Шанбе 25 феврал 2017 мелодӣ баробар бо 29 ҷимоди-юл-уло 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Хондани дидгоҳҳо

Шумора: 13 Нависандаи мақола: Тарихи мақола:
Мавзӯъи мақола:

Ҷаҳони Ислом; Дар такопуйи роҳи наҷот

Ҷаҳони Ислом; Дар такопуйи роҳи наҷот

Имрӯз ҷаҳони Ислом дучори ошуфтагиҳои фаровон ва нобасомониҳои бесобиқа шудааст ва авзоъи он ба ошуфтабозоре мемонад ки ҳеҷ назм ва сомони мушаххасе надорад; Чи онки аз як сӯ муддати зиёде аст уммати Ислом аз ҳолати якпорчагии сиёсӣ ва фарҳангӣ берун омада ва ба ҷазираҳои мустақил ва мутахосим табдил шудааст ва аз сӯӣ дигар ин рӯзҳо дар ҳар гӯша аз ҷаҳони Ислом, ҳар гурӯҳе аз мусалмонон барои худ парчаме барафрошта ва доъияи ҳукумат дорад ва барои тасоҳиби қудрати бештар ба ҳар коре даст мезанад. Акнун мусалмонон ба рақибои сиёсии якдигар дар минтақа табдил шудаанд ва дар мусобиқаи касифи қудрат, барои нобудии якдигар кӯшиш мекунанд, дар ҳоле ки куффори хориҷӣ аз як сӯ ва мунофиқони дохилӣ аз сӯӣ дигар, дар ин оташи тафриқа медаманд ва ихтилофоти мавҷуд миёни мусалмононро бо тафриқаҳои гуногун ташдид менамоянд.

Дар чунин ҳангомаи пурошубе, суъоли бисёр муҳим ва таъйин кунанда он аст ки беҳтарин рӯйкарди мусалмонон ва оқилонатарин тадбири онон барои раҳойи аз фитнаҳои саҳмгин ва вайронгаре монанди ҷанг, хунрезӣ, куштори мрадуми бегуноҳ, нооромӣ, низоъ, тафриқа ва ҳазорон балои дигар ки аз ҳар тараф ононро иҳота карда ва рӯзашонро тираву торик сохта, чист? Ба иборати дигар мусалмонон ки дар ҳоли ҳозир дар муҳосираи куффори хориҷӣ аз як сӯ ва мунофиқони дохилӣ ва низоъҳои фирқаи ва дарунӣ аз сӯӣ дигар қарор доранд ва уммати Ислом ҳар рӯз беш аз пеш дар оташи ин бӯҳронҳои тоқатфарсо месӯзад, вазифаи як мусалмон барои бурун рафт аз ин бӯҳронҳо ва наҷоти уммати Ислом аз чолишҳо ва танишҳои мавҷуд чист? Дар мақоми посух ба ин суъол, мусалмонон ба дастаҳои гуногун тақсим шудаанд ва дар майдони амал ба он посухҳои мухталифе додаанд ки метавон онҳоро бо нигоҳӣ гузаро ва иҷмолӣ дар 4 даста табақабандӣ кард:

1. Иддаъе аз мусалмонон дар чунин шаройити бӯҳронӣ ва бесобиқае вазифаи худро амалгароӣ ва иқдомоти маядонӣ ва хашен дар ҳавзаи низомӣ ва истротежик медонанд; Ба ин маъно ки мӯътақиданд беҳтарин ва муъассиртарин роҳкор барои тағйири шаройит дар ҷаҳони Ислом, пайвастан ба гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақа ва низ тақвияти қудрати онон ба манзури зарба задан ба куффори муҳориби ғарбӣ ва ақаб рондани мунофиқон ва дар ниҳоят ба заъми худашон, иҷрои аҳкоми Исломӣ аст; Ғофил аз онки аз як сӯ бархӣ аз ҳамин гурӯҳҳо ва амироъи тарози аввали онҳо дар пушти парда даст дар дасти кофирон ва мунофиқон доранд ва бо имконоти низомии кофирон ва ҳимоятҳои сиёсии мунофиқони хоъин ва риёкор бар сари кор омадаанд; Ҳамчунонки масалан вобастагӣ ва сарсупурдагии гурӯҳи терористии доъиш ба абарқдратҳои муҳорибе ҳамчунин Амрико ва Исроъил ва ҳокимони мунофиқе монанди оли Саъуд бар касе пӯшида намонда ва бо ифшои иттилоъоти сиррӣ дар ин ҳавза тавассути ифшогароне монанди <<Эдворд Исноден>> корманди собиқи созмони иттилоъоти марказии Амрико ва низ сиёсатмадорони бознишаста ва мутталеъ дар ин ҳавза монанди <<Ҳилорӣ Клинтон>> ки дар ҷараёни пушти пардаҳо буданд, барои ҳамагон бармало шудааст. Аз сӯӣ дигар бархӣ дигар аз амироъ ва саркардагони ин гурӯҳҳои ба истилоҳ ҷиҳодӣ, ба воситаи ҷаҳли густарда ба аҳкоми Исломӣ ва адами ошноӣ бо мазоиқи шариъат, салоҳият ва шойистагии иҷрои аҳкоми Исломӣ ва тибқи он дар миёни мусалмононро надоранд ва аз ҳама муҳимтар онки Худованд ононро барои ҳукумат бар мусалмонон ихтиёр накардааст; Лизо қудратгирии онон дар ҳавзаи низомӣ ва тасаллути онон дар ҳавзаи сиёсӣ дар гӯша гӯшаи ҷаҳони Ислом беш аз ҳар чизи дигар мояи густариши ошуб ва ноамнӣ ва низ ваҳни шаъоир ва намодҳои Исломӣ шуда ва табиъатан асбоби дингурезии мусалмононро фароҳам намудааст; Ҳамчунонки фаъолиятҳои ифротӣ ва хашени онон дар бархурд бо мардуми бегуноҳ ва ғайри низомӣ ва низ мавзеъгириҳои тангназарона ва вопасгароёнаи гурӯҳҳои дигар дар митақаи осиёи миёна монанди толибон ва низ сойири гурӯҳҳои инчунинӣ монанди ал-қоъида, бар илтиҳоб ва фазои таниши олудаи мамолики Исломӣ афзуда ва ҳаргиз фаъолиятҳои ин гурӯҳакои ҳаросафган, гиреҳе аз мушкилоти уммати Исломи боз накардааст. Лизо ин рӯйкард ҳаргиз наметавонад рӯйкарди саҳиҳе барои гузор аз бӯҳронҳои мавҷуд дар ҷаҳони Ислом ва мудирияти онҳо ба сӯӣ субот, амният ва адолати пойдор бошад.

2. Аммо дар миқёсӣ густардатар, бархӣ аз мусалмонон дар кишварҳое монанди Эрон ки ҳокимонаш муддаъии ташкили ҳукумати Исломӣ ҳастанд ва машруъияти сиёсии ҳукумати худро низ аз мафоҳими динӣ интизоъ кардаанд ва Исломро ингуна ба нафъи худ мусодира намудаанд, ба ин натиҷа расидаанд ки ҳокимият дар ин кишварҳо ба маротиб беҳтар аз сойири ҳокимиятҳои мавҷуд дар ҷаҳони Илом аст; Бо ин бардошт ва тасаввури ноқис ки сойири кишварҳои Исломӣ монанди ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқоз ва кишварҳои истеқлол ёфтаи шӯравии собиқ ва кишварҳои монанди Туркия сикулор ҳастанд ва парчами демокросиро барафроштаанд ва ё монанди аксари қариб ба инфоқи кишварҳои Арабии минтақа, салтанатҳои истебдодӣ ва диктотуриҳои худкомро ташкил додаанд, лизо дастае аз мардум дар кишварҳои монанди Эрон ба ин бароянд расидаанд ки беҳтар аст бо ҳокимони худ ҳамдостон шаванд ва аз онон ҳимоят намоянд, ба ин умед ки аз як сӯ бо ин шева ба иззат ва сарбаландӣ даст ёбанд ва ба оқибати бархӣ аз кишварҳои Исломӣ дучор нашаванд ва низ аз сӯӣ дигар ин ҳокимон барояшон амният, озодӣ, рафоҳ ва адолати пойдорро ба армуғон биёваранд ва ормонҳои Исломияшонро муҳаққақ гардонанд. Аммо ин даста аз мусалмонон низ аз ин мавзӯъ ғофил ҳастанд ки ҳокимонашон ҳар андоза ҳам қобили эҳтиром ва шойиста бошанд, аз сӯӣ Худованд барои ҳокимият бар мусалмонон мансуб нашудаанд ва аз халифаи мансуби Худованд бар рӯӣ замин солеҳтар нестанд ва лизо дар муқойиса бо ӯ ҳокимонӣ машрӯъ ва матлуб шумурда намешаванд ва шойиста аст ки мансаби ҳукуматро раҳо кунанд ва ба вай биспоранд. Ба илова ҷудо аз ин мавзӯъ, инон ҳукумати худро бар пояи як назарияи номумкин ва шоззи фиқҳӣ таҳти унвони <<Вилояти мутлақаи фақиҳ>> мубтанӣ сохтаанд ки рӯйкардӣ комилан инҳирофӣ ва бидъатомез аст ва гунаи истибдоди сиёсӣ ва худкомагиро дар пӯшиши Ислом фароҳам сохтааст ва дар мақоми амал низ тавоноӣ барқарории адолат ва инсофро дар миёни мардум надорад ва ҳар рӯз ки мегузарад нотавонӣ ва базоъати андаки онон дар кантроли авзоъи дохилии Эрон ва эйфои нақши муфид ва таъомул созанда бо ҷаҳони Ислом ошкортар мегардад ва муҳимтар онки алорағми иддаъоҳои газзоф ва козибе ки дар ин ҳавза доранд нахостаанд ва ё натавонистаанд заминаро барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам намоянд. Лизо бо таваҷҷуҳ ба нотавонӣ ва адами аҳлият ва салоҳияти шаръӣ ва ақлии инҳо дар қиёдати мусалмонон ва ҳидояти онон ба сӯӣ саъодат ва адолат, тардиде нает ки вазифаи як мусалмон наметавонад пайравӣ аз ин ҳокимон ва қарор гирифтан дар зери парчами онон ва таъйиди ҳокимияташон бошад.

