Панҷшанбе 22 октябр 2020 мелодӣ баробар бо 5 рабеъ-ул-аввал 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(8) Пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, як пойгоҳи интернетии бисёр ғанӣ бо муҳтавои илмӣ ва фарҳангӣ аст ки бо ҳадафи даъват ба сӯи хайр ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аз тариқи муъаррифӣ, тарвиҷ ва табйини осор ва андешаҳои Исломии ин олими бузургвор роҳандозӣ шудааст. (Ошноӣ бо пойгоҳ)
loading
китобҳо ва нармафзорҳо

Нусхаи pdf китоби «Ал-Калимуттаййиб»

Ал-Калимуттаййиб; маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

Худоеро сипос мегузорем ки моро ба бардоштани гомӣ дигар дар роҳи нашри маъорифи Исломи ноб ва муъаррифии дини холис ба ҷаҳониён дар ин рӯзгори пурфитна аз тариқи нашри асарӣ дигар аз осори нуронӣ ва ҳаётбахши ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ин бандаи солеҳи худ– муваффақ фармуд.

Китоби пеши рӯ бо номи Қуръонӣ <<Ал-Калимуттаййиб>> ба маънои <<Суханони покиза>>, ганҷинаи арзишманд аз номаҳои навишта шуда тавассути ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои шогирдони эшон ва сойири мардум аст ки тавассути дафтари он ҳазрат ба сурати китоб ҷамъоварӣ ва тадвин шудааст то мояи рӯшании чашми толибони илм ва ҳикмат ва таълиму тарбияти мусалмонони ҷаҳон бошад. Бидуни шак ҳамоҳангӣ ва ҳамонандии ин навиштаҳо бо навиштаҳои Паёмбарон ва сиддиқон, бар ҳеҷ хонандаи мунсиф ва мутталеъӣ пӯшида нест ва аз ҳамоҳангӣ ва ҳамонандии андеша, сира ва рӯҳияи ин инсони бузург, бо андеша, сира ва рӯҳияи онон бархоста аст ва аз шаклгирии шахсияти ӯ бар пояи табаъияти комил аз онон ҳикоят мекунад ва ба рӯшанӣ намоён месозад ки ӯ марде аз табори онон аст ва по бар ҷойи пойи онон мегузорад; Ҳамчунонки на танҳо гуфторҳо ва номаҳои ӯ аз синхи гуфторҳо ва номаҳои онон аст, балки наҳзати амалии ӯ низ истимрори наҳзати амалии онон барои иқомаи Исломи ҳақиқӣ дар ҷаҳон ва мубориза бо зулм ва бидъатҳост.

Умед меравад ки ин маҷмӯъаи омӯзанда ба ислоҳи ақойид ва аъмоли мусалмонони ҷаҳон дар ин қарни пурошӯб кӯмак кунад. Гуфтанӣ аст ки ин маҷмӯъа, ҳар аз чанд гоҳе ба рӯз мешавад ва бо ин васф, барои толибони илм ва ҳикмат шойиста аст ки пайгири он бошанд ва ҷадидтарин нусхаи онро дарёфт кунанд ин шоъ Аллоҳ.

Аз ҳамаи касоне ки арзиши ин гавҳарҳои маънавиро дарк мекунанд, даъват мекунем ки моро дар тарҷума, чоп ва нашри он миёни мусалмонони ҷаҳон, ёрӣ расонанд; Чароки ин кор, бо вуҷуди мухолифатҳо ва сангандозиҳои гуногун, корӣ ба ғоят душвор ва нафасгир аст ва аз ин дафтари мустақил ва мардумниҳод бо тавонойи ва бизоъати ночизаш сохта нест.

Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Нусхаи: Якум
Замони интишор: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон
Қатъ: Руқъӣ
Теъдоди саҳифа: 110
Навъи фойл: pdf
Ҳаҷми фойл: 4 MB
Линки дарёфти фойл: