Чоршанбе 22 май 2019 мелодӣ баробар бо 17 рамазон 1440 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading
Донлуди китоб ва нармафзор

Нусхаи pdf китоби «Ҳиндисаи Адолат»

Ҳиндисаи Адолат; Ривояте аз як гуфтугӯ бо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>>, ривояти зебо ва дилнишин аз гуфтугӯӣ илмӣ ва инқилобӣ бо олими муслеҳ ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло соҳиби китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> аст ки тавассути яке аз ёрони ӯ дар ду ҷаласа баргузор шуда ва тавассути ҷамъе аз шогирдонаш дар дафтари ҳифз ва нашри осори он ҷаноб бо шеваи бадеъи ва адабӣ тадвин ёфта ва ба назари мубораки он ҷаноб расидааст.

Мавзӯъи ин гуфтугӯи илмӣ ва инқилобӣ, муҳандисии <<Адолат>> ба масобаи ормони Ислом аст ки бо осебшиносии бесобиқае дар заминаи мӯъзалоти ҷаҳон ва таҳлили бисёр дақиқ ва амиқе аз <<Ҳукумати Исломӣ>> ва нақши мутақобили <<Маҳдӣ>> ва <<Мардум>> ҳамроҳ аст. Арзиши илмӣ ва инқилобии ин асари беназир ки ба ҳақ бояд онро як мактаб ва идиуложии фитрӣ ва Исломӣ донист, бо вуҷуди ҳаҷми андаки он ба андозае аст ки метавонад ислоҳоти бунёдинеро дар қироъати расмии мусалмонон аз Ислом эҷод кунад ва бисёрӣ аз муъодилоти фарҳангӣ ва сиёсии ононро мутаҳаввил созад ва ҷиҳати ҳаракати фардӣ ва иҷтимоъии ононро ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин тағйир диҳад; Чароки ин гуфтумон бо такя бар усули ақлӣ, қавонини табиъӣ ва суннатҳои тарихӣ ва дар ҳамоҳангии комил бо оёти Қуръон ва ривоётӣ мутавотир ва бо истифода аз ибороти гӯё ва алфози маънус ва парҳез аз ҳар гуна такаллуф ва зиёдагӯйи, роҳи саъодат ва камолро ба одамиён нишон медиҳад ва чистӣ ва чигунагии адолат –ин гумшудаи ҳамаи давронҳо– ро ба онон меомӯзад ва даричаи нав ба сӯӣ ояндаи рӯшанро ба рӯйи онон мегушояд.

Ин китобро аз ҷиҳоти мухталифе метавон мукаммили китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ё тарҳӣ ҷомеъ барои амалиётӣ кардани он донист; Чароки бо матонат ва итқонӣ фавқулода, истиротежии инқилоби ҷаҳониро табйин мекунад ва нақшаи роҳи заминасозӣ барои ҳокимияти Маҳдиро ба тасвир мекашад ва фароянди гузор аз асри торики ситам ба даврони дурахшони адолатро марҳала ба марҳала тавзиҳ медиҳад ва дар айни ҳол, аз азамати илмии олими комил ҳикоят мекунад ки ин ҳикматнома, ҳосили ду маҷлиси ӯст!

Бар ин асос, сазовор аст ҳамаи касоне ки арзиши ин гуфтумони мубораки Исломиро дарк мекунанд, моро дар тарҷума, чоп ва нашри он миёни мусалмонони ҷаҳон, ёрӣ расонанд; Чароки ин кор, бо вуҷуди мухолифатҳо ва сангандозиҳои гуногун, корӣ ба ғоят душвор ва нафасгир аст ва аз ин дафтари мустақил ва мардумниҳод бо тавоноӣ ва бизоъати ночизаш сохта нест. Бошад ки ин кор заминаи ҳокимияти халифаи Худованд дар заминро аз ҳайси назарӣ фароҳам созад ва мусалмононро барои вуруд ба майдони амал бо ҳадафи иҷрои ин барномаи Исломӣ омода кунад.

Нависанда: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Мутарҷим: Ношир
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 11 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон
ISBN (Шобак): 978-9936-1-0120-3
Забони Китоб: Тоҷикӣ
Қатъ: Ҷебӣ
Теъдоди саҳифа: 111
Навъи фойл: pdf
Ҳаҷми фойл: 4.30 MB
Линки дарёфти фойл:
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?