Шанбе 16 декабр 2017 мелодӣ баробар бо 28 рабеъ-ул-аввал 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Матни дарс

Тарҷумаи шарҳи форсии шайх Солеҳи Сабзаворӣ
Дарси чордаҳум
Мавзӯъ:

Мавонеъи шинохт; Ҷаҳл (4)

(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Дар дарси қабли рӯшан шуд ки дувумин тарафи мусалласи ҷаҳли мусалмонон, ҷаҳли онон ба аҳли Ислом аст ки муҷиби бадгумонӣ, бадгӯӣ ва бадкории онон нисбат ба якдигар шуда ва низоъи бузургеро дар миёнашон барангехтааст; Чун вақте мусалмонон, бародарони динии худро ба дурустӣ намешиносанд ва аз ороъ ва далоили онон иттилоъи кофӣ надоранд, ба иқтизоъи табиъат ва ғароъизи башарии худ, дучори сӯъи тафоҳум мешаванд. Як намуна аз ин ҷаҳлро зикр мекунем ки мояи ибрат бишавад. Ман муддате бо яке аз бародарони мусалмон ки ҳоло аз уламои машҳури аҳли суннат маҳсуб мешавад ҳамҳуҷра будам. Рӯзе эшон бидуни муқаддима ба ман гуфт: Худо аҳли ташаюъро лаънат кунад! Гуфтам: Эй шайх! Аз Худо битарс! Чаро даҳҳо милион мусалмон дар ҷаҳонро лаънат мекунӣ?! Гуфт: Инҳо мусалмон нестанд бародар! Инҳо кофиранд! Гуфтам: СубҳонАллоҳ! Оё лаънат кофӣ набуд ки такфирро ҳам изофа кардӣ?! Ба чи далил касоне ки шаҳодатайн мегӯянд ва ба тарафи қибла намоз мехонандро бо ин умум ва итлоқ кофир медонӣ?! Магар намедони ки кофир аҳкому ҳудуде дар шариъат дорад ва ҳар касеро наметавон кофир донист?! Гуфт: Бародар! Куфри инҳо қатъӣ аст; Чароки инҳо Қуръонро қабул надоранд ва онро таҳриф шуда медонанд! Гуфтам: Оё ин ақидаро аз худи онҳо шунидаи? Гуфт: На, вале маъруф аст ва аз бисёрӣ шунидаам ки инҳо чунин ақидае доранд! Гуфтам: Вале ман аз худи онҳо шунидам ки Қуръонро қабул доранд ва таҳриф шуда намедонанд; Ҳам аз уламояшо ва ҳам аз авомашон! Гуфт: Онҳо тақя мекунанд бародар! Вагарна ақидаяшон ҳамон аст! Гуфтам: Онҳо аз ман тарс надоранд ки тақя кунанд! Онҳо ҳамин мусҳафи шарифро дар хона доранд ва аз рӯӣ он тиловат мекунанд ва баъзан ҳофизи онанд! Гуфт: Намедонам! Шояд Қуръонро қабул дошта бошанд ва таҳриф шуда надонанд, вале ба саҳоба дашном медиҳанд ва ин кор куфр аст! Гуфтам: Аввалан вақте намедонӣ ҳақ надорӣ ки фатвои ом бидиҳӣ; Сониян ҳамаи онҳо ин корро намекунанд ва танҳо шуморе аз онҳо ки оммӣ ҳастанд ин корро мекунанд ва авом дар ҳар мазҳабе ҳар коре мекунанд; Салисан дашном додан ба саҳоба модоме ки ба эътибори саҳоба будани онон набошад ва ба эътибороти дигар бошад, куфр нест, балки гуноҳ аст! Гуфт: Дуруст мегӯӣ, вале шунидаам ки занони ва модарони онҳо дар як шаб дар ҷойе иҷтимоъ мекунанд ва чироғҳоро хомӯш мекунанд ва ...! Суханони ӯро қатъ кардам ва гуфтам: Эй шайх! Аз Худо битарс ва ҳар чизе ки дар бораи гурӯҳе аз мусалмонон мешунави тасдиқ накун! Инҳо тӯҳматҳо ва шойеъоте аст ки воқеъият надорад ва наметавон бар асоси он фатво содир кард! Гуфт: Агар ин тавр аст ки ту мегӯи ман ба даргоҳи Худованд истиғфор мекунам; Чароки огоҳӣ надоштам ва гумон мекардам ки онҳо чунин ақойид ва аъмоле доранд! Сипас гуфт: Оё ин воқеъат дорад ки аҳли ташаюъ мӯътақиданд Маҳдӣ дар сардоб аст ва аз онҷо зуҳур мекунад?! Гуфтам: Ин ҳам аз он шойеъоте аст ки бисёр ривоҷ пайдо карда ва ҳатто бархӣ аз аҳли илмро гумроҳ сохтааст, вале воқеъият надорад; Чароки ҳеҷ як аз аҳли ташаюъ Маҳдиро дар сардоб намедонад ва мунтазири хуруҷи ӯ аз онҷо нестанд, балки онҳо мӯътақиданд ки Маҳдӣ аз Макка хуруҷ мекунад ва ин ақидаи саҳиҳе аст. Гуфт: СубҳонАллоҳ! Бо ин ҳисоб ҳеҷ гурӯҳеро надидаам ки ба андозаи шиъа бар ӯ дурӯғ баста шуда бошад! Инҳо суханони олиме аз уламои аҳли суннат аст ки алъон овозае дорад ва бо ин васф, рӯшан аст ки авоми аҳли суннат дар бораи аҳли ташаюъ тасавуроти бадтаре доранд. Ин аст ки устозунал Мансур, дар бораи ҷаҳли ба аҳли Ислом, ҳушдор медиҳанд ва мусалмононро даъват мекунад ба инки якдигарро бишиносанд то аз таваҳҳум дар бораи якдигар берун биёянд; Чароки ин таваҳҳумот ба содагӣ аз тариқи таъоруф бо якдигар қобили рафъ аст ва рафъи онҳо аз эҳсоси кина ва тафрите ки дар миёни мусалмонон интишор ёфтааст кам мекунад.

Аммо севумин буъд аз абъоди сегонаи ҷаҳолат)

[Ҷаҳли ба душманони Ислом]

(аст; Зеро вақте Ислом ва аҳлаш шинохта нашуда бошад, табиъӣ аст ки душманонаш ҳам шинохта намешавад. Лизо мефармояд:) Аз ҷиҳати дигар, онон душманони Исломро (аъам аз кофирон ва мунофиқон ба андозаи лозим) намешиносанд ва аз душманиҳои онон бо он (яъне фаъолиятҳое ки бар зидди Ислом дар ниҳон ва ошкор анҷом медиҳанд) огоҳӣ надоранд (ва ба ҳамин далил, наметавонанд барои дафъи он тадбири муносибе биандешанд ва иқдомоти дархурӣ анҷом диҳанд); Чароки ҷараёнҳои илҳодии (яъне куфромези) ҷадидиде (мутафовит бо синхи ҷараёнҳои куфромези давраҳои гузашта) дар ҷаҳон ба роҳ афтода (бо таваҷҷуҳ ба инки ҷараёнҳои куфромез дар давраҳои гузашта то ҳадди зиёде басот доштанд ва ин андоза печида, махфи ва қудратманд набуданд) ва кӯшишҳои шайтонии пинҳонӣ бар зидди Худованд созмон ёфтааст (таваҷҷуҳ кунед ки устозунал Мансур барои кӯшишҳои ин ҷараёнҳои илҳодии ҷадид, чаҳор сифатро зикр мефармояд: Шайтонӣ, пинҳонӣ, зидди Худойи ва созмонёфта. Сифати <<Шайтонӣ>> баёнгари он аст ки кӯшишҳои ин ҷараёнҳои илҳодии ҷадид, ба сифоти шайтони монанди макр, шарорат ва иғвогарӣ муттасиф аст, балки ба шахси шайтон боз мегардад ва зери назари ӯ ва барои таъмини манофеъи ӯ анҷом мешавад; Чунонки аз мабоҳиси баъдии эшон ба даст меояд ки шахси шайтон гардонандаи аслии ин ҷараёнҳост ва табъан сифоти шайтонии онҳо низ ношӣ аз ҳамин гардонандаге аст. Аммо сифати <<Пинҳонӣ>> баёнгари он аст ки кӯшишҳои ин ҷараёнҳои илҳодӣ, ба сурати ғайри расмӣ анҷом мешавад ва дар пушти ниқобҳои гуногун, махфӣ аст ва ҳамин шинохти онҳоро барои мусалмонон душвор кардааст. Мумкин аст ин кӯшишҳои илҳодӣ ва шайтонии ҷадид, таҳти унвони ҷаҳонисозӣ анҷом шавад, ё таҳти унвони густариши демокрусӣ анҷом шавад, ё ҳатто таҳти унвони фаъолиятҳои хайрия анҷом шавад ё дар қолиби бондҳои мофиёӣ ва бидуни барраси шудан тавассути мардум анҷом шавад. Аммо сифати дигар он аст ки ин кӯшишҳои шайтонии пинҳони, бар зидди Худованд аст ва дақиқан дар баробари Ӯ ва барои душманӣ бо Ӯ ва пешгири аз ҳокимияти Ӯ шакл гирифта ва ин аз хостагоҳи шайтонии ин ҷараёнҳо бархостааст. Аммо сифати чаҳорум, <<Созмонёфта>> аст ки нишон медиҳад ин кӯшишҳо ба сурати комилан муназзам ва ташкилоти анҷом мешавад ва дорои мудирият ва силсила маротиб аст ва аз манбаъи хоссе тақзия мешавад ва ҳадафи хоссеро пай мегирад. Бинобарин, устозунал Мансур аз шаклгирии чунин ҷараёни хатарнок ва мухаррабе дар ҷаҳон бар зидди Ислом ва мусалмонон хабар медиҳад ва мутаваҷҷеҳ мекунад ки мусалмонон дар бораи он хабари кофӣ надоранд ва аз он ғофил ҳастанд ва ин ононро шадидан мунфаъил ва осебпазир кардааст. Албатта ин бузургвор бо рӯияиъ худ, ба ин баёни куллӣ ва муҷмал басанда намекунад, балки зикри масодиқи айнӣ ва ҷузъии он дар дунёи воқеъӣ низ мепардозад ва барои афзоиши басирати мусалмонон мефармояд:). Шайтонпарастон (яъне касоне ки шайтонро ба унвони сумбули зиддият бо Худованд ё ба унвони мавҷуди воқеъӣ ки наъузубиллоҳ ба ноҳақ аз даргоҳи Худованд ронда шуда ва намоди беадолатии Худованд аст ситойиш мекунанд ва мекӯшанд барои расидан ба манофеъи дунё аз ӯ кӯмак бигиранд ва гӯё саҳнагардони аслии ин ҷараён ҳастанд ва ба ҳаман далил нахуст аз онҳо ном бурдааст), аз торикхонаҳои худ берун омадаанд (ба назар мерасад ки дар калимаи <<Торикхонаҳо>> танҳо як ташбеҳи адаби наҳуфта нест, балки илова бар он, як бор маъноӣ бисёр муҳим наҳуфтааст; Чароки <<Торикхона>> як истилоҳи қадимӣ барои созмонҳои махфии фромосунури будааст ва ин метавонад ишораи латиф аз ҷониби ин бузургвор ба иртиботи шайтонпарастон бо фромосунурҳо бошад. Нуқтаи дигар он аст ки эшон мефармояд: <<Шайтонпарастон аз торикиҳои худ берун омадаанд>> ва ин метавонад ишора ба ин бошад ки онон дигар монанди гузашта ба фаъолият дар хонаҳои махфӣ намепрдозанд, балки ба фаъолият дар мутуни ҷомеъа ва арсаҳои мухталифи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ рӯй овардаанд ва дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳузури фаъол доранд.) ва ҷодугарон (яъне касоне ки бо истифода аз улуми ғариба ва равишҳои ғайри мутаъориф ва номашруъ, ба тасарруф дар авзоъ ва аҳвол ва эҳсосоти мардум мепардозанд ва шояд ба далили теъдоди камтарашон нисбат ба шайтонпарастон, ба унвони дувумин ҳалқа аз занҷираи шайтони ёд шудаанд), аз дахмаҳои худ (ки собиқан дар онҷо ба ҷодугарӣ мепардохтанд) сар баровардаанд (ва либосҳои кӯҳна ва олудаи ҷодугариро аз тан хориҷ кардаанд ва либосҳои шик ва газмолшудаи шахсиятҳои мӯҳтарамро бар тан кардаанд ва вориди сиёсат, фарҳанг, иқтисод ва ҳатто арсаҳои низомӣ шудаанд), то бо ҳимояти қудратмандони муфсид (яъне ҳокимоне ки сиёсати кишварҳои мустакбирро дар даст доранд ва ба пуштибонаи қудрати худ ба ифсод дар замин мепардозанд) ва сарватмадони мулҳид (яъне моликони манобеъ ва соҳибони сармоя ва тавлид ки иқтисоди дунёро дар даст доранд ва ба сабаби рӯҳияи илҳодии худ ва барои ҷалби фоидаи бештар, ба ҳамкорӣ бо сиёсатмадорони муфсид мепардозанд то даст дар дасти якдигар), ҳукумати куфрро бар ҷаҳон муставлӣ созанд (бо ин тартиб, қудратмандони муфсид ва сарватмандони мулҳид дар пеши саҳна ва шайтопарастон ва ҷодугарон дар пушти саҳна, як эътилофи илҳодӣ бар зидди Худованд ташкил додаанд то бо кӯмаки ҳам ҳукумати ҷаҳонии куфри ки ҳамоно ҳокимияти даҷҷол астро эҷод кунанд.) ва дар ин миён (бо вуҷуди чунин тавтиъаи ҳувлноке), мусалмонон, бехабар аз чизе ки (тавассути ин эътилофи шайтонӣ) дар ҳоли вуқуъ аст, (ба ҷои муқобила бо он ва талош барои хунсо кардани тавтиъаи он) ба масоили ҷузъӣ (яъне марбут ба фуруъи Ислом) ва беаҳмият (дар муқоиса бо ин масоъили ҳаётӣ) машғуланд ва бар сари онҳо бо якдигар (лафзан ва амалан) низоъ мекунанд; Чунонки ба унвони намуна (намунае ки бисёр кӯдакона вале дар айни ҳол машҳур ва ҷанҷолбарангез аст), бар сари ниҳодани (кафи) дастҳо дар зери ноф ё болои он ба ҳнгоми намоз меҷанганд (чун миёни мазоҳиби Исломӣ дар асл ва наҳваи такфир ё такаттуф дар намоз ихтилоф аст; Ба ин тартиб ки бархӣ аҳли суннат монанди Ҳанафиҳо қарор додани ду кафи даст зери ноф ва бархӣ дигар аз онҳо монанди Шофеъиҳо ва салафиҳо қарор додани ду кафи даст болои ноф ва ҳатто рӯӣ синаро суннат медонанд, вале бархӣ дигар монанди Моликиҳо ва аҳли ташаюъ, ҳеҷ кадомро суннат намедонанд ва андохтан ва ба истилоҳ ирсоли дастро суннат медонанд! Ба ҳар ҳол, онҳо дар кишварҳое ки мусалмононе аз мазоҳиби мухталиф ҳузур доранд бар сари ин масълаи ҷузъӣ ва беаҳмият, бо якдигар ба низоъ ва ҳатто ҷанг мепардозанд!) ва ниҳояти ҳамашон ин аст ки (монанди салафиҳо ва мазҳабҳое ки таҳти таъсири салафиҳо қарор гирифтаанд) зоирони қубурро аз наздик шудани ба онҳо боздоранд (ки мабодо як вақт Худои нохоста ширке аз онҳо дар вуҷуд ояд! Ин тавре ки салафиҳо амал мекунанд ва зоъирони қабри Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва зоъирони қабри аҳли байт ва асҳобашро аз наздик шудан ба онҳо наҳй мекунанд то мабодо ин қабрро ба нияти табаррук ё тавассул ё монанди он ламс кунанд ва ба заъми онно мушрик шаванд! Дар ҳоле ки бино бар мабнои устозунал Мансур дар ин китоби шариф, чунин корҳое ширк шумурда намешавад ва аз ин ибороташ дониста мешавад ки аҳмияти чандоне ҳам дасти кам нисбат ба масоъили мавриди ишорае ешон ндорад. Албатта аз каломи эшон бардошт намешавад ин корҳое ки бархӣ авом дар пиромуни қабри аъимаи дин мекунанд ва ин тавр барои наздик шудан ба он ба якдигар латма мезананд, саҳиҳ аст; Балки аз эшон расидааст ки хитоб ба онҳо дар пийромуни қабри аъимаи дин фармудааст: «ما بهذا أمرتم»; <<Яъне ба ин кор амр нашудаед>>! Яъне аз шумо хоста нашудааст ки барои наздик шудан ба қабр аз сару шонаи якдигар боло биравед! Ба ҳар ҳол, эшон бо ифрот ва тафрит мухолиф аст ва бисёрӣ аз аҳли ташаюъро ҳам дар ифрот медонад; Ҳамчунонки бисёрӣ аз аҳли суннатро дар тафрит); Ҳамчунонки толиби илми онон (ки дар мадориси динӣ машғули таҳсил ҳастанд) низ ҷуз ба шинохти (ақида ва фиқҳи) мазҳаби худ (бо ҳамон нигоҳҳо ва рӯйкардҳои қадимӣ), эътиное надоранд ва аз ошноӣ бо ҷаҳони куфр (яъне кишварҳои ғайри мусалмонӣ ки бо Ислом ва мусалмонон душмани доранд) ва ончи (аз ҷараёнҳои фикри ва амали ки) дар он мегузарад, фориғанд (яъне фароғати бол доранд ва ғофиланд. Ин фуру рафтани аҳли улуми Исломӣ дар китобҳои мазҳабии худ ва бе таваҷҷуҳи ба масоъили рӯз ва ҷараёнҳое ки дар баробари Ислом шакл гирифта, муъзали бисёр муҳмме аст ки аз авомили заъфи мусалмонон ва истелоъи кофирон шумурда мешавад ва устозунал Мансур ба он таваҷҷуҳ медиҳад); Чунонки Худованд фармудааст: «ذَٰلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ ۚ»;[1] <<Ин мунтаҳои илми онон аст>>! (Яъне ҳамон тавре ки мунтаҳои илми кофирон зиндагии дунёст, мунтаҳои илми ин мусалмонон низ фиқҳ ва усулашон аст ва дар бораи ҷаҳони берун аз худ, маълумоти кофӣ надоранд.) Ба ин тартиб (яъне ба дунболи ин ашрофи кофирон бар ҷаҳони Ислом ва бехабарии мусалмонон аз ҷаҳони куфр), кофирон аз миллатҳои мухталиф (яъне адёни мухталиф), барои ҷанги бо Ислом (ки душмани муштараки ҳамаи онҳо маҳсуб мешавад) муттаҳид шуданд (ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисоди ва ҳам аз лиҳози низомӣ ва амниятӣ, монанди итиҳодияи Аврупо), дар ҳоле ки мусалмонон бо миллатӣ (яъне динӣ) воҳид (ва китобӣ воҳид ва пайғамбари воҳид ва қиблаи воҳид), аз якдигар ҷудо гардидаанд (ва қодир ба ташкили ҳеҷ эътилофе бо якдигар бар зидди кофирон нестанд) ва ин пайомаде ҷуз султаи кофирон бар мусалмонон надоштааст (чунонки бо чашм мушоҳида мекунем ва мебинем ки чи тавр давлатҳои кофир қодир ба мусалмонони ҷаҳон зӯр мегӯянд ва ҳуқуқи мусаллами онҳоро салб мекунанд ва анвоъи иҳонат ва озорро нисбат ба онҳо ва ақойидашон раво медоранд ва садо аз ҳеҷ кас бар намехезад! Кор ба ҷойе расидааст ки агар ба сурати як кофир тавассути як мусалмон силӣ зада бишавад, ҳамаи ҷаҳон ба фарёд меояд ки ҳуқуқи башар аз даст рафт ва зулм ба ақлиятҳои динӣ шуд ва озодии ақида нақз гардид, вале агар даҳҳо мусалмон тавассути як кофир қасоби шаванд, ҷаҳон дар сукут фуру меравад ва вокунише нишон намедиҳад, гӯйи ки даҳо ҳайвонро куштааст! Ин ба хотири эътилофи кофирон бо якдигар аст ки пушти якдигарро мегиранд ва ба хотири ихтилофи мусалмонон бо якдигар аст ки худашон барои худашон арзиш қоъил нестанд ва аз якдигар ҳимоят намекунанд).

Дар ин миён (ки кофирон ин гуна дар ҳоли тавтиъа бар зидди мусалмонон барои таъмини манофеъи якҷонибаи худ ҳастанд), бисёри аз мусалмонон (бо ниҳояти ҳамоқат ва содагӣ), умедвор ба хайри онон (ки шояд нафъӣ сиёсӣ ё иқтисодӣ ё низомӣ ба онҳо бирасонанд) ё бимнок аз шаррашон (ки мабодо аз лиҳози сиёсӣ ё низомӣ ба онҳо зараре бирасонанд), ба сӯӣ онон мешитобанд (яъне ба онон агар чи бо хоҳиш ва илтимос ва имтиёз додан, наздик мешаванд) ва ононро ба дӯстӣ мегиранд (яъне бо онон ҳампаймон мешаванд ва равобити бисёр дӯстона ва самимонае барқарор мекунанд ва ҳифзи манофеъи ононро бар ӯҳда мегиранд); Чунонки Худованд фармудааст: «تَرَىٰ كَثِيرًا مِنْهُمْ يَتَوَلَّوْنَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ لَبِئْسَ مَا قَدَّمَتْ لَهُمْ أَنْفُسُهُمْ أَنْ سَخِطَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَفِي الْعَذَابِ هُمْ خَالِدُونَ»;[2] <<Бисёрӣ аз ононро мебинӣ ки кофиронро ба дӯстӣ мегиранд! Ҳароина бад чизе аст ончи нафсҳояшон барояшон пеш фиристодааст ки Худованд бар онон хашм гирад ва дар азоби ҷовидон бошанд>> (бубинед чигуна Қуръон барои ҳамаи адвор ва замонҳо муносибат дорад, дар ҳадде ки гӯйи барои давра ва замони мо нозил шудааст!) Ва фармудаст: «فَتَرَى الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ مَرَضٌ يُسَارِعُونَ فِيهِمْ يَقُولُونَ نَخْشَىٰ أَنْ تُصِيبَنَا دَائِرَةٌ ۚ فَعَسَى اللَّهُ أَنْ يَأْتِيَ بِالْفَتْحِ أَوْ أَمْرٍ مِنْ عِنْدِهِ فَيُصْبِحُوا عَلَىٰ مَا أَسَرُّوا فِي أَنْفُسِهِمْ نَادِمِينَ»;[3] <<Пас мебинӣ касоне ки дар дилҳошон беморӣ аст ба сӯӣ онон мешитобанд, мегӯянд метарсем ки пешомаде ба мо бирасад! Пас умед аст Худованд пирузӣ ё коре аз назди худро биёварад ва дар натиҷа онон аз чизе ки дар нафсҳои худ пинҳон медоштанд, пушаймон шаванд>>! (Бубинед чигуна устозунал Мансур дар партуви Қуръон сухан мегӯяд ва таҳлил мекунад ва нигоҳаш бо нигоҳи Қуръон ҳамоҳанг аст!) Шакке нест ки агар инон (ки худро мусалмон мешуморанд, моҳияти ҳақиқии) ононро мешинохтанд ва аз душманиҳояшон бо худ (дар пӯшишҳои мухталиф) огоҳӣ меёфтанд, худро ба онон вобаста намесохтанд (яъне вобастаги инон бо кофирон ба сабаби ноогоҳиашон аз моҳияти ҳақиқии кофирон ва душманҳои пушти пардаи онон аст); Чароки (бо як таҳлили бисёр амиқи таҷрибаӣ ва равоншиносона ки аз ақлонияти хосси устозунал Мансур нашъат мегирад) табъи инсон ӯро аз наздикӣ ба зарар боз медорад ва ғаризааш (ки барои бақоъи ӯ дар фитраташ наҳуфта шудааст) ӯро ба дурӣ аз хатар вомедорад (дар натиҷа, агар ин гурӯҳ аз мусалмонон зарар ва хатари мавҷуд дар дӯстӣ бо кофиронро ҳақиқатан дарк мекарданд, табиъатан аз он ҳазар менамуданд); Вале инон (чаро чунин зарар ва хатари возеҳро дарк намекунанд?! Устозунал Мансур мефармояд: Ба ин далил ки) ақлро (дар арсаи сиёсат) вониҳодаанд ва ба дастаи сафиҳон бадал гаштаанд (чун дар баробари ақлоният, сафоҳат қарор мегиранд ва сафиҳ касе аст ки ақлонӣ амал намекунад); Пас суди (худ) ро аз зиёни (худ) тамйиз намедиҳанд ва дӯсти (худ) ро аз душмани (худ) намешиносанд (ва ҳанӯз намефаҳманд ки фоидаашон дар наздикӣ ба бародарони мусалмонашон ва зиёнашон дар наздики ба кофирон аст; Чароки аз назари Худованд мусалмонон дӯст ва кофирон душмани онҳо ҳастанд); Дар ҳоле ки кофирон (бар хилофи мусалмонон ки кофиронро ба дурусти нашинохтаанд), барои султа бар онон (бо таваҷҷуҳ ба инки султа бар онон бидуни шинохти қувватҳо ва заъфҳои онон мумкин нест), ононро (аз тариқи шабакаҳои ҷосусии худ ки бештар аз ду қарн аст машғули кори густарда дар миёни мусалмонон ҳастанд ва ҳамчунин аз тариқи зери назари комили авзоъ ва аҳволи онҳо дар замони ҳозир) ба дурустӣ шинохтаанд ва аз қувватҳо ва заъфҳошон (дар заминаҳои мухталиф) огоҳӣ ёфтаанд, то аз қувваташон (дар заминаҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ) бикоҳанд ва бар заъфашон (дар ин заминаҳо) биафзоянд.

Онон (яъне ин гурӯҳ аз мусалмонон ки бо кофирон бидуни таваҷҷуҳ ба чунин душмании доманадоре дӯстӣ мекунанд) ба ростӣ ки ҷоҳилонанд (чун ҷоҳил ба душманони Ислом ҳастанд), вале ҷоҳилтар аз онон, мусалмононе ҳастанд ки (ба дӯстӣ бо кофирон басанда намекунанд, балки) бо кофирон дӯстӣ ва бо мусалмонон душманӣ мекунанд (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳам ҷоҳил ба душманони Ислом ҳастанд ва ҳам ҷоҳил ба аҳли Ислом); Дар ҳоле ки дӯстӣ бо кофирон, (зотан) мусталзими душманӣ бо мусалмонон нест (чун ҳадаф аз он ҷалби манофеъи дунявӣ аст ва ҷалби манофеъи дунявӣ аз тариқи дӯстӣ бо мусалмонон ва кофирон ҳар ду мумкин аст) ва (лизо дар амал низ) бархӣ аз дӯстони кофирон (монанди бархӣ аз кишварҳои шарқи осиё), бо мусалмонон душманӣ надоранд (ба ин маъно ки ҳам бо онон ва ҳам бо давлатҳои кофир ва мустакбир, равобити дӯстона ва самимонае доранд); Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: «سَتَجِدُونَ آخَرِينَ يُرِيدُونَ أَنْ يَأْمَنُوكُمْ وَيَأْمَنُوا قَوْمَهُمْ»;[4] <<Ба зудӣ дигаронеро меёбед ки мехоҳанд аз шумо дар амон бошанд ва аз қавми худ низ дар амон бошанд>> (манзур гурӯҳе аз кофиронанд ки мехоҳанд ҳам бо кофирон равобит мусаламатомезе дошта бошанд ва ҳам бо мусалмонон ва ин ба маънои имкон ва вуқуъи чунин ҳолате аст)! Бо ин васф (яъне бо васфи имкон ва вуқуъи дӯстӣ бо кофирон ва мусалмонон ҳар ду), ҷои таъаҷҷуб аст ки бархӣ аз мусалмонон, (ин корро анҷом намедиҳанд ва дасти кам бо мусалмонон ҳам монанди кофирон дӯстӣ намекунанд, балки) бо кофирон дӯстӣ ва бо бародарони худ (яъне мусалмонон бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд мефармояд: «إنّما المُؤمِنُونَ إخوَةٌ»; <<Мусалмонон бародарони якдигар ҳастанд>>) душманӣ мекунанд, бо ин таваҳҳум ки кофирон, хайрхоҳи ононанд (ва масалан барои онҳо озодӣ ва рафоҳ ва маданият ва ҳуқуқи башар мехоҳанд) ва бародаронашон (ки бо инҳо ҳам ақида ва ҳам армонанд), шаррашонро мехоҳанд (ва масалан мехоҳанд мамлакати онҳоро хароб кунанд ё мазҳаби худро дар миёнашон тарвиҷ диҳанд ё бар онҳо тасарруф биёбанд); Монанди бархӣ мусалмонони Афғонистон ки даҳҳо давлати кофир ва мутаъаддиде (яъне мутаҷовизи монанди Амрико ва Ингилистон ва Фаронса ва Олмон ва Австралиё ва ғайра) ро дӯсти худ мешуморанд (ва расман ва аланан дар кишвари худ ҷо медиҳад), вале ду давлати муслмон ва ҳамсоя (яъне Эрон ва Покистон ки тарихи, фарҳанги ва манофеъи муштараки фаровоне бо Афғонистон доранд ва амнияташон ба амнияти ин кишвар вобаста аст) ро душмани худ мепиндоранд (ва ба дахолат дар умури дохилии худ ва даҳҳо чизи дигар муттаҳам мекунанд)!

(Инҳо ниме аз душманони мусалмонон буданд ки устозунал Мансур муъаррифи фармуд ва мусалмононро ба шинохти онҳо даъват кард, аммо нимаӣ дигар аз душманони мусалмонон, мунофиқон ҳастанд ки ба маротиб аз кофирон хатарноктаранд; Лизо мефармояд:) Вонгаҳе гурӯҳе аз душманони Ислом, мунофиқоне ҳастанд ки (тазоҳур ба Ислом мекунанд ва табъан аз назари оммаи мусалмонон) мусалмон шуморида мешаванд, дар ҳоле ки ба ончи Худованд бар Паёмбараш нозил кардааст (яъне бисёри аз ақойид ва аҳкоми Исломи), кофиранд ва барои нобуди Ислом (аз дарун) ва истилоъи куфр бар ҷаҳон (аз берун), бо кофирон ҳамкорӣ (пинҳон ва ошкор) мекунанд ва ин дар ҳоле аст ки мусалмонон, (навъан моҳияти ҳақиқии) ононро намешиносанд ва аз куфри онон (ба Ислом), огоҳи надоранд; Чунонки Худованд аз куфри онон хабар дода ва фармудааст: «وَلَوْ كَانُوا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالنَّبِيِّ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مَا اتَّخَذُوهُمْ أَوْلِيَاءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ فَاسِقُونَ»;[5] <<Агар онон ба Худо ва Паёмбар ва чизе ки ба ӯ нозил шудааст имон доштанд, ононро дӯстони худ намегирифтанд, вале бисёришон фосиқ ҳастанд>> (устозунал Мансур <<Имон>> дар ин ояи шарифаро ба маънои Ислом ва дар баробари куфр дониста ва иллати он ин аст ки ба Худованд ва Паёмбараш ва чизе ки бар ӯ нозил шуда, нисбат ёфтааст ва адами имон ба Худованд ва Паёмбараш ва чизе ки бар ӯ нозил шуда, зидди Ислом аст; Ҳамчунонки <<Фосиқ>> низ шомили кофир мешавад, ҳар чанд ҳар фосиқе кофир нест ва ин нуктае аст ки дар баҳси <<Шинохти фосиқ>> ва <<Шинохти мунофиқ>> дар ин китоби шариф, табйин шудааст)! Онон дар воқеъ, шуморе аз кофиронанд ки (бо сӯъи истифода аз номи Ислом) ҳокимони мусалмон шуморида мешаванд ва (нишонаҳояшон ин аст ки) аз ҷониби кофирон, барои ҳукумат бар мусалмонон ҳимояти (сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ) мешаванд, то манофеъи кофиронро дар миёни мусалмонон, таъмин кунанд (ин тавтиъаи бисёр бузург аст ки бештарин зарбаро ба ҷаҳони Ислом задааст). Бидуни шак, дар раъси онон (яъне дар раъси ин мунофиқон ки ҳокимони мусалмон шумурда мешаванд, вале дар воқеъ кофир ва дастнишондеҳи кофиронанд), ҳокимони Саъудӣ ҳастанд ки (дар зоҳир худро бисёр муташаддид нисбат ба Ислом нишон медиҳанд ва бо номи Ислом гарданҳоро қатъ мекунанд ва дастҳоро мебуранд, вале) ошкоро даст дар дасти душманони Ислом доранд (ва аз муҳимтарин ҳампаймонони Амрико ва Исроъил дар минтақа шумурда мешаванд) ва дар ду ҷабҳаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, барои нобудии Ислом (аз дарун) кӯшиш мекунанд. Аз як сӯ, дар ҷабҳаи сиёсӣ, бо кофирони ҳарбӣ (ки дар ҳоли ҷанг бо мусалмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ҳастанд) ҳамкорӣ мекунанд ва аз гурӯҳои муфсид ва муҳориб дар сарзаминҳои Исломӣ (монанди Ироқ ва Сурия ва Покистон), ҳимояти (пинҳони ва ошкор) менамоянд (ва ҳомии молӣ ва сиёсии онҳо маҳсуб мешаванд) ва аз сӯӣ дигар, дар ҷабҳаи фарҳангӣ, (бо кумаки муфтиёни муздур ва хабисашон ки куффоре бо ришҳои баланд ва чашмҳои кӯр ҳастанд) миёни мусалмонон (аз мазоҳиби гуногун) тафриқа меафкананд ва (аз тариқи эҷод ва нашри ҷараёни ширкомези салафият ва ваҳоббият дар ҷаҳон) боварҳои ширкомези (салафӣ ва баҳоббӣ) ро бо унвони тавҳид тарвиҷ медиҳанд (ва Худо шиносии мусалмононро то ҳадди Худо шиносии бутпарастон пойин меоваранд), дар ҳоле ки бисёрӣ аз мусалмонон, ононро ходимони ҳарамайн (яъне Макка ва Мадина) мепиндоранд (бо онки хоъинони ба Макка ва Мадинаанд ва чи басо ба хотири суди ҳангуфте ки ин ду шаҳри муқаддас барояшон дорад ба он ду расидагӣ мекунанд) ва мураввиҷони ақидаи саҳеҳ, мешуморанд (бо онки ақидаи ширки ва Худо шиносии моддагароёнаро тарвиҷ медиҳанд)!

Хулоса онки бехабарӣ аз Ислом (ба унвони зилъи аввали ҷаҳли мусалмонон), мояи гумроҳӣ (онон аз масири Ислом) ва бехабарӣ (онон) аз мусалмонон (ба унвони зилъи дувуми ҷаҳли мусалмонон), мояи ҷудоӣ (онон аз якдигар) ва бехабарӣ (онон) аз кофирон (ба унвони зилъи севуми ҷаҳли онон), мояи табоҳии мусалмонон (яъне шикасти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва низомии онон дар масофи кофирон) аст ва ин балое аст ки бар сари онон омада ва фитнаҳое аст ки ононро фаро гирифтааст (ба эътибори инки шаррӣ мубталоба ва умумӣ аст ва ҳамаи мусалмононро даргир кардааст) ва танҳо роҳи раҳоӣ аз он, таҳсили илм (тавассути оҳоди мусалмонон) ва тарвиҷи он (дар миёни соири мусалмонон) дар ҷиҳоти сегона (яъне Ислом, аҳли он ва душманони он) аст. (Ҳосил онки устозунал Мансур аз ҳар мусалмоне мехоҳад аввалан ақоъид ва аҳкоми Исломиро ба дурустӣ бишиносад ва сониян ороъ ва далили соири мусалмононро ба дурустӣ бишиносад ва салосатан ҷараёнҳо ва фаъолиятҳои душманони Исломро ба дурустӣ бишиносанд ва соири мусалмононро низ бо ин се ошно кунад ва ин коре аст ки худи ин бузургвор бо мунтаҳои тавони худ дар ҳоли анҷоми он аст; Чароки эшон ҳам дар ин китоби шариф ва ҳам дар соири навиштаҳо ва гуфторҳои худ, ба таълими Исломи холис ва комил мепардозад ва ороъ ва далили мусалмононро таҷзия ва таҳлил мекунад ва тавтиъаҳои душманони Исломро бар мало менамояд то бо ин шева, мусалмононро аз гумроҳӣ, ҷудоӣ ва табоҳӣ раҳоӣ диҳад. Худованд ин муъаллими фарзона ва дилсӯзро барои мусалмонони ҷаҳон ҳифз фармояд ва ба онон тавфиқи баҳрагири аз илми ӯ ки ҷушида аз яқинитарин манобеъи Исломи астро арзонӣ дорад.

و السلام علیکم و رحمت الله)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Наҷм/30.

↑[2] . Моъида/80.

↑[3] . Моъида/52.

↑[4] . Нисоъ/91.

↑[5] . Моъида/81.

Барои шунидани савти дарси чордаҳум инҷоро клик кунед.
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.