Душанбе 5 декабр 2016 мелодӣ баробар бо 6 рабеъ-ул-аввал 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Донлуди китоб ва нармафзор

Нусхаи pdf «Бозгашт ба Ислом»

Бозгашт ба Ислом

Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> асарӣ мумтоз, арзишманд ва инқилобӣ дар ҳавзаи Исломшиносӣ аст ки бо нақди хирадварзонаи қироъати мавҷуд аз Ислом ва бозтаърифи мабонӣ ва манобеъи он, ба ҳамроҳи осебшиносии тарихии ақойид ва аъмоли мусалмонон, бар пояи яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ ва бар канор аз пешфарзҳо ва роҳбурдҳои заннӣ, ба сӯи иқомаи Исломи комил ва холис дар сартосари ҷаҳон даъват мекунад. Нигорандаи донишманд ва фарзонаи ин китоб, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бо нубуғи хос ва Худододии худ ки бар аҳли диққат ва фаросат пӯшида нест, бунёдитарин мабоҳиси илмӣ ва тахассусӣ дарбораи Исломро бо иборотӣ гӯё ва қобили фаҳм барои умуми мусалмонон, матраҳ мекунад ва бо беэътиноии амдӣ ба истилоҳоти ройиҷ ва иҷтиноби огоҳона аз лаффозиҳо ва зиёдагӯиҳои маъмул, амиқтарин ва дақиқтарин маъорифи Исломро бо содатарин ва шафофтарин услуб, ба риштаи таҳрир дар меоварад ва бо ворастагии комил аз фирқаҳо ва мазоҳиби гуногун ва озодагии далерона аз қолибҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ, дар ҳайъати як мусалмони ҳаниф зоҳир мешавад ва бародарон ва хоҳарони ҳамсафари худ аз ҳар фирқа, мазҳаб ва сарзамнро по ба пои худ, аз замин то осмони маърифати динӣ мерасонад; Чароки ҳамаи пешфарзҳои Исломиро ба каноре мениҳад ва аз мабодии аввалия оғоз мекунад ва сипас дар сафари дарози илмӣ ва маърифатии худ, бо пояфзори хирад дар рӯшанойии китоби Худованд ки чунон чароғе дар пешрӯӣ ӯ медурахшад, ба волотарин улум ва маъорифи Исломӣ даст меёбад ва дар ин миён, ҳаргиз ба куллигӯӣ ва баёни мафоҳими интизоъӣ басанда намекунад, балки бо басират ва огоҳии комил нисбат ба аҳли замони худ, масодиқи айнӣ ва воқеъӣ дар ҷаҳони Исломро меёбад ва муъаррифӣ мекунад ва аз ифшои иштибоҳот ва инҳирофоти мусалмонон бо шеваи хайрхоҳона ва ислоҳгарона, боке ба худ роҳ намедиҳад.

Ӯ бегумон бо андешаҳои воло ва жарфи худ, китоберо ба риштаи таҳрир даровардааст ки метавонад муҷиби бедории мусалмонони ҷаҳон ва бозгашти онон ба Исломи ноб ва раҳоияшон аз зиллат ва масканати кунунияшон бошад; Китобе ки бо теғи тези наққодии худ, ҷисми бемор ва ранҷури уммати Исломиро мешикофад ва решаи нокомиҳо ва нобасомониҳои онро бо сароҳати лаҳҷа ва шуҷоъатӣ беназир, эълом менамояд; Китобе ки аз воқеъияти асафбори мавҷуд дар ҷаҳони Ислом, ба унвони чизе ки ҳаст, парда бармедорад ва аз ҳақиқати гумшудаи Исломи ростин ба унвони чизе ки бояд бошад, сухан мегӯяд; Китобе ки мутаъаллиқ ба ҳеҷ мазҳаб ё сарзамине нест, балки мутаъаллиқ ба Исломи асил ва ҳамаи пайравони он дар саросари ҷаҳон аст ва ҳар мусалмони озодандеш ва рӯшанзамире аз ҳар мазҳаб ва сарзаминеро бо худ ҳамроҳ мекунад ва нидои осмонии бедории Исломӣ ва бозгашт ба омӯзаҳои асил ва фаромӯш шудаи Исломиро дар шарқ ва ғарби ҷаҳон танинандоз месозад.

Ношир: Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии
Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Мутарҷим: Ношир
Навбати чоп: Якум
Замони чоп:
Макони чоп: Тоҷикистон; Хатлон
Забони Китоб: Тоҷикӣ
Теъдоди саҳифа: 358
Навъи фойл: pdf
Ҳаҷми фойл: 4.08 MB

Нусхаи нармафзорӣ «Бозгашт ба Ислом»

Нармафзори Бозгашт ба Ислом
Вежагиҳо:
* Бархурдори аз муҳитӣ зебо ва се буъдӣ
* Имкони варақ задан ба сурати худкор ва дастӣ
* Имкони интиқол аз феҳрест ба матлаби дилхоҳ ва билакс
* Имкони иштирокгузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ
* Имкони иртибот бо пойгоҳ ба манзури интиқоли нақдҳо ва пурсишҳо
Навъи фойл: exe
Ҳаҷми фойл: 70 MB
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.