Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

(Анбиёъ/ 105) ﴿وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ

«Ва дар Забур пас аз Таврот навиштем ки заминро бандагони шойисаи Мо ба ирс хоҳанд бурд.»

Вожаи ҷаҳонӣ (Global) аз чаҳорсад соли пеш ва истилоҳоте ҳамчун ҷаҳонӣ шудан (Globalization), ҷаҳонисози (Globalizing) ва ҷаҳонигаройи (Globalism) аз даҳаи 1960 дар мутуни илмӣ ва адабӣ ба кор гирифта шуданд. Дар забони Арабӣ низ калимоти «العولمة» ва «الکوکبة» муъодили ҷаҳонӣ шудан ё ҷаҳонгаройи тарҷума шудаанд ки умдатан калимаи «العولمة» мавриди истифода қарор мегирад.

Шояд вожаҳойе ҳамчун ҷаҳонисозӣ ва ҷаҳони шуданро зиёд шунида бошем. Кишварҳо ва миллатҳо дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан ҳастанд. Дар воқеъ кишварҳо ва миллатҳо дар ҳоли якӣ шудан ё ба истилоҳ вҳдат ҳастанд. Маҳв шудани марзҳои ҷудо кунандаи ҷаҳон ва ҳаракати тадриҷии кишварҳо ба сӯӣ навъӣ ҳамгинӣ ё ҳамагунӣ, бештар дар арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ ки дар воқеъ метавон онро навъӣ ҳаракат аз касрат ба ваҳдат донист, ҷаҳонишудан гуфта мешавад. Дар ҷаҳони шудан навъӣ тобеъ будан наҳуфта аст. Дар канори ин вожа мафҳуми дигаре ба номи ҷаҳонисозӣ дорем ки дар пушти он ирода ё барномае вуҷуд дорад. Бархӣ макотиб мисли либероли демокросии ғарбӣ ва ё сусиёлисм ва ... ба дунболи ҷаҳонисозӣ будаанд ва барои ин амр, роҳкорҳо ва барномаҳойеро ироъа намуданд. Дар канори ин макотиби башарӣ, адёнӣ Илоҳӣ низ бар мабнои ҷаҳонисозии тавҳидӣ, ба дунболи ҷаҳонисозӣ будаанд ва аз миёни онҳо, дини мубини Ислом дорои беҳтарин роҳкор ва барнома барои ин манзур аст. Албатта бо таваҷҷуҳ ба инки дар дини мубини Ислом мазоҳиб ва макотиби мухталифе падид омада, қироъатҳои мухталифе аз ин роҳкор ва барнома ироъа шуда ки навъан мубтанӣ бар бардоштҳои заннӣ аз Ислом будааст.

Имрӯза наҳзати Бозгашт ба Ислом ба раҳбарии олими муҷоҳид ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо таъкид бар мусалламот ва яқиниёти Исломӣ ва бо меҳвар қарор додани заминсозӣ барои зуҳури охарин халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам яъне Маҳдӣ алайҳи салом ки мавриди қобили қабули ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аст, парчамдори ҷаҳонисозии ростин бар мабнои дини мубини Ислом аст.

Дини мубини Ислом бо ҳадафи ҳидояти ҳамаи мардуми рӯйи замин ба сӯӣ адолат ва саъодат ташриъ шуда ва маъмурияти Расули Худо ва халифаи эшон ваҳдати ҳамаи миллатҳо бар мабнои тавҳид будааст; Чунонки Худованди бузург мефармояд: ﴿قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا[1]; «Бигӯ эй мардум! Ман Паёмбари Худо ба сӯӣ шумо ҳастам.» Ин дар ҳоле аст ки Ислом танаввуъи забонҳо, рангҳо ва нажодҳоро ба расмият мешиносад; Чунонки Худованди бузург мефармояд: ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِلْعَالِمِينَ[2]; «Ва аз нишонаҳои [қудрати] Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳои шумо ва рангҳои шумост қатъан дар ин барои донишварон нишонаҳойе аст.»

Аз онҷойе ки меҳварият умур дар Исломи холис ва комил бар мабнои халифаи Худованд аст, лизо ҳазрати алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мабнои аслии наҳзати худро даъвати мардум ба сӯӣ халифаи Худо дар ин замон яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом қарор дода ва дар талош барои даъвати мардум аз саросари ҷаҳон ба заминасозӣ барои зуҳури эшон аст; Чунонки худ дар ин маврид мефармояд:

«Бегумон ончи ваъда дода шудаед рост аст ва ончи интизор мебаред воқеъ мешавад, ҳангоме ки шуморӣ кофӣ аз шумо барои он қиём кунанд ва бархишон ба бархӣ дигар бипайванданд, то касе ки бар ҷони худ бимнок аст эмин шавад ва касе ки худро нотавон меёбад тавоно. Мақсуди ман аз ин ҳаракат, заминасозӣ барои ҳукумати Маҳдӣ аст. Мақсуди ман, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Пас манро барои расидан ба мақсудам ёрӣ кунед, бошад ки Худованд аз шумо хушнуд шавад ва гуноҳоне ки дастҳотон пеш фиристодаастро биёмӯрзад, ҳангоме ки даъвати ман ба сӯӣ Ӯро иҷобат мекунед ва аз дур ва наздик ба наздам мешитобед, то дин ҳамааш барои Ӯ бошад ва малакуташ бар замин ояд ва номаш то абад тақдис шавад.»[3]

Наҳзат ҷаҳонисозии Исломӣ бо ҳадафи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳамчун корвоне аст ки аз шарқи ҷаҳони Ислом ба роҳ афтода ва бо суръат дар ҳоли ҳаракат аст ва касеро ёрои мутаваққиф кардани он нест. Ин наҳзат ба суръат дар ҳоли ҳамагуни кардан ва якпорча кардани адён, мазоҳиб ва макотиби гуногун бар мабнои ҳукумати Худованди воҳид аст ва ба самти ваҳдати ҷомеъаи ҷаҳонӣ пеш меравад. Омили аслии чунин ваҳдате, ақли салим аст ки дар ҳамаи инсонҳои озодандеш ва адолатталаб вуҷуд дорад ва ин наҳзати уқалойи онро меъёри шинохт ва ҳалқаи иттисоли онҳо ба якдигар медонад.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти имрӯзи ҷаҳон ва афзойиши зулмҳо ва беадолатиҳо ва вуҷуди ноумедӣ дар байни инсонҳо, ниёзи рӯзафзун ба барқарории адолат ва ахлоқ дар саросари ҷаҳон беш аз ҳар замони дигаре эҳсос мешавад. Ҳукумати адли имом Маҳдӣ алайҳи салом хатти бутлоне бар анвоъи ҳукуматҳо, назариёт, барномаҳо ва тарҳои ироъа шуда дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути макотиб ва назарияпардозони мухталиф аст; Чароки имрӯза тамоми ин назарияҳо ва ҳукуматҳо имтиҳони худро пас додаанд ва мардум кам ё беш ба пучӣ, заъф ва бутлони онҳо огоҳ шудаанд, агар чи ҳанӯз ба таври комил ба зарурат ва аҳмияти заминсозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом пай набурдаанд. Аз ин рӯ, наҳзати мубораки Бозгашт ба Ислом ба раҳбарии олими фарзона ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба дунболи ин огоҳисозӣ аст.

Барои эҷоди ҷаҳонисозӣ бар мабнои ҳокимияти имом Маҳдӣ алйҳи салом бояд тамомӣ ҳокимиятҳои дигар нафй шаванд ва мардум аз рӯӣ илм ва ақл ва огоҳӣ, вазъияти асафбори мавҷудро дарк карда ва барои расидан ба вазъияти матлуб омода шаванд. Ба ҳамин далил, ҳазрати алломаи Хуросонӣ дилсӯзона ба мардум ҳушдор медиҳад ва мефармояд:

«Инак гӯшҳои худро фароз овардед то бишнавед; Зкро ман нидо диҳандае аз маконӣ наздик ҳастам ки нидо медиҳам: Эй мардумон! Оё замони он нарасидааст ки ба асли хеш боз гардед?! Оё замони он нарасидааст ки аҳди Худо бо падаратон Одамро ба ёд оваред?! Оё замони он нарасидааст ки амонатро ба соҳибаш рад кунед ва ҳукуматро ба аҳлаш боз гардонед?! Оё ҳанӯз ҳам ба ин ҳукуматҳои ранг ба ранг умеде доред?! Оё ҳанӯз ҳам мепиндоред агар ба ҷои Зайд, Амр бар сари кор биёяд, кор сомон меёбад?! Чи бисёр Амрҳое ба ҷои Зайдҳо бар сари кор омаданд ва кор сомон наёфт; Чароки сомони кор аз ҷоӣ дигар буд ва шумо ғофил будед! Пас то ба кай ба умеди ин ва он хоҳед нишаст ва парчами ин ва онро афрошта хоҳед дошт?! То ба кай хешро залил хоҳед кард ва дастбӯси ин ва он хоҳед буд?! То ба кай ваъдаҳои дурӯғин, шуморо хом хоҳад сохт ва орзуҳои дароз, шуморо бозӣ хоҳад дод?! То ба кай монанди харҳои осиёб, ба гирди як меҳвар хоҳед чархид ва таваҳҳуми пешрафт хоҳед кард?! Ҳон, эй мардум! Чигуна аст ки ҳазорон сол, пушти худро ба ҳар ҳайвони ноқисе додаед ва дасти худро ба инсони комил надодаед?! Чигуна аст ки ҳазорон сол, ҳар рутубатеро макидаед ва дарёи ширинро раҳо кардаед?! Чигуна аст ки ҳазорон сол, дар пайи ҳар саробе давидаед ва дар пайи оби гуворо гоме барнодоштаед?! Оё ба худ нахоҳед омад ва ба сӯӣ асл боз нахоҳед гашт?! Оё аз хоб бедор нахоҳед шуд ва ин кобус ба поён нахоҳад расид?! Оё аз торикӣ берун нахоҳед омад ва ин шоми сиёҳ саҳар нахоҳад дошт?! Оё аз мастӣ ба ҳуш нахоҳед омад ва ин гиҷӣ аз сар нахоҳад рафт?! Оё чашм нагушода ногоҳ такон нахоҳед хӯрд ва бар по нахоҳед истод?! Оё сари хешро боло нахоҳед овар ва ҷуз пеши пои хешро нахоҳед дид?! … Пас оё ҳукумате ҷуз ҳукумати Худованд меҷӯйед?! Дар ҳоле ки адолат танҳо дар ҳукумати Худованд аст; Ҳукумате ки ба дасти халифаи Маҳдияш таҳаққуқ меёбад на ба дасти ғайри ӯ ва хулафо ва шоҳон ва фақиҳон дар ин амр бо ҳам бародаранд, ҷуз онки дар шеваи зулм тафовут доранд ва бархӣ беш аз бархӣ дигар ситам мекунанд; Монанди қотилоне ки ҳамагӣ мекушанд, ҷуз онки хафа мекунанд ва бархӣ сар мебуранд ва бархӣ сам менӯшонанд! Ба суханам гӯш фаро доред; Зеро суханӣ беҳтар аз ин нахоҳед шунид; Дунёи шумо ҷуз бо адолат ислоҳ намешавад ва охирати шумо ҷуз бо адолат сомон намепазирад ва адолат ҷуз бо ҳукумати Маҳдӣ имкон намеёбад ва ҳукумати Маҳдӣ ҷуз бо ҳамёрии шумо шакл намегирад, вале бештари шумо намедонед!»[4]

Ин ҳаракати асил бо тамоми тавон идома хоҳад ёфт то мардум нисбат ба ин амри ҳаётӣ огоҳ шаванд ва ниёзи худ ба онро дарк кунанд ва бо оғӯши боз ва аз рӯӣ ташнагӣ пазирои ҳукумати адли ҷаҳонии имом Маҳдӣ алайҳи салом гарданд. Дар наҳзати Бозгашт ба Ислом, ҳадаф заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ ва барқарории ҳукумати адли ҷаҳонӣ тавассути эшон аст; Лизо аллома Мансури Хуросонӣ чунин мефармояд:

«Оё мепиндоред ки дар ғиёби ӯ (Маҳдӣ), адолатро хоҳед дид ва ба шукуфоӣ хоҳед расид?! Ё мепиндоред ки дар ғиёби ӯ, амният хоҳед дошт ва хушбахт хоҳед шуд?! На ба Худо савганд, сипас на ба Худо савганд; Балки ин орзуро бо худ ба гӯр хоҳед бурд, ҳамчунонки гузаштагонатон онро бо худ ба гӯр бурданд! Зеро Худованд дар ғайбати гумоштааш хайре қарор надода ва дар ҳукумати ғайри ӯ баракате наёфаридааст!»[5]

Албатта ҳамон тавр ки гуфта шуд, бисёрӣ аз макотиб ва идеъоложиҳо, муддаии ҷаҳонисозӣ ҳастанд. Инсонмеҳварон, сикулорҳо, ҳисгароён, моддагароён, тарафдорони либероли демокросӣ ва ҳатто сусиёлистҳо ва ... ҳама муддаъӣ ҳастанд ки бар асоси мабонии худ метавонанд ҷаҳонисозиро ба саранҷом бирасонанд, аммо нуктаи асосӣ ин аст ки дар тамомӣ ин макотиб ва идеъоложиҳо Худованд дар меҳвари умур нест ва лизо бар асоси мабноӣ Исломӣ қатъан маҳкум ба шикаст хоҳанд буд. Ин макотиб умдатан авомилеро ба унвони авомили ваҳдатофарин муъаррифӣ кардаанд ки дар воқеъ омили ваҳдат нестанд, балки худ омили тафриқа ва такассур ҳастанд. Ин дар ҳоле аст ки Худованди бузург пирӯзии ниҳойии ҳақ бар ботил ва ғалабаи Ислом бар ҳамаи макотиб ва адёнро башорат додааст; Чунонки фармудааст: ﴿هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَكَفَى بِاللَّهِ شَهِيدًا[6]; «Ӯст касе ки Паёмбари Худро бо ҳидоят ва ойини дуруст равона сохт то онро бар тамоми адён пирӯз гардонад ва гувоҳ будани Худо кифоят мекунад.» Ва фармудааст: ﴿وَقُلْ جَاءَ الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا[7]; «Ва бигӯ ҳақ омад ва ботил нобуд шуд оре ботил ҳамвора нобудшуданӣ аст.»

Мабонии асили Исломӣ ба далили комил ва ҷомеъ будан ва инки мутобиқ бо фитрати инсонӣ ҳастанд ва ба далили инки мабнои онҳо асли тавҳид аст, беҳтар аз ҳар мактаби дигаре дар ҷаҳонисозӣ муъассир ҳастанд.

Муҳимтарин вежагиҳои Ислом барои ҷаҳонисозӣ иборатанд аз:

Даъват ба тавҳид

Тавҳид эътиқод ба ягонагии Худованд дар зот ва сифот ва афъол аст ва эътиқод ба Худованд ба сурати фитрӣ дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад. Ёд ва номи Ӯ сабаби оромиши дилҳо ва сабаби ваҳдати қулуб аст. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи Бозгашт ба Ислом, тавҳидро омили ваҳдат ва дорои се буъд муъаррифӣ намудаанд: Тавҳид дар таквин, тавҳид дар ташриъ ва тавҳид дар таҳким[8]. Бар ин асос, меҳварияти Худованд барои ҳамаи инсонҳо худ муҳимтарин омили ваҳдат ва якпорчагӣ ва ҷаҳонисозӣ аст. Бар хилофи сойири макотиб ки авомили мухталифе мисли инсон ё маҳсусот ё аксарият ё таксигароӣ ё тӯдагароӣ ва ғайраро омили ваҳдат донистаанд ки қатъан худи онҳо ё махлуқ ё маълул ва ё муваққатӣ ва ғайри поядор ҳастанд. Бо ин васф, бино бар мабноӣ асили Исломӣ дар хилқати Худованд ва дар қавонини танзим шуда ва дар таъйини ҳоким, навъӣ ваҳдат ва якпорчаӣ вуҷуд дорад ки ҳамагӣ тавассути Худованди аҳаду воҳид танзим ва ҷаъл шудаанд. Лизо ин асл ки мунтабиқ бар фитрати ҳамаи инсонҳост худ муҳимтарин омили ваҳдат ва яксонсозӣ ва ҷаҳонисозӣ аст.

Дар Ислом ҳадаф ин аст ки бар асоси асли тавҳид ҳамаи ихтилофот ва ҷудойиҳо ки ба номҳои мухталиф падид омадаанд, аз байн биравад ва ваҳдат, ҳамдилӣ ва якпорчагӣ миёни инсонҳо падид ояд; Чунонки Худованди бузург дар мавриди зарурати ваҳдат миёни мусалмонон бо аҳли китоб ҳувли асли тавҳид чунин фармудааст: ﴿قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَى كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُولُوا اشْهَدُوا بِأَنَّا مُسْلِمُونَ[9]; «Бигӯ эй аҳли китоб! Биёйед ба сӯӣ калимае ки миёни мо ва шумо муштарак аст ва он инки ҷуз Худовандро напарастем ва чизеро бо ӯ шарик насозем ва бархимон бархӣ дигарро арбобе ҷуз Худованд нагиранд»[10]

Шинохти Худованди бузург ва имон ба Ӯ ва парҳезкорӣ барои Ӯ сабаби эҷоди ваҳдат ва якпорчагии мардум ва нузули баракот ва раҳматҳои Илоҳӣ мешавад, дар сурате ки фаромӯш кардани Худованд сабаби завол ва ташатут мешавад; Чунонки Худованди бузург фармудааст: ﴿وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ وَلَكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْنَاهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ[11]; «Ва агар мардуми шаҳрҳо имон оварда ва ба тақво гаройида буданд, қатъан баракоте аз осмон ва замин барояшон мегушудем вале такзиб карданд пас ба [кайфари] дастовардашон [геребони] ононро гирифтем.»

Нуктаи асосӣ ки наҳзати Бозгашт ба Ислом бар он таъкид дорад, тавҳид дар таҳким ва пазириши ҳаққи ҳокимияти халифаи мансуб аз ҷониби Худованди бузург аст ки ин муҳм нишон диҳандаи тавҳиди ҳақиқӣ ва холис аст; Зеро мусалмонон дар заминаи тавҳид дар таквин ва ташриъ нисбат ба тавҳид дар таҳким ихтилофи камтаре доранд. Бар ин асос аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло чунин мефармояд:

«Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд, ҳангоме ки ҳокимоне ҷуз Ӯ ихтиёр карданд ва ба аҳкоме ҷуз аҳкоми Ӯ гардан ниҳоданд ва дар борааш чизе гуфтанд ки ба он донише надоштанд, ҳангоме ки гуфтанд: Худованд моро ба ин фармон додааст, дар ҳоле ки Худованд ба ширк фаромон намедиҳад, вале онон бар Ӯ дурӯғ бастаанд.»[12]

Даъват ба ақлгароӣ

Даъват ба ақлоният ва ақлгароӣ аз муҳимтарин вежагиҳои Исломи ростин аст. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи Бозгашт ба Ислом ва дар мабҳаси меъёри шинохт бар аҳмияти ақл ва ақлгароӣ таъкид намудаанд[13]. Аз онҷойе ки ақл дорои ваҳдат ва бедоҳат аст, лизо худ сабаби ваҳдат ва якпорчагии мусалмонон ва ҳамаи инснҳои озодандеш ва адолатталаб мешавад ки ин худ гомӣ муҳим дар ҷиҳати тафоҳум ва ҷаҳонисозӣ аст.

Аҳмияти ақл дар Ислом ба қадре аст ки касоне ки ақлро ба кор намебаранд ба унвони бадтарин махлуқот муъаррифӣ шудаанд; Чунонки Худованди бузург фармудааст: ﴿إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ[14]; «Қатъан бадтарин ҷунбандагон назди Худо карон ва гунгоне ҳастанд ки намеандешанд.» Ақлгароӣ аз назари Ислом сабаби ваҳдат ва якпорчагӣ аст ва адами он сабаби завол ва ташаттут аст; Чунонки Худованди бузург фармудааст: ﴿لَا يُقَاتِلُونَكُمْ جَمِيعًا إِلَّا فِي قُرًى مُحَصَّنَةٍ أَوْ مِنْ وَرَاءِ جُدُرٍ بَأْسُهُمْ بَيْنَهُمْ شَدِيدٌ تَحْسَبُهُمْ جَمِيعًا وَقُلُوبُهُمْ شَتَّى ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْقِلُونَ[15]; «[Онон ба сурати] даста ҷамъӣ ҷуз дар қарияҳое ки дорои истеҳкоманд ё аз пушти деворҳо бо шумо нахоҳанд ҷангид; Ҷангашон миёни худашон сахт аст ононро муттаҳид мепиндорӣ ва[лув] дилҳошон пароканда аст; Зеро онон мардумонеанд ки намеандешанд.»

Наҳзати Бозгашт ба Ислом ба унвони як наҳзати асил талош дорад то ақлониятро дар миёни мардумон ниҳодина намоянд; Зеро бо рушди ақлӣ ва фикрии мардум бисёрӣ аз мавонеъи шинохт бар тараф хоҳад шуд. Ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди зарурат ва аҳмияти ақлгароӣ ба яке аз ёронаш чунин тавсия мефармоянд:

«...Ақлро дар ҳамаи корҳои худ ба кор бигир ва ҳеҷ гоҳ одат ё эҳсос ё тақлиде бар ту дар бораи он чирагӣ наёбад! Ва фармуд: Аз рӯӣ ақл амал кун то омил шумурда шавӣ ва аз рӯӣ одат ё эҳсос ё тақлид амал накун; Зеро касе ки аз рӯӣ ин чизҳо амал мекунад амалаш монанди хокистаре дар рӯзӣ тӯфонӣ аст ки чизе аз ончи касб карданд барояшон намемонад! Ҳамоно Худованди баландмартаба мефармояд: ﴿وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا[16]; <Ва ба суроғи амале ки анҷом доданд меойем, пас онро ба резгардӣ пароканда табдил мекунем.>»[17]

Парҳез аз қавмгароӣ, мазҳабгароӣ, фирқагароӣ ва нажодпарастӣ

Ислом, динӣ ҷаҳонӣ аст ва тамомӣ қавонин ва аҳком ва дастуроти он бар асоси ҳокимияти ҷаҳонӣ устувор аст, лизо аз ҳаргуна асабияти қавмӣ ва қабилаи ва мазҳабӣ ва нажодӣ ва миллӣ ва фирқаи ба дур аст. Худованди бузург дар ин робита чунин мефармояд: ﴿وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ[18]; «Ва дар Забур пеш аз Таврот навиштем ки заминро бандагони шойистаи мо ба ирс хоҳанд бурд.» Дар ин ояи шарифа, аз замин ном бурда шуда на аз минтақа ё миллият ва ё кишвари хоссе ва ҳамчунин аз солеҳон ном бурда шуда ки ворисони замин хоҳанд буд на аз ранг ё нажод ё миллият ё табақаи хоссе ки ин далил бар ин аст ки Ислом бар ваҳдат ва якпорчагии инсонҳо бар асоси имон ва амали солеҳ таъкид дорад. Ҳамчунин Худованди бузург, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро раҳмате барои ҳамаи ҷаҳониён муъаррифӣ намудааст, на барои Қурайш ва гурӯҳи хоссе;Чунонки фармудааст: ﴿وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ[19]; «Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем.»

Дар Ислом сӯҳбат аз уммати воҳида ба миён омадааст. Уммати воҳида чизе фаротар аз нажод ва ранг ва забон ва қам ва қабила ва миллият аст. Дар воқеъ уммат чизе ғайр аз мафҳуми миллат аст. Миллат маҷмӯъае аз афрод ҳастанд ки ба воситаи иштирок дар бархӣ авомили назири нажод, сарзамин, забон, фарҳанг ва торихи ақойид ва ҷаҳонибинӣ, ба ҳам пайванд хӯрда ва эҳсоси таъаллуқ ва ҳуввияти муштарак дорад. Ислом аз он ҷиҳат ки динӣ ҷовидонӣ ва ҷаҳоншумул аст ва ҷомеъи башариро мухотаби хеш медонад, бидуни таваҷҷуҳ ба марзҳои сарзаминӣ ва тафовутҳои нажодӣ, забонӣ, миллӣ ва фарҳангӣ аз миёни ҳама инсонҳо сарбозгирӣ мекунад ва номи уммати воҳидаро бар пайравони хеш мениҳад. Ин мафҳум ба куллӣ бо мафҳуми шаҳрвандӣ ки афродро ба давлати ҳоким дар як сарзамини муъаян муртабит месозад мутафовит аст. Худованди бузург чунин мефармояд: ﴿إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ[20]; «Ин аст уммати шумо ки умматӣ ягона аст ва Манам Парвардигори шумо пас маро бипарастед.» Ва дар мавриди зарурати ваҳдат ва якпорчагӣ ва адами ташаттут фармудааст: ﴿وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا[21]; «Ва ҳангоме ба ресмони Худо чанг задед ва пароканда нашудед.» Ва дар мазаммати касоне ки ақвоми дигарро масхара мекунанд мефармояд: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَى أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ[22]; «Эй касоне ки имон овардаед набояд қавме қами дигарро ришханд кунад шояд онҳо аз инҳо беҳтар бошанд.»

Наҳзати Бозгашт ба Ислом бо ҳар гуна қавмгароӣ ё миллиятгароӣ ё нажод парастӣ мухолиф аст ва лизо ин худ омилӣ муҳим дар заминаи ваҳдат ва ҷаҳонисозии ҳувли мабонии асили Исломӣ аст. Бар ин асос аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи Бозгашт ба Ислом, таъассубро яке аз мавонеъи шинохти ҳақ муъаррифӣ кардааст ва чунин мефармояд:

<Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Таъассуб» аст. Манзур аз таъассуб, навъӣ вобастагии қавмӣ, мазҳабӣ ё сиёсӣ аст ки мабнои ақлӣ надорад ва монеъ аз инсоф дар шинохт воқеъ аст; Ба ин тартиб ки мутаъассиб, қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи худро қатъи назар аз хуб ё бад будани он, ба наҳве дӯст медорад ки қодир ба шинохти хуб ё бад будани он бар мабнои ақл нест. Дар чунин ҳолате, агар қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи дигаре, бар мабнои ақл, аз қавм ё мазҳоб ё гурӯҳи ӯ бартар бошад, ӯ ҳозир ба қабули бартарии он нест; Балки бо беинсофӣ, бар бартарии қавм ё мазҳаб ё гурӯҳи худ пой мефишорад ва воқеъиятро нодида мегирад>[23]

Аз ҳамин рӯст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ҷойгоҳӣ фаро миллӣ ва фаро мазҳабӣ қарор гирифтааст ва бо тарҳи гуфтумони муштарак ва такя бар ақлонитарин ва яқинитарин манобеъи Исломӣ, ҳамаи муслмонони ҷаҳонро ба сӯӣ ормонӣ муштарак ва қобили қабул даъват мекунад. Эшон бо тарҳи шиъори «Бозгашт ба Ислом» ва даъвати ҳамаҷониба ва густардае ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро ба сӯӣ шинохтӣ воҳид аз Ислом ба унвони мабнойи устувор барои иттиҳод ва канор гузоштани ихтилофоти мавҷуд, ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аз ҳамаи мазоҳибро мухотаб сохта ва ингуна заминаро барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон фароҳам месозад[24].

Даъват ба мубориза бо зулм, табъиз ва беадолатӣ

Мубориза бо зулм, табъиз ва беадолатӣ мутобиқ бо фитрати инсонҳост. Албатта агар инсоне омехта ва олуда ба мавонеъи шинохти ҳақ бошад, ба далили инки ҳиҷобҳойе бар рӯйи фитраташ қарор мегирад, мумкин аст бо ин асли инсонӣ ба муқобила бархезад. Бо ин ҳол, ҳамаи инсонҳои худоҷӯ ва ҳақталаб ва адолатхоҳ, бар асли мубориза бо зулм ва ситам ва беадолатӣ иттифоқи назар доранд ки ин худ яке аз аволили муҳимми ваҳдат ва якпорчагии онҳост. Бар ин асос Худованд бар адолат талабӣ таъкид намуда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلَّا تَعْدِلُوا اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ[25]; «Эй касоне ки имон овардаед барои Худо ба дод бархезед [ва] ба адолат шаҳодат диҳед ва албатта набояд душмании гурӯҳе шуморо бар он дорад ки адолат накунед адолат кунед ки он ба тақво наздиктар аст ва аз Худо парво доред ки Худо ба ончи анҷом медиҳед огоҳ аст.» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَقْرَبُوا مَالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّى يَبْلُغَ أَشُدَّهُ وَأَوْفُوا الْكَيْلَ وَالْمِيزَانَ بِالْقِسْطِ لَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَإِذَا قُلْتُمْ فَاعْدِلُوا وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَى وَبِعَهْدِ اللَّهِ أَوْفُوا ذَلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ[26]; «Ва ба моли ятим ҷуз ба наҳве [ҳар чи некутар] наздик машавед то ба ҳадди рушди худ бирасад ва паймона ва тарозуро ба адолати тамом бипаймойед; Ҳеҷ касро ҷуз ба қадри тавонаш таклиф намекунем ва чун [ба доварӣ ё шаҳодат] сухан гӯйед, додгарӣ кунед ҳар чанд [дар бораи] хешованди [шумо] бошад ва ба паймони Худо вафо кунед инҳост ки [Худо] шуморо ба он суфориш кардааст бошад ки панд гиред.»

Наҳзати Бозгашт ба Ислом ба далили эътиқод ба мабноӣ асили Исломӣ, мубориза бо зулм ва беадолатиро сарлавҳаи кори худ қарор додааст. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи Бозгашт ба Ислом бар ҷойиз набудани тақлид аз золимон ва адами вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим таъкид намуда ва дар мавриди табаъоти шуми итоъат аз ҳокимони золим ҳушдор додааст. (Бозгашт ба Ислом саҳифоти 63 то 70)

Даъват ба касби илм ва дониш

Даъват ба сӯӣ огоҳӣ ва фарогирии илм ва дониш он ҳам аз рӯӣ яқин яке аз авомили муҳимми ҷаҳонисозӣ аст. Дар Исломи холис ва комил таъкиди бисёр зиёде барои касби дониш вуҷуд дорад. Инсонҳо ба шакли фитрӣ камолталаб ҳастанд ва дӯст доранд бар дониш ва иттилоъот худ бияфзоянд. Бешак агар ин касби дониш мубтанӣ бар яқиниёт ва мусалламот ва мубтанӣ бар ақли салим бошад худ ба худ сабаби ваҳдат ва ҳамафзойи байни мардум хоҳад шуд.

Худованди бузург дар мавриди аҳмияти илм ва дониш чунин мефармояд: ﴿هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ[27]; «Оё касоне ки медонанд ва касоне ки намедонанд яксонанд? Танҳо хирадмандонанд ки пандпазиранд» Ва дар мавриди аҳмияти доштани илм ва дониш барои пазируфтани масъулиятҳои сангин ва инки доштани илм нишон диҳандаи фазилат аст мефармояд: ﴿وَلَقَدْ آتَيْنَا دَاوُودَ وَسُلَيْمَانَ عِلْمًا وَقَالَا الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي فَضَّلَنَا عَلَى كَثِيرٍ مِنْ عِبَادِهِ الْمُؤْمِنِينَ[28]; «Ва ба ростӣ ба Доввуд ва Сулаймон донише ато кардем ва он ду гуфтанд ситойиш Худойеро ки моро бар бисёрӣ аз бандагонаш бартарӣ додааст.» Ва дар мавриди дуъо ва талоши амалӣ барои касби илм фармудааст: ﴿وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْمًا[29]; «Ва бигӯ Парвардигоро! Бар донишам бияфзои»

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ дар мавриди аҳмияти касби илм ва дониш чунин фармудааст: «طلبُ العلمِ فریضةٌ عَلَى کُلِّ مُسلمٍ»; «Талаби илм бар ҳар мусалмоне воҷиб аст.»

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ низ дар мавриди аҳмияти касби илм мефармояд:

«Эй мардум! Бидонед ки ҳеҷ сармояе барои шумо судмандтар аз донойи нест ва мардум яке аз се кас ҳастанд: Касе ки медонад, касе ки дар садади донистан аст ва касе ки касе нест.»[30]

Ва мефармояд:

<Ба Худо савганд, шуморо аз «Шинохтан» гузире нест ва кори шумо ҷуз бо «Донистан» рост намеояд. Ҳаминак, «Шинохт» монанди фариштае шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва «Донистан» монанди Паёмбаре шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Дар кӯчаҳои шумо фарёд мезанад ва бар пушти бомҳотон нидо медиҳад ки «Эй бехабарон! Шоми бехабарӣ пушт намуда ва субҳи огоҳӣ бар дамидааст. Инак бедор шавед ва ба сӯӣ ман бишитобед ва чизе шуморо аз ман боз надорад! Чароки ман барои шумо аз нони шаб воҷибтар ва аз касбу кор ва хонавода судмандтарам. Ман танҳо касе ҳастам ки бо шумо мемонад ва дар дунё ва охират аз шумо ҷудо намешавад. Амволи шумо аз байн мераванд, ҳамсаронатон мемиранд ва фарзандонатон ҷудо мешаванд, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз байн намеравам ва ҳеҷ гоҳ намемирам ва ҳеҷ гоҳ аз шумо ҷудо намешавам. Бал шуморо монанди худ ҳифз мекунам ва ҳамроҳи худ ба ҷовидонагӣ мерасонам. Агар ман бо шумо бошам чизе ба шумо зиён нахоҳад расонд ва агар ман бо шумо набошам чизе ба шумо суд нахоҳад расонд. Пас кадомин боздоранда шуморо аз ман боз медорад ва кадомин бениёз кунанда шуморо аз ман бениёз мекунад?!» Ингуна «Шинохт» шуморо ба сӯӣ худ фаро мехонад ва ин чунин «Донистан» шуморо ба сӯӣ худ даъват мекунад. Пас нидои ӯро бишнавед ва даъвати ӯро иҷобат кунед! ... «Маърифат» соҳиби худро ёрӣ мекунад ва «Илм» дӯсти худро наҷот медиҳад. Ин ду барои шумо монанди об барои ташна ва ғазо барои гурусна ва роҳнамо барои гумшуда ва мӯнис барои танҳоянд. Ин ду пуштибони шумо ва асои дастонанд. Ин ду дармони дардҳои шумо ва марҳами захмҳотонанд. Ин ду калиди дарҳои баста ва дарбозаҳои хушбахтии шумоянд. Ин ду сармояи шумо дар рӯзи надорӣ ва дастгири шумо дар рӯзи афтодагианд. ... Пас ба ин ду рӯй оваред ва ҳеҷ чиз шуморо аз ин ду боз надорад!>[31]

Ҳамчунин дар яке аз си тавсияи ахлоқӣ ба яке ёронашон чунин мефармояд:

«Мутолеъа кун; Чароки ҳанӯз чизҳои бисёре ҳаст ки намедонӣ.»[32]

Даъвати мусалмонон ба ҳамгароӣ ва иттиҳоди пойдор

Ормони баланди ин олими басир ва фарзона, иттиҳоди истротежики кишварҳои Исломӣ бар меҳвари идеъоложии Исломӣ аст ки метавонад уфуқҳои тоза ва умедбахшеро пеши рӯйи ҷаҳони Ислом падидор намояд. Дар ин росто метавон ба тарҳи инқилобӣ ва бузурги ҳазрати аллома барои ташкили иттиҳодияи кишварҳои Исломӣ барои гузор ба марҳалаи ташкили ҳукумати Исломӣ бо ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом ишора кард. Тавзиҳ онки эшон дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» қатъи вобастагӣ ба кофирон ва дастёбӣ ба истиқлоли фарҳангӣ ва иқтисодиро барои мусалмонон як авлавияти бисёр фаврӣ ва зарурӣ мешуморад ва роҳкори бунёдин ва дарозмуддати онро бардоштани марзҳои сохтагӣ ва ташкили як кишвари паҳновари Исломӣ зери парчами гумоштаи Худованд мешуморад, аммо бо иноят ба душвори ва замонбар будани ин кор, роҳкори ҷомеъ, корбурдӣ ва кӯтоҳтареро барои гузор аз вазъияти кунунӣ ба он вазъияти ормонӣ муъаррифӣ мекунад ва он «Эҷоди як иттиҳодия аз кишварҳои Исломӣ бо пул ва артиши воҳид, ба унвони муқаддамае барои эҷоди ҳукумати воҳиди Исломӣ» аст. Ба назари эшон «Амалитар ба назар мерасад ки дар ваҳлаи нахуст, як иттиҳодияи бузург назири иттиҳодияи Урупо, бо узвияти ҳамаи кишварҳои Исломӣ ва бо эҳдоси марзҳои озод ва пулу артиши муштарак, эҷод шавад ва дар ваҳлаи баъд, иттиҳодӣ амиқтар дар қолиби як давлати фарогири Исломӣ ва бар пояи пайравӣ аз халифаи Худованд дар замин, миёни онон эҷод шавад. Ин ба таври ҳатм роҳи растгории мусалмонон ва расидани онон ба саъодати дунё ва охират аст.»[33]

Даъват ба Маҳдавият ва заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом

Эътиқод ба мунҷии мавъуд мавриди пазириши ҳамаи адён ва мазоҳиб ва миллатҳост. Ин асли асосе дар Ислом низ ало рағми вуҷуди бархӣ ихтилофоти мардум пазириши ҳамаи мазоҳиби Исломӣ аст; Чунонки дар мавриди охарин халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом навъӣ ваҳдати назари вуҷуд дорад ки дар охируззамон қиём менамояд ва заминро пур аз адлу дод мекунад; Чунонки пур аз зулму ҷавр шудааст ва ин ваъдаи ҳаққе аст ки тавассути Худованд дода шуда чунонки мефармояд: ﴿وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[34]; «Худо ба касоне аз шумо ки имон оварда ва корҳои шийиста кардаанд ваъда додааст ки ҳатман ононро дар ин сарзамин ҷонишини [худ] қарор диҳад ҳамон гуна ки касонер ки пеш аз онон буданд ҷонишини [худ] қарор дод ва он динеро ки барояшон писандидааст ба судашон мустақар кунад ва бимашонро ба эминӣ мубаддал гардонд [то] маро ибодат кунанд ва чизеро бо ман шарик нагиранд ва ҳар кас пас аз он ба куфр гарояд ононанд ки нофармонанд.»

