудро ба ҷурми касрати ривоят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам зиндонӣ кард ва ба онон гуфт: «قد أكثرتم الحديث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم»; <<Зиёди аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадис нақл кардаед>>, ин дар ҳоле буд ки аз Авн ибни Абдуллоҳ нақл шудааст ки мегуфт: «أحصينا حديث عبد الله بن مسعود عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم، فإذا بضعة وخمسون حديثاً!»; <<Аҳодиси Абдуллоҳ ибни Масъуд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро шумурдем ва дидем ки панҷоҳу чанд ҳадис аст>>! Яъне ин теъдод аз назари Умар хеле зиёд буд; Бал аз Амр ибни Маймун нақл шудааст ки мегуфт: «!"ما أخطأني ابن مسعود خميساً إلا أتيته فيه، فما سمعته يقول لشئ قطّ: "قال رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم»; <<Ҳеҷ панҷшанбеи нагузашт магар инки ба назди Ибни Масъуд рафтам, вале ҳаргиз нашунидам ки дар бораи чизе бигӯяд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд>>! Назири ин гузориш, аз Алқама ва Қайс ибни Абд низ нақл шудааст. Бо ин васф, беҳуда нест аз Абу Ҳурайра нақл шудааст ки баъд аз даргузашти Умар мегуфт: «!ما كنّا نستطيع أن نقول: قال رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم حتّى قبض عمر، كنّا نخاف السّياط»; <<Мо наметавонистем бигӯйем: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд, то инки Умар аз дунё рафт, аз тозиёна метарсидем>>! Ва мегӯяд: «إنّي لأحدّث بأحاديث لو تكلّمت بها في زمن عمر لشجّ !رأسي»; <<Ман аҳодисеро нақл мекунам ки агар дар замони Умар мегуфтам сармро мешикаст>>! Ва мегуфт: «!أفإن كنت محدّثكم بهذه الأحاديث وعمر حيّ؟! أما والله إذاً لألفيت المخفقة ستباشر ظهري»; <<Оё вақте Умар зинда буд ин аҳодисро бароятон нақл мекардам?! На ба Худо савганд, дар он сурат тозиёна бар пуштам фурд меомад>>! Ҳамчунонки аз Оиъша нақл шудааст ки рӯзе ба Урва ибни Зубайр гуфт: «ألا أعجبك أبو هريرة؟! جاء فجلس إلى جانب حجرتي يحدّث عن رسول الله يسمعني ذلك وكنت أسبّح، فقام قبل أن أقضي سبحتي، ولو أدركته لرددت عليه أنّ رسول الله لم يكن يسرد الحديث كسردكم»; <<Оё аз Абу Ҳурайра таъаҷҷуб намекунӣ?! Омад ва канори ҳуҷраи ман нишаст ва шурӯъ кард ба ривоят аз Расули Худо ва ба гӯши ман мерасонд, дар ҳоле ки ман тасбеҳ мегуфтам, пас қабл аз инки тасбеҳам тамом шавад бархостам вагарна ба ӯ мегуфтам ки Расули Худо ин тавр ки шумо ривоят мекунед ҳадис намекард>>. Ҳамчунонки сойири бузургони саҳоба бар хилофи Абу Ҳурайра ва амсоли ӯ, эҳтимоме ба ривоят надоштанд ва мафосиди онро дарк мекарданд; Чунонки аз Амр ибни Маймун нақл шудааст ки мегуфт: «صحبت عبد الله بن مسعود ثمانية عشر شهراً فما سمعته يحدّث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم إلا حديثاً واحداً فعرق ثمّ قال: هذا أو نحو هذا أو شبيه هذا!»; <<Ҳаҷдаҳ моҳ бо Абдуллоҳ ибни Масъуд мусоҳибат кардам ва нашунидам ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кунад, магар як ҳадис ки вақте ривоят кард арақ кард ва гуфт: Ин ё наздик ба ин ё шабеҳи ин!>> Ва аз Соъиб ибни Язид нақл шудааст ки мегуфт: «صحبت سعد بن أبي وقاص سنة، فما سمعته يحدّث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم إلا حديثاً واحداً»; <<Як сол бо ибни Абӣ Ваққос мусоҳибат кардам, вале ҷуз як ҳадис нашунидам ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кунад>> Ва мегуфт: «خرجت مع سعد بن مالك من المدينة إلى مكة فما سمعته يحدّث عن النبيّ صلّی الله علیه و آله و سلّم بحديث حتّى رجعنا»; <<Бо Саъд ибни Молик аз Мадина ба Макка рафтам, вале ҳеҷ нашунидам ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадисе нақл кунад то он гоҳ ки баргаштем>> Ва аз Шаъбӣ нақл шудааст ки мегуфт: «جالست ابن عمر سنة فما سمعته يحدّث عن رسول الله صلّی الله علیه و آله و سلّم شيئاً»; <<Як сол бо ибни Умар ҳамнишинӣ кардам ва ҳеҷ нашунидам ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чизе ривоят кунад>> Ва назири он дар бораи ибни Умар, аз Муҷоҳид низ нақл шудааст ва аз Рабиъа ибни Ҳадир ки мулозими Талҳа буд нақл шудааст ки мегуфт ҷуз як ҳадис нашунидааст ки Талҳа аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кунад. Аз ин рӯ, бархӣ тобеъон ва атбоъашон низ аз адами ҳуҷҷияти аҳодис яъне аҳодиси воҳид огоҳӣ доштанд ва аз эҳтимом ба он боз медоштанд; Чунонки ба унвони намуна, аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки ҳаргоҳ аҳодисеро барои шогирдонанш ривоят мекард, мегуфт: «هذا الذي سمعتم کلّه ريح و باطل!»; <<Ин чизе ки шунидед ҳамааш бод ва пуч аст!>> Ва аз Абдуллоҳ ибни Абдулазиз (д.184қ) нақл шудааст ки ба яке аз машоҳири аҳли ҳадис бо номи Сӯфиён ибни Айна (д.198қ) мегуфт: «ما أحد من الناس يدخل علي أحبّ إليّ منك، إلا أن فيك عيباً: تحبّ الحديث!»; <<Ҳеҷ як аз мардум ба назди ман намеояд ки аз ту назди ман маҳбубтар бошад, ҷуз инки дар ту айбе вуҷуд дорад: Ҳадисро дӯст медорӣ!>> Ва аз Айюби Сахтиёнӣ (д.131қ) нақл шудааст ки мегуфт: «ما قلّ من الحديث كان خيراً»; <<Ҳар чи ҳадис камтар бошад беҳтар аст>> Ва аз бархӣ дигар низ суханони дилсӯзонаи мушобеҳе нақл шуда ки ҳеҷ як дар гӯши сангини ҳадисгароён фуру нарастааст!) Албатта мусалламан ин рӯйкарди онон (яъне саҳоба ки собиқаи имон ва ҳиҷрат ва ҷиҳод ҳамроҳи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро доштанд), ҳаргиз ба сабаби кароҳат аз ақвол ва афъоле набуд ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шунида ва дида буданд, бал танҳо ба ин сабаб буд ки (ба баракати таъолими Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) медонистанд мабнои Ислом, яқин аст ва яқин аз тариқи ҳадиси воҳид ҳосил намешавад ва бо ин васф, эҳтимом ба он, шойиста нест; Балки чи басо зиёнобар аст; Чароки аз эҳтимом ба яқиниёт боз медорад ва табъан муҷиби ихтилофи ороъ ва аъмоли мусалмонон дар оянда мешавад. Ҳамчунонки ҳамин тавр шуд ва мусалмонон, пас аз онки бархӣ ҳокимони Умавӣ (монанди Муъовия ва Умар ибни Абдулазиз), тадвин ва тарвиҷи ҳадисро озод карданд, ба гирдоварии ахбори оҳод аз ин сӯ ва он сӯ рӯй оварданд ва ҳар ратбу ёбисе (яъне ҳар дуруст ва ғалате) ро бо унвони ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар кутуби хеш навиштанд ва ба ин тартиб, заминаи шаклгирии бузургтарин инҳирофотро дар миёни мусалмонон фароҳам сохтанд ва аз зумраи касоне шуданд ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿قُلْ هَلْ نُنَبِّئُكُمْ بِالْأَخْسَرِينَ أَعْمَالًا؛ الَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا;[5] <<Бигӯ оё шуморо ба зиёнкортаринҳо дар амал хабар бидиҳем?! Касоне ки талошашон дар зиндагии дунё бар гумроҳӣ буд, дар ҳоле ки мепиндоштанд кори хубе анҷом медиҳанд>>! (Ин яъне тадвин ва тарвиҷи аҳодиси воҳид тавассути аҳли ҳадис, талоше бар гумроҳӣ бад, дар ҳоле ки онон мепиндоштанд кори хубе анҷом медиҳанд. Ба Худо паноҳ мебарем аз чунин гумроҳии дуре! То ҳамин ҷо кофӣ аст. Боқӣ бимонад барои ҷаласаи баъд Иш Шоъ Аллоҳ.

والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Нигоҳ кун ба: Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ5, с436 ва ҷ6, с57 ва ҷ10, с361; Муснади Аҳмад, ҷ1, с293, 324 ва 336; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с37 ва ҷ4, с31 ва ҷ7, с9; Саҳиҳул Муслим, ҷ5, с76; Сунанул Нисоӣ, ҷ3, с433 ва ҷ4, с360; Саҳиҳи Ибни Ҳиббон, ҷ14, с562 ва манобеъи фаровони дигар.
↑[2] . Нигоҳ кун ба: Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ3, с132; Ибни абӣ Осим, Ал-Оҳод вал масони, ҷ5, с388; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ23, с50; Заҳабӣ, Сияру аъломил нубало, ҷ2, с143.
↑[3] . Барои огоҳи аз ин иқдомот, нигоҳ кун ба: Шаҳристонӣ, Манъул тадвинил ҳадис; Ғуломӣ, Маҳвул суннати ав тадвинуҳо; Наҷмӣ, Азвоун алассаҳиҳайн, с47 то 50.
↑[4] . Барои огоҳии бештар дар ин бора, нигоҳ кун ба: Эътирофоти Абу Ҳурайра ба мухолифати саҳоба бо касрати ривояти ҳадис ва худдории муҳоҷирон ва ансор аз ин кор, бо мазмуни: «إنّ الناس یقولون أکثر أبو هریرة [من الحدیث]» ва «إنکم تقولون أکثر أبو هریرة عن النبيّ» ва «إنكم لتقولون ما بال المهاجرين لا يحدّثون عن رسول الله بهذه الأحاديث وما بال الأنصار لا يحدّثون عن رسول الله بهذه الأحاديث»! (дар: Ибни Саъд, Ал-Табақотул кубро, ҷ2, с362, 363 ва 364 ва ҷ4, с330 ва 332; Абдурраззоқ, Тафсирул Қуръон, ҷ1, с64; Муснади Аҳмад, ҷ2, с240 ва 274; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с37 ва ҷ2, с65 ва ҷ3, с2 ва 74; ҷ4, с209; Саҳиҳ Муслим, ҷ7, с167; Нисоӣ, Ал-Сунанул кубро, ҷ3, с439; Байҳақӣ, Далоилул Набувва, ҷ6, с201) ва «ما من أصحاب النبي أحد أکثر حدیثاً عنه منّي إلا ما کان من عبد الله بن عمرو» ва «لم یکن أحد من أصحاب النبيّ أکثر حدیثاً عنه من أبي هریرة» (дар: Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с36; Ҳокими Нешобурӣ, Ал-Мустадрак, ҷ3, с509; Ибни Адӣ, Ал-Комил, ҷ1, с20). Ҳамчунин, нигоҳ кун ба: Эъетирозоти бузургони саҳоба ба Абу Ҳурайра ба сабаби касрати ривояти ҳадис, бо мазмуни: «أکثر أبو هریرة علینا» ва «أکثر أبو هریرة علی نفسه» (дар: Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ2, с89; Сунани абӣ Довуд, ҷ1, с285; Байҳақӣ, Ал-Сунанул кубро, ҷ3, с45; Саҳеҳи ибни Хузайма, ҷ2, с167; Саҳеҳи ибни Ҳиббон, ҷ6, с220); То ҷойе ки аз Соъиб ибни Язид нақл шудааст ки шунид Умар ба ин ҳадисгароӣ Дувсӣ мегӯяд: «لتتركنّ الحديث عن رسول الله أو لألحقنّك بأرض دوس!» ва ба Каъбул Аҳбор ки ҳадисгароӣ монанди ӯ буд, мегуфт: «لتتركنّ الحديث أو لألحقنّك بأرض القردة!» (Ибни Асокир, Тарихи Мадинату Димишқ, ҷ50, с172; Заҳабӣ, Сиярул аъломул нубалоъ, ҷ2, с600 ва 601); Ҳамчунонки Соъиб ибни Язид, назири ин бархурд бо он дуро аз Усмон низ нақл карда ва гуфтааст: «أرسلني عثمان بن عفان إلى أبي هريرة فقال: قل له: يقول لك أمير المؤمنين: ما هذا