Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Дидгоҳҳо

   
Шумора: 43 Нависандаи мақола: Муҷтабо Мазруӣ Тарихи мақола: 27/11/2017
Мавзӯъи мақола:

Тавтиъаи низоми Эрон алайҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло; Авомил ва ангезаҳо

Пас аз ифшогарии бисёр муҳим ва такондиҳандаи яке аз аносури амниятии низоми ҷумҳурии Исломии Эрон ҳокӣ аз дасисачинии масъулони ин низом ва талоши муздурони низомӣ ва амниятии он барои рабойиш ё ҳазфи физикии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло то поёни соли ҷории шамсӣ, пушти пардаи ин низоми шарур ва мустабид беш аз пеш ошкор гардид ва моҳияти воқеъии он алалхусус барои мутадаййини хайрхоҳ ва алоқамандони ба Ислом бармало шуд; Чароки танҳо ҷурми ин муъаллими дилсӯз ва фарзона, даъват ба сӯӣ ақлоният ва эътидоли Исломӣ ва заминасозӣ барои зуҳур ва барқарории ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом, фориғ аз ҳар гуна иддаъо ва ҳошияе аст ва бо ин васф, адовати низоми Эрон бо ин олими вораста ва даъвати ҳаққи ӯ, ҳокӣ аз шиддати инъод ва шарорати ин низоми пуриддаъост. Ҳамчунин, ошкор гардид ки иддаъои диёнат ва Исломияти ҳокимони ҷоъири Эрон, чизе ҷуз нифоқ, авомфиребӣ, сиёсатбозӣ ва истифодаи абзорӣ аз дин нест, балки асосан кӯчактарин дағдағае барои иқомаи шариъат ва камтарин илтизоме ба ахлоқ ва аҳкоми Исломӣ дар онҳо дида намешавад; То ҷойе ки агар манофеъи сиёсӣ ва амниятишон иқтизо кунад ва ба ҳар далиле аз чизе эҳсоси хатар кунанд, бино бар қоъидаи шайтонӣ ва Мокёвелистӣ <<Ҳифзи низом аз увҷиби воҷибот аст>>, бо туғён ва бепарвойии тамом, ҳадду дастуроти шариъатро зери по мегузоранд ва обуру, мол ва ҷони мунтақидони низомро қурбонии манофеъи худ мегардонанд! То ҷойе ки агар шахсияти муслеҳ ва хайрхоҳе пайдо шавад ки бо тамассук ба Қуръон, суннат ва ақл, гоми муъассир ва бесобиқае барои ислоҳи уммат, огоҳии мардум ва заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом бардорад, ба ҷойи истиқбол ва ҳимоят аз ӯ, ба хашм меоянд ва монанди ҳамаи фароъина ва мустабиддони олам, чумоқи оҳанин ва сурби доғро чораи кор мешуморанд!

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт ки ин тавтиъаи шарурона, тасмимӣ ғариб ва дур аз интизор маҳсуб намешавад; Зеро истебдоди бе ҳадду ҳаср ва яккатозии ҳувлнок ниҳодҳои қазойи ва амниятии Эрон дар ростои саркӯби бераҳмонаи мунтақидон ба ҳеҷ ваҷҳ чизи ҷадиде нест ва дар чаҳор даҳаи гузашта ба ашколи мухталиф намуд дошта ва ба хубӣ нишон дода ки равияи ҳоким бар тасмимҳои масъулони ин низом яккасолор, руҳияи шитобзада, золимона ва ҳазфӣ аст ва лизо терори мухолифон низ борҳо тавассути онҳо анҷом шудааст.

Аммо фориғ аз онки ин дасисаи шайтонӣ, дарун мояи тавоғитро ошкор намуда, суъоли муҳиммеро низ дар зеҳнҳо эҷод карда ва он суъол ин аст ки чи чизе низоми Эронро то ин ҳад саросима ва хашмгин сохта ва ба марҳалае расондааст ки чораи корро дар қатл ва ҳазфи ҳазрати аллома мебинад?! Ба иборати дигар, низоми Эрон чи хатаре аз ҷониби ин олими бузургвор эҳсос мекунад ки ба сими охар зада ва ҳазинаи газзофи ин иқдоми шарурона ва табаъоти эҳтимолии онро ба ҷон харидааст?!

