Душанбе 29 Апрел 2024 мелодӣ / 20 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Бедоҳати меъёри шинохт

Манзур аз меъёри шинохт чизе аст ки худ ба худ шинохта аст ва муҷиби шинохти чизҳои дигар мешавад; Ба ин маъно ки барои шинохти он ба чизи дигаре ниёз нест ва чизҳои дигар ба василаи он шинохта мешаванд; Монанди нур ки худ ба худ дида ва муҷиби дидашудани чизҳои дигар мешавад. Ин ба он маъност ки меъёри шинохт, худ ниёзе ба шинохт надорад; Чароки агар худ ниёзе ба шинохт дошта бошад, шинохти он низ худ ба меъёре ниёзманд хоҳад буд ва ин ба маънои тасалсул аст ки имкон надорад. Шинохтҳои инсон ногузир бояд ба шинохтӣ бадеҳӣ мунтаҳӣ шаванд ки маншаъи ҳамаи шинохтҳо аст ва худ аз шинохте ношӣ нашудааст; Зеро чизе ки худ ниёз ба шинохт дорад, наметавонад меъёри шинохт бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки худ ба меъёри шинохт ниёзманд аст. Бо ин васф, касоне ки чунин чизеро меъёри шинохти худ қарор медиҳанд, набояд ба шинохти худ мутмаъин бошанд; Чароки шинахти онон суст ва бепоя аст; Монанди касе ки бунёни худро бар рӯӣ рег сохта ва мумкин аст ҳар замон дар он фурӯ равад. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 21]

Ақл; Меъёри шинохт

Танҳо чизе ки дар инсон ҳаст ва дар мавҷудоти дигар ёфт намешавад, ақл аст ки тавононйии дарки мафоҳими куллӣ ва тадбиқи онҳо бар масодиқи ҷузъиро дорад ва бо кӯшише ки «Тафаккур» номида мешавад, аз чизҳое ки мешиносад ба чизҳое ки намешиносад роҳ меёбад. Шояд ин неру дар ҳайвоноти дигар низ мавҷуд бошад, вале мусалламан дар инсон бештар аст ва ба ҳамин далил, ӯро бар ҳайвоноти дигар мусаллат сохтааст. Агар ҳайвони дигаре вуҷуд дошт ки бештар аз инсон мефаҳмид, бидуни шак бар инсон тасаллут меёфт ва ӯро дар хидмати худ мегирифт, дар ҳоле ки чунин итифоқе наяфдода ва султаи инсон бар ҳайвоноти дигар машҳуд аст. Ин бартарии инсон танҳо раҳоварди ақли ӯст ва имтиёзи дигаре барои ӯ дида намешавад. Аз ин рӯ, инсоне ки фоқиди ақл аст ё аз ақли худ баҳраи кофӣ намебарад, бар сойири ҳайвонот бартарӣ надорад, балки аз онҳо пасттар аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ; «Онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онон гумроҳтаранд; Онон ҳамоно бехабаронанд»! Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеъият, танҳо чизе ки метавонад меъёри шинахти инсон бошад «Ақл» аст; Чароки ақл, танҳо абзори шинохти одамӣ аст ва қувваи мудрикае ҷуз он дар нафси ӯ вуҷуд надорад. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 22-23]

Ақл; Меъёри шинохт

Барои ақл ҷойгузине нест ки дар арзи он қарор дошта башад ва битавонад аз он бениёз кунад ва ин як амри маҳсус ва виҷдонӣ аст. Вонгаҳе шинохти инсон амалан ба василаи ақл анҷом мешавад ва ризоят ё кароҳати ӯ таъсире бар ин воқеъият надорад; Чароки ин воқеъият, хислати зотии инсон ва хилқати Парвардигори Ҳаким аст ва бо ин авсоф, тағйири он тавассути инсон, мумкин нест. Ба ин тартиб, ақл аслитарин ва ибтидоитарин мабнои шинохт аст ва ҳар шинохте ки мустақим ё ғайри мустақим ба ақл намеанҷомад, бемаъност. Мабонии дигар, агар вуҷуд дошта бошанд, худ ба ақл боз мегарданд; Чароки бидуни ақл шинохта намешаванд ва ҷуз барои оқилон коройӣ надоранд; Ҳамчунонки шаръ, агарчи бисёр судманд аст, худ ба василаи ақл шинохта мешавад ва танҳо оқилонро мухотаб сохта ва масалан фармудааст: ﴿فَاتَّقُوا اللَّهَ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ; «Аз Худо битарсед эй соҳибони ақлҳо, бошад ки растгорӣ ёбед». [Бозгашт ба Ислом, саҳ 23]

Ваҳдати ақл

Ақл, гавҳари якдонае аст ки миёни фарзандони Одам муштарак аст ва мабнои ихтиёри фардӣ ва масъулияти иҷтимоии онон ва ҳалқаи итисолашон ба якдигар маҳсуб мешавад ва аз онҷо ки маншаъи воҳиде дорад, идрокоти воҳиде низ дорад ва миёни афроди он, ихтилофе нест. Маншаъи ақл, Парвардигори ҷаҳониён аст ки худ ақли маҳз ва раъиси оқилон аст ва дар афъоли Ӯ мунофоте нест. Аз ин рӯ, оқилон дар саросари ҷаҳон бо ҳар нажод ва забон ва фарҳанге, дар назариёте ки ба ақл истинод дорад, иттифоқ доранд ва ду нафар аз онон бо ҳам ихтилоф намекунанд. Ба унвони мисол, ҳамаи онон итифоқ доранд ки ончи ҳис мешавад вуҷуд дорад ва кул аз ҷузъ бузургтар аст ва иҷтимои ду нақиз муҳол аст ва ҳодис ба муҳдис ниёзманд аст ва хабари мутавотир саҳиҳ аст ва зулм бад аст ва адл хуб аст ва монанди он. Ин ба он маъност ки ақл, вуҷудӣ воҳид аст ва аз ин ҳайс, салоҳияти онро дорад ки меъёри шинохт воқеъ шавад то бо илтизом ба он, ихтилофи оқилон ба итифоқ табдил гардад. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 23-24]