الحديث عن رسول الله ؟! لقد أكثرت! لتنتهينّ أو لألحقنك بجبال دوس! وأت كعباً- یعني کعب الأحبار، فقل له: يقول لك أمير المؤمنين عثمان: ما هذا الحديث؟! قد ملأت الدّنيا حديثاً! لتنتهينّ أو لألقينّك بجبال القردة!» (Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с554). Дар баробари амсоли он ду, асҳоби бузуги Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ки ҳадиси воҳидро ҳуҷҷат намедонистанд ва аз эҳтимом ба он боз медоштанд; Чунонки аз Алӣ нақл шудааст ки мегуфт: «كنت إذا سمعت من رسول الله حديثاً نفعني الله به بما شاء ان ينفعني منه وإذا حدّثني غيره استحلفته فإذا حلف لي صدّقته» (Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ2, с280; Муснади Аҳмад, ҷ1, с10; Сунани абӣ Довуд, ҷ1, с340; Сунанул Тирмизӣ, ҷ1, с253; Нисоӣ, Ал-Сунанул кубро, ҷ6, с109) ва аз Умар нақл шудааст ки мегуфт: «أقلّوا الحدیث عن النبيّ و أنا شریککم [فیه]» (Муснади ибнул Муборак, с103; Сунанул Дорамӣ, ҷ1, с85; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с12; Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с553; Табаронӣ, Ал-Муъҷамул авсат, ҷ2, с326); Бал аз ӯ нақл шудааст ки шуморе аз саҳоба монанди Абу Дардоъ ва ҳатто Ибни Масуъдро ба ҷурми касрати ривоят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам зиндонӣ кард ва ба онон гуфт: «قد أكثرتم الحديث عن رسول الله» (Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с201; Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с553; Заҳабӣ, Тазкиратул ҳифоз, ҷ1, с7), ин дар ҳоле буд ки аз Авн Ибни Абдуллоҳ нақл шудааст ки мегуфт: «قد أكثرتم الحديث عن رسول الله» (Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с557; Ибни Асокир, Тарихи Мадинату Димишқ, ҷ68, с33); Бал аз Амр ибни Маймун нақл шудааст ки мегуфт: «ما أخطأني ابن مسعود خميساً إلا أتيته فيه، فما سمعته يقول لشئ قطّ: "قال رسول الله"!» (Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с200). Назири ин гузориш, аз Алқам ва Қайс ибни Абд низ нақл шудааст (Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ9, с123 ва 124). Бо ин васф, беҳуда нест аз Абу Ҳурайра нақл шудааст ки баъд аз Умар мегуфт: «ما كنّا نستطيع أن نقول: قال رسول الله حتّى قبض عمر، كنّا نخاف السّياط!» (Заҳабӣ, Сияру аъломин нубалоъ, ҷ2, с602 ва 603) ва мегуфт: «إنّي لأحدّث بأحاديث لو تكلّمت بها في زمن عمر لشجّ رأسي!» (Ибни Асокир, Тарихи Мадинату Димишқ, ҷ67, с343; Заҳабӣ, Сияру аъломин нубалоъ, ҷ2, с601) ва мегуфт: «أفإن كنت محدّثكم بهذه الأحاديث وعمر حيّ؟! أما والله إذاً لألفيت المخفقة ستباشر ظهري!» (Абдурраззоқ, Ал-Мусаннаф, ҷ11, с262). Ҳамчунонки аз Оиша нақл шудааст ки рӯзе ба Урват Ибни Зубайр гуфт: «ألا أعجبك أبو هريرة؟! جاء فجلس إلى جانب حجرتي يحدّث عن رسول الله يسمعني ذلك وكنت أسبّح، فقام قبل أن أقضي سبحتي، ولو أدركته لرددت