Наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Имом Маҳдӣ, алайҳис-салом, маҷмӯае аз фаъолиятҳои таълимӣ ва таблиғӣ дар саросари ҷаҳон аст, ки ақидаҳо ва амалҳои дурусти исломиро бар асоси яқинҳо ва мусалламот муаррифӣ мекунад ва бо монеаҳои шинохт, монанди ҷаҳл, тақлид, ҳавои нафс, дунёгароӣ, таассуб, такаббур ва хурофотгароӣ мубориза мебарад ва андешаҳои мусулмононро ба сӯи Имом Маҳдӣ, алайҳис-салом, равона мекунад. Инчунин шумораи кофии мӯъминонро барои ҳифз ва ҳимояти ӯ ҷамъоварӣ, созмондеҳӣ ва тарбият мекунад, то ба ин васила замина барои зуҳур ва ҳокимияти ӯ фароҳам гардад. Ин кор бисёр сангин ва пурхароҷот аст. Идораи сомонаи интернетӣ ба забонҳои гуногун, чоп, паҳн ва ирсоли осори исломӣ ба таври густарда, тавлид ва нашри маҳсулоти гуногуни садоӣ ва тасвирӣ ва кумак ба устодон ва даъватгароне, ки имкони таъмини хароҷоти зарурии зиндагии худро намеёбанд, бахше аз хароҷоти маъмулии ин наҳзати муборак мебошад, ки бояд таъмин гардад.
Шумо бо ҳар миқдор кумаки молиявӣ ба ин наҳзати исломӣ метавонед дар заминасозӣ барои зуҳури Имом Маҳдӣ, алайҳис-салом, ва таҳаққуқи ҳукумати Худованд дар замин саҳмгузор бошед.
Лутфан маблағи дилхоҳи худро интихоб кунед:
Лутфан усули пардохти худро интихоб кунед: