Нависандаи пурсиш: Доввуд Тарихи пурсиш: 17/11/2015

Бо эҳтиром

1 . Назари аллома дар хусуси ҷангҳои мусалмонон баъд аз Паёмбар чист? Оё Ислом бояд бо шамшер ба ҷаҳониён муъаррифӣ мешуд?

2 . Амалкарди хулафо дар эҷоди ҷангҳо ки иттифоқан боъиси густариши Ислом ҳам шуд мавриди таъйид аст?

3 . Оё дастури қитол ки дар Қуръон омада яъне ҳамла яъне таҷовуз яъне кишваргушойи?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 20/11/2015

Посухи пурсишҳои шумо ба тартиби зер аст:

1 . Иддаъои онки Ислом бо шамшер ба ҷаҳониён муъаррифӣ шуд, иддаъои саҳиҳе нест; Зеро Ислом пеш аз ҳар чиз бо номаҳойе ба ҷаҳониён муъаррифӣ шуд ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз сулҳи Ҳудайбия барои подшоҳони ҷаҳон навишт ва ба он васила ононро ба сӯӣ таслим дар баробари Худованд даъват кард. Пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ мусалмонон бо такя бар неруӣ шамшери худ бар Эрон ва Рум пирӯз нашуданд; Чароки неруӣ шамшери онон аз неруӣ шамшери он абалқудратҳо бештар набуд ва табиъатан ба танҳоӣ наметавонист ба пирӯзии онон бар Касро ва Қайсар мунҷар шавад. Аз ин рӯ, инсоф он аст ки муҳимтарин омили нуфуз, бақоъ ва густариши Ислом дар кишварҳои мухталиф, омӯзаҳои ҷаззоб, бадеъи ва инсонсози он буд ки ҳамчунон муҷиби нуфуз, бақоъ ва густариши он дар кишварҳои мухталиф аст; Чунонки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, дар мабҳаси «Равиши саҳиҳи муқобила бо кофирон» аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] ба ин нуктаи муҳим ишора карда ва фармудааст:

«Cултаи мусалмонон дар даҳаҳои нахустини Исломӣ бар импиротуриҳои ғарб ва шарқ, ношӣ аз абзорҳои пешрафтаи таблиғотӣ ё ҳатто низомии онон набуд, бал ношӣ аз ҷаззобияти паёми онон буд ки тавонист зарқу барқҳои импиротуриҳои ҷаҳонро аз чашми мардум бияндозад ва заминаи пешравиҳои сиёсӣ ва низомии онон ба рағми имконоти маҳдудашонро фароҳам созад».

Бо ин васф, ба назар мерасад ки иддаъои нуфуз, бақоъ ва густариши Ислом дар кишварҳои мухталиф бо такя бар шамшер, муболиға ва беинсофии ошкоре аст ки таҳо аз илқоъоти Исломситезон нашъат гирифтааст. Албатта тардиде нест ки мусалмонон пеш аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар кишварҳои мухталиф ҷангҳойе доштанд, вале ин ҷангҳо навъан бо мардумони ин кишварҳо набуд, бал бо ҳокимони кофир ва ситамгари онҳо буд ки ғолибан аз тариқи ҷанг бар ин манотиқ истило ёфта буданд ва дар онҳо ба истизъофи риъоё мепардохтанд ва бо ин васф, ҷангҳои мусалмононро бояд бо ҳадафи озодсозии ин манотиқ аз ишғоли кофирон ва золимон донист; Чунонки ба унвони намуна, аз Рабъӣ ибни Омир намояндаи мусалмонон дар ҷанги Қодисия барои гуфтугӯ бо Рустами Фарухзод фармондеҳи сипоҳи Эрон нақл шудааст ки дар посух ба пурсиши ӯ дар бораи ангезаи мусалмонон аз ҷанг бо онон гуфт: «Худованд моро барангехт ва Худованд моро овард то ҳар кас ки Худовандро аз бандагии инсонҳо ба бандагии Худованд ва аз тангии дунё ба фарохии он ва аз зулми адён ба адли Ислом берун оварем ва моро бо дини худ фиристод то халқашро ба сӯӣ он фаро хонем, пас ҳар кас ки онро пазируфт мо ҳам аз ӯ мепазирем ва аз назди ӯ боз мегардем ва ӯро бо сарзаминаш во мегузорем ки худаш онро идора кунад»[2] ва ин мубтанӣ бар ҷаҳонбинии хосси Ислом аст ки заминро барои Худованд медонад ва моликияти инсонҳо бар онро ба расмият намешиносад ва мефармояд: ﴿إِنَّ الْأَرْضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ[3]; «Ҳароина замин барои Худованд аст, онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад мерос медиҳад ва оқибат барои парҳезкорон аст».

2 . Бино бар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[4], ибтидоъ ба ҷанг танҳо бо изни халифаи Худованд дар замин ҷойиз аст, вале ба назар мерасад ки чунин изне барои ҷангҳои мусалмонон бо ғайри мусалмонон пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дасти кам дар замони Абу Бакр, Умар ва Усмон, филҷумла вуҷуд доштааст; Чароки ҳеҷ мухолифати рӯшан аз аҳли байти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ин ҷангҳо –ҳато дар замони ҳокимияти Алӣ ва Ҳасан– ривоят нашуда, бал таъйидҳо ва ҳамкориҳои мутаъаддиде аз онон дар ин бора ривоят шудааст ки аз он ҷумла метавон ба ҳамандешии Алӣ бо Умар, дар бораи набарди Ҷаср, фатҳи Наҳованд, ҷанг бо Румиён, фатҳи Байтул Муқаддас, фатҳи Хуросон ва фатҳи Шуш ишора кард; Фориғ аз онки тасарруфи онон дар ғаноъим ва бардагони ҳосил аз ин ҷангҳо қатъӣ аст ва метавонад филҷумла бар эътиқоди онон ба машрӯъияти ин ҷангҳо далолат дошта бошад.

3 . Фармони Худованд ба ҷанг бо кофирон ва золимон, бо ҳадафи аз байн бурдани куфр ва зулм ва наҷоти мустазъафон ва мазлумони ҷаҳон аст, на ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи; Чунонки фармудааст: ﴿وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ انْتَهَوْا فَلَا عُدْوَانَ إِلَّا عَلَى الظَّالِمِينَ[5]; «Бо онон биҷангед то ҳангоме ки фитнае набошад ва ойин барои Худованд бошад, пас агар даст бардоштанд, таъаддӣ ҷуз бар золимон раво нест»; Чароки Худованд ба ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи ниёзе надорад, вале куфр ва зулмро дар ҷаҳон наметобад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنْ تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنْكُمْ ۖ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ[6]; «Агар кофир шавед Худованд аз шумо бениёз аст, вале куфрро барои бандагонаш намеписандад» Ва фармуддаст: ﴿وَمَا اللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِلْعَالَمِينَ[7]; «Ва Худованд зулмеро барои ҷаҳониён намехоҳад».

Аҷиб аст ки кофирон ва золимон, ҳамвора дар тӯли торихи худ, ба ҷанг бо мустазъафон ва мазлумони ҷаҳон бо ҳадафи ҷаҳонӣ сохтани куфр ва зулм пардохтаанд ва аз ҳеҷ кишваргушойи, таҷовуз ва ғориате дариғ наварзидаанд, вале ҷангҳои мусалмонон бо ҳадафи ҷаҳонӣ сохтани тавҳид ва адолат ва наҷоти мустазъафон ва мазлумони ҷаҳонро нораво ва мисдоқи ғорат, таҷовуз ва кишваргушойи мешуморанд! Бегумон ин дасисаи шайтонӣ аз ҷониби онон барои сейтараи тоғут бар ҷаҳон аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا[8]; «Касоне ки имон оварданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷангад, пас бо ёрони шайтон биҷангед; Ҳароина дасисаи шайтон заъиф аст»!

↑[2] . Табарӣ, Торихул умам ва мулук, ҷ3, с34; Ибни Ҷувзӣ, Ал-мунтазам, ҷ4, с168; Ибни Асир, Ал-комил фил торих, ҷ2, с363
↑[3] . Аъроф/ 128
↑[4] . с330
↑[5] . Бақара/ 193
↑[6] . Зумар/ 7
↑[7] . Оли Имрон/ 108
↑[8] . Нисоъ/ 76