Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Дар маҳзари хубон (1)

Гуфтугӯе бо устоди фарзона ҷаноби дуктур Зокир Маъруф

Масъули дафтари ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло

Пурсиш: Асаллому алейкум. Аз инки вақти арзишманди худро дар ихтиёри банда мегузоред, ташаккур мекунам. Ин рӯзҳо бӯҳрони ихтилоф дар ҷаҳони Ислом вориди марҳалаи ҷадиде шуда ва оташи низоъ дар миёни кишварҳои Исломӣ мушаххасан пас аз иқдоми таҳрикомези Арабистони Саъудӣ ба куштори иддае аз мухолифони сиёсӣ ва мазҳабии худ ва сипас бархӣ аксуламалҳои эҳсосӣ ва насанҷида дар Эрон, шӯълавар шудааст. Арзёбии куллии шумо аз ин авзоъ чист?

Посух: Алейкум салом ва раҳматуллоҳ. Мо ба хотири вақте ки барои амал ба вазифаи Исломии худ мегузорем, бар шумо миннате надорем. Аммо ин авзоъе ки ба гӯшае аз он ишора кардед, аз назари мо авзоъи ҷадиде нест, бал истемрори ҳамон авзоъи нобасомонае аст ки аз баъди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷаҳони Ислом падид омада ва ба таври табиъӣ дар ҳоли густариш аст ва ҳар рӯз рангу бӯ ва маззаи мутафовите пайдо мекунад. Хостагоҳҳои ин авзоъ ҳам аз назари мо комилан маълум аст ва тавассути саййидунал устоз ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», таҳти унвони «Мавонеъи бозгашт ба Ислом» эҳсо шудааст ва онҳо ба тартибе ки ин бузургвор фармуда, ихтилофи мусалмонон, ҳокимияти ғайри Худованд, омезиш бо милал ва фарҳанги ғайри Исломӣ, ривоҷи ҳадисгароӣ, пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар, инҳитоти ахлоқӣ ва мумонеъати душманони Ислом аст ки ҳар як ба гунае аз мавонеъи шинохти ҳақ, яъне ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ моя гириятааст ва мо ҳеҷ осебшиносӣ ва табйинеро шафофтар ва мунаққаҳтар аз ин дар бораи авзоъи ҷаҳони Ислом суроғ надорем, вале воқеъ он аст ки мардум худашонро дар ҳайрат қарор додаанд ва гӯш ба ҳарфи ин ҳаким намедиҳанд ва зеҳни худро ба дасти ҳукуматҳо супурдаанд то онро ба ҳар сурат ки мехоҳанд шакл бидиҳнад ва ин корро душвор кардааст.

Пурсиш: Бо ин ҳол, шумо ба унвони масъули дафтари ин бузургвор, баъд аз ҳаводиси ахир дар Арабистони Саъудӣ ва қатъи робитаи бархӣ кишварҳои Исломӣ бо Эрон, мақолае дар интиқод аз Оли Саъуд марқум фармудед ки собиқа надошт ва ин метавонад ба маънои он бошад ки иттифоқи ҷадиде дар ҷаҳони Ислом афтодааст ки шумо маҷбур ба мавзъегирӣ шудаед. Зимни онки бархӣ тарафдорони Оли Саъуд, ин мақолаи шуморо ҷонибдорона ва дар ҳимоят аз низоми Эрон арзёбӣ карданд!

Посух: Ин воқеъият надорад; Чароки мақолаи мо, баъд аз ҳаводиси Арабистон ва қабл аз тақобули ин кишварҳо бо Эрон марқум шуда ва масбуқ ба собиқа ҳам будааст; Чунонки мо баъд аз фаҷойеъи Мино ва Масҷидул Ҳаром ҳам чунин мақолае навиштем ва бар адами салоҳияти Оли Саъуд барои тавлияти Ҳарамайни Шарифайн бо лиҳози адиллаи шаръӣ таъкид кардем ва баъд аз ҳамлаи Саъудиҳо ба Яман ҳам мавзъ гирифтем ва мақолае дар ин бора мунташир кардем, ҳамон тавр ки мақолоти мутаъаддиде дар нақди мабонии ғалат ва сиёсатҳои золимонаи низоми Эрон навиштем ва ба саркӯби олимони мунтақид ва мустақил дар ин кишвар эътироз кардем. Ба илова, дар ҳамин мақолаи мавриди ишора ҳам аз сиёсатҳои ғалат ва содалавҳонаи бархӣ ҳокимони шиъа дар кишварҳое монанди Эрон ёд кардем ва гуфтем ки инҳо ба ҷойи мудирияти бӯҳрон ва хунсо намудани тавтиъаи Оли Саъуд, бо шулуғкорӣ ва таҳрики эҳсосоти мазҳабии мардум, ба ташдиди ихтилофот миёни аҳолии мазоҳиб мепардозанд. Инҳо нишон медиҳад ки эътирози мо ба Оли Саъуд дар ростои ҷонибдорӣ аз ҳукумати Эрон набудааст; Ҳамчунонки эътирози мо ба ҳукумати Эрон дар ростои ҷонибдорӣ аз Оли Саъуд нест, балки равийяи собит аз ҷониби мо дар ростои амал ба фаризаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва нафйи ҳамаи мазоҳири зулм ва тоғут дар ҷаҳон аст ки бар бунёди усули Исломии таъриф шуда дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» анҷом мешавад; Ҳамон тавр ки дар худи ин китоби шарф ҳам шумо мебинед ки интиқод аз Оли Саъуд ва интиқод аз вилояти мутлақаи фақиҳ, дар канори ҳам матраҳ шуда ва аз инҷо дониста мешавад ки ҳамаи гуфторҳо ва навишторҳои мо то кунун ҳамоҳанг буда ва ҳеҷ тафовут ва таноқузе надоштааст.

Пурсиш: Ба таври куллӣ чи авомиле мавозеъи шумо дар баробари ҳаводиси мухталифи ҷаҳонро таъйид мекунад?

Посух: Мо бар хилофи дигарон, ҳаводиси ҷаҳонро аз он ҳайс ки бар сиёсати ҷаҳон монанди музокироти сулҳ дар Сурия ё музокироти ҳастаи дар Эрон таъсир доранд ё бар иқтисоди ҷаҳон монанди қимати нафт ё тилло ё арз таъсир доранд, таҳлил намекунем, бал аз он ҳайс таҳлил мекунем ки бар ғайбат ё зуҳури Маҳдӣ таъсир доранд; Ба ин маъно ки вақте ҳодисае дар ҷаҳон рӯй медиҳад мо аз худ мепурсем: Ин ҳодиса чи таъсири манфӣ бар рӯӣ ғайбат ё зуҳури ҳазрати имом дорад? Табиъатан агар ҳодисае аз назари мо бар рӯӣ зуҳури он ҳазрат таъсирӣ манфӣ дошта бошад, мо он ҳодисаро муҳкам мекунем ва мекӯшем ки дар ҳадди тавони худ бо он муқобила кунем то аз мизони таъсири манфии он бар зуҳури он ҳазрат бикоҳем ва агар ҳодисае аз назари мо бар рӯӣ зуҳури он ҳазрат таъсирӣ мусбат дошта бошад, мо он ҳодисаро ситойиш мекунем ва мекӯшем ки дар ҳадди тавони худ онро истимрор бибахшем то бар мизони таъсири мусбати он бар зуҳури он ҳазрат бияфзойем; Чароки шохис дар назари мо зуҳури Маҳдӣ аст ва ҳамаи ҳаводис бо лиҳози таъсире ки бар рӯӣ он доранд арзёбӣ мешаванд ва ин агарчи нигаришӣ хос ва мунҳасир ба фард аст, бо усули мутаъорафи сиёсӣ созгорӣ дорад; Чароки ҳар ҳизбе дар дунё ҳамин корро анҷом медиҳад ва ба таври табиъӣ ҳаводисро бо лиҳози мизони таъсироти онҳо бар рӯӣ муваффақияти раҳбари худ арзёбӣ мекунад ва мо ҳам ҳизби Маҳдӣ ҳастем ва табиъӣ аст ки ҳамин корро барои ӯ анҷом медиҳем ва ин чизи ғайри оддӣ ва ғайри мутаъорафе нест, магар дар назари касоне ки ба Маҳдӣ бовар надоранд ва табъан моро ба сабаби ин ҷаҳонбинӣ дар таваҳҳум мепиндоранд.

Пурсиш: Бо ин ҳисоб, оё ҳаводиси ахир дар Арабистони Саъудӣ бар рӯӣ зуҳури Маҳдӣ таъсири манфӣ доштааст?

Посух: Бидуни шак ҳамин тавр аст; Чароки эъдоми олимони мунтақид дар ин кишвар ба ҷурми мухолифат бо Оли Саъуд, Маҳдиро аз зуҳур дар ин кишвар боз медорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки он ҳазрат низ аз олимони мунтақид ва мухолиф бо Оли Саъуд аст ва табъан то замоне ки Оли Саъуд мусаммам ва қодир ба эъдоми ин қабил олимон аст, имконе барои зуҳури он ҳазрат дар ин кишвар вуҷуд надорад. Бо ин васф, чизе ки моро ба мухолифат бо Оли Саъуд водошта, сирфан эъдоми ин шахси хос набуда то касоне ба мо эътироз кунанд ки ин шахси хос аз олимони шиъа ва муътақид ба вилояти фақиҳ буда, дар ҳоле ки Маҳдӣ аз олимони шиъа ва мӯътақид ба вилояти фақиҳ нест ва бо ин васф, мумкин аст ки Оли Саъуд дар садади қатли ӯ пас аз зуҳураш бар наёяд; Чароки маълум аст ин режими ҷаббор ва мустабид, ин шахси хосро ба хотири ташаюъ ва эътиқодаш ба вилояти фақиҳ накуштааст; Ҳамчунонки шиъаёни дигаре ҳам бо эътиқод ба вилояти фақиҳ дар Арабистони Саъудӣ зиндагӣ мекунанд ва ба хотири ин мазҳаб ва ақидаи худ кушта намешаванд, балки ин режим шахси мазкурро ба хотири интиқод ва мухолифаташ бо Оли Саъуд куштааст, то ҳадде ки агар бо вуҷуди ташаюъ ва эътиқодаш ба вилояти фақиҳ, ба интиқод ва мухолифат бо ин режим намепардохт, қоъидатан ӯро намекушт. Ба ҳамин далил, мо мӯътақидем ки мавҷудият ва иқтидори Оли Саъуд хатарӣ ҷиддӣ ва билоқувва барои амнияти Маҳдӣ ва монеъӣ бузург аз мавонеъи зуҳури он ҳазрат аст, хоҳ низоме ба номи Эрон дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад ки ба хотири манофеъи сиёсии худ бо он мухолиф бошад ва хоҳ чунин низоме аслан вуҷуд надошта бошад.

Пурсиш: Бо ин васф, чи касоне шуморо ба ҷонибдорӣ аз низоми Эрон дар баробари Оли Саъуд муттаҳам мекунанд?

Посух: Ин сирфан таваҳҳуми касоне аст ки бо мабонии фикрӣ ва ҷаҳонбинии хосси мо ошноӣ надоранд. Касоне ки китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ва сойири навиштаҳо ва гуфторҳои нуронии ҳазрати алломаро хондаанд ва бо хатти машйи мо ошноӣ дорад медонанд ки мо ба ин ҷабҳагароиҳо ва бозиҳои кӯдаконаи сиёсӣ коре надорем ва ба онҳо вуруд намекунем. Мавзӯъи мо як мавзӯъи комилан Исломӣ аст ки танҳо аз Қуръон ва суннат моя гирифтааст. Бар пояи ин мавзӯъи Қуръонӣ ва суннатӣ, ҳар ҳукумате ҷуз ҳукумати халифаи Худо дар замин, тоғути шумурда мешавад, хоҳ номи он вилояти мутлақаи фақиҳ бошад ва хоз подшоҳии Саъудӣ; Чароки мо бино бар мабнои нуронии саййидунал устоз дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», заминро аз халифаи Худо холӣ намедонем ва мӯътақидем ки ҳукумати ӯ дар сурати заминасозии мардум барои он, мумкин аст ва табиъӣ аст ки вақте ҳукумати ӯро мумкин донистем, дигар наметавонем ҳукумати ғайри ӯро машрӯъ бидонем; Чароки машрӯъияти ҳукумати ғайри ӯ фуръу бар адами имкони ҳукумати ӯст ва бо вуҷуди имкони ҳукумати ӯ дигар навбат ба ҳукуматҳои дигар намерасад ва қаҳран ҳукуматҳои дигар –дониста ё нодониста– монеъ ва музоҳими он маҳсуб мешаванд. Ин ҳақиқати инқилобӣ ва бунёдинро мо аз заминасози ҳукумати Маҳдӣ, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ омӯхтаем ва ба анҳоъи мухталиф барои мардум тавзиҳ додаем ва адиллаи ақлӣ ва шаръии онро мунташир кардаем ва ба иродоти касоне ки ироде бар он доштаанд посух гуфтаем, то ҳадде ки инсофан касе наметавонад иддаъо кунад ки пурсишеро дар бораи он бепосух гузоштаем. Шумо пойгоҳи иттилоърасонии моро мулоҳиза кунед. Дар он бахше ба номи «Шарҳҳо» ҳаст ки ҳар калима ва ибороти саййидунал устозро тавзиҳ дода ва адиллаи ақлӣ ва шаръии онро ба тафсил зикр карда ва бахше ба номи «Нақдҳо ва баррасиҳо» ҳаст ки ҳар ишколи илмӣ ва ироди бани исроъилеро бо ҳавсала ва аз рӯӣ истедлол, баррасӣ карда ва бахше ба номи «Пурсишҳо ва посухҳо» ҳаст ки ҳар пурсиши дақиқ ва фаннӣ ё муғризона ва ҷиҳатдорро бо муҳкамтарин ва қонеъ кунандатарин бароҳини илмӣ посух гуфта ва бахшҳои дигаре ҳам ҳаст ки ҳар кадом ба табйини мавозеъи Исломии саййидунал устоз аз завоёи мухталиф пардохтааст. Инҳо ҳама барои он аст ки ҳуҷҷат бар мукаллифин тамом шавад ва баҳонае барои баҳонагирон боқӣ намонад, ҳар чанд маълум аст ки баҳонагирон ҳамеша баҳонае пайдо мекунанд ва ҳеҷ гоҳ дар баробари ҳақ –ҳар қадар ҳам ки ошкор бошад– таслим намешаванд, магар ҳангоме ки марг ба онҳо бирасад ё азобӣ дарднок ба онҳо бирасад.

Пурсиш: Оё шумо бар фаъолиятҳои ин баҳонагирон ки иттифоқан бештар аз ҳар ҷои дигар дар Эрон мутамаркиз ҳастанд, ашроф доред ва аз анвоъи таблиғоте ки бар зидди шумо анҷом медиҳан огоҳед?

Посух: Бале. Мо ба ёрии Худованд бар касоне ки аз рӯӣ дастур ва ба сурати созмонёфта бар зидди мо таблиғот мекунанд ашрофи кофӣ дорем ва фаъолиятҳои шайтонии онҳо дар фазои маҷозӣ ва ҳамин тавр дар марокизи илмӣ, фарҳангӣ ва ҳатто низомӣ ва амниятиро расад мекунем. Ин душманони Худованд наметавонанд бовар кунанд ки мо то чи андоза ба онҳо наздик ҳастем ва аз тавтиъаҳои пинҳони онҳо барои зарба задан ба Ислом ва халифаи Худованд дар замин огоҳӣ дорем. Дӯстони мо ки Худованд онҳоро барои ёрии худ дар ин замонаи пурфитна баргузидааст, дар ҳама ҷо ҳузур доранд ва ахбори лозимро ба мо мерасонанд ва иқдомоти лозимро анҷом медиҳанд. Албатта бештари касоне ки бар зидди мо таблиғ мекунанд, аз рӯӣ дастур ва ба сурати созмонёфта ин корро анҷом намедиҳанд, балки навъан афродӣ содалавҳ ва фиребхӯрда ҳастанд ва таҳти таъсири илқоъоти сиёсӣ ва амниятии низоми Эрон ва аносури шарури вобаста ба он ин корро анҷом медиҳанд ва ба ҳамин далил, бархурди мо бо онҳо каримона ва ҳамвора бо раъфати Исломӣ аст, вале дар миёни онҳо аносури шарур ва фосиде ҳастанд ки аз рӯӣ дастур ва ба сурати созмонёфта, машғули фитнаангезӣ ва нашри акозиб бар зидди ҳазрати аллома ҳастанд ва доъиман дар сайтҳои интернетӣ ва ҷоҳои дигар ба авоми бехабар ва эҳсосотӣ илқоъ мекунанд ки Мансури Ҳошимии Хурсонӣ мунҳариф аст ва тавре ҳам бо таҳаккум ва қулдурӣ ва шорлотонбозӣ сухан мегӯянд ки гӯйи мунҳариф будани эшон бадеҳӣ аст ва ниёзе ба дилил надорад! Дар ҳоле ки агар як фарди оқил ва ҳалолзода пайдо шавад ва аз онҳо бипурсад ки инҳирофи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ чист, монанди харе ки ҳар чаҳор пояш дар гил гир карда бошад, сукут мекунанд ё ба тавҳин ва ифтиро ва дурӯғҳои бузург рӯй меоваранд, то ба пайравӣ аз пешвояшон Мокёвелӣ, бо ҳар василаи мумкин ӯро нисбат ба ин олими бузург бадбин созанд ва аз шунидани ҳарфҳои эшон ки мутобиқ бо ақл ва шаръ аст, боз доранд! Бархӣ аз ин аносури худфурӯхта дар асари сӯъи тарбияти ҳокимони ҷоъир ва олимони хоъин дар се даҳаи гузашта ва албатта нутфаҳо ё луқмаҳои ҳаром, ба шаётине табдил шудаанд ки фирефтани мардумро рисолати худ медонанд ва ҳар тавҳин ва тӯҳмат ва дурӯғеро дар бораи мо ҳалол медонанд, то ҳадде ки монанди иблис барои ҳар як аз мухотабони мо ба суратӣ хушоянди ӯ таҷассум пайдо мекунанд ва аз бобӣ мувофиқ мисли ӯ ворид мешаванд! Ба ин тартиб ки агар мухотаби мо шиъа бошад, ба ӯ мегӯянд: Аз инҳо бар ҳазар бош; Чароки инҳо саббу лаъни саҳобаи Паёмбарро ҷойиз намедонанд ва агар мухотаби мо суннӣ бошад, ба ӯ мегӯянд: Аз инҳо бар ҳазар бош; Чароки инҳо мӯътақид ба хилофати аҳли байти Паёмбар ҳастанд ва агар мухотаби мо аз ин басейҷиҳои мутаъассиб бошад, ба ӯ мегӯяд: Аз инҳо бар ҳазар бош; Чароки инҳо мухолифи вилояти фақиҳ ҳастанд ва агар мухотаби мо аз ин чапгпроҳои сикулор бошад, ба ӯ мегӯяд: Аз инҳо бар ҳазар бош; Чароки инҳо демокросиро қабул надоранд ва ниҳоятан агар нуқтаи заъфи мухотаби моро нашиносанд ва надонанд ки ӯ чи хетту рабте дорад, ба бузургтарин дурӯғ мутавассил мешаванд ва ба ӯ мегӯянд: Аз инҳо бар ҳазар бош; Чароки инҳо муддаъии ниёбати хосса ва иртибот бо Маҳдӣ ҳастанд!!! Ҳар чанд дар ғолиби маворид, ниёзе ба ин миқдор тавзиҳ ҳам эҳсос намекунанд; Чароки мутаъассифона бештари мухотаби мо хусусан дар Эрон аҳмақҳо ҳастанд ва барои аҳмақҳо ҳамин миқдор кофӣ аст ки як аммома ба сар ё ришдароз ба онҳо бигӯяд: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мунҳариф аст; Чароки бидуни ҳеҷ чуну чарое, суханашро мепазиранд ва аз ӯ мамнун мешаванд ки онҳоро огоҳ карда ва аз хатари инҳироф наҷот додааст! Бале, ҳеҷ шакке нест ки саҳнагардони ҳамаи ин шароратҳо ва шайтанатҳо, низоми пуриддаъо ва беахлоқи Эрон аст ки бо масдуд кардани ҳамаи роҳҳои тамоси мо бо мардум ва ишоъаи нафрат ва бадгумонӣ нисбат ба мо, ба ҷанг бо халифаи Худо дар замин бархоста ва дар ҳоли баҳрагирӣ аз ҳамаи имконоти сиёсӣ, амниятӣ ва таблиғотии худ барои пешгирӣ аз зуҳури Маҳдӣ ва ба шикаст кашондаи наҳзати заминасозе барои он аст. Албатта ин ба ҳеҷ ваҷҳ ҷойи таъаҷҷуб надорад; Чун масъулони ин низом, пайравони хатти имоме ҳастанд ки ҳифзи ҷумҳурии Исломияшро аз ҳифзи Маҳдӣ муҳимтар медонист[1], вале ҷумҳурии Исломии ӯ бояд бидонад ки ҳаргиз нахоҳад тавонист бо ин равишҳои Мокёвелӣ ва авомфиребона, аз пирӯзии ҳақ бар ботил пешгирӣ кунад ва дер ё зуд ба сарнавишти ҳамаи ҳукуматҳои золими гузашта ки дар баробари иродаи Худованд истоданд, дучор хоҳанд шуд. Ин суннати Худованд аст ва суннати Худованд ҳаргиз дигаргун нахоҳад шуд.

Пурсиш: Бо ин ҳама, аҷиб аст ки шумо ҳамеша бо наҷобат ва хештандорӣ бо ин низоми маъонид бархуд кардаед ва ҳеҷ гоҳ аз доираи адаб ва эҳтиром нисбат ба раҳбарони он хориҷ нашудаед, дар ҳоле ки онҳо ҳамеша бо камоли беадабӣ аз ҳазрати аллома ёд кардаанд ва хабаргузориҳои онҳо аз иҳонат ва ифтиро ба ин инсони бузур оканда аст ва касе ҳам бо онҳо бархурд намекунад!

Посух: Табиъатан як низоми сиёсии иқтидоргар ки бақоъи худро бар бақоъи шариъат муқаддам медонад ва фоқиди маърифати динӣ ва ахлоқи Исломӣ аст, ҳамин гуна амал мекунад. Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт ки эҳтироми мо ба раҳбарони низом ба хотири он нест ки онҳо лоиқи эҳтиром ҳастанд, бал ба хотири ин аст ки пайравонашон онҳоро мепарастанд ва Худованд ба мо амр кардааст ки ба бутҳои мушрикон беэҳтиромӣ накунем, то онҳо низ аз рӯӣ душманӣ ва бидуни илм ба Худованд беэҳтиромӣ накунанд; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ. Ҳар чанд мулоҳиза мекунед ки эҳтироми мо ба бутҳои онҳо, онҳоро беэҳтиромӣ ба Худованд ва авлиёъи Ӯ боз надоштааст ва онҳо бо сӯъи истифода аз наҷобат ва хештандории мо, ҳар иҳонат ва нисбати норавоеро ба ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ раво медоранд. Дар ҳоле ки мо қодир ҳастем фаҳҳошон ва ҳаттокони ба вуҷуди мубораки эшонро дар ҳар ҷойе ки ҳастанд ба сазои аъмолашон бирасонем, вале бино бар фармони акиди эшон, аз онҳо чашмпӯшӣ мекунем ва дандонро бар дандон мефишорем.

Пурсиш: Оё шумо воқеъан ин тавоноиро доред ки дар баробари шароратҳо ва шайтанатҳои низоми Эрон бо вуҷуди иқтидоре ки аз он бархудор аст, муқовимат кунед?

Посух: Низоми Эрон иқтидоре надорад. Иқтидор танҳо барои Худованд аст ва Ӯ ҳаргоҳ бихоҳад ин низоми золимро ба кайфари зулмҳояш ба ин олими мазлум мерасонад ва ин барои зоти Мутаъоли Ӯ бисёр осонтар аз чизе аст ки шумо тасаввур мекунед. Ман аз рӯӣ иттилоъ ба шумо мегӯям ки агар ин низоми шарур ҳар чи зудтар даст аз шарорат бардорад ва дасти иродат ба сӯӣ ин заминасози зуҳури Маҳдӣ дароз накунад, ба зудӣ аз ҷойе ки ҳеҷ тасаввурашро намекунад сарнагун хоҳад шуд ва сарнагун шудани он ба таъбири ин бузургвор, монанди сарнагун шудани косаи сафолине хоҳад буд ки ногаҳон аз дасти соҳибаш сур мехурад ва бар замин меафтад ва мешиканад ва ӯ танҳо бо ҳасрат ба он менигарад ва мегӯяд: «Ҳоҳ»!

Пурсиш: Оё ҳамин шароратҳо ва шайтанатҳо боъис шудааст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба навъе дар паси пардаи ғайбат ба сар бибарад ва ҷуз бо хавосси асҳоби худ мулоқоте надошта бошад?

Посух: Бидуни шак ҳамин тавр аст ва эшон бо таваҷҷуҳ ба вазъияти мавҷуд, монанди ҳабиб ва муқтадояш Маҳдӣ маҷбур ба тиқия аст. Бо ин ҳол, аҷиб аст ки бархӣ аз ҳамин авомили шарорат ва шайтант, бидуни эътино ба нақши худ ва раҳбаронашон дар эҷоди чунин мавзеъияте, аз рӯӣ истеҳзоъ мегӯянд ки Мансури Ҳошимии Хуросоӣ худашро нишон намедиҳад ва ҳарфҳояшро аз пушти парда мезанад! Бале, маълум аст ки эшон дар чунин вазъияте ин корро анҷом медиҳад; Чароки бидуни шак агар худашро нишон надиҳад ва ҳарфҳояшро бизанад беҳтар аз он аст ки монанди олимони дигар худашро нишон бидиҳад ва ҳарфҳояшро назанад, бал ҳарфҳоеро бизанад ки ҳокимони ҷаббор дар даҳонашон мегузоранд ва аз ӯ мехоҳанд ки бизанад! Бо ин ҳисоб, шакке нест ки ин ғайбати эшон, ҳазор бор аз ин зуҳури олимони хоъин ва худфурухта беҳтар аст!

Пурсиш: Умедворам Худованд ҳар чи зудтар фараҷи имоми ғарибамон Маҳдӣ ва фараҷи заминасози мазлумаш ҳазрати Ҳошимии Хуросониро бирасонад. Устод! Коми мо аз шунидани ин ҳама дард ва ранҷ, талх шуд. Як хабари хуш ҳам ба мо ва дӯстдорони ҳазрат аллома бидиҳед!

Посух: Бузургтарин хабари хуш, хабари зуҳури Маҳдӣ аст ки шумо ва дӯстдорони ҳазрати аллома, бояд бо кӯмаки якдигар ва ба кӯрии чашми душманони кӯрдил, заминаи онро фароҳам кунед. Аммо хабари хуше ки феълан метавонам бидиҳам ин аст ки бо ҳиммати шабонарӯзии бародарони мӯъмин ва мутахассиси мо, пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома дар ҳоли ислоҳоти сиёсӣ ва иртиқоъи куллӣ аст ва ба зудӣ нусхаи ҷадиде аз он бо имконоти бисёр бештар ва матолиби мутанаввеътар бар рӯӣ интернет қарор мегирад ва мояи чашмрӯшании толибони илму маърифат ва хашму ваҳшати душманони Ислом мешавад ин шоъ Аллоҳ.

Пурсиш: Алҳамдулиллоҳ. Ин хабари бисёр хуше аст. Як фармойиши ҷадид ҳам агар аз ҳазрати аллома дар зеҳн доред бифармойед то ҳусни хитоме барои ин гуфтугӯ бошад ин шоъ Аллоҳ.

Посух: Бале, ба фазли Худованд зеҳни мо бо нури каломи ин бузургвор нуронӣ аст. Яке аз чизҳое ки эшон бисёр ба ёрони худ мефармоянд ин аст: «المُؤْمِنُ لا یَضُرُّهُ شَيْءٌ»; «Ҳеҷ чиз ба мӯъмин зиёне намерасонад»; Яъне ҳар чизе ки барои як инсони раҳёфта пеш биёяд, хайри ӯст, агарчи дар зоҳир шарри ӯ ба назар биёяд ва бо ин васф, ҳеҷ ҷойе барои нороҳатӣ ва нигаронии ӯ вуҷуд надорад ва ин рамзи каломи Худованд аст ки мефармояд: ﴿أَلَا إِنَّ أَوْلِيَاءَ اللَّهِ لَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ; «Бидонед ки дӯстони Худованд, на тарсе барояшон ҳаст ва на андӯҳгин мешаванд».

Пурсиш: Аз инки замонеро дар ихтиёри ман қарор додед ташаккур мекунам ва умедворам ки боз ҳам тавфиқ пайдо кунам ва битавонам дар замонҳои дигаре аз маҳзари шумо баҳраманд шавам ин шоъ Аллоҳ.

Посух: Худованд шуморо ҳифз кунад ва тавфиқи хидмат ва ёрии халифааш дар заминро арзонӣ дорад ва аз касоне қарор диҳад ки пирӯзии Ислом бар куфр ва ҳақ бар ботилро ба онҳо нишон медиҳад ин шоъ Аллоҳ.

↑[1] . «Ҳифзи ҷумҳурии Исломӣ аз ҳифзи як нафар валов имоми аср бошад аҳмияташ бештар аст» (Саҳифаи имом, ҷ15, с365; Саҳифаи нур, ҷ15, с221).
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.