Дар посух ба ин суъоли муҳим, метавон масъаларо аз завоёи мухталифе таҳлил ва арзёбӣ намуд:

1 . Ниҳодҳои иттилоъотӣ ва амниятии Эрон аз ҳудуди се соли пеш ки ҳаракати инқилобӣ ва хезиши ғофилгир кунандаи наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> оғоз шуд, онро гом ба гом расад намуданд ва ҳар шигирд ва макри палиде ки дар остин доштандро барои тахриб ва талвиси ин ҷараёни пок, озмуданд ва бо касифтарин ва номашрӯътарин ҳарбаҳо, саъй карданд шитоби ин ҳаракти асилро бигиранд ва дар ниҳоят мутаваққифаш созанд. Нашри акозиб ва иттиҳомоти воҳӣ дар мавриди аллома, филтиринги пойгоҳи иттилоърасонии дафтари эшон, беъэтинойи ва бойкоти хабарӣ ва билохира иръоб, таҳдид, боздошт ва таъқиби қазойии ёрони эшон бахшӣ аз ин иқдомоти шарурона ва буздилона аст. Аммо масоъӣ ва пайгириҳои низоми Эрон дар тӯли ин муддат, нофарҷом буд ва таъсири коҳанда ва маҳсусе бар рӯӣ ҳаракати рӯ ба пеши он нагузошт, балки чизе пеши муждаи ифтитоҳи сайти Ингилиси ва Тарҷума ва нашри китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ба забони Ингилисӣ мунташир шуд. Локин ин мужда на як хабари хуш, балки хабарӣ нигарон кунанда ва ба масобаи занги хатаре барои низоми Эрон арзёбӣ шуд; Чароки бо ин рӯйдоди муборак, низоми Эрон донист ки бо як ҳаракати исто, буми ва маҳдуд ба марзҳои ҷуғрофиёйии хеш мувоҷеҳ нест, балки ин ҳаракати ислоҳӣ хези баланде барои ҷаҳонӣ шудан гирифтааст ва бо азми росих ва иқдомотӣ барқосо дар ҳоли ирсол ва иблоғи паёми нуронии хеш ба ҷаҳониён аст. Низоми Эрон нигарон аст ки паёми ин наҳзати вазин ва маъқули Исломӣ, бо иноят ба озодии баён ва адами вуҷуди мумаййизаҳо ва маҳдудиятҳои тангназарона дар кишварҳои дигар, мавриди иқбол ва ҳимояти мусалмонони ҷаҳон қарор гирад ва дар ин миён, низоми Эрон ба унвони муъонид ва музоҳими ин ҷараёни Исломӣ дар мавзеъи иттиҳом ва инфиъол қарор гирад ва табъан маҷбур шавад посухгӯйи ҳуҷумҳои ношӣ аз ин мавзӯъ бошад. Ин масъала барои Эрон ҳазинабардор ва ғайри қобили таҳаммул аст.

2 . Аз ҷиҳатӣ дигар, низоми Эрон ба хубӣ медонад ки густариши таблиғотӣ бурун марзӣ, хоҳ нохоҳ бо боло рафтани теъдоди ҳомиён ва тарафдорони наҳзати Бозгашт ба Ислом дар ақсо нуқоти ҷаҳон мулозима дорад ва ин мавзӯъ табиъатон ба маънои тақвияти пуштибонии мардумӣ ё ба иборате тақвияти неруӣ муҳаррикаи ин наҳзати инқилобӣ аст. Ба иборати дигар, вақте ин ҳаракат такягоҳе аз ҷинси тӯдаи мардум пайдо кард, гузинаҳои мутанаввеъе барои муқобила бо низоми Эрон ба унвони монеъе барои барқарории ҳокимияти халифаи Худованд пеши рӯ дорад ва ба роҳатӣ метавонад аз неруҳои худ барои ин манзур истифода кунад. Ин басти яд озодии амал ба худӣ худ қудрати чоназании наҳзати Бозгашт ба Исломро боло мебарад ва онро қодир месозад ки иродаи худро аз беруни марзҳо ба низоми Эрон таҳмил кунад. Бо ин васф, комилан қобили дарк аст ки ин мавзӯъ, низоми мустабид ва инҳисргарои Эронро саросима ва музтариб намояд ва сардамдорони онро ба ин фикр водорад ки илоҷи воқеъаро қабл аз вуқуъ кунанд ва бо гунаи дурандешӣ, рақиби ояндаи хешро пеш аз онки қудрат ёбад, аз миён ба дур кунанд; Ҳамчунонки фиръавн бо қатли омми кӯдакони бани Исроъил чунин тадбири кӯтоҳбинонае намуд!