عليه أنّ رسول الله لم يكن يسرد الحديث كسردكم» (Муснади Аҳмад, ҷ6, с118 ва 157; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ4, с168; Саҳиҳул Муслим, ҷ7, с167; Сунани абӣ Довуд, ҷ2, с178; Ибни Адӣ, Ал-Комил, ҷ1, с20). Ҳамчунонки сойири бузургони саҳоба бар хилофи Абу Ҳурайра ва амсоли ӯ, эҳтимомие ба ривояти ҳадис надоштанд ва мафосиди онро дарк мекарданд; Чунонки аз Амр ибни Маймум нақл шудааст ки мегуфт: «صحبت عبد الله بن مسعود ثمانية عشر شهراً فما سمعته يحدّث عن رسول الله إلا حديثاً واحداً فعرق ثمّ قال: هذا أو نحو هذا أو شبيه هذا!» (Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с200; Табаронӣ, Ал-Мӯъҷамул кабир, ҷ9, с123) ва аз Соъиб ибни Язид нақл шудааст ки мегуфт: «صحبت سعد بن أبي وقاص سنة، فما سمعته يحدّث عن رسول الله إلا حديثاً واحداً» (Ибни Саъд, Ал-Табақатул кубро, ҷ3, с144 бо гунаи тафовут; Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с557) ва мегуфт: «خرجت مع سعد بن مالك من المدينة إلى مكة فما سمعته يحدّث عن النبيّ بحديث حتّى رجعنا» (Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с201; Муснади ибнул Муборак, с104; Сунанул Дорамӣ, ҷ1, с85; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с12) ва аз Шъабӣ нақл шудааст ки мегуфт: «جالست ابن عمر سنة فما سمعته يحدّث عن رسول الله شيئاً» (Ибни Саъд, Ал-Табақотул кубро, ҷ4, с145; Ибни абӣ Шейба, Ал-Мусаннаф, ҷ6, с201; Сунанул Дорамӣ, ҷ1, с84; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с11) ва назири он дар бораи ибни Умар, аз Муҷоҳид низ нақл шудааст (Муснадул Ҳамидӣ, ҷ2, с298; Саҳиҳул Муслим, ҷ8, с137) ва аз Рабияът ибни Ҳадир ки мулозими Талҳа буд нақл шудааст ки мегуфт ҷуз як ҳадис нашунидааст ки Талҳа аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кунад (Ромҳурмузӣ, Ал-Ҳаддул фосил, с558 ва 559). Аз ин рӯ, бархӣ тобиъон ва атбоъашон низ аз адами ҳуҷҷияти аҳодис огоҳӣ доштанд ва аз эҳтимом ба он боз медоштанд; Чунонки ба унвони намуна, аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки ҳаргоҳ аҳодисеро барои шогирдонаш ривоят мекард, мегуфт: «هذا الذي سمعتم کلّه ریح و باطل!» (Ибни абӣ Ҳотами Розӣ, Ал-Ҷарҳу вал таъдил, ҷ8, с449) ва аз Абдуллоҳ ибни Абдулаъзиз (д.184қ) нақл шудааст ки ба яке аз машоҳири аҳли ҳадис бо номи Суфён ибни Уяйна (д.198қ) мегуфт: «ما أحد من الناس يدخل علي أحبّ إليّ منك، إلا أن فيك عيباً: تحبّ الحديث!» (Ибни Адӣ, Ал-Комил, ҷ1, с24) ва аз Айюби Сахтиёнӣ (д.131қ) нақл шудааст ки мегуфт: «ما قلّ من الحديث كان خيراً» (Ҳамон, ҷ1, с24) ва аз бархӣ дигар низ суханони дилсузонаи мушобеҳе нақ шуда ки ҳеҷ як дар гӯши сангини ҳадисгароён фуру нарафтааст!
↑[5] . Каҳф/ 103 ва 104.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Барои шунидани савти дарси панҷоҳу дуввум инҷоро клик кунед.