3. Аммо гурӯҳи севум, муштамал бар маҷмӯъаи гурӯҳҳо ва афроде аст ки ба далоил ва ангезаҳои гуногун ҳеҷ талоши муъассир ва шойистаи таваҷҷуҳе барои тағйири авзоъ дар ҷаҳони Ислом намекунанд ва танҳо ба масобаи тамошочиёне аз дур назора мекунанд то бубинанд ҷаҳони Ислом ба ҳамроҳи мусалмононаш чигуна аз боло ва пойин хӯрда мешавад ва чигуна ба сӯӣ нобудӣ ва табоҳӣ дар меғалтад! Иддае аз онон бо ин тавҷиҳ ки набояд дар фитнаҳои охирул замон вуруд намуд, кунҷи узлат ва офият нишастаанд ва ба ибодату дуъо машғул ҳастанд ва зоҳиран бар рӯӣ ахлоқи фардии худ ва атрофиёнашон тамаркуз намудаанд ки шояд битавон <<Анҷумани ҳуҷҷатия>> ро дар Эрон намунае аз онон донист. Иддаи дигар аз мусалмонон монанди <<Ҷамоъати таблиғиҳо>> бар рӯӣ таблиғи куллияти Ислом ва хусусан шиъори ибодии он монанди вузу, намоз, рӯза ва фарогирии тиловати сураи хурди Қуръон таъкид мекунанд ва иҷтимоъоти бисёр анбӯҳеро барои ин манзур дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳони Ислом ташкил медиҳанд ва бо таҳаммули машаққатҳои бисёр ва бо ҳамли бору банаҳ ба кишварҳои Исломии дур ва наздик сафар мекунанд ва ба таблиғ дар миёни мусалмонон мепардозанд, ҳамчунонки иддаи дигар аз <<Таблиғиҳо>> ба манзури густариши Ислом дар миёни кофирон, саъй дар исботи ҳаққоният ва аслияти Ислом ва Қуръон барои онон доранд то заминаро барои интишори ҳар чи бештари Ислом дар миёни онон фароҳам оваранд. Агарчи тардиде нест ки ин даст фаъолиятҳо дар ҷойи худ муфид ва арзишманд аст ва барои уммати Ислом зарурӣ арзёбӣ мегардад, аммо бидуни шак, роҳи ҳалли аслӣ барои мӯъзалоти тарози аввал ва авлавиятдори мусалмонон ва чораи барои бурун рафт аз бӯҳронҳои феълӣ ва танишзои мусалмонон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва низ иқдомӣ кофӣ ва роҳгушо барои он маҳсуб намегардад; Чароки ба рӯшанӣ ин даст фаъолиятҳо, ҷанбаи зербаноӣ надорад ва зерсохтҳои вайронро дар ҷаҳони Ислом ислоҳ наменамояд ва сирфан иқдомотӣ сатҳӣ ва камфоида маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон, гурӯҳӣ дигар аз мусалмонон дар фаъолиятҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ дохил шудаанд ва бо тарҳи шиъорҳои куллӣ ва дупаҳлӯ ва фаъолиятҳои фарҳангии густардаӣ таблиғотӣ дар сатҳи ҷаҳони Ислом саъй дар афзоиши тарафдорон ва ҳомиёни худ доранд. Монанди <<Ҳизбуттаҳрир>> ки дар бархӣ кишварҳои Исломӣ монанди Индонезӣ, Яман, Туркия, Покистон, Афғонистон ва ... дар ҳоли тақаллои бисёр барои тавсиъа ва интишори шиъори худ мабнӣ бар эҳёъи хилофати воҳид ва якпорчаии Исломӣ аст, дар ҳоле ки ҳеҷ таърифи мушаххасе аз ин хилофати иддаъои ироъа намекунад ва бадтар аз ҳама онки агарчи дар мақоми зоҳир барои шахси халифа ва кистии ӯ ё шаройити интихобаш, аҳаммияте қоъил нест ва ба назар мерасад ингуна илқоъ мекунад ки муҳим, таҳаққуқи хилофати воҳиди Исломӣ аст ва халифаи он чандон барояшон муҳим нест ва албатта бо нигоҳӣ ҳушёронатар, ин эҳтимол вуҷуд дорад ки онон пушти парда шахсӣ ғайри муваҷҷаҳ ва ноаҳлро барои хилофат бар мусалмонон дар назар гирифтаанд, аммо намехоҳанд нобаҳангом ва дар ин бурҳа ӯро муъаррифӣ намоянд ва мунтазири фурсате ҳастанд то бо ҳаракатӣ ногаҳонае қудрат бар мусалмононро ба даст бигиранд, то халифаи номниҳоди худро бар сари кор бинишонанд!

4. Гурӯҳи чаҳорум шуморе дигар аз мусалмонон ҳастанд ки ба сурати хос дар кишварҳои аҳли ташаюъ монанди Эрон ва Ироқ ба дунболи муддаъиёни газзофагӯ ва каззоби маҳдавият ба роҳ афтодаанд ва бо истинод ба хурофоту муҳмалот ва бидуни камтарин баҳрагирӣ аз маъорифи ноби Исломӣ ва низ хурдтарин эътиное ба ақлоният ва воқеъгарйии Исломӣ, муддаъӣ ҳастанд ки онон, танҳо роҳ ёфтагон бар рӯӣ замин ва мунҷии мавъуди мусалмонон ҳастанд ва ҳар кас тариқе ҷуз тариқи онон баргузинад, на танҳо ба бероҳ рафта балки шойистаи дӯзах аст!!

Рӯшан аст ки ҳеҷ як аз ин рӯйкардҳо ва нигаришҳо наметавонад барои мусалмонон роҳгушо бошад; Чароки аз як сӯ натанҳо то кунун гиреҳӣ аз кори онон нагушуда, балки ҳамвора бар мизони илтиҳоб ва ташаннуҷи авзоъ афзудааст ва ғолиби мӯъзалоти ҳоким бар ҷаҳони Ислом ношиӣ аз ҳамин рӯйкрдҳост ва аз сӯӣ дигар ҳеҷкадом аз ин рӯйкардҳо, он чизе нест ки Худованд, мусалмононро ба сӯӣ он амр фармуда ва ба сӯӣ он далолат кардааст. Лизо мебинем ки на аз ҳайси мабноӣ пояи устуворе дорад ва на аз ҳайси коркардӣ то кунун ойиде барои мусалмонон доштааст.

