Панҷшанбе 14 ноябр 2019 мелодӣ баробар бо 17 рабеъ-ул-аввал 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

   
Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси панҷоҳум
Мавзӯъ:

Омезиш бо милал ва фарҳангҳои ғайри Исломӣ (3)

(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Дар дарси қабли бо таъсироти фарҳангӣ аҳли китоб ва касоне аз онон монанди оли Бармак ва Каъбул Аҳбор ошно шудем ки зоҳиран Ислом оварда буданд, вале дар воқеъ бархӣ аз ақойид ва аъмоли гузаштаи худро нигоҳ дошта буданд ва хоста ё нохоста ба фарҳаги мусалмонон ворид мекарданд. Устозунал Мансур дар идома тавзиҳ медиҳад ки таъсироти фарҳангӣ аҳли китоб ба адвори нахустини торихи Ислом маҳдуд набуда, балки дар адвори ахир ҳам вуҷуд дошта ва ҳатто барҷастатар ва қобили таваҷҷуҳтар будааст; Чунонки мефармояд:) Бо ин ҳама, нақши аҳли китоб дар шаклгирии фарҳанги мусалмонон, ҳеҷ замоне ба андозаи ду қарни охир (яъне қарни нуздаҳум ва бистум ки ба истилоҳ давраи севвуми истеъмор маҳсуб мешавад,) барҷаста ва қобили таваҷҷуҳ набудааст; Чароки онон (ба сардамдории Биритониё ва Фронса) бо муталошӣ сохтани (охарин) ҳукумати мутамаркизи мусалмонон (яъне хилофати Усмонӣ) пас аз ҷанги ҷаҳонии якум (ки ба фурупошӣ ва таҷзияи ин ҳукумат ва табдили он ба ҳукумати Туркия дар соли 1920 мелодӣ анҷомид) ва нуфузи густарда ва амиқ дар сарзаминҳои Исломӣ таҳти унвони <<Истеъмор>> (ки як унвони авомфиребона ба маънои созандагӣ ва ободгарӣ буд, вале моҳияте ҷуз чаповули манобеъи ин сарзаминҳо ва тарвиҷи фарҳанги худашон дар онҳо надошт), амалан фасли ҷадид ва мутамоизе аз фарҳангро барои мусалмонон гушуданд ки ҷаҳонбинӣ ва руҳияи ононро (аз чизе ки дар тӯли 12 қарни гузашта камобеш ҳифз шуда буд, ба шакли кунунӣ) тағйир дод. (Ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки дар ду қарни охир, ҷаҳонбинӣ ва руҳияи мусалмонон комилан тағйир карда ва фарҳанги онон зеру рӯ шуда ва омили аслии он ҳам тамос ва омезиши онон бо ғарб будааст.) Мавҷе ки дар ғарби ҷаҳон (мушаххасан дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ), бар пояи фарҳанги илҳодӣ (баъд аз инқилоби санъатӣ) ва мутаносиб бо ниёзҳо ва аҳдофи (моддагароёнаи) кофирон шакл гирифта буд, пас аз вуруд ба сарзаминҳои Исломӣ, мусалмононро ба таъорузӣ сахт миёни суннат ва таҷаддуд дучор сохт (инҷо буд ки падидаи ҷадиде дар миёни мусалмонон таҳти унвони <<Рӯшанфикрӣ>> пайдо шуд; Ба ин тартиб ки шуморе аз онон таҳти таъсири илмзадагӣ ва таҷрибамеҳварии ғарбӣ, шурӯъ ба бознигарӣ дар ақойид ва аҳкоми Исломӣ карданд ва бисёрӣ аз муъаллифаҳои фарҳангии худро ба чолиш кашиданд ва дар баробари онон, гурӯҳе аз мусалмонон маҷбур ба дифоъ аз Ислом дар баробари ҳамалоти онон ва посухгӯй ба шубаҳоти рӯзафзунашон шуданд ва дар бархӣ маворид, ҳатто ба тарафи ҷумуд ва таҳаҷҷур рафтанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки табиъатан ҳар тафрите дар ҷомеъа, ифротеро