Маротиби ақл ва идрокоти он

Ақл ба маънои неруӣ андеша ва доноӣ, агар чи дар бархӣ инсонҳо бештар аз бархӣ дигар аст, дар ҳамаи инсонҳо ба қадри кофӣ вуҷуд дорад ва ҳамин барои ваҳдати он ба унвони меъёри шинохт кофӣ аст; Зеро Худованди одил, ба ҳар инсони мукаллафе баҳраи кофӣ аз ақл бахшида ва зиёдии он дар бархӣ, фазле аст ки ба онон бахшидааст, беонки зулме ба бархӣ дигар бошад; Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ; «Худованд барои ҳар кас ки хоҳад меафзояд ва Худованд вусат диҳандаи доност»! Ҳамчунонки ақли бархӣ инсонҳо, дар фарояндӣ табиъӣ ва мутақобил, ақли бархӣ дигарро комил мекунад; Чароки онҳо бо якдигар дар таъомуланд ва аз тариқи ҳамандешӣ, ақлӣ ҷамъеро падид меоварнад ки нуқсони ақлӣ фардиро ҷуброн мекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا; «Ва бархеро бар бархӣ дигар дар рутба бартарӣ додем то бархешон бархӣ дигарро ба хидмат бигиранд»! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 24]

Фарозе аз номаи он ҳазрат барои марде ки дар он аҳволашонро васф мекунад ва аз оқибати корашон бим медиҳад.

Охиратро аз ёд бурдаед ва дар дарёи пур талотуми дунё ғарқ шудаед. Дағдағаҳои зиндагӣ, шуморо машғул карда ва афсунӣ асри ҷадид, шуморо масх намудааст. Дигар ба чизе ҷуз шикамҳотон намеандешед ва барои дини худ ғусса намехуред; Дине ки ақойиди онро намешиносед ва аз аҳкоми он огоҳ нестед. Ҳамнишиони ҷаҳлед ва ҳамсоягони бехабарӣ! Аз бузургонатон тақлид мекунед ва ақли худро ба кор намеандозед! Ҳар рӯз дар пайи касе меравед ва худро бо чизе саргарм месозед! Мусалмон ҳастед ва нестед ва имон доред ва надоред! Дигар муштоқи Биҳишт нестед ва аз дӯзах намеҳаросед! Орзуҳотон дароз шуда, дар ҳоле ки умарҳотон кӯтоҳ гардидааст! Имони шумо суст ва тақвоятон андак шудааст. Ахлоқи шумо паст гардида ва гуноҳонатон фузунӣ гирифтааст. Дилҳотон санг ва синаҳотон танг шудааст. Ростӣ аз зиндагиҳотон рафта ва дурӯғ ба ҷойи он омадааст. Муҳаббат аз миёни шумо бархоста ва нафрат ба ҷойи он нишастааст. Кӯчаки шумо ба бузургатон эҳтиром намегузорад ва бузурги шумо бо кӯчакатон меҳр намеварзад... Пас инки бо овози ман ҳангоме ки фарёд мезанам бедор шавед ва бо асои ман ҳангоме ки бар паҳлуҳотон менавозам ба худ ойед; Вагарна ин ғафлат ва ноогоҳӣ монанди оташӣ сӯзон ки забонаҳои тарснокаш ғарш мекунад ва дуди ғализаш, роҳи нафасро бар шумо мебандад, зиндагитонро фаро мегирад ва рӯзатонро ба шабӣ торик мубаддал месозад! [Номаи бисту дуввум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз Худованд метарсонад.

Барои Худованд шарике нагир; Чароки зулмӣ бузургтар аз ин нест. Ӯ офаринанда ва рӯзӣ диҳанда аст ва чархаи ҳаётро мечархонад. Ӯ қонунгузор ва ҳукмрон аст ва касе ҷуз Ӯ ин гуна нест. Танҳо аз Ӯ ҳоҷат бихоҳ ва танҳо ба номи Ӯ савганд бихур. Ба ғойиб истиғоса накун ва ба қабр дахил набанд. Ба дарахт мутавассил нашав ва ба санг паноҳ набар. Танҳо аз Худованд итоъат кун, яъне аз касе ки Ӯ ном бурдааст. Худованд барои ту кофӣ аст ва туро ба дигарӣ ниёзе нест. Аз Ӯ бар ҳазар бош ва эҳтиёт кун; Чароки қодир аст туро нобуд кунад. Дар баробараш ба некӣ сулук кун, мабодо бар ту хашм гирад ва туро бизанад, пас ба қаъри ҷаҳаннам партоб шавӣ. Хушнудиашро биҷӯй то туро бинавозад ва ба чизе ки мехоҳӣ бирасонад; Чароки ҳаргоҳ бо касе дӯстӣ кунад, ӯро ду дунё медиҳад ва ҳаргоҳ бо касе душман шавад, намедонӣ ки бо ӯ чи мекуанд! [Номаи бисту севвум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз Худованд метарсонад.

