Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нукта
 

Дилҳо рамидаанд ва танҳо хаста ва ранҷур аз ҷаври замона! Ҷонҳо ба гулу расида ва хун ба ҷӯш омадааст.

Хоҳарам, бародарам! Вақт танг аст.

Бапо хез! Хоби зимистониро вогузор барои аҳлаш...

Ба ҳуш бош! Чашми дил боз кун!

Офтоб дар ҳоли тулуъ аст.

Мабодо хоб бошӣ ва рӯшании ҳастабахши онро набинӣ!

Мабодо худро аз ин неъмати азими Илоҳӣ маҳрум гардонӣ!

Ту офарида шудаи ки рӯзе ба биҳишти барин роҳ пайдо кунӣ!

Қимати ту биҳишт аст, пас худро ҷуз ба биҳишт нафуруш!

Сахтиҳоро дар дунё мутаҳаммил гаштаи ки обдида шавӣ, озмуда шавӣ, биҳиштӣ шавӣ, малакутӣ шаваӣ, муқарраби даргоҳи Худованд шавӣ ва мавриди ризои маъбуд қарор бигирӣ ки болотарин мақом аст дар назди муқаррабони даргоҳаш.

Хоҳарам, бародарам! Пардаҳои ғафлатро аз баробари дидагонат канор бизан ва ба нур нигоҳ кун! Гӯш ба нидои ҳақ аз забони нотиқ ва носиҳи сафири ҳақ...

Эй инсон! Ӯ хоҳад омад. Ӯ дар роҳ аст. Ӯ дилсӯзтарин ва меҳрубонтарин фарди уммат аст. Ӯ имоми бар ҳаққи туст, ба ҷои имомҳои ботил. Ӯ танҳо касе аст ки медонад ту чи ранҷҳо бурдаи ва чи ситамҳо кашидаи! По ба пои ту ранҷҳо бурда ва дӯшодӯши ту қарнҳост ки ситам дидааст. Қарнҳо оворагӣ ва рондагӣ ва бало дидааст; «إِنَّ أَهْلَ بَیْتِي یَلْقَونَ مِنْ بَعْدِي بَلائاً وَ تَطْرِیداً وَ تَشْرِیداً»! Ӯ дар пайи наҷоти ту ва расондани ту ба саъодати абадӣ аст. Аммо токунун дар ғайбат ва мазлумиятӣ жарф ба сар бурдааст! Ҳар гоҳ зулме ба ту ва ҳамнавъони ту раво доштаанд, ӯ хуни дил хӯрда ва гуфтааст:

«Чаро ба сӯӣ ман ки ба сони падари шумо ҳастам боз намегардед то шуморо аз ранҷи мудом ва тирагии айём бираҳонам...?!»

Ва инки гӯйи бо забони ҳол мегӯяд:

«Эй ранҷкашидагон ва дардмандони олам!

Ман немеоям то он ҳангом ки заминаи зуҳурамро бисозед! Пас агар рост мегӯйед ва манро мехоҳед бо заминасони зуҳурам Мансур ки ин рӯзҳо нидои даъваташ ба сӯӣ манро мешунавед, ҳамроҳ шавед. Ба даъвати ӯ лаббайк бигӯйед ва ба воситаи ӯ бо ман байъат кунед ва ин гуна заминаро барои омаданам фароҳам намойед. Занҷирҳои аҳвоъе ки пойи дилҳотонро ба банд кашидааст, бикшойед ва аз асорати ҷаҳлу тақлид ва таъассуб раҳоӣ ёбед! Ба дунёгароён ва ҳукумат талабон пушт кунед ва дастатонро аз дасти онон берун кашед; Ононе ки зулмро бар шумо таҳмил кардаанд ва аз адолат маҳруматон намудаанд. Ҳамагӣ бо ҳам нидои озодӣ ва раҳоӣ аз тоғутҳои замон сар диҳед ва ин нидои озодибахшро ба гӯши олам бирасонед. Агар маро барои ёритон содиқона ва бо тамоми вуҷуд бихоҳед, бетардид барои он коре хоҳед кард ва ин дархости хешро дар амал нишон хоҳед дод. Дар ин сурат аст ки ман хоҳам омад ва наҷотбахши шумо хоҳам буд ва бо ёрии Худо ва имдодҳои зоҳирӣ ва ботинии ӯ, заминро обод ва халқи Худоро аз шарри шарурон озод хоҳам кард. Ман адолати зебои Илоҳиро ба армуғон хоҳам овард то ором гиред, камар рост кунед ва бичашед таъми хушии зиндаии осударо ба дур аз зулму ҷавр ва ҷангу хунрезӣ ва бо чашмони ҳасратзадаи хеш марги шайтони шарурро бубинед! Он гоҳ бо оромиш ва осойишӣ мутлақ дар партувӣ анвор ва илтифоти Илоҳӣ, абд бошед ва сар ба саҷдаи шукр бигзоред ва Худоеро бобати неъмати азим истиқрори адолат ки бароятон фуру фиристодааст, шукр ва сипос гӯйед ва қадрдони ва шукргузори ҳамаи муҳиббот ва неъмати бепоёнаш бошед; Чунонки худ аз пеш ба шумо ваъда дода ва фармудааст: ﴿وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا ۚ يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا ۚ وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[1]; «Худованд ба касоне аз шумо ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд ваъда додааст ки ҳатман ононро дар замин хилофат хоҳад дод, ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро хилофат дод ва ҳатман дини онон ки барояшон писандидро барояшон ба мекнат хоҳад расонд ва ҳатман пас аз тарсашон ба онон амният хоҳад бахшид, то Манро бандагӣ кунанд ва чизеро шарикам насозанд ва ҳар кас пас аз он куфр варзад онон ҳамоно фосиқон хоҳанд буд»!».

Ин нидои Маҳдӣ ва забони ҳоли ӯст ки дар ҷаҳон баланд шуда, аммо ҳанӯз касе онро нашнида ва посух надодааст.

↑[1] . Нур/ 55
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.