3 . Чолиши бисёр хатир ва фарсояндае ки низоми Эрон дар ҳоли ҳозир бо он мувоҷеҳ аст, наздик будани марги раҳбари ин кишвар аст; Масъалае ки бо қарантинаи хабарӣ сангин, то кунун пинҳон нигоҳ дошта шуда буд ва сирфан дар ҳадди шойеъа барои ташвиши изҳони умумӣ талаққӣ мегардид, аммо дигар имрӯз, наздикӣ афвул офтоб бефуруғ зиндагии оқойи Хоманаи бо иноят ба бемории ҷиддӣ ва пешравандае ки аз он ранҷ мебарад, ошкор шуда ва наздиктар аз ҳар замоне ингошта мешавад; Аз ҳамин рӯст ки ҳамагон алалхусус ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ монанди сипоҳи посдорон худро қавиян барои даврони <<Пасохоманаи>> омода мекунанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад ки сипоҳ дар як бароварди тақрибӣ, ғояти амри раҳбари Эронро то поёни соли ҷории шамсӣ тахмин задааст ва мехоҳад то замоне ки ӯ ҳузур дорад ва бо раҳбарии хеш иттиҳоди нисбӣ миёни неруҳои ба истилоҳ инқилобиро ҳифз мекунад, бо истинод ба фармони <<Оташ ба ихтиёр>> парвандаи он даста аз мухолифони ҷиддӣ ва хатарсоз ки дар тиррас ҳастандро бо <<Кори фарҳангии худҷӯш ва тамиз>> (!) бибандад то битавонад пас аз ӯ, падофанди амниятии худро бар рӯӣ чанд таҳдиди мушаххас мутамаркиз кунад ва аз ноҳияи сойири ҷараёнҳо осуда бошад.

4 . Ба назар мерасад ниҳодҳои иттилоъотӣ ва расадкунанда дар Эрон, ба ин бароянд расидаанд ки вуҷуди мубораки ҳазрати Мансур ҳафизаҳуллоҳ таъоло нақши ҳаётӣ, меҳварӣ ва таъйинкунандае дар нишот, пӯёйи ва тавфиқоти рӯзафзун ҳаракати муқаддаси <<Заминасозӣ барои зуҳур>> дорад ва хомандешона гумон мекунанд ки агар муваффақ ба рабойш, дастгирӣ ва ё терори эшон шаванд, тӯмори ин назҳат дар ҳам печида мешавад. Дар ҳоле ки ба фармудаи пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома <Масъулони низоми ҷумҳурии Исломии Эрон ва муздурони низомӣ ва амниятии он бояд бидонанд ки паёми аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба шарқ ва ғарби ҷаҳон расида ва дар миёни мусалмонон интишор ёфта ва ҷавонони бисёреро бедор кардааст ва бо ин васф, роҳи он ҳазрат –ҳатто агар кушта шавад ё аз дунё биравад– то таҳаққуқи ормонаш ки ҳокимияти имом Маҳдӣ алайҳи салом аст идома хоҳад ёфт (дар ин бора, бингаред ба: Пурсиш ва посухи 58). Ин ба маънои он аст ки куштани он ҳазрат, ба нобудии наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ва ҷараёни заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом мунҷар нахоҳад шуд, балки танҳо узри муваҷҷаҳ ва ҳуҷҷатӣ ошкор ба Худованд ва бандагони солеҳаш хоҳад дод то ин низоми ҷаббор ва унудро ба сазои зулмаш бирасонанд ва сарони қулдур ва фосидашро дар ҳар ҷойе ки меёбанд ҳалок созанд>.[1]

Далили ин амр он аст ки ин наҳзати муборак, мутобиқ бо омӯзаҳо ва раҳнамудҳои раҳбари фарзонааш, аз ҳар гуна шахсиятмеҳварӣ, фардгаройи ва тақлидмобанӣ пироста аст ва сирфан қоъим ба як фард нест, балки қоъим ба андешаи волои раҳбар ва мубтанӣ бар гуфтумони мутаъолӣ ва созандае аст ки ин олими солеҳ дар миёни мусалмонон интишор додааст ва он канор гузоштани тавоғит ва тарки ҳимояти онон ва дар гоми баъди ҳамёрӣ ва гирдиҳамоёи барои ҳимоят аз Маҳдӣ ва нишондани ӯ бар маснади ҳукумат аст ва ин чизе аст ки мардум –агар бихоҳанд– ҳамвора қодир ба анҷоми он ҳастанд.

5 . Тасмими шитобзада барои бархӯрди хашен ва ҳазфӣ бо наҳзати Бозгашт ба Ислом нишон медиҳад ки аз қазо низоми Эрон тафовути бориз ва тамоюзи вежаи ин ҷараёнро бо сойири ҷараёнҳо ба хубӣ дарк карда ва чи басо ба асолат ва ҳаққонияти он пай бурдааст, аммо аз фарти разолат ва душманӣ бо ҳақ сари таслим дар баробараш фуруд намеоварад. Ба иборати рӯшантар, ин тавтиъа <<Аз бузургии шахсият ва аҳмияти гуфтумони ӯ парда бар медорад ва ба хубӣ нишон медиҳад ки наҳзати Исломии ӯ –бо вуҷуди онки ҳанӯз дар оғози роҳ аст– чи руъбе дар дилҳои золимон афканда ва то чи ҳад ононро саросима ва нигарон сохтааст! Борӣ онон ба дурустӣ дарк кардаанд ки <<Наҳзати эшон муҳимтарин чолиши фарҳангӣ ва таҳдиди амниятӣ барои онон дар ояндаи наздик аст!>>[2] Гувоҳи ин амр он аст ки низоми Эрон ҷараёнҳои фикрии мухолиф ва дигарандешони зиёдеро мешиносанд ва онҳоро таҳти расади амниятии хеш доранд, аммо ба нудрат дар мавриди онҳо ба фикри гузинаи терори раҳбарӣ ва ҳазфи ба истилоҳ лидери фикрӣ афтодааст; Чароки Эрон аз ноҳияи ҷараёнҳои фикрии рокед ва мунфаъиле чун анҷумани ҳуҷҷатия, аҳли хабар, буюти уламои норозӣ, муддаъиёни дурӯғин ва ҷараёнҳои сӯфимаслак эҳсоси хатари хоссе намекунанд, аммо бино бар таҷрибае ки дорад дарёфтааст ки наҳзати Бозгашт ба Ислом, аз як идеоложии бисёр қавӣ ва ҷараёнсоз бархурдор аст ва бо иноят ба уфуқи баланд андешаҳо ва ормонҳояш патонсиали лозим ва зарфияти кофӣ барои як таҳаввули сохториро доро мебошад.

Ба назар мерасад маҷмӯъаи ин авомил мувҷиб шудааст ки низоми Эрон ва масъулони амниятии он ба ин натиҷа бирасанд ки танҳо тактики муъассир барои муқобила бо наҳзати Бозгашт ба Ислом, ҳазфи раҳбар ва ба иборати дигар, эҷоди халаъи раҳбарӣ дар он аст то ин гуна ба хиёли хоми хеш ин наҳзатро аз реша муталошӣ ва ёрону ҳамроҳони онро пароканда созанд; Ғофил аз онки ин теша бар решаи худашон аст ва шарри ин фитнаангезӣ ба худашон боз мегардад; Чароки паймонаи хашми Худованд ва хашми мӯъминонро лабрез мекунад ва заминаро барои суқут ва ҳалокаташон фароҳам месозад; Ҳамчунонки қавми самуд бо пай кардани ноқаи Солеҳ, заминаро барои нузули азоби Илоҳӣ фароҳам намуд ва дар воқеъ барои нобудии хеш заминасозӣ кард.

Бо ин васф, бойиста аст ки ҳокимони Эрон аз фарҷоми гузаштагон ибрат бигиранд ва даст аз фитнаангезӣ ва шарорат алайҳи ин олими муслеҳ ва дилсӯз бардоранд то ба оқибати қавми самуд гирифтор нашаванд.

↑[1] . Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, нақдҳо ва баррасиҳо, коди 43

↑[2] . Ҳамон

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Навиштани дидгоҳ
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи дидгоҳ дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?