ба дунбол меоварад; Ҳамчунонки ҳар ифроте дар ҷомеъа, боъиси тафрит мешавад ва ин як муъодилаи қаҳрӣ ва собит аст; Лизо мо дар бештари кишварҳои Исломӣ шоҳиди як ду дастагӣ ҳастем: Дастаи навгароёни рӯшанфик ки таҳти таъсири инсонмеҳварии ғарбӣ, ҳар рӯз қироъати аҷибтаре аз Ислом ироъа медиҳанд ва бар фосилаи худ аз мабонӣ ва ормонҳои он меафзоянд ва бештар ба ғайри мусалмонон шабеҳ мешаванд ва дастаи бунёдгароёни мутаҳаҷҷир ки ба исми дифоъ аз Ислом бо ҳар гуна иҷтиҳод, пӯёйи ва андешаварзӣ дар ҳавзаи дин мухолифат мекунанд ва шадидан бар тақлид аз салаф ё фуқаҳоъи суннатӣ таъкид доранд ва гоҳ аз такфир ва ирҳоб ҳам ёрӣ мегиранд). Иллати ин таъорузи сахт (суннат ва таҷаддуд дар миёни мусалмонон) он буд ки таҷаддуди навпайдо, аз даруни мусалмонон ва ба дунболи иқтизоъоти табиъӣ ва тадриҷии онон наҷӯшида буд, балки аз беруни онон ва ба дунболи иқдомоти таҳмилӣ ва ногаҳонии кофирон (монанди нуфуз, ҷанг, ишғол ва истеъмор) пайдо шуда буд ва аз ин рӯ, наметавонист ба таври комил бо моҳияти фарҳангии онон, мунтабиқ шавад. (Ин нуктаи бисёр амиқ ва муҳимме аст ки устозунал Мансур табйин мефармояд.) Мусалмонон ба таҷаддуде ниёз доштанд ки сохтаи дасти худашон ва табъан созгор бо фарҳанги Исломияшон бошад, вале бо боз шудани пойи кофиро ба сарзаминҳошон, фурсати онро аз даст доданд (мутаъасифона гоҳе барои анҷоми коре дер мешавад ва инсон дар мусобиқаи зиндагӣ ақаб меафтад! Ба ҳамин далил, бояд қадри фурсатҳоро бидонад ва аз онҳо истифода кунад ва аз танбалӣ ва ҳадар додани вақт дурӣ ҷӯяд; Вагарна танҳо ҳасрат барояш боқӣ мемонад, дар ҳоле ки ҳасрат ғолибан фоидае надорад ва гузаштаро ҷуброн намекунад. Ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки мусалмонон фурсати сохтани як таҷаддуди бумӣ ва мутаносиб бо ниёзҳои воқеъии худро аз даст доданд) ва аз он ҳангом, ба масрафкунандагони тавлидоти (моддӣ ва фарҳангии) кофирон табдил шуданд (чун мутаъасифона оммаи мардум бештарин таъсири фарҳангиро аз касоне мепазиранд ки ниёзҳои моддии ононро бароварда мекунанд); То ҷойе ки акнун зиндагии онон, беш аз онки таҳти таъсири Ислом бошад (чун ба ҳар ҳол аз Ислом ҳам таъсир мепазиранд), таҳти таъсири фарҳанги кофирон аст ва вафодортарини онон ба Ислом касоне ҳастанд ки мунфаиълона мекӯшанд барои воридоти фарҳангӣ ғарб, пӯшишӣ Исломӣ дасту по кунанд (монанди демокросӣ ки аз фарҳаги ғарб ворид шудааст ва инҳо барояш пӯшишӣ Исломи дасту по кардаанд ва номашро <<Ҷумҳурии Исломӣ>> гузоштаанд ва бо ин илтиқоти ошкор, маъҷуне сохтаанд ки на метавон онро ҷумҳурӣ донист ва на Исломӣ). Дар ҳоле ки аз оғоз (пеш аз инки дер шавад) бар онон воҷиб буд дар баробари истеъморгарон биистанд ва иҷозаи султаи онҳо бар сарзаминҳои Исломиро надиҳанд то фарҳанги онҳо дар миёнашон мунташир нашавад ва амрози (рӯҳӣ ва фикрии) онҳо дар сарзаминҳошон шуюъ наёбад (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар кас бар