Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Матни дарс
 
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси якум
Мавзӯъ:

Даромад

Ба ҷои муқаддима

бахшӣ аз суханронии шайх Абдуссаломи Балхӣ

أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

Хидмати ҳамаи бародарон ва хоҳарони мусалмон ва мӯъмини Ислом арз мекунам ва Худовандро шарик мегирам ки ба мо ва шумо тавфиқ дод ва фурсат дод ки дар бораи шариъати Ислом ба баҳс ва гуфтугӯ ва тафаққу ва таъаммуқ бипардозем. Мо қасд дорем ки дар як силсила ҷаласоте дар бораи китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» навиштаи ҳазрати аллома устозунал Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо якдигар гап бизанем. Ғарази мо ин аст ки дар воқеъ ба андозаӣ бизоъат ва тавони худ ин китобро тавзеҳ бидиҳем ва ташриҳ кунем ба ҳавл ва қувваи Илоҳӣ ва умедвор ҳастем ки Худованд дар ин кори муборак моро тавфиқ бидиҳад ва ин шоъ Аллоҳ ҷаласоти мо ба ҳамин шакл идома дошта бошад. Фақат пеш аз оғози баҳс ман мехоҳам ки чанд нуктаеро бигӯям. Фикр мекунам хуб бошад ки пеш аз шурӯъи баҳси мо ва шумо, ман ду бахшро матраҳ кунам то баъд аз он ин шоъ Аллоҳ мо вориди матни китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» шавем.

Аввалин бахш аз аройизи банда ин аст ки шояд хуб бошад ки ман барои он даста аз бародарон ва хоҳарони мусалмон ки ба ҳар далил ё фурсат надоранд ё ҳар рақам ки будааст, натавонистаанд ин китобро мутолиъа кунанд ё ҳам мутолиъа кардаанд вале ба сурати ноқис хондаанд ва ё касоне ки умуман аз он мутталеъ нестанд чанд нукотеро дар бораи китоб бигӯям то бештар боъиси ошноӣ шавад ин шоъ Аллоҳ ва дар қисмати дуввум чанд нуктаеро ҳам хоҳад гуфтем дар ин бора ки равиши ташреҳ ва тавзиҳ аз ман чи рақам хоҳад буд ин шоъ Аллоҳ.

Аввал инки китоби арзишманд ва гаронқадри «Бозгашт ба Ислом» навиштаи устозунал Мансур филвоқеъ ироъакунандаи як қироъат, як бардошт ва як тафсири мутафовит аст аз он тафсир ва аз он қироъате ки имрӯз дар байни умуми мусалмонон ройиҷ аст ва ривоҷ дорад ва маъмули аст. Ин ба чи маъност? Бубинед, мавзӯъ ва меҳвари ин китоб, дар бораи Ислом аст, ҳамонтавр ки аз номаш пайдост. Яъне кулли гапи ин китоб дар бораи шинохти Ислом ва иқомаӣ Ислом ва идомаи мабоҳисе аст ки дар идома хоҳад гуфтем. Вале асли гап инҷонст ки бардоште ки аз ин китоб мешавад дар айн тафовут ва дар айн тоза будан ва ҷадид будани ин китоб, бисёр асил ва холис аст. Ин гапи ман ба ин маъно аст ки мо мебинем ки имрӯз дар ҷомеъа ва дар байни мусалмонон чунин қироъате ва чунин бардоште аз Ислом дида намешавад. Вале ҳар чиз ки тоза буд ва ҳар чиз ки ҷадид буд ин ба он маъно нест ки саҳиҳ аст. Гапи ман ба ин маъно аст ки вақте як китоб, вақте як мафкура бар асоси асли Ислом ва бар асоси усули холиси Ислом бошад як ғурбат ва як мазлумияте хоҳад дошт ва аз ин хотир аст ки ман мегӯям ин тоза аст ва ин як чизи навин аст, на ба ин маъно ки Худоё накарда як чизи бидъатомез ва бидъатолуда бошад, балки комилан баракс. Ин китоб мутафовит бо кулли он бидъатҳое аст ки дар тӯли торих баъд аз Набийӣ карим саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шуд ва ин бидъатҳо ҷавр шуд ва боъис шуд ки як қироъати мунҳарифона ва як қироъати бидъатомез аз Ислом ройиҷ шавад ва бисёрӣ аз мардум ва бисёрӣ аз мусалмонон инро Ислом мефаҳманд, инро Ислом меноманд, дар ҳоле ки Ислом нест ва мо дар ин китоб мебинем ки устозунал Мансур як қироъат ва як бардошти саҳиҳ ва комилан мунтабиқ бар он усули аслии Исломиро ироъа мекунад ва ин як нуктаи бисёр муҳим аст. Аз ҳамин хотир аст ки ин китоб як китоби ба истилоҳи имрӯзиҳо чолишӣ аст яъне чолишбарангез аст, яъне шояд каме ҷанҷол ҷавр бикунад ба қавли мо ва шумо; Чароки бо ин рақам бардоштҳои торихӣ кӯҳна ва бидъатомезе ки ҳоло ройиҷ аст мухолифат мекунад ва аз ҳамин хотир аст ки шояд бисёр бо аксуламалҳо, бисёр бо бархурдҳои мухолифин ва муъониддин ва касоне ки бисёр вобаста ҳастанд ба ин қироъатҳое ки имрӯз ройиҷ аст аз Ислом мувоҷеҳ шуда ва ин бисёр табиъӣ аст ва мо ҳамеша интизори инро дорем ва хоҳад доштем ва як чизи ғайри оддӣ барои мо ва шумо нест. Аз ин хотир инро гуфтем ки мо бифаҳмем ки шояд бархурдҳое бо ин китоб шавад ва шояд бисёрӣ аз касоне ки вазифаи худро дифоъ аз қироъати имрӯз ва қироъати ройиҷ мефаҳманд, бихоҳанд ба хотири дифоъ аз ҳарами он чизҳое ки аз худ ҷавр карданд бо ин китоб муқобила кунанд ва ҳамонтавр ки гуфтам ин чизи табиъӣ аст ва чизи тозае ҳам нест.

Нуктаи дигаре ки ман мехостам хидмати шумо бародарон ва хоҳарон бигӯям ин аст ки ин китоб аз ибтидо ва аз оғоз, баҳсро шурӯъ мекунад, яъне ҳеҷ чизеро пешфарз намгирад, ҳеҷ чизеро мафруз намегирад. Аз ҳамон мабодии аввалия, аз ҳамон масоили бунёдини ибтидоӣ мисли масъалаи шинохт оғоз мекунад. Мо мефаҳмем ки масъалаи маърифат ва масъалаи шинохти бунёдитарин масъала аст дар Ислом ва ин пеш аз гапи ман дар баёни рӯшани устозунал Мансур ҳаст ва матраҳ мешавад ва инро хоҳад дидем ин шоъ Аллоҳ ва ин бисёр муҳим аст ки ҳеҷ ҷонибдории ғайри илмӣ ва ғайри мунсифона дар китоб дида намешавад ва аз ҳамон аввал аз мабодӣ ва асли асосӣ Ислом ки шинох бошад, оғоз мешавад ва ин бисёр муҳим аст ки бояд ҳатман таваҷҷуҳ шавд.

Нкутаи дигар инки мавзӯъи китоб муштамал бар як осебшиносии бисёр амиқ ва мушикофона ва торихӣ аст ки бисёр такондиҳанда аст ва инро пештар ҳам гуфтем; Аз чи хотир? Чун мухолиф аст бо он бардоштҳо, бо он қироъатҳое ки имрӯз ройиҷ аст. Аммо мавзӯъи ин осебшиносӣ ва мушикофӣ, дар бораи ақойид ва дар бораи аъмоли мусалмонон аст; Яъне ин дар ду қисмат баҳс мешавад; Ҳам дар бораи ақойид ва масоъили ақидавӣ ва назарӣ аст ва ҳам дар бораи аъмол ва масоъили амалӣ, масалан ибодот ва аҳком сурат мегирад ва ин шояд битавонем бигӯйем як ифшогарӣ ва ҳамонтавр ки гуфтим як осебшиносӣ аст ва шояд ба як таъбир ва ба як мисол битавонем бигӯйем як амалиёти [ҷарроҳӣ] аст ки дар воқеъ бар рӯӣ пайкари уммати Исломӣ ва умуми мусалмонон ва ақойид ва аъмоли эшон анҷом мешавад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигаре ки мехостам бигӯям ин аст ки ин рақам баҳс кардан бисёр бесобиқа аст ва назиреро мо барои ӯ ёфт намекунем. Мо инро ҳеҷ надидем умуман дар ҳеҷ ҷои дигар ҳар чи қадр ҳам полидем ва чи қадр ҳам ҷустуҷӯ кардем мо намунае аз инро дар ҳеҷ ҷо надидем ва ин ҷои шукр дорад.

Нуктаи дигаре ки ман мехоҳам хидмати бародарон ва хоҳарон бигӯям ин аст ки ин китоб мубтанӣ бар яқиниёт аст. Яқиниёт ба чи маъно? Ба маънои он чизҳое ки муҷиби яқин мешавад муҷиби қатъӣ мешавад на бар асоси занниёт ё бар асоси ваҳмиёт, балки бар асоси сирфан яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ аст. Воқеъ он аст ки кулли гапҳо ва кулли мабоҳиси китоб ҳамин тавр аст. Бародарон ва хоҳарон! Бисёр таваҷҷуҳ дошта бошед ки ин танҳо як иддаъо нест ва ман сирфан иддаъоӣ бидуни далил намекунам. Мо ва шумо асли китобро хоҳад дидем ва хоҳад хондем ин шоъ Аллоҳ. Бисёрӣ аз шумо ва ман мефаҳмем ки китобро хондаед ва бисёӣ аз шумо тасдиқ мекунед гапи манро. Ин як иддаъо, сирф иддаъо нест. Кулли мабонӣ ва кулли мабоҳис аз ин китоб ҳеҷгоҳ аз яқиниёт фосила намегирад ва натойиҷе ки дар интиҳоӣ ҳар баҳс мегирад, як натиҷаи қатъӣ ва яқинӣ аст ва илм барои мо ва шумо ҳосил мекунад ки ин натиҷа саҳиҳ аст. Ҳол яқиниёт ба чи маъност? Яқиниёт ба ду даста тақсим мешавад дар ин китоб. Яъне ҳар гап ва ҳар натиҷа ва ҳар баҳсе ки мешавад ё мубтанӣ бар оёти каломи Аллоҳ аст, яъне бар асос ва бар пояӣ оёти Қуръони Карим аст ки дар авҷи итқон ва устуворӣ ва истеҳкоми қарор дорад ё ҳам бар асоси суннати мутавотири Набии карим саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва медонем ки суннати мутавотир ба як суннати қатъӣ суннате мегӯйем ки умуман мустаҳкам ва мутқан аст ба шакле ки судури он аз Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам қатъӣ аст ва рӯшан аст ва ҳеҷ кас наметавонад тардиде дар он раво бидорад ё Худоё накарда онро инкор кунад; Чароки суннати мутавотир шомил аст бар ахбор ва аҳодисе ки афроди мутаъадди ва пароканда онро ба як рақам, ривоёт кардаанд ба шакле ки бо имкони ҳамкорӣ ва табонии онҳо бо якдигар мунтафӣ хоҳад буд. Ин авҷи итқон ва авҷи устуворӣ ва истеҳкоми китоб аст ки ин бисёр муҳим аст ва мо боз ҳам таъкид кунем ки инро дар ҳеҷ ҷои дигар намебинем. Як натиҷаи дигаре ки ин равиш ва ин рӯйкарди устозунал Мансур дорад ин аст ки фақат ба ҳамин ду чиз пойбанд аст, фақат ба ҳамин ду чиз вафодор аст, на ба чизи дигар. Ҳол мехоҳад ки шӯҳрат бошад, яъне як қавли машҳур ё як ҳадиси машҳур бошад, ё мехоҳад иҷмоъ ва иттифоқи гурӯҳе аз олимон бошад ё ҳар чизи дигар. Ҳар чизе ки бошад агар мухолиф бошад бо Қуръон Карим ва мухолиф бошад бо суннати мутавотир агар ҳазор сол ҳам дар байни мусалмонон ҷо гирифта бошад ва муҳкам шуда бошад, қобили рад аст ва мардуд аст дар назари устозунал Мансур ва ин авҷи шуҷоъат ва ин авҷи сароҳати лаҳҷа дар баёни ҳақ аст ва ин бисёр нуктаи қобили таваҷҷуҳе аст; Ва барои инки барои шумо бародарон ва хоҳарон мафҳум ва қобили дарк бошад, ман метавонам ин рақам бигӯям ки ин китобро метавонем як тафсире бар Қуръон ном бигузорем. Яъне ҳеҷ гоме ва ҳеҷ қадаме дар ин китоб магар ба пуштвонаӣ ҳукми сареҳи Қуръон ва суннати мутавотир бардошта намешавад ва ин китоб дар қисматҳои мухталиф аз мабоҳис ва таҳлилҳо ва баррасиҳои худ ба мафоҳими Қуръонӣ ва ҳамин тавр ба суннати Набии Карим саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам истинод мекунад. Пас ба як нигариши дигар ва ба як нигоҳи дигар метавонем бигӯйем ки ҷаласоти мо ва шумо ҷаласоти тафсири Қуръони Карим ва табйини суннати мутавотири Набии Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст.

Нуктаи бисёр муҳими дигаре ки бояд бигӯйем ин аст ки мабоҳиси ин китоб бо ниҳояти бетарафӣ матраҳ мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин китоб, як китоби мазҳабӣ ва ё тарафдори як мазҳаби хос нест. Бародарон ва хоҳарон бисёр таваҷҷуҳ кунанд ба ин фитнаҳо ва ихтилофоти мазҳабӣ ва гурӯҳе ки ҳоло дар ҷаҳони Ислом мунташир шудааст. Мақсуди ман танишҳо ва ҷанҷолҳое аст ки дар бораи ихтилофоти мазҳаби, ҳоло ҳам равон аст ва кулли шумо ҳам мефаҳмед ва сари шумо ҳам халос аст баҳамдулиллоҳ ва ҳеҷ зарурат ба тавзеҳи бештар нест. Бояд таваҷҷуҳ дошта бошед ки ин китоб ҳеҷ ҷонибдори ва ҳеҷ мавзеъгирии мазҳабӣ иттихоз намекунад. Ҳеҷ чизе шумо дар ин китоб ёфта наметавонед ки инро як китоби мазҳабӣ битавонед бигӯйед балки танҳо чизе ки метавонем бигӯйем ин аст ки ин китоб як китоби динӣ аст, як китобӣ марбут ба Ислом аст; Ҳамон асли Ислом ва ҳақиқати Ислом ва ин ба он хотир аст ки мазҳаб ва кулли гурӯҳҳои Исломӣ, интисоби аслияшон ба Ислом аст ва ҳамаи инҳо мухотаби ин китоб ҳастанд ва аз ҳамин хотир ин китоб як китоби ҷомеъ ва як китоби бисёр фарогир аст ва аз кулли уммати Исломи сухан мегӯяд ва кулли онҳоро мухотаб месозад, пас ҳеҷгоҳ ва ҳеҷвақт набояд ҳеҷ мазеъгирӣ ва ҳеҷ тасаввури мазҳабӣ дар бораи китоб матраҳ шавад ҳеҷ кадом аз мухотабони ин китоб набояд бигӯянд ки масалан Худои накарда ин китоб дар ин қисмат аз фалон мазҳаб дифоъ кардааст ё аз инҷо маълум мешавад ки ин китоб ба фалон мазҳаб таъаллуқ дорад; Чароки ин гапҳо умуман маъқул ва писандида ва мақбул нест ва мо гӯяндаи онро ба беинсофӣ муттаҳам мекунем. Лизо ба қатъ мо метавонем бигӯйем ки дар ҳеҷ ҷои китоб чунин чизе ёфт нахоҳад кардем.

Нуктаи бисёр муҳимми дигаре ки хоҳад гуфтам ва оҳиста оҳиста ин бахши аз гапҳоямро халос мекунам, ин аст ки бо як нигоҳи бисёр навин ва тозае мо мебинем ки дар ҷо ҷои ин китоби шарифи устозунал Мансур, як иттико ва як пойбанди ва як илтизомӣ ба амри Илоҳӣ ва ба изни Худованд дода мешавад. Дар бисёрӣ аз мавзуъоти бунёдин ва асосии ҷаҳони Исломӣ ки имрӯз мо шоҳиди фитнаҳои бисёре дар он ҳастем, мебинем ки ба танҳо чизе ки эътино намешавад ба танҳо чизе ки таваҷҷуҳ намешавад амри Худованд аст, изни Худованд аст, он дастур ва он ирода ва машияти Парвардигор аст. Ба унвони мисол, дар мавзуъоти мухталифе аз китоб монанди масъалаи хилофат ё масъалаи ҳукумат, масъалаи ҷиҳод, масъалаи байъат ва масоъиле аз ин даст бисёр таъкид мешавад ки кулли инҳо ҳеҷ эътиборе надорад магар ба амри Худованд ва магар ба изни Худованд ва ҳамонтавр ки пештар арз кардам бар хилофи он чизе аст ки имрӯз дар ҷаҳони Ислом ройиҷ аст; Чароки мутасифона имрӯз ағлаби мусалмонон иҷтиҳод дар ин умурро ҷойиз медонанд ва аз дили худ дар бораи ин масоъил гап мезананд. Ҳар кас ҷиҳодро як рақам маънӣ мекунад, ҳар кас ҳукуматро ба як кас месупорад ва ҳар кас хилофатро як рақам мефаҳмад. Дар ин китоб танҳо фаҳм ва танҳо бардошт ва танҳо дарке ки аз ин рақам мавзуъот ва масоъили бисёр бунёдин ва таъйинкунанда, мӯътабар ва саҳиҳ дониста шудааст, он фаҳме аст ки аз Қуръон ба даст меояд, он фаҳме аст ки дар ин мавзуъот аз суннати мутавотири Набии Карим саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳосил мешавад ва ҳамаӣ инҳо муштамал бар амри Худованд аст, муштамал ба изни Худованд аст ва боқӣ аз он, умуман ҳеҷ эътиборе надорад ва ҳеҷ дар назари устозунал Мансур мӯътабар нест ва матраҳ намешавад. Ин масъалаи дигаре буд ки ман хостам арз бикунам ва бояд ба ин нукта бисёр таваҷҷуҳ кард чун бисёр масъалаи бунёдин ва муҳиме аст ва бисёрӣ аз гапҳои ояндаро ҳамин мавзӯъ таъйин мекунад ва бисёрӣ аз ҷоҳо ҳаст ки аз ҳамин нуқта масоъил тағйир мекунад ва он натойиҷе ки гирифта мешавад бисёр мутафовит хоҳад шуд бо натойиҷе ки то имрӯз гирифта шудааст ва аз ин муҳимтар онки ин натойиҷ ҳамонтавр ки пештар арз кардам яқинӣ ва қатъӣ аст; Чароки мустанад аст ба амри Худованд ва изни Худованд ва дастури Худованд ва на амри Зайд ё изни Амр ё дастури Бакр ва ё гапи дигарӣ ва дигарӣ. Ин як нукта; Ва нуктаӣ охир инки бо таваҷҷуҳ ба маҷмӯъи гапҳое ки ман арз кардам метавон гуфт ки нависандаи ин китоб ва муъаллифи он, устозунал Мансур бо авҷи хайрхоҳӣ ва бо авҷи дилсӯзие ки нисбат ба уммати Ислом доштааст ва бо як эҳсоси вазифаи Исломӣ ва динии ин китобро навишта кардааст ва аз ҳамин навишта, аз ҳамин китоб, аз ҳамин мабоне хоҳад фаҳмидем ки ин шахсият як шахсияти ҳақгаро аст ва як шахсияти умуман Исломӣ ва муқаяд ба усул ва мабноӣ Ислом аст ва ҳеҷ чиз намехоҳад, ҳеҷ чиз намехоҳад ва ба дунболи ҳеҷ чиз нест, ҷуз таҳаққуқи Ислом, ҷуз инки кулли мусалмонон як шинохти саҳиҳ ва як шинохт аз Ислом дошта бошанд ва бо ёрӣ ва ҳамкории якдигар, бо илтизом ба он мабоние ки гуфта мешавад дар ин китоб даст ба дасти якдигар бидиҳанд ва Исломи холис ва комилро иқома кунанд. Ин ангезаӣ устозунал Мансур аст ки дар ҷо ҷои китоби худ эшон ҳам бисёр ба он таъкид карданд ва фармуданд ва маҷмӯъаи китоб, эшонро, гапи эшонро тасдиқ мекунад ва ҳар чизе ки мехоҳем бифаҳмем аз эшон, аз шахсияти эшон, аз маънавиёти эшон бояд ба ин китоб назар кунем ки чи гуфтааст, ба чи даъват кардааст, ба сӯи чи фаро хондааст ва ин барои мо бисёр табйин кунанда аст. Фақат касоне ки аз инсоф ба дур ҳастанд ва аз инсоф фосила гирифтаанд ҳарфи манро таъйид намекунанд ва илло ҳар касе ки бо нигоҳӣ мунсифона ва дур аз ғараз ин китобро бихонанд ва мабноӣ мутқан ва рӯшани асили ин китоб дар байни ҳақоиқи Исломро бубинад гапи манро тасдиқ мекунад.

Дар айни ҳол ин нуктаро ҳам бояд бигӯям ки баёни эшон бо як қотеъият ва як шуҷоъати таҳсинбарангез ва бисёр мисолзаданӣ ҳамроҳ аст ва бисёр ҳам шойиста аст ки як кас ки ҳақро мегӯяд дар баёни ҳақ сароҳат дошта бошад ва мумошот накунад ва созишкорӣ накунад. Мо инро ба айнан дар каломи устозунал Мансур мебинем ва мебинем ки эшон бо як сароҳат ва бо як қотеъият гап мезанад ва дар айн риъояти одоб ва эҳтиром, асли гаперо ки бояд бигӯянд мегӯянд ва ҳеҷ созиш ва мумошот намекунанд ва аз мавзӯъе ки зарурат аст ва мавозеъӣ ки ҳатмӣ аст ва бояд гуфта шавад мубтанӣ бар усуле ки пештар гуфтем, гуфта мешавад ва гом ба гом аз ин усул ва мабонӣ дифоъ мешавад ва пайравӣ мешавад. Ин бахши аввали аройизи банда буд ва ман бисёр хоҳиш мекунам аз бародарон ва хоҳарони мусалмон ки ин нукотеро ки ман гуфтам, ҳоло агар навишта карданд ё ҳар рақами дигар ба хотири худ биспоранд ва инро ҳар вақт пеш аз ҷаласоте ки мо мехоҳем шурӯъ кунем инро бо худ такрор кунанд то ин масоъил ки бисёр масоъили муҳимме аст дар фикр ва зеҳи мо ва шумо мондгор шавад...

Шарҳи китоби шарифи "Бозгашт ба Ислом"

шайх Солеҳи Сабзаворӣ

أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

(الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین)

(Аҳмият, арзиш, фоъида ва баракати китоби шарифи бозгашт ба Ислом навиштаи устозунал ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ возеҳтар аз он аст ки ниёзе ба тавзеҳи ман дошта бошад; То ҷойе ки тавзеҳи ман чизе бар вузуҳи он дар назари аҳли илм ва касоне ки аз ақл ва инсоф бархурдоранд изофа намекунад, балки метарсам бо таваҷҷуҳ ба қасвари баён ва заъфи каломам, натиҷаи акс дошта бошад; Чун ҳар андоза дар васфи ширинии шакар бигӯйӣ гӯётар аз он нест ки онро бичашӣ ва барои касе ки онро чашида аст сухан гуфтан аз ширинии он беҳуда аст. Аз ин рӯ, ман дар ин боб сухане намегӯям ва танҳо ба шарҳу алфоз ва ибороти он иктифо мекунам. Ҳар чанд инсоф он аст ки алфоз ва ибороти ин китоби шариф ҳам то ҷойе ки мумкин буда сода ва рӯшан интихоб шуда, вале бо ин ҳол мумкин аст барои бархӣ аз бародарон ва хоҳарони мусалмон ки унси камтаре бо улум ва маъорифи Исломӣ доранд ё ошноии камтар бо забон ва адабиёти форсии меъёр доранд, дар баъзе маворид каме мушкил бошад ва ниёз ба тувзиҳ дошта бошад ва тувзиҳоти ман ҳам умдатан барои онҳо ва мутаносиб бо онҳост; Ба ин маъно ки бештар мубтанӣ бар табйини маъонӣ алфоз ва ибороти ин китоби шариф ё истилоҳоте аст ки эҳёнан дар мавориди маъдуде ба кор рафтааст. Ба ин хотир мегӯям дар мавориди маъдуд ки устозунал Мансур усулан эътинои чандоне ба бисёрӣ аз истелоҳоти ҷадид надорад ва дар ин китоби шариф ҳам то ҷойе ки муяссар буда аз истеъмоли онҳо парҳез карда ва дар мавориде ҳам ки маҷбур ба истеъмоли онҳо шуда муроди худро бо алфоз ва иборотӣ дигар табйин фармудааст; Иллаташ ҳам ин аст ки эшон беҳтарин адабиёт ва муносибтарин забон барои баёни маъорифи Исломро адабиёт ва забони Аллоҳ ва Расул медонад на адабиёт ва забони фиқиҳо ё фалосифа; Ҳамчунонки саҳобаи киром ва аҳли байти тоҳирин ва ба таври куллӣ салафи солеҳ ҳам бо ин адабиёт ва забони ҷадиди фиқиҳо ва фалосифа ки пур аз лаффозиҳои ғайри зарурӣ аст, ошноӣ надоштанд ва адабиёт ва забони сода ва бетаклифи Қуръон ва суннат истифода мекарданд. Устозунал Мансур ҳам бо онки комилан бо истелоҳоти фиқиҳо ва фалосифа ошноӣ дорад, аз истеъмоли онҳо ҷуз ба қадри зарурат кароҳат дорад ва парҳез мекунад ва ба ҳамин хотир, китоби шарифи эшонро наметавон як китоби фиқҳӣ ва ё фалсафӣ донист, бо инки дар он ҳам дар бораи аҳкоми Ислом сухан гуфтааст ва ҳам ақойиди он. Ба ҳар ҳол, тавзиҳи бархӣ алфоз ва ибороти он метавонад барои бархӣ аз бародарон ва хоҳарони мусалмон муфид бошад ва ба ҳамин далил ман саъй мекунам ки дар ҳадди бизоъати худ ин корро анҷом диҳам ва табан агар касоне ё ишколе дар тувзиҳи худ дошта бошам аз нуқсони бизоъати худам аст ва рабте ба устозунал Мансур ва ин китоби шариф надорад.

