Ҷумъа 26 май 2017 мелодӣ баробар бо 30 шаъбон 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани номаҳо

Шумора: 1
Мавзӯъ:

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи инки бо андешаҳо ва омӯзаҳояш шинохта мешавад, на бо ном ва нишонаш.

Бандаи солеҳи Худованд Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, дар сароғози номаи худ ба мусалмонони Порсӣ, пас аз ситойиши Худованд ва дуруд бар Паёмбараш навишт:

<<Ва аммо баъд.. эй гурӯҳи хирадмандон! Эй бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бо шумо дар бораи шумо сухан мегӯям. Оё суханамро мешунавед ва дил месупоред ё гӯши худро мегиред ва раҳ месупоред?! Ба Худо савганд агар душмани инсон барои ӯ номае бинависад, ӯ онро бо диққат мехонад то бидонад ки душмани ӯ барояш чи навиштааст, дар ҳоле ки ман дӯсти дилсӯз ва бародари хайрхоҳи шумо ҳастам ва сазовортарам то бидонед барои шумо чи навиштаам. Агар шумо манро намешиносед ман шуморо мешиносам ва агар шумо манро дӯст намедоред ман шуморо дӯст медорам. Ба суханам гӯш биспоред ва напурсед ки кистам; Чароки кистии инсон дар сухани ӯ ошкор мешавад ва оқил ба сухан менигарад на ба гӯяндаи он! Чи бисёр сухани росте ки кӯдаке гӯяд ва чи бисёр сухани дурӯғе ки бузургон гӯянд! Сухани рост, рост аст агар чи кӯдаке гӯяд ва сухани дурӯғ, дурӯғ аст агар чи бузургон гӯянд! Аз ин рӯ, агар суханеро бишносед, нашнохтани гӯяндаи он ба шумо зиёне намерасонад, ҳамчунонки агар суханеро нашносед шинохтани гӯяндаи он ба шумо суде намерасонад! Пас ба суханам гӯш биспоред то манро бишносед; Чароки инсон дар зери забони хеш пинҳон аст ва касе шинохта намешавад то онгоҳ ки ба сухан дарояд. Шумо гӯш дода нашудаед магар барои шунидан ва чашм дода нашудаед магар барои дидан ва ақл дода нашудаед магар барои тамйизи ончи мешунавед ва мебинед ки кадомин рост ва кадомин норост аст. Пас суханамро бо гӯши худ бишнавед ва бо ақли худ баррасед то агар рост буд бипазиред ва агар норост буд напазиред. Худованд ба шумо тавфиқ диҳад; Чароки шайтон мехоҳад шумо нашунавед то надонед ва надонед то бадбахт шавед ва оё бадбахтӣ ҷуз дар паӣ нодонӣ аст?! Ман медонам касоне ки пеш аз ман будаанд, сухан, бисёр гуфтаанд ва шуморо ранҷондаанд; Чароки бисёрӣ аз суханони онон дурӯғ будааст ва чизҳое гуфтаанд ки ба он донише надоштаанд ва гурӯҳе аз онон касоне ҳастанд ки шуморо намехоҳанд магар барои худҳояшон ва сухан намегӯянд магар барои фиреб. Шуморо ба сӯӣ ҳаққе фаро мехонанд ки худ аз он бегонаанд ва барои шумо хайре мехоҳанд ки худ аз он бебаҳраанд! Инон динро такягоҳе барои қудрат ва охиратро дастовезе барои дунё кардаанд; Вагарна, на динро чунонки бояд мешиносанд ва на охиратро чунонки шояд мехоҳанд. Акнун ман барои шумо сухан мегӯям, дар ҳоле ки на умеди қудрате ва на тамаъи дунёйе дорам. Яке ҳастам аз миёни шумо ки монанди шумо дар замин заъиф шумурда мешавам ва дар паӣ бартарӣ ёфтан бар шумо ё табоҳӣ ангехтан дар замин нестам. Ҷуз ин намехоҳам ки амри ба маърум ва наҳй аз мункар кунам, то Худованд ҳар киро хоҳад бишнавонад ва ҳар киро хоҳад кар намояд ва шумо чи медонед?! Шояд чизҳоеро дигаргун созад ва аз рӯӣ чизҳое парда баргирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоно ва ба ҳар чизе доност ...>>.

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.