сарзамине мусаллат мешавад, хоста ё нохоста фарҳанги худро дар он мунташир мекунад ва амрози руҳӣ ва фикрии худро дар он шуюъ медиҳад ва ин як қоъидаи таҷрибӣ ва тарихӣ аст ки Худованд дар Қуръон ба он ишора карда ва аз қавли маликаи Сабаъ фармудааст: «إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً ۖ وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ» [Намл/ 34]; <<Подшоҳон ҳаргоҳ ба сарзамине дохил мешаванд онро фосид мекунанд ва азизони аҳлашро залил мегардонанд ва чунин коре анҷом медиҳанд>>! Инки устузунал Мансур то ин ҳад бар рӯйи ҳокимияти Худованд таъкид мекунад ва аз ҳокимияти ғайри Ӯ барҳазар медорад, барои ҳамин аст ки фарҳанги Худованд дар замин мунташир шавад ва сифоту ахлоқи Илоҳӣ дар миёни мардум шуюъ ёбад ва аксари мардум ки дар тӯли қуруни гузашта шахсият ва рӯҳияи шайтонӣ пайдо кардаанд, шахсият ва рӯҳияи малакӣ пайдо кунанд); Чунонки Худованд барои ҷилавгирӣ аз султаи кофирон бар мусалмонон фармудааст: «وَلَنْ يَجْعَلَ اللَّهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلًا»;[1] <<Худованд ҳаргиз барои кофирон бар зидди мӯъминон роҳе қарор надодааст>>; Ба ин маъно ки мутлақан (бо таваҷҷуҳ ба ҳарфи <<Лан>> ки бар нафйи абадӣ далолат дорад) роҳе дар Ислом барои истелоъи кофирон бар мусалмонон, ташриъ накарда ва ҳар коре (аъам аз робита, муъоҳида ва муъомила) ки ба султаи (моддӣ ё фарҳагии) кофирон бар (ҳама ё бархӣ аз) сарзаминҳои Исломӣ биянҷомад, ҳаром аст (аз инҷо дониста мешавад ки муроди Худованд аз <<Ҷаъл>> дар ин оя монанди <<Ҷаъл>> дар оёти хилофат ва имомат, ҷаъли ташриъӣ аст, на таквинӣ; Чун маълум аст ки роҳҳои бисёре барои истилоъи кофирон бар мусалмонон вуҷуд дорад, балки онон амалан бар мусалмонон истилоъ пайдо кардаанд ва бо ин васф, агар муроди Ӯ аз <<Ҷаъл>> дар ин оя, ҷаъли таквинӣ буд, кизб лозим меомад. Бинобарин, муроди Ӯ ҷаъли ташриъӣ аст; Ба ин маъно ки ҳеҷ муҷаввизе барои истилоъи кофирон бар мусалмонон содир накардааст ва бо ин васф, агар онон бар муслмонон истилоъ ёфтаанд, худашон ё худи мусалмонон роҳи онро ҳамвор сохтаанд ва Худованд ба он розӣ нест). Ҳамчунонки бар онон воҷиб буд, бисёр пештар аз ин, ҳангоме ки кофирони ғарбӣ саргарми инқилоби санъатӣ ва омодасозии худ барои ҳамла ба шарқ (барои таъмини ҳазинаҳо ва маводди авалияи ин инқилоб) буданд, (бо ҳамандешӣ ва ҳамкории якдигар) имконоти сиёсӣ ва иқтисодии лозим барои муқобила бо онҳоро фароҳам созанд ва ба ин шева, ҳамлаи онҳоро пешгирӣ ё дафъ намоянд. Вале онон (дар хоби ғафлат ба сар мебаранд ва) дар замоне ки душманони Ислом машғули таҷҳизи қушун барои лашкаркашӣ ба сарзаминаҳошон буданд, машғули мунозиъа бо якдигар бар сари ҳукумат ва ихтилоф дар бораи (масоъили фаръӣ ва ҷузъӣ монанди) масҳ ё ғасли (по дар вузу) буданд (ки аз намодҳои ихтилоф миёни аҳли ташаюъ ва аҳли суннат аст) ва аз ин рӯ, ба содагӣ мағлуби лашкариёни куфр ва таслими фарҳанги ғайри Исломии онон шуданд.

Ҳеҷ шакке нест ки амрози (фарҳангӣ) шойеъӣ монанди масрафзадагӣ (ба маънои харид ва масрафи беш аз ҳадди ниёз), рафоталабӣ (ба маънои таҷаммулгаройи ва дурӣ аз содазистӣ), миллиятгароӣ (ба маънои ватанпарастӣ ва таъассуб доштан нисбат ба шаҳр ё кишвар маҳалли таваллуд ва зиндагӣ ва бегона шумурдан ва пасттар ингоштан аҳли сойири шаҳрҳо ё кишварҳо) ва мардумсолорӣ (ба маънои демокросӣ ва эътиқод ба ҳокимияти мардум) дар миёни мусалмонон, (ба унвони рӯйкардӣ ғолиб ва умумӣ ки ба анҳоъи мухталиф тавҷиҳ ва тазмин мешуд, на ба унвони разилатӣ фардӣ ки мумкин аст дар ҳар касе вуҷуд дошта бошад,) хостгоҳӣ комилан ғарбӣ доранд ва аз фарҳанги (моддагароёна ва инсонгароёнаи) ҳоким бар ҷаҳони куфр нашъат гирифтаанд. Ба илова, (сайтараи кофирон бар мусалмонон, мусибати ҳувлноки дигаре ҳам ба дунбол овард ва он инки) кофирон пас аз сайтара бар мусалмонон, сарзаминҳои ононро мутаносиб бо амёл ва манофеъи дарозмуддати худ, тақсим карданд (ба наҳве ки онон ҳеҷ гоҳ натавонанд рӯйи сулҳ, субот, амният ва пешрафтро бубинанд ва ба рақибӣ сарватманд ва қудратманд барои кофирон табдил шаванд) ва хутутӣ мавҳум бо унвони марзро бидуни дар назар гирифтани масолеҳи (воқеъӣ ва дарозмуддати) сокинони мусалмон, дар миёни онон тарсим намуданд ва бо ин шева, эҳсоси ягонагиро аз онон гирифтанд ва иттиҳоди онон бо якдигарро ба орзуӣ дуру дароз табдил карданд. (Ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки марзҳои тарсим шуда дар ду қарни ахир тавассути истеъморгарони ғарибӣ, уммати Исломро тикка тикка карда ва ваҳдати онҳоро бисёр душвор ва дур аз зеҳн сохтааст, то ҳадде ки шояд битавон гуфт: Иттиҳоди мусалмонон то замоне ки ин марзҳои мавҳум дар миёнашон эътибор дорад, амалӣ нест, вале куҷо ҳастанд хайрхоҳони жарфандеше ки ин ҳақиқатро дарк кунанд ва бипазиранд?! Алъон кофирони ғарбӣ ва ҳокимони золими кишварҳои Исломӣ, ба гунае фарҳангсозӣ кардаанд ки ҳаргоҳ ин нуктаро ба забон биёварӣ, било фосила мейҳанпарастони мутаъассиб ва беақл аз ҳар тараф сар бар меоваранд ва геребон медаранд ва фарёд мекашанд ки <<Ватанам пораи танам>> ва <<Ҷонам фидои мейҳанам>> ва <<Худо, ватан, вазифа>> ва аз ин қабил музахрафот!) Бо муруре бар нақша ва тарихи сарзаминҳои Исломӣ ошкор мешавад ки бештари ин хутути марзӣ дар миёни мусалмонон, (дар чаҳорчӯби муъоҳидоти мухталиф ва баъд аз ҷанг ва сулҳ) мустақиман бо қалами кофирони ғарбӣ (хусусан инглисиҳо) ва барои таъмини манофеъи яксӯяи онон расми шуда ва ҳеҷ бунёде бар ақл ва шаръ надошта ва ҳеҷ хайре барои мусалмонон ба армуғон наёвардааст (балки боъиси бисёре аз мунозиъоти хунин ва ихтилофоти доманадор миёни онон шуда ва мушкилоти фаровоне барои зиндагии мардум эҷод кардааст. Шумо бубинед чанд то ҷанг дар миёни мусалмонон бар сари ҳамин хутути марзӣ мавҳум падид омада ва чи хасоратҳойе ба ҳар ду тараф таҳмил кардааст! Ин ҳама бародаркушӣ ва хасоратҳои молӣ ва ҷисмӣ бар сари чи будааст?! Бар сари як чизи хиёлӣ ки аслан дар Ислом эътиборе надоштааст! Афсӯс бар он ҷавонҳойе ки барои як хиёли ботил ҷони худ ё аъзоиъ баданашонро доданд, дар ҳоле ки мепиндоштанд кори хубе анҷом медиҳанд! Он тараф мусалмон ва ин тараф ҳам мусалмон! Ҳол чи андоза фарқ мекунад ки кадом як масалан раъиси ҷумҳур ё шаҳрдор бошад?! Дифоъи муқаддас дифоъ аз милк аст на мулк! Дифоъ аз ҷониу мол ва номуси худ ё як мусалмони мазлум ва мустазъафи дигар дар баробари мутаҷовиз, муқаддас аст, вале ғолиби ин ҷангҳо байни мусалмонон барои гирифтани ҷону мол ва номуси мардум набуда, балки барои гирифтани ҳукумат ва қудрати сиёсӣ аз як золими мусалмон тавассути як золими мусалмони дигар будааст ва дар ин байн, ҳар ду золим мардумро бо шиъорҳои ватанпарастона ба бозӣ гирифтаанд ва ба дифоъ аз мулки худ во доштаанд ва ба сӯӣ марг фиристодаанд! Танҳо ҳукумате ки арзиш дорад то инсон ҷони худро барои эҷод ё ҳифзи он бидиҳад, ҳукумати Худованд аст; Вагарна эҷод ё ҳифзи ҳукумати Зайд ва Амр ва Бакр чи арзише дорад то инсон бихоҳад ҷони арзишманди худро барои он бидиҳад?! Мутаъассифона вақте эҳсосот ҷойи ақлро мегирад, ҷонҳо фидои таваҳҳумот мешавад). Бо ин васф, ҳамаи таъаҷҷуб аз мусалмононе аст ки ин хутути хиёлиро ватани худ меноманд ва муқаддас мешуморанд ва муъаррифи моҳияти худ мепиндоранд! (Яъне масалан Эронӣ будан ё Афғонӣ будан ё Тоҷики будан ё Ироқӣ буданро рукни ҳуввияти худ мепиндоранд,) Балки бархӣ аз онон мекӯшанд ки ҳамин тиккаҳои кӯчаки боқӣ мондаро низ аз якдигар таҷзия кунанд ва ба тиккаҳои кӯчактаре тақсим намоянд (мисли ҳамин бародарон ва хоҳарони Курдистонӣ ки ин рӯзҳо дар талошанд худро аз Ироқ ҷудо кунанд ва ба истилоҳ мустақил шаванд); Чароки аз шидати тангназарӣ ва инҳисорталабӣ, наметавонанд бо ҳам дар як ҷо ба сар оваранд ва ҳар гурӯҳ дӯст медорад ки кӯча ва маҳалаи худро ба унвони кишварӣ мустақил эълом намояд! (Ин рӯйкарди нодуруст ғолибан аз таъассуботи шадиди қавмӣ бархостааст; Чароки масалан Курдҳо дӯст медоранд ки як Курдистон барои худ дошта бошанд ва Балучҳо дӯст медоранд ки як Балучистон барои худ дошта бошанд ва Туркҳо дӯст медоранд ки як Туркистон барои худ дошта бошанд ва Арабҳо дӯст медоранд ки як Арабистон барои худ дошта бошанд ва ба ҳамин тартиб; Бо таваҷҷуҳ ба инки муҳимтарин милок ва хусусияти муштарак дар назарашон <<Қавмият>> аст, дар ҳоле ки муҳимтарин милок ва хусусият дар Ислом, <<Қавмият>> нест, бал имон ба Худованд ва Паёмбараш ва рӯзи қиёмат аст ки метавонад ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аз ақвоми мухталифро ба бародарони якдигар табдил кунад ва умматӣ воҳида ва кишварӣ бисёр бузург ва қудратманд ба вуҷуд оварад.) Дар ҳоле ки мусалламан Худованд заминро ба сурати кишварҳои мухталиф (аз қабили Эрон ва Афғонистон ва Тоҷикистон ва Покистон ва Ироқ ва Арабистон ва Сурия ва Туркия ва Аврупо ва Омрико ва ғайра) халқ накарда, балки ба сурати воҳидӣ якпорча халқ кардааст ки ҳар бахши он (аз ҷангал ва мартаъ ва кавир ва кӯҳ ва дарё) бахши дигарро комил мекунад ва дар маҷмӯъ ба таъмини ниёзҳои инсон ва таҳаққуқи саъодати ӯ дар партуви адолат мунҷар мешавад ва дар сурати аз ҳам гусастагӣ, ноқис ва номутаносиб боқӣ мемонад. (Бинобарин, ҷангал ё мартаъ ё кавир ё кӯҳ ё дарё, ҳеҷ як ба танҳойи барои таъмини ниёзҳои инсон ва таҳаққуқи саъодати ӯ кофӣ нестанд ва табъан агар мардумеро танҳо ба яке аз онҳо маҳдуд кардид ва гуфтед то он тарафи хат барои шумост, вале агар поятонро ба ин тарафи хат бигзоред шуморо бо тир мезанем, озодии ононро салб кардаед ва истеъдодҳои ононро куштаед ва саддӣ бузург дар баробари рӯшд ва такомули онон сохтаед.) Аз ин рӯ, марзҳои иддаъоӣ, ҳеҷ вуҷуде дар олами воқеъи (яъне олами ҳақиқат ва асолат) надорад ва танҳо дар зеҳни касоне ки онҳоро эътибор кардаанд, ёфт мешаванд ва албатта бисёр бефоида, балки зиёнбор ҳастанд; Чароки танҳо ба ҷудойии мусалмонон аз якдигар ва заъфу инҳитоташон меанҷоманд ва аз имкони муқовимати онон дар баробари кофирон мекоҳонад (бо таваҷҷуҳ ба инки муҳосира ва саркӯби як гурӯҳи бузургтар аз муҳосира ва саркӯби як гурӯҳи кӯчактар барои кофирон душвортар аст, дар ҳоле ки вақте мусалмонон гурӯҳҳои кӯчак ва пароканда бошанд, барои кофирон кофӣ аст ки бархӣ аз онҳоро ба ҷони бархӣ дигар бияндозанд ва сипас худ дар каноре биншинанд ва назора кунанд ки онҳо чи тавр якдигарро аз байн мебаранд). Аз ин рӯ, кофирони ғарбӣ ки ин марзҳоро барои мусалмонон тарсим кардаанд ва ононро (бо таҳрики эҳсосоти носиунолистӣ) ба сиёнат аз онҳо ташвиқ мекунанд, худ дар ҳоли бардоштани марзҳошон аз якдигар ва муттаҳид шудан бо ҳам ҳастанд ва ба ин тартиб, сарзаминҳои Ислом ҳар рӯз кӯчактар ва сарзаминҳои куфр ҳар рӯз бузургтар мешавад! (Чи нуктаи муҳҳиме аст ин нукта ки устозунал Мансур баён мефармояд! Ин нукта ба хубӣ парда аз рӯйи нифоқи кофирони ғарбӣ бар медорад ва нишон медиҳад ки онон ватанпарастиро танҳо барои мусалмонон меписанданд ва тавсия мекунанд, на барои худ; Чароки худ медонанд ватанпарастӣ монеъӣ бузург бар сари роҳи сулҳ, пешрафт ва адолат аст.)

Дар ин миён, танҳо роҳи наҷоти мусалмонон (аз муҳликаҳои дунёи кунунӣ), қатъи вобастагӣ ба кофирон ва дастёбӣ ба истеқлоли фарҳангӣ ва иқтисодӣ аст ки ҷуз аз тариқи бардоштани марзҳои сохтагӣ ва муттаҳид шудан бо якдигар дар зери парчами гумоштаи Худованд дар замин (яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом) мумкин нест; Зеро ҳангоме ки кофирон бо якдигар муттаҳид шудаанд, мусалмонони парешон ва пароканда, қодир ба муқовимат дар баробари онон нестанд ва ин қонунӣ табиъӣ аз қавонини Худованд аст (яъне Худованд дар чаҳорчӯби қазо ва қадари худ, табиъатро ин гуна тарроҳӣ кардааст ки як гурӯҳи парешон ва пароканда қодир ба муқовимат дар баробари як гурӯҳи муттаҳид набошанд). Бо ин васф, эҷоди як кишвари паҳновари Исломӣ бо идғоми ҳамаи сарзаминҳои мусалмон дар он (ки ҳудуди 57 кишвари мухталиф аз Осиё, Офриқо, Аврупо ва Омрикои ҷанубӣ ҳастанд), зери парчами ҳокиме ки Худованд ӯро ном бурда ва таъйин кард (яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом ки дар бахши баъдии китоб дар борааш сухан мегӯяд), танҳо роҳи растгории мусалмонон ва сайтараи онон бар ҷаҳон аст. (Ин роҳи аслӣ ва дарозмуддат аст) Ҳар чанд пеш аз он, метавон ба роҳҳои кӯтоҳтаре монанди эҷоди як иттиҳодия аз кишварҳои Исломӣ (на ба сурати ташрифотӣ монанди созмони ҳукуматҳои Исломӣ ки маълум нест чи кор мекунанд ва чи хосияте дорад, балки ба сурати як иттиҳодияи воқеъӣ) бо пул ва артиши воҳид, ба унвони муқадамае барои эҷоди ҳукумати воҳиди Исломӣ (на ба унвони ҳадафи ниҳойи), андешид; Чароки интиқоли мустақими мусалмонон аз марҳалаи феълӣ ба марҳалаи ормонӣ, ҳатто бо вуҷуди як инқилоби умумӣ дар кишварҳои Исломӣ назири ончи чанде пеш бо унвони <<Баҳори Арабӣ>> дар бархӣ кишварҳои Арабзабон (монанди Тунис, Миср, Либӣ ва Яман) воқеъ шуд (ва ба Ал-Ҷазоир, Ироқ, Урдун, Кувейт, Марокеш ва Судон ҳам кашида шуд), ба ғоят душвор аст. Аз ин рӯ, амалитар ба назар мерасад ки дар қадами нахуст, як итиҳодияи бузург назири итиҳодияи Аврупо, бо узвияти ҳамаи кишварҳои Исломӣ ва бо эҳдоси марзҳои озод ва пул ва артиши муштарак, эҷод шавад ва дар қадами баъд (ки таҷриба, омодагӣ ва зарфияти лозим дар мусалмонон падид омад), иттиҳодӣ амиқтар дар қолиби як давлати фарогири Исломӣ ва бар пояи пайравӣ аз халифаи Худованд дар замин (яъне имом Маҳдӣ алайҳи салом ки ҳамаи онон аз суннӣ ва шиъа ӯро қабул доранд, на амсоли Абубакр Бағдодӣ ё ин оқойе ки дар Эрон аст), миёни онон эҷод шавад. Ин ба таври ҳатм роҳи растгории мусалмонон ва расидани онон ба саъодати дунё ва охират аст. (Чи тарҳи созанда ва пурбаракате аст ин тарҳе ки устозунал Мансур ироъа фармудааст агар уқалоъи муслимин ва уламоъи хайрхоҳ ва дилсӯз, аз он ҳимоят кунанд ва ҳокимони мусалмонро ба иҷрои он водоранд! Афсӯс ки ба назар мерасад уқалоъи муслимин мурдаанд ва олими хайрхоҳ ва дилсӯзе дар миёнашон боқӣ намондааст! Ин фаъолони сиёсӣ ва фарҳангӣ ки боқӣ мондаанд ҳам мутаъассифона ҳар кадом беақлтар аз дигарӣ ҳастанд ва ба чизе ҷуз манофеъи шахсӣ ё ҳизбӣ ё ҷаноҳӣ ё ҳадди аксар миллии худ намеандешанд! Ба ҳамин далил ҳам мушоҳида мекунед ки ба тарҳи устозунал Мансур эътиное намекунанд ва аз наҳзати ислоҳии эшон ҳимояте намекунанд. Воқеъан бояд хун гиря кард ба ҳоли мардуме ки чунин инсони бузурге дар миёни онон вуҷуд дорад, вале аз ӯ баҳрае намебаранд, балки ба ӯ ситам мекунанд! Ба ростӣ гуноҳи ин олими бузургвор чист ки ӯро душман гирифтаанд ва ёрӣ намекунанд?! Оё ин андешаҳои эшон, андешаҳои баде аст ва шойистаи ҳимоят нест?! Магар каси дигаре монанди эшон бо ин сатҳ андеша дар миёни онон пайдо мешавад ки дар баробари ӯ то ин ҳад таккабур мекунанд?! Дариғо ки виҷдони мардум мурда ва мусалмонӣ аз равнақ афтодааст! Ингор ки дигар эътиқоде ба Қуръон вуҷуд надорад ва суннатҳои Паёмбар мӯътабар нест! Ингор ки дигар далил ва бурҳон аҳмияте надорад ва давр даври пул ва зӯр аст! Худовнад оқибати ин мардумро хатми ба хайр кунад ки бо ин носипосӣ шойистаи рӯзҳои бадтаре ҳастанд!

والسلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Нисоъ/ 141.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Барои шунидани савти дарси панҷоҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?