Ва Расули Худо (с) низ ба зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом дар охируззамон башорат дода ва фармудааст:

«Агар аз умри дунё ҷуз як рӯз боқӣ намонад, Худо марде аз моро мефиристад ки дунёро пур аз адлу дод намояд, ҳамон тавр ки пур аз зулму ҷавр шуда бошад.»[35]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи Бозгашт ба Ислом дар мавриди ҷойгоҳи имом Маҳдӣ ва адами зоҳир будани эшон ва зарурати талош барои заминасозӣ ҷиҳати зуҳури эшон тавзиҳоти муфассалеро ироъа намудаанд. (Бозгашт ба Ислом, саҳифоти 279 то 302)

Эшон дар заминаи аҳмияти заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом чунин мефармояд:

«Дунёи шумо ҷуз бо адолат ислоҳ намешавад ва охирати шумо ҷуз бо адолат сомон намепазирад ва адолат ҷуз бо ҳукумати Маҳдӣ имкон намеёбад ва ҳукумати Маҳдӣ ҷуз бо ҳамёрии шумо шакл намегирад, вале бештари шумо намедонед!»[36]

Имом Маҳдӣ алайҳи салом ба далили доштани мақоми исмат ва таҳорат ва ба далили инки мансуб аз ҷониби Худованд аст; Чунонки дар маркази умур қарор бигирад, сабаби ваҳдат ва якпорчагии мардум хоҳад шуд ва ҳар касеро ки шойистатар аст дар мақому ҷойгоҳи худ қарор медиҳад ва лизо заминро аз адолат лабрез хоҳад намуд. Манзур аз шойистагӣ доштани дониш, таъаҳуд ва тавоноиҳои лозим аст. Имом Маҳдӣ алайҳи салом ба далили инки тавассути Худованд ҳидоят шудааст ба тамомӣ умури лозим барои идораи дунё ва охирати мардум огоҳ аст ва лизо даъват ба эшон худ бузургтарин омили ваҳдати миллатҳост. Ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди иллати Маҳдӣ номида шудаи ҳазрати имом Маҳдӣ алайҳи салом чунин мефармояд:

«Барои инки Худованд ӯро ба чизе ҳидоят мекунад ки аҳаде аз ҷаҳониёнро ба он ҳидоят накардааст ва агар ҳақ ба андозаи донаи хардале бошад, пас дар сахрае ё дар осмонҳо ё дар замин бошад, Худованд ӯро ба он ҳидоят мекунад, ҳароина Худованд борикбинӣ огоҳ аст.»[37]

Бинобарин бо ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом аз онҷойе ки ҳар фарде дар ҷойгоҳе қарор мегирад ки барои он шойистагӣ дорад лизо байни афрод ҳамафзойи ба вуҷуд меояд ва лизо рушди сариъе аз назари кайфӣ ва каммӣ дар абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ падид хоҳад омад. Ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар мавриди шойистасолорӣ дар ҳукумати имом Маҳдӣ алаҳйи салом чунин мефармояд:

«Ҳароина Маҳдӣ ҳангоме ки биёяд ҳеҷ касро во намегузорад магар инки ӯро ба коре ки шойистагиашро дорад мегуморад, пас гӯё ман мардеро мебинам ки дар хонаи худ хобидааст ва назди мардум ҷойгоҳе надорад ва ба ӯ эътинойе намекунанд, пас касе ба назди ӯ меояд ва ба ӯ мегӯяд: Имом туро фаро мехонад, пас мард таъаҷҷуб мекунад ва мегӯяд: Шояд иштибоҳ гирифтаи! Пас чун ба назди Маҳдӣ меояд ба ӯ мефармояд: Туро ҳокими фалон сарзамин қарор додам!»[38]

Ҳосил онки наҳзати Бозгашт ба Ислом бо иттикоъ ба Исломи холис ва комил мубтанӣ бар мусалламот ва яқиниёт ва бадеҳиёти Исломӣ ва бо такя бар тавҳид дар тамоми вуҷуҳи он яъне таквин, ташръӣ ва таҳким ва даъват ба ақлгароӣ ва касби илму дониш ва парҳез аз ҷаҳл, тақлид, таъассуб, такаббур ва хурофигароӣ аз як сӯ ва қавмгароӣ, мазҳабгароӣ ва нажодпарастӣ аз сӯӣ дигар ва заминасозӣ барои зуҳури охарин ҷонишини Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом дар талош барои ҷаҳонисозӣ ва ваҳдат ва ҳамгароӣ дар байни ҳамаи озодихоҳон ва адолатталабони ҷаҳон аст ва ба ҳавлу қувваи Илоҳӣ дар ояндаи на чандон дур ба ормони ниҳойии худ хоҳад расид Ин Шоъ Аллоҳ.

↑[1] . Аъроф/ 158
↑[2] . Рум/ 22
↑[6] . Фатҳ/ 28
↑[7] . Исроъ/ 81
↑[8] . Нигоҳ кунед ба: Бозгашт ба Ислом, с 303 то 314.
↑[9] . Оли Имрон/ 64
↑[10] . Нигоҳ кунед ба: Пурсиш ва посухи 321.
↑[11] . Аъроф/ 96
↑[13] . Нигоҳ кунед ба: с18 то 35.
↑[14] . Анфол/ 22
↑[15] . Ҳашр/ 14
↑[16] . Фурқон/ 23
↑[18] . Анбиёъ/ 105
↑[19] . Анбиё/ 107
↑[20] . Анбиё/ 92
↑[21] . Оли Имрон/ 103
↑[22] . Ҳуҷарот/ 11
↑[23] . Бозгатш ба Ислом, с89
↑[24] . Дар ин бора, нигоҳ кунед ба: Мақолаи «Ҷаҳони Ислом; Дар такопуйи роҳи наҷот» навиштаи Саййид Содиқ Пурмуҳаммадӣ.
↑[25] . Моъида/ 8
↑[26] . Анъом/ 152
↑[27] . Зумар/ 9
↑[28] . Намл/ 15
↑[29] . Тоҳо/ 112
↑[33] . Бозгашт ба Ислом, с170 ва 171. Ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Мақолаи «Иттиҳодияи кишварҳои Исломӣ; Тарҳӣ истротежик барои хуруҷи ҷаҳони Ислом аз бунбаст», навиштаи Аҳмад Ҳасанзода.
↑[34] . Нур/ 55
↑[35] . Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ1, с99
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.