Аз Худованд битарс то покиза шавӣ; Зеро тарс аз Ӯ монанди оби гарм аст ки чиркро мезудояд ва лаккаро аз байн мебарад. Ӯро дар танҳоӣ ҳозир ва дар торикӣ нозир бидон, то танҳойи туро нафиребад ва торикӣ туро ҷуръат надиҳад. Ӯ қозӣ, шоҳид ва муддаъӣ аст ва муҷримро мегирад ва кайфар медиҳад. Оё муҷрим аз шоҳид намеандешад ва аз қозӣ парво надорад?! Чун дасиса мекунӣ, дасисаатро медонад ва чун наҷво мекунӣ, наҷвоятро мешунавад; Зеро аз раги гардан ба ту наздиктар аст. Оё ба фикри обурӯят нестӣ ва аз ҳозиру нозир шарм намедорӣ?! [Номаи бисту севвум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар бораи яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз Худованд метарсонад.

Чи хоҳӣ кард ҳангоме ки марг фаро мерасад ва қиёмат бар мехезад ва тарозу гузошта мешавад ва дӯзах шӯълавар мегардад?! Оё мол наҷотат хоҳад дод ё имон ва мақом ба корат хоҳад омад ё тақво?! Мӯъмин бош то зинда бимонӣ ва тақво пеша кун то ком комёбӣ; Зеро онон ки беимонанд, ҳалок хоҳанд шуд ва онон ки бетақвоянд, бадбахт; Монанди касоне ки аз дин баргузаштаанд, пас мегӯянд: «Худованд мавҷуд нест» ва мегӯянд: «Биҳишт чист ва дӯзах кадом аст?!» Ва бар диндорон ханда мезананд; Зеро рӯзҳои Худовандро аз ёд бурдаанд ва нишонаҳояшро нодида гирифтаанд ва ба донистаҳои худ мағрур шудаанд ва аз аботили касоне пайравӣ кардаанд ки ақлро вониҳодаанд ва монанди ҳайвон зист мекунанд; Ё монанди касоне ки дар дин суст шудаанд, пас намоз намегузоранд ва закот намепардозанд ва рӯза намегиранд ва рибо мехуранд ва дар шаҳват ғӯта мезананд ва дар пайи батолат мераванд, то заминро ба ҳарзагӣ наҷас созанд ва ба фисқ биянборанад, то баракат аз он бардошта шавад ва бало бар он фуруд ояд ва наҷот диҳандае набошад. Зинҳор аз онон набош, балки имонатро нигоҳ дор, агарчи куфр монанди тӯфон бузург ва тақвоят суст нашавад, агарчи гуноҳ монанди зилзила биларзонад; Чароки собирон сутунҳои замин ҳастанд, ё чунон ситорагони осмон. Ба баракати онон неъмат нозил мешавад ва азоб ба таъхир меафтад. [Номаи бисту севвум]

Номаӣ шигифт аз он ҳазрат дар итоб бо касоне ки ҳаққонияташро мебинанд ва ба ёриаш намешитобанд.

Эй марднамоёни номард! Ва эй фурумоягони нозпарвард! Эй ки исми шумо исми мардон аст ва расми шумо расми номардон! Эй ки рӯйи шумо рӯйи мусалмонон аст ва хӯйи шумо хӯйи номусалмонон! Медонед ва коре намекунед ва метавонед ва ёрӣ намекунед. Дар гуфтор рангинед ва дар кирдор сангинед. Дар кори дунё чустед ва дар кори уқбо сустед. Агар тиред, тири шикастаед ва агар занҷиред, занҷири гусастаед. На ҳақро ёред ва на ботилро хоред. Осмони пур абред ва намеборед ва соҳибони базред ва намекоред. Ки ҳастед ҷуз разилони паст ва рандони маст?! Бадбахт касе ки дил ба шумо баст ва хушбахт касе ки аз дасти шумо раст... Оё ба дунё розӣ шудед ва саргарми ин бозӣ шудед? Дар ҳоле ки дунё, пойгоҳи ғурур аст ва ҷойгоҳи убур аст. Пас кӯр бод он ки ҳақиқатро надид ва дур бод он ки аз ҳақиқат бурид! ... Вой бар шумо ва ой аз шумо! Ки синаамро хастед ва қалбамро шикастед ва дастамро бастед ва хушнуд ҳастед. Эй дод! Чи посух хоҳед дод?! Ки ҳидоятам бар шумо аён аст, вале ҳимоятам бар шумо гарон аст! Чи меҷӯйед ва чи мегӯйед? Чаро хомӯшед? Магар мадҳушед? Оё гӯш надоред барои шунидан? Ё ҳуш надоред барои фаҳмидан? Мебинед ки китоби Худо маҳҷур аст ва халифаи Худо мақҳур аст ва дунё пур аз зулм ва ҷавр аст? Ё он ки дидагонатон кӯр аст? [Номаи бисту чаҳорум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд парво кунед ва ба ҳамроҳи содиқон бошед», пас фармуд: Замин ҳеч гоҳ аз содиқе ки бар мӯъминон воҷиб аст ба ҳамроҳи ӯ бошанд, аз ӯ пешӣ нагиранд ва ақаб намонанд, холӣ намемонад. Пас ҳар кас бимирад дар ҳоле ки ба ҳамроҳи содиқи замонаш нест, дар ҳоле нофармонӣ аз парвардигораш мурдааст ва ин мақсуди хирадмандон аст, онҷо ки мегӯянд: Парвардигоро! «Моро ба ҳамроҳи некон бимирон»! [Фақараи 14 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани хирадмандон пурсидам ки мегӯянд: «Ва моро ба ҳамроҳи некон бимирон», пас фармуд: Ҳеч замоне аз имомӣ нек ки ҳар кас бо ӯ бимирад растгор мешавад холӣ нест, пас мулозими имоми нек дар замони худ бошед то растгор шавед! Гуфтам: Аммо нек дар замони мо кист? Фармуд: Марде аз Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба ӯ Маҳдӣ мегӯянд, гуфтам: Чигуна мулозими ӯ бошем дар ҳоле ки ӯро намешиносем?! Фармуд: Ҳаргоҳ мулозиматро дар шумо эҳсос кунад, худро ба шумо мерасонад, ҳамон тавр ки вақте муфориқатро дар шумо эҳсос кард, аз шумо пинҳон шуд! [Фақараи 15 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки фармудааст: «Ба Ӯ огоҳро бипурс», пас фармуд: (яъне) аз огоҳ ба Ӯ бипурс, сипас фармуд: Ҳароина дар миёни мардум мардӣ огоҳе ба Худованд вуҷуд дорад ки бар онон воҷиб аст аз ӯ бипурсанд то ононро аз Худованд огоҳӣ диҳад, пас ҳар кас аз онон бимирад дар ҳоле ки ин мардро намешиносад, дар ҷаҳл ва гумроҳӣ мурдааст, гуфтам: Чигуна мумкин аст ки ӯро бишиносанд?! Фармуд: Агар ба китоби Худованд ва касе аз хулафоъи Ӯ дар замин ки шинохта буданд тамасску меҷустанд бар онон пӯшида намемонд, вале онон рӯй бартофтанд, пас «Худованд бар дилҳо ва чашмҳояшон мӯҳр ниҳод ва онон ғофил ҳастанд». [Фақараи 16 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Худованд дар Китоб чизе ки мардум қодир ба анҷоми он набошандро нозил накарда ва дар он нозил кардааст: «Аз аҳли зикр бипурсед агар намедонед», пас ҳеч замоне бидуни марде аз аҳли зикр нест ки мардум дар бораи чизе ки намедонанд аз ӯ бипурсанд ва ӯ ба онон посухи дуруст диҳад ва агар ба ин ҷоҳилон бигӯйи ки ин мардро бишносед ва аз ӯ бипурсед, хоҳанд гуфт ки шумо ҷуз аҳли бидъат нестед! Гуфтам: Фидоят шавам, инҳо мегӯянд ки уламо ҳамаяшон аҳли зикр ҳастанд, пас фармуд: Оё ҳамаяшон ҳаргоҳ аз онон пурсида шавад посухи дуруст медиҳанд? Гуфтам: На, Фармуд: Худованд ба пурсидан аз гурӯҳе амр намекунад ки мумкин аст посухи дуруст надиҳанд! [Фақараи 17 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, дар ҳоле ки ӯ андешнок заминро ламс мекард ва ба оҳистагӣ мефармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Сипас сари худро ба сӯӣ мо боло овард ва фармуд: Бинависед! Пас шурӯъ кардем ба навиштан, пас фармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд ҳангоме ки гуфтанд: «Худованд дар ин уммат халифае қарор надод», дар ҳоле ки медонанд дар умматҳои пешин қарор дод ва ҳеч гоҳ суннати худро тағйир намедиҳад, магар инки худ аз тағйире хабар диҳад ва аз хатми набувват хабар дода ва аз хатми хилофат хабар надода, бал дар бораи касоне аз ин уммат ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд фармудааст: «Ҳатман ононро дар замин халифа мегардонад ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро халифа гардонд», пас суннати Ӯ дар халифа қарор додани мардоне аз аҳли имон ва корҳои шойиста пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то рӯзи қиёмат ба қуввати худ боқи аст, вале чун онро ба инон ки фаромӯшаш кардаанд ёдоварӣ мекунам, аз ман баййина талаб мекунанд, дар ҳоле ки баййина ҷуз бар ӯҳдаи онон нест; Зеро онон тағйири суннатеро иддаъо мекунанд ки ба субути он дар умматҳои пешин иқрор доранд ва ман мункири тағйри он ҳастам ва онон медонанд ки баййина бар ӯҳдаи муддаъӣ аст ва бар ӯҳдаи мункир нест! Бо ин ҳол, ман барои онон баййина овардаам ва он оёте аз Қуръон аст ки бар онон мехонам, вале онон дар посухи ман ба кори падаронашон истинод мекунанд! Мегӯянд: «Ту донотарӣ ё саҳоба ва тобеъин?!» дар ҳоле ки худ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд: «Чи бисёр ноқили донише ки худ донише надорад ва чи бисёр ноқили донише барои касе ки аз ӯ донотар аст» ва мегӯянд: «Ин бидъат аст», дар ҳоле ки бидъат чизе буд ки падаронашон дар Сақифа бунён ниҳоданд, ҳангоме ки аз ончи ёдоварӣ шудандро аз ёд бурданд, ҳамон тавр ки гузаштагон аз ёд бурданд, пас гуфтанд: «Аз мо амире бошад ва аз шумо амире»... [Фақараи 19 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳулло таъоло дар бархӣ аз ҳикматҳои худ фармудааст: «إِنَّ الدَّجَّالَ لَقَبٌ كَفِرْعَوْنَ يَتَوَارَثُهُ رِجَالٌ مِنْ آلِ إِبْلِيسَ»; «Ҳароина даҷҷол лақабе монанди фиръавн аст ки мардоне аз оли иблис онро аз ҳам ирс мебаранд!». Ин ба он маъност ки дар илми ин олим, «Даҷҷол» номи зоҳирии «Халифаи шайтон» нест, бал унвонӣ ом монанди «Фиръавн» аст ки дар ҳар замон, бар олитарин мақоми шабакаи шайтонӣ итлоқ мешавад ва бо ин васф, ҳеҷ замоне холӣ аз «Даҷҷол» нест; Ҳамчунонки холӣ аз «Маҳдӣ» нест; Чароки «Даҷҷол» халифае аз ҷониби шайтон дар муқобили халифае аз ҷониби Худованд аст ва ҳар халифае аз ҷониби Худованд, «Маҳдӣ» шумурда мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки «Маҳдӣ» номи зоҳирии «Халифаи Худованд» нест, бал унвонӣ ом монанди «Имом» аст ки дар ҳар замон, бар олитарин мақоми шабакаи Илоҳӣ итлоқ мешавад; Чунонки Худованд дар бораи Иброҳим алайҳи салом фармудааст: ﴿وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ ۚ كُلًّا هَدَيْنَا ۚ وَنُوحًا هَدَيْنَا مِنْ قَبْلُ; «Ва ба ӯ Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем; Ҳамаи ононро ҳимоят кардем ва Нуҳро аз пеш ҳидоят кардем» ва ин яъне ҳами онон «Маҳдӣ» буданд. [Пурсиш ва посухи 14]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар мабоҳиси хатире аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», монанди мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон», мабҳаси «Ҳокимияти ғайри Худованд» ва мабҳаси «Тавҳиди Худованд дар таҳким», мабнои «Ҳукумати Исломӣ» ро «Изни Худованд» ва интисоби ҳоким аз ҷониби Ӯ шумурда... Бо ин васф, «Ҳокимияте ки бояд дар ҷаҳон шакл бигирад то Исломӣ талаққӣ шавад», мунҳасиран ҳокимияти касе аст ки Худованд Ӯро барои он изн дода ва мансуб карда ва ӯ дар ҳоли ҳозир, бино бар далоили қатъӣ ва шаръӣ, Маҳдӣ аст ва ин дидгоҳи расмии Ислом шумурда мешавад. [Пурсиш ва посухи 25]

Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст... ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва ҳалокати ӯ дар ин ҳолат, асари вазъӣ ва табиъӣ тақсири ӯ дар ҳифзи зарфи об аст, магар онки кӯшиш кунад ва зарфи оби худро бозёбад. Ҳол агар ӯ мепурсад ки то замони бозёфтани зарфи об, чигуна метавонад ташнагии худро бартараф намояд, посухе барои пурсиши ӯ вуҷуд надорад; Чароки мусалламан наметавонад аз реги тафтидаи биёбон ё хори газандаи он истифода намояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки он барои ӯ кифоят намекунад ва ҷойгузине барои зарфи обаш нест. [Пурсиш ва посухи 5]

Чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд. [Пурсиш ва посухи 5]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бидуни таваҷҷуҳ ба фирқаҳо ва мазоҳиби Исломӣ ва танҳо бо истинод ба манобеъи аслӣ ва яқинии Ислом мӯътақид аст ки замин дар ҳеҷ замоне аз «Халифаи Худованд» холӣ нест ва далилашон барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар замин барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил аст бо таваҷҷуҳ ба инки чунин таълим ва иқомае зарурат дорад ва бидуни вуҷуди чунин халифае мумкин нест ва аз сӯи дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً; «Бегумон ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва ба масобаи ваъдаи Ӯст ки тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ; «Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад» Ва ба масобаи суннати Ӯст ки тағйир намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا; «Пас ҳаргиз барои суннати Худованд тағйире намеёбӣ». Ин дар ҳоле аст ки танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест, дар ҳоле ки ҷуз яқин дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба маънои адами имкони хилофати касе ҷуз Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир аст. Бар ин асос, метавон ба вуҷуди Маҳдӣ ва зинда будани ӯ дар ҳоли ҳозир эътиқод дошт. [Пурсиш ва посухи 6]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ тақлидро «Пайравӣ аз гуфта ва кардаи дигарӣ бидуни далил» таъриф фармудааст на бо далил! Бинобарин, агар касе аз гуфта ва кардаи дигарӣ ба далили мутобиқати он бо меъёри шинохт пайравӣ кунад, аз ӯ тақлид накарда балки аз меъёри шинохт пайравӣ кардааст. Рӯшан аст ки ин бузугвор низ аз шумо нахостааст ки аз эшон «Тақлид» кунед, бал аз шумо хостааст ки аз гуфта ва кардаи эшон ба далили мутобиқати он бо китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ пайравӣ кунед ва ин бо ҳеҷ тақрире «Тақлид» аз эшон шумурда намешавад. Эшон шадидан бо шахсият парастӣ мухолиф аст ва онро мисдоқе аз «Ширк» мешуморад ва шахсият парастӣ ин аст ки касе чунон таҳти таъсири як шахсият қарор бигирад ки гуфта ва кардаи ӯро бидуни далил қабул кунад; Чизе ки мутаъассифона имрӯз дар миёни мусалмонон ривоҷи фаровоне дорад. Бале, бар мусалмонон воҷиб аст ки худ мустақиман ба манобеъи Ислом муроҷиъа кунанд ва ба фатвои муҷтаҳидон иктифо накунанд ва албатта бар муҷтаҳидон низ воҷиб аст ки ононро дар ин кор ёрӣ кунанд, ба ин маъно ки муроҷиъаи мустақими онон ба манобеъи Исломро тасҳил намоянд, на инки ба тақлиди онон аз худ доман зананд ва ононро аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ба худ саргарм созанд; Чароки чунин коре, боздоштан аз роҳи Худо ва иъонат бар исм ва удвон аст ва монанди коре аст ки коҳинони яҳудӣ ва роҳибони масеҳӣ дар умматоҳои гузашта анҷом доданд. [Нақд ва баррасии 18]

Иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат, иъонат ва итоъати Маҳдӣ, агар чи дар асари даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ анҷом мешавад, бар пояи тақлид аз ӯ анҷом намешавад, бал бар пояи табаъият аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ анҷом мешавад ва ба ҳамин далил аст ки ӯ барои даъвати мусалмонон ба ин иҷтимоъ зарурӣ, китобӣ истедлолӣ ва бурҳонӣ навишта ва ба китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ истинод карда ва монанди муҷтаҳидон ба додани фатво ва монанди муддаъиён ба муъарифии худ иктифо накардааст, дар ҳоле ки як марҷаъи тақлид, танҳо фатвои худро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, ба фатвои ӯ амал кунанд ва як муддаъии дурӯғин, танҳо мақоми иддаъоӣ худ монанди Маҳдӣ будан ё нойиби Маҳдӣ будан ё фарзанди Маҳдӣ буданро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, аз гуфта ва кардаи ӯ пайравӣ кунанд, аммо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, на аз мавзеъи як марҷаъи тақлид ва на аз мавзеъи як муддаъии дурӯғин, бал аз мавзеъи як омири ба маъруф ва ноҳй аз мункар даъват карда ва даъвати маъқул ва машруъи худро бар далоили яқинӣ ва мусаллами Исломӣ мубтанӣ сохтааст, то мусалмононе монанди шумо бо илми тафсилӣ ба далоили ӯ ва на сирфан бо эътимод ба марҷаъият ё мақоми иддаъоӣ ӯ, даъвати ӯро иҷобат кунанд ва ин ҳамон хусусияти Маҳдӣ аст ки ин шахсияти хос ва мутафовитро аз мароҷеъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин ҷудо карда ва дар ҷойгоҳи як заминасози айнӣ ва амалӣ барои зуҳури Маҳдӣ қарор додааст. Ин ба он маъност ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ намехоҳад монанди марҷаъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин, шуморо ба муридони худ табдил кунад, бал мехоҳад аз шумо бародарон ва хоҳаронӣ озода, хирадманд ва фарҳехта барои худ бисозад то ёрони ӯ ба сӯӣ Худованд ва халифааш дар замин бошед. [Нақд ва баррасии 18]

Хушбахтона бисёрӣ аз аҳкоми зарурӣ ва бунёдини Исломи монанди аркони намоз ва рӯза ва закот ва ҳаҷ, чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бахшӣ аз китоби худ табйин фармудааст, аз тариқи китоби Худованд ва ахбори мутавотири Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маълум мешавад ва бо ин васф, метавон ба онҳо амал кард ва амал ба онҳо муҷзӣ аст, вале барои яқин ба сойири аҳкоми Исломи ва бароъати зимма аз онҳо, чорае ҷуз руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин нест ва ин коре аст ки ба бовари ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст; Чароки монеъи руҷӯъ ба ӯ чизе ҷуз тақсири мардум дар таъмини муқаддамоти он нест ва табъан рафъи ин монеъ ба маънои таъмини муқаддамоти руҷӯъ ба ӯ барои онон мумкин аст ва агар ин кор ба иҷтимоъи гурӯҳӣ кофии аз онон ниёз дорад ва гурӯҳӣ кофии аз онон иҷтимоъ намекунанд, гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест, бал гуноҳи худи мардум ва касоне аст ки ононро аз ин кор боз медоранд... Оре, ин заминасози зуҳури Маҳдӣ, мусалмонони ҷаҳонро аз вуқуъи як «Бечорагии бузург» хабар медиҳад ва ононро бо ироъаи роҳкорҳоӣ рӯшан ва амалӣ, ба берунрафт аз он фаро мехонад, вале бештари онон нидои эшонро намешунаванд ё мешунаванд ва дар намеёбанд, ҷуз андаке аз онон ки Худованд дилҳошонро барои эшон озмудааст ва албатта ҳамонон кофӣ хоҳанд буд ин шоъ Аллоҳ. [Нақд ва баррасии 1]

Иттихози алқоби неку барои пешвоён ва олимони дини, корӣ маъмули аст, бал суннатӣ Исломӣ ба шумор меравад... Чунонки лақаби «Мустафо» барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва лақаби «Аҳмад» ки дар Инҷил бо он муъаррифӣ шуда... Ва лақаби «Муртазо» барои Алӣ аз ин қабил буда... Соири пешвоёни аҳли байт низ алқоби мухталифе монанди «Боқир», «Содиқ», «Козим» ва «Ризо» доштанд ки имрӯз ба онҳо шинохтатар ҳастанд то ба номҳои худашон, бал Маҳдӣ ки Мансур ба сӯӣ ӯ даъват мекунад низ номи дигаре дорад ва «Маҳдӣ» лақаб ва шӯҳрати ӯст... Бо таваҷҷуҳ ба ин шавоҳид, мумкин аст ки ҳадси шумо саҳиҳ бошад; Ба ин маъно ки «Мансур» низ лақаб ва шӯҳрати нависандаи китоби «Бозгашт ба Ислом» ва заминасози зуҳури Маҳдӣ бошад, вале бидуни шак ин чизи муҳҳиме нест ки фикри шумо ва кӯтоҳфикроне монанди шуморо ба худ машғул карда ва ба дастовези сустатон барои таблиғ бар зидди ин олими бузург ва мазлум табдил шудааст; Чароки мусалламан аз назари оқилон, танҳо андешаҳо ва омӯзаҳои Исломӣ ва ислоҳгаронаи ӯ аҳмият дорад ва ному лақаб ва шӯҳрати ӯ таъйин кунанда нест; Бо таваҷҷуҳ ба онки ин андешаҳо ва омӯзаҳо муттакӣ бар ном ва лақаб ва шӯҳрати ӯ нест то бо тағйири он тағйир ёбад, бал муттакӣ бар китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳкоми қатъии ақл аст ки дар ҳар ҳол собит ва қобили пайравӣ аст. Бинобарин, шумо метавонед тасаввур кунед ки номи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Муҳаммад, ё Алӣ, ё Умар, ё Саъид, ё Ҷаъфар, ё Қосим, ё Муҳаммад Алӣ, ё Абдуллоҳ, ё чизи дигаре аз ин қабил аст; Чароки ӯ ҳар номе дошта бошад, нависандаи китоби «Бозгашт ба Ислом» ва раҳбари наҳзати мубораке аст ки ба кӯрии чашми мунофиқон ва бемордилон, барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон ва таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ зуҳур кардааст ва бо вуҷуди ҳамаи адоватҳо ва ҷавсозиҳо ба ҳаракати худ то расидан ба ормони мутаъолӣ ва муқаддасаш имома медиҳад Ин Шоъ Аллоҳ. [Нақд ва баррасии 4]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ «Худ» даъват намекунад, балки ошкоро ба сӯӣ «Маҳдӣ» даъват мекунад; Чароки даъвати ӯ ба ҳампаймононе барои ҳифозат аз «Маҳдӣ» ва иъонат ва итоъати ӯ, бо ҳеҷ тақрире даъват ба «Худ» талаққӣ намешавад ва «Даъват ба худ» номидани он, монанди «Шаб» номидани «Рӯз» аст ки чизе ҷуз таҳаккум дар номгузорӣ нест. Бегумон касе ба сӯӣ «Худ» даъват мекунанд ки барои «Худ» ҳаққи ҳокимият мешиносанд ва дигаронро ба ҳифозат, иъонат ва итоъати «Худ» малзум медонанд ва ҷуз ҳифзи ҳукумати «Худ» ҳамме надоранд; Ё худпарастоне ки дар ботлоқи иддаъоҳо фуру рафтаанд ва ҷуз «Ман инам» ва «Ман онам» ҳарфе надоарнд ва ҷуз барои исботи «Худ» намекӯшанд; Ҳамонон ки худро дар радифи Паёмбарони Худо медонанд ва дар арзи хулафоъи Ӯ мешуморанд ва ба номҳои авлиёъи Ӯ меноманд, дар ҳоле ки дар назари Ӯ аз ҳашароте бефоидатаранд! [Нақд ва баррасии 16]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Ҳошимӣ дар идомаи китоби худ, ба табйини муҳимтарин асли Ислом яъне тавҳид мепардозад ва онро ба се қисм тавҳиди дар таквин, ташриъ ва таҳким ё ҳокимият тақсим мекунад ва ҳар якеро ба тафсил тавзиҳ медиҳад. Сипас ба муъаррифии сойири усули ақойид ва мабонии аҳкоми Ислом мепардозад ва ҳар якеро бо манҳаҷҷӣ мутафовит ва хос, бозтаъриф мекунад ва ба унвони намуна, абвоби ҷадидеро дар бораи закот, ҳаҷ ва ҷиҳод ба рӯӣ аҳли фиқҳ мегушояд ки аз ҳар як абвоби дигаре гушуда мешавад. Ба ин тартиб ӯ бо истинод ба иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ва истешҳод ба нусуни қатъии шаръӣ ки чизе ҷуз оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест, ақойид ва аҳкоми Исломро бозтаъриф мекунад ва қироъати ҷадид ва комилан мутафовитеро аз он ироъа медиҳад ки метавон як мактаб ва идеъоложии Исломӣ шумурда шавад ва инқилоберо дар нигариш ва рӯйкарди мусалмонони ҷаҳон ба вуҷуд овард ва заминасози ваҳдат ва ҳамгароӣ онон дар ояндаи наздик ва таҳавулотӣ азим ва бунёдин дар сохторҳои сиёсӣ ва фарҳангии онон бошад. [Мақолаи 1]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум аз интишори китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бехабаранд ва аз он иттилоъе надоранд. Ин халаъе аст ки бояд бо ҳиммати мусалмонон дар ростои иттилоърасонии ҳарчи бештар аз ин китоби шариф пур шавад, то ҳадде ки рӯзе бирасад ки мусалмоне набошад ки аз китоби «Бозгашт ба Ислом» беиттилоъ бошад ва онро нахонда ва нафаҳмида бошад... Гурӯҳе аз мардум ки китобро дарёфт карда ва хондаанд аммо мушкили онҳо адами фаҳми комил ва саҳиҳи тамом ё бахшҳое аз он аст, аз ин рӯ нисбат ба он беъэтиноӣ мекунанд. Рӯшан аст ки ин масала роҳи ҳалли содае дорад. метавонанд бо муроҷиъа ба пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва муроҷиъа ба бахши шарҳи осор ва ё бахши пурсишҳо ва посухҳо, зимни мутолиъаи шарҳҳоӣ ин китоби шариф ки омода шуда ва бо ҳимояти дигар бародарон ва хоҳарони мусалмон аз ақсоӣ нуқоти олам қобили тавсиъа ба забонҳои дигар аст, ва низ мутолиъаи саволоти мусалмонон дар бораи китоб ва посухҳои пойгоҳ ба эшон, ҳаргуна ибҳоми худро бартараф намоянд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро ба ҳар тариқе дарёфт карда бошанд вале ба аҳмияти он пай набурда бошанд ва ё ба далили машғулаҳои рӯзмара фурсати хондани китоб ва тамаркуз бар рӯӣ онро пайдо накарда бошанд лизо онро дар авлавиятҳои баъдӣ гузошта ё асосан ба канорӣ дур ва маҳҷур ниҳодаанд. Мутаъассифона рӯзмарагиҳо ва мушкилоти ҷории зиндагӣ дарди ҳама гире аст ки аз таваҷҷуҳ ба ҳақиқат бозмедоард. Аммо ба ростӣ агар мардум бидонанд ки роҳи ҳалли ҳамин мушкилоти рӯзмараашон монанди боло рафтани қимати аҷнос, кирояи хонаҳо, мушкилоти таҳсилӣ ва тарбиятии фарзандон, мушкилоти хонаводагӣ ва монанди он, дар китоби Бозгашт ба Ислом навишта шудааст, шояд дар ҳамон буҳбуҳаи рӯзмарагиҳо ва мушкилот ҷое барои хондан ва таъамул дар бораи ин китоб боз кунанд ва нигоҳашон нисбат ба он куллӣ тағйир ёбад ва бо кунҷковӣ ва тезбинии фаровоне онро бихонанд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро бихонанд ва ба ҳақоиқи мавҷуд дар он пай бибаранд вале ба далили фишори ҳоким бар фазои сиёсии кишвар битарсанд ва дар бораи китоб чизе нагӯянд ё иҷозаи баёни онро наёбанд! Чизе ки ба ин идда бояд ёдовар шуд, тарс аз Худо ва рӯзи қиёмат ва тарс аз мавохизаи Илоҳӣ аст. Чароки муҳтавои ин китоб чизе ҷуз Исломи холис ва комил бар пояи яқиниёт яъне оёти Қуръон ва суннати мутавотир ва бароҳини муҳками ақлӣ нест ва инҳо мисдоқи боризи маъруф ҳастанд. Бинобарин даъват ба сӯӣ он мисдоқи боризи амр ба маъруф ва лизо воҷиб аст. Бинобарин касе ки аз мавохизаи ҳукуматҳо бештар аз мавохизаи Худованд метарсад фарди боҳуш ва оқиле нест ва иштибоҳ мекунад ва бе шак зиён хоҳад кард ва пушаймон хоҳад шуд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳи дигар бархӣ аз уламо ва машоҳир ҳастанд ки хабари китобро дарёф мекунанд вале чун худро донои кул ва беайб ва нуқс ва бениёз аз пурсидан ва донистан медонанд, мумкин аст ба суроғи китоб нараванд ё инки китобро бихонанд аммо ғурурашон иҷоза надиҳад ки дар баробари ҳақоиқи он сар хам кунанд ва дар бораи он сухане бигӯянд. Алабтта ин афрод аз ҷиҳоти мутаъаддид дар муҳосиботи худ дучори иштибоҳ шудаанд. Чароки аз як сӯ пазириши иштибоҳ ва эътироф ба як чаҳл на танҳо мақоми як нафар ҳатто ҷалилул манзаларо пойин намеоварад балки иттифоқан бештар боло мебарад. Аз сӯӣ дигар, бузурги ҳақиқӣ касе аст ки дар пешгоҳи Худованд бузург бошад на дар пешгоҳи мардум ва машҳури ҳақиқӣ касе аст ки дар осмон машҳур бошад на дар замин! Ва танҳо касе назди Худованд бузург ва дар осмон матҳури Ӯ мешаванд ки аз Ӯ битарсанд ва аҳли тақво бошанд ва ҳақро бибинанд ва бишнаванд ва ба забон оваранд ва аз он табаъият намоянд ва ба сӯӣ он даъват кунанд. Вале мутаъасифона иддаи каме ин ҳақиқати бузургро дар меёбанд. Вонгаҳе билохира чи ин ба истилоҳи бузургон ва машоҳир бихоҳанд ва чи нахоҳанд, ҳақ роҳи худро тай мекунад ва ба сари манзили мақсуд мерасад ва дар он рӯз чизе ҷуз расвоӣ барои ин гурӯҳ боқӣ намемонад! Лизо ақл ҳукм мекунад ки имрӯз, фикри фардоро бикунанд ва имрӯз по бар ғурури худ бигзоранд то фардо по бар ҳами чизашон гузошта нашавад! [Мақолаи 2]