Инҳо рӯйкардҳое буд бо як диди гузаро метавон дар сатҳи ҷаҳони Ислом мушоҳида кард, вале ба тозагӣ рӯйкарди дигаре дар шарқи ҷаҳони Ислом зуҳур кардааст ки ба назар мерасад чи аз ҳайси мабноӣ ва чи аз ҳайси корбурди, мутафовит ва муҷаззо бо рӯйкардҳои чаҳоргонаи мавҷуд аст ва метавон онро рӯйкардӣ навин ва дар айни ҳол асил донист ки ба тозагӣ дар миёни уммати мусалмон шакл гирифта ва матраҳ гардидааст. Раҳбарӣ ин ҷараёни Исломӣ ба ӯҳдаи шахсиятӣ олим, вораста, дилсӯз ва огоҳ аст ки дар ҷойгоҳӣ фаромиллӣ ва фаромазҳабӣ қарор дорад ва аз ақлонитарин ва яқиниарин манобеъи Исломӣ моя мегирад ва ба сӯӣ ормонӣ муштарак ва қобили қабул барои ҳамаи мусалмонон даъват мекунад. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо тарҳи шиъорӣ <<Бозгашт ба Ислом>> ва даъвати ҳамаҷониба ва густардаи ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба сӯӣ шинохтӣ воҳид аз Ислом ба унвони мабноӣ устувор барои иттиҳод ва канор гузоштани ихтилофоти мавҷуд, ҳамаи мусалмонони ҷаҳон аз ҳамаи мазоҳибро мухотаб сохта ва ингуна заминаро барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон фароҳам месозанд. Эшон дар китоби мутафовит ва таъсиргузори худ бо унвони <<Бозгашт ба Ислом>> ба тарҳи мабонии таъйинкунанда ва бунёдин дар бораи авзоъи кунунии ҷаҳони Ислом ва низ решаёбии дақиқ ва осебшиносии мушикофона ва амиқе дар ҳавзаи ақойид ва аъмоли мусалмонон мепардозад. Ҳазрати аллома Ҳошимии Хуросонӣ бар хилофи ҳамаи касоне ки дар ин ҳавза фаъолият мекунанд ба ҷои ҳошияпардозӣ ва тарҳи масоъили дасти чандум ва беаҳмият ки танҳо замон ва неруӣ мусалмононро ҳадар медиҳад, бо сароҳати лаҳҷа ва шуҷоъатӣ сутудае ва рӯйкардӣ ҳакимона, суханеро дар ин ҳавза ногуфта намегузорад ва дақиқан ба ҳадаф мезанад ва решаи мӯъзалоти кишварҳои Исломиро бо баёнӣ шиво ва қобили фаҳм барои ҳамагон табйин мекунад.

Эшон дар бахши севуми китоби гаронсанги худ ба тарҳи мавонеъи аслии бозгашт ба Ислом ба маънои мавонеъӣ ки то кунун монеъи иқомаи Ислом шудааст мепардозад ва бо истиқсоъӣ огоҳона ва воқеъбинона ки нишон аз ашроф ва сатҳи баиниш ва басирати эшон ба масоъили ҷаҳони Ислом дорад, ин мавонеъро дар ҳафт унвон эҳсоъ мефармоянд. Омили аввалӣ ки эшон ба он ишора мефармоянд ихтилофи мусалмонон бар сари ҳокимият ва заъомати сиёсӣ баъд аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки то ҳамин имрӯз низ идома дорад ва бахши аслии мунозиъот ва нооромиҳоро дар кишварҳои Исломӣ ба худ ихтисос медиҳад. Эшон ихтилофи мусалмонон бар сари ҳукуматро чи дар он даврон ва чи дар ин даврон беҳуда ва нишон аз ҷаҳли амиқ ва фаромӯшии мусалмонон нисбат ба мабнои машрӯъият дар Ислом медонанд ва дар ростои табйини чунин масъалаи хатире мефармоянд:

   <<…чунин ихтилофе миёни мусалмонон, ба ғоят аҷиб ва дур аз интизор аст; Зеро ҳеҷ тардиде нест ки ҳукумат дар Ислом, барои Худованд аст ва ба ғайри Ӯ таъаллуқ надорад ва ин аз мабонии возеҳ ва зарурии Ислом шумурда мешавад; Чунонки Худованд бо таъкид фармудааст: «إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ ۖ»;[1] <<Ҳукмронӣ ҷуз барои Худованд нест>> Ва фармудааст: «أَلَا لَهُ الْحُكْمُ»;[2] <<Огоҳ бошед ки ҳукумронӣ барои Ӯст>> Ва фармудааст: «لَهُ الْحَمْدُ فِي الْأُولَىٰ وَالْآخِرَةِ ۖ وَلَهُ الْحُكْمُ»;[3] <<Ситоиш дар дунё ва охират барои Ӯст ва ҳукумронӣ барои Ӯст>> Ва фармудааст: «فَالْحُكْمُ لِلَّهِ الْعَلِيِّ الْكَبِيرِ»;[4] <<Пас ҳукумронӣ барои Худованди волои бузург аст>> Ва фармудааст: «لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»;[5] <<Ҳукумат барои Ӯст ва ситоиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавононст>>... Бо ин васф, мусаллам аст ки ҳаққи ҳокимият, дар инҳисори Ӯст ва касе дар он бо Ӯ мушорикате надорад; Чунонки фармудааст: «مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا»;[6] <<Ононро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте нест ва дар ҳукумати худ касеро шарик намекунад>> Ва фармудааст: «الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ»;[7] <<Касе ки ҳукумати осмонҳо ва замин барои Ӯст ва фарзанде нагирифтааст ва барои Ӯ шарике дар ҳукумат нест>>...>>[8].

Ин ба он маъност ки мусалмонон дар тӯли ин солҳои мутамодӣ бар сари чизе бо якдигар меҷангидаанд ки асосан мутаъаллиқ ба онон набуда ва ба қавли маъруф аз киссаи <<Халифа>> будааст. Сипас ҳазрати аллома барои пешгирӣ аз сӯъи бардоштҳо ва каҷфаҳмиҳо дар ин ҳавза табйин мефармоянд ки инҳисори ҳукумат ба Худованд ва таъаллуқи ҳокимият ба Ӯ дақиқан ба чи маъност ва низ рӯшан мекунанд ки Худованд чигуна ҳукумати худ бар мардумро эъмол мефармояд. Эшон дар ин бора мефармоянд:

   <<…рӯшан аст ки Ӯ ҳокимияти хешро на аз тариқи ҷабри таквинӣ ё фиристодани фариштагон, бал аз тариқи ҷаъли халифае дар замин, эъмол мекунад; Чунонки фармудааст: «إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ»; [9] <<Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам>>; Чунонки ба унвони намуна, Довуд алайҳи саломро халифае дар замин қарор дод ва фармуд: «يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ فَاحْكُمْ بَيْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ»; [10] <<Эй Довуд! Мо туро халифае дар замин қарор додем, пас миёни мардум ба ҳақ ҳукумат кун ва аз ҳавои хеш пайравӣ накун ки туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунад>>! Ин ба он маъност ки Худованд ба унвони ҳоким бар ҳастӣ, дар иқдомӣ комилан маъқул, ҳукумати хешро аз тариқи таъйини ноъиб, эъмол мекунад; Чунонки ҳамаи уқало, барои эъмоли ҳукумати хеш, ҳамин корро анҷом медиҳанд ва рӯшан аст ки Ӯ холиқи уқало ва раъиси онон аст; Ҳамчунонки фармудааст: «وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ»; [11] <<Ва Худованд ҳукумати хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност>> Ва фармудааст: «قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ»; [12] <<Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас ки бихоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки бихоҳӣ боз мегирӣ>>; Ҳамчунонки ба унвони мисол, ҳукумати хешро ба Толут алайҳи салом дод ва ин дар ҳоле буд ки асҳоби Паёмбарш, ба ҳукумати ӯ розӣ набуданд ва ҳукматро шойистаи худ мепиндоштанд…>>[13].

Бинобарин тардиде нест ки ҳукумати Худованд замоне муҳаққақ хоҳад шуд ки ҳукумати халифаи Ӯ дар замин муҳаққақ шавад ва дар ғайри ин сурат ҳар ҳукумате ки дар раъси он фарде ғайр аз халифаи мансуби Худованд қарор дошта бошад, бидуни тардид тоғут аст ва вазифаи мусалмонон, халъи он тоғут ва нишондани халифаи Худованд ба ҷойи ӯст камо инки Паёмбарони Худованд низ чунин рисолате бар ӯҳда доштанд ва Худованд дар бораи онон фармудааст: «وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ ۖ»[14].

Сипас эшон дар қолиби як ёдоварии хатир ва бузург барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон, мисдоқи ин халифаи мансубро муъаррифӣ мефармоянд ва ӯро касе ҷуз <<Маҳдӣ>> намедонанд; Чароки ӯ танҳо касе аст ки дар манобеъи мӯътабари Исломӣ ба унвони қиёмкунандае ба ҳақ ва барподорандаӣ адолат дар охирул замон муъаррифӣ шуда ва мавриди таъйиди Худо ва Расулаш қарор гирифтааст. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, таъкид мефармоянд ки Маҳдӣ танҳо касе аст ки мусалмонон метавонанд бар гирди ӯ ва дар зери байрақаш ба иттиҳод ва ҳамгароӣ бирасанд ва ихтилофоти назарӣ ва низоъҳои амалии худ дар ҳавзаи ҳукуматро бартараф намоянд; Чароки Маҳдӣ аз як сӯ гумоштаи Илоҳӣ аст ва аз сӯӣ дигар ҳеҷ нисбат ва қаробате бо тарафҳои дигар дар ҷаҳони Ислом надорад ва байъати ҳеҷ тоғуте бар зиммаи ӯ нест ва ин ду омили асосӣ ва таъйин кунанда, <<Маҳдӣ>> ро ба гузинаи мавриди тавофуқ ва ризояти ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табдил кардааст.

Эшон дар бахше аз рӯшангариҳои худ дар ин китоби арзишманд, пас аз исботи тавотур ва итқони ошкор ва камназири ҳадиси <<Маҳдӣ>> дар манобеъи мӯътабари Исломӣ ва китоби ривойии мусалмонон ва таъкид бар лузуми иттиҳоди мусалмонон бар меҳвари Маҳдӣ, ба масъалаи фоҷеъабор ва хатири ғайбати имом Маҳдӣ ба маънои адами ҳузури ӯ дар ҷомеъа мепардозанд ва бо решаёбии амиқ ва таҳлили осебшиносонаи зарурати зуҳури Маҳдӣ ва авҷи изтирор ва эҳтиёҷи фаръии мардум ба он ҳазратро ёдоварӣ ва табйин мефармоянд.

Эшон дар идома сирфан ба тарҳи мабонии назарии қазия ва ривояти дардҳо басанда намекунанд, балки дар мақоми ислоҳ ва наҷоти уммат аз бунбастҳои мавҷуд, ҷудо аз онки иллати ғайбати Маҳдиро ошкор мекунанд, ба ифшои ин ҳақиқати бузург ва кетмон шуда дар тӯли тарих мепардозанд ки зуҳури Маҳдӣ робитаи мустақим бо ихтиёри мардум ва дар воқеъ ба дасти мардум аст. Ба иборати дигар метавон гуфт зуҳури Маҳдӣ, тобеъӣ аз иродаи ҷиддӣ ва азми воқеъии мардум маҳсуб мешавад; Иродае ки то кунун муҳаққақ нашуда ва азме ки то кунун шакл нагирифтааст. Эшон дар ҷиҳати табйини иллати ғайбат дар бахше аз китоби худ мефармоянд:

   <<…рӯшан аст ки таҳаққуқи адолат дар замин, бо зоҳир будани Маҳдӣ дар он мумкин аст ва бо ин васф, зоҳир набудани Маҳдӣ дар он, ба Худованд нисбат дода намешавад; Чароки дар таноқуз бо ғарази Ӯст ва таноқуз дар ағрози Ӯ муҳол аст; Чунонки фармудааст: «مَا يُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَيَّ وَمَا أَنَا بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ»;[15] <<Сухан дар назди Ман ду гуна намешавад ва Ман ба бандагон зул кунанда нестам>>! Ба илова, зоҳир набудани Маҳдӣ дар замин, монеъ аз таҳаққуқи адолат дар он аст, дар ҳоле ки эҷоди монеъ аз таҳаққуқи адолат дар он, зулм аст ва зулм ба Худованд нисбат дода намешавад. Тавзеҳ онки зоҳир набудани Маҳдӣ дар замин, ба сабаби адами вуҷуди муқтазӣ барои он нест; Чароки муқтазӣ барои он, лузуми таҳаққуқи адолат дар замин ва тавққуфи он бар зуҳури Маҳдӣ аст ки вуҷуд дорад ва бо ин васф, зоҳир набудани ӯ дар замин, ба сабаби вуҷуди монеъӣ барои зуҳури ӯст ва ин монеъ, ҳар чи ҳаст, наметавонад баромада аз ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд бошад; Чароки ирода ва иқдоми ибтидоӣ ба он, ҷилавгирӣ аз таҳаққуқи адолат аст ва ирода ва иқдоми ибтидоӣ ба зулм шумурда мешавад ва чунин коре, аз Худованд нашъат намегирад; Чунонки фармудааст: «وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ»;[16] <<Ва Парвардигорат ба бандагон зулм кунанда нест>>... Ҳамчунонки чунин коре, наметавонад баромада аз ирода ва иқдоми ибтидоии Маҳдӣ дар сурати вуҷуди ӯ бошад; Чароки Маҳдӣ, бинобар хабари мутавотири Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, аз аҳли байти он Ҳазрат аст ва Худованд аҳли байти он Ҳазратро аз ҳар гуна риҷс пок карда ва рӯшан аст ки ҷилавгирӣ аз таҳаққуқи адолат дар замин, риҷс аст. Ба илова, ирода ва иқдоми ибтидоии Маҳдӣ, ба ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд боз мегардад; Чароки Маҳдӣ халифаи Худованд дар замин аст ва ба хилофат аз ҷониби Ӯ, ирода ва иқдом мекунад ва бо ин васф, ирода ва иқдоми ибтидоии Маҳдӣ ба чунин коре, дар зимни ирода ва иқдоми ибтидоии Худованд ба он муҳол аст.>>[17]

Бинобарин маълум мегардад ки омили аслии ғайбат ба унвони як падидаи шум, тақсир ва кӯтоҳии мардум ва сӯъи иродаи онҳост ва ғайбати ҳуҷҷати Худованд бар рӯӣ замин ҳеҷ иртиботе ба иродаи ибтидоии Худованд надорад ва нисбат додани он ба Худо ва халифааш сафоҳат ва ифтироъ бар онҳо маҳсуб мешавад. Эшон дар идома бо баёнӣ мустадал ва дар айни ҳол инқилобӣ роҳи ҳалли ин мӯъзали амиқ ва бузург барои ҷаҳони Исломро табйин мефармоянд ва онро танҳо ва танҳо дар ихтиёри мардум мешуморанд. Эшон мефармоянд:

   <<…рӯшан аст ки рафъи монеъи зуҳури Маҳдӣ барои онон мумкин аст; Чароки ҳар кас ба анҷоми коре қодир аст, ба тарки он низ қудрат дорад ва онон ба эҷоди монеъ барои зуҳури Маҳдӣ қодир будаанд ва бо ин васф, рӯшан аст ки рафъи зуҳури Маҳдӣ бар онон воҷиб аст; Чароки растгорӣ онон аз ҳалок, ба иқтизои вуҷудашон бар онон воҷиб аст, дар ҳоле ки бидуни иқомаи Ислом ба сурати комил ва холис, мумкин нест ва иқомаи Ислом ба сурати комил ва холис, дар гарави зуҳури Маҳдӣ аст ва зуҳури Маҳдӣ, дар гарави адами вуҷуди монеъ барои он аст ва монеъ барои он чизе аст ки мардум онро эҷод кардаанд ва табъан ба рафъи он қодиранд ва бо ин васф, баҳсе дар вуҷуби рафъи он бар онон нест ва мурод аз монеъи зуҳури Маҳдӣ, ҳар чизе аст ки бо истелоъи ӯ бар замин мунофот дорад, монанди фиқдони нафар, мол ва салоҳи кофӣ ва ҷомеъи он, адами ҳимояти кофии мардум аз ӯст ки манбаъи таъмини нафар, мол ва силоҳ шумурда мешаванд; Бо таваҷҷуҳ ба инки нафар, мол ва силоҳи кофӣ барои таъсиси ҳукумати ӯ, балки таъмини амнияти ӯ лозим аст; Чароки ба гувоҳии ҳис ва таҷриба, истелоъи касе бар замин бидуни ҳимояти кофии мардум аз ӯ бо таъмини нафар, мол ва силоҳи кофӣ барояш, имкон надорад ва рӯшан аст ки Маҳдӣ аз ин қоъидаи маҳсус ва муҷарраб, мустасно нест. Бинобарин, зуҳури Маҳдӣ, дар гарави ҳимояти кофии мардум аз ӯст ва ҳар замоне ки ин ҳимояти кофии мардум аз ӯ муҳаққақ шавад, ҳамон замон зуҳури ӯст ва рӯшан аст ки ҳимояти кофии мардум аз ӯ, коре дар ҳавзаи ихтиёри онон аст ва барои онон мутаъораф ва майсур шумурда мешавад ва фавқулъода ва мутаъаззир нест; Ҳамчунонки борҳо назири онро барои ғайри Маҳдӣ анҷом додаанд ва ба василаи он, ҳукуматҳои дигаронро рӯӣ кор овардаанд.>>[18]

Ин ҳамон рӯйкард ва соз ва коре аст ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бояд дар ислоҳи умури хеш ба кор бигиранд ва ба ҷои низоъҳои хунин ва беҳосил бо якдигар бар сари қудрат, даст ба дасти якдигар бидиҳанд ва барои зуҳури Маҳдӣ заминасозӣ намоянд; Чароки ба насси Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ, танҳо касе аст ки метавонад заминро аз адл ва дод пур кунад; Ҳамчунонки аз зулм ва ҷавр пур шудааст.

Бинобарин ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бо тарҳи шиъори бозгашт ба Исломи ростин ва канор гузоштани ихтилофот ва танишҳои мавҷуд миёни мусалмонон аз тариқи басанда намудан ба яқииёт ва мусалламоти Исломӣ ва пофишорӣ бар рӯйи иштирокоти мазҳабӣ ва низ бо барафроштани байрақи <<Ал-Байъату Лиллоҳ>> ба маънои даъват ба сӯӣ халифаи Худованд ҳазрати Маҳдӣ ва адами пазириши ҳар ҳукумате ғайр аз ҳукумати ӯ, бар канор аз ҳаргуна иддаъо ва худмеҳварӣ, рӯйкарди панҷумиро дар ҷаҳони Ислом ба шакли бесобиқае тарҳ намудааст ки аз пуштибонаи ақлӣ ва шаръии беназире бархурдор аст ва тафовутҳои мабноии умда ва тамоюзӣ ҷавҳаре бо сойири рӯйкардҳо дорад ва бо нигаришӣ мунсифона ва воқеъбинона бояд гуфт ки асосан қобили муқоиса бо нигаришҳо ва рӯйкардҳои чаҳоргонае ки зикр шуд, нест; Чароки аз як сӯ таъкиди вежаи ин мактаби Исломӣ бар илтизом ва бозгашти ҳамаи умур дар Ислом ба изн ва амри Худованд аст ҳамчунонки ҳазрати аллома дар ҷойе мефармоянд:

   <<Ба иборати дигар, бозгашти ҳокимият дар Ислом, ба изни Худованд аст, балки ҳеҷ амре аз умур, ҷуз бо мунтаҳӣ шудан ба изни Ӯ машрӯъият надорад ва ин аз муҳимтарин қавоъиди бунёдин дар Ислом аст; Чунонки борҳо ва бо таъакид фармудааст: «أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ»; [19] <<Огоҳ бошед ки ҳамаи корҳо ба Худованд боз мегарданд>> Ва фармудааст: «وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ»; [20] <<Ва ҳамаи корҳо ба Худованд бозгашт дода мешаванд>> Ва фармудааст: «وَإِلَى اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ»; [21] <<Ва ҳамаи корҳо ба Худованд саранҷом меёбанд>> Ва фармудааст: «وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ»; [22] <<Ҳукумати осмонҳо ва замин барои Худованд аст ва ба Худованд бозгашт дода мешавад>>! Ин ба он маъност ки мабнои машрӯъият дар Ислом, изни Худованд аст ва ҳар коре ки ба изни Худованд боз намегардад, Исломӣ шумурда намешавад.>>[23]

Ва ин мабнои бисёр устувор ва таъйин кунандае аст ки ин мактабро ба ҳайси мабное аз сойири макотиб ва ҷараёнҳои мавҷуд ҷудо менамояд. Ба унвони мислом дар масъалаи хатири ҳукумати Исломӣ, бар хилофи мабнои сойири ҷараёнҳо ки мубтанӣ бар он, фарде аз миёни худро барои ҳукумат бармегузинанд ва итоъат аз ӯро бар худ воҷиб мешуморанд, дар ин мактаб ва низоми фикрӣ танҳо Маҳдӣ шойистаи ҳукумат бар мардум ва матоъ шумурда мешавад ва сойири ҳокимон аз онҷо ки мансуб аз ноҳияи Худованд ва мавриди таъйиди ӯ нестанд, машрӯъ дониста намешаванд. Ин мабное аст ки бидуни тардид боби инҳироф ва фасодро дар амри ҳукумат бар мусалмонон хоҳад баст ва ба низоъҳои ҳазор солаи онон дар ин ҳавза поён хоҳад дод; Чароки ҳамаи онон дар шойистагӣ ва бартарии Маҳдӣ бар сойири ҳокимон иттифоқи назар доранд ва касе аз онон нест ки ҳокимони худро аз Маҳдӣ бартар бидонад. Аз сӯӣ дигар далили бартарии ин мактаб, нисбат ба сойири макотиб ва рӯйкардҳо он аст ки бо воковии амиқ ва ҳаллоҷии мушикофона ва низ бидуни лағвгӯӣ, ҳошияравӣ ва итлофи вақти мусалмонон, иллатул илали мушкилоти ононро баён мекунад ва барои аввалин бор адами таҳаққуқи ҳокимияти халифаи Худованд бар рӯӣ заминро ба унвони танҳо решаи тамомӣ мӯъзалоти ҷаҳони Ислом матраҳ мекунад ва талош барои таҳаққуқи ҳокимияти ӯ аз тариқи ҷалби ҳимоятҳои мардумӣ ва даъват ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро ба унвони маъқултарин ва воқеъбинонатарин гузинаи мавҷуд дар муъодилоти ҷаҳони Ислом тарҳ мекунад ва мардумро ба сӯӣ ин роҳи наҷот ва даричаи умед фаро мехонад ва аз ин хоби ҳазор сола бедор мекунад то ингуна ҳастаи аввалияи ҷараёнӣ азим ва фарогир барои талаби Маҳдӣ, ҳимоят ва ҳифозат аз ӯ ба роҳ афтад ва такягоҳӣ устувор ва мутмаъин аз ҷинси азми умумӣ ва иродаи мардуми муҳайё гардад то Маҳдӣ битавонад бо иттикоъ бар он қиём кунад ва тавоғути мустакбир ва қдратталабони мунофиқро аз маснади умур дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳон ба зер кашонад.

