Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нукта
 

Мусалмонон масҳури зарқ ва барқи дунё шудаанд, бадтар аз номусалмонон! Барномаи рӯзмараи ҳар кадомашонро дар ҳар куҷои ҷаҳони Ислом ки бошанд, менигарӣ, аз шиддати таъассуф ва таъассур сукут мекунӣ ва наметавонӣ сухане бигӯӣ. Расонаҳо ҳамаи талоши худро дар пур кардани авқоти инсонҳо ба ҳар наҳви мумкин анҷом медиҳанд. Тафриҳоти аҷибу ғариб ва мазоҳири шигифти текноложӣ. Ҳар гурӯҳе ба василае аз қофила ақаб мондааст.

Иддае ки ҳанӯз гирифтори ҷанге нашудаанд ё феълан дар амонанд, хуб ва хуш мезиянд ва розӣ ҳастанд аз пешрафти текноложӣ ва осон шудани корҳо ва кӯтоҳ шудани масирҳо ва суръат гирифтани зиндагӣ ва кашфиёти ҷадид ва ихтироъоти масҳур кунанда. Кор мекунанд, пул дар меоваранд, баъд таътилоташонро ба тафриҳ мераванд ва мошин мехаранд ва хона нав мекунанд ва сафарҳои хонаводагӣ мераванд; Агар ҳам аҳлаш бошанд намозе мехонанд ва рӯзае мегиранд ва хумсашонро медиҳанд ва сипас ором ва роҳат умр сипарӣ мекунанд то аҷалашон фаро расад!! Дар ҳоле ки нимаҷонанд ва ором ором ба хоби ширини марг фуру мераванд ва мутаваҷҷеҳ нестанд; Аслан мутаваҷҷеҳ нестанд; То он ки ногаҳон марг ба суроғашон меояд ва дар лаҳзае ки ҷони нӯшин доданд, бедор мешаванд ва танҳо бо як нигоҳ ба пушти сар дар меёбанд ки фиреб хӯрдаанд!! Шайтон фиребашон дода ва дасташон холӣ аст!! Чи фиреби ҳувлноке дар либоси текноложӣ!!

Иддаи дигар сар дар гиребони худ фуру бурдаанд ва аз оламу одам бехабаранд. Маълум нест дар куҷо сайр мекунанд ва Худояшон кист ва китобашон чист! Ҳарфҳои номарбут мезананд ва коре ба оқибати хеш надоранд. Масалан мегӯянд: «Сахт нагир! Ба теъдоди ҳамаи инсонҳо роҳ барои расидан ба Худо ҳаст! Хеле ниёзе нест ба худат заҳмат бидиҳӣ ва китоби хоссе (!) ро мутолеъа кунӣ»!!

Дар ҳоле ки намедонанд ҳарфашон маънои дигаре дорад ва маънояш он аст ки ҳар кас ҳар тавр дӯст дорад Худойе интихоб мекунад ва ӯро ном мебарад, аммо ин Худоёни хиёлӣ ва мавҳуми мавриди назари онҳо ҳар касе ҳаст ҷуз Аллоҳи воҳид, Раббул оламин! Ман намедонам ин чи Худойе аст ки дақиқан ҳамон тавре аст ки бандагонаш дӯст доранд ва интизор мебаранд!! Гӯӣ бандагон, Худои хешро тибқи писанди худ халқ мекунанд!! Ингуна аст ки касе пайдо мешавад ва мегӯяд Худои ман дар қалби ман аст, муҳим нест ки дар амал чи касофате бошем, муҳим он аст ки дар дил ба Худо мӯътақид бошем.

Ё мегӯянд: «Фақат Худо»!! Дар ҳоле ки боз ҳам манзури онон Раббул оламин нест. Манзурашон як Худои беиродаӣ хомӯш аст ки коре ба кори инсонҳо надорад. Ҳар кор кардӣ ҳавола кун ба он Худо ва баъд бигӯ фақат Худо. На Қуръон мешиносанд ва на Паёмбар ва на дағдағаи хоссе доранд. Чи Худои хубе аст ин Худое ки номашро мебаранд!!! Ин Худои беасаре ки ҳеҷ коре аз дасташ бар намеояд бо бутҳо баробар аст.

Он Худои Ҳаким ва Алим ва Қадир бо мардумон сухан гуфта ва ба ҳисоби ҳар касе ва ҳар чизе расида ва таклифи ҳама чизро рӯшан кардааст. Қадр ва андозаи ҳар чизеро мушаххас фармуда ва суннатҳои лоянтағйири хешро бар по доштааст. Ҳақ ва ботилро нишон дода ва барои он замонати иҷроӣ гузоштааст. Дар китоби хеш ва бар забони Паёмбараш роҳи хушбахтиро аз роҳи бадбахтӣ мушаххас фармудааст. Шариъате ки Ӯ нозил карда, монанди рӯз рӯшан аст ва пӯшидагӣ ё ибҳоме надорад. Аммо бо ин ҳол, иддае садҳо сол аст ки гирифтори ихтилофоти шадиди мазҳабӣ ҳастанд. Мехоҳанд хуни якдигарро бирезанд ва мерезанд. Ҳозиранд ҷон бидиҳанд, вале барои Худо дасти бародарӣ ба мусалмоне аз мазҳаби дигар надиҳанд. Ҷон медиҳанд, аммо даст аз таъассуби хеш бар намедоранд. Бо таъкиди фаровон мегӯянд дар фалон китоб омада ки фалонӣ малъун аст. Касони дигаре меоянд ва худ инҳоро малъун медонанд!! Ҳамин тавр солҳо бар сари якдигар мезананд ва илтиҳобу ошӯб меофаринанд ва гумон ҳам мекунанд кори дурусте анҷом медиҳанд. Гувоҳаш ҳам ин аст ки барои ин корашон қасди қурбат мекунанд ва фисабилиллоҳ ба якдигар ҳамла мекунанд.

Бошад; Якдигарро лаън ва такфир кунед то зудтар тавассути гургҳои кофир ва мушрик хӯрда шавед! Ҳазор соли дигар ҳам ба ҷони ҳам бияфтед то Исломро ингуна ёрӣ кунед ва худро хушбахт гардонед!!

Иддаи дигар ҳанӯз андар хами кӯчаҳои ториктаре ҳастанд ва фарёд мезананд: Ин Хуросонӣ кист ки тақлидро рад кардааст?!! Аслан чи касе метавонад тақлидро рад кунад??!! Аслан магар чунин чизе рад шуданӣ аст?? Ҳайҳот!! Ҳайҳот!! Яъне мо дар аҳкоми худ тавақуф кунем?? Ҳаргиз!!

Охир сияҳрузон! Чаро таъаққул намекунед?! Чи касе шуморо ба тақлиди кӯр кӯрона амр кардааст ҷуз худатон??! Ин кадом дин аст ки баргузидаед?? Ислом аст ё чизи дигар??! Агар мепиндоред мусалмонед бояд бидонед ки Ислом дини таҳқиқ ва баррасӣ аст ва назари ҳеҷ касеро бидуни далил қобили қабул намедонад. Тақлид яъне қабули назари як мулло бидуни далил ва чунин чизе на дар Ислом асле дорад ва на дар ақл! Пас бояд ҳарфи ҳисобро аз алломаи Хуросонӣ бипазиред ва дар дидгоҳҳотон нисбат ба Ислом тағйире бидиҳед.

Мутаъассифона иддае аз ҳама ҷо бехабар ки тазоҳур ба дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ барои мусалимин мекунанд, дар бораи олими вораста, озода ва беиддаъое монанди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ соҳиби китоби гаронсанги «Бозгашт ба Ислом» интавр мавъиза мекунанд ки дар тӯли торих муддаиёни бисёре будаанд [то онҷо ки:] фиреби муддаъиёнро нахуред ва динатонро муҳкам бичасбед ва дуъо кунед Маҳдӣ зуҳур кунад ва ҳамаи чиз рӯшан шавад (!)... ҳар касе метавонад аз Қуръон як бардоште дошта бошад ва аз он далил биёбад (!!) Пас ба истидлолоти Қуръонии касе эътимод накунед!!!

Ва ин бандагони дилсӯз (!) Ба ин масъала таваҷҷуҳ надоранд –чун баррасӣ накардаанд– ки кадом як аз он муддаъиён ки аз онҳо ном мебаред, дар суханонаш ба беш аз 20 оя истинод кардааст?! Ту бигӯ ба беш аз 10 оя! Кадом як аз онон чунин паёми азимеро бо Қуръон ба мусалмонони ҷаҳон додааст?! Кадом як аз онон ҷуръат доштааст бо Қуръон пеш биёяд?! Иллаташ он аст ки ё Қуръонро ҳеҷ намефаҳмида ё онқдарро мефаҳмаида ки бифаҳмад оёташ алайҳи ӯст!

Вонгае ба ман бигӯ эй дилсӯзи муслимин! Ин чи Қуръоне аст ки ба қавли ту, ҳар муддаъии бозгашт ба Исломе метавонад як китобро бар пояи он бинависад ва садҳо ҳуҷҷат ва истедлолро мубтанӣ бар оёти он ба мусалмонон арзонӣ дорад?! Агар Қуръоне ки аз он ном мебарӣ чунин Қуръоне аст, пас бояд монанди китоби «Бозгашт ба Ислом» даҳҳо китоб дар дасти мо бошад, дар ҳоле ки нест! Аз ин гузашта, чаро сафсата мекунӣ ва мардумро фиреб медиҳӣ?! Агар рост мегӯӣ даст аз куллигӯӣ бардор ва бигӯ кадом як аз истидлолҳои ин китоби шариф ба оёти Қуръон, саҳиҳ нест?!! Кадом як аз онҳо бар хилофи аҳкоми ақли ё ривоёти мутавотир аст?! Ба илова, бигӯ кадом як аз он муддаъиёни каззоби малъун, мунодии «Бозгашт ба Ислом» будаанд?? Онҳо ҳар чизе гуфтаанд ҷуз Ислом; Чаро ки ё аслан мусалмон набудаанд, ё будаанд ва Исломро намешинохтаанд ё онқадар мешинохтаанд ки бидонанд Ислом иҷозаи чунин иддаъои газзоф ва бедалилеро ба онон надодааст!

Иддаи касире ҳам ки аслан корашон ба ин ҳарфҳо намерасад. Исломи онҳо Исломи рақс ва овоз ва тараб ва ғиност, ба иловаи намози аввал вақт ва сари вақт!! Ё Исломи тиҷоратҳо ва даромадҳои ҳаром ва пурсуд ва намози аввали вақт ва сари вақт!! Ва ё Исломи хӯрдан ва хобидан ва хашму шӯҳрат, ба иловаи намози аввали вақт ва сари вақт!! Муслимин ҳанӯз дил набуридаанд аз ин чоҳи фозилобе ки номашро зиндагӣ гузоштаанд ва хуб ва хуш дар он нафас мекашанд ва ҳуккоми золим, фосид, ҷоҳил, фосиқ ва гоҳ кофир ва мушрики хешро пайравӣ мекунанд.

Ҳақиқат ин аст ки мо муслимин, ҳазор ҳазор тан ҳастем ва як тан ҳам нестем. Ба ҳеҷ дарди Ислом нахӯрдаем. Ба доду дарди худамон нарасидаем чи расад ба Ислом! Сиёҳии лашкарем, сипоҳиёнӣ дасту по ва гардан шикаста! «Матарсак» зеботарин номе аст ки метавонем бар рӯӣ худамон бигзорем...!

Барои чунин мусалмононе оре, оре, «Мумкин аст ҳазорон соли дигар ҳам бигзарад ва соҳиби аср ташриф наёваранд»(!!) Ва барои чунин мусалмононе бояд ҳуккоме на бо изни Худованд ки бо изни мардум (!) ҳукмронӣ кунанд ва дину дунё ва охирати ононро ба фасод ва табоҳӣ кашанд. Оре, барои чунин мусалмононе бояд чунин истидлоли музахрафе кард то бар гардани онон сувор шуд: Худованд салоҳ донистааст ки ғайбате барои халифааш падид оварад ки дар он аҳкоми Ислом бар замин бимонад ва «Мо» салоҳ медонем ки ин чунин набошад! Лизо ҳукумат ва ҳукуматҳое ташкил медиҳем то дини Худо бар замин намонад! Худованд салоҳ донистааст ки ҳокиме аз сӯӣ хеш бар мо нагуморад то аҳкомашро иҷро кунем; Лоҷарам мо худамон ҳокиме интихоб мекунем ки аҳкоми Худовандро иҷро кунем!!! Ин тавр мо кӯтоҳии Худовандро ҷуброн мекунем ва салоҳи корро ба Ӯ меомӯзем ва табъан Ӯ қаздори мо ҳам мешавад!!!

Ин аст Худое ки мо муслимин мепарастем!! Худое ки намедонад салоҳи муслимин чист ва дар куҷост!!

Гувороямон бод парастиши ин Худо ва диндорӣ бо ин Ислом ва пайравӣ аз ин ҳуккоми дилсӯз дар сартосари ҷаҳони Ислом!!

Ҷои таъоруф нест. Бидуни шак мо лойиқи ҳамин торикӣ ҳастем ки ба он одат кардаем ва лаёқати офтобе мисли Мансури Ҳошимии Хуросониро надорем!! Барои мо дастаи кӯрон рӯз ва шаб баробар аст!!

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.