Сухани ношир
﴿إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ﴾
Китоби шарифи «Ҳиндисаи Адолат», ривояте зебо ва дилнишин аз гуфтугӯйи илмӣ ва инқилобӣ бо олими муслеҳ ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло соҳиби китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» аст ки тавассути яке аз ёрони ӯ дар ду ҷаласа баргузор шуда ва тавассути ҷамъе аз шогирдонаш дар дафтари он ҳазрат бо шеваи бадеӣ ва адабӣ тадвин ёфта ва ба назари мубораки он ҳазрат расидааст.
Мавзӯъи ин гуфтугӯи илмӣ ва инқилобӣ, муҳандисии «Адолат» ба масобаи ормони Ислом аст ки бо осебшиносии бесобиқае дар заминаи мӯъзалоти ҷаҳон ва таҳлили бисёр дақиқ ва амиқе аз «Ҳукумати Исломӣ» ва нақши мутақобили «Маҳдӣ» ва «Мардум»