Якшанбе 27 сентябр 2020 мелодӣ баробар бо 9 сафар 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(18) Ҳар имоме ки ба амри Худованд раҳбарӣ намекунад, ба сӯӣ оташ даъват мекунад ва қабули ҳокимияти ӯ, парастиши тоғут аст. (Нақд ва баррасии 26)
loading
Ошноӣ

Ошноӣ бо пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло

Пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, як пойгоҳи интернетии бисёр ғанӣ бо муҳтавои илмӣ ва фарҳангӣ аст ки бо ҳадафи даъват ба сӯи хайр ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аз тариқи муъаррифӣ, тарвиҷ ва табйини осор ва андешаҳои Исломии ин олими бузургвор ва посухгӯӣ ба нақдҳо ва пурсишҳои мардум дарбораи онҳо роҳандозӣ шудааст. Ин пойгоҳи Исломӣ бо изни хосси ин олими муҷоҳид, тавассути гурӯҳе аз шогирдони муборриз ва мутаъаҳҳиди эшон, зери назари масъули дафтарашон истода муъаззим ҷаноби оқойӣ дуктур Зокир Маъруф, идора мешавад ва бар пояи ошноии комил бо андешаҳо ва омӯзаҳои эшон ва нусус ва дуруси мактуб ва мазбуте ки эшон дар ихтиёр дорад ва низ муроҷиъа ба эшон дар мавриди лозим, посухгӯӣ пурсишҳо ва нақдҳои мардум аст.

Ин пойгоҳи Исломӣ дороӣ бахшҳои зер аст:

Китобҳо

Ин бахш шомили бархӣ китобҳои навишта шуда тавассути ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ё ҷамъоварӣ шуда тавассути шогирдони эшон ва низ нармафзорҳои муртабит бо онҳо аст ки ба мурури замон, китобҳо ва нармафзорҳои ҷадидеро мунташир мекунад Ин Шоъ Аллоҳ.

Номаҳо

Ин бахш шомили бархӣ номаҳои навишта шуда тавассути ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ёрон ва шогирдони эшон ва низ сойири мардум ба манзури таълим ва тарбияти онон аст ки ба мурури замон ва ба муносибат, номаҳои дигаре аз он бузургворро мунташир мекунад Ин Шоъ Аллоҳ.

Гуфторҳо

Ин бахш шомили бархӣ ҳикматҳо, нуктаҳо, масалаҳо, андарзҳо ва посухҳои шафоӣ аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст ки ба ду забон арабӣ ва форсӣ аз он ҷаноб содир ва тавассути ёрон ва шогирдони эшон бо диққат ҳифз ва ривоят шуда ва дар чаҳор бахш <<Муқаддамот>>, <<Ақойид>>, <<Ахлоқ>> ва <<Аҳком>> мавзӯъбандӣ ва мураттаб гардидааст ва ба мурури замон, такмил мешавад Ин Шоъ Аллоҳ.

Дарсҳо

Ин бахш шомили бархӣ дарсҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо меҳварияти Қуръон ва суннат аст ки дар бархӣ маҷолиси эшон барои шогирдонашон имло шуда ва тавассути онон ба тақрир даромадааст ва ба тадриҷ мунташир мешавад Ин Шоъ Аллаҳ.

Пурсишҳо ва посухҳо

Ин бахш шомили пурсишҳои мардум дарбораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва низ сойири мавзуъоти эътиқодӣ, ахлоқӣ ва фиқҳӣ, ба ҳамроҳи посухҳои илмӣ, мустадил ва бисёр дақиқи ҳайъате аз асотиди фозил аз шогирдони он бузургвор аст ки бо назар ба танаввуъи пурсишҳои мардум, дар чаҳор бахш <<Муқаддамот>>, <<Ақойид>>, <<Ахлоқ>> ва <<Аҳком>> мавзӯъбандӣ ва мураттаб шудааст ва ҳамчунин формеро барои навиштани пурсиши ҷадид тавассути мардум дар бар дорад.

