Қадами аввал барои пайвастан ба наҳзати заминасозӣ барои зуҳури Имоми Маҳдӣ, алайҳис салом, бо раҳбарии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ҳафизаҳуллоҳ таъоло, пур кардани «Форми пайвастан ба наҳзат» дар ин сомонаи исломӣ аст ки дарвозаи иртибот, ҳамандешӣ ва ҳамкорӣ бо дигар аъзоёни наҳзатро боз мекунад ва инчунин имкони баҳрамандии бештар аз омӯзаҳо ва мушорикат дар фаъолиятҳои таблиғотии наҳзат барояшон фароҳам мешавад Ин Шоъ Аллоҳ.
Пас, онҳое, ки мехоҳанд дар сафи заминасозони зуҳури Имом Маҳдӣ, алайҳис салом, ва ёварони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ҳафизаҳуллоҳ таъоло, бо дил, бо забон ва бо дасти худ бошанд, дар итоат ба фармони Худованди Мутаол, ки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَكُونُوا مَعَ الصَّادِقِينَ﴾; «Эй касоне ки имон овардаед! Аз Худованд битарсед ва ба ҳамроҳи ростгӯён бошед» (Тавба/ 119), в Фармудааст: ﴿وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى﴾; «Ба якдигар дар некукорӣ ва парҳезгорӣ кумак кунед» (Моъида/ 2), онҳо бояд «Форми пайвастан ба наҳзат»-ро пур кунанд. Ва онҳое, ки намехоҳанд ин корро кунанд, вале мехоҳанд танҳо навтарин хабарҳо ва нашрияҳои навро дарёфт намоянд, бояд «Узвият дар хабарнома»-ро пур кунанд, то хабарҳо ва нашрияҳои нав ба онҳо ройгон фиристода шаванд, Ин Шоъ Аллоҳ.
Мутаваҷҷеҳ шудам.