Чоршанбе 18 октябр 2017 мелодӣ баробар бо 27 муҳаррам 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Хондани номаҳо

Шумора: 10
Мавзӯъ:

Номае аз он ҳазрат ки дар оғози ҳаракати худ навишт ва дар он мақсуди худро барои ҷаҳониён табйин кард.

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Ин чизе аст ки бандаи Худо Мансури Ҳошимии Хуросноӣ бо дасти худ менависад ва Худоро бар он гувоҳ мегирад, ҳангоме ки ба ягонагии Худо ва Паёмбарии бандааш Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шаҳодат медиҳад ва инки биҳишт ва дӯзах ҳақ аст ва растохез омадани аст ва Худо мурдагонро зинда мекунад ва аммо баъд..

Бидонед ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, касби сарват ё қудрат ё шӯҳрат дар зиндагии дунё нест ва намехоҳам ки дар замин бартарӣ ёбам ё табоҳӣ ангезам ва дар дин бидъате гузорам ё фирқае барсозам ё ҳалолеро ҳаром ва ҳаромеро ҳалол гардонам ё муддаъии чизе шавам ки Худованд барои ман қарор надодааст. Бегумон ман фаришта нестам ва намегӯям ки ба ваҳй мешавад ва намегӯям ки соҳиби ин амр ҳастам ва намегӯям ки бо ӯ дар иртиботам. Ҷуз ин нест ки мақсуди ман аз ин ҳаракат, бар по доштани Ислом ва пиростани он аз бидъатҳо бар пояи китоби Худо ва суннати Паёмбари Ӯст. На ҷабборӣ ситамгар ва на шайёдӣ фитнагарам, бал омадаам то чизҳое аз Ислом ки фаромӯш кардаедро ба ёд оварам ва чизҳое вз он ки пинҳон сохтаедро ошкор созам, беонки дар изояш аз шумо музде талабам ё бар шумо миннате биниҳам. Омадаам то халифаи Худо дар заминро тасдиқ кунам ва роҳро барои ӯ ҳамвор созам, пас гуруҳеро барои ёриаш фароҳам оварам ва дар зери болзоям бипарваронам, бо китобҳо ва ҳикматҳо ва пандҳо ва таъдибҳо, монанди шамъе ки дар торикӣ рӯшан мешавад, то чизе ки дур кардаедро наздик кунам ва чизе ки сахт кардаедро осон ва башорате барои ситамдидагон шавам ва ҳушдоре барои ситамкоронатон бошам. Бегумон ончи ваъда дода шудаед рост аст ва ончи интизор мебаред воқеъ мешавад, ҳангоме ки шуморӣ кофӣ аз шумо барои он қиём кунанд ва бархишон ба бархӣ дигар бипайванданд, то касе ки бар ҷони худ бимнок аст эмин шавад ва касе ки худро нотавон меёбад тавоно. Мақсуди ман аз ин ҳаракат, заминасозӣ барои ҳукумати Маҳдӣ аст. Мақсуди ман, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Пас манро барои расидан ба мақсудам ёрӣ кунед, бошад ки Худованд аз шумо хушнуд шавад ва гуноҳоне ки достҳотон пеш фиристодаастро биёмӯрзад, ҳангоме ки даъвати ман ба сӯӣ Ӯро иҷобат мекунед ва аз дур ва наздик ба наздам мешитобед, то дини ҳамааш барои Ӯ бошад ва малакуташ бар замин ояд ва номаш то абад тақдис шавад. Ҳароина ман ҳуҷҷатро бар шумо тамом кардам ва роҳамро ба шумо нишон додам. Акнун ҳар кас маро ёрӣ кунад ӯ аз ман аст ва ҳар кас маро хор дорад, Худованд ёвари ман аст, бар Ӯ таваккул кардаам ва бозгаштам ба сӯӣ Ӯст. Вассалом

Фарозҳое аз номаҳои ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Хондани номаҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.