Тардиде нест ки ин қиём ва хезиши умумӣ, баргузидатарин, муборактарин ва торихсозтарин иқдоми инқилобии мусалмонон пас аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хоҳад буд; Чароки бидуни тардид ба зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом хоҳад анҷомид ва зуҳури Маҳдӣ низ ба тасриҳи Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба адолати ҷаҳонӣ ва интишори Ислом дар ақсоӣ нуқоти ҷаҳон хоҳад анҷомид ва ингуна ваъдаи Худованд мубнӣ бар истихлофи солеҳон ва ба мерос бурдани замин тавассути онон муҳаққақ хоҳад шуд.

Лизо шойиста аст ки мусалмонони ҷаҳон ҳушёр бошанд ва ҷойи иттихози рӯйкардҳои чаҳоргона ки вақт, инержӣ ва сармояҳои моддӣ ва маънавии ононро бар бод медиҳад, бо иродаи пӯлодин ва низ бо ғайратмандӣ ва эҳсоси масъулияте ки аз ҳар мусалмони огоҳ интизор меравад, ба сӯӣ ҳадаф ва ормони аслии Ислом яъне барпоӣ хилофати Исломӣ ба раҳбарии Маҳдӣ алайҳи салом биштобанд ва беш аз ин худро қурбонӣ матомеъ ва аҳвоъи қудратталабон ва муддаъиёни каззоб ва таммаъ нагардонанд ва низ беш аз ин неруҳо ва сармояҳои худро сарфи талошҳои беҳосил ва беасар нанамоянд, балки иститоъат, таҷҳизот, иртибот, имконот, манобеъ ва дар маҷмӯъ иддау ӯъддаи худро дар ростои расидан ба ин ҳадафи муборак сарф намоянд.

Умед аст ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бо дарки шаройити бӯҳронӣ, бесобиқа ва ваҳми худ ва низ бо басират ва ҳушёрӣ нисбат ба мӯъзалоти печида ва асафборе ки ононро аз ҳар сӯ иҳота кардааст, беҳтарин ва натиҷа бахштарин рӯйкардро баргузинанд ва муроқиб бошанд то беш аз пеш таҷрибаҳои талх ва хасоратбори гузаштаро такрор накунанд ва ба ҷойи пофишорӣ бар рӯӣ иттихози рӯйкардҳои озмуда шуда ва нокоромад, роҳер баргузинанд ки тазмине барои мувафақияти он вуҷуд дошта бошад ва дар расондаи онон ба матлуб ва ҳусули ғаразашон тардиде вуҷуд надошта бошад. Ба ақидаи мо яқинитарин масир ва беҳтарин рӯйкард дар ҳоли ҳозир, кучи ҳамагонии мардум ба сӯӣ Маҳдӣ ва тавбаи насуҳ аз роҳҳое аст ки то имрӯз паймудаанд. Тардиде нест ки Худованд зомини мувафақият ва ҳусни оқибати чунин рӯйкарде аст ва худаш ба пирӯзии мустазъафин ва пайравони Маҳдӣ дар охирул замон хабар додааст; «وَعْدَ اللَّهِ حَقًّا ۚ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ قِيلًا»[24].

ــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

↑[1] . Анъом/57.

↑[2] . Анъом/62.

↑[3] . Қасос/70.

↑[4] . Ғофир/12.

↑[5] . Тағобун/1.

↑[6] . Каҳф/26.

↑[7] . Фурқон/2.

↑[8] . Бозгашт ба Ислом, с 134

↑[9] . Бақара/30.

↑[10] . Сод/26.

↑[11] . Бақара/247.

↑[12] . Оли Имрон/26.

↑[13] . Бозгашт ба Ислом, с 135

↑[14] . Наҳл/36

↑[15] . Қоф/29

↑[16] . Фуссилат/46.

↑[17] . Бозгашт ба Ислом, с 286 ва 287

↑[18] . Бозгашт ба Ислом, с 290

↑[19] . Шуро/53.

↑[20] . Оли Имрон/109.

↑[21] . Луқмон/22.

↑[22] . Нур/42.

↑[23] . Бозгашт ба Ислом, с 136 ва 137

↑[24] . Нисоъ/122

Навиштани дидгоҳ

Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.

Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.

Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Reload Captcha captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.