Қабл аз шурӯъи китоб ду нуктаро бояд мутазаккир шавем ки дар ҳамаи мабоҳиси китоб бояд дар назар гирифта шавад ва набояд мавриди ғафлат қарор гирад:

Яке инки алфози ин китоби шариф бисёр бисёр дақиқ аст ва ба сурати мутаносиб ва дар мавзеъи худ ба кор рафтааст ва ин тавр нест ки лафзе аз он беҳуда ва бидуни маъно ва муносибат ё ба ғайри зарурат истеъмол шуда бошад; Хусусан васфҳое ки барои алфози зикр шуда ва қайдҳое ки барои иборот зикр шуда, бисёр муҳим ва табйинкунанда аст; Ба наҳве ки таваҷҷуҳ накардан ба яке аз ин васфҳо ва қайдҳо монеъ аз фаҳми комил ва саҳиҳи муроди устозунал Мансур мешавад ва чи басо дар бархӣ маворид ҳатто боъиси каҷфаҳмӣ ва сӯъи бардошт аз алфоз ва ибороти эшон мешавад ва суъол ё шубҳаи бемавридеро ба вуҷуд меоварад ки ношӣ аз адами диққати кофӣ ба алфоз ва ибороти эшон аст. Лизо зарурат дорад ки ҳамаи алфоз ва ибороти эшон хусусан васфҳо ва қайдҳое ки аз рӯӣ ҳикмат истеъмол фармудааст, мавриди таваҷҷуҳ ва диққати комил қарор гирад то муроди эшон ба дурустӣ фаҳмида шавад.

Нуктаи дигар инки мабоҳиси ин китоби шариф монанди ҳалқаҳои як занҷир ба ҳам пайваста ва муттасил аст; Ба наҳве ки ҳар мабҳаси он муқаддимаи мабҳаси баъдӣ аст ва фаҳми комил ва саҳиҳи он барои фаҳми комил ва саҳиҳи мабҳаси баъдӣ лозим аст ва бо ин ҳисоб, бояд онро аз ибтидо то интоҳо ба тартибе ки навишта шудааст мутолиъа кард на монанди рӯзнома, ба сурати пароканда ва ғайри муназзам! Ин нуктае аст ки агар касе риъоят кунад судаш ба худи ӯ мерасад ва агар касе ба хотири танбалӣ ва беҳавсалагӣ ё аҷала ва кунҷковӣ ва ё асбоби дигар риъоят накунад, товонаш ба худи ӯ мерасад; Хосс бо назар ба инки китоб тақрибан аз нуқтаи сифр шурӯъ мешавад ва қабл аз тарҳи мабоҳиси аслии худ, мабноӣ худро таъриф ва мушаххас мекунад ва табъан касе ки аз ин мабонии он огоҳӣ пайдо накардааст, наметавонад мабоҳиси аслии онро дарк кунад.

Аммо шарҳи матолиби китоб:)

Даромад

(Устозунал Мансур баъд аз «Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим» ки мифтоҳи ин китоби шариф аст, гуфтори худро таҳти унвони «Даромад» шурӯъ мекунад ва мурод аз он мадхал аст ба маъноӣ маҳали духул ба баҳс, ба эътибори инки баҳс бо он шурӯъ мешавад. Шояд яке аз далоил инки эшон аз ин лафз истефода фармуд, на масалан аз лафзи «Муқаддама» ин бошад ки баҳси баъди таҳти унвони «Муқаддама» матраҳ шуда ва истифода аз лафзи «Муқаддама» дар инҷо боъиси иштибоҳ мешуд.

Сипас мефармояд:)

Худовандро чунонки боиста аст меситоям (яъне ситойиш мекунам; Ҳамд мегӯям) ва бар банда ва Паёмбари Ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чунонки шойиста аст дуруд мефиристам (яъне салом ва салавот мефиистам)

(дар инҷо се масъала матраҳ мешавад. Манзурам дар робита бо ҳамин як сатр аст:

Масъалаи аввал дар бораи калимаи аввал яъне Худованд. Суъол ин аст ки оё ёд кардан аз Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло бо унвони «Худованд» ки як лафзи Форсӣ аст ҷойиз аст? Бо таваҷҷуҳ ба инки баъзе аз мусалмонон хусусан салафиҳо, мӯътақиданд ки ёд кардан аз зотти муқаддаси маъбуд танҳо бо унвони «Аллоҳ» ҷавоз дорад ва бо унвони дигар монанди «Худованд» саҳиҳ нест. Дар ҳоле ки устозунал Мансур дар ин китоби шариф аз Ӯ бо унвони «Худованд» ёд мекунад, балки аз ҳеҷ лафзе дар ин китоб ба андозаӣ ин лафз истифода намекунад ва лафзи «Худованд» килидвожаӣ ӯ дар ин китоб аст! Ҷавоб ин аст ки назари ин идда аз мусалмонон, асосе дар Ислом надорад ва бештар ба салиқаи онҳо бармегардад; Чароки дар ҳеҷ ояе Қуръон ё ҳадиси собите аз Паёмбар ё ҳатто раъйӣ қатъӣ аз салаф, наёмадааст ки ёд кардан аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло танҳо ба забони Арабӣ ҷойиз аст ва ба забонҳои дигар ҷойиз нест! Бо таваҷҷуҳ ба инки лафзи «Аллоҳ» дар воқеъ як лафзи Арабӣ аст ки аҳли ин забон барои далолат бар зоти муқаддаси маъбуд, вазъ кардаанд ва сохтаанд ва аз ин ҷиҳат, ҳатто қабл аз Ислом низ дар миёни Арабзабонҳо вуҷуд дошта ва тавассути мушрикони ҷазираътул Араб истеъмол мешуда ва бо ин ҳисоб, Ислом онро ибдоъ накарда, балки ҳамон лафзи ройиҷ дар миёни аҳли забони худро таъйид ва истеъмол кардааст. Ба ҳар ҳол возеҳ аст ки ин лафзи шарифи мураккаб аз ҳуруфи алифбоӣ Арабӣ аст ва табъан далолати он бар зоти муқаддаси маъбуд як далолати зотӣ ва ҳақиқӣ нест, балки як далолати эътибори ва қарордодӣ аст; Ҳамчунонки мумкин аст мушрике онро барои далолат бар ғайри ин маъно ва барои ишора ба буте аз бутҳои худ истифода кунад. Аз ин рӯ, возеҳ аст Паёмбароне ки Арабзабон набуданд, аз зоти муқаддаси маъбуд бо унвони «Аллоҳ» ёд намекунанд; Чароки ба иқтизои забони худ, бо ин унвон ошноӣ надоштанд ва бо ин унвон аз Ӯ ёд мекарданд, қавмашон муродашонро намефаҳманд ва ба ҳамин далил, онҳо ба забони худашон ва қавмашон аз Ӯ ёд мекарданд, на ба забони Арабӣ ки ҳам худашон ва ҳам қавмашон бо он бегона буданд ва возеҳ аст ки онҳо кори ғалате анҷом намедоданд; Чунонки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло фармудааст: ﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوْمِهِ لِيُبَيِّنَ لَهُمْ ; Яъне «Ҳеҷ Паёмбареро нафиристодем магар ба забони қавмаш то барои онон табйин кунад» ва рӯшан аст ки забони ҳами қавмҳои Паёмбарон Арабӣ набудааст, балки ҷуз чанд нафар аз Паёмбарон, соири онҳо ғайри Араб буданд ва ба забони Арабӣ сухан намегуфтанд, монанди Нуҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо алайҳиму салом ки ҳамагӣ ғайри Араб буданд ва ба забони дигаре сухан мегуфтанд. Ин дар ҳоле ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло, дар китоби худ аз онҳо ёд карда ва суханонашонро ба забони Арабӣ оварда ва аз ҷумла ба онҳо нисбат дода аст ки Ӯро бо унвони «Аллоҳ» ёд кардаанд ва возеҳ аст ки ин тарҷумаи суханони онҳо ба забони Арабӣ аст ва худ далили барои он аст ки алфози ғайри Арабии онҳо барои далолат бар зоти муқаддаси маъбуд, дар назари Худованд маъодили лафзи Арабии «Аллоҳ» будааст; Чароки Ӯ он алфозро «Аллоҳ» тарҷума кардааст. Аз ин ҷо маълум мешавад ки муҳим дар назари Худованд, маъноӣ лафз ва мафҳуме аст ки аз он қасд мешавад вагарна худи лафз ба сурати чанд ҳарфи ба ҳам часпида, қатъӣ назар аз маъно ва мафҳуме ки дорад, чандон ҳам нест. Албатта дар мавориде ки далилӣ қатъӣ аз шариъат барои истеъмоли алфозӣ хосс ба забони Арабӣ вауҷуд дорад, возеҳ аст ки наметавон аз алфози маъодили он ба забонӣ дигар истифода кард, монанди алфози намоз ва баъзе дигар аз ибороте ки зоҳиран лозим аст ба забони Арабӣ адо шавад, ҳар чанд дар ин масъала ҳам миёни уламоӣ мусалмонон иттифоқи назар нест ва баъзе ба мисоли Абу Ҳанифа мӯътақид ҳастанд ки алфози намозро ҳам метавон ба забони Форсӣ адо кард ва баъзе уламои шиъа ҳам дар хусуси мустаҳабботи намоз, монанди қунут ҳамин назарро доранд. Ба ҳар ҳол, возеҳ аст ки ҳаркасе метавонад дар ғайри аз ин мавориди мушаххас ва маҳдуд, аз зоти муқаддаси маъбуд бо забони худаш ёд кунад, машрут ба онки лафзи мавриди истеъмоли ӯ назди аҳли забони ӯ, барои далолат бар ҳамин маъно бошад ва ӯ ҳам маъноро аз он қасд кунад; Ҳамчунонки лафзи «Худованд» назди аҳли забони Форсӣ барои зоти муқаддаси маъбуд истеъмол мешавад ва устозунал Мансур ҳам ҳамин маъноро аз он қасд кардааст ва лизо ишколе аз ин ноҳия бар эшон ворид нест. Албатта ончи гуфтем ба ин маъно нест ки ёд кардан аз Худованд бо унвони «Аллоҳ» ишколе дорад, балки иттифоқан кори хубе аст ва устозунал Мансур ҳам дар бисёрӣ аз мавоқеъ ҳатто ҳангоме ки ба забони Форсӣ сухал мегӯяд, ҳамин корро анҷом медиҳад, вале манзур он аст ки ин кор воҷиб нест ва ёд кардан аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бо унвони «Худованд» барои Форсизабонон, ишколе надорад. Ин масъалаӣ аввал.

Аммо масъалаи дуввум дар бораи шакли салавоте аст ки устозунал Мансур пас аз ёд кардан аз Расули Аллоҳ дар инҷо ва ҷойҳои дигар аз китоб зикр фармудааст. Эшон дар ҳамаи ин маворид фармудааст; Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам; Яъне Худованд бар ӯ ва хонадонаш салавот ва салом фиристад. Дар ҳоле ки ин мутафовит бо шакли маъмул ва ройиҷи салавот бар Расули Аллоҳ пас аз навиштани номи ӯст; Чароки шакли маъмул ва ройиҷи салавот, «Саллаллоҳу алайҳи ва саллам» аст; Яъне Худованд бар ӯ салавот ва салом фиристад, бидуни зикри хонадонаш. Ҷавоб ин аст ки шакли салавот бар Расули Аллоҳ ба иттифоқи назари ҳами мусалмонон аз ҳамаӣ мазоҳиб, тавассути худи он ҳазрат таъйин шуда ва аҳли ҳадис ба сурати мутавотир онро дар китоби худ ривоят кардаанд ва он шомили салавот бар хонадони Расули Аллоҳ баъд аз салавот бар он Ҳазрат аст бо ин васф, шакли салавоте ки устозунал Мансур дар ин китоби шариф зикр фармуда комилан саҳиҳ ва мунтабиқ бар суннати мутавотири Паёмбар ва иттифоқи назари мусалмонон аст ва шакли ройиҷ ва маъмули салавот ки бидуни зикри хонадони Паёмбар аст, ноқис ва ғалат аст ва устозунал Мансур бо амали худ дар ин китоб, гӯё ба дунболи ислоҳи он будааст.

Масъалаи севвум ин аст ки чаро эшон ситойиши Худовандро чунон ки аст ва дуруд бар Паёмбарро чунон ки шойиста аст зикр фармудааст? Ҳикмат аз ин бойиста ва шойиста ҷудои аз фасоҳат ва балоғати он чист? Ҷавоб ин аст ки ситойиши Худованд ба маънои ҳамди Ӯ дар ҳар ҳоле бойиста яъне воҷиб аст, дар ҳоле ки дуруд бар Паёмбар ба маънои салавот ва салом бар ӯ дар ҳар ҳоле воҷиб нест балки шойиста ба маънои мустаҳаб ва мандуб аст. Ба илова, муроди эшон аз ин ду таъбир метавонад он бошад ки Худовандро бо кайфият ва каммияте ки воҷиб аст ситойиш мекунад ва бар Паёмбар бо кайфият ва каммисте ки сазовор аст дуруд мефиристад.

Эшон дар идома ва баъд аз ситойиши Худованд ва дуруд бар Паёмбар, мефармояд:) Ва аммо баъд;

(Яъне ва аммо баъд аз ситойиши Худованд ва дуруд бар Паёмбар мегӯям. Савол он аст ки иллати ин таъбир чист? Ҷавоб он аст ки ин таъбир, таъбире аст ки аз Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳли байти мутаҳҳар ва саҳобаи кироми он Ҳазрат дар хутбаҳо ва навиштаҳошон ривоят шуда ва ба ин эътибор, суннат аст ва устозунал Мансур аз боби амал ба ин суннат ва иқтидо ба онҳо ин таъбирро ба кор бурдааст.

Эшон сипас ҳадафи мубораки худ аз ин китоби пур баракатро зикр мекунад ва ин нишон медиҳад ки ҳадаф аз кор ба маънои ният дар он, муқаддам бар он ва аввалин қадам дар он аст; Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармудааст: «الاعمال بالنیه» яъне аъмоли инсон баста ба нияти ӯст ва аз нияти ӯ нашъат мегирад ва бо нияти ӯ арзиш пайдо мекунад; Ҳамчунонки эшон дар хотимаи китоб низ як бори дигар бо тофсили бештар нияту ангезаӣ худ аз онро зикр мекунад ва ин нишон медиҳад ки ният бояд аз аввал то охар амали вуҷуд дошта бошад.

Ба ҳар ҳол эшон дар ибтидои китоб, дар баёни нияти худ аз ин китоб мефармояд:) Ҳадаф аз ин навиштор, заминасозии назарӣ (яъне таъмини пешниёзҳо ва муқаддамоти фикрӣ ва амалӣ) барои бозгашти амалии мусалмонон ба Ислом (яъне бозгашти онон ба он дар амал ва на сирфан дар фикр ва эътиқод), ба маънои иқомаи он пас аз изоъаи он тавассути онон аст (ин таърифи иҷмолӣ ва мухтасари бозгашт ба Ислом аст; Яъне мурод аз бозгашт ба Ислом, иқомаи он ба маънои иҷро ва татбиқи он баъд аз изоъаи он ба маънои зойеъ кардан ва иқома накардани он тавассути навъи мусалмонон аст.); Бино бар ин фарз ки онон, иқомаи Ислом чунонки боядро тарк кардаанд (чун агар фарзро бар ин бигзорем ки онон Исломро чунонки бояд иқома кардаанд, дигар сухан гуфтан аз бозгашт ба Ислом ба маъное ки гуфтем ваҷҳе надорад ва беҳуда аст. Аммо устозунал Мансур бо таваҷҷуҳ ба чи чизе фарзро бар ин мегузорад ки мусалмонон иқомаи Ислом чунонки боядро тарк кардаанд?), бо таваҷҷуҳ ба инки самароти он (яъне самароти иқомаи он, монанди таҳаққуқи адолат ва рафъи мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмонон) ба наҳве ки муқтазои иқомаи Ислом аст (яъне ба таври комил ва матлуб ки иқомаи Ислом онро иқтизо мекунад), дар миёни онон машҳуд нест (яъне қобили мушоҳида нест), балки табаъоти таркаш (яъне табаъоти тарки иқомаи Ислом, монанди ривоҷи зулм ва ҷаҳл ва фасод ва ихтилоф) дар миёнашон машҳуд аст ва бо ин васф, баҳсе (яъне ҷои баҳсе) дар зарурати бозгашти онон ба Ислом нест (ва ин баён зарурати ин навиштор баъд аз баёни ҳадафи он аст; Чун вақте бозгашти мусалмонон ба Ислом зарурат дорад, заминасози барои он низ ба маънои таҳсили он ва рафъи мавонеъаш зарурӣ аст) ва рӯшан аст ки ин бозгашт, аз тариқи шинохти Ислом ва муқоисаи он бо қироъате мумкин аст ки то кунун аз он доштаанд (бо таваҷҷуҳ ба инки бозгашт ба вазъи матлуб будани шинохти он ва муқоисааш бо вазъи мавҷуд ва дар назар гирифтани тафовутҳояшон мумкин нест; Чун касе ки чунин шинохтеро надорад ва чунин муқоисаеро анҷом надода, мумкин аст худро ба ғалат дар вазъи матлуб тасаввур кунад ва ниёзи худ ба тағйири вазъи мавҷудро дарк накунад ва дар натиҷа кӯшише барои ин кор анҷом надиҳад; Ҷудоӣ аз онки ба далили нашинохтани вазъи матлуб аслан наметавонад онро ба вуҷуд оварад. Пас бозгашт ба Ислом бидуни шинохти Ислом имкон надорад); Ҳамчунонки шинохти Ислом, бидуни меъёр ва бо вуҷуди мавонеъӣ ки бар сари роҳи он аст, мумкин нест (чун усулан шинохти ҳар чизе ба меъёре ниёз дорад ва меъёр ҳар вақте ба шинохти чизе кӯмак мекунад ки монеъӣ музоҳими кори он нашавад; Чунонки устозунал Мансур дар идома ин мавонеъро комилан табйин мекунад) ва бо ин васф, шинохти меъёр ва мавонеъи шинохти он, барои таҳсили яке (яъне меъёри шинохт) ва рафъи дигаре (яъне мавонеъи шинохт) зарурӣ аст. Аз ин рӯ, гуфтор дар бораи бозгашт ба Ислом, муқтазии гуфтор дар бораи чаҳор мавзуъ аст:

Якум; Муқаддамоти шинохт, муштамал бар меъёр ва мавонеъи он, барои шинохти Ислом ва бозгашт ба он (бо таваҷҷуҳ ба инки рӯшан шуд бозгашт ба Ислом бидуни шинохти он ва шинохти он бидуни меъёри шинохт ва рафъи мавонеъи шинохт мумкин нест);

Дуввум; Зарурати бозгашт ба Ислом ва имкони он, ба маънои зарурат ва имкони иқомаи Ислом ба сурати комил ва холис пас аз изоъаи он тавассути мусалмонон (бо таваҷҷуҳ ба инки бозгашт ба Ислом, фаръи бар имкони иқомаи он ба сурати комил ва холис аст; Дар ҳоле ки мумкин аст касе иқомаи он ба ин суратро мумкин надонад ва масалан аз тавони мусалмонон хориҷ бидонад ва аз ин ҷиҳат, лозим аст ибтидо имкони ин кор рӯшан шавад);

Севвум; Мавонеъи бозгашт ба Ислом, ба маънои асбоб ва давоии (яъне ангезаҳои) адами иқомаи он аз баъди Паёмбари Худованд то кунун (бо таваҷҷуҳ ба инки бидуни шинохти ин мавонеъ наметавон онҳоро бартараф кард ва бидуни бартараф кардани онҳо наметавон ба иқомаи Ислом роҳ пайдо кард);

Чорум; Шинохти Ислом, ба маънои шинохти ақойид ва аҳкоми он (бо таваҷҷуҳ ба инки Ислом аз ақойид ва аҳком ташкил шудааст) бар пояи яқиниёт (яъне чизҳое ки яқинӣ ҳастанд ва муҷиби яқин мешаванд) ва барканор аз ваҳмиёт ва занниёт (яъне чизҳое ки мавҳум ва мазнун ҳастанд ва муҷиби ваҳм ва занн мешаванд; Бо таваҷҷуҳ ба инки устозунал Мансур мӯътақид аст шинохти феълии мусалмонон аз Ислом умдатан мубтанӣ бар ваҳмиёт ва занниёт аст; Дар ҳоле ки аз назари эшон, ваҳмиёт ва занниёт таҳти ҳар унвоне ки бошанд эътиборе надоранд ва эътибор, танҳо барои яқиниёт аст ва бо ин васф метавон гуфт ки шинохти Ислом танҳо бар яқиниёт мумкин аст ва чизе ки бо такя бар ваҳмиёт ва занниёт ҳосил мешавад асосан шинохти Ислом нест. Ин мавзӯъи муҳҳиме аст ки эшон дар идома ба тафсил рӯшан мекунад);

Дар ҳоле ки аз Худованд бояд ёрӣ хост ва бар Ӯ таваккул кард (яъне дар ҳол ҳамаи ин корҳо ки барои бозгашт ба Ислом анҷом мешавад, бояд аз Худованд ёрӣ хост; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳаҷ як аз ин корҳо бидуни ёрии Худованд мумкин нест ва дар айни ҳол бояд бар Ӯ таввакул кард; Бо таваҷҷуҳ ба инки муфид будан ва натиҷа доштани ин корҳо баста ба иродаи Ӯст ва бояд иродаи Ӯ муттакӣ ва умедвор буд то ин гомҳои чаҳоргона, ба сари манзили мақсуд бианҷоманд); Чунонки фармудааст: ﴿اسْتَعِينُوا بِاللَّهِ [1]; «Аз Худованд ёрӣ бигиред» Ва фармудааст: ﴿فَعَلَيْهِ تَوَكَّلُوا [2] ; «Пас бар Ӯ таваккул кунед» (ин аввалин истиноди устозунал Мансур дар ин китоб ба китоби Аллоҳ аст ва истиноди эшон дар ҷо ҷои ин китоб ба китоби Аллоҳ, чи аз ҳайси каммият ва чи аз ҳайси кайфият ва муносибат, инсофан назире надорад ва чизи ғарибе аст ва мо на дида будем ва на шунида будем чунин чизеро ва ба гунае аст ки ҳар мусалмонеро хусусан ҳар гоҳ аз аҳли илм бошад, мутаъаҷҷиб ва мутаҳаййир мекунад; То ҳадде ки гоҳе эҳсос мекунад дар ҳоли тиловати китоби Аллоҳ ва тафсири он аст; Балки баъзе оёти китоби Аллоҳ ки дар ин китоб истинод шуда ингор барои бори аввал аст ки хонда мешавад ё ингор барои бори аввал аст ки маънои саҳиҳ ва дақиқаш фаҳмида мешавад ва ин аз иттисоли фавқулъода балки хориқулъодаӣ ин мард ба китоби Аллоҳ ҳикоят дорад; Тавре ки гӯйӣ фарзанди Қуръон аст ва дар домани он болида ва тарбият шуда ё ингор ки руҳи Қуръон дар ҷисми ӯ ҳулул карда ва ба забони ӯ нотиқ аст. Дар идомаи китоб ва дар ҷо ҷои он мушоҳида мешавад ки эшон барои ҳар як аз ибороти худ ва барои ҳар нуктае ки мегӯяд, шоҳиде аз китоби Аллоҳ дорад ва ҳар қадами худро заминаи ҳар як аз ақойид ва аҳкоми Ислом, дақиқан бар ҷои пои Қуръон мегузорад ва на аз Қуръон пеш меафтад ва на аз он пас мемонад ва ин мисдоқи ояи шарифаи «خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ ۖ » аст ва рамзи шуҷоъати эшон дар баёни ҳақойиқ ҳам ҳамин аст ва инсофан касе ки ин сифати ӯ бошад ва ин тавр мутамассик ба Қуръон бошад, набояд ҳам тарсе дошта бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ أَوْلِيَاءَ اللَّهِ لَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ яъне Авлиёъи Худо на тарсе барояшон аст ва на ташвише; Чун интавр мутамассик ба ваҳйе ҳастанд ва аз он ҷудо намешаванд. Инсофан ин мавзӯъ ба қадре барҷаста ва машҳуд аст ки бояд эҳёъи ҷойгоҳи Қуръон ва нақши он дар миёни уммати Исломро аз аввалин самароти ин китоби шариф донист. Дар идомаи ин мавзӯъ комилан ошкор мешавад ва инсофан дӯст ва душманро ба иқрор ва таҳсин во медорад.

Ба ҳар ҳол эшон мефармояд барои шинохти Ислом ва бозгашт ба он ба тартибе ки дар ин китоб ва даромади он зикр фармуд, бояд аз Худованд ёрӣ гирифт ва бар Ӯ таваккул кард ва инсофан ҳам ҳаминтавр аст; Чун матолибе ки дар ин китоб таълим мефврмояд, ғолибан матолиби бисёр сангине аст, то ҳадде ки ҷуз бо ёрии Худованд ва таваккул бар Ӯ наметавон ба он гардан ниҳод ва гардан дар зери бори он мешиканад ва ба ҳамин хотир аст ки бояд ин мавъизаи эшон дар ибтидоӣ китобро ҷидди гирифт ва амал кард ва набояд онро як сухани сода ва калишаӣ тасаввур кард. Ҳам ба ин далил ки гуфем ва ҳам ба ин далил ки мефармояд); Чароки ҳар хайре ҳаст, аз ҷониби Ӯст (яъне аз ҷониби Худост; Чунонки худаш фармудааст: «بیده الخیر» ва набояд онро аз ҷониби ғайри Ӯ агарчи асбоби он бошад донист ва аз Ӯ ки мусаббабул асбоб аст ғофил шуд; Чун бонии хайр дар воқеъ Ӯст ва ба таъбири устозунал Мансур) ва ҷуз бо изни Ӯ воқеъ намешавад (яъне агарчи ҳамаи асбоби он фароҳам бошад) ва (ба ҳамин сабаб мефармояд:) ситойиш барои Ӯст ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

والسّلام علیکم و رحمت الله

↑[1] . Аъароф/128.
↑[2] . Юнус/84.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Барои шунидани савти дарси якум инҷоро клик кунед.