Чоршанбе 24 Апрел 2024 мелодӣ / 15 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси бисту дуввум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Тақлид аз золимон (2)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки итоъат аз ҳокимони золим на тавҷиҳи ақлӣ дорад ва на тавҷиҳи шаръӣ ва ибқоъи ҳокимияти онҳо низ иоънат бар зулм шумурда мешавад ки аз нигоҳи ақл ва шаръ ҷойиз нест ва тафсили миёни итоъат аз онҳо дар маъсият ва итоъат аз онҳо дар ғайри маъсият низ маънои муҳассале надорад ва мавҳум аст; Чароки ҳамаи тасарруфоти ҳокимони золим удвонӣ аст ва бо ин васф, итоъат аз онҳо мутлақан дар маъсият воқеъ мешавад. Ин аз ҳайси бунёдин буд, аммо аз ҳайси корбурдӣ итоъат аз ҳокимони золим мафсадаҳои фаровоне дорад ки иллати дигаре барои ҳурмати он маҳсуб мешавад; Чароки ҳурмати як кор, ё бо лиҳози сабаби он аст ё бо лиҳози мусаббаби он ва ё бо лиҳози ҳар ду ва дар хусуси итоъат аз ҳокимони золимон, сабаби қабули мулоҳиза аст ки навоҳии ақлӣ ва шаръӣ аст ва ҳам мусаббаб ки мафсадаҳои фаровони ин итоъат дар дин ва дунёи мардум аст. Устозунал Мансур дар мабҳаси қабл, ҳурмати ин итоъатро аз ҳайси саббабӣ баррасӣ фармуд ва дар ин мабҳас, онро аз ҳайси мусаббабе баррасӣ мекунад ва таҳти унвони)

[Табаъоти итоъат аз ҳокимони золим]

(мефармояд:) Ба ҳар ҳол, машҳуд аст (яъне қобили мушоҳидаи ҳиссӣ ва истеқроъӣ аст) ки эътиқод ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ва ҳифзи онҳо (ба маънои адами азли онҳо), аз шумтарин (яъне бе баракаттарин ва пурҳазинатарин) ақойиди ройиҷ дар миёни мусалмонон (баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун) буда ки муҷиби ваҳни Ислом (яъне суст намоён шудани он дар назари мардум ё заъфи он дар мавоҷеҳ бо кофирон) ва суқути тамаддуни Исломӣ (аз авҷи шукуфоӣ ва бартарӣ ба ҳазизи ақабмондагӣ ва инфиъол) ва густариши мавонеъи шинохт (монанди ҷаҳлу тақлид ва таъассубу дунёгароӣ) дар миёни мусалмонон шудааст; Чароки ҳокимони золим дар тӯли қарнҳои мутамодӣ (бо рӯйи кор омадани Умавиён то имрӯз), бо сӯъи истифода аз ин эътиқоди бепоя (яъне эътиқод ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ва ҳифзи онҳо) ки тавассути сафиҳонӣ вобаста ба онҳо тарвиҷ шуда (ба ин хотир мефармояд «Сафиҳон» ки инҳо умдатан мункирони ҳуҷҷияти ақл будаанд ва мункирони ҳуҷҷияти ақл аз назари ин бузургвор «Сафиҳ» маҳсуб мешаванд ва ба ин хотир мефармояд «Вобаста» ки инҳо хоста ё нохоста дар хидмати ҳокимони золим қарор доштаанд ва табъан аз ҳимояти мустақим ва ғайри мустақими онҳо бархурдор будаанд), ақойид ва аҳкоми Исломро яке аз пайи дигари (ҳар ҷо ки суди онҳо дар миён буда), ба суди худ тағйир додаанд ва қироъате (яъне бардошт ва тафсирӣ) аз онро расмият бахшидаанд (яъне қонунӣ кардаанд) ки мутобиқи бо амёли онҳост (бо таваҷҷуҳ ба инки расмият бахшидан ва қонунӣ кардан, кори ҳокимон аст ва онҳо ҳаргоҳ золим бошанд, ин корро бо лиҳози манофеъ ва амёли худ анҷом медиҳанд ва ин чизи маъмули ва машҳуде аст) ва дар ин миён, аҳли ҳадис (яъне ҳадисгароёни бе эътино ба ақл), чунон муздуронӣ дастнишондеҳ (яъне мисли амалаи аҷир шуда), ҳамвора дар хидмати онҳо будаанд; Зеро бо тасдиқ (яъне саҳиҳ шумурдан) ва ривоҷ додани ривоётӣ сохтагӣ ки дар тазоддӣ ошкор бо Қуръон (яъне оёти наҳй кунанда аз итоъати золимон), бар вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ва ҳифзи онҳо таъкид мекунанд, амалан (яъне хоста ё нохоста) заминаи тақвияти ҳукумати (золимонаи) онҳо (дар тӯли қарнҳои мутамодӣ) ва шикасти ҷунбишҳои ислоҳии мусалмонон (монанди ҷунбиши Ҳусейн ибни Алӣ ва ҷунбиши Зайд ибни Алӣ ва авлоди ӯ ва ҷунбишҳои ислоҳии дигар) ро фароҳам сохтаанд ва мустазъафони ситамдидаро (ба баҳонаи бидъат ва хуруҷ аз ҷамоъат) аз қиём барои эҳқоқи ҳуқуқашон, боздоштаанд. Ночор дар асари масоъии (яъне кӯшишҳои) ин хоъинон (бо таваҷҷуҳ ба инки корашон хиёнат ба мусалмонон маҳсуб мешуд), бепарвотарин (яъне густохтарин ва беҳаётарин) золимон дар ҳукумат бар мусалмонон тамаъ кардаанд ва маҷоли онро низ ёфтаанд; То ҷойе ки касе монанди Язид ибни Муъовия (д.64қ), бо онки сафиҳ ва мутаҷоҳир ба фисқ буд (чароки маъруф аст бо саг ва маймун бозӣ мекард ва шароб менӯшид), бар мусалмонон ҳоким шуд ва хонаи Худоро (дар қазияи шӯриши Абдуллоҳ ибни Зубайр ба манҷаниқ баст ва) оташ зад ва аҳли байти Паёмбар (яъне Ҳусейн ибни Алӣ ва авлоду амузодагони муъаззам ва мукаррами ӯ ризвоналлоҳу таъалло алайҳи аҷмаъин) ро (аз тариқи волии худ дар Куфа ба номи Абдуллоҳ ибни Зиёд алайҳи лаънату вал аъазоб) кушт ва касе монанди Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф (д.95қ), бо онки саффокӣ ҷаббор (яъне хунрези зӯргӯ) буд, (ба вилоят аз тарафи Абдулмалик ибни Марвон) бар мусалмонон ҳоким шуд ва сарҳои солеҳон (аз тобеъин ба эҳсону атбоъи онон хусусан дӯстдорони имом Алӣ ибни Абӣ Толиб) ро бидуни ҷурм бурид (машҳур аст ки ӯ 120 ҳазор мусалмонро аз рӯйи ситам ва дар ғайри ҷанг кушт ва бисёри аз ононро мусла кард) ва касе монанди Валид ибни Язид ибни Абдулмалик (д.126қ), бо онки дар хабосат (яъне фисқ) ва фуҷур (яъне иртибоби фаҳшо) саромад буд ва ҳтто (маъруф аст ки) намоз ҳам (куллан ё баъзан) намегузорд, бар мусалмонон ҳоким шуд ва зандиқа (яъне боварҳои илҳодӣ ва куфромез) ро ошкор сохт (муваррихон ва сиранависон дар тавсифи ӯ чизҳое навиштаанд ки хуб аст ба бархӣ аз онҳо ишора кунем то мояи ибрати мусалмонон шавад ва қоъилони ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золимро бишармонад. Навиштаанд ки Валид вақте ба хилофат расид, бастагонашро даъват кард ва дар ашъоре, Худо ва фариштагон ва бандагони солеҳашро шоҳид гирифт ки шифтаи шунидани ғино, нӯшидани шароб ва мулозимат бо занон ва надимоне аст ки бо ҷомҳои шароб ба сӯӣ ӯ мешитобанд! Ҳамчунин маъруф аст ки ӯ ҳавзе пур аз шароб дошт ки ҳаргоҳ пас аз шунидани ғино, тараб бар ӯ ғолиб мешуд, худро дар он меафканд! Дар бораи иҳонати ӯ ба аҳком ва шиъори дин ҳам расидааст ки вақте аз сӯӣ Ҳишом ибни Абдулмалик ба сарпарастии Ҳуҷҷоҷ мансуб шуд, ҳатто дар маросими ҳаҷ ба ҳарзагӣ ва майгусорӣ пардохт ва ғуломи хешро барои ҳамроҳӣ бо ҳоҷиён фиристод. Рӯзе ҳам дар ҳоли мастӣ бо канизаш муҷомеъат кард ва чун садои азонро шунид ӯро водор кард то ба ҷойи вай барои мардум имомат кунад! Ба гуфтаи ибни Асокир, як бор низ ошиқи занӣ масеҳӣ шуд ва дар зимни ашъоре орзу кард ки эй кош салиб будам то бар гардани он зан овехта мешудам ва бӯӣ ӯро истешмом мекардам! Як бор низ Қуръонро аз боби тафоъул гушуд ва бо ояи ﴿وَاسْتَفْتَحُوا وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ мувоҷеҳ шуд; Пас ба хашм омад ва ба сӯӣ Қуръон тир андохт то онро порра кард! Он гоҳ дар ашъорӣ хитоб ба Қуръон суруд ки агар дар рӯзи ҳашр бо Худоят мулоқот кардӣ бигӯ ки Валид манро пора кард! Инно Лиллоҳ ва инно Илайҳи роҷиъун! Ҳатто кори ӯ ба ҷойе расид ки як бор дастур дод барояш қубае бисозанд ва бар фарози Каъба насб кунанд то ӯ дар онҷо шароб бинӯшад, аммо атрофиёнаш бо илтимос ӯро аз ин кор мунсариф карданд! Ин халифаи мусалмонон буд ки аҳли ҳадис итоъат аз ӯро ҳукми Худо ва Паёмбар мешумурданд ва азли ӯро ҷойиз намедонистанд! Инно Лиллоҳу ва инно Илайҳи роҷиъун!) ва касоне дигар аз қабили онон (ки мутаъассифона дар тӯли торихи Ислом кам набуданд), бо онки дар золим буданашон ихтилофе набуд (яъне ҳамаи мусалмонон бо ҳар мазҳабе ононро золим медонистанд), ҳар як ба варосат аз дигарӣ (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳукуматро меросӣ карда буданд), бар мусалмонон ҳоким шуданд ва хилофати Паёмбарро ба мулукияти (яъне подшоҳии) Касро (подшоҳи Эрон) ва Қайсар (подшоҳи Рум) табдил намуданд, дар ҳоле ки аҳли ҳадис, дар ҳамаи ин даврон (тӯлонӣ), итоъат аз ононро (бо истинод ба чанд ривояти заннӣ ва мухолифи бо Қуръон) воҷиб мешумурданд ва аз хуруҷ бар онон наҳй мекарданд, то ба заъми худ аз фитна ҷилавгирӣ кунанд (чун ба назари онҳо хуруҷ бар чунин ҳокимоне муҷиби фитна мешавад), дар ҳоле ки ҷуз дар фитна воқеъ нашуда буданд (чун бузургтарин фитна ҳамин ҳукумати золимон буд ки дин ва дунёи мардумро тороҷ мекарданд); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ;[1] «Ва аз онон касоне ҳастанд ки мегӯянд: Ба ман изн бидеҳ ва манро дар фитна наяндоз! Огоҳ бошед ки онон дар фитна афтодаанд ва ҳароина дӯзах ба кофирон муҳит аст»! Дар баробар, ҳокимони золим низ ба поси масоъӣ торихии онон (яъне ба подоши кӯшишҳои онон дар тӯли торихи Ислом) ки бақоъи ҳукуматашон то кунунро (аз лиҳози фикрӣ ва фарҳангӣ) тазмин намудааст, ҳамвора ононро ҳимоят кардаанд ва ба маносиби муҳимми ҳукуматӣ (монанди қазоват ва вилоят) расонидаанд ва имконоти лозим барои тарвиҷи андешаҳои инҳирофӣ ва зидди Исломияшонро дар ихтиёрашон қарор додаанд то бо ривоёти дурӯғини худ (дар бораи вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим ё ба таври куллӣ дар ҳавзаи ақойиди Исломӣ), мусалмононро иғво кунанд ва ба бардагоне дар хидмати онон табдил намоянд! (Чунонки ин таъолими манҳус, имрӯз низ миёни аҳли ҳадис ва ҳокимони золим вуҷуд дорад ва онон дар Арабистои Саъудӣ, даст ба дасти ҳам, маншаъи ҳар фитнае дар ҷаҳони Ислом ҳастанд ва ҳар балое ҳаст аз салафиёни вобаста ба Оли Саъуд бар мехезад. Аз инҷо дониста мешавад ки итоъат аз ҳокимони золим ва ҳифзи онон, на танҳо аз лиҳози илмӣ мушкили ҷиддӣ дорад, аз лиҳози маълулӣ табаъоти вахиме дорад ки барои ҳукм ба ҳурмати он кофӣ аст. Лизо устозунал Мансур хуруҷ бар ҳокимони золимро ҷойиз медонад ва таҳти унвони)

[Ҷавози хуруҷ бар ҳокимони золим]

(мефармояд:) Акнун низ (ин раванди наҳси торихӣ идома дорад ва) бозмондагонӣ аз онон (яъне аз аҳли ҳадис ё ба таври куллӣ қоъилони ба вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим) ки худро (ба ноҳақ) аҳли суннат ва ҷамоъат мешуморанд, ҳокимони золимро (аз тариқи мухталиф) бар сарзаминҳои Исломӣ мусаллат сохтаанд ва итоъат ва сиёнат аз ононро вазифаи Исломии худ мепиндоранд; То ҷойе ки (метавон мушоҳида кард) дар ҳар як аз сарзаминҳои Исломӣ, зӯргӯӣ худкоме (яъне мутакаббири ҷаббор) ҳукм меронад ва молу ҷон ва номуси мусалмононро ҳазинаи матомеъи (яъне орзуҳои хоми) худ месозад, дар ҳоле ки касе аз онон (дар натиҷаи таълимоти ғалати аҳли ҳадис), ҷуръати мухолифат бо ӯро надорад (чун метарсад ки гуноҳкор шавад) ва (аз назари шаръӣ) ҳаққи муқобила бо ӯро барои худ намешиносад; То ҷойе ки мустабидтарин ва фосидтарин ҳукуматҳо, дар сарзаминҳои Исломӣ ҳастанд (ин нуктаи бисёр аҷиб ва таккондиҳандае аст ки устозунал Мансур ба он ишора мекунад ва комилан ҳам айнӣ ва қобили мушоҳида аст; Чароки бештари диктотурҳо дар кишварҳои мусалмон ҳукумат мекунанд ва дар кишварҳои ғайри мусалмон ба нудрат диктотуре дида мешавад) ва зулме ки дар миёни мусалмонон аст, дар миёни кофирон нест! (Ҷойи шармсори аст ки дар миёни кофирон ва кишварҳои ғайри мусалмон, адолати бештаре вуҷуд дорад ва озори камтаре ба мардум мерасад!) Ин дар ҳоле аст ки агар касе аз мусалмонон монанди гавҳарӣ камёб (бо таваҷҷуҳ ба арзишманд будани ӯ ва зебойии амалаш) ёфт шавад ки (аз миёни мусалмононе бо ин нигариш) сари мухолифат бо чунин ҳокиме дошта ва биное бар муқобила бо зулми ӯ ниҳода бошад, (аз онҷо ки чунин кореро дар мувоҷеҳ бо ҳокими золими мусалмон ҷойиз намедонад) пеш аз ҳар коре ӯро (бо як баҳона ва такаллуфе) такфир мекунад то мухолифат бо ӯ барои мусалмонон ҷавоз ёбад ва муқобила бо зулмаш барои онон ҳалол шавад (дар ҳоле ки такфири ҳокими золим дар миёни салаф собиқа надошта ва танҳо дар миёни хавориҷ масбуқ ба собиқа будааст); Зеро бо истинод ба хабари воҳид ва ғайри яқинӣ, мепиндорад ки хуруҷ бар ҳокими золим (яъне қиём барои брканории ӯ) ҳаром аст ва ҷудои аз ҷамоъати мусалмонон шуморида мешавад, магар онки аз ӯ куфри ошкор дида шавад! (Устозунал Мансур дар поварақи китоб, ба ин хабари воҳид ва ғайри яқинӣ ишора мекунад ва мефармояд: Нигоҳ кун ба : Фақараӣ «إلّا أنْ تَرَوا کُفْراً بَواحاً» [Магар инки куфри ошкор бубинед] дар: Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ8, с88; Саҳеҳул Муслим, ҷ6, с17; Байҳақӣ, Алсунанул Кубро, ҷ8, с145. Ҳар чанд дар бархӣ манобеъи [қадимитар], ин фақара дар асли ҳадис наёмада ва овардани он ба бархӣ мардум нисбат дода шудааст! [Ин ишораи латифе аз ин бузургвор ба заъфи ривоётӣ ин фақара аст; Зеро наёмадани он дар яке аз ду тариқи ривоят, тардидҳоеро дар бораи он падид меоварад ва аз эътибори он мекоҳад] Нигоҳ кун ба: Ибороти «وَ زادَ بَعْضُ النّاسِ: ما لَمْ تَرَوا مِنْهُمْ کُفْراً بَواحاً» [ва бархӣ аз мардум изофа кардаанд: Модоме ки аз онҳо куфри рӯшан набинед] дар: Муснади Аҳмад, ҷ5, с314 [ҷудо аз онки ин наҳваӣ сухани Аҳмад ибни Ҳанбал метавонад аз адами эътимоди ӯ ба ин зиёдат ҳикоят дошта бошад].)[2] Дар ҳоле ки қоъидатан (яъне бино бар қоъида дар боби куфр ва Ислом) зулми ӯ ҳар андоза шадид бошад, мусталзими куфри ӯ (ба маънои хуруҷи ӯ аз Ислом) нест ва то ҳнгоме ки шаҳодатайн бар забони ӯ ҷорӣ аст, куфри ошкор аз ӯ дида намешавад; Зеро (шаҳодатайн куфри ӯро мепӯшонад ва ҳаддиаксар ба нифоқ табдил мекунад ва) куфри ошкор, инкори Худованд ё Паёмбари Ӯ ё рӯзи қиёмат ё заруриёте монанди намоз ва рӯза аст ва куфри касе ки ба инҳо иқрор (ва на лузуман илтизоми амалӣ) дорад, ҳар чанд қобили истимбот (аз қароъини қавлӣ ва шавоҳиди амалӣ) бошад, ошкор нест (чун куфре ки ниёз ба чунин қароъин ва шавоҳиде дошта бошад ошкор маҳсуб намешавад). Бо ин васф, хуруҷ бар ҳокими (золими) мусалмон, бо ин баҳона ки ӯ дучори куфри ошкор шудааст, (бо вуҷуди онки ба равияе дар миёни ҳадисгароён табдил шудааст) ваҷҳе надорад, балки танҳо муҷаввизи (шаръӣ барои) хуруҷ бар ӯ, зулми ӯ бар мусалмонон аст (бинобарин, ниёзе ба такфири ӯ нест ва сирфи зулми ӯ ба мусалмонон барои муқобила бо ӯ кофӣ аст); Чунонки Худованд хусуси зулм бар мусалмононро барои ҷавози мухолифат ва муқобилаи онон кофӣ дониста ва фармудааст: ﴿لَا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلَّا مَنْ ظُلِمَ ۚ وَكَانَ اللَّهُ سَمِيعًا عَلِيمًا;[3] «Худованд фарёд задан ба гуфтори бадро дӯст намедорад магар аз касе ки ба ӯ зулм шуда ва Худованд шунавоӣ доност» Ва бо ин васф, фарёд задан ба гуфтори бад бар зидди золим, агарчи кофир набошад, дар назди Худованд маҳбуб аст (чароки ин сухани Худованд ом аст ва ихтисосе ба кофир надорад) ва фармудааст: ﴿أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ;[4] «Ба касоне ки бо онон ҷанг мешавад изн дода шуд ба сабаби инки мавриди зулим қарор гирифтанд ва бегумон Худованд бар ёрии онон тавоност» Ва бо ин васф, қитол бо золим, агарчи кофир набошад, маъзун ва мавриди ёрии Худованд аст (бо таваҷҷуҳ ба инки иллати ҷавози муқобиларо «Мавриди зулм қарор гирифтан» унвон карда) ва фармудааст: ﴿وَلَمَنِ انْتَصَرَ بَعْدَ ظُلْمِهِ فَأُولَئِكَ مَا عَلَيْهِمْ مِنْ سَبِيلٍ؛ إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَظْلِمُونَ النَّاسَ وَيَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ ۚ أُولَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ;[5] «Ва бегумон касе ки пас аз зулм шудан ба ӯ интиқом ҷӯяд, роҳе бар зидди ӯ нест; Роҳ танҳо бар зидди касоне аст ки ба мардум зулм мекунанд ва дар замин ба ғайри ҳақ дароздастӣ менамоянд, онон ҳастанд ки барояшон азобӣ дарднок аст» Ва бо ин васф, касоне ки бо золим агарчи кофир набошанд, муқобила мекунанд гунаҳокор шуморида намешаванд; Чароки Худованд барои онон роҳе (шаръӣ) бар зидди ӯ қарор додааст (ҳосил онки истодан дар баробари золим агар чи ҳокими мусалмон бошад ҷойиз аст). Оре, салби ҳокимият аз золим барои вогузоштани он ба золимӣ дигар ҷойиз нест (бинобарин, наметавон бо баҳонаи ҷавози салби ҳокимияти як золим дигариро ба ҷойи ӯ нишонд); Чароки ин кор мухолифат ва муқобила бо золим (аз он ҳайс ки золим аст) шумурда намешавад, балки ибқоъи ӯ дар суратӣ дигар аст (яъне Зайди золим ҷойи худро ба Амруи золим медиҳад ва дар ҳар ду ҳол, золим боқӣ аст ва танҳо номи он тағйир мекунад); Чунонки то кунун мухолифатҳо ва муқобилаҳои маъдуде ки тавссути мусалмонон бо ҳокимони золим анҷом шуда, умуман барои табдили золиме бо золимӣ дигар буда ва табъан ба рафъи зулм ва таҳаққуқи адолат наянҷомидааст (лизо аз ҷавози азли ҳокими золим, ҷавози насби ҳокими золими дигар ба ҷойи ӯ истифода намешавад, балки насби ҳокими одил ба ҷойи ӯ шарт аст).

Аз инҷо дониста мешавад ки муддаиёни суннат ва ҷамоъат (амсоли аҳли ҳадис), алорағми иддаъойи газофашон (дар бораи худ ки худро аз ҳама ошнотар бо Ислом мепиндоранд ва дигаронро ба залолат ва баидъат муттаҳам мекунанд), Исломро ба таври комил воруна кардаанд (чароки адолатхоҳии онро ба зулпазири табдил намудаанд) ва барои нақзи (яъне дар ҳам шикастани) он ва ҷилавгирӣ аз ҳусули мақосидаш (ки таҳаққуқи адолати ҷаҳонӣ ва ҳокимияти Аллоҳ аст), даст ба дасти якдигар додаанд ва дар ин миён, мусалмонон барои бозгашт ба Исломи (ҳақиқӣ), роҳе ҷуз таҳрими итоъат аз ҳокимони золим (дар ақида) ва тарки он (дар амал), балки хуруҷи бар онон ба рағми ҳамаи пайомадҳояш барои табдили онон бо ҳокимӣ одил, надоранд (албатта ҳокими одил, касе ҷуз халифаи Худованд дар замин нест ва ин чизе аст ки дар идома ба тафсил табйин мефармояд. Ба ин тартиб, устозунал Мансур ҳалқаҳои саъодати уммати Исломиро дар ин китоби шариф, яке дар пайи дигари ба ҳам васл мекунад ва моро гом ба гом ба Исломи комил ва холис наздиктар месозад. Аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои ин олими бузург саломатӣ ва тӯли умр металабем).

(و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Тавбаҳ/49.
↑[2] . Нигоҳ кун ба: Фақараи «إلّا أنْ تَرَوا کُفْراً بَواحاً» дар: Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ 8, с 88; Саҳеҳул Муслим, ҷ 6, с 17; Байҳақӣ, ал-Сунанул кубро, ҷ 8, с 145. Ҳар чанд дар бархӣ манобеъ, ин фақара дар асли ҳадис наёмада ва овардани он ба бархӣ мардум нисбат дода шудааст! Нигоҳ кун ба: Ибороти «وَ زادَ بَعْضُ النّاسِ: ما لَمْ تَرَوا مِنْهُمْ کُفْراً بَواحاً» дар: Муснади Аҳмад, ҷ 5, с 314.
↑[3] . Нисоъ/148.
↑[4] . Ҳаҷ/39.
↑[5] . Шуро/41 ва 42.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси бисту дуввум инҷоро клик кунед.