Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

بسم الله الرّحمن الرّحیم

﴿هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَكَفَى بِاللَّهِ شَهِيدًا

«Ӯст касе ки Паёмбари худро ба [қасди] ҳидоят бо ойини дуруст равона сохт то онро бар тамоми адён пирӯз гардонад ва гувоҳ будани Худо кифоят мекунад.»[1]

Систем маҷмӯъае аз иҷроъат[2] ва аносур[3] аст ки бо ҳамдигар дар таъомул[4] ҳастанд, бар ҳам таъсир гузошта ва аз ҳам таъсир пазируфта ва ҳадафи муштаракеро дунбол мекунанд ва ин ҳадафи муштарак, муҷиби эҷоди ҳамафзойи байни аносур мешавад. Вақте аҷзоъ канори ҳам бошанд, вале таъомул надошта бошанд, дар ин сурат маҷмӯъа[5] ташкил медиҳанд, аммо систем вақте шакл мегирад ки маҷмӯъаи аҷзоъ битавонанд бо ҳамдигар таъомул дошта бошанд ва беш аз маҷмӯъи энержиҳо, энержӣ тавлид кунанд.

Барои шинохт ва дарки як систем ду равиш вуҷуд дорад:

• Равиши тафаккури таҳсилӣ[6] ё ҷузъ ба кул[7]

• Равиши тафаккури системӣ[8] ё кул ба ҷузъ[9]

Барои мувоҷеҳ бо воқеъиятҳо, ҳар ду равиш лозим аст. Тафаккури таҳлилӣ падидаи мавриди баррасиро тақлили[10] ва тафаккури системӣ онро густариш[11] медиҳад. Тафаккури таҳлилӣ таъйин мекунад ки системҳо чигуна кор мекунанд, аммо тафаккури системӣ бар коркард мутамаркиз мешавад. Бинобарин тафаккури таҳлилӣ, дониш[12] эҷод мекунад ва тафаккури системӣ, дарк[13] ро афзойиш медиҳад[14]. Тафаккури таҳлилӣ ба даруни чизҳо менигарад, вале тафаккури системӣ аз берун ба онҳо нигоҳ мекунад.

Дар тафаккури таҳлилӣ, тамаркуз бар рӯӣ систем аст. Системи мавриди назар ибтидо ба аҷзоъи он таҷзия мешавад. Сипас рафтор ва вежагиҳои ҳар ҷузъ ба таври ҷудогона ва мустақил шиносойи ва арзёбӣ мешавад. Дар ниҳоят шинохте ки аз ҳар ҷузъ ба даст меояд бо якдигар таркиб шуда ва як таъриф ё шинохти куллӣ ҳосил мешавад. Дар тафаккури таҳлилӣ як систем аз пиромунаш ҷудо мешавад ва ҳадаф, шинохтани ҷузъиёт аст.

Ба унвони мисол, тафаккури таҳлилӣ барои ташхиси донишгоҳ шурӯъ ба таҷзияи он ва расидан ба аносураш мекунад. Масалан аз донишгоҳ, ба дипортумон, ба донишҷӯ, ба ҳайъати илмӣ, ба мавзӯъияти дарсӣ ва ... мерасад. Сипас аносурро таъриф ва онҳоро ҷиҳати расидан ба таърифи дипормумон, донишкада ва донишгоҳ таркиб мекунад.

Тафаккури системӣ, куллияи падидаҳои[15] мавҷуд дар ҷаҳони ҳастиро муртабит ва муъассир бар ҳам медонад. Ҳад ва марзи ҳар падида дар робита бо падидаҳои дигар таъйин мешавад; Яъне ҳар унсур ва падидае ба масобаи систем, аносури дарунии худ ва дар ъайни ҳол унсуре аз як системи бузургтар аст. Тафаккури системӣ тафаккурӣ кулнигар аст ва танҳо ба мушоҳидаи аҷзоъ иктифо намекунад, балки чигунагӣ ва таъомули байни аҷзоъ ва низ бар ҳам куниши онҳо ва муҳитро низ дар назар гирифта ва дар садади ташхиси илал ва улгуҳост. Тибқи тафаккури системӣ, ҳар систем як кул аст ва наметавон онро ба аҷзоъи мустақил тақсим ё таҷзия намуд; Зеро хавос ва вежагиҳои муҳими худро аз даст медиҳад. Дар воқеъ вежагиҳои систем, дар ҳеҷ як аз аҷзоъ ба таври мустақил вуҷуд надорад, балки аз таъомули байни аҷзоъи он ба вуҷуд меояд. Ба унвони мисол, чашм ба унвони ҷузъӣ аз бадани инсон, агар аз бадан ҷудо бошад, нахоҳад дид. Дар тафаккури системӣ, вақте мавзӯъе мавриди баррасӣ қарор мегирад, ибтидо системи куллӣ ки дар баргирандаи мавзӯъи мавриди назар аст, мушаххас мешавад. Ба иборати дигар, як куллият[16] шиносойи мешавад ки мавзӯъи мавриди назар, бахше аз он аст. Сипас рафтор ва вежагиҳои системи куллӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ниҳоят, рафтор ё вежагиҳои мавзӯъи мавриди мутолеъа бо таваҷҷуҳ ба нақшаҳо[17] ё коркардҳои[18] он дар системи куллӣ шиносойи ва ташриҳ мешаванд. Бинобарин ҳадаф дарки кулли систем аст ва ба ҷузъиёт коре надорем. Ба унвони мисол, ҳангоми тафаккур дар мавриди як «Донишгоҳ» (ба унвони мавзӯъ), систем дар баргирандаӣ он, мумкин аст «Низоми омӯзиши олӣ» ё «Низоми омӯзишӣ» дар назар гирифта шавад.

Ҳосил онки дар мабнои тафаккури системӣ, систем, як кул аст ки бо тафаккури таҳлилӣ ба танҳойи қобили дарк нест ва барои ин манзур бояд аз таркиб[19] ба унвони мукаммили ин рӯйкард истифода кард. Дар тафаккури системӣ тавсия мешавад ки таркиб қабл аз таҳлил[20] анҷом шавад.

Фарде ки системӣ фикр мекунад танҳо дар ҷустуҷӯйи маҷмӯъае аз вежагиҳои мавзӯъ нест, балки тафаккури системӣ ба ӯ кӯмак мекунад то ба масоъил ба сурати ҷомеъ ва низомманд нигоҳ кунад. Мутафаккирони системӣ бар ин эътиқод ҳастанд ки бо басти систем, дарки мо аз он афзойиш меёбад.

Тафаккури системӣ алорағми мазоёте ки дорад, метавонад осебҳое низ дошта бошад; Аз ҷумла инки мумкин аст фақат тамаркуз бар рӯӣ кулли систем бошад ва бисёрӣ аз ҷузъиёти муҳим нодида гирифта шаванд ва ё инки ба далили нодида гирифтани бархӣ ҷузъиёт, решаи бархӣ мушкилот ба дурустӣ дарк нашаванд. Ҳамчунин тамаркуз бар асароти онӣ метавонад яке дигар аз осебҳои тафаккури системӣ бошад. Зеро мумкин аст сабаб шавад ки тағйироти тадриҷӣ ва таъомулоти баландмуддат ба дурустӣ дарк нашаванд.

Бадеҳӣ аст ки барои пешгирӣ аз осебҳои ношӣ аз тафаккури системӣ, бояд дар канори он тафаккури таҳлилӣ низ вуҷуд дошта бошад; Бадин шакл ки тафаккури системӣ ба унвони мабнои аслӣ барои шинохт ва дарки як систем ба кор равад ва дар кори он шинохти аҷзоъ ва ҷузъиёти систем низ дар маворди ниёз анҷом пазирад.

Тафаккури системӣ, осор ва мазоёи фаровоне дорад ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

• Интихоби ҳадаф ва эҷоди таъомули созанда миёни аҷзоъ ва аносур

• Куллигаройи ва дарки куллӣ аз систем

• Мудирияти якпорча ва ҳадафманд

• Эҷоди ҳамафзойи бо истифода аз таркиби музоъаф ва тасоъиди ҳиндисии маҷмӯъаи энержиҳои аҷзоъ ва аносур

• Кӯмак ба рушд ва булуғ ва омода кардани систем барои тақсим ва таксир

• Тафаккур бар асоси робитаи иллат ва маълулӣ ва решаёбии мушкилот[21]

• Тафаккури пӯё ба ҷойи тафаккури исто

• Дарёфтани улгуӣ тағйирот ба ҷойи тамаркуз бар рӯӣ вақойеъ

• Ёфтани нуқот ва вақойеъи ҳассос ва муъассир

• Кӯмак ба систем барои ҳифзи доъимӣ ва бақоъ

• Адами фарофиканӣ, манфинигорӣ ва сарзаниши шаройити муҳитӣ[22]

• Ва ...

Барои дарки беҳтари тафаккури системӣ метавон достони маъруфи фил ва мардони нобиноро баён намуд. Достон аз ин қарор аст ки аз Ҳиндустон филе овардаанд ва дар хонаи торик нигоҳ доштаанд ва мардум ки то ба ҳол фил надидаанд, дар торикии хона даст бар он мекашанд ва ҳар як бо хиёли худ тасвире аз он дар зеҳн месозанд. Масалан касе ки даст ба хартуми он мекашид филро ба шакли новадон ва лӯла мебинад. Касе ки даст бар гӯши он мекашад, филро чун бодбизан муҷасам мекунад. Касе ки даст бар пойи он месойид, филро чун сутунӣ муҳкам мебинад. Касе ки даст бар камари он мекашад, филро монанди тахт мепиндорад, ҳол онки ҳама ба бероҳа рафтаанд ва агар шаме дар онҷо медурахшид ва нури роҳнамойе буд, шакли ҳақиқии фил намоён мешуд ва ихтилофи назар ҳам аз байн мерафт ва ҳеҷ кас роҳ ба афсона ва тахюл намебурд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин муқаддама, агар дини Исломро ба унвони як систем дар назар бигирем, хоҳем дид ки аз аҷзоъи мухталифе ташкил ёфта ки ҳамаи онҳо дар канори ҳам дорои ҳадафи муштараке ҳастанд ва он таъмини саъодати дунявӣ ва ухравии инсонҳост. Бинобарин, аз манзури тафаккури системӣ бояд кулли Исломро шинохт ва наметавон бархӣ аз аҷзоъро бо ҷузъиёти комил мутолеъа намуд ва бархӣ дигарро нодида гирифт; Чароки дар он сурат аслан дарки комил, саҳиҳ ва ҷомеъӣ аз дини Ислом ба унвони як кул ҳосил нахоҳад шуд.

Оре Худованд ба унвони меъмор ва тарроҳи дини мубини Ислом, онро ба шакли маҷмӯъаи мунсаҷам ва комил эҷод намуда, ба тавре ки тамоми аҷзоъ ва аркони он дар канори якдигар саъодати дунявӣ ва ухравии инсонҳоро тазмин мекунанд; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ وَمَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ وَمَنْ يَكْفُرْ بِآيَاتِ اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ[23]; «Дар ҳақиқат дин назди Худо ҳамон Ислом аст ва касоне ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд магар пас аз онки илм барои онон [ҳосил] омад он ҳам ба собиқаи ҳасаде ки миёни онон вуҷуд дошт ва ҳар кас ба оёти Худо куфр варзид пас [бидонад] ки Худо зудшумор аст.» Ва фармудааст: ﴿آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ[24]; «Паёмбари (Худо) бадончӣ аз ҷониби Парвардигораш бар ӯ нозил шудааст имон овардааст ва мӯъминон ҳамагӣ ба Худо ва фариштагон ва китобҳо ва фиристодагонаш имон оварданд (ва гуфтанд:) Миёни ҳеҷ як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем ва гардан ниҳодем, Парвардигоро! Омӯрзиши Туро (хосторем) ва фарҷом ба сӯӣ Ту аст.»

Ҳар чанд мутаъассифона мусалмонон пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дучори фирқагаройи, мазҳабгаройи ва ҳизбгаройи шуданд ва ин авомил, монеъӣ бисёр муҳим бар сари роҳи шинохти кулли Ислом гардид ва ононро ба сӯӣ шинохти аҷзоъе аз он бидуни шинохти аҷзоъӣ дигар савқ дод; Чунонки Худованди бузург фармудааст: ﴿مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ[25]; «Аз касоне ки дини худро қитъа қитъа карданд ва фирқа фирқа шуданд ҳар ҳизбе бадончи пеши онҳост дилхуш шуданд.» Ва бо ин васф, акнун бар ҳамаи мусалмонон лозим аст то дарки ҷомеъ ва комиле аз Ислом ба даст оваранд, дар ҳоле ки баррасии осори олимони мусалмон ошкор мекунад ки мутаъассифона ҳеҷ кадом аз онон дарки саҳиҳ, ҷомеъ ва комил аз куллияти Ислом надоранд, балки ҳар кадом танҳо як ё чанд ҷузъи онро гирифта ва бар рӯяш мутамаркиз шудаанд ва албата ҳамонро ҳам ба дурустӣ нашинохтаанд, балки дар ҳолати хушбинона ба ҷойи яқини ағлаб ба занн иктифоъ намудаанд; Чунонки бархӣ аз онҳо Исломро дар фиқҳ хулоса кардаанд, бидуни инки ҳатто онро ҳам ба дурустӣ бишиносанд ва бархӣ ба дунболи шиъагарӣ ва бархӣ ба дунболи суннигарӣ ва бархӣ ба дунболи сӯфигарӣ ва бархӣ ба дунболи ахборигарӣ ва бархӣ ба дунболи салафигарӣ ҳастанд ва бархӣ дар ҳаққи пешвоёни дин ғулув мекунанд ва онҳоро фақат дар қабристонҳо меҷӯянд ва бархӣ ба дунболи қавмгаройи ва бархӣ ба дунболи хурофагаройи ҳастанд ва бархӣ ба дунболи ташкил ва идомаи ҳукумати бидуни дар назар гирифтани халифаи Худованд ҳастанд ва бархӣ ба тақлид аз олимон, золимон ва кофирон иттико доранд. Хулоса ҳар кадом аз олимони мусалмон ва тобеъон ва муқаллидони онҳо, як ё чанд ҷузъ аз кулли Исломро гирифта ва ба хиёли худашон машғули дарки он ва балки дарки кулли Ислом ҳастанд, дар ҳоле ки мутаъассифона ҳеҷ кадом кулли Исломро дар назар нагирифтаанд ва масали онҳо масали ҳамон ламс кунандагони фил дар торикӣ аст; Зеро тафаккури системӣ ба дини Ислом надоштаанд. Бадеҳӣ аст ки бо ин васф, шинохти онҳо аз Ислом шинохти комил ва саҳиҳе нест ва ин ҳақиқате аст ки бояд онро бипазиранд; Зеро Худованд фармон додааст то кулли Ислом иқома гардад, на танҳо ҷузъе аз он; Чунонки фармудааст: ﴿وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلَّهِ فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ[26]; «Ва бо онон биҷангед то фитнае бар ҷой намонад ва дин яксара аз они Худо гардад пас [аз куфр] бозистанд қатъан Худо ба ончи анҷом медиҳанд биност.»

Дар ин миён, олими фарзона ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, танҳо олими мусалмон аст ки Исломро бо тафаккури системӣ ва аз кулл ба ҷузъ мавриди баррасӣ қарор дода ва дар талош аст то бо заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом имкони иқомаи кулли Ислом ва ъайни Исломро фароҳам гардонад.

Ин олими бузургвор бар ҳамон мабнои тафаккури системӣ, ибтидо ҳадафгузорӣ карда ва рисолати ҷаҳонии хешро эълом намудааст; Чунонки дар номае ки дар оғози ҳаракати худ нигошта, мақсуди худро барои ҷаҳониён чунин табйин намудааст:

«Бидонед ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, касби сарват ё қудрат ё шӯҳрат дар зиндагии дунё нест ва намехоҳам ки дар замин бартарӣ ёбам ё табоҳӣ ангезам ва дар дин бидъате гузорам ё фирқае барсозам ё ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гардонам ё муддаъии чизе шавам ки Худованд барои ман қарор надодааст. Бегумон ман фаришта нестам ва намегӯям ки ба ваҳй мешавад ва намегӯям ки соҳиби ин амр ҳастам ва намегӯям ки бо ӯ дар иртиботам. Ҷуз ин нест ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, бар по доштани Ислом ва пиростани он аз бидъатҳо бар пояи китоби Худо ва суннати Паёмбари Ӯст. На ҷабборӣ ситамгар ва на шайёдӣ фитнагарам, бал омадаам то чизҳое аз Ислом ки фаромӯш кардаедро ба ёд оварам ва чизҳое вз он ки пинҳон сохтаедро ошкор созам, беонки дар изояш аз шумо музде талабам ё бар шумо миннате биниҳам. Омадаам то халифаи Худо дар заминро тасдиқ кунам ва роҳро барои ӯ ҳамвор созам, пас гуруҳеро барои ёриаш фароҳам оварам ва дар зери болзоям бипарваронам, бо китобҳо ва ҳикматҳо ва пандҳо ва таъдибҳо, монанди шамъе ки дар торикӣ рӯшан мешавад, то чизе ки дур кардаедро наздик кунам ва чизе ки сахт кардаедро осон ва башорате барои ситамдидагон шавам ва ҳушдоре барои ситамгаронатон бошам. Бегумон ончи ваъда дода шудаед рост аст ва ончи интизор мебаред воқеъ мешавад, ҳангоме ки шуморӣ кофӣ аз шумо барои он қиём кунанд ва бархишон ба бархӣ дигар бипайванданд, то касе ки бар ҷони худ бимнок аст эмин шавад ва касе ки худро нотавон меёбад тавоно. Мақсуди ман аз ин ҳаракат, заминасозӣ барои ҳукумати Маҳдӣ аст. Мақсуди ман, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст»[27]

Ин олими бузургвор кулли Исломро бар мабнои оёте аз Қуръон ва ҳадиси мутавотири Сақалайн, маҷмӯъи китоби Худованд ва халифаи Худованд дар замин медонад. Бинобарин, мӯътақид аст ки барои иқомаи кулли Ислом чорае нест ҷуз инки халифаи Худованд дар маркази умур қарор гирад ва бар асосои китоби Худованд, Исломи холис ва комилро иқома кунад. Бар ин асос, ин олими бузургвор ба дур аз ҳар гуна фарофиканӣ, худ ва ҳамаи мусалмононро муваззаф ба заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом медонад, дар ҳоле ки олимони дигар аслан ба ин майдон ворид нашудаанд ва аз рӯӣ фарофиканӣ ва ҷузъигаройи ва ҳазорон тавҷиҳи дигар, масъулияти заминасозиро аз худ соқит кардаанд ва ба Худованди бузург ҳавола намудаанд.

Албатта алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ъайни талош барои шинохт ва таблиғи Ислом аз кул ба ҷузъ, шинохти ҷузъи ба кулро низ дар дастури кори худ қарор дода ва бар мабнои китоби Худованд ва суннати мутавотири дар дастрас ва ақли салим, бо умқ ва диққатӣ беназир, вазойиф ва таколифи кунунии мусалмононро ҳам то ҳадди имкон табйин кардааст ва бадонҳо даъват мекунад ва дар ин роҳи шинохт ҷузъиётро ҳам бар мабнои яқин анҷом медиҳад ва аз зунун ва авҳом парҳез менамояд.

Нуктаи бисёр муҳим ин аст ки ин олими бузургвор бар мабнои тафаккури системӣ, барои шинохти Ислом ҳамаи аҷзъои лозимро бо ҳам дар назар мегирад; Ба тавре ки ҳеҷ ҷузъеро қобили ҳазф намедонад, балки ҳамаро дар канори ҳам лозим медонад; Чунонки дар гуфторе аз эшон бадин муҳим ишора шудааст:

«Абу Иборҳими Самарқандӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ақл бозгаштгоҳи маърифат аст ва ҳар маърифате ки ба ақл боз намегардад, ҷаҳле бар рӯӣ ҷаҳлӣ дигар аст! Гуфтам: Назди мо касоне ҳастанд ки аз ақл безорӣ меҷӯянд! Фармуд: Ва оё аз ақл ҷуз девона безорӣ меҷӯяд?! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки бозгаштгоҳи маърифат, китоб ва суннат аст! Фармуд: Оё китоб ва суннат ҷуз бо ақл шинохта мешаванд?! Ақл решаи маърифат ва китобу суннат соқаи он ва хулафоъ дар замин шохаҳои он ҳастанд; Пас ҳар кас ақлро вониҳад, решаи маърифатро бурида ва ҳар кас китоб ва суннатро вониҳад, соқаҳои онро бурида ва ҳар кас хулафоъ дар заминро вониҳад, шохаҳои онро буридааст ва ҳамагӣ аз ҳосил ва меваи он маҳрум ҳастанд!»[28]

Ин бадон маъност ки алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бар мабнои тафаккури системӣ, дини Исломро маҷмӯъаи ҳадафманд аз аҷзоъи мухталиф медонад ки ҳама дар канори ҳам кулли Исломро ташкил медиҳанд ва ҳеҷ кадом аз онҳо ба танҳойи ва бидуни иртибот бо аҷзоъи дигар, баён кунандаи кулли Ислом нестанд, балки ҳар ҷузъ нақш ва коркарди худашро дар кулли систем дорост ва ин кул, бо имомат ва ҳукумати халифаи Худованд имом Маҳдӣ алайҳи салом иқома мегардад; Чунонки дар гуфторе аз эшон бадин муҳим ишора шудааст:

«Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ будам, пас ба ман ишора кард ва фармуд: Биё эй Юнус то динатро ба ту биёмӯзам! Пас ба ӯ наздик шудам то инки дар канораш нишастам, пас дасти манро монанди падарӣ меҳрубон гирифт ва фармуд: Бидон эй фарзандам ки ин дин низоме монанди низоми мӯҳраҳост ки бархӣ аз он тобеъи бархӣ дигар аст ва бархӣ аз он ҷуз бо бархӣ дигар комил намешавад! Оё надидӣ ки Худованди баландмартаба ҳангоме ки валии худро гумошт фармуд: <Имрӯз динатонро бароятон комил ва неъматамро бар шумо тамом кардам ва Исломро бароятон ба унвони дин писандидам>[29]?! Пас ба Худо савганд дин комил ва Ислом писандида набуд то он гоҳ ки Худованд валии худро гумошт! Пас ҳангоме ки мардум аз вилояти ӯ хориҷ шуданд, динашон нуқсон пазируфт ва Ислом ба ҳамон ҳолате бозгашт ки ҳанӯз писандида набуд ва имрӯз низ бар ҳамон ҳолат аст! Огоҳ бош ба Худойе ки ҷонам ба дасти Ӯст савганд ки дин ҳаргиз комил намешавад ва Ислом аз чизе кифоят намекунад магар бо вилояти валийе ки Худованди аззаваҷал ӯро гумоштааст! Пас ҳар кас гумон кунад ки Худованд бидуни вилояти валияш диндорӣ мешавад, ба гумроҳии бисёр дуре дучор шудааст! Сипас фармуд: Бидон эй фарзандам ки ин дин занҷирае аст ки бархӣ аз он ба бархӣ дигар вобаста аст, пас чун ҷузъӣ аз он коста шавад аҷзоъи дигараш низ костӣ мепазирад ва он гоҳ ҷуз бар зиёни ту намеафзояд! Арз кардам: Фидоят шавам, онҳо мегӯянд чизе ки ҳамааш ба даст намеояд ҳамааш вогузошта намешавад! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд ҷоҳилҳои аҳмақ ки монанди харҳоянд! Худованд динеро қарор надода магар инки барои он касеро қарор додааст ки ҳамаи онро ба даст оварад! Пас агар онҳо аз ба даст овардани ҳамаи он нотавонанд бояд бираванд ва касе биёяд ки тавонойии ин корро дорад; Чароки он ҷуз ҳамааш кифоят намекунад ва як ҷузъаш ба танҳоӣ танҳо бар зиёни онҳо меафзояд! Арз кардам: Оё ин ҳудуди Худовандро ба таълиқ намекашонад?! Фармуд: Мазоҳиби гуногун туро ба сӯӣ худ набаранд фарзандам! Ҳароина ҳудуди Худовандро ҷуз валии Ӯ ҷорӣ намекунад, пас чорае нест ҷуз онки ӯро ҳоким созанд ва ин аз он ҷиҳат аст ки Худованд ҳаддеро қарор надодааст магар бо лиҳози давлати адл ва аммо давлати золимро намерасад ки ҳаддеро ҷорӣ кунад, бал барои Худованд бар он ҳудуде аст ки ба зуддӣ бар он ҷорӣ хоҳад шуд!»[30]

Бинобарин, аз назари ин олими жарфандеш, кулли Ислом аз аҷзоъ ва арконе ташкил ёфта ки бидуни дар назар гирифтани ҳамаи онҳо дар канори ҳам наметавон Исломро шинохт. Бо ин васф, ҷойи басо таъаҷҷуб аст ки чигуна иддае бидуни дар назар гирифтани нақши халифаи Худованд муддаъии шинохти комили Ислом буда ва ба дунболи иқомаи Ислом ҳастанд ва дар ҳоле ки вазифа доранд то заминаи зуҳур ва ҳокимияти ҳазрати Маҳдӣ алайҳи саломро фароҳам намоянд, эшонро пушти сар ниҳода ва ба дунболи раъй ё ривоят афтода ва бар асоси иҷтиҳоди заннӣ, ба хиёли худ тамоми ҷузъиёти мавриди ниёзро истинбот намудаанд! Ин дар ҳоле аст ки тибқи фармойиши алломаи Хуросонӣ иқомаи кулли Ислом ва ъайни Ислом ҷуз бо зуҳур ва ҳоким шудани имом Маҳдӣ алайҳи салом имконпазир нест; Лизо эшон дар гуфторӣ такондиҳанад чунин мефармояд:

«Ҳасан ибни Қосими Теҳронӣ моро хабар дод, гуфт: Ба Мансур гуфтам: Ҳаргоҳ на раъйе бошад ва на ривояте ва на роҳе ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин, пас инсон ба сӯӣ чи фарор кунад? Фармуд: Ба сӯӣ оташ!»[31]

Бо ин васф мушаххас шуд ки дини Ислом ба унвони як дини комил ва ҷомеъ ки ҳадафаш растгории инсонҳо дар дунё ва охират аст, маҷмӯъае аз аҷзоъи муртабит ба ҳам аст. Бар ин асос, алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[32] чунин мефармояд:

«Афзун бар иқомаи айни Ислом ба сурати холис ва бар канор аз ақойид ва аҳкоми ғайри ҳақиқӣ, иқомаи кулли Ислом ба сурати комил ва бар канор аз таҷзияҳ ва табъиз, зарурӣ аст; Зеро Ислом, як маҷмӯъаи муртабит ва ба ҳампайваста, монанди як низоми дақиқ ва занҷираи ҳалқа дар ҳалқа аст ки ҳар ҷузъи он бо назар ба ҷузъи дигараш, ташриъ шуда, ба наҳве ки қатъи назар аз он, қобили ташриъ набуда ва чи басо ташриъи он, ноқизи ғараз будааст; Монанди донаҳои тасбеҳ ки ҳар як ба эътибори ҷузъӣ аз кул сохта шудааст ва ҳеҷ як ба танҳоӣ арзише надорад ва ҷуз дар қолиби кул судманд нест ва бо ин васф, вуҷуди аҷзоъи он, дар зимни вуҷуди кулли он аст ва бо заволи кулли он, аҷзоъи он низ аз байн меравад. Ба ҳамин тартиб, аҷзоъи Ислом низ ба эътибори кулли он, ташриъ шудааст ва ҷуз дар сурати иқомаи кулли он, судманд нест, балки чи басо дар сурати адами иқомаи кулли он, иқомаи аҷзоъе аз он ба танҳоӣ, зиёнбор аст; Монанди доруҳое ки табиб, бо назар ба таркибашон бо якдигар таҷвиз карда ва истеъмоли бархӣ аз онҳо ҷудо аз бархӣ дигар, хатарнок аст;»

Бинобарин, гирифтани бархӣ аз аҷзоъ ва вогузоштани бархӣ дигар сабаб мешавад ки кулли Ислом коркарди ҳақиқии худро аз даст бидиҳад ва ҳатто хатарофарин бошад. Лизо алломаи Хуросонӣ дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» (c120 ва 121) дар тафсири ояи 3 сураи Моъида чунин мефармояд:

«Ба ин маъно ки то пеш аз он рӯз ва таблиғи ҳукми мазкур ки вопасин ҳукми Ислом буд, дин барои мусалмонон комил ва неъмат барои онон тамом набуд ва Худованд ҳанӯз Исломро барои онон ба унвони дин, написандида буд; Чароки Ӯ комил аст ва табъан дини комилро меписандад ва Исломи ноқис ки ҷузъӣ аз аҷзоъи он кам астро барои мусалмонон намеписандад; Чароки чунин Исломе, ба далили нуқсони худ, наметавонад пайравонашро ба камол бирасонад, балки ба далили фиқдони инсиҷом ва ҳамоҳангӣ миёни аҷзоъаш, заминасози тазод ва фасод аст ва бо ин васф, илтизом ба Исломи ноқис, аз адами илтизом ба Ислом, агар хатарноктар набошад, камхатартар нест; Ҳамчунонки мусалмонон, дар бисёрӣ аз заминаҳо мушкилоти бузургтаре нисбат ба дигарон доранд ва ин ба сабаби илтизоми онон ба Исломи ноқис аст. Албатта возеҳ аст ки ин ба маънои лузуми даст кашидан аз Ислом нест, балки билакс ба маънои лузуми иқомаи он ба сурати комил аст; Чароки Худованд ба иқтизои комили худ, онро комил сохта ва аз камоли он хабар додааст ва агар нуқсоне дар он падид омада ки муҷиби адами такомули мусалмонон шуда, ношӣ аз Худованд набуда, балки аз худи мусалмонон нашъат гирифтааст; Чароки онон, бахшҳое аз Исломро гирифта ва бахшҳое аз онро раҳо кардаанд ва ҳамаи онро ба сурати комил барпо надоштаанд».

Ба ин тартиб, бино бар тафаккури системӣ дар мактаби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, наметавон ҷузъ ё бархӣ аз аҷзоъи Исломро гирифт ва ба танҳойи иҷро намуд, балки иқомаи бархӣ аз аҷзоъи Ислом ба иқомаи кулли он машрут аст. Чи басо бо иҷро ва иқомаи бархӣ аз аҷзоъ ва нодида гирифтани сойири аҷзоъи систем ба дурустӣ иҷро нашуда ва ба ҷойи расидан ба аҳдофи аслии худ, сабаби нақзи онҳо шавад! Лизо эшон дар фарозӣ дигар аз китоби «Бозгашт ба Ислом»[33] таҳти унвони «Машрут будани иқомаи бархӣ аҷзоъи Ислом ба иқомаи кулли он» мефармояд:

«Аз инҷо дониста мешавад ки иқомаи ҷузъӣ аз Ислом ба танҳоӣ, дар ҳоле ки сойири аҷзоъи он иқома намешавад, маҳалли ишкол аст; Чароки ҳар ҷузъи Ислом, ба эътибори иқомаи кулли он ва мутаносиб бо аҷзоъи дигараш ташриъ шуда ва табъан ҳангоме судманд ва қобили иқома аст ки аҷзоъи муртабит бо он иқома шуда бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аҷзоъи Ислом, лозим ва малзуми якдигаранд ва бар ҳам асар мегузоранд ва аз ҳам асар мепазиранд ва ҳаргоҳ бархӣ иқома нашаванд, иқомаи бархӣ дигар бефоида, балки аҳёнан зиёнбор хоҳад буд. Чунонки ба унвони мисол, аҳкоми ҷазоии Ислом, ба эътибори таҳаққуқи комили Ислом ва мутаносиб бо замон ва маконе ҷаъл шудаанд ки сойири аҳкоми Ислом, ба унвони авомилӣ боздоранда, ҷараён ёфтаанд ва бо ҷараёни онҳо, муҷибе барои иртикоби ҷароим нест ва табъан иртикоби онҳо дар ин вазъият, ғайри табиъӣ ва мусталзими ҷазои муқаррар аст. Чунонки масалан ҳукми қатъи дасти сориқ, ба эътибори таҳаққуқи комили Ислом ва мутаносиб бо замон ва маконӣ ҷаъл шуда ки аҳкоми иқтисодии Ислом ва иқдомоти пешгиронаи он аз қабили тавзеъи одилонаи сарват ва молиётӣ чун закот ва хумс, иқома шудааст; На замон ва маконе ки аҳкоми иқтисодии Ислом иқома нашуда ва тавзеъи сарват золимона аст ва молиётӣ монанди закот ва хумс, чунонки бояд пардохта намешавад ва табъан муқтазии барои сирқат вуҷуд дорад ва монеъи он мафқуд аст. Ин ба он маъност ки агар касе дар замони ҳокимияти ғайри Исломи ва маконе ки аҳкоми айнӣ ва умумии он иҷро намешавад, муртакиби сирқат шавад, мустаҳаққи ҷазоӣ муқаррар барои сирқат нест ва эъмоли он дар ҳаққи ӯ, ғайри одилона ва мухолиф бо мақсуди Шореъ аст. Ҳамчунонки иҷрои сойири аҳкоми ҷазоӣ, манут ба таҳаққуқи ҳукумати Исломӣ ва иҷрои айн ва кулли аҳкоми Ислом аст ва пеш аз он, муфид ва мутаносиб нест; Чароки Худованд ин аҳкомро барои иҷро дар ҳукумати хеш ва мутаносиб бо замон ва маконе ташриъ кардааст ки касе аз ҷониби Ӯ, бо илми комил ба ҳамаи он ва тавоноии комил барои татбиқи он бар масодиқаш, замоми умурро дар даст дорад ва бар пояи он, ҳукумати Ӯро эъмол мекунад ва адолати Ӯро мутаҷаллӣ месозад; Ҳамчунонки муҷрии аслии аҳком дар вақти нузул, Паёмбар буда ва ин воқеъият дар ташриъи онҳо, таъсир дошта ва лиҳоз шудааст; То ҳадде ки дур нест агар ин аҳком барои касе ҷуз он ҳазрат ё касе монанди ӯ, нозил мешуд, моҳиятӣ мутафовит медошт. Ин ба он маъност ки иқомаи ҳудуди Исломӣ тавассути касоне ки олим ба ҳамаи аҳкоми Ислом ва қодир ба иҷрои ҳамаи онҳо нестанд, ҷойиз нест, бе онки адами иқомаи ҳудуди Исломӣ тавассути онон, ҷойиз бошад; Чароки иқомаи ҳудуди Исломӣ тавассути онон, дар зимни иқомаи кулли Ислом воҷиб аст ва иқомаи кулли Ислом твассути онон, бо табаъият аз касе мумкин аст ки олим ба кулли он аст ва чунин касе, чунонки рӯшан шуд, халифаи Худованд дар замин аст ки тавассути Ӯ аз кулли Ислом огоҳӣ ёфта ва воситаи Ӯ дар эъмоли ҳукумати Ӯст.»

Албатти нуктаи муҳимме ки бояд ба он таваҷҷуҳ шавад ин аст ки вақте бино бар тафаккури системӣ Исломро ҳамонанди як системи ҷомеъ ва комил дар назар мегирем, имкони иҷро ва иқомаи кулли он вуҷуд хоҳад дошт, вале бо созу коре ки худаш пешбинӣ ва таъриф карда ва он ҳокимияти касе аст ки илм ба кулли системро дар ихтиёр дорад ва ӯ касе ҷуз Паёмбар ё ҷонишини Паёмбар нест; Чароки дар ҳар замон як халифа рӯйи замин вуҷуд дорад ва дар замони мо он халифа ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом аст. Бар ин асос аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ чунин мефармояд:

«Мумкин аст пиндошта шавад ки амал ба кулли Ислом, мумкин нест ва бо ин васф, чорае ҷуз амал ба ҷузъӣ аз он вуҷуд надорад ва ҳаргоҳ амал ба ҷузъӣ аз он муҷзӣ набошад, бечорагӣ падид меояд ки мумкин нест; Аммо рӯшан аст ки ин пиндорӣ воҳӣ аст; Чароки мусалламан Худованд ба иқтизои ҳикмат ва раҳматаш, чизеро дар Ислом қарор надодааст ки амали ба он мақдур набошад; Бал қарор додани чизе дар Ислом, бо ҳадафи амали ба он буда ва рӯшан аст ки қарор додани чизе дар Ислом ки амали ба он мақдур нест, абас аст ва бо ин васф, аз Худованд содир намешавад. Ба илова, тардиде нест ки Худованд ба ҳамаи Ислом ва на танҳо бахшӣ аз он, амр карда ва возеҳ аст ки амри Ӯ ба муҳол, муҳол аст; Чароки бо ҳикмати Ӯ мунофот дорад. Вонгаҳе дар кулли Ислом чизе иддаъо нашудааст ки ақида ё амали ба он, зотан муҳол бошад. Бо ин ҳол, танҳо ваҷҳе ки метавон барои адами имкони амал ба кулли Ислом ёд кард, адами имкони илм ба кулли он аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки илм ба кулли Ислом, барои амали ба кулли он зарурӣ аст ва албатта танҳо барои касе мумкин аст ки онро ташриъ кардааст ва бо ин васф, илми мусалмонон ба кулли он ва табъан амалашон ба кулли он, мумкин нест. Аммо ҳақ он аст ки ин ваҷҳ низ мардуд аст; Чароки мусалламан Худованд, амал ба кулли Исломро бар мусалмонон воҷиб сохтааст ва бо ин васф, аз таваққуфи он бар илм ба кулли Ислом, танҳо лузуми таълими кулли Ислом бар Худованд лозим меояд, на рафъи вуҷуби амал ба кулли он; Ба ин маъно ки бо таваҷҷуҳ ба лузуми амал ба кулли Ислом ва таваққуфаш бар илм ба кулли он ва инҳисори зотии ин илм ба Худованд, бар Худованд лозим аст ки ба наҳвӣ аз анҳоъ, илм ба кулли онро барои мусалмонон мумкин кунад то узре дар баробари Ӯ барои амал накардан ба кулли Ислом ва табъан вуқуъ дар шақоват ва мушкилот, надошта бошанд. Рӯшан аст ки ин таълим, иҷтинобнопазир ва қатъӣ аст ва бо ин васф, ба ду сурат мумкин аст: Ё Худованд ҳамаи мусалмононро мустақиман ба кулли Ислом олим месозад ва ё бархӣ аз ононро барои ин амр бар мегузинад то дигарон ба наҳви ғайри мустақим, илм ба кулли Исломро аз онон фаро гиранд. Аз онҷо ки мусаллам аст Худованд ҳамаи мусалмононро мустақиман ба кулли Ислом олим насохта, маълум мешавад ки бархӣ аз ононро ба кулли Ислом олим сохта ва табъан бар дигарон воҷиб аст ки ононро бишиносанд ва аз онон таълим пазиранд. Онон, бо таваҷҷуҳ ба инки илм ба кулли Ислом ихтисос ба Худованд дорад, ногузир ё Паёмбаранд ки илм ба кулли Исломро мустақиман аз Худованд талаққӣ кардаанд ва ё муртабит ба Паёмбаранд ки илм ба кулли Исломро ғйри мустақим ва аз Паёмбар дарёфт намудаанд ва чунин касоне, ба эътибори ниёбаташон аз Худованд дар таълими кулли Ислом, халифаи Худованд дар миёни мусалмонон шуморда мешаванд. Аз инҷо дониста мешавад ки Худованд дар замин халифаеро қарор додааст; Чунонки ба унвони равияи худ, аз он ёд карда ва фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً[34]; <Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам> Ва рӯшан аст ки ин халифа, ҳаргоҳ олим ба кулли Ислом ва мукаллаф ба таълими он бошад, метавонад кулли онро ба мусалмонон таълим диҳад ва қобили амал тавассути онон гардонад ва рӯшан аст ки бо ин васф, таъаллум аз ӯ бар мусалмонон воҷиб хоҳад буд. Аз ин мабно лозим меояд ки замин ҳеҷ гоҳ аз чунин халифае холӣ набошад; Чароки хулувви ӯ, ҳар чанд барои замонӣ кӯтоҳ, мусталзими адами имкони илм ва табъан амал ба кулли Ислом дар он замон аст ва аз онҷо ки ин адами имкон, мустанад ба Худованд ва муҷиби хасорати мусалмонон аст, мумкин нест ва Худованд аз он танзиҳ мешавад. Оре, ҳаргоҳ чунин халифае дар миёни мусалмонон қарор дода шуда бошад, вале онон ба сабаби тақсири худ, ӯро нашиносанд ва мутамаккини аз таълим нагардонанд, ироде бар Худованд ворид нахоҳад буд ва дар ин сурат, бечорагии онон мумкин хоҳад буд»[35].

Ҳосил онки барои иқомаи кулли Ислом ки ҳамонанди як системи ҷомеъ ва комил аст, ниёз ба зуҳур ва ҳузури халифаи Худованд дар замин аст; Лизо зарурӣ аст то заминаи лозим барои зуҳури эшон фароҳам шавад ва ин коре аст ки тавассути аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони ростини эшон оғоз шуда ва дар ҷараён аст ва дер ё зуд ба натиҷа хоҳад расид ин шоъ Аллоҳ.

Худованд моро аз заминасозони ростини зуҳури имом Маҳдӣ қарор диҳад; Чароки танҳо бо зуҳури эшон имкони иқомаи кулли Ислом фароҳам меояд ва танҳо бо иқомаи кулли Ислом саъодати мусалмонон дар дунё ва охират ҳосил мешавад ин шоъ Аллоҳ.

Манобеъ ва мароҷеъ:

Қуръони Карим

Китоби Бозгашт ба Ислом, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Ризойиён, Алӣ; Таҷзия ва таҳлил ва тарроҳии систем, Теҳрон, Симат, 1383

Ҷексон, Мойкел; Китоби тафаккури системӣ куллигаройи халлоқ барои мудирон, тарҷумаи Тақӣ Носири Шариъатӣ, созмони мудирияти санъатӣ, 1391

Бартолонӣ, Людвиг Фавн, Мабонӣ, такомул ва корбудҳои назарияи умумии системҳо, тарҷумаи Киюмарс Парёнӣ, Теҳрон, Тандир, 1366

Содувскӣ, В.Н; Назарияи системҳо: Масоъили фалсафӣ ва равон шиносӣ, Теҳрон, ҷ аввл, 1370

Рушд, Маҳдӣ; Нигариши системӣ, Теҳрон, Амир Кабир, 1362

Gharajedaghi,(2011). “system thinking; managing chaos and complexity”, 3th.ed, MK

Mingers, John, and Leroy White. "A review of the recent contribution of systems thinking to operational research and management science." European Journal of Operational Research 207, no. 3 (2010): 1147116

↑[1] . Фатҳ/ 28
↑[2] . Parts
↑[3] . Elements
↑[4] . Interaction
↑[5] . Set
↑[6] . Analytical Thinking
↑[7] . Part to Whole
↑[8] . System Thinking
↑[9] . Whole to Part
↑[10] . Reduction
↑[11] . Extend
↑[12] . Knowledge
↑[13] . Understanding
↑[14] . Дарк аз кул ба ҷузъ ва дониш аз ҷузъ ба кул ҷараён доранд.
↑[15] . The Phenomenon
↑[16] . Whole
↑[17] . Roles
↑[18] . Functions
↑[19] . Synthesis
↑[20] . Analysis
↑[21] . Тафаккури системӣ ба мо меомӯзад ки барои фаҳмидани мушкилоти асосӣ лозим аст ба масоъилӣ фаротар аз иштибоҳоти фардӣ ва ё иқболи номусоъид бипардозем. Бояд аз вақойеъ ва шахсиятҳо болотар рафт. Бояд ба умқи сохторӣ пай бурд ки аъмоли афрод ва шаройитро ба гунае шакл медиҳад ки рӯйдодӣ иттифоқ меафтад.
↑[22] . Тафаккури системӣ ба мо меомӯзад ки ҷизе дар берун аз систем ки мусабиби бурузи мушкилот бошад вуҷуд надорад, балки тамоми асбоб ва илали масоъил дар даруни систем наҳуфта аст ва ҷузъе аз он ба шумор меравад.
↑[23] . Оли Имрон/ 19
↑[24] . Бақара/ 285
↑[25] . Рум/ 32
↑[26] . Анфол/ 39
↑[29] . Моъида/ 3
↑[31] . Тарҷумаи гуфтори 9, фақараи 3
↑[32] . с119
↑[33] . с125 ва 126
↑[34] . Бақара/ 30
↑[35] . Бозгашт ба Ислом, с 122 то 124
Мақолаҳо ва нуктаҳои дигар аз ин нависанда:
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.