Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Ҷавод Тарихи пурсиш: 27/12/2015

Ин ҷониб миёнсоле ҳастам ки мехоҳам дубора аз нав тарбият шавам ва мусалмоне шавам ки Худованд аз ман хостааст ва муваҳҳиди холис бошам. То ҳол чанд бор имтиҳон кардаам ки нафси худро контрол кунам ва ахлоқи бадамро контрол кунам, аммо ҳанӯз мувафақ нашудаам ва аз тарафе мехоҳам касе бошам ки дар заминасозии ҳукумати валии амри муслимини ҷаҳон имом Маҳдӣ, дар ин амри воҷиб ҳамроҳи олими раббонӣ ҳазари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бошам, аммо худро бисёр заъиф меёбам!

Ҷаноби аллома барои мо ки дӯстдори анҷоми воҷибот ҳастем, барои дармони мо ва дармони заъфи беморон чи суфорише доранд?

Оё умеде ҳаст ба пирӯзӣ бар нафс?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 7/1/2016

Бегумон то лаҳзае ки зиндагӣ ҳаст, умеде низ ҳаст; Зеро ин марг аст ки ба ҳамаи умедҳо поён медиҳад ва имкони тавба ва ислоҳро салб мекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّى إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الْآنَ وَلَا الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ ۚ أُولَئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا[1]; «Тавба барои касоне нест ки корҳои бад анҷом медиҳанд то он гоҳ ки яке аз ононро марг фаро мерасад, мегӯяд ки алъон тавба мекунам ва на касоне ки мемиранд дар ҳоле ки кофир ҳастанд, ононро барояшон азобӣ дарднок фароҳам сохтаем» Ва фармудааст: ﴿حَتَّى إِذَا جَاءَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُونِ ۝ لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ ۚ كَلَّا ۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا ۖ وَمِنْ وَرَائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ[2]; «То он гоҳ ки яке аз ононро марг фаро мерасад, мегӯяд: Парвардигоро! Манро боз гардонед; Шояд кори хубе дар чизе ки вогузоштам анҷом диҳам! Чунин нест, он танҳо сухане аст ки ӯ гӯяндаи он аст ва аз вароъашон барзахе аст то рӯзе ки барангехта мешаванд»! Бо ин васф, бар ҳар инсоне воҷиб аст ки қадри лаҳзаҳои зиндагиашро бидонад ва пеш аз фаро расидани лаҳзаи маргаш ки маълум нест кадомин лаҳза аст, барои раҳойи аз хусрон чорае андешад; Чорае ки Худованди бахшояндаи меҳрубон дар китоби худ табйин фармуда ва дорои чаҳор марҳала донистааст: Имон, амали солеҳ, тавосӣ ба ҳақ ва тавосӣ ба сабр; Чунонки фармудааст: ﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ۝ وَالْعَصْرِ ۝ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ ۝ إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ[3]; «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон; Савганд ба аср; Ҳароин инсон дар зиён аст; Магар касоне ки имон оварданд ва амали солеҳ кунанд ва ба ҳақ тавсиа намоянд ва ба сабр тавсиа намоянд». Ин ба он маъност ки инсон барои растгорӣ аз зиён, чаҳор вазифаи бунёдин бар ӯҳда дорад: Яке онки бо шинохти ҳақ, ақойиди худро ислоҳ кунад ва ин «Имон» шумурда мешавад ки таклифӣ фардӣ аст; Ду дигар онки бо илтизом ба ҳақ, аъмоли худро ислоҳ кунад ва ин «Амали солеҳ» шумурда мешавад ки таклифӣ фардӣ аст; Се дигар онки бо таблиғи ҳақ, дигаронро ба «Имон» яъне ислоҳи ақойидашон даъват кунад ва ин «Тавосӣ ба ҳақ» шумурда мешавад ки таклифӣ иҷтимоъӣ аст; Чаҳор дигар онки бо тарвиҷи илтизом ба ҳақ, дигаронро ба «Амали солеҳ» яъне ислоҳи аъмолашон даъват кунад ва ин «Тавосӣ ба сабр» шумурда мешавад ки таклифӣ иҷтимоъӣ аст.

Бар ин асос, вазифаи шумо, пеш аз ҳар чиз ислоҳи ақойиди худ ва дар марҳалаи дуввум ислоҳи аъмоли худ ва дар марҳалаи севвум ислоҳи ақойиди дигарон ва дар марҳалаи охир ислоҳи аъмоли дигарон аст ва пӯшида нест ки риъояти ин тартиб зарурӣ аст; Зеро шумо то ҳангоме ки ақойиди худро ислоҳ накардаед, қодир ба исломҳи аъмоли худ нестед; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақойид, ҳукми мабнои аъмолро доранд ҳаргоҳ мабнои аъмол нодуруст бошад, аъмол низ дуруст нахоҳанд шуд, балки аъмоли дуруст низ аз байн хоҳад рафт; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أُولَئِكَ لَمْ يُؤْمِنُوا فَأَحْبَطَ اللَّهُ أَعْمَالَهُمْ ۚ وَكَانَ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا[4]; «Онҳо имон наёварданд пас Худованд аъмолашонро нобуд кард ва ин бар Худованд осон буд» Ва бандаи солеҳи Худованд аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло фармудааст:

«Имон ва амали солеҳ монанди ин ду ангушти ман –ва ду ангушти миёнӣ ва ишораро ба ҳам пайваст– ба якдигар пайваст ва ҳеҷ як бидуни дигарӣ шуморо суд намерасонад. Имон, ақидаи дуруст аст ва касе ки ақидаи дурусте надорад агар чи аз обидтарини мардум бошад растгор нахоҳад шуд. Пас ақидаи худро дар мизони ақл қарор диҳед ва ба Қуръон ва суннат арза кунед мабодо ки ба хато рафта бошед.»[5].

Ва фармудааст:

«Оё агар сохтумоне пей надошта бошад, бар ҷои худ устувор мемонад?! Ё агар касе сар надошта бошад, сойири аъзои баданаш ба ӯ суд мерасонад?! Ё агар касе намоз нахонад, ҳаҷ ва рӯзаи ӯ пазируфта мешавад?! Ба ҳамин сон, агар касе маърифат надошта бошад, мӯъмин нест ва амали солеҳаш ба ӯ суд намерасонад. Ба шумо рост мегӯям: Агар касе миёни Сафо ва Марва ё овехта ба пардаҳои Каъба, бо амали солеҳи ҳамаи ҷинну инс бимирад дар ҳоле ки ҳақ ва аҳли онро аз ботил ва аҳли он нашинохта, ҳамоно ба марги ҷоҳилият мурда ва ба дӯзах дар омадааст. Пас, аз инҷо воҷиб мешавад бар шумо ки ҳақ ва аҳли онро аз ботил ва аҳли он бишиносед ва ин шинохтро бар ҳар амали солеҳӣ муқаддам бидонед ва огоҳ бошед ки бидуни ин «Маърифат», ҳеҷ имоне барои шумо нест ва ҳеҷ намозу рӯза ва ҳаҷҷу закоте ба шумо суд намерасонад ва шумо аз зиёнкорон хоҳед буд.»[6].

Ба ҳамин тартиб, то ҳангоме ки шумо аъмоли худро солеҳ накардаед, қодир ба ислоҳи ақойиди дигарон нахоҳед буд; Бо таваҷҷуҳ ба инки аъмоли нодурусти шумо бар рӯӣ ақойиди дурустатон соя меандозад ва онҳоро ба табаъи аъмолатон, дар назари дигарон нодуруст ҷилва медиҳад, то ҷойе ки мегӯянд: «Ваъзи беамалон, воҷиб аст нашнидан»! Ба ҳамин далил, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳамвора худро муқаддам ба ислоҳи дигарон дониста ва фармудааст:

«Барои Худованд дар гӯша ва канори ин замини паҳновар касоне ҳастанд ки аз дилбастагиҳои дунё зикри Ӯро баргузидаанд ва доду ситад, онҳоро аз намози аввали вақт боз намедорад. Рӯз ва шабро бо бандагии Худованд мегузаронанд ва ҳушдорҳои Ӯро ба гӯши ғофилон мерасонанд. Дигаронро ба адолат бармеангезанд ва худ пеш аз онон ба он мепардозанд.»[7].

Ҳамчунонки ислоҳи худро муҳимтарин дағдағаи солеҳон шумурда ва фармудааст:

«Агар онҳоро биёбӣ ва ҷойгоҳи баландашонро бибинӣ ки чигуна дафтари аъмоли хешро гушудаанд ва барои растгорӣ ба ҳисоби худ омодаанд; Меандешанд ки чи корҳои кӯчак ва бузурге ки маъмур ба анҷоми он будаанд ва бар он кӯтоҳӣ варзидаанд ва чи корҳои бисёре ки аз анҷоми он мамнуъ будаанд ва анҷом додаанд. Онҳо сангинии бори гуноҳони хешро эҳсос мекунанд ва аз кашидани он дармода шудаанд ва ба зону дар омадаанд ва ҳамчун дардмандон мегирянд ва ба худ мепечанд.»[8].

Ба ҳамин тартиб, то ҳангоме ки шумо ақойиди дигаронро ислоҳ накардаед, қодир ба ислоҳи аъмоли онон нестед; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақойиди онон, ҳукми мабнои аъмоли ононро доранд ва ҳаргоҳ мабнои аъмоли онон нодуруст бошад, аъмоли онон низ дуруст нахоҳад шуд, балки чи басо аъмоли дурусташон низ аз байн хоҳад рафт. Ба ҳамин далил, ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло риъояти авлавиятҳоро дар ислоҳи дигарон зарурӣ дониста ва бо киноя ба олимоне ки дар баробари ақойиди нодурусти мардум сукут кардаанд ва дар бораи аъмоли нодурусти онон ҳассосият нишон медиҳанд, фармудааст:

«Хасро дар чашми мардум мебинанд, вале чинорро дар он нодида мегиранд! Магасро аз пашти мардум мепаронанд, вале шутурро бар он боқӣ мегузоранд! Дар ҳоле ки ҳар кас пешонияш табар хӯрдааст, аз хароши ангушташ парво надорад ва ҳар кас дар дарё ғарқ мешавад, аз тар шудани либосаш андешнок нест!»[9].

Аз инҷо дониста мешавад ки нокомии шумо агар онро дар меёбед, аз нокомии шумо дар ҳама ё бархӣ аз ин вазоифи чаҳоргона аст; Ба ин тартиб ки ё ҳанӯз бархӣ ақойиди нодурусти худро ислоҳ накардаед ва ё ҳанӯз ба бархӣ лавозими ақойид дурусти худ амал накардаед ва ё ҳанӯз вазифаи таблиғи ақойиди дурусти худро ба анҷом нарасондаед ва ё ҳанӯз барои ислоҳи аъмоли дигарон ба қадри кофӣ накӯшидаед. Бо ин васф, барои шумо бод ба маърифати нафс, ба маънои шинохти костиҳои худ дар ҳар як аз ин заминаҳо; Зеро касе ки дарди худро намешиносад, қодир ба дармони худ нест ва монанди касе аст ки дар торикӣ тир меандозад ва аз ин рӯст ки ҳазрати аллома даст ба дуъо бардошта ва фармудааст:

«Зинда бод саре ки ба қадри хеш доност ва поянда бод диле ки ба айби хеш шиносост.»[10].

Ҳар чанд бардошти мо ин аст ки шумо ҳанӯз бархӣ ақойиди нодурусти худро ислоҳ накардаед ва ба ҳамин сабаб, аз ислоҳи бархӣ аъмоли нодурусти худ дармода шудаед ва дар ҳоле ки ҳанӯз бархӣ аъмоли нодурусти худро ислоҳ накардаед, ба ислоҳи ақойид ва аъмоли дигарон рӯй овардаед, пас бадин сон, аз худ монда ва аз дигарон ронда шудаед. Бар ин асос тавсиайи мо ба шумо бародари бузургвор он аст ки бештарин вақт ва неруи худро барои ислоҳи ақойиди худ бигзоред, на ислоҳи ақойид ва аъмоли дигарон; Чунонки Худованд шуморо ба ин кор амр карда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَيْكُمْ أَنْفُسَكُمْ ۖ لَا يَضُرُّكُمْ مَنْ ضَلَّ إِذَا اهْتَدَيْتُمْ[11]; «Эй касоне ки имон овардед! Бар шумо бод ба худатон; Касе ки гумроҳ шудааст ба шумо зиёне намерасонад ҳаргоҳ шумо ҳидоят шуда бошед» Ва фармудааст: ﴿أَتَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبِرِّ وَتَنْسَوْنَ أَنْفُسَكُمْ وَأَنْتُمْ تَتْلُونَ الْكِتَابَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ[12]; «Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро аз ёд мебаред, дар ҳоле ки шумо китоб мехонед?! Оё ақлро ба кор намебаред?!». Бо ин васф, бар шумо воҷиб аст ки ислоҳро аз ақойид ва аъмоли худ оғоз кунед ва ислоҳи онҳо ҳамоно бо илтизом ба меъёри шинохт ва иҷтиноб аз мавонеъи он монанди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофагароӣ имкон меёбад ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бар пояи китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш табйин шуда ва ин низ ба азмӣ росих ва иродаи неруманд ниёзманд аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ ذَلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ[13]; «Ва агар поядорӣ кунед ва тақво пеш гиред, он аз азм дар корҳоятон» Ва фармудааст: ﴿وَمَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الَّذِينَ صَبَرُوا وَمَا يُلَقَّاهَا إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمٍ[14]; «Ва ба он даст намеёбанд магар касоне ки поядорӣ мекунанд ва ба он даст намеёбад магар дорои баҳраи бузург» Ва онон касоне ҳастанд ки фурутанона дӯст медоранд покиза шаванд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿فِيهِ رِجَالٌ يُحِبُّونَ أَنْ يَتَطَهَّرُوا ۚ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُطَّهِّرِينَ[15]; «Дар он мардоне ҳастанд ки дӯст медоранд покиза шаванд ва Худованд покизагонро дӯст медорад» Ва тавфиқ танҳо аз ҷониби Худованд аст.

↑[1] . Нисоъ/ 18
↑[2] . Мӯъминун/ 99 ва 100
↑[3] . Аср/ 1-3
↑[4] . Аҳзоб/ 19
↑[11] . Моъида/ 105
↑[12] . Бақара/ 44
↑[13] . Оли Имрон/ 186
↑[14] . Фуссилат/ 35
↑[15] . Тавба/ 108