Нақдҳо ва баррасиҳо

Ин бахш шомили нақдҳои илмӣ ва баъзан ғайри илмии мунтақидони гуногун бар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ҳамроҳи бо баррасиҳои илмӣ, мустадил ва бисёр дақиқи онҳо тавассути ҳайъате аз асотиди фозил аз шогирдони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст ки бо назар ба бахшҳои панҷгонаи ин китоби шариф, дар панҷ бахш <<Куллиёт>>, <<Меъёр ва мавонеъи шинохт>>, <<Зарурат ва имкони бозгашт ба Ислом>>, <<Мавонеъи бозгашт ба Ислом>> ва <<Шинохти Ислом>> мавзӯъбандӣ ва мураттаб шудааст ва ҳамчунин, формеро барои навиштани нақди ҷадид тавассути мардум дар бар дорад.

Дидгоҳҳо

Ин бахш шомили дидгоҳҳои ирсол шуда тавассути мардум барои ин пойгоҳи Исломӣ дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст ки бо назар ба мавзӯъ ва сабки нигориши онҳо дар ду дастаи <<Мақолаҳо>> ва <<Нуктаҳо>> дастабанӣ шудаанд. <<Мақолаҳо>> ғолибона шомили дидгоҳҳои илмитар ва таҳлилитар дарброи мавзуъотӣ умумӣ аст ва <<Нуктаҳо>> ғолибан шомили назарҳо, хотираҳо ва дилнавиштаҳое аст ки бештар ҳолатӣ адабӣ ва мавзӯъотӣ шахситар доранд. Дар ин бахш, форме низ барои навиштани дидгоҳ тавассути мардум пешбинӣ шудааст.

Нигорхона

Ин бахш шомили ду даста <<Акс>> ва <<Филм>> аст. Дастаи <<Акс>> шомили пустерҳоӣ зебо ва ҳунарӣ бо мавзӯъи <<Китобҳо>>, <<Гуфторҳо>> ва <<Мутафарриқа>> аст ки барои ҳифз ва таблиғи фарозҳои муҳимме аз китобҳо ва гуфторҳоӣ ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва бархӣ матолиби дигар муфид ҳастанд ва дастаи <<Филм>> шомили маҷмӯъае бо унвони <<Ҳамроҳ бо Қуръон>> ҳовии филмҳои кӯтоҳе аз оёти баргузидаи китоби Худованд бо қироъати зебои қориёни барҷаста ва тарҷумаи дақиқ ва равони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва маҷмъае бо унвони <<Ҳамроҳ бо наҳзати Бозгашт ба Ислом>> шомили филмҳои кӯтоҳе дар бораи китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ва бархӣ нукоти матраҳ шуда дар он ва маҷмӯъае бо унвони <<Ҳамроҳ бо мардум>> шомили филмҳои кӯтоҳ ирсол шуда тавассути мардум ба ин пойгоҳи Исломӣ аст.

Узвият дар пойгоҳ

Узвият дар пойгоҳ, дарвозаи вуруд ба наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> ва иртибот бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва шогирдони ӯст. Бинобарин, касоне ки мойил ба ҳамкорӣ ва иртиботи мустамар бо мо ҳастанд метавонанд форми узвияти фаъол дар ин пойгоҳро пур кунанд. Дар ин сурат мо аз тавонмадиҳои онон дар заминаҳои мухталиф барои таҳаққуқи ормони муқаддаси аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ки ормони муқаддаси Ислом аст истифода мекунем ва ононро аз ёрони ӯ ва ҳамроҳони худ дар ин роҳи муқаддас мешуморем, вале касоне ки мойил ба ҳамкорӣ ва иртиботи мустамар бо мо нестанд, балки танҳо мойил ба дарёфти матолиби ҷадиди пойгоҳ ҳастанд, кофӣ аст ки форми узвият дар хабарномаро пур кунанд то матолиби ҷадиди пойгоҳ ба сурати роягон барои онон ирсол шавад Ин Шоъ Аллоҳ.