Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Давлати Исломии Ироқ ва Шом ё ҳамон «Доъиш», унвони ҷараёнӣ ифротӣ ва бисёр хатарнок аст ки бо меҳвар қарор додани хилофати шахсӣ мармуз ба номи Абу Бакр Бағдодӣ ва бо рӯйкарди такфири шаъаён ва аҳли суннат ва қатл ва ғорати мусалмонон, дар ҳоли ҷавлон додан дар ҷаҳони Ислом аст ва ҳар рӯз хабари барафрошта шудани байрақи манҳуси он дар гӯшае аз сарзаминҳои Исломӣ ба гӯш мерасад. Ин ҷараёни шайтонӣ ки бо ҳимоятҳои пинҳони Амрико ва Ингилис ва муздурони Араб онҳо по гирифта, нақшаи «Нобудии Ислом бо Ислом» ро калиди зада ва тахриби бунёдитарин муъаллифаҳои Исломиро дар дастури кор қарор дода ва бо ҳаросафканӣ ва бадномсозии Ислом ва мусалмонон дар сар то сари ҷаҳон ва ба вайронӣ кашондани кишварҳои Исломӣ, дар ҳоли муқаддамачинӣ барои зуҳури комили даҷҷол ва иҷрои фози охири низоми навини ҷаҳони аст. Ин ҷараёни шайтонӣ дар ду меҳвари идеоложик ва низомӣ дар ҳоли пешравӣ аз ғарб ба сӯӣ шарқ аст ва албатта ҳимоятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳомиёни пинҳон ва ошкораш, пуштибонаи таҳаққуқи аҳдофи зидди башарӣ ва зидди Исломии он маҳсуб мешавад.

Доъиш дар меҳвари идеоложик бо фиреб додани мусалмонони сода ва эҳсосотӣ ва таҳрези онон ба ҷиҳоди тоғутӣ алайҳи мусалмонони ҷаҳон дар сояи таъолими золлаи ваҳҳоби ва салафигарӣ ва татиммаъи онон бо такя бар доларҳои нафтӣ ва ғайри нафтии бодоварда, дар ҳоли ёргирии густарда дар ақсоӣ нуқоти олам аст. Воковии равоншиносонаи афроде ки ба доъиш мепайванданд, ин натиҷаро ба даст медиҳанд ки онон навъан ё ҷавонони тоза мусалмон ва бесаводе ҳастанд ки дар кишварҳои ғйри Исломӣ ба доми мубалиғони ваҳҳобӣ гирифтор омадаанд ва ё беморонӣ равонӣ ва ҷинсӣ ҳастанд ки бо руҳиётӣ хашен ва номутаъораф, доъишро бистарӣ муносиб барои орзуи ҳисси иқтидоргаронӣ ва уқдагушоии ҷинсии худ меёбанд. Ин дар ҳоле аст ки мутаъассифона ҷараёнҳои ба истилоҳ ҷиҳодии дигар дар минтақа назири толибон ва алқоъида низ бо онки собиқа ва пухтагии бештаре дар фаъолиятҳои идеоложик ва низомӣ доранд, бо вододагӣ ва инфиъоли комил дар баробари пешравиҳои доъиш ва нигаронии бобати маҳв шудан аз муъодилоти минтақа, савдои пайвастан ба онро доранд ки дар сурати таҳаққуқи комили ин иштибоҳи бузург, бар оташи вайронгари бӯҳрони доъиш, нафти зиёде рехта хоҳад шуд.

Ҷудо аз меҳвари идеоложик, дар меҳвари низомӣ низ доъиш бо ҷалби ҳимоятҳои пушти пардаи давлатҳои мустакбир ё кӯтоҳфикр ва мулҳақ сохтани гурӯҳакҳои низомӣ ва чирикии қорчишакл, рӯз ба рӯз бар қудрат ва нуфузи худ дар минтақа меафзояд.

Дар чунин шароити ҳасос ва сахтии муқобила бо ин гурӯҳи ифротӣ, мӯҳтоҷ ба иқдомоти ҷиддӣ дар ҳар ду ҳавзаи фарҳангӣ ва низомӣ аст, вале шояд иқдомоти фарҳангӣ, аз он ҳайс ки муқобила бо мақбулияти иҷтимоъии ин гурӯҳ дар миёни оммаи мардум ва низ дафъи ангезаҳои маънавӣ ва эътиқодии ботл дар ҳимоят аз он хусусан дар миёни афроди амалгаро ва ба истилоҳ ҷиҳодии минтақа ба шумор меояд, аз авлавият ва аҳмияти бештаре бархурдор аст.

Дар воқеъ агар аз ҳайси гиополетик (ҷуғрофияи сиёсӣ) ба падидаи доъиш бингарем, мебинем ки кишварҳои Ироқ ва Сурия таҳти нуфуз ва сейтараи ин ҷараёни нобудгар қарор доранд ва дар мавқеъиятӣ бисёр мутазалзил ва нопоядор ба сар мебарад. Соири кишварҳои Арабӣ ғайри мутахосим бо доъиш низ дар ҳақиқат, ҳомиёни пушти пардаи он маҳсуб мешаванд. Туркия низ ҳомии расмӣ ва дараҷа яки он аст ки эҳтимолан ба дунболи як тавофуқи сиррӣ ва аҳмақона бо он бо ангезаи эҷоди хилофатӣ ориятӣ ва қобили табдил ба хилофати Усмонӣ, дар канори он истодааст. Покистон низ бо пайвастани толибони ин кишвар ба доъиш ки эҳтимолан бо ҳамоҳангии истихбороти мармуз ва печидаи он сурат гирифта, дар остонаи илҳоқ ба доъиш қарор дорад. Дар ин миёна танҳо Афғонистон боқӣ мондааст ки гулуҳгоҳи истротежики доъиш барои муҳосираи Эрон ва тасаллути комил бар кулли ҷаҳони Ислом ба шумор меояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ҳомиёни аслӣ ва пушти пардаи доъиш, хуб медонад ки ҳаракати ибтидоии доъиш ба сӯӣ Эрон, пеш аз такмили ҳалқаи муҳосираи он, корӣ душвор аст. Аз ин рӯ, пеш аз фатҳи Ироқ ва ҳамроҳ сохтани Туркия, кишварҳои Арабӣ ва Покистон, пуружаи бисёр маккорона барои тасаллут бар осиёи миёна бо авлавияти нуфуз ба Афғонистонро калиди задаанд то бо ин шева, қодир ба муҳосираи Эрон, нуфуз ба кишварҳои монанди Тоҷикистон ва низ соя андохтан бар қудратҳои рақибе чун Руссия ва Чин бошанд. Ин фоҷиъае аст ки дар сурати вуқӯъ, заминаи ҷангӣ бузург дар минтақа бо таҷовузи доъиш ба марзҳои Эронро фароҳам хоҳад сохт ва табъан бурузи ҷиноёти ҷангӣ густардае хусусан бар зидди шиъаёни Афғонистонро ба дунбол хоҳад дошт.

Аммо дар шароити сахт ва печидае бо чунин даврнамои торик ва ваҳшатангезӣ, иттифоқе нест ки Худованд дар ин минтақаи ҳассос, раҳбарӣ маънави бо як идеоложии бисёр қавӣ ва дар зиддияти комил бо идеоложии доъишро зоҳир сохтааст ки наҳзати фикрӣ ва Исломии Маҳдиро аз дуртарин марзҳои осиёи миёна то дуртарин марзҳои Эрон ба роҳ андохтааст ва монанди саддӣ фарҳангӣ, дар баробари нуфузи доъиш ба қалби Афғонистон ва муҳосираи ҷумҳурии Исломии Эрон истодааст. Наҳзати фарҳангӣ мавсум ба «Бозгашт ба Ислом» бо раҳбарии алломаӣ муслеҳ ва мубориз ба номи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бидуни шак охарин санги бузург барои муқобила бо истелоъ ҷароёни шайтонии доъиш бар осиёи миёна ва таҳдиди марзҳои шарқии Эрон ба шумор меояд. Ин ҷараёни қавии фикрӣ ва фарҳангӣ бо такя бар гуфтумони ақлонӣ ва Қуръонии худ ки дар китоби арзишманди «Бозгашт ба Ислом» ва низ мавзеъгириҳои ҳушмандона ва муҳками он дар пойгоҳи иттлоърасонӣ дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ инъикос меёбад, ба сурати билқувва тавоноии онро дорад ки бо муборизаи идеоложики бисёр амиқ ва густарда бо бидъатҳо ва инҳирофоти фикрии ҷараёни доъиш ба хусус доъияи хилофат ва рӯйкардҳои ақлситезонаи он ки дар пӯшиши салафигарӣ ва ҷиҳод тарвиҷ мешавад, пеши пешравӣ ва тавсиъаи таблиғотии онро дар ин минтақа, балки саросари ҷаҳони Исломро бигирад ва бо расво сохтани он аз ҳайси фарҳангӣ ва мабноӣ ба хусус барои ҷавонони сода ки ба шавқи ҷиҳод ба он мепайванданд, раванди фазояндае ёргирии онро кунд ва мутаваққиф кунад. Ба унвони намуна, муҳимтарин чолише ки Мансури Ҳошимии Хуросоӣ ба масобаи саддӣ идеоложик дар баробари ҷараёни шайтонии доъиш эҷод мекунад, даъват ба сӯӣ байъат бо Аллоҳ дар қолиби байъат бо ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом аст. Дар воқеъ ин олими мусалмон бо наҳзати Исломии бисёр қавӣ ва вазини худ, мусалмонони ҷаҳонро ба хилофати воҳиди Исломӣ фаро мехонад ва ин фи ҳадди нафси барои мусалмонони шигифтаи хилофат ва мустаъид барои ҷазб шудан ба доъиш, ҷаззобияти кофиро дорад, вале хилофате ки ӯ ба онон пешниҳод мекунад, хилофате нест ки шаётине чун Абу Бакр Бағдодӣ дар раъси он бошад, балки хилофатӣ Исломӣ аст ки дар раъси он танҳо халифаи бар ҳаққи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом қарор дорад. Ин даъвати бисёр муҳим ва корбурдӣ, дар бахшҳои мухталифе аз китоби «Бозгашт ба Ислом» хусусан бахши «Мункирони ҳуҷҷияти ақл», «Мавонеъи бозгашт ба Ислом», «Маҳдӣ халифаи Паёмбар», «Тавҳиди Худованд дар таҳким» ва «Ҷиҳод», бо такяа бар оёти рӯшани Қуръони карм ва суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва бароҳини муҳками ақлӣ тавассути ин донишманди мусалмон табйин шуда ва дар ҳоли таблиғ дар саросари ҷаҳони Ислом аст.

Дар чунин мавқеъияти хоссе аммо ончи бисёр зарурӣ ва ҳоъизи аҳмият аст ва ҷойӣ холии он шадидан эҳсос мешавад, ҳимояти кишварҳои минтқа хусусан Афғонистон ва Эрон аз ин олими муслеҳ ва мубориз аст; Зеро дуруст дар замоне ки ӯ ба унвони охирин санг дар ҳоли муқобилаи фарҳангӣ бо нуфузи рӯзафзуни доъиш ба осиёи миёна аст, давлатҳои Афғонистон ва Эрон бо ғафлат ва кӯтоҳии маргборе ӯро аз ҳар лиҳоз танҳо гузоштаанд ва ҳеҷ иқдоме барои пуштибонӣ аз ӯ анҷом намедиҳанд! Ин ғафлат ва кӯтоҳии маргбор, то ҷойе ки ба низоми ҷумҳурии Исломии Эрон марбут мешавад, комилан ошкор ва бепарда аст; Чароки ин низом на танҳо ин садди мукам дар баробари доъишро бо ҳимояи имконоти худ тақвият намекунад, балки ба анҳоъи мухталиф бо баҳонаҳои воҳӣ ва авомона, тазъиф ва тахриб менамояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз оғози ҷунбиши фикрии «Бозгашт ба Ислом», бойкоти хабарии густадаеро нисбат ба он дар пеш гирифта ва аз ҳар гуна инъикоси фаъолиятҳои он дар дохили кишвар, пешгирӣ намуда ва таблиғоти фишурда ва густардаеро ба сурати расмӣ бар зидди он оғоз карда ва ба ҳамаи паёмҳои дӯстии он то кунун, посухи манфӣ додааст! Ҳеҷ шакке нест ки ин рӯйкарди аҷиб ва насанҷида, як хабти сиёсӣ ва иштибоҳи муҳосиботии фоҳиш маҳсуб мешавад ва аз нопухтагӣ ва бебасиратӣ мудирон ва ниҳодҳои тасмимгиранд дар ин кишвар ҳикоят дорад; Зеро возеҳ аст ки шикасти ин ҷунбиши исломӣ дар шарқи ин кишвар, чизе ҷуз як фоҷеъа барои ин кишвар нахоҳад буд; Бо таваҷҷуҳ ба инки доъишро ба ҷараёнӣ берақиб дар марзҳои шарқии он табдил хоҳад кард, ҳамчунонки тақрибан ба ҷараёнӣ берақиб дар марзҳои ғарбии он табдил шудааст ва ин ба маънои муҳосираи комили он тавассути ин ҷараёни мунҳариф ва шайтонӣ аст!

Ба ҳар ҳол, чизе ки кишварҳои мусалмони минтақа хусусан ҷумҳурии Ислмии Эрон ва Афғонистон бояд бидонад он аст ки ҳимояти сиёсӣ, иқтисодӣ, таблиғотӣ ва дар сурати лозим низомии онҳо аз наҳзати бозгашт ба Ислом ва раҳбари озада ва муборизи он Мансури Ҳошимии Хуроснӣ, неруӣ фарҳангӣ ва амалиётӣ мутарокимеро барои дафъи доъиш озод хоҳад кард ва аз фоҷеъаи бисёр бузург дар осиёи миёна пешгирӣ хоҳад намуд; Зеро ҳангоме ки изҳони мусалмонони минтақа нисбат ба беасос будани идеоложии доъиш ва номашрӯъ будани хилофати саркардаи он рӯшан шавад, ҳимоятҳои молӣ ва инсонии онон аз он коҳиш меёбад ва мутаваққиф мешавад ва ҳатто ба муқобилаи фарҳангӣ ва чи басо низомӣ бо он табдил мегардад ва нокомии ин гурӯҳ дар ин минтақаро ҳатмӣ месозад. Ин иқдоми бисёр ҳаётӣ ва муҳимме аст ки набояд дар он таъаллул сурат гирад; Чароки ин гурӯҳи хабис даст аз арбобони кофир ва мунофиқи худ дар тадоруки ҳуҷумӣ ваҳшиёна ва қарибулвуқъ ба минтақа аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ танҳо касе аст ки аз лиҳози идеоложики тавоноии истодагӣ дар баробари он ва пешгирӣ аз нуфузи онро дорад, машрут ба инки кишварҳои мусалмони минтақа хусусан Эрон ва Афғонистон, ҳар чи зудтар тамосҳои лозим бо ӯ барқарор кунанд ва ба унвони ҳомиёни ҳамаҷонибаи ӯ дар саҳна ҳозир шаванд ва ҳомиёни ҳамаҷонибаи доъишро аз саҳна хориҷ созанд; Коре ки албатта ҷуз бо ҳушёрӣ, пухтагӣ ва дурандешии кофии масъулони олии ин ду кишвар имконопазир